22.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 560

Алимардонов бо иттиҳоми тасарруфи амвол боздошт шудааст

0

Имрӯз 16-уми феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон таъйид кард, ки Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шудааст. Дар ин бора “Sputnik” Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ дар ин нишаст Фахриддин Акрамзода, муовини раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки Парда Алимардон бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Акрамзода мегӯяд, ки Парда Алимардон ба тасарруфи 90,1 миллион сомонӣ гумонбар дониста шуда, ҳоло нисбаташ тафтишот идома дорад.

Парда Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон роҳбари Корпоратсияи “Баракат” буд, ки гуфта мешавад, аксар маблағҳои “Агроинвестбонк” тариқи он обу лой мешуд.

Ҳамчунин қайд шуда, ки ӯ ба иттиҳоми тасарруфи маблағҳои бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Оҷонсӣ дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки зарарҳои расонида қисман барқарор шудаанд ва дар сурати пурра барқарор шудан нисбати боздоштшуда санади авф татбиқ мешавад.

Бародари Парда Алимардон, Муродалӣ Алимардон мебошад, ки дар гузашта аз афроди калидии Ҳукумати Тоҷикистон буд. Муродалӣ Алимардон дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир кор карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбонк” – ро бар дӯш дорад.

Худи Муродалӣ Алимардон низ аз ҷониби мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2019 бозпурсӣ шуда буд.

Бонки таҳти раҳбарии Алимардонов 6 сол мешавад, ки бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 млн сомонии амонатдоронашро баргардонад.

Вазири хориҷа боздошти шаҳрванди тоҷик бо дархости Қирғизистонро шарҳ дод

0

Имрӯз 15-уми феврал нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин нишаст ба Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби рӯзноманигорон суол дода шуд, ки дар куштану маҷрӯҳ кардани шаҳрвандон дар марз кӣ бояд ҷавоб гӯяд.

Вазир гуфт, ки дар мавриди шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қатлу маҷруҳ сохтани шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд, сохтори марбутаи дуҷониба фаъолият дорад.

“Мо гуруҳи кориро аз ҷумлаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ташкил кардем ва ҳамаи чунин қазияҳо дар чаҳорчӯби ин гуруҳи корӣ баррасӣ мекунанду нисбати гунаҳкорон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мешаванду мавриди тафтиш қарор мегиранд”, – изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамчунин дар бораи дахолати кишвари сеюм Вазир қайд, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамагуна тағйироти марзҳо бояд бо розигии халқҳои тарафайн бидуни дахолати кишвари сеюм сурат гирад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишасти матбуотӣ боздошти Фурқат Абдуфаттоевро бо дархости ҷониби Қирғизистон дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия шарҳ дод.

Вазир гуфт, ки муҳлати ҳабси Абдуфаттоев дар ҷумҳурии Бошқирдистон тамдид шудааст ва ин раванд таҳти назорати ҷиддии Вазорати умури хориҷиву намояндагиҳои дипломатӣ қарор дорад.

Ӯ инчунин қайд кард, ки аз ҷониби сафорат дар Маскав Ёддошти расмии ҷониби Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Русия супорида шуд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, низ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар Русия нигаронияшро аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон баён доштааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Фурқат Абдуфаттоев, шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистонро, ки мақомоти Қирғизистон ба “тирандозӣ ба сӯйи Қирғизистон” дар рӯзи 13-уми марти соли 2019 айбдор карда буд, бо дархости ин кишвар дар ноҳияи Кугарчинскии Бошқирдистони Русия дастгир шуд. Наздикони Фурқат ҳама иттиҳомот аз ҷониби Қирғизистонро рад мекунанд.

Вазир дар ҳоле аз марз ва боздошти шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки баҳси марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки идома дорад, ҳамеша баҳс байни сокинон рӯх медиҳад, ки ҳатто аз ду тараф шаҳрвандон дар ин муноқишаҳо ба ҳалокат расидаанд, вале ҷониби Тоҷикистон қурбонии бештаре доштааст.

То ба имрӯз мақомоти ду кишвар натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро пурра муайян кунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Номи паҳлавонони тоҷик дар қатори беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон

0

Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба куштӣ шомили 20-гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин Кумита иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ (UWW) радабандии бозбинишудаи беҳтаринҳои ҷаҳонро нашр кард, ки дар 20-гонаи беҳтаринҳо номи чор варзишгари тоҷик – Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов низ ворид шудааст.

