15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 572

Бинёмин Натанёҳу аз мақоми сарвазирии Исроил канор зада шуд

0

Парлумони Исроил шоми рӯзи якшанбе (13 июн) бо 60 раъйи ҷонибдор ва 59 раъйи мухолиф Нафталӣ Беннеттро сарвазири ҷадиди Исроил интихоб кард ва ба сарвазирии Бинёмин Натанёҳу ва ҳукумати ӯ хотима дод.

Нафталӣ Беннетт, ки аз ӯ ҳамчун сиёсатмадори ростгарои ифротӣ ном мебаранд, баъд аз даргириҳои ахир байни Исроилу қувваҳои муқовимати фаластинӣ аз Натанёҳу интиқод кард ва бо таъсиси як эътилоф аз чанд ҳизби мухолиф тавонист ӯро аз маснади сарвазирӣ, ки 12 сол боз ба он такя зада буд, канор занад.

Дар вокуниш ба интихоби Нафталӣ, Натанёҳу гуфт, ки ба зудӣ ҳукумати навро шикаст хоҳад дод. Ба қавли ӯ, Нафталӣ тавони мубориза бар зидди Эронро нахоҳад дошт.

Шаст аъзои Кнессет (Парлумони Исроил) ба тарафдории эътилофи ҳаштҳизбӣ алайҳи Нетанёҳу овоз доданд. 59 нафар аъзои парлумон, аз ҷумла ҳизбҳои ростгаро ва мазҳабӣ, инчунин аъзои ҳизби Ликуд, муқобил овоз доданд. Ҳангоми овоздиҳӣ яке аз намояндагони ҳизбҳои эътилофи ҳукумати нав ҷаласаро тарк кард. Бо ин роҳ, вакилон бо овоздиҳии аксарияти ноустувор имкон ёфтанд, ки ҳукумати навро таҳти роҳбарии Нафталӣ Беннетт дар Исроил таъсис диҳанд.

Ин овоздиҳӣ ба муҳлати тӯлонии раёсати Бенёмин Нетанёҳу, сиёсатмадори ростгарои муҳофизакори Исроил хотима мебахшид. Вай 12 сол ба ҳайси сарвазири Исроил кор кардааст.

Гуфта мешавад, пас аз овоздиҳӣ Нафталӣ Беннетт ҳамчун сарвазири нави ин кишвар савганд ёд кард. Тибқи тавофуқи ҳизбҳои эътилоф, Беннетт то моҳи августи соли 2023 дар мақоми сарвазири Исроил боқӣ хоҳад монд. Пас аз он Яш Лапид, раҳбари ҳизби “Яш Атид” то охири муҳлати қонунгузорӣ ба сарвазири Исроил интихоб мешавад.

Исроил аз соли 2019 ба мушкилоти ташкили ҳукумати нав рӯ ба рӯ шудааст. Аз он вақт инҷониб дар ин кишвар панҷ маротиба интихоботи парлумонӣ баргузор шудааст.

Сарвазири тозаинтихоби Исроил дар мавриди сиёсатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар масъалаи силоҳи ҳастаии Эрон аз Натанёҳу камӣ надорад. Ӯ ҳамчунин аз ифротгароёне дар мавриди сокинкунондани яҳудиён дар заминҳои фаластиниён дониста мешавад.

“Гар хоҷаи мо хоҷа Ҳасан хоҳад буд”

0

Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вақтҳои ахир исмаш то ҳадде таҳти сояи домоду духтарҳои язнааш қарор гирифта буд, дубора сару калааш дар расонаҳо пайдо шуд. Бо ҳамон шаклу маъно ва бо ҳамон мазмуну моҳият: ғосиб, муфтхӯр.

Ин бор ин асосгузори методи ғасбҳои рейдерӣ дар Оилаи Раҳмон, ин дузди куҳнакори бособиқа бозори Панҷшанбеи Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро тасарруф кард. Вай дар роҳи ғасбу тасарруфи молу моликияти дигарҳо ва бахусус дар Суғд моҳиртарин ва мумтозтарин ба ҳисоб меравад. Корхонаи тавлиди маводди кимиёвӣ ва ҳамин тавр «спиртзавод»-и тоҷири тоҷик Низомхон Ҷураевро дар Исфара гирифт ва ба маҳзи ин тасарруф ва ғасб беш аз 30 исфарагӣ зиндон ва худи Ҷӯраев гуреза шуд. Хонаи даҳҳо нафарро сӯхту ба пушташон дод, то ки аз ин ду корхона бигзаранд ва даромад ба ҷайби ӯ биравад.

Комбинати орди Қайроққум дар ин вилоятро ҳам, ки олитарин навъи ордро истеҳсол мекард, бо ҳамин усули ғасби рейдерӣ кашида гирифт ва чандин нафар, аз ҷумла мудири ширкати «Бахт» -Нуриддин Маҳкамов баъди 8 соли баҳсу даъво тавонист аз Ҳасан Асадуллозода  100.000 доллари худро бирӯёнад, аммо оқибат ӯро ҳам ба кунҷи зиндон кашониданд.

Дар соли 2005, баъд аз онки корхонаи тавлиди алюминиюм-ТАДАЗ-Талкоро ба тасарруфи худ даровард, Ҳасан Асадуллозода бо коршарикони собиқи он «Ансол» дар додгоҳи аълои салтанатии Бритониёи Кабир баҳсу даъво роҳандозӣ кард. Натиҷа ин шуд, ки ин баҳсро ба миллионҳо доллар бохт, ночор шуд бо роҳбарони ин ширкат «миравой» кунад. Вале аз бюҷети мамлакат танҳо барои ширкати адвокатӣ 120 миллион доллар пардохтанд. Чунин зарарро касе ба иқтисоди Тоҷикитон нарасонидааст. Вале ин ҳам дарди бахайр.

Давоми ҳамагӣ 10 ё 12 соли корандозии фаъолият (аниқтараш дуздии он) ширкати бузурги саноатии Тоҷикистон, ки яке аз манобеи умдаи таъминоти буҷҷа ва асъори хориҷӣ барои давлат буд ва солона то 450.000 тонна тавлидот ва 13.000 коргар дошт, комилан аз фаъолият бозмонд. Ҳоло он тамоман кор намекунад. Ҳамин ҷиноят бузурги зиддимиллии Ҳасан ва Раҳмон кофӣ аст, ки онҳоро барои абад зиндон кард. Ин корхона дар сол 1.200. миллиард доллар бештар гардиш дошт, ва тавлидоти 7 чархаи Норак ӯро таъмин мекард. Он дигар тамом шудааст.

