19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 536

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

0

Имрӯз 03-юми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар “Рӯзи китоб” ва “Рӯзи дарҳои боз” баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” аз қавли масъулони Китобхонаи миллӣ хабар дод.

Дар ин рӯз аз шуъбаҳои гуногуни китобхона, аз ҷумла шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён, шуъбаи хидматрасонии библиографӣ, шуъбаи илмҳои дақиқ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи кӯдакон ва наврасон, шуъбаи матбуоти даврӣ, маркази тоҷикшиносӣ, ва ғайра китоб ва дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро барои иштирокдорон ба намоиш гузоштанд.

Дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2007 ин ташаббус дар арафаи Ҷашни истиқлол дар Китобхонаи миллӣ доир мегардад. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории он ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст.

Бо вуҷуди ҳамасола баргузор гардидани чунин намоишҳои китоб дар кишвар, нависандагон ва адибону донишмандон аз буҳрони бесаводӣ ва китобхон набудани қишри ҷавон ва дар умум сокинони кишвар шикоят мекунанд.

23-уми август дар боғи Рӯдакии кишвар низ намоиши китоб баргузор гардида буд. Дар намоиши мазкур муаллифон ва нашриёти кишвар 160 номгӯи китоб бо 25 ҳазор адад пешкаши дӯстдорони китоб намуда буданд. Аммо муаллифон аз кам будани харидорон изҳори нигаронӣ мекарданд.

Муаллифони китоб мегӯянд, бо заҳматҳои зиёд китоб таълиф мекунанд, вале харидор пайдо намекунем. Аммо коршиносон китоб нахаридани сокинони кишварро ба чанд омил рабт медиҳанд.

Ба назари онҳо, вазъияти сахти иқтисодии кишвар, ки дар натиҷа сокинон корҳои муносиб пайдо намекунанд ва даромади хубе ҳам на доранд аз иллатҳои асосии харидор пайдо накардани китобҳост. Аксари онҳое, ки дар раъси қудрат қарор доранд ва ё ба тиҷорат машғул ҳастанду даромади фаровонтаре доранд, ба китобхонӣ ва хариди китобҳо камтар таваҷҷуҳ мекунанд.

Шикояти муаллифон аз харидор наёфтани китобҳояшон дар ҳолест, ки баъзе омӯзгорон ва масъулони Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамасола аз нарасидани китобҳои дарсӣ нигаронии ҷиддӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Маҳдӣ Орифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиш гуфта буд, ки “норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳия зиёда аз 13 ҳазор мебошад.”

Соли гузашта низ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузориш шуда буд, ки дар як синф барои 30 талаба як китоб рост меояд.

Дар ҳамин замина Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш бахшида ба “Рӯзи дониш” 1-юми сентябр ба буҷети Вазорати маориф ишора намуда гуфт, “буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад”.

Паноҳҷӯёни афғонистониро Тоҷикистон роҳ надод (ВИДЕО)

0

Даҳҳо паноҳҷӯи афғон, ки ба Тоҷикистон гурехтанд, ҳоло дар як ҷазирае дар миёни Омӯдарё дармондаанд. Гуфта мешавад, онҳо дар минтақаи дахлнопазири марз қарор доранд.

Шабакаи “Орёно Нюз” бо нашри ин хабар мегӯяд, мақомоти тоҷик паноҳандагони афғонро ба кишварашон роҳ надоданд.

Дар навор дида мешавад, ки гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонистонӣ, ки дар даште қарор доранд, мегӯянд, онҳо мехостанд ба Тоҷикистон паноҳ баранд, вале марзбонони тоҷик онҳоро ба як ҷазирае бурда гузоштаанд, ки ҳеч имконот надоранд.

Як зан дар ин навор мегӯяд, аз Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки ба доди мо бирасанд.

“Мо аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон убур кардем, моро тоҷикон фиреб дода, гуфтанд, ки ба Тоҷикистон мебарем, мо ки 80 нафарем бо шумули тифлони ширхор дар саҳрои хушку холӣ оварда гузоштаанд. Аз се вақти хӯрок танҳо як вақт хӯрок медиҳанд”.

Паноҳҷӯёни афғон аз он шикоят доранд, ки кӯдакони хӯрди думоҳа ва семоҳаи ширхор доранд, кӯдаконашон шир барои хӯрдан надоранд, аммо касе ба доди онҳо намерасад.

Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода 1-уми сентябр дар Душанбе дар мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Мулугета Зевди дар мавриди ин 80 паноҳҷӯи афғон бо шумули фарзандони худ, ки дар минтақаи дахлнопазири марз ҳастанд ва мехоҳанд вориди хоки Тоҷикистон шаванд, ишора карда гуфта буд, ки онҳоро Тоҷикистон қабул карда наметавонад.

Тоҷикистон далели қабул накардани паҳонҷӯёни афғонро дар надоштани бунёди зерсохтори паноҳгоҳ барои қабули муҳоҷирон ва таваҷҷӯҳ накардани созмонҳои байналмиллалӣ ба ин масъала маънидод карда буд.

Мактабҳои Душанбе: Пул набошад, ҷой надорем!

0

Иддае аз волидони мактаббачаҳо дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ки  дар як синфхона то 50 талаба дарс мехонад, вале бо ин вуҷуд, бепул дар мактабҳо қабул намекунанд.

Бино ба як таҳқиқи ҳафтаномаи СССР, дар мактабҳои шаҳри Душанбе барои қабули хонандагон ба синфи 1 то 200-300 сомонӣ пора гирифта мешавад. Агар ин маблағ дода нашавад, раҳбарияти матабҳо баҳона пеш меоранд, ки  «ҷой надорем, синфҳо пур!».

Сокини шаҳри Душанбе, ки мехостааст фарзандашро ба синфи 1 дар мактаби №92 ноҳияи Синои пойтахт равон кунад, аз ӯ 200 сомонӣ талаб кардаанд. Ин зан дар суҳбат ба СССР гуфтааст, ки вақте ман гуфтам, ки ин  шароитро надорам, шавҳарам маъюб асту худам танҳо кор мекунам. Гуфтанд пул набошад, ҷой ҳам нест…

Дар Мактаби №8 ноҳия Исмоили Сомонӣ бошад аз сабаби набудани ҷой қабули хонандагон ба синфи 1 ба охир расидааст. Дар ин мактаб дар синфхонаҳо 40 ҷойи нишаст ҳасту шумораи хонандагони ҳар 1 синф 50 нафар шудааст.

Дар гимназияи №14 бошад, барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт шавад, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар  мактаби №91 маҳалаи Гипрозем барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Дар назди ин бино модаре шикоят кардааст, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки ӯ дар қайди ноҳияи дигар будаст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидони хонандагон аз он шикоят мекунанд, ки хондан дар мактабҳои миёна тибқи қонун бепул гуфта шудааст, аммо роҳбарони синфҳо ҳар моҳ аз онҳо пул талаб мекунанд.

Як муаллима дар суҳбат ба СССР инро ҳам тасдиқ намуда гуфтааст, ки “Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1  шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем?”

Аммо ин муаллима танҳо дар бораи синфҳои 1 гуфтааст. Дар синфҳои болоӣ низ пулҷамъкунии моҳонаи муаллимон мушоҳида мешавад. Дар бештари ҳолат сабаби ин пулҷамъкуниҳоро роҳбарони синфҳо ба кам будани маош рабт медиҳанд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ, ки то соли 2012 ба ҳайси муаллим дар яке аз мактабҳои Тоҷикистон кор кардааст мегӯяд: “Ин аслан бовар накарданист, ки дар як синфхона 50-60 нафар таҳсил кунад. Чун ҳар як мактаб тартибу низом дорад. Дар Тоҷикистон тибқи ин низом дар синфхонаҳои аз синфи 1 то 4 набояд зиёда аз 30 нафар бошад. Дар синфхонаҳои синфҳои 5 то 11 бояд 25 нафар таҳсил кунанд. Агар ин меъёр иваз нашуда бошад.”

Шерзамонов дар идома қайд намуд, ки ” Маъмурияти мактабҳо манфиатдоранд, ки синфхонаҳо ҳар қадар бештар бошанд, чун маблағгузорӣ ҳамон қадар бештар мешавад. Агар дар синфҳои ибтидоӣ 31 нафар ба синфи 1 омада бошад, маъмурияти мактаб сареҳан синфро 2 тақсим мекунанд.”

Муовини раиси ПМТ дар мавриди пулгирии муаллимон дар вақти қабули хонандагон ба мактаб гуфт: “Бештари волидайн вақте фарзанди худро ба мактаб мебаранд мехоҳанд фарзандашон дар дар назди муаллими беҳтар таҳсил кунад ва маъмурияти мактаб аз ҳамин ҳолат истифода бурда, пули муайянеро аз волидон талаб кунад. Дигар ҳолатҳои бо пул қабули хонандагонро ман ба синф намедонам”.