Ҳамин тариқ дар ин раддабандӣ Муҳаммад Икромов аз вазни 61 кг, ки дар гуштини озод баромад мекунад, дар ҷойи 12-ум қарор дорад. Ҳикматулло Воҳидов бошад мавқеи 13-уми вазни 57 кг-и куштиии озодро дорад. Паҳлавони дигари кишвар Искандари Рустам ҷои 17-уми вазни 97 кг-ро гирифтааст.

Дар тарзи куштии юнонӣ-римӣ як нафар варзишгари тоҷик Ахмедов Мубинҷон – ба 20-гона ворид гардидааст. Ӯ дар мақоми 20-уми вазни 63 кг ҷой дорад.

Маврид ба зикр аст, ки ин ҳар чор варзишгари тоҷик соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медал шуда буданд. Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов сазовори медали нуқра, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов сазовори медали биринҷӣ гашта буданд.

Ҳамчунин Муҳаммад Икромов дар Ҷоми Ҷаҳон, ки охири соли 2020 дар Белгради Сербия баргузор гардида буд иштирок намуда, ҷои панҷумро сазовор шуд.

Даҳ сол мешавад мақомот даст аз сари мо намебардоранд

0

Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, як муҳоҷири тоҷик дар Аврупо аз фишори мақомот болои хонаводааш нигаронӣ дорад. Номбурда мегӯяд, 10 сол мешавад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон хонаводаашро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ мавриди фишору боспурсӣ ва таҳдидҳои зиёд қарор медиҳанд.

Аз бозпурисиҳои пайидарпайи мақомот ба ин хулоса расида, ки қазияашро расонаӣ кунад. Ӯ аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар талаб дорад, ки ба ҳуқуқи ӯ ва хонаводааш расидагӣ кунанд, инчунин барои бозтоби қазияш низ аз расонаҳо хоста дар ин масъала бетараф набошанд.

Худи Шоҳраҷаб қазияашро чунин шарҳ медиҳад:

Ман Шоҳраҷаб Шоҳимӣ мутаваллиди 14.03.1988 зодаи дараи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, оиладор соҳиби се фарзанд. Айни ҳол муқими Варшаваи Лаҳистон ҳастам.

Фаолиятҳои сиёсӣ ва расониро солҳои 2014-15 шуруъ кардам, айнан ҳамон замоне буд, ки ба баста ва мамнуъ шудани ҲНИТ рост омад.

2011-21 расо даҳ сол мешавад падару модарам зери таҳдиду фишори мақомоти қудратии ш. Панҷакент қарор доранд. Волидайнамро гоҳо барои таҳсил карданам дар хориҷа ва гоҳи дигар барои баҳсу ҷидол бо пайравони гуруҳи ДОИШ ва гоҳе дигар барои фаолиятҳои сиёсиям даъват ва бозпурсӣ мекунанд. Фишору таҳдиди мақомот болои банда ҳангоми таҳсил дар ш.Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб шуруъ шуд.

Пас аз таҳдиди зиёди мақомот аз Ҷумҳурии Миср ба Туркия паноҳ бурдам, вале дар онҷо низ бо супориши ВКД ва КДАМ аз тарафи мақомоти ин кишвар боздошт шудам. Баъди се моҳи боздошт Додгоҳи Олии Туркия ҳукми бегуноҳи маро содир кард ва аз боздошт раҳо шудам.

Рӯзи панҷшанбе таърихи 11.02.2021 падари беморамро барои севумин бор дар ин ҳавои хунук ва вазъияти сахти иқтисодӣ ва пандемӣ ба КДАМ ш.Душанбе даъват карда аз саҳар то бегоҳ пурсуҷӯ, таҳдид ва фишор оварданд, ки фарзанди Шумо фаолиятҳои сиёсияшро қатъ карда ариза навишта ба Ватан баргардад.

Ман ин бор тасмим гирифтам, ки ҳарчи ба сари падару модарам гузашту мегузарадро расонаӣ кунам ва мақомоти қудратиро масъули ҳар зарару зиёне ба сари волидайнам меояд бидонам.

Онҳо як инсонҳои содда, самими ва куҳистоние ҳастанд, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ кам хабар доранд ва ҳамин камбудӣ сабаб мешавад, ки мақомот аз онҳо суйистифода кунанд.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда аз ҳама созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ монанди СММ, ИА ва созмонҳои ҳуқуқи башар ва инчунин аз тамоми ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи давлат ва расонаҳои озод монанди Озодӣ, Азда ва Паём эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин қазияи таҳдиду фишор болои волидони бемори пирамро мавриди баррасӣ қарор дода, бозтоби густурда ва ноил шудан ба ҳуқуқҳои поймолшудаашон кумаки худро дареғ надоранд.