Ҳудуди 200 млн. доллар пули саҳмияҳои аз роҳи иҷбор дар соли 2010 ҷамъоварикардаи Раҳмон ва ҳукумати вай барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун аз мардуми одӣ, корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷҷавиву ғайрибуҷҷавӣ барои самолёти «Боинг»-и «Сомон Эйр»-Ҳасан масраф шуд. Бархе аз онҳое, ки барои миллионҳо саҳмия харида буданд, дигар барои абад онро даъво карда наметавонанд, масалан Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед-88» ва ё  Умаралӣ Қувватов, раиси ширкати «Фароз», ки яке дар зиндон ва дуввумӣ дар Туркия ба шаҳодат расонида шуданд.

Ҳамин тавр тоҷироне мисли Зайд Саид, Илҳом Ҳотамови ботурободӣ, Исматулло Ҳаёев ва чандин нафари дигар, ки ба зиндон кашонида шуданд. Аммо ҳоло «Сомон Эйр» ва «Боинг»-ҳои вай, ки дар ин миён шуморашон ба чанд адад расидааст, муҳоҷирони кории тоҷикро бо нархҳои осмонӣ аз ватан ба Русия мебаранд. Ва, низ бо ҳамин самолётҳои Ҳасан будааст, ки дар соли гузашта ҳудуди 1.5 тонна тилло ва садҳо миллион доллар еврову доллар ба Дубай интиқол дода шуд.

Аммо фақат пули саҳмияҳои Роғун нест, ки Ҳасан дуздидаву самолёт харидаву бизнес карда бошад. Худи нерӯгоҳи Роғунро Ҳасан инак чандин сол аст, ки минҳайси як манбаи калони дуздиву тороҷ истифода мекунад. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ аз соли 2008-2009 дар ихтиёри ширкати «Роғун ГЭСстрой»-и Ҳасан Асадуллозода дода шуда ва суратҳисобҳои сохтмони он дар «Ориёнбонк» аст.  

«Роғун ГЭСстрой»-корхонаи бозмонда аз шӯравӣ буд, ки ба даҳҳо миллион, шоядам садҳо техникаи сохтмонӣ дошт. Онро дар соли 2007 Раҳмон ба Ҳасан дод, яъне хусусӣ кард, ба ҳамагӣ камтар аз 150.000 доллар. Акнун тамоми мудирияти сохтмон бар дӯши он аст. Дар ин муддат ҳамасола аз бюҷети мамлакат 200-220 миллион доллар ҷудо мешавад ва бо 200 миллион доллар пули саҳмияҳои халқ, ниммиллиард доллар авроқи гаронбаҳо-евробондҳо, ки дар бозори Амрико ва Аврупо фурӯхта шуд ва низ фурӯши филизот ва сангҳои қиматбаҳо ва пули аз мошинҳои сиёҳшиша ва “номерҳои крутой” ба дастомада ва низ 2 миллиард сомонии ҷудошуда дар соли ҷорӣ аз хазинаи давлат 4 миллиард долларро масраф кардааст.

Дар ҳоле, ки ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo SpA) ва ҳукумати Тоҷикистон  қарордодеро ба имзо расониданд, ки маблағи умумии сохтмони Роғун 3.9 миллиард доллар нишон дода шудааст. Ҳоло суол ин аст, ки барои гардон кардани ду чархаи Роғун ҳудуди 4 миллиард доллар, баробар ба ҳудуи 50 миллиард сомонӣ масраф шуд, бақия 4 трубин ва ё 4 чархаи он бо чи миқдор маблағ бунёд мешавад?

Роғун аз тарафи Ҳасан ҳам аз тариқи муҳосиботи дугона -двойное бухгалтерия ва ҳам тағйири нархҳо, масалан 1 тонна арматура дар асл 900, аммо дар санад 1400-1500 доллар сабт мешавад, талаву тороҷ шуда истодааст. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ то ҳамин акнун аз ҳисоби Роғун Ҳасан 1.5 миллиард доллар дуздидааст. Дар ҷараёни бозрасии соли 2016 аз тарафи Ожонсии зидди фасод 186 миллион сомонӣ пули дуздӣ аз Роғун ошкор карда шуд. Аммо ҳеҷ касро ба ҷавобгарӣ накашиданд, чун маълум аст,ки аксари ин пулҳоро Ҳасан дуздидааст.

ҶДММ “ширкати ҳолдинги «Исмоили Сомони–асри XXI век», ки Ҳасан Асадуллозода дар соли 2003 ташкил дод арсаи пахтапарварии Тоҷикистонро ба замини сиёҳ яксон кард. Вай тақрибан тамоми заводҳои коркардаи панба дар ҷануби Тоҷикистонро бо зӯрӣ аз моликонаш кашида гирифта нархи чиниши пахтаро комилан дар даст гирифт. Хулосаи ин кор ин шуд, ки ҳоло дар кишвар чизе бештар аз 100.000 тонна пахта истеҳсол мешавад, дар ҳоле ки то оғои фаъолияти ин ширкати Ҳасан аз ниммиллион тонна камтар истеҳсол намешуд, ҳатто дар ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ. Ин арсаро низ Ҳасан мисли корхонаи Талко маҳву нобуд кард.

Бар пояи маълумотҳои нашршуда, даромади солонаи Ҳасан, ки ба суратҳисобҳои оффшории вай ворез мешавад солона аз 700 то 800 млн доллар тахин зада мешаванд ва ҳоло дар ин ҳисобҳо наздик ба 7 миллиард доллар ҷамъ кардааст.

