39.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 559

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард

0

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ва Ҷоми AFC-2021 дар Душанбе ва Ҳисор, ки дар он бошгоҳҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд, дархост фиристод.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Федератсия футболи Тоҷикистон барои баргузории марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” ариза пешниҳод кард. Дар ин гурӯҳ, қаҳрамони Тоҷикистон, “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шабаб Ал-Аҳли Дубай” (АМА) бозӣ мекунад.

Ҳамчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба AFC барои баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар гурӯҳҳои «E» ва «F» ариза пешниҳод намудааст. Дар ин гурӯҳҳо аз Тоҷикистон бошгоҳҳои “Равшан” ва “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар Ҷоми AFC-2021 барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “E” бозӣ мекунад. Рақибони бошгоҳи Кӯлоб қаҳрамони Қирғизистон “Дордой”- и Бишкек ва ноиби қаҳрамони Туркманистон “Аҳал” хоҳанд буд.

Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” якҷоя бо дастаҳои АГМК ва ё «Насаф»-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркменистон ва “Олой”-и Қирғизистон баромад мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шакли “як бозӣ” аз 14 то 20 май дар як давр баргузор мешавад. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст бозӣ мекунанд. Ин бозиҳо 11 ва 25 август баргузор мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё ҷойи баргузории марҳилаи гурӯҳии мусобиқаҳои бошгоҳии қитъаро дертар эълон мекунад.

Ифшои 124 млн сомонӣ маблағи “Роғун”, ки ба манфиати шахсӣ истифода шудааст

0

Сулаймон Давлатзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти мудири ширкати “Файзи истиқлол 25”, Тоҳир Саидзода бо иттиҳоми тасарруфи амвол хабар дод.

Бино ба гуфтаи Давлатзода, Тоҳир Саидзода мабалғҳое, ки барои бунёди “Роғун” ҷудо шуда буд, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.

Раиси Агентии зидди фасод маблағи тасарруфшуда аз ҷониби директори ширкати “Файзи истиқлол 25”-ро 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ гуфт ва иброз дошт, ки дар ин бора тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти масъули ин ниҳод дар умум давоми соли 2020 истифодаи ғайримақсадноки 124 миллион сомонӣ, ки барои сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ихтисос дода шуда буд, аз сӯи кормандони Агентии зидди фасоди Тоҷикистон ошкор карда шудааст.

Гуфта мешавад, аксари маблағҳои тасарруфшуда ба ҳисоби нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бозпас гардонида шудааст.

Нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии Осиёи Марказист, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

Дар соли гузашта беш аз 1,5 миллард кВт/С нерӯи барқ ба хориҷ содир шудааст

0

Ширкати “Барқи тоҷик” дар соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 млрду 536,8 млн кВт/С нерӯи барқ содир кардааст. “Азия-Плюс” ношири хабар аз қавли масъулони ин ширкат менависад, ки ин миқдор нерӯи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфта, ки онҳо аз соли 2019 ба хориҷ 1 млрду 399,8 млн кВт/С барқ кам содир кардаанд, ки ин барои ширкат 38,4 миллион сомонӣ зарар овардааст. Ин гуфтаҳоро Исмоилзода дар нишасти хабарии ниҳодаш ироа кард.

“Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати “Барқи тоҷик” 15 млрд, 248,4 млн кВт/С-ро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн.кВт-соат кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад”,-гуфт Исмоилзода.

Дар умум соли 2020 “Барқи тоҷик” дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрду 414,1 млн сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар мегӯянд, ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд, бо вуҷуди он солҳост, ки аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, мардуми тоҷик қимати барқро 4 маротиба бештар аз арзиши муайяншуда пардохт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Барқи тоҷик” иддао пеш меоварад, ки барқ дар Тоҷикистон арзон аст, аммо дар асл чунин нест.

Ба назари ин таҳлилгар, агарчи мақомот арзиши барқро 22,66 дирам муайян кардаанд, вале мардум то 1 сомонӣ пардохт мекунанд. Ин таҳлилгар мегӯяд, дар асл “Барқи тоҷик” ҳар сол 350-400 миллион доллар “зарар” мебинад, ки он бо қурби ҳозира ба 4-4,5 миллиард сомонӣ баробар аст.