Дар ҳамин ҳол бархе равоншиносони бахши омӯзгорӣ мегӯянд, тибқи меъёрҳои қабул шуда, ки дар бархе кишварҳои пешрафта қабул дар синфи 1 аз 12 то 24 нафар қабул шудааст. Аммо агар аз ин зиёд теъдоди талабаҳо дар як синф зиёд шуд, маънои онро дорад, ки ҳукумат рӯ ба камсавод кардани наврасон ва бесавод кардани ҷомеа камар бастааст.

Нигоҳе ба 30 соли итстиқлоли Тоҷикистон

0

Имрӯз, 3-уми сентябари соли 2021 Конфросни онлайнӣ зери унвони “30 соли истиқлоли Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва оянда” баргузор мегардад.

Дар ин Конфронс бо ҳузури Эдвард Лемон сиёсатшинос, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Техас, Стив Свердлов,  ҳуқуқшинос, коршинос масоили Осиёи марказӣ, Муҳиддин Кабирӣ сиёсатмадор ва раҳбари ПМТ, Алим Шерзамонов сиёсатмадор ва муовини раиси ПМТ ва рӯзноманигор Ҳумайро Бахтиёр суханронӣ хоҳанд кард.

Ин конфронс аз ҷониби Маркази тоҷикон барои ҳуқуқи башар, ки марказаш дар Вена ҷойгир аст роҳандозӣ мешавад. Конфронс бо забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, иштирок дар он озод аст.

Оғози фоҷеаи инсонӣ дар Афғонистон

0

Созмони Миллали Муттаҳид аз оғози фоҷеи инсонӣ ба сабаби гуруснагӣ дар Афғонистон хабар медиҳад.

Ба гузоришиCNN, Созмони Миллали Муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки дар наздиктарин вақт дар моҳи ҷорӣ анборҳои захираи хурока холӣ ва буҳрони ғизо дар Афғонистон оғоз хоҳад шуд.

Намояндаи хос ва масъули умури инсонии СММ дар Афғонистон Ромиз Акбаров гуфтааст: Афғонистонро бо таъмини маводҳои аввалия, ки ба он ниёз дорад, аз лағжидан ба як фоҷеаи инсонии дигар бояд наҷот дод. Ин кишварро ба ғизо, хадамоти тандурустӣ ва дигар ниёзҳои аввалия, ки мардум бо шиддат ба онҳо иҳтиёҷ доранд, кумак бояд кард.

Пеш аз ин дар соли 2020 гузориш шуда буд, ки беш аз 13 миллион нафар дар Афғонистон аз камбуди маводи ғизоӣ танқисӣ кашида, аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Тайи се моҳи ахир ҳамалоти нерӯҳои Толибон ба шаҳрҳо густариш ёфта, тамоми сарҳадотро зери контори худ дароварданд. Ҳукумати Ашраф Ғанӣ 15-уми августи соли 2021 дар Кобул ба дасти Толибон суқут кард. Кишвар беидора ва воридоти маводи ғизоӣ ва дигар колоҳои зарурӣ ба шиддат кам шуд.

Толибон бар иловаи вилояти Панҷшер 33 вилояти ин кишварро ба тасарруфи худ даровардаанд. Барои тасхир ва ё тасарруфи Панҷеш музокироти Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ба бунбаст расида, тайи панҷ рӯзи ахир ҷанг байни онҳо идома дорад.

Оғози даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

0

Даъват ба хидмати ҳарбӣ ё ба қавли коршиносон “бизнеси тирамоҳӣ”-и комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба кор ҷалб мешаванд, аз моҳи октябр шурӯъ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон фармони ҷалби ҷавонони синни 18 то 27- соларо барои хидмат дар артиш имзо кард.

Бар асоси ин фармон, ки рӯзи 2-юми сентябр дар сомонаи президенти Тоҷикистон нашр шуд, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш моҳи октябр шуруъ шуда, то 30-юми ноябр давом мекунад.

Ҳамчунин тибқи ин фармон хизматчиёни ҳарбӣ, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро адо кардаанд, аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод карда мешаванд.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро имзо карда буд. Тибқи ин қонун наваскарон метавонанд бо пардохти маблағи муқараршуда, ба ҷои 2 сол хидмати ҳарбӣ, як моҳ аз омӯзиши босуръати ҳарбӣ гузаранд.

Нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 25 ҳазор 200 сомониро (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 60 сомонӣ мебошад) ташкил дода, маблағ метавонад вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаи ҳисобҳо иваз шавад. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабули ин қонун фасод зиёдтар ва мушкилоти даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳал нахоҳад шуд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ҷамшед Ёров дар суҳбат бо Аздо ТВ гуфта буд, ки бо қабул шудани ин қонун сатҳи фасод ва қаллобӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва вазорати корҳои дохила кам намешавад, ва “облава” боқӣ мемонад. Зеро ин як манбаи иловагии даромад барои мақомоти фасодзада мебошад.”

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ба вокунишҳои тунди ҷомеа анҷом мешавад.

Тоҷикистон: Дар ҷанҷолҳои гурӯҳӣ дар Русия шарик нашавед!

0

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия хостааст, ки аз ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар худдорӣ кунанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ даъват кард: “Дар сурати поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳо ва ё беэҳтиромӣ нисбати шаҳрванд, набояд ба муноқишаи гурӯҳӣ ворид шавад, балки ба мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад.” Дар ин бора “SputnikТоҷикистон” хабар додааст.

Вазорати меҳнат шарҳ дода, ки ба хоти пешгирӣ аз содир шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористӣ, бо онҳо сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин ба муҳоҷирон ҳушдор медиҳад, ки қонунҳои будубоши Русияро риоя кунанд.

Қаблан раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов сабаби задухӯрдҳои муҳоҷирон дар Маскавро шарҳ дода гуфта буд, занозаниҳо байни муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар шиддати кор, гаронии чиптаҳои парвоз ва мушкилоти равонӣ ба вуҷуд меоянд.

Тибқи маълумоти шаҳрдории Маскав тақрибан 200 муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ бо сабабҳои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва тартиботи ҷамъиятӣ аз пойтахт ихроҷ шуда, ба 17,5 ҳазор нафари дигар вуруд ба Русия манъ карда шудааст.

Шерзамонов: “Рахмонов бо ин амалҳо мехоҳад арзон холҳои авомгароёна ба даст орад”

0

2-уми сентябри соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қаҳрамони миллии Афғонистон Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 дод.

Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон 9-уми сентябри 2001 ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ 20-уми моҳи сентябри соли 2011 кӯшта шудаанд. Марги аввалиро “Алқоида” ва дуввумиро “Толибон” ба ӯҳда гирифта буданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ду Фармонҳои алоҳида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ “Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз кардааст.”

Проффессор Бурҳониддин Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ду тан аз собиқ раҳбарони Афғонистон, ки дар даврони нооромиҳои Тоҷикистон солҳои 1993-1996 ба кумаки муҳоҷирон ва барқарории сулҳу субот шитофта буданд, бо корнамоиҳои худ  дар байни мардуми Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хосса доранд.

Гуфта мешавад нахустин мулоқоти сулҳ миёни раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳоди нируҳои мухолифини дар он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул рӯзҳои 18 ва 19 моҳи майи соли 1995 замоне, ки Бурҳониддин Раббонӣ давлати исломии Афғонистонро раҳбарӣ мекард ва вазири дифоъи вақти Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буд, сурат гирфит.

Аксари коршиносон миёнҷигарӣ ва пофишории ин ду раҳабри Афғонистонро дар сулҳи тоҷикон калидӣ медонанд ва масъали қадрдонӣ шудани ин ду нафар аз сӯи давлати Тоҷикистон аз ҷониби фаъолони маданӣ ҳамеша матраҳ буд. Аммо тӯли ин ҳама солҳо Ҳукумати Тоҷикистон онро нодида мегирифт.

Додани орден ба ин ду нафар замоне сӯрат мегирад, ки “Толибон” бар Афғонистон тасаллут пайдо карда ва фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Масъуд дар ягона вилояти хориҷ аз контроли Толибон, Ҷабаҳаи муқовиматро сардорӣ мекунад. Президент Раҳмон дар ин бора мегӯяд, Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Мавқеъгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз тоҷикон ва дигар ақаллиятҳои қавмӣ дар Афғонистон ва ҳамзамон додани орден ба ин ду раҳбари машҳури тоҷики афғон ба гунае ғайричашмдошт будааст.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва сарпарасти Вазорати фарҳанги Афғонистон ин мавзеъгирии президенти Тоҷикистонро вобаста ба Толибон навъе дахолат кардан дар умури ин кишвар талаққӣ карда аст. Ӯ дар ин робита ба расонаҳо гуфта буд, ки мо дар умури ҳамсояҳо дахолат намекунем ва дар баробар аз онҳо низ талаб мекунем, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунанд.

