14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 571

Муҳлати қонунии тамдиди асноди будубош дар Русия ба охир расид, тақдири тамдид накардаҳо чӣ мешавад?

0

Имрӯз ба таъхир андохтани тамдиди иҷозати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба поён мерасад. Онҳое, ки иҷозаи будубоши худро тамдид накарданд, аз Русия ихроҷ мешаванд. Қаблан бо фармони Президенти Федератсияи Русия ихроҷ бо сабаби коронавирус манъ карда шуда буд.

Аммо имрӯз 15 июн муҳлати эътибори ҳуҷҷат ба поён мерасад. Аксари муҳоҷирон тамдиди ин масъаларо то лаҳзаи охирин мавқуф гузоштанд, бинобар ин дар марказҳои муҳоҷират навбатҳои азим ба вуҷуд омадааст.

Ҳамин тавр, дирӯз садҳо муҳоҷирон дар таги офтоби сӯзон дар назди маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират (ММЦ) дар Сахаровои вилояти Маскав ҷамъ омаданд, хабар медиҳад “РЕН ТВ”.

Ҳамаи онҳое, ки дар назди бинои марказ ҷамъ омадаанд, саъй доранд муҳлати будубоши қонунии худро дар қаламрави Федератсияи Русия дароз кунанд.

Дар назди Марказ муҳоҷират ба ҳадде одам зиёд аст, ки марказ ба таври физикӣ наметавонад ба ҳамаи онҳое, ки меоянд, хидмат расонад.

Муҳоҷиронро ба маркази муҳоҷират дар Сахарово бо гурӯҳҳои хурд ворид карда шуданд, ки боиси танба шудани одамон дар назди дарвозаи ин марказ гашт.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар се ҳафтаи охир дар кӯчаҳои назди Марказҳои муҳоҷират пур аз муҳоҷиронест, ки шабро дар болои алафзорҳо рӯз мекунанд.

Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд будубоши худро дар Русия то 30 июни соли 2021 қонунӣ кунанд.

Табибон аз мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон мегӯянд, вазорат рад мекунад. Киро бовар кунем?

0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дар бораи мавҷи нави коронавирус дар кишварро рад кард. Ба иддаои вазорат беморони нав бо нишонаҳои COVID-19, дар асл ба сил гирифтор шудаанд.

Вазорат мегӯяд, ин одамон аллакай бемории коронавирусро паси сар кардаанд ва аз сабабе, ки тавсияҳои табибонро нодида гирифтанд, гирифтори бемории сил шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 июн Радиои Озодӣ ва хабаргузории Азия-Плюс бо истинод ба табибон, кормандони озмоишгоҳҳо ва хешовандони беморон дар бораи ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар хабар дода буданд.

Хабаргузории Азия-Плюс бо такя ба як манбаъ дар озмоишгоҳи хусусии “Диамед” хабар дод, ки рӯзи 8 июн танҳо дар Душанбе тақрибан 100 ҳолати коронавирус ошкор карда шуд. Дигар озмоишгоҳҳо низ натиҷаҳои мусбии коронавирусро тасдиқ карданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин маълумотро беасос меҳисобад ва таъкид мекунад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури поликлиникаи 13-и Душанбе, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муассисаи тиббии онҳо  10 ҳолати сирояти коронавирусро ба қайд гирифтааст, ки баъзеи онҳо дар хона ва баъзеи дигар дар беморхона табобат гирифтаанд.

Аммо як рӯз пас Ҳомидзода зери фишори мақомот мавқеи худро якбора тағир дод ва изҳор намуд, ки дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бисёре аз табибон аз ифшои ҳодисаҳои нави сирояти коронавирус метарсанд.  Моҳи гузашта Абдумавлон Абдуллозода, ки дар бораи ҳолатҳои нави сироятёбии COVID-19 дар шимоли Тоҷикистон хабар дода буд, аз вазифаи сардори шуъбаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Суғд барканор карда шуд.