Аҳолӣ ҳудуди 30 дарсади қимати барқро масраф мекунад. Яъне ҳудуди 6 миллиард кВт/С ва барои ҳар киловати он 22,66 дирам пардохт менамояд. Аммо нохоставу надониста 4 миллиард сомонӣ зарари “Барқи тоҷик”  ё қимати 18 миллиард кВт/С барқро низ мепардозад. Дар натиҷа ба ҷои 6 миллиард кВ/с пули 24 миллиард кВт/С аз ӯ рӯёнида мешавад ва ҳар киловатт барқи масрафкардааш ҳудуди як сомонӣ тамом мешавад”,-гуфт Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ.

Қисме аз ин зарарҳо аз ҳисоби буҷа пӯшонида мешавад ва қисме ба қарзи ин ширкати монополистӣ зам мешавад, ки ҳоло аз 30 миллиард сомонӣ убур кардааст. Мутмаинан, ҳама ин қарзҳо рӯзе аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт хоҳад шуд. Роҳи дигаре вуҷуд надорад. Зарари яксолааш 4 миллиард сомонӣ аст. Ин 4 миллиард қимати тақрибан 18 миллиард кВт/С қувваи барқ аст, ки ин ҳамон миқдори барқест дар кишвар истеҳсол мешавад.

“Барқи тоҷик” фасодзадатарин ва қарздортарин ширкати монополист, ки соҳаи барқи кишварро пурра дар ихтиёр дорад. Қарзи ин ширкат ба беш аз 2,5 миллиард доллар мерасад ва он солҳост наметавонад худкифо шавад. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад ва ба гӯфтаи огаҳони умур солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро ӯ мезанад.

Сироҷиддин Муҳриддин: иддаои азхудкунии замини Тоҷикистон аз ҷониби Чин мавқеи расмии ин кишвар нест

0

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба нашри мақолаҳое, ки дар расонаҳои Чин нашр шуданд ва иддаои соҳиб шудан ба қаламрави Тоҷикистонро кардаанд, вокуниш нишон дода, дар мавриди даъвоҳои ҳудудӣ – таърихӣ ба Пекин ёддошти расмӣ фиристодааст.

“Sputnik”, ношири ин хабар навишта, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфта, ки дар робита ба ин қазия корҳои заруриро ба роҳ монда, аз ҷониби Вазорати умури хориҷӣ ба Чин ёддошт фиристодаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошта, ки дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни чинияшон ва инчунин бо роҳбарияти расонае, ки чунин маводҳоро нашр кардаанд, мулоқот анҷом додаанд ва онҳо мақолаҳои баҳсиро аз сомонаҳояшон бардоштанд.

Бино ба иттилои манбаи “Sputnik” мақомоти Чин дар пайи ин норозигиҳо ба ҷониби Тоҷикистон гуфтаанд, ки чунин маводҳо дар расонаҳои ғайридавлатӣ нашр шудаанд ва он ба ҳеч ваҷҳ ба маънои мавқеи расмии Пекин нест.

“Бо мақомоти Чин ҳамкориҳои ниҳоят хуб дорем, вақте муроҷиат мекунем, дарҳол ҷавоб медиҳанду аз ҳамкории стратегии ду давлат ёд карда таъкид мекунанд, ки чунин мавод ҳеч вақт мавқеи расмии Чин нест”-гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз фаъол будани ҳазорҳо расонаҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар зикр карда мегӯяд, ки муаллифон дар ин расонаҳо ҳар гуна матолиби баҳсбарангез менависанд, ки мавқеи расмии кишвари Чин набудааст.

Изҳороти вазир дар ҳоле садо медиҳад, ки ин расонаҳо даъвои соҳиб шудани қисме аз заминҳои Тоҷикистонро кардаанд. Шабакаи телвизионии “

Тоҷикистон соли 2017 аъзои созмони “Як камарбанд-Як роҳ” шуд, ки тибқи он то ҳол тақрибан 350 ширкатҳои чинӣ дар минтақаи Помири Тоҷикистон фаъолияти густурда менамоянд.