Раҳабари кунгураи милли Афғонистон Латиф Пидром аз ин иқдоми Раҳмон истиқбол карда дар саҳифаи Фейсбукияш навишта: “ Сипоси бепоён аз Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумуҳури Тоҷикистон ва пешвои миллати тоҷик ба муносибати эҳдои медали Исмоили Сомонӣ ба шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва фарзанди номдори халқи тоҷик.”.

Абдулқодири Рустам адиби шинохта ва фаъоли ҷомеъаи маданӣ ба Аздо ТВ дар робита гуфт: “Воқеан хабари хушҳолкунанда аст! Ин амр дар рӯзҳое  анҷом шуд, ки Ҷабҳаи муқовимат барои озодӣ ва истқрори адолат дар Афғонистон меҷангад ва иқдоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъе пуштибонии маънавӣ аз Ҷабҳаи муқовимат ҳаст ва рамзи ҳамбастагии Тоҷикони ин сӯйи Ому бо эшон мебошад…”

Аммо Луқмон Бойматов, торихнигори тоҷик дар суҳбат ба мо қадрдонӣ аз Аҳмад Масъуд, Латиф Пидром, ва амсоли онҳоро муҳимтар дониста гуфт: Ин кор мебоист дар замони зинда будани онҳо анҷом дода мешуд. Беҳтар он аст, руйи қаҳрамонони зинда бештар биандешид, то рафтагон.  

Ҳамзамон Алим Шерзамонов, муовини Паймони Милли Тоҷокистон вобаста ба ин мавзӯъ назари дигар дорад. Вай мегӯяд: “Ин ду нафари гуфтагиатон ҳанӯз соли 1997 баъди вохӯрии Хостдех, ки эшон мухолифонро маҷбур ба таслим шудан ба Рахмонов карда буданд, он замон ҳанӯз Рахмонов буд. Имрӯз Рахмонов бо ин амалҳо мехоҳад арзон холҳои авомгароёна ба даст орад. Дар мавриди он ки оё ин мавкеъгириаш боиси эҷоди хатар дар муносибат бо Толибон мешавад? Гумон накунам, чун Толибон ки аз нигоҳи банда имрӯз нерӯи наздик ба Чин ҳастанд, аз хати кашидаи Чин убур нахоҳанд кард ва сонӣ чунин режимҳое ба монанди толибу доиш ҳеҷ гоҳ бо режимҳои худкома мушкил надоштаанд ва нахоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, Раҳмон инро хуб дарк мекунад, аз ин рӯ аз диди худаш ягон риске надорад. Ин ҳисобҳо сидқ мекунанд, агар толиб як нерӯии воҳиду мутамарказ бимонад, вале эҳтимоли ба ду ё бештар ҷабҳа ҷудо шудани ин гурӯҳ хеле баланд аст ва дар он ҳолат ин гурӯҳҳо таҳдиди бузурге ба минтақа мешаванд, новобаста аз он ки имрӯз Раҳмон чӣ ҳаракатҳо анҷом медиҳад”.

Сайидюуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик мегӯяд, “Ин амал, қатъи назар аз ин рӯзгор ва қатъи назар аз ин ки Раҳмон чӣ аҳдоферо бо ин кораш дунбол мекунад, кори писандида ва хуб аст. Ин ду шаҳид яъне ҳам Устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд, сазовори ин мукофот ҳастанд. Аммо эй кош зинда ва дар қайди ҳаёт буданд. Инсон вақте ки аз дунё рафт, сазовор шумурдани ӯ барои унвоне ва эътои мукофот барои ӯ, хеле осон аст ва паёмадеро ба дунбол надорад”.

Ба қавли ӯ: “Ин ду вақте зинда буданд, аз сӯи афроде чун Раҳмон, “душман” хонда мешуданд, ба хотири дифоъ аз ватанашон ва муборизаашон алайҳи зӯргӯён. Ман фикр мекунам, дар миёни худамон афроде чун шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъуд ҳастанд, онҳо зинда ва дар қайди ҳаётанд. Касе мисли Муҳаммадалии Ҳаит ва ёронаш. Онҳо аз шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъуд дар ин ки воқеан қаҳрамони миллати тоҷик ҳастанд ва солҳои тӯлонӣ алайҳи зулм ва зӯргӯён мубориза кардаанд, кам нестанд. Аҷиб он ки онҳо тавассути фарде ба зиндон афканда шудаанд, ки имрӯз шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъудро қаҳрамон мехонад ва барояшон мукофот медиҳад. Ба ҳар сурат, банда аз ин кор хушҳолам“.  