Манобеъи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд , ки мақомоти Тоҷикистон намехоҳад марзҳо дубора баста шавад ва парвозҳо бо дигар кишварҳоро қатъ шавад, аз ин рӯ гузоришҳо дар бораи мавҷи нави пандемияи COVID-19-ро рад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2020 Тоҷикистонро барои радди вуҷуди коронавирус дар кишвар шадидан танқид карданд ва танҳо  зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва овардани далелҳо, мақомот танҳо рӯзи 30 апрел аз вуҷуди коронавирус хабар дод. Ба иддаои Вазорати тандурустӣ аз охири моҳи декабри  соли 2020 дар Тоҷикистон ягон ҳолатӣ гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Боздошти 3 гумонбар дар қатли 4 узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун

0

Се гумонбар дар қатли бераҳмонаи чаҳор узви як оила боздошт шудаанд. Тибқи гузориши “Азия-Плюс” мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун эълом доштанд, ки нахустин гумонбарон дар куштори 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар деҳаи Таргокро боздошт намудаанд.

Ҳарчанд ангезаи ин куштори бераҳмона то ба ҳол маълум нест, шарҳи бештар дар ин замина аз ҷумла шахсияти гумонбарон, далелҳои мавриди шакку шубҳа қарор гирифтан ва дастгир шудани онҳо, ҳамчунин ангеза ва иллати куштори бераҳмонаи Аҳлиддин Маҳмадов ва 3 фарзанди ноболиғи ӯ рушан нест.

Мақомоти милиса ва додситонии ноҳияи Ҷайҳун, ки масъулияти таҳқиқи куштори субҳи 12 июн дар деҳаи Таргокро бар душ доранд, то кунун дар мавриди ин ҳодиса ва ҷараёни таҳқиқот ҳеч шарҳе надодаанд.

Маркази матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз рӯзи шанбе ваъдаи шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш ва пурсарусадоро дода буд, то ҳол хомӯш аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи шанбе 12 июн дар деҳаи Таргоки ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Аҳлиддин Маҳмадов як сокини 39 солаи Таргок, ки ба деҳқони машғул буд, ҳамроҳи 3 фарзанди ноболиғаш кушта шуд. Ҳамсари ӯ ва як духтараш тавонистаанд аз дасти қотилон фирор кунанд ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

Соли таваллуди фарзандони кушташудаи ин хонавода 2007, 2008, ва 2010 буд. Ба гуфтаи сокинони деҳаи Таргок ҳамаи онҳо аз ноҳияи сар ва ашёи кундмонанд ба табар зарба хурдаанд.

То ҳол далели бо чунин бераҳмии хос кушта шудани Аҳлиддин ва фарзандонаш, ки ҳамагӣ 11,13, ва 14 сол доштанд маълум нест.

Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷануби Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон қарор дорад ва аксари сокинони ин ноҳия ба шуғли деҳқонӣ машғуланд.

Ин ноҳия қаблан Қумсангир ном дошт ва дар соли 2016 ба Ҷайҳун тағйири ном кард.

Боздошти корманди шуъбаи заминсозӣ бо иттиҳоми “қаллобӣ”

0

Як корманди давлатӣ, ки дар шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекарда, бо иттиҳоми “қаллобӣ” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.

Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз дастгиршуда Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич ном бурда, қайд намуда, ки ӯ ҳамчун корманди шуъбаи мазкур аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Ҳотамов Ш.Г. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки нисбати Ҳотамов Ш.Г. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Аммо дар хабари Ожонсӣ гуфта нашудааст, ки ин амал кай анҷом шудааст ва ҳамчунин назари худи айбдоршаванда ва вакили дифои ӯ, ё наздиконаш маълум нест.

Ихроҷи иҷбории уйғурҳо аз Тоҷикистон ба Чин дар ДБҶ таҳқиқ мешавад

0

Ҳомиёни ҳуқуқи мусалмонони уйғури Чин аз Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ даъват карданд, ки ихроҷи иҷбории уйғурҳо аз Тоҷикистонро таҳқиқ кунад.

Гуфта мешавад, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ далелҳои нав пешниҳод карданд ва талош доранд, то прокурорҳоро мутақоид созанд, ки ба таҳқиқи эҳтимолии ихроҷи мусалмонони уйғур аз Тоҷикистон ба Чинро оғоз кунанд.