Дар гузашта Тоҷикистон ба воситаи иҷозат додани ҳуқуқи истихроҷи маъданҳо ба Чин қарзҳои худро пардохт менамуд. Ва ахиран Тоҷикистон барои коркарди тилло ба ширкати чинии “ТВЕА” иҷозатнома додааст. Ин ширкат барои коркарди тиллои “Кумарғи Боло” ва Дуобаи Шарқӣ” иҷозат дорад. Он замон ҳукумат ҳаҷмии аслии тиллои ин конҳоро пинҳон карда буд.

Бояд гуфт, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳоле аз ҳамкории стратегии ду давлат тавсиф мекунад ва мегӯяд, ки ин матолиб баёнгари мавқеъи расмии Чин нестанд, ки дар ин кишвар тамоми ВАО зери сензураи қавии давлат қарор дорад.

Қодирзода мегӯяд, барои ташкили ҷойи корӣ “Азот”-ро фурӯхтанд

0

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон “Азот” тавассути як тендер фурӯхта шудааст.

Бино ба навиштаи “Sputnik”, Қодирзода ба хабарнигорон гуфта, ки корхонаи “Азот” дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.

Қодирзода дар ин нишаст гуфт, ки нархи саҳҳоми ин корхона 200 миллион доллар муайян шудааст. Ӯ ҳадафи фурӯхтани ин корхонаи давлатиро барои ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи корӣ арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, ки cоли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии “Ҳайнан Чжэцзян Я” бекор кард.

Он замон Ҳукумат сабаби ин амалкардашро гуфта буд, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накардааст.

Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии “Ҳайнан Чжэцзян Я” саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.

Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти кимиёвӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.

Додгоҳе дар Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷарима баст

0

Додгоҳи шаҳри Қарокӯли Қирғизистон рӯзи 13 уми феврал 14 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима баст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои убури ғаёриқонунии сарҳад, 3000 доллар ҷарима шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ин миқдор пулро бояд дар муддати 2 моҳ пардохт кунанд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯзи 10-уми феврал сарҳадбонони қирғиз дар ноҳияи Лайлак боздошт карданд. Наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ки онҳо барои кор бо миёнаравии афроди ношинос ба корхонаи хиштрезие дар Бишкек рафтанӣ буданд ва намедонистанд, ки сафари беиҷоза ба Қирғизистон ғайриқонунӣ аст.

Абӯбакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Қирғизистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин 14 нафарро бар асоси моддаи 346 Кодекси ҷиноии Қирғизистон ҷазо додаанд, ки аз ҷарима то ба се соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми феврал изҳори боварӣ намуда гуфт, ки 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон боздошт шуданд, қазияи онҳо мусбат ҳал мешавад. Аммо наздикони ин афрод аз он нигаронанд, ки дар ин вазъият чӣ гуна 3000 доллар ҷамъоварӣ намуда ба Қирғизистон мефиристанд. Чун ин маблағ барои оилаҳои боздоштшудаҳо, ки аксарашон камбизоатанд, маблағи бузург аст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2020 – 34 ҷавон аз деҳаҳои Бӯстон ва Ҳуснободи шаҳри Ҳисор барои убури ғаёриқонунии марз дар Қирғизистон боздошт шуда буданд. Ба гуфтаи ин ҷавонон онҳо аз ҷониби “як ширкати машҳур дар Тоҷикистон” барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд равона шуда буданд. Ин 34 ҷавон баъд аз пардохти ҷарима озод шуда ба Тоҷикистон баргаштанд.

Инчунин, дирӯз 16-уми феврал аз боздошти боз 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоме боздошт шудаанд, ки гӯё халтаҳои селитраро ба мошинҳои боркаши дорои рақамҳои давлатии Тоҷикистон бор мекардаанд. То ҳол аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон хабаре нест.

Мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 барҳам дода шуд

0

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод. Ин мусобиқаи интихобӣ қарор буд моҳи июн дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шавад.

Бино ба иттилои ин сомона 53 роҳхат, ки бояд дар ин мусобиқа дода мешуд, акнун дар асоси радабандӣ тақсим карда мешаванд.

Ба гуфтаи Гурӯҳи кории КБО (кумитаи байналмилалии олимпӣ) оид ба бокс тағйирот дар системаи интихобӣ имконияти баробари дарёфти роҳхати олимпиро барои варзишгарони ҳамаи қитъаҳо муҳайё мекунад.

Пойтахти Аргентина – Буэнос Айрес аз 10 то 16 май макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бокс барои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ интихоб шуд.

Соли гузашта дар Урдун мусобиқаи интихобӣ барои Осиё/Уқёнус ва дар Сенегал барои Африқо доир гардида буд.

Дар мусобиқаи Осиё/Уқёнус ду варзишгари тоҷик – Баҳодур Усмонов дар вазни -64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг ширкат варзида, аввалин роҳхатҳои олимпиро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд.

Радабандии Гурӯҳи кории КБО оид ба бокс пас аз ҷамъбасти мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ тартиб дода шуда, аз 53 ҷой – 32 ҷой барои мардон ва 21 ҷой барои бонувон ҷудо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио – 2020 бояд соли 2020 баргузор мегардид ва бо сабаби интишори коронавирус ба вақти дигар гузошта шуд. Дар назар аст, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 9 августи соли 2021 дар Токио пойтахти Япония баргузор гардад.

Субҳонзода дар бораи арзон будани билетҳо гуфт, вале муҳоҷирон акси инро мегӯянд

0

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки бо дархости онҳо ширкати “Сомон Эйр” розӣ шуд нархи чиптаҳоро 30 дарсад поин оварад.

Субҳонзода дар ин нишасти матбуотие, ки дирӯз 15 феврал баргузор шуд, таъкид намуда, ки мо аз ширкати “Сомон Эйр” дархост кардем, ки нархномаҳоро бозбинӣ кунад, то ки арзиши билетҳо поин бурда шавад.

“Раҳбарияти “Сомон Эйр” тарифҳоро бозбинӣ намуда, сар аз моҳи декабри соли гузашта, ширкат арзиши билетҳоро аз 39-40 ҳазор рубл то ба 26-27 ҳазор рубл, яъне тақрибан ба андозаи 30% кам кард”, гуфт, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дархости ин ниҳод барои поин овардани арзиши чиптаҳои парвоз танҳо аз “Сомон Эйр” набуда, ҳамзмаон дар ин нишаст Субҳонзода иброз дошта, ки онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла “Turkish Airlines” низ чунин дархостро кардаанд.

Субҳонзода таъкид кард, ки “Масалан, “Turkish Airlines” моҳи феврал арзиши билетҳоро ба хатсайри Душанбе-Истанбул ба андозаи 25-35% поин бурд”.

Мсаъалаҳои дигаре, ки дар нишаст аз забони ин масъули тоҷик садо дод ин барқарор намудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои Русия ва Чин мебошад. Субҳонзода мегӯяд, гуфтушунидҳо дар мавриди барқарор шудани парвозҳои мунтазам ба Русия ва Чин идома доранд.

“Чанде пеш дар Русия оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунид доштем. Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳои мунтазама аз 1 июн омода аст. Ин масъала ба вазъи эпидемиологӣ вобаста мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз он ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”.

Бо вуҷуди он ки Русия парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистону Қирғизистон барқарор карда аст, аммо барои барқарор намудани парвозҳо бо Тоҷикистон шитоб намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулон дар Тоҷикистон ва ҳатто расиҷмуҳур таъкид дорад, ки кишвар холӣ аз вируси корона аст, аммо Русия гуфта, чунин тасмимеро танҳо пас аз арзёбии вазъи эпидемиологӣ, марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон мегирад.

Дар пайи дархости сарвазир Қоҳир Расулзода дар сафари ахираш ба Маскав барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам масъулони рус гуфтанд, онҳо дар ибтидо гурӯҳеро аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Танҳо пас аз ин дар масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазам фикр хоҳанд кард.

