Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз озод шудани яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб хабар дод.
Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, дар соли 2015 тавассути мақомоти кишвар аз хонааш боздошт ва сипас бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракатҳои мамнӯъа дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ду сол қабл тибқи “Қонуни афв” як сол аз муҳлати адои ҷазои ӯ дар зиндон кам карда шуд. Вай баъд аз 6 сол аз зиндон озод шудааст.
Муҳаммадалӣ Исломови 38-сола коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ буда, хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон аст.
Раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ки дар Маскав дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, баъзе кӯшишҳое ба назар мерасад, ки террористон аз фурсат ва дини ислом истифода карда, мехоҳанд вазъиятро дар минтақаи мо ноором кунанд.
Вай гуфт: “Мо бар ин бовар ҳастем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, чунин вазъият барои тамоми собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус дар минтақаҳое, ки аксари аҳолии онҳо мусулмон ҳастанд, як таҳдид аст.”
Дар навбати худ Президенти Русия Владимир Путин, ки дар ин нишаст онлайнӣ ширкат мекард, гуфт, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон барои мо бефарқ нест ва мо якҷо бо кишварҳои узви ИДМ онро назорат мекунем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 18 то 28-уми октябр наздик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо истифода аз нерӯ, васоили таъмини моддӣ ва техникӣ аз тарафи (ОДКБ) Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ машқҳои низомӣ дар назар аст.
Вазъият дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳанӯз аз моҳи майи соли ҷорӣ замоне, ки ҳузури нерӯҳои Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон густариш ёфт, тағйир кард ва нигаронии мақомоти Тоҷикистонро рӯз то рӯз шиддат бахшид.
15-уми августи соли ҷорӣ президенти қаблии Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвараш ба Аморати Мутаҳидаи Араб фирор карду ҳамон рӯз Толибон эълон карданд, ки қудрат дар ин кишварро пурра тасарруф карданд.
Мушкилоти бебарқӣ дар Тоҷикистон боз оғоз шудааст. Ба гуфтаи сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд лимити зимистона дар Тоҷикстон як ҳафта боз оғоз шудааст.
Акс аз “Азия-Плюс”
Баъзе сокинон аз вилояти Хатлон дар тамос ба Аздо тв хабар доданд, ки беш аз як ҳафта мешавад рӯзона барқ надоранд ва мисли солҳои пешин аз соати 5-и бегоҳ то 8-и субҳ барқ доранд. Ва дар баъзе ҳолатҳо аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар як баёнияи худ аз озору шиканҷа ва ба “картсер” интқол додани Абдуқаҳҳори Давлат — рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар зиндон изҳорӣ нигаронӣ намуда, аз ҳукумат талаб намудааст то даст аз шиканҷаи ӯ бардоранд.
Ҳамчунин дар ин баёния Кумита аз созмонҳои ҳуқуқи башар, созмони дифоъ аз рӯзноманигорон даъват намудааст, то аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз шиканҷаи зиндониён бардорад ва ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи зиндониён пойбанд бошад.