Чин ҳама иттиҳомот дар мавриди бадрафторӣ бо уйғурҳоро рад мекунад. Ӯ узви ин додгоҳ нест. Аммо Тоҷикистон узви он аст ва ҳомиёни ҳуқуқ умедворанд, ки узвияти он метавонад роҳе барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ дар мавриди муносибати бераҳмонаи Чин бо уйғурҳо бошад.

Рӯзи панҷшанбе Родни Диксон, раҳбари ҳомиёни ҳуқуқи уйғурҳо ба расонаи “wtvbam” гуфт:

“Дар асоси далелҳои нави пешниҳодшуда ба додситонии ДБҶ, амалҳои мақомоти чиниро мустақиман дар Тоҷикистон -, ки узви ДБҶ аст, нишон медиҳад. Ва аз ин рӯ, ДБҶ салоҳияти оғоз кардани тафтишотро алайҳи ин кишвар дорад”.

Додситонии Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ тасдиқ карда, ки паёми адвокатҳоро дар ин маврид дарёфт кардааст.

Додситони мустаъфӣ Фату Бенсуда моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки далелҳое, ки дар даври қаблӣ ба идораи ӯ пешниҳод шуда буданд, нокофӣ буда, тибқи оинномаи ДБҶ ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун ҷинояти зидди башарӣ дониста намешавад.

Додситони нави бритониёии ДБҶ Карим Хон, дар мавриди кофӣ будани далелҳо ва оғози таҳқиқ бояд тасмим гирад. Вай рӯзи 16 июн ба кори худ шурӯъ мекунад.

Фаъолон ва коршиносони СММ мегӯянд, ки ҳадди аққал 1 миллион мусалмон дар урдугоҳҳои минтақаи Шинҷони ғарбии Чин, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар моҳи март Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мақомоти Чин барои он чи Вашингтон “ҷиноятҳо алайҳи башарият ва наслкушӣ алайҳи уйғурҳо” дар Шинҷон номид, таҳримот ҷорӣ карданд.

Чин ҳама гуна нақзи ҳуқуқи башар дар Шинҷонро рад мекунад ва мегӯяд, ки урдугоҳҳояшон омӯзиш медиҳанд ва барои мубориза бо ифротгароӣ заруранд.

Ҳуқуқшиносоне, ки ба ДБҶ далел пешниҳод мекунанд, мегӯянд, ки шумораи уйғурҳои муқими Тоҷикистон дар 15 соли охир аз 3000 ба 100 коҳиш ёфтааст, ки аксари онҳо аз солҳои 2016-2018 ба Чин истирдод шудаанд.

Ба имзо расидани санади истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоҷикистон

0

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тавофуқномаи истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоҷикистонро тасдиқ кард.

“Парстудей” бо истинод ба радиои “Садои Хуросон” навишта, ки Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раиси Ҷумхурии исломии Эрон аз тасвиби музокирот, имзои пешакӣ (ибтидоӣ) ва имзои муваққатии протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Ҷумхурии исломии Эрон ва Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷаҳонгирӣ дар ҷаласаи худ 9 июни соли 2021 бо пешниҳоди Вазорати додгустарӣ бо анҷоми музокира, пешимзо ва муваққатан ба имзо расонидани протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоҷикистон таҳти масъулияти Вазорати додгустарии Эрон мувофиқат кард.

Бар ин асос вазорат иҷозат дорад бо ҳамоҳангии муовинати ҳуқуқии раиси ҷумҳурӣ ва Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин замина, иқдом ва марҳилаҳои қонуниро то тасвиби ниҳоӣ пайгирӣ намояд.

Шуҳрат Қудратов: моро бо дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав дастгир карданд

0

Шуҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷики муқими Маскав рӯзи 11 июн ҳамроҳи як нафари дигар бо номи Раҳматулло Ҷалолов аз ҷониби пулиси шаҳри Маскав боздошт шуд.

Тавре худи ӯ аз дохили боздоштгоҳи муваққатии пулиси Мешанскии шаҳри Маскав хабар дод, ки ӯро ба хотири пӯшидани либосе, ки дар танаш акси Иззат Амон нақш ёфта ва зераш “Озодӣ ба Иззат Амон!” навишта шуда буд, боздошт кардаанд.