Аммо аввалин ғасби рейдерии Ҳасан «Ориёнбонк» аст, ки дар соли 2002 ба амал омад. Вай бо супориш ва дастгирии язнааш Эмомалӣ Раҳмон ин бонкро аз бонкир Иззат Идиев ба зӯрӣ мегирад. Ӯро барои тахминан ду сол зиндонӣ ҳам мекунанд. Вақте ӯ мебинад, ки дигар илоҷ нест «контролний пакет»-и аксияҳои бонкро ба номи Ҳасан карда имзо мегузорад ва сипас аз зиндон раҳо мешавад. То ин вақт Ҳасан раиси Биржаи давлатии молу ашё буд. Аммо қабл аз он, қабл аз онки язнааш ба қудрат ояд дар Ховалинг бо падараш чупонӣ мекард ва як дар як автозаправка ҳам қаровул будааст.

Ҳоло бонки «Соҳибкорбонк»-ро ҳам Ҳасан назорат мекунад. Ин бонк «Тавҳидбонк» номгузорӣ шудааст ва аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон аст. Муҳиддини писари Ҳасан, ки 25 сол дорад муовини раиси ин бонк аст.

Инҷо метавон аз садҳо корҳои ҷиноии Ҳасан намунаҳои фаровон овард, ки чӣ гуна корхонаҳои афроди алоҳида ва давлатиро ғасб ва тасарруф кардааст. Аммо ба як нукта шак надошта бошед, ки Ҳасан асосгузори ғасбҳои рейдерӣ дар Тоҷикистон аст ва ин ҳама ғасбу азонихудкуниҳои амволи дигарон аз тарафи Ҳасан таҳти ҳимоят ва роҳнамоии мустақими Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Раҳмон ва наздикони вай давлати Тоҷикистонро рӯирост дуздида истодаанд. Шарм дар чеҳраи чарбубастааш нест. Нони даҳони дигарҳоро кашида мегирад. Нафсаш таг надораду чашмаш серӣ. Тамоман изо намекашад. Кас ҳайрон мешавад, ки Ҳасану Эмомалӣ Раҳмон ва қабилаи онҳо байни мардум чӣ гуна мегашта бошанд? Корашон дуздӣ ва ғорат ва ғасб. Мисли ҳайвонҳои даранда, ки зӯраш камзӯрашро мехӯрад. Бовар кунед инҳо дар давлат обрӯ намонданд. Инҳо бо ин рафтору амали худ давлатро ба як дуздхона табдил кардаанд.

Вақте Ҳасан чунин аст, вақте Таҳминаву Зарифбек, чунинанд, вақте Ҷамолиддину Озода….хулоса то Заринаву Фарзонаву Сомонӣ чунинанд, то Амриддин Нахшову диграу дигараш чунин аст, пас аз масъулони сатҳи вазорату вилояту ноҳияву ҷамоатҳо чӣ гила ва онҳо чӣ ибрат бигиранд? Инҳо аз аввал то ба анҷом ҳаминкораанд, давлатро барои ғорату истисмор истифода карда истодаад.

Ҳамин саволи одӣ дар сари тамоми мардуми Тҷикистон чидар дохил, чи дар Русия ва чи дар Қазоқистон ва чи дар Урупо давр мезанд, ки ин тоифа аз худи Раҳмон гирифта то ҳамин Амридин Нахшову дигару дигараш бо ин миллат, бо ин мардум, бо ин меҳан, бо ин давлат чи кор карданианд? Гумонашон ин аст,ки ин миллат ва ин мардум тамоман мурданд? Оё дар ҳақиқат ҳама мурдаем?

Инҷо феҳристи фишурдаи корхона ва ширкатҳои Ҳасан Асадуллозодаро меоварам:

«Ориёнбонк», «Сомонайр», «Тавҳидбонк»,  «Исмоили Сомонӣ–Асри XXI»,  «Сомон-Душанбе», (дар таркибаш заводи арматур, ЖБК, «Вторчермет», заводи кабел дорад) «Сомон-Суғд», « РоғунГЭСстрой», ОАО «ТГЭМ»  «Талко», «Талко-менеҷмент», « CDH» ҶДММ «Талко Голд», «ООО «Талко Флюорит», Сомон-Каенем, «Сомон-Ойл», ОАО «Комбинати масолеҳи бинокории Исфара», ДП «Шурообод», «Ангишти Тоҷик», ООО «Истиклол», ООО «Суғд – семент», ООО «Мармари Панҷруд», «Сомонсохтмонсаноат», ООО «Тофик сохтмон манбаъ», «Сомонфон», ООО «Хатлон сохтмон – Х», ООО «Сангмайдакунии Сомон», ООО «Авиценна», ООО «Паймони Суғд», ООО «Бунёди роҳ».

Гуфта мешавад, ки Ҳасан Асадуллозода беш аз даҳ сол ба ҳисоби раиси Идораи Роҳи оҳани Узбакистон 1 миллирад доллар сари ҳар тонна 45 долларӣ гузаронида будааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Узбакистон роҳҳоро баст, газро қатъ кард, роҳи оҳанро бурид, низоми ягонаи электрикии давраи шӯравиро канд. Тоҷикистонро дар бунбаст қарор дод ва бахусус бар зидди Роғун компайни шадид ташкил кард. Аммо барои Ҳасан ин муҳим буд, ки гӯр сӯзад ҳам дег ҷӯшад.

Ҳасан, чуноне ба ҳамагон маълум аст, асосан аз ҳисоби дигарҳо пул ва сарват ҷамъ кардааст. Дар соли 2019 вақте «Тоҷикматлубот» асноди «Бозори Панҷшанбе» дар Хуҷандро таҳти шак қарор дода ҷиҳати бекор кардани ҳуҷҷатҳои хусусисозии он ки 20-у чанд сол пеш сурат гирифта буд? Ба додгоҳ муроҷиат кард, ҳамагон мегуфтанд, ки дар паси ин кор ҳатман яке аз аъзои Оилаи Раҳмон истодааст. Зеро соҳибони бозор онро борҳо навсозӣ карда ва ба талаботи шароит рӯз мутобиқ карда буданд ва касе аз бозор шикоят надошт бозор даромади калон ҳам дошт.