Масъалаи поин овардани нархи чиптаҳо дар Тоҷикистон аз забони масъулон замоне садо медиҳад, ки пас аз моҳи марти соли гузашта Русия дар пайи интишори пандемия марзҳояшро баст, муҳоҷирон маҷубр буданд тариқи танҳо парвозҳои чартерӣ ва бо гаронтарин нархи чиптаҳо дар минтақа ба ватан баргарданд.

Бисёре аз муҳоҷирон гуфтанд, онҳо дар пайи аз даст додани корашон маҷбур шуданд ба ватан баргарданд, илова бар ин ширкати “Сомон Эйр” бо нархи хеле гарон чипатҳоро фурӯхт, ки бе ин ҳам ба ҷайби зарардидаи муҳоҷир боз зарари изофӣ ворид кард.

Аз моҳи март ба ин сӯ хоҳишмандони бозгашт ба Ватан аввал худро бояд дар намояндагиҳои расмии кишвар сабтином мекарданд ва танҳо пас аз расидани навбат метавонитсанд ҳамон билети гаронро бихаранд. Ин боис шуда буд муҳоҷирон дар назди сафорат соатҳо навбатпоӣ бикунанд ё аз миёнаравҳое, ки ба қавли муҳоҷирон бо сафорат ҳамкорӣ доштанд бо нархи гарон билет бихаранд.

Икром Субҳонзода дар он замон нархи билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” расман 395 евро гуфта буд. Аммо муҳоҷирон пайваста шикоят доштанд, ки аксаран билетҳоро аз нархи расмиаш ба маротиб гаронтар мефурӯшанд.

Намояндаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон сабаби гаронии нархи чиптаро дар он гуфта буданд, ки ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия холӣ рафта, аз он ҷо шаҳрвандонро меоранд, аз ин рӯ нархи билету хадамот 40 дарсад бештар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки нархи билети парвоз аз Русия ба Қирғизистон ду баробар арзонтар аст. Ва кишварҳое ҳам барои овардани шаҳрвандонашон чанд дафъа ҳавопамову қатора фиристодаанд то ройгон онҳоро ба ватанашон бозгардонанд. Бо сабаби арзонии парвозҳо аз тариқи Қирғизистон зиёде аз муҳоҷирони тоҷик роҳи бозагазташонро аз ҳамин масир ба ватан пеш гирифтанд.

Огаҳони умур мегӯняд, тасмими масъулон барои поин овардани нархҳо шояд бо дарки ҳамин вазъ бошад, ки дигар муҳоҷирон парвоз аз тариқи дигар кишварҳоро авлотар медонанд, аз ҷумла тариқи ҳамсоякишварҳо.

Муҳоҷирон мегӯянд, агар билети парвоз аз “Сомон Эйр” 37-40 ҳазори русӣ бошад, бо дигар тариқ 19-20 ҳазор то расидан ба хонаҳояшон масраф мекунанд, ки ин як баробар ба фоидаи муҳоҷирони тоҷик мебошад.

Вақтҳои ахир шикоятҳо аз хидматрасонии “Сомон Эйр” низ чанд дафъа дар расонаҳо роҳ ётфтанд, ки муҳоҷирон аз хӯроки пешниҳод кардаи ин ширкат ба муштариёнаш интиқод мекарданд, чун ба гуфти онҳо хеле каму нокифоя буд.

Кумаки 8 млн доллари Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои ваксиназанӣ

0

Бонки ҷаҳонӣ барои ваксиназанӣ ба Тоҷикистон 8,63 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад. Дар ин бора “Asia-Plus” хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона, ин кумак 11-уми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шуд.

Дар хабар инчунин омадааст, ки ин маблағҳо барои харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳои зидди COVID-19 ҷудо мешавад.

“Лоиҳаи мазкур ба кишвар ҷиҳати роҳандозии барномаи ваксиназанӣ барои гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ ва омодакунии муассисаҳои дахлдор барои эмкунии бештар бузургмиқёс бо дастрас шудани ваксинаҳои иловагӣ зидди COVID-19 имкон медиҳад”, – қайд кардааст намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.