Фишори мақомот болои хонаводаҳои мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон зиёд расонаӣ мешавад. Аксари фирориён ё дар Аврупо паноҳ бурдаанд ва ё дар Русия ва давлатҳои дигар қарор доранд. Ҳатто баъзе ҷавононе, ки дар ҳеч ҳизбу ҳаракатҳое шомил нестанд, вале аз таҳдиду фишори мақомот болои онҳо ва хонаводаҳояшон шикоят мекунанд. Мақомоти амниятии кишвар аз онҳо мехоҳад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо фаъол набошанд ва бо навиштани аризаи пушаймонӣ ба Ватан баргарданд. Аммо касоне, ки дар ин ҳолат қарор доранд мегӯянд, ба кишвар баргашта наметавонанд, зеро чандин нафар бо ин тарз ба кишвар бозпас гардонида шуданду сипас барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Эшони Сироҷиддин боз барои панҷуним сол равонаи зиндон шуд

0

Сироҷиддин Абдураҳмонов маъруф ба Эшони Сироҷиддин ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” хабар дод.

Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ ҳукми Эшони Сироҷиддинро рӯзи 12-уми феврал дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ эълон карданд.

“Азия-Плюс” бо такя ба қавли манобеаш мегӯяд, Эшони Сироҷиддинро барои таблиғи ҷараёни “Салафият” гунаҳкор донистанд. Фаъолияти ҷараёни Салафия аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯро ба “ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ гунаҳкор донистанд”.

Ҳамчунин манобеи “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки матолибе, ки Эшони Сироҷиддин дар шабакаи Ютубӣ нашр мекард дар пайи ташхиси динӣ маълум гашт, ки  хусусияти ифротгароӣ дошта аст.

Хабари боздошти Эшони Сироҷиддин бо шумули чанд шогирдаш рӯзи 12 ноябри соли 2020 дар расонаҳо нашр шуда буд.

Гуфта мешуд дар байни боздоштшудаҳо як блогери тоҷик низ ҳаст. Номи блогер то ҳол маълум нест.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, вақтҳои охир Эшони Сироҷиддин дар канали ютубии “Садои Умед” дар масоили динӣ сӯҳбатҳо анҷом медод. Сарнавишти ин блогер то ҳол рӯшан нест.

Мақомот Эшони Сироҷиддинро соли 2009 боздошт намуда, бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафият” барои 7 сол равонаи зиндон карда буд, аммо баъд аз сипарӣ кардани 4 сол дар пайи қонуни авф озод шуд. Баъд аз озод шуданаш аз зиндон равиши гуфтораш пурра ивваз шуд ва вақтҳои ахир бештар ба тавсифи раисҷумҳур ва танқиди ҲНИТ ва мухолифон мепардохт.

Ҳамчунин Эшони Сироҷиддин дар як муроҷиати видеоӣ худ соли 2019 аз боло бурдани нархи Интернет дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, мардум вақти худро дар ин шабака “зоеъ накунанд”.  Ӯ дар он муроҷиаташ Интернетро “вабои аср” номида буд.

Он замон мардум бар ин назар буданд, ки видеоро Сироҷиддин Абдураҳмонов ихтиёран худаш сабт накардааст ва баъд аз солҳо дигарбора дарак додани ӯро баъзеҳо кори дасти дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон донистанд.

Раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Кобул сафар кард

0

Раиси Кумитаи давлатии Амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба Афғонистон сафар карда бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии ин кишвар Абдулло Абдулло дар дафтари корияш Қасри Сапедор дидору гуфтугӯ намуд.

Дар бораи сафари ин мақомдори баландпояи Тоҷикистон расонаҳои ҳукуматӣ чизе нашр накардаанд. Аммо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукияш дар ин бора хабар додааст.

Гуфта мешавад, Ятимов рӯзи якшанбе ба кишвари ҳамсоя сафар намуда, зимни мулоқот бо Абдулло Абдулло дар бораи талошҳои сулҳи Афғонистон ва вазъияти амниятии ин кишвар гуфтугӯ доштаанд.

Аксҳо: Фейсбук,
Аз чап Саймумин Ятимов ва аз рост Абдулло Абдулло

Мушкилоти марз аз оинаи ҳамсоя, ё чаро Тоҷикистонро гунаҳкор меҳисобанд?