Қудратов дар як паёми видеоӣ аз дохили боздоштгоҳ гуфт, ки пулис баъд аз гирифтани баёнот мехост онҳоро раҳо кунад, аммо аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав занга зада гуфтанд, ки онҳоро дар боздошт нигоҳ доранд. Ва бояд алайҳи онҳо парвандаи марбут ба терроризм боз кунанд.

Қудратов мегӯяд, дар дастгир шудани онҳо сафорати Тоҷикистон даст дорад ва маҳз бо супориши онҳо дастгир шудаанд.

Қудратов баъд аз раҳо шуданаш бо пахши наворе дар канали ютубияш гуфт, ки баъд аз 6 соати боздошт пулис онҳоро раҳо кард. Аммо онҳо дар ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ бо иштироки рӯзноманигорон мутаҳам мешаванд.

Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, санаде, ки нисбати онҳо тартиб дода шуд, ҳаммаш дурӯғ ва туҳмат аст. Онҳо либосҳоро ба мақсади ташкили пикет ва ё эътирозе напӯшида буданд.

То ҳол дар мавриди гуфтаҳои Шуҳрат Қудратов сафорати Тоҷикистон дар Маскав вокунише накардааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли ҷорӣ иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав ғайб зад ва як рӯз баъдаш дар Душанбе пайдо шуд. Гуфта мешавад, ки мақомоти Русия бо дархости Тоҷикистон шаҳрвандии ӯро бекор карда ва ба Душанбе истирдодаш карданд.

Рӯзи 27 март мақомоти Тоҷикистон Иззат Амонро бо моддаи 247-и КҶ (қаллобӣ) парванда боз кард ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Баъд аз гузашти ду моҳ боз хабар дод, ки ӯ барои ду моҳи дигар ба ҳабс гирифта шудааст.

Тарҳи нави ҳукумати Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳолати будубоши онҳо

0

Мақомдорони Русия дар масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз 15 июн қасд доранд тарҳеро ба тасвиб бирасонанд.

Ин матлабро Вадим Коженов президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар мусоҳибае бо радиои “Говорит Москва” иброз дошт.

Ба гуфтаи Коженов санади нав ба расмиятдарории муҳоҷирони кориро соддатар хоҳад кард.

У гуфт, дар ин замина наметавонад тавзеҳоти бештар бидиҳад, аммо чанд ишора намудааст. Аз чумла вай гуфт:  

“Бисёриҳо фикр мекунанд, ки тамдиди навбати муҳлати имтиёзӣ хоҳад буд, аммо чунин нест, чун ин ба дили ҳама задааст, кори дигаре ҳушмандонатар кардаанд. Яъне ин фармон моҳи июн содир хоҳад шуд ва дигар тамдиди он зарур нахоҳад буд. Онҷо қоидаи мантиқие ҷой дода шуда аст”.

Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар идомаи суҳбаташ баён дошт, ки дар ҳоли ҳозир кор болои ин санад бо тамоми суръат дар ҳоли анҷом аст ва хуҷҷат ба эҳтимоли зиёд дар дастгоҳи раисҷумҳур қарор дорад. Ӯ афзуд,

“Танҳо чизе, ки маро ташвиш медиҳад ин аст, ки агар фармон то 15 июн ба имзо нарасад ва чунин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад онгоҳ чанд рӯзе дар ин миён хоҳад буд, ки амалан ВКД ҳак дорад боз дорад, ҷарима бандад ва ихроҷ намояд. Аммо пас аз имзо одамон ба додгоҳҳо мераванд то ҷарима ва қарори ихроҷро бекор кунанд”,- тавзеҳ дод Коженов.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрели соли 2020 фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба иҷро даромад баъдан чанд бор тамдид шуд. Ин санад ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дод ба далели пандемия то 15 июн дар қаламрави кишвар бидуни гузаштани бархе расмиёт кор ва иқомат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки фардо 15 июн муҳлати таъйин намудаи ВКД -и Русия барои қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ба поён мерасад, бо назардошти инки парвозҳои доимӣ миёни Душанбе ва Маскав аз 1 апрел роҳандозӣ гардид, бинобар ин муҳоҷирони тоҷик то 30 июн ҳақ доранд, ки ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунанд.

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пас аз 30 июн дар назар аст.

Номаи саргушода ба Президент: Лаҷоми прокурори ноҳияи Раштро бикашед!

0

Ҷунайдуллоҳи Худоёров, як фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо навиштани

Сурат: Фейсбук

Ба иддаои Худоёров, прокурори ноҳияи Рашт баъд аз ҷабрдида эълон шудани бародараш болои муфаттишон фишор оварда, аз онҳо хостааст, ки бар зидди Саъдуллоҳ Худоёров парвандаи ҷиноятӣ боз кунанд.

Ӯ менависад: “Дар рӯзи равшан дар маркази ноҳия шаҳрвандро 5 нафар латукӯб намуда, узвҳои ҳаётан муҳими бародарамро шикастаанд. Аз ин 5 нафар 3 нафарашонро шоҳид гузаронида, алайҳи 2 нафар парванда боз намудаанд. Ва боз мехоҳанд бо ҷурабозӣ ин ду нафарро низ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҳиллаву найранг озод намоянд. Пракурори н.Рашт бошад ҷурабозӣ карда, барои манфиати шахсии худаш ба муфатишон фишор оварда, фармон додааст, ки алайҳи Худоёров Саъдулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунед, то парванда дуҷониба шавад. Муфатишон бошанд аз тарси Кишварзода Абдурашид аз болои бародари ман ғайриқонунӣ ва бидуни далелу асос бо моддаи 237 қмси 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд. Вақте аз онҳо пурсидааст, ки бо кадом далел парванда боз кардед? Муфатишон гуфтаанд, ки моҳам шарм медорем аз ин корамон, вале илоҷе надоем зеро дар зери фишори Пракурори н-Рашт Кишварзода Абдурашид қарор дорем, ва ба ин амали шармовар даст задем. Муфаттишон аз бародарам Саъдулло  хоҳиш намудаанд, ки гапи бударо берун набаранд, чунки имкон дорад моро ба ягон бало гирифтор намоянд. Аз ин лиҳоз ман тасмим гирифтам, то дарди онҳоро инҷо нависам ва ба самъи Шумо расонам то аз ин амалҳои ғайриқонунии Кишварзода бохабар шуда, лаҷомашро бикашед”.

Ҷунайдуллоҳ Худоёрзода борҳо аз камбудии мақомоти ноҳияи Рашт дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод кардааст. Худи ӯ низ соли 2018 бо иттиҳоми ифротгароӣ ба 5 сол зиндон маҳкум шуд, вале бар асоси қонуни афв 28 октябари соли 2019 озод шуд. Ҷунайдулло аз амалҳои ғайриқонунии Қаноатшо Лоиқзода, собиқ раиси ноҳияи Рашт зиёд танқид мекард.

Худи Ҷунайдуллоҳ ва наздиконаш иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад карда, онро дорои ангезаи сиёсӣ номида буданд. Ба гуфтаи худи Ҷунайдуллоҳ, интиқоди ӯ аз кори Қаноатшоҳ ва дигар мақомоти ноҳияи Рашт боиси зиндон шуданаш гардид.

Куштори 4 нафар аз як хонавода дар Ҷайҳун

0

Дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) субҳи рӯзи шанбе, чор узви як оила кушта шуданд, ки се нафари онҳо кӯдакон будаанд. Дар ин бора дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар додаанд, аммо манбаъ аз додани ҳар гуна шарҳ худдорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, баъд аз ҳамлаи афроди номаълум, сарвари оила Аҳлиддин Маҳмадов бо 3 фарзандаш кушта шуда, зану духтараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бино бар иттилои хабарҳо ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд. Ба гуфтаи сокинони деҳаи Тарғок Аҳлиддин Маҳмадов ба деҳқонӣ машғул будааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷузъиёти ҳодиса баъдтар ироа хоҳад шуд. Мақомот  таъкид намудааст, ки ҷустуҷӯи омилони ин ҷинояти мудҳиш идома дорад.

Дар сурати пайдо шудани маълумоти бештар “АздоТВ” онро ҳамрасонӣ хоҳад кард.