Аммо он замон ва имрӯз ҳам «Тоҷикматлубот» сирри пӯшида нигоҳ медошт.Вале ба ҳар сурат маълуум шуд,ки дар паси моҷарои наздик ба се соли ин бозор Ҳасан Асадуллозода меистодааст. Барои онки вай соҳиби ин бозор шавад,ниҳодҳои давлатӣ, «Тоҷикматлубот»,Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷанд ва вилояти Суғд, Судҳо ва ғайра даст ба кор шуда ҳамагӣ пушти Ҳасанро гирифтанд. Чунки язнаи Ҳасан Эмомалӣ Раҳмон,раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва вай шахсан фармон медиҳад, ки бозорро аз дасти соҳибаш кашида гирифта ба Ҳасан диҳанд.

Инки соҳиби он чи қадар сарф кард ва инки ӯ ва хонаводаи ӯ чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард, муҳим нест. Дар инҷо бояд фақат Раҳмон ва Оилаи вай зиндагӣ бикунанд. Фалсафа ва моҳияту мазмуни давлатдории ин қабила ҳамин аст. Онҳо бояд сер бошанд, дигарҳо чи ҳол хоҳанд дошт, корашон нест. Агар бинои сохтаи шумо ба Ҳасан ва ё Муҳибуллои бародараш писанд шуд, бояд холӣ карда диҳед.

Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи вай, бахусус Ҳасан Асадуллозода ҳеҷ гоҳ азоби виҷдон намекашанд, ки навола ва луқмаи даҳони худу бачаҳояшон аз они дигарҳо ва хунолуда ва ашколуда аст. Онҳо ҳаминтавранд.

Ҳоло акнун Ҳасан Асадуллозода соҳиби бозори Панҷшанбеи Хуҷанд шудааст, ин ба он монанд аст, ки як чукча омадаву Путинро бигӯяд, ки бархез «навбати мо омад», бидуни онки биандешад, аз уҳдаи кор мебарояд ё не?

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Чанд мулоҳиза оид ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

0

Вуруд ба мавзуъ. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни даҳаи сеюми соҳибихтиёрии худ иқдомҳои ҷиддиро барои ба роҳ мондани муносибатҳои минтақавӣ, аз он ҷумла дуҷониба роҳандозӣ намуданд.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Шералӣ Ризоён

Шуруъ аз соли 2016 низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ сифатан дигар шуд ва ин шароит бешубҳа аз сиёсатҳои нави минтқавии Ӯзбекистон сарчашма мегирад. Дар муддати кутоҳ силсилаи омилҳои хатарзо ва таҳдидофар бартараф карда шуданд ва дар натиҷа ҳамкории наздики давлатҳо дар Осиёи Марказӣ шакл гирифт, ки маҷмуан ба нафъи ҳамаи онҳо буда, барои амалӣ шудани манфиатҳои миллиашон низ мусоидат мекунад.

Дар минтақа, дар борабари омилҳои такондиҳандаи муносибатҳои рӯ ба ҳамгироӣ инчунин омилҳои боздорандаи чунин равобит низ ба назар мерасанд. Ба шумори омилҳои боздоранда чунин масъалаҳо, аз қабили омилӣ геополитикӣ, ихтилофи дохилимитақавӣ ва осебпазирии суботу амният; “рақобат барои лидерӣ дар минтақа”; баҳси ҳувият ва таърих дар минтақа; тавозун байни афзалияти ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди давлатдории миллӣ (миллатсозӣ); тавозун байни протексионизми иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ; раванди сулҳи Афғонистон ва ояндаи номуайяни он; ва ғайраро метавон номбар кард. Албатта ҳар як нуктаи дар боло зикр шуда, таҳлилу баррасӣ ва бозкушоии васеъро аз диди манфиатҳои Тоҷикистон тақозо мекунад, вале ҳоло ин корро барои оянда мегузорем.

Таҳлили муносибатҳои маҷмуии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи истиқлол нишон медиҳад, ки ду кишвар давраи гуногуни сатҳи муносибатҳоро паси сар карданд ва беҳтар шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба нафъи ҳарду давлат аст, чун онро манфиатҳои миллии тарафайн тақозо мекунад.

Муҳимтар аз ҳама таҳлили маҷмуии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар самти Ӯзбекистон аксари созишҳои дуҷониба амалӣ мешаванд ва ҳар кадоми ҳуҷҷатҳои пештар ба имзо расида натиҷа дода истодаанд. Ин шароит андешаи натиҷабахшу ҳадафнок будани робитаҳоро тақвият дода, агар ҳудуди 5 соли дигар чунин идома ёбад, сатҳи муносибатҳои дуҷониба сифатан ва комилан дигар мешаванд.

Оид ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Расми қабул ва тамоми чорабиниҳое, ки бо иштироки президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе ва вилояти Суғд баргузор шуданд, ба таври бесобиқа таваҷҷуҳи зиёди сокинони кишвари мо ва ҳамсояро ба худ ҷалб намуд. Ин худ бозгӯи талаботи ҳаётии ҷомеаҳо барои тавсеаи муносибатҳо аст. То сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ доир гардиданд.

Муҳимтар аз ҳама раисони Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва умуман худи ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати хориҷии ду давлат кори ниҳоят зиёд, ҷиддӣ ва арзишмандро анҷом доданд.
Инак, бори сеюм аст, ки Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҳар як сафар ниҳоят самимӣ ва дустона дар матбуот ва умуман фазои иттилоотӣ паҳну пахш мешавад.

Заминаи муносибатҳои неки ҳамсоягии ду давлат аз созишномаи соли 2018 оид ба шарикии стратегӣ сарчашма мегирад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сатҳи шарикии стратегӣ байни кишварҳое сурат мегирад, ки шароит ва ё имкони то ҳадде баробар доранд ва ё барои бароварда намудани манфиатҳои худ ба чунин формати равобит азм менамоянд. Дар мисоли шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд гуфт, ки он то ҳадде сатҳи табиӣ муносибатҳо аст, чун ҳарду кишвар захираҳои лозимаро барои тақвият бахшидани имконоти дохилӣ ва зарфияти заруриро барои инкишоф доранд ва муҳимтар аз ҳама муҳтавои рушди устувори якдигарро пурра мекунанд.