0

Расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки низомиёни Тоҷикистон сокинони Бодкандро ба чарогоҳҳо роҳ намедиҳанд. Дар ин бора ба хабаргузории 24.kg сокинони деҳаи Оқ-Сой хабар доданд.

Ба гуфтаи сокинонони ин деҳа, низомиёни тоҷик роҳро ба чарогоҳҳо дар қитъаи Тоош-Кандики деҳаи Капчигай бастаанд.

“Низомиён ба як минтақаи маълумнашуда омада, ба рондани чӯпонҳо ва чорво оғоз карданд. Онҳое, ки мехостанд ба чарогоҳ раванд, нагузоштанд. Булдозер ҳам оварданд ”, – гуфтанд сокинони Оқ-Сой.

Бино ба иттилои хабаргузории 24.kg сокинони маҳаллӣ дар назди бинои маъмурии минтақа ҷамъ омада, талаб доранд, ки низомиёни кишвари ҳамсоя қисмати номаълуми марзро тарк кунанд ва ба онҳо барои чарогоҳ роҳ кушоянд.

Аммо дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон расман изҳороте пахш нашудааст ва маълум нест, ки бо чи далиле марзбонони тоҷик чӯпонҳои қирғизро аз чарогоҳҳо рондаанд. Вале ба эҳтимоли зиёд худи чӯпонҳо марзро убур кардаанд ва ё дар нуқтаҳои баҳсӣ қарор доштаанд.

Ёдовар мешавем, ки як ҳафта мешавад, пас аз изҳороти Улукбек Марипов сарвазири Қирғизистон дар бораи он ки як қисми рӯдхонае, ки тавассути он обанбори Торткӯл пур карда мешавад, ба Тоҷикистон гузашт, сокинони Бодкандро ба шӯр овардааст.

Сокинони Ботканд ба изҳороти сарвазир вокуниш нишон дода, гуфтаанд, ки чӣ гуна сарвазир метавонад чунин изҳоротро аз минбари парлумон баён кунад. Баъд аз ин изҳорот 5 феврал дар Бодканд, рӯзи ҳаштум дар Бишкек, гирдиҳамоиҳо бо талаби тавзеҳоти раиси Девони вазирон баргузор шуданд. Пас аз он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниш нишон дода, ҷониби Қирғизистонро даъват кард, ки дар изҳороти худ дар бораи марз эҳтиёткор бошанд.

Баъди ин ҳама эътирозҳо Улукбек Марипов шарҳ дод, ки бадхоҳон суханони ӯро таҳриф кардаанд. Марипов мегӯяд, ӯ саргаҳи наҳрро (ҳавзаи тақсимоти об, ки тавассути он обанбори Торткул пур мешавад) дар назар надошт, балки рӯдхонаи ҳамсояи Кайирма ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳияи Ботканд Уланбек Калдарбеков ба хабаргузории 24.kg дар бораи изҳороти масъулин гуфт, сарвазир кӯшиш кард, ки гуфтаҳои худро шарҳ бидиҳад ва ба хатои дуюм роҳ дод.

“Чӣ гуна шумо гуфта метавонед, ки Кайрма ба Тоҷикистон таалуқ дорад? Дар Ботканд мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як порча заминро нигаҳ дорем. Бо вуҷуди камбуди пул, бачаҳо дигар ба Бишкек ё Русия намераванд. Зеро онҳо метарсанд, ки хонаҳо ва заминҳои онҳоро мегиранд”, мегӯяд роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳияи Ботканд.

Ёдовар мешавем, ки танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуқтаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст.

Мардум барои барқ 4 баробар бештар пардохт мекунад

0

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки мардуми тоҷик қимати барқро 4 маротиба бештар аз арзиши муайяншуда пардохт мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Барқи тоҷик” иддо пеш меоварад, ки барқ дар Тоҷикистон арзон аст, аммо дар асл чунин нест.

Ба назари ин таҳлилгар, агарчи мақомот арзиши барқро 22,66 дирам муайян кардаанд, вале мардум то 1 сомонӣ пардохт мекунанд.