ЮНИСЕФ корҳоро дар самти харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо анҷом медиҳад.

Ваксинаҳое, ки харидорӣ ва ба Тоҷикистон интиқол меёбанд барои гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ, ки марҳилаи аввали онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муайян намудааст, мебошанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ба ин гурӯҳҳо кормандони тиббӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ, аҳолии калонсоли аз 50-сола боло, шахсони дорои бемориҳои вобаста ва ҳамроҳ ба он, инчунин муаллимону кормандони муассисаҳои таълимӣ шомиланд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ваксинаҳои зидди COVID-19 дар чаҳорчӯби механизми инноватсионии маблағгузории «Gavi-COVAX Advanced Market Commitment Global Financing Mechanism» (барои тақрибан 16%-и аҳолӣ) ва бо дастгирии лоиҳаи мазкур (барои 4%-и аҳолӣ) таъмин мегардад ва шумори дақиқи шаҳрвандон, ки ваксина карда мешаванд аз нархҳои ниҳоии ваксинаҳо вобаста хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки то моҳи июн ваксинаҳо ба 92 кишвар, ки даромади хурд ва миёна доранд, аз ҷониби ташаббуси COVAX дода мешаванд. Тибқи ҷадвали GAVI, Тоҷикистон 732 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca/Oxford мегирад.

Додгоҳе дар Олмон алайҳи панҷ шарҳванди Тоҷикистон айб эълон кард

0

Панҷ шаҳрванди тоҷике, ки баҳори соли гузашта дар Олмон аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар боздошт шуда буданд, бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи (ДОИШ) айбдор ва алайҳашон бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Олмон айб эълон шудааст.

Аз ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон: Фарҳодшоҳ К., Муҳаммадалӣ Г., Азизҷон Б., Сунатуллоҳ К. ва Комрон Б. ном бурда мешавад.

Бино ба гузориши Прокуратураи федералии Олмон 1 феврали соли 2021 додгоҳи минтақавии шаҳри Дюсселдорф алайҳи ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон айб эълон кардааст.

“Айбдоршавандагон барои ҳамкорӣ бо аъзоёни ташкилоти террористии Давлати Исломӣ (ДИИШ) бо исботи далелҳо гумонбар дониста мешаванд”, омадааст дар хабар.

Дар айбномае, ки алайҳи ин шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод шудааст, далелҳои зерин оварда шудаанд:

(Аз ҷумла дар мавриди Азизҷон Б. чунин гуфта мешавад:)

“Азизҷон Б. аз моҳи марти соли 2017 узви доимии сохторҳои ба ном Давлати исломӣ (ДОИШ) буд ва бо ду роҳбари баландпояи ин созмон дар Афғонистон робитаи зич дошт. Бо роҳбарии онҳо, ӯ тавассути Интернет барои Ассотсиатсияи Рейн-Вестфалияи Шимолӣ чорабиниҳои гуногун таҳия менамуд. Асоси ин шабакаи интернетии русзабон ва тоҷикзабони IS-и вилояти Хуросон буд, ки тавассути он Ассотсиатсия пайравони худро дар саросари ҷаҳон радикал мекард, таълими идеологӣ мебурд, манбаъҳои калони молиявӣ сафарбар мекард ва аъзои навро барои муборизаи мусаллаҳона дар рӯҳияи ҷиҳод тарбия мекард. Ин шабака дар радикализми як қотили тоҷик, ки рӯзи 7 сентябр дар маркази Стокҳолм кушта шудааст, фаъолона ширкат кардааст.”

Ин панҷ тоҷик дар даст доштани куштор бо дастури аъзоёни баландпояи (ДОИШ) дар Афғонистон ва гирифтани маблағҳо аз ҷониби онҳо низ айбдор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 12 зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар (ДОИШ) дастгир шуда буданд, вале аксари онҳо баъд аз муддате раҳо шуданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон – Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. дастгир шуданд.

Як зодаи дигари Тоҷикистон, Комрон Зуҳуров дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания ӯро ба Олмон истирдод кард.