Баъди соли 2018 санадҳои зиёди дуҷонибаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд ва шумораи он ба таври бесобиқа зиёд гардид, ки то имруз Душанбеи расмӣ бо ҳеҷ кишвар чунин таҷрибаро надоштааст. Танҳо соли 2018 ҳудуди 54 санади байнидавлатӣ ба имзо расид ва дар ин сафар шумораи он 36 адад зикр шуд. Аз ин ру, пешбинӣ намудан мумкин аст, ки дар сафари ҷавобии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳамин миқдор созишномаҳо ба имзо мерасанд ё ба татбиқи амалии санадҳои пештаримзошуда оғоз мебахшанд. Перомуни масъалаҳои усулии шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар марҳилаи муосир, нуктаҳои меҳварӣ ва дурнамои тавсеаи он як таҳлили алоҳида бояд сурат гирад, ки оянда таҳия мегардад.

Аз диди манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар самти муносибат бо Ӯзбекистон сафари Шавкат Мирзиёев дар таърихи 10-11 июн ба кишвари мо аз ин ҷиҳат муҳим арзёбӣ мешавад:

Якум, роҳбарони ду давлат омодагии худро барои идома бахшидани тақвияти муносибатҳои маҷмуии ду кишвар зикр карданд, ки бешубҳа як падидаи мусбат ба шумор меравад. Ҳам дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳам дар минтақаи пасошӯравӣ перомуни муносибатҳои ду давлат истилоҳи “моҳи асалин”-ро истифода мекунанд, интизори ба поён расидани он ҳастанд. Вале таҷрибаи 5 соли охири муносибатҳо нишон медиҳад, ки мушкилоти амиқ ба миён наомадааст ва агар пайдо ҳам шуд, бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл шуданд. Албатта, боз ҳам беҳтар шудани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои бозингарони манфиатдор дар Осиёи Марказӣ як силсила мушкилот меофарад ва муҳимтар аз ҳама таъсирпазирии ду давлатро аз акторҳои хориҷӣ кам менамояд. Шояд бо назардошти ҳамин нукта чунин таҳлилҳо садо медиҳанд.

Аз ҷониби баъзе коршиносон садо додани чунин нукта ба он вобаста аст, ки онҳо аз солҳои 2000-ум то 2016 муносибатҳои ду давлатро комилан дигар хел арзёбӣ намуда, умуман версияи беҳтар шудани равобит кам баррасӣ мешуд. Яъне касбияти чунин коршиносон дар мисоли беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери суол рафт. Як нукта дақиқ аст, ки агар муносибатҳо ҳар қадар наздик ва тақвият дода шаванд, ҳамеша мушкилиҳо пайдо мешаванд, ки табииӣ аст. Умедворем, ки барои ҳаллу фасли онҳо ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн, ба хусус риояи созишномаҳои имзошуда ҳамчун асли муҳим истифода мешаванд.

Маҷмуан, арзёбии масъала нишон медиҳад, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳачун як модели муваффақ барои минтақа баҳогузорӣ намудан мумкин аст. Муҳимтар аз ҳама зарурати ҷиддӣ барои ниҳодина намудани он ба миён омадааст, ки ба таври табиӣ қавӣ гардида, аз унсурҳои берунаву муваққатӣ осебпазир набошад. Нуктае, ки дар рафти сафар аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон перомуни дар сатҳи ноҳия ва вилоятҳои наздимарзии ду ҷониб тавсеа додани муносибатҳо садо дод, умедро барои қавӣ ва ниҳодина шудани равобит ва умуман муносибатҳо бештар мегардонад.

Дуюм, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва иқдоми муштарак барои ҳали мушкилоти экологӣ. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки то соли 2016 масъалаи обу энергетика дар Осиёи Марказӣ ниҳоят “сиёсӣ” шуда буд ва ҳамчун унсури рақобату зиддият баромад мекард. Вале бо наздик шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон “масъалаҳои пештар ҳалнашаванда” ба тадриҷ, қадам ба қадам, бидуни ба таври сунъӣ такон бахшидани онҳо ҳаллу фасл шуда истодаанд.

Зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт аз он иборат аст, ки Осиёи Марказӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ худкифо аст, вале мушкилоти асосӣ дар куҳна шудани низоми обёрӣ ва аз ҳад зиёд талаф шудани об буд. Таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2020 ва Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2021 барои таъмини об ҳам як падидаи мусбат мебошад, чун нишон дод, ки давлатҳо барои ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар омода ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон собит намуд, ки иродаи сиёсии амалиро барои таъмин намудани кишварҳои ҳамсоя бо об дар давраи мушкил дорад.

Дар самти таъмини Осиёи Марказӣ бо неруи барқ дар минтақа зарфияти кофӣ мавҷуд аст, вале ба таври зарурӣ ҳамкориҳо дар ин самт барои истеҳсоли якҷояи он низ дида намешуд. Вале эълон шудани оғози бунёди ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон аз ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон (ин нукта ду сол қабл изҳор шуда буд) бо ҷалби сармояи худӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ин масъаларо ба таври дигар ба намоиш гузошт. Зеро, захираи энергетикии танҳо Тоҷикистон имкон медиҳад, кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин шуда, энергияи сабз ва безарар ба муҳити зист истифода шавад.

Ин ҳамкории Тоҷикистон бо Ӯзбекистон перомуни хариду фурӯши неруи барқ имкон медиҳад, ки ин таҷриба фарогир гардаду давлатҳои минтақа бо сармояи худ барои бунёди иншооти нави энергетикӣ дар кишвари мо ширкат кунанд. Рушди соҳаи энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, иқдомҳои муштарак барои ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳанд, ки ҳам ҳамкориҳо дар ин соҳа густариш ёбад ва ҳам қадами ҷиддӣ барои ҳалли мушкилоти экологӣ, алалхусус бартараф намудани оқибатҳои манфии хушкшавии Баҳри Арал низ таҳия гардад.

Мувофиқи пешбинии коршиносони Ӯзбекистон бо назардошти амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодии ҷараёндошта, талаботи ин кишвар дар 10 соли оянда ба неруи барқ бамаротиб боло меравад. Аз ин дидгоҳ, зарфияти энергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самаранокии ислоҳот ҷиддӣ бошад ва дар дурнамои миёнамуҳлат амалӣ гардад. Зикри ин нукта низ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар низоми ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика як таҷриба ва модели муваффақро ба вуҷуд меорад.