Бознашр аз саҳифаи Фейсбук

Abdumannon Sheraliev
Мардум барои барқ 4 баробар бештар пардохт мекунадҚимати барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа дониста мешавад ва яке аз дағдағаҳои ”Барқи тоҷик” ҳам ин аст, ки мо бароятон барқро арзонтар аз…

Мардум барои барқ 4 баробар бештар пардохт мекунад

Қимати барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа дониста мешавад ва яке аз дағдағаҳои “Барқи тоҷик” ҳам ин аст, ки мо бароятон барқро арзонтар аз қимати истеҳсолиаш медиҳем. Аммо дар асл мардум барои барқ 4 баробар бештар аз қимати муайяншуда пардохт мекунад ва арзон будани барқ аз қимати истеҳсолиаш ҳам дурӯғ аст.

Ҳоло қимати истеҳсолии барқро барои дафъаи дигар мегузорем ва мепардозем ба қимати барқ, ки барои аҳолӣ 22,66 дирам аст, аммо дар асл мардум на камтар аз 1 сомонӣ барои барқ пардохт мекунад. Мехоҳед бидонед чӣ гуна? Пас бодиққат бихонед:

Ягона маълумоте дақиқе, ки дар бораи фаъолияти молиявии Барқи тоҷик имсол нашр шуд, ин буд, ки қарзи ин ширкати монополӣ аз Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 қариб 300 миллион афзоиш ёфтааст. Дар як сол. Қарзи умумиаш аз ин нерӯгоҳ ба 2,4 миллиард сомонӣ расидааст. Чанд бор давлат қарзи “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳро аз ҳисоби буҷа пардохт ва минбаъд ҳам чунин хоҳад кард.

Сангтӯда-1 моли Русия аст ва “Барқи тоҷик” наметавонад аз нашри маълумот аз тарафи он пешгирӣ кунад, бинобар ин қарзаш пеши он ифшо мешавад. Мутаассифона ин танҳо қисми болоии айсберг аст. Дар асл “Барқи тоҷик” ҳар сол 350-400 миллион доллар (!) “зарар” мебинад. Бо қурби ҳозира 4-4,5 миллиард сомонӣ. Ин маълумотро метавонед дар хабарҳои 3-4 сол қабл дар бораи ин ширкат пайдо кунед.  Солҳои охир нашри ин гуна маълумот бо сабабҳои маълум қатъ шудааст.

Қисме аз ин зарарҳо аз ҳисоби буҷа пӯшонида мешавад ва қисме ба қарзи ин ширкати монополистӣ зам мешавад, ки ҳоло аз 30 миллиард сомонӣ убур кардааст. Мутмаъинан ҳама ин қарзҳо рӯзе аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт хоҳад шуд. Роҳи дигаре вуҷуд надорад.

Буҷа бошад, аз андози мардум фароҳам мешавад ба ва мардум таъаллуқ дорад. Агар шумо ҳатто андозсупоранда нестед, мутмаин бошед, ки саҳматон дар буҷа аз андозсупорандаҳо камтар нест. Ба шарҳи чигунагии он намепардозем, вале агар мехоҳед бидонед, ки чӣ гуна саҳматон дар буҷа ҷой дорад, адабиёти вобаста ба мавзӯъро мутолиъа кунед. Ё дар навиштаи дигаре ба он бармегардем.

Хулоса тамоми зарарҳои “Барқи тоҷик” қисман ҳоло ва қисман дар оянда аз ҳисоби буҷае, ки ба мардум таъаллуқ дорад пардохт карда мешавад. Зарари яксолааш чуноне ки гуфтем, 4 миллиард сомонӣ аст. Ин 4 миллиард қимати тақрибан 18 миллиард кВ/с қувваи барқ аст. Тақрибан миқдори барқе ки дар кишвар истеҳсол мешавад.

Аҳолӣ ҳудуди 30 дарсади қимати барқро масраф мекунад. Яъне ҳудуди 6 миллиард кВ/с ва барои ҳар киловати он 22,66 дирам пардохт менамояд. Аммо нохоставу надониста 4 миллиард сомонӣ зарари “Барқи тоҷик”  ё қимати 18 миллиард кВ/с барқро низ мепардозад. Дар натиҷа ба ҷои  6 миллиард кВ/с пули 24 миллиард кВ/с аз ӯ рӯёнида мешавад ва ҳар киловатт барқи масрафкардааш ҳудуди як сомонӣ тамом мешавад.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Русия дар Тоҷикистон бо маблағи 30 млн $ мактабҳои русӣ месозад

0

Ҳукумати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ месозад ва сохтмони ин мактабҳоро дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ оғоз хоҳад кард.

Ин қарор дар сафари ахири ҳайати Тоҷикистон ба Маскав, ки рӯзҳои 8-10 феврали соли ҷорӣ сурат гирифт ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар ин ҳайат ҳузур дошт, гирифта шуд.

Дар ин рӯзҳо дар Маскав ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабаргузории “Авесто” аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷористон хабар доданд, Муҳаммадюсуф Иммомзода дар Маскав бо вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов мулоқот кард.

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри Тоҷикистон бо маблағгузории ҳукумати Русия дар семоҳаи дуввуми соли равон оғоз хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи байниҳукуматӣ ба мӯҳлати панҷ сол дар шаҳри Маскав, 17 апрели соли 2019 ба имзо расид. Сохтмони мактабҳо бояд марҳила ба марҳила дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар қитъаҳои замини ҷудошуда сурат бигирад.

Гуфта мешавад, таълим дар ин мактабҳо тибқи стандартҳои таълими Русия сурат мегирад.

Дар охири соли 2020 сарвазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи ҷудо кардани 30 миллион доллар барои сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистонро ба имзо расонида буд.

Тибқи ин санад, маблағҳои ҷудокардаи ҳукумати Русия дар давоми солҳои 2020-2021 марҳила ба марҳила ба Душанбе фиристода мешаванд.

Биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур сохтаанд мушкилии зиёд доранд

0

Asia-Plus дар як гузориши видеоии худ аз вазъи биноҳои сохтаи ширкати Бег Сабур ва шикояти истиқоматкунандагони он хабар дод.

Яке аз истиқоматкунандагони ин биноҳо, Маҳина Муродӣ мегӯяд, дар хонае, ки ӯ зиндагӣ мекунад баъзе деворҳо гачиянд (гипсокартон) ва ҳангоми борон нам мекашанду обро мегузаронанд.

Ба гуфтаи Маҳина Муродӣ дар бинои сохтаи ширкати Бег Сабур бо аҳли оилааш 1 сол мешавад, ки зиндагӣ доранд ва ҳамарӯза ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд.

“Лифташ зуд-зуд вайрон мешавад ва пиёда мебароем, – мегӯяд ӯ. – Обаш дар гармиҳо зуд-зуд хушк мешавад. Ман тӯли сол 1,5 моҳ бе об будам. Аз ҳамсоя бо сатил об мебиёрам. Гоҳе мешавад, ки мотор аз кор мемонаду ҳафтаҳо бе об мемонем. Аз якум ошёна то 14-ум ман ҳамин тӯли сол об кашонидаам. Ҳамчунин вақти боришоту борон аз ду тирезаам об медарояд. Аз ду тарафи деворҳо намӣ мегузарад. Об аз тирезаҳои ман шабҳо ширрост ба хона мерезад”,-мегӯяд ӯ.

Дар ин гузориши видеоӣ гуфта мешавад, тақрибан 8 сол аст, ки соҳибони хонаҳо ин ҷо даромада иқомат мекунанд, вале то ҳол шиносномаи техникӣ надоранд ва бино пурра супорида нашудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки долонҳо то ҳол таъмирро надидаанду айвонҳо хатарнок мебошанд.

Чунин хонаҳои баландошёна ин ҷо сетоанд. Гуфта мешавад, ин сохтмонҳо низ ба ширкатҳои Бег Сабур рабт доранд. Ва сифати сохтмонии онҳо низ мавриди нигаронии шаҳрвандон қарор гирифтааст. Дар навор дида мешавад 2 бинои бузург сахт наздики ҳам сохта шудаанд.

Видео: Asia-Plus

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 феврал Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Бек Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегирем.

Инчунин вай афзуд, ки дар шаҳри Душанбе Ширкати “Комил-2010” ва “Ниагара”, ки ба Бег Сабур тааллуқ доранд ба рӯйхати сиёҳ дохил шудаанд. Ва зикр кард, ки дигар дар шаҳри Душанбе ба ширкатҳои Бек Сабур барои сохтмони иншоот иҷозат дода намешавад. Ӯ ҳамчунин аз рӯзноманигорон хост, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бек Сабур ҳамкорӣ накунанд.

Манзилҳои серошёна, ки ба Бег Сабур таалуқ дорад зиёд аст. Бо вуҷуди паст будани сифати сохти биноҳо мардум аз манзилҳои он зиёд харидорӣ мекунанд чун арзиши манзилҳо дар он биноҳо дастрас аст.

Бояд гуфт, худи Бег Сабур то ҳол доштани ширкатҳои сохтмониро ба дӯш нагирифтааст. Чун дар Тоҷикистон аз рӯи қонун мансабдор ба соҳибкорӣ машғул шуда наметавонад.