Пештар Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния дар хусуси ҳаводиси ахири Афғонистон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки аз раҳбарони мардумии ин кишвар истиқбол ва аз манофеи миллӣ бо ҷуръаттар ҳимоят кунад.

Кашфи навъи тозаи вируси COVID-19

0

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз табақабандии як навъи ҷадиди коронавирус бо номи “Mu” хабар дод. Гуфта мешавад, ин вирус дар Калумбия моҳи январи соли ҷорӣ пайдо шудааст, аммо дертар ба қайд гирифта шуд.

Айни замон 39 дарсади гирифторони COVID-19 дар ин кишварро ин навъи нав ташкил медиҳад. Аммо дар сатҳи ҷаҳонӣ 0,1 дарсади гирифторонро дар бар мебиград.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи сешанбе, 31-уми август эълом дошт, ки ин вируси нав бо номи илмии “B.1.621” ба қайд гирифта шуда, низ бо номи “Mu” маъруф шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҷаҳиши вирус як падидаи табиӣ буда, навъҳои бештари он бехатаранд ва вижагиҳои авомили беморзо надоранд.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шумори зиёди мубталоён ба коронавирус дар саросари ҷаҳон, коршиносон аз пайдо шудани штамҳои нави бемории SARS Cov-2 бим доранд. Зеро эҳтимол дорад ба самаранокии ваксинаҳои мавҷуда таъсир расонад.

Пеш аз ин Энтони Фаучи, донишманди вирусшиноси амрикоӣ ва мушовири Кохи Сафед аз эҳтимоли шуюъи сатҳи хатарноктари вируси короно ҳушдор дода буд. Вируси мегуфтаи ӯ аз навъи “Делта” ҳам хатарноктар будааст.

Бо ин ҳол донишмандон вируси навпайдои “Mu”-ро чандон хатарнок намедонанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин вирусро дар гурӯҳи вирусҳое, ки ташвишовар нестанд, сабт кардааст. Ин созмон ғайр аз “Мu” 4 навъи дигарро бо номҳои “Eta”, “Lota”, “Kappa”, ва “Lambda” дар ин гурӯҳ шомил кардааст.

Аммо дар гурӯҳи вирусҳои “ташвировар”-и “SARS-Cov-2” то кунун 4 навъ бо номҳои “Beta” (аввалин бор 18 декабри соли 2020 дар Ҷануби Африқо сабт шудааст), “Alpha” (аввалин бор 18 декабри соли 2021 дар Бритониё сабт шудааст), “Gamma” (аллаин бор 11 январи соли 2021 дар Бразиля сабт гардид) ва “Delta” (бори нахуст 4 апрели соли 2021 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд) вуҷуд дорад, ки ҳар кадом аз ҳамдигар ба навъе фарқ мекунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин чаҳор навъи вирусро “ташвишовар” арзёбӣ мекунад, аз ҷумла “Alpha”, ки дар 193 кишвар мавҷуд аст ва “Delta” дар 170 кишвар паҳн гаштааст.

236 миллион доллари ХБА ба Тоҷикистон

0

Ба гуфтаи директори иҷроияи ХБА, хонум Кристалина Георгиева, ин тақсимот ҳамчун такони ҷиддии иқтисоди ҷаҳонӣ хизмат хоҳад кард ва агар оқилона истифода шавад, як имконияти беҳамто барои рафъи бӯҳрон хоҳад буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо ин тақсимот иқтисоди ҷаҳонӣ, тавассути пур кардани захираҳои асъории кишварҳо ва коҳиш додани вобастагии онҳо аз қарзҳои гаронтари дохилӣ ё хориҷӣ, пардохтпазирии иловагӣ ба даст меорад.

Кишварҳо метавонанд захираҳои молиявии дар доираи ин тақсимот пешбинишударо барои дастгирии иқтисоди миллӣ ва тақвияти мубориза бо бӯҳрон истифода баранд.

Тибқи тақсимот, Тоҷикистон 236 миллион доллар (СДР) мегирад. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар Қазоқистон – 1,6 миллиард доллар, Ӯзбекистон 750 миллион доллар, Туркманистон 325 миллион доллар ва Қирғизистон 242 миллион доллар мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ХБА барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар ҷудо карда буд.