12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 580

Бо баҳонаи “Рӯзи адвокатура” дар Тоҷикистон, ёде аз адвокатҳои қаҳрамон

0

Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи адвокатураро ҷашн мегиранд. Ҷамшед Ёров адвокати паноҳанда дар Аврупо дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки Адвокатура дар Тоҷикистон то ба Истиқлолият расидан иди касбӣ надошт, санаи таъсисёбии он низ номуайян буд.

Ду адвокат, Бузургмеҳр Ёров ва Румиев Ғолибшо дар натиҷаи ҷустуҷӯ дар бойгониҳо ин санаро муайян намудаанду 26 май Рӯзи адвокатураи тоҷик эътироф шудааст.

Ба нвиштаи ин ҳомии ҳуқуқ, имрӯз 99-умин солгарди таъсисёбии адвокатураи тоҷик мебошад. Бо вуҷуди он ки Ёров ҳамкасбонашро ба ин рӯз табрик гуфта, аммо ҳамзамон нигарониҳое дар ