Боздошти Навалний ӯро қаҳрамони матбуот ва азҳони мардуми Русия сохт. Агар низоми путинӣ ӯро нодида мегирифт, то ин ҳад маъруфият пайдо намекард…
Ҳамин тур садҳо нафаре дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳеч кас шояд онҳоро ба дурустӣ намешинохт. Аммо боздошти онҳо, парвандасозиҳои махфиёна ва ҳукмҳои паси дарҳои баста боис шуд, ки ҷомеа онҳоро бишносад ва номашон дар расонаҳои хориҷӣ ва дафтари созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҳамчун “зиндониёни сиёсӣ!” бо такрор зикр шавад.
Ин боздошту зиндонкуниҳо боис гардид, ки борҳову борҳо номи Тоҷикистон дар листи кишварҳои низоми саркӯбгар ёд шавад ва нуфузи сиёсату ҳукуматдории он хадшадор шавад.
Гунаҳкори то ба инҷо расидани кори як кишвар киву киҳо ҳастанд? Пушти ин ҳама гиру дорҳо чи ғаразҳое, чи барномаҳое ниҳон аст?
Ин суолҳо ва садҳо суоли дигар ҳамеша дар зеҳни мардум хоҳад чархид ва посухи рушани он ҳам дер ё зуд ба онҳо мерасад.
Шак нест, низоми ҳукуматдорӣ ва қонунгузории ҳар кишваре ба худ иҷоза медиҳад, ки дар баробари ҷиноёт ва омилони ҷиноят бархурди қонунӣ анҷом диҳад. Аммо ин бархурд то куҷо қонунӣ сурат мегирад? – суолест, ки бихоҳему нахоҳем мақомоти як кишвар ва сарони онҳоро ба чолиш мекашад. Чолишҳое фаротар аз дохили як кишвар ва сару садоҳое баландтар аз ҳаҷми ҳанҷараи як кишвар…
“Душмансозӣ”-и сунъӣ ва ба ин васила нигоҳдории бархе аз низомҳои давлатдорӣ дар кишварҳои гуногун кори наве нест. Барои ба мардум аз “хафву хатар”-и як “душмани вайронгар” гуфтан ва сиёсати ҳукуматдории худро ба ин васила бақо бахшидан, “ҳилаи шаръӣ”-и нав нест.
“Хатари руҳоният” дар системи Шӯравӣ коркард шуда буд ва пайравони ҳамаи адён зери назорати КГБ-и Шӯравӣ қарор доштанд. Аммо он ҳама чунон пинҳон сурат мегирифт, ки ҷомеа тақрибан онро дарк намекард ва аҳаммияте ҳам ба он намедод.
“Душмансозӣ” ва “хатар ба амнияти давлатӣ ва манофеъи миллӣ” сохтаву пардохтаи танҳо низоми имрӯзии Тоҷикистон нест, балки рӯбардошт аз низоми давлатдориҳои абарқудрати ҷаҳон аст.
Масалан ба бофтори ҳаракати “Толибон”, бархостгоҳи аввалия, хатти ҳаракат ва расидан ба “давлатдорӣ”-и онҳо то ба имрӯз таваҷҷуҳ кунед. Инфиҷори ду бинои баландро дар торихи 11-уми септомбр ва бо ин баҳона ба Хуросон юриш овардани Омрикоро ба ёд оваред. Оё дар воқеъ Хуросон ба Омрикои ҳазорҳо килуметр дур аз худ хатаре дошт? Маълум ки на ва ҳеч гоҳ!!!
“Хатар” ба “манофеъи Омрико дар минтақа” вуҷуд дошт ва низоми идории он кишвар ду инфиҷори сохтаро роҳ андохту барои гирифтани “қасд” ба Кобул ворид шуд. Танҳо на, бо ҳамдастии чандин кишвари ҳамтои хеш! Ҳамин тур онҳо “Доъиш”-ро сохтанд ва пеш аз ин ҳаракатҳои зиёдеро зери парчаму номи ислом сохтаанду баъд аз ин ҳам хоҳанд сохт!
Воқеият ин аст, ки то дине бо номи Ислом ва мактабҳои фиқҳии он вуҷуд доранд, баҳонаи юриш ба кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад, то модоме, ки худи сокинони кишварҳои ғосиб ин динро бипазиранд ва аз ин ҳуҷумҳо ҷилавгирӣ намоянд.
Интизор набошед, ки дини ислом ё дини буддоӣ ё дини масеҳӣ аз миён хоҳанд рафт. На, ҳаргиз! Баръакс, агар ҳатто мусулмонон аз дини хеш бихоҳанд даст бардоранд, ҳуҷуми дигар болояшон барои тарки дин кардан сурат хоҳад гирифт!
Ҳамчунон ки агар динҳои дигарро дар кишварҳои худ бипазиранд бо баҳонаи дифоъи онҳо боз ҳам он кишвар мавриди тохтан қарор мегирад. Хуллас, метавон рӯи ин мавзуъ зиёд истоду баҳс кард, аммо манзури мо ин нест ва ин даромаде содда, баёне барои дарки матлаби аслӣ буд.
Матлаби аслӣ ин аст, ки ҲНИТ агар вуҷуд надошт чизе ҳамонанди онро дар Тоҷикистон падид меоварданд то баҳонаи ҳуҷум ба “душман” вуҷуд дошта бошад! Дар воқеъ ҳаракатҳои мамнуъа ва дар воқеъ маснуъисохти хориҷии “салафия” ва амсоли инҳо баҳонаҳои хубе барои низомҳои нокоромаду саркӯбгаранд, то бақои хешро таъмин намоянд.
ҲНИТ амалан аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хунсо ва берун андохта шудааст, аммо мубориза муқобили он ҳамоно идома дорад ва то даме, ки ин ҳизб бо номи хеш вуҷуд дорад, беҳтарин баҳонаи тохтан ва ба ҳаёти сиёсии хеш идома додани низом дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Ба фарз, агар ҲНИТ бо эъломе мавҷудияти хешро барҳам диҳад, боз ҳам мубориза зери шиори “аъзои собиқи ҲНИТ” будан ба муқобили касоне, ки боястӣ саркӯб шаванд ва ё бо наҳве изҳори норизоиятӣ аз низом кардаанд, идома пайдо хоҳад кард.
Яъне амалан худи низом мавҷудияти ҲНИТ-ро дар саҳнаи сиёсӣ муҳофизат мекунад ва хостори аз саҳна ғайб задани он нест! Чун ба фарз агар чунин коре сурат бигирад ва дигар касе ҲНИТ-ӣ боқӣ намонад, “салафӣ” боқӣ намонад, “ҳизбуттаҳрирӣ” боқӣ намонад, ин ҳама мушкилоти иқтисодиву сиёсиву фарҳангӣ, фасоди идориву амсоли инро бо чи баҳонае метавон рӯпӯш кард?
Аз дидгоҳи худи ман ҲНИТ ва ҳизбҳои диние ҳамонанди ин дар ҷомеаи ояндаи башарӣ зарурате надоранд. Дин бояд бо дасти худи тарафдоронаш муҳофизат шавад, чунонки забонро худи халқ бо гуфтору навиштораш зинда нигоҳ медорад.
Масҷид ҳам на ҷои мавъизаҳои қарни ҳаҷар, балки ҷои ибодати холисона, на ҷои ошхӯриву суҳбатҳои кӯчагӣ, на ҷои “дуъо дар ҳаққи подшоҳи одил” ва дар умум мисдоқи масали “масҷид ҷои гузидан нест!” бояд бошад.
Дар кишварҳое чун Олмон Калисо агарчи аз давлат ҷудост, аммо дар ҳаёти мардум дахолати созандаи хешро дорад. Калисо молиёт дарёфт мекунад (чун масҷидҳои кишвари мо молиёт намесупорад, балки дарёфт мекунад!) ва аз ин ҳисоб ба кишварҳои фақрзада кумак мерасонад, бемористонҳоро сарпарастӣ мекунад, атфоли ятимро тарбият мекунад, паноҳандагони ҷангу амсоли инро қабул мекунад, ибодатгоҳҳои бостониро таъмир ва побарҷо нигоҳ медорад, маҷаллаву рӯзномаву китобҳо чопу тавзеъ мекунад.
Агар ба торих миллати хеш нигарем, бахше аз ин масоилро хонақоҳҳои арбоби ирфону тасаввуф иҷро мекарданд. Хонақоҳҳои кишварҳои исломӣ дар воқеъ вазифаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро бар дӯш доштанд, ки шарҳи он аз маҷоли ин баҳс хориҷ аст.
Масҷид ҳам метавонад дар кишварҳое чун Тоҷикистон рисолатҳое инчунинро дошта бошад! Аммо бе дахолати пулис, амният, низом. Дуруст аст, ки тафаккури таъассубзадаи диндорони мо мушкил аст, ки чунин чизеро, ки комилан замонавӣ бошад, ба худ ва ҷомеа иҷоза бидҳанд, аммо чорае ҷуз ин нест ва бояд дину масҷиду аҳли он бо донишҳои замонавӣ, аз ҷумла дониши сиёсӣ ва торихӣ мусаллаҳ бошанд.
Ҳамчунин ҳизбҳое чун ҲХДТ, ки амалан амволи ҲКТ ҶШСТ-ро тасарруф намуд ва сарону аъзоёнаш низ аз кумунистони собиқанду берун аз он тавони тасаввурро надоранд, низ зарурате барои мавҷудият надоранд.
Дар умум Тоҷикистон бо ин вазъу ҳоле, ки дорад ба ҳеч як аз ҳизбҳое, ки аз онҳо ном бурда мешавад, ниёзе надорад ва бояд ин ҳама барҳам дода шаванд.
Дар сурати зарурат доштан ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар, боястӣ ду ҳизби тоза таъсис ёбад, ки дар кори таъсису роҳбарии он на афкори пайравони ҳизбҳои кунунӣ, на вуҷуди онҳо камтарин ҷойу арзише надошта бошад. Ду ҳизбе, ки барои пешрафти кишвар, чун дар кишварҳои пешрафта рақобатҳои солиму созанда дошта бошанд. Аммо бо тафаккуре, ки акнун ба он рӯ ба рӯ ҳастем, мавҷудияти чунин ҳизбҳо орзуву ормоне беш нахоҳад буд!
Инак вақте бо ҳар василае ҲНИТ дар саҳнаи сиёсӣ ва азҳони мардуми кишвар “зинда” нигоҳ дошта мешавад, табиъист, ки бояд марди куҳансоле чун Дониёр Набиев, бо ҷурми расонидани кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ барои 7 сол равонаи зиндон шавад! Он ҳам пире, ки “собиқ аъзои ҲНИТ” ном бурда мешавад!
Ва табиъист, Шермуҳаммади Шоҳиён, ки раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон асту мардум аз раиси додгоҳ буданаш бештар аспдориву асптозияшро беҳтар медонанд(!!!), дар баробари чунин ҳукме эътироз намекунад, балки аз рӯи барномаи клишашуда онро “ҳимоят” мекунад ва эълом медорад, ки: “синну сол ба шахс иҷозат намедиҳад ҷиноятҳои экстремистӣ содир кунад”.
Имрӯзро на, фардоро андешида бояд фикр кард, сухан гуфт ва амал кард!Хулоса: зиндон кардани пири фонӣ ва мавқеъи Шоҳиён ва низ баёни бехабарӣ аз қазия кардани омбудсмен Бобозода – маҳкуманд!
И. Назар, Олмон 09.02.2021
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.
Гуфта мешавад, Шоҳиён аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Дониёр Набиев ҳимоят карда ва гуфта, ки “синну сол ба шахс иҷозат намедиҳад ҷиноятҳои экстремистӣ содир кунад”.