Сеюм, мавқеи наздик (ягона) перомуни рӯзнома ва мушкилоти глобалӣ, таҳдиду хатарҳои воқеию эҳтимолӣ. Табиист, ки ба суботу амнияти Осиёи Марказӣ дар умум ва давлатҳои он дар алоҳидагӣ ягон қудрати берунаи ҷаҳонию минтақавӣ ба пуррагӣ манфиатдор нест. Чунки ҳар кадоми онҳо аз ин шароит барои бароварда намудани манфиатҳои геополитикию стратегии худ истифода мекунанд. Ҳар қадаре агар кишварҳои минтақа барои таъмини суботу амнияти худ ба давлатҳои дигари берун аз минтақа такяи бештар кунанд, ин омил вобастагии онҳоро низ зиёд мекунад.

Бинобар ин, доштани мавқеи муштарак оид ба равандҳои муосири ҷаҳон ва густариш додани ҳамкорӣ барои муқовимату пешгирӣ нисбат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба хусус ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ғайра ниҳоят зарур аст. Тавсеаи дипломатияи бисёрҷониба дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар марҳилаи имрӯза ниҳоят муҳим аст ва он барои ҳифзи манфиатҳои миллии онҳо низ замина мегузорад.

Дар мисоли муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавон зикр кард, ки сарони ҳарду давлат ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ташаббуси музокироти тошкандӣ барои Афғонистонро дастгирӣ намуда, иқдомҳои ин давлат барои тавсеаи равобит бо давлатҳои Осиёи Ҷанубиро низ ҷонибдорӣ кард. Ояндаи норавшани музокироти байниафғонӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва пойдор нигаронии ҷиддии ҳамсоякишварҳо, қудратҳои ҷаҳонию минтақавиро ба вуҷуд овардааст. Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун ҳамсояҳои шимолии Афғонистон ба равандҳои ҷараёндошта дар ин кишвар бетафовут нестанд, чун он ба таври амалӣ ба суботу амнияти ҳарду давлат таъсир мерасонад.

Чорум, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт ва иртиботот. Мушкилоти асосии минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои он ин ҷойгиршавии дур аз роҳҳои баҳрӣ аст. Барои расидан ба бандарҳои обҳои гарм бояд марзи як ё якчанд давлатро убур намуд. Минтақа то ҷое дар инзиво қарор дорад ва ба ин нигоҳ накарда, чӣ дар солҳои гузашта ва чӣ имрӯз омили зарфияти нақлиётӣ (ба хусус заминӣ) ҳамчун абзори фишор аз ҷониби худи кишварҳои минтақа нисбат ба якдигар истифода мегардид ва то ҳол истифода мешавад, ки ба таври умум зарфияти маҷмуии онҳоро коҳиш медиҳад.

Шароити мазкур дар маҷмуъ барои пешрафти ҳар яке аз давлатҳо монеъ эҷод менамояд. Бинобар ин, густариш ёфтани ҳамкориҳои қавию мустаҳкам дар соҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳам минтақа зарфияти транзитии худро баланд бардорад ва ҳам давлатҳои он ба пешрафт ноил гарданд. Чунки омили мазкур барои боло рафтани тиҷорат, гардиши молу маҳсулот ва сармоя, умуман барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ сабаб мешавад ва замина мегузорад. Лоиҳаҳои мухталифи нақлиётию иртиботӣ имрӯз бо фаро гирифтани Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд ва татбиқ шудани онҳо низ бисёр зарур аст. Худи кишварҳо низ дар барномаҳои давлатии худ тавсеаи зарфияти транзитиро низ дар афзалият қарор додаанд.

Аз ин дидгоҳ, тавсеаи робитаҳои нақлиётию иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бисёр муҳим аст ва дар рафти сафар ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд, ки дар изҳороти муштарак дида мешавад. Бунёди роҳи оҳан аз Самарқанд то Панҷакент, гаштани нақлиёти мусофирбари заминӣ байни шаҳрҳои калон ва умуман дар оянда хатсайрҳои Душанбе-Тошканд, Душанбе-Самарқанд бисёр муҳиму саривақтӣ ҳастанд.

Дар 5 соли охир гардиши савдои муштарак то ба ҳадди $500 млн. расонида шуд ва ҳоло тасмим барои то ба $1 млрд гузошта шудааст, ки иншоаллоҳ амалӣ мешавад, чун тамоми шароити мувофиқ ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҳамаи давлатҳо тавозун байни “фоида” ва “зарар” дар ба назар расида, баҳогузории он бояд аз диди зарурати сиёсию геополитикӣ сурат гирад. Аз ин дидгоҳ ду давлат бобеҳтар намудани муносибатҳои худ фоидаи зиёдеро ба даст оварданд ва дар оянда низ зарфияти хубе барои тавсеа додани муносибатҳо доранд.

Барои татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон давлати Ӯзбекистон нақши муҳим дорад, чун интиқоли нисбатан арзони молу маҳсулот тариқи роҳи оҳан аз қаламрави ин кишвар имконпазир аст. Ӯзбекистон низ аз зарфияти транзитии Тоҷикистон барои баромадан ба самти шарқ ва ҷанубу шарқ метавонад истифода кунад. Ин масъала, бинобар сабаби фарогир ва вижа буданаш таҳлили алоҳидаро тақозо мекунад.

Панҷум, тавсеаи муносибатҳо дар самти фарҳангию гуманитарӣ ва тақвият бахшидани рафту омади аҳолӣ. Дар 5 соли охир дар ин самт пешрафти ҷиддӣ сурат гирифт, чун ҳамаи муносибатҳо барои содда ва оддӣ намудани рафту омади шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Зимнан эълон шуд, ки буду боши беқайди шаҳрвандон то 10 шабонаруз дароз шуд ва кишварҳо қадами ҷиддиро барои пурра аз байн бурдани раводид байни ҳамдигар гузоштанд, ки маҷмуан барои тавсеа ёфтани муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ба хусус самти фарҳангию гуманитарӣ фароҳам меорад.

Дар интиҳо бояд зикр шавад, ки дар навиштаи инҷониб муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври мусбат баҳсу баррасӣ гардид, чун ҳеҷ як омили ҷиддие дигаре барои чунин иқдом накардан – набуд. Ва муҳимтар аз ҳама мавқеи шаҳрвандии муаллиф аст. Чунки ба дурнамои шарикии гуногунпаҳлуи стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боварии комил дорам ва бар он назар ҳастам, ки маҷмуан он дар марҳилаи имруза ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос

Расм аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон барои васли шабакаҳои барқӣ

0

Чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ,  илмӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва иҷтимоии Эрону Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бар асоси иттилои хабаргузории ИРНА, Эрон ва Тоҷикистон бо такя бар зарурати пайвасти шабакаҳои барқии ду кишвар ба ҳамдигар аз тариқи масирҳои мавҷуд ба тавофуқ расиданд.

Дар поёни чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, илмиву фарҳангӣ, фанни ва иҷтимоии Эрон ва Тоҷикистон Ризо Ардакониян, вазири нерӯи Эрон ва Далер Ҷумъа вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон санади ҳамкориҳои ду кишварро ба имзо расониданд.

Ду вазир ибрози умедвори намуданд, ки ин санад мояи густариши равобити дуҷониба хоҳад шуд.

Вазири нерӯи Эрон дар ин нишаст бо ишора ба муштаракот ва зарфиятҳои фароҳам дар ду кишвар дар заминаҳои гуногун гуфт, бо вуҷуди ҳосил шудани тавофуқҳои хуб дар иҷлоси гузашта ниёз ҳаст, ки дар иҷрои тавофуқҳо иқдомҳои таъсиргузоре ба амал ояд.

Далер Ҷумъа вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ва раиси тоҷики комиссия низ гуфт, умед меравад баргузории ин нишаст муҷиби ҷаҳиши қобили таваҷҷӯҳ дар робитаҳои Теҳрону Душанбе дар ҳамаи заминаҳо гардад.

Тоҷикон дар Русия аз ҳама бештар қонунҳои роҳро вайрон кардаанд

0

Вазорати корҳои дохилии ФР пешсафон аз рӯи шумораи вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ байни хориҷиёнро номбар кард. Бино ба иттилои ТАСС шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон нисбат ба дигар хориҷиён бештар қоидаҳои ҳаракати роҳро дар Русия вайрон кардаанд.

“Ба ҳисоби миёна шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, тақрибан панҷяки садамаҳои бо гуноҳи онҳо содир шуда аз шумораи умумии садамаҳои бо айби ронандагони шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ба амал омадаро ташкил медиҳанд”, – гуфта мешавад дар хабари ВКД – и ФР.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шаҳрвандони ин кишварҳо дар маҷмӯъ нисфи қонуншиканиҳои ҳаракат дар роҳро, ки дар соли 2020 хориҷиён дар Русия содир кардаанд, ташкил медиҳад.

Дар сурати содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия манъ карда мешавад ё будубоши онҳо дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ эълон карда мешавад.

Ҳамин тариқ дар соли 2020 дар бораи ғайриқонуни будани будубоши хориҷиён дар Русия 2371 дархост омода карда шудааст. Ин нисбат ба як соли пеш 36% камтар аст.

Ғайр аз ин, барои қабули қарорҳо дар бораи манъи вуруд ба Русия, БДА ба шӯъбаҳои муҳоҷирати ВКД-и Русия 41280 мавод фиристод, ки ин нисбат ба соли гузашта 73,6% зиёд аст.

Занони тоҷик аз паноҳгоҳҳои Сурия: моро ба ватан баргардонед!

0

Як гурӯҳ аз занони тоҷик, ки ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ мебошанд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то онҳоро аз паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия зудтар ба ватан баргардонад.

Ба иддаои ин занон онҳо бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафтаанд. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар ҳоле занон аз фишору фиреби шавҳарон мегӯянд, ки баъзе аз онҳо бо шавҳаронашон ҳамандеш буда, рафтан ба ҷабҳаи ҷанги мазҳабиро дониста интихоб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин занон баъд аз шикасти гурӯҳи тундрав аз се то чаҳор соли охир бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳҳои Сурия қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар онҷо наздик ба 600 нафар ҳисоб шудааст.

Сурат: TASS/DPA/Picture Alliance/Anas Alkharboutli

Дар нома занон вазъи худу кӯдаконашонро бисёр сахт арзёбӣ кардаанд. Тавре аз нома бармеояд, ки ангезаи нигоштани он аз суханронии президент дар шаҳри Исфара бархостааст.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрел ҳангоми сафар ба Исфара гуфта буд, ки занону кӯдакони дармонда дар паноҳгоҳҳои Сурияро ба ватан бармегардонанд. Ин паём дар Сурия низ шунида шудааст, ки занон менависанд, “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”.

Занони тоҷик дар нома гуфтаанд, ки “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта бошанд”.

Дар робита ба ин хабар Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки ҳамзамон масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурия ҳаст, рӯзи 10‑уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала ҳамоно дар дастури рӯз аст ва “сафорат корҳоро давом дода истодааст”.

Ӯ ҳамчунин дар идома қайд намуд, ки “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ‑ро аз Ироқ баргардонд ва эълон кард, ки занону кӯдаконро аз Сурия низ бармегардонад. Аммо бо гузашти 2 сол ин ваъда иҷро нашудааст.

Мақомот сабаби барнагардонидани занону кӯдаконро ба дар ихтиёри курдҳо будани паноҳгоҳҳову итоат накардани онҳо ба давлати расмии Сурия, санад надоштани занону кӯдакони тоҷик ва ба пандемияи коронавирус рабт медиҳанд.

Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар Ҳукумат то ваъдаи худи Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани занону кӯдакон андешаи ягона набуд. Ӯ афзуд, баъзе аз мансабдорон бо эҳсоси раҳм ба кӯдакон хостори баргардонидани онҳо ҳастанд, вале бархеи дигар онҳоро “занону кӯдакони террорист” медонанд.

Вазъи занону кӯдаконро дар паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”-и Сурия Созмони Милали Муттаҳид “ваҳшатнок” хонда, аз ҳукуматҳо хостааст, шаҳрвандони худро баргардонанд. Дар ин паноҳгоҳ аз давлаҳои гуногун беш аз даҳ ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз даҳ давлати дунёст, ки дар ин паноҳгоҳ теъдоди шаҳрвандонаш зиёд гуфта мешавад.

Корманди фурудгоҳи Душанбе ба гумони қаллобӣ боздошт гардид

0

Як корманди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва зидди фасоди Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ боздошт гардид.

“Азия-Плюс” бо такя ба Хадамоти матбуотии раёсати Ожонсии зидди фасод хабар дода, ки нозири Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Шаҳзод Маҷидов ба қаллобӣ гумонбар дониста ва боздошт шуда аст.

Номбурда ба як шаҳрванд чиптаи ҳавопаймои Душанбе ба тарафи Маскавро, ки арзиши воқеияш 8 ҳазору 550 сомонӣ буд, 12 ҳазору 500 сомонӣ пешниҳод кардааст.

Гумонбар Маҷидов аз шаҳрванди билетхаранда 2 ҳазор сомонӣ пешпардохт гирифта ба ӯ гуфта, ки 10 ҳазору 500 сомонии дигар биёрад ва ҳангоме, ки ин шахс 10 ҳазору 500 сомониро оварда мехост ба Маҷидов таҳвил бидиҳад ба ҳангоми додугирифт аз ҷониби кормандони Ожонсии зидди фасод дастгир шуд.

Аз рӯи ин далел нисбати Ш. Маҷидов бо модаи 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда тафтишот идома дорад.

Мирзиёев ба Хуҷанд сафар кард, кадом санадҳо ба имзо мерасад?

0

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмияш ба Хуҷанд ташриф бурдааст. Дар ин сафар ӯро Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад.

Қарор аст дар шаҳри Хуҷанд президентҳо ба чанд санади дигари ҳамкорӣ имзо кунанд. Ҳамчунин вохӯрии президентҳо бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри маданияти “Арбоб”-и Хуҷанд ва боздид аз обанбори “Баҳри Тоҷик”, корхонаи “Қолинҳои Суғд” ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар боғи “Ваҳдат” дар назар аст.

Гуфта мешавад, ин аввалин сафари Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар нишастҳои дурӯзаи раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон беш аз 30 санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла санадҳо дар мавриди гардиши колову ҳаҷми тиҷорати дутурафа, маориф ва илм, саноат ва энергетика, барқароршавии хатсайрҳои нақлиётии автобусҳо, роҳи оҳан ва ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар, аломатгузории нуқтаҳои марзӣ, тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар ва ғайра ба имзо расиданд.

Пас аз вафоти Ислом Каримов ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон равобити сарди чандсолаи ду кишвар рӯ ба гармӣ овард. Аз ҷумла дар сафари расмии Шавкат Мирзиёев соли 2018 ба Душанбе чандин созишномаҳои муҳим ба имзо расид, ки равобити неки ду кишварро қавитар кард.

Баъди он сафар марзҳо байни ду кишвар боз шуд ва низоми раводид, ки ба даст оварданаш ба осонӣ ҳосил намешуд, аз байн бардошта шуд. Ва шаҳрвандони ду кишвар то 30 рӯз дар қаламрави якдигар бидуни раводид ҳақи будубош пайдо карданд.

Сиёсатшиноси қирғиз: Тоҷикистон бояд аз узвияти СПАД берун карда шавад

0

Як сисёсатшиноси қирғиз дар робита ба даргириҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор дониста, иддао карда, ки Тоҷикистон ҳамчун узви СПАД ба хотири ҳуҷум болои як узви дигари ин созмон (Қирғизистон) аз узвияти СПАД берун карда шавад. Ӯ ин иддаояшро дар конфронсе бо номи “Нақши СПАД дар таъмини амнияти марзҳои Осиёи Марказӣ” изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Тоҷикистонро риоя накардани муқаррароти оинномаи СПАД дар бораи “ҳифзи дастаҷамъии истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв” арзёбӣ кардан мумкин аст.

Ӯ ба моддаҳои 3 ва 20-и оиинномаи СПАД ҳамчун далел ишора кард.

Дар моддаи 3 чунин омадааст:

“Ҳадафҳои Созмон таҳкими сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳифз дар заминаи дастаҷамъии истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо мебошанд”.

Моддаи 20: “Агар давлати узв муқаррароти ин Оиннома, қарорҳои Шӯро ва қарорҳои мақомоти дигари Созмонро, ки ҳангоми иҷрои онҳо қабул шудаанд, иҷро накунад, Шӯро метавонад иштироки онро дар фаъолияти мақомоти Созмон боздорад”.

Агар давлати узв минбаъд низ ин уҳдадориҳоро иҷро накунад, Шӯро метавонад дар бораи хориҷ кардани он аз Созмон қарор қабул кунад, мегӯяд сиёсатшиноси қирғиз.

Ба гуфтаи Темирқулов, бо назардошти ташдиди низоъ дар Афғонистон, ин тадбир бешак ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт ва дар оянда чунин “таҷовуз ва иғво”-е нахоҳад буд.

Ин иддао дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон имсол раёсати СПАД-ро бар уҳда дорад ва даргириҳои мусаллаҳона дар марзи ду давлат дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амнияти аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе рух дод.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон расман ба иддаои ин сиёсатшинос вокуниш накардааст, аммо коршиносон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эроди сиёсатшиноси қирғизро бепоя хонда, мегӯянд, ки Қирғизистон аввал ҳамларо оғоз кардааст.

Чанде пеш як гурӯҳе аз фаъолон ва ҳуқуқшиносони қирғиз иддао карда буданд, ки аз Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ шикоят бурдаанд.

Мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе

0

Раҳимзода Рамазон Ҳамрох, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Бобоҷонов Пулат Раззоқович, вазири умури дохилии Узбекистон дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Бар асоси иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода ҳамтои узбекашро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мулоқот ҷихати таҳким бахшидани равобити амиқи дӯстӣ ва ҳамкори байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.

“Мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида дар мубориза алайҳи ҷурму ҷиноят ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ фаолият намоем”, – таъкид шуда аст дар ин мулоқот.

Ҳамчунин ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоотии оперативӣ ва   мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилаи ҳарду ҷонибро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 июн раисҷумҳури Узбекистон бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе омад.  Дар ин сафар мулоқоту гуфтугӯи дуҷонибаи ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мадди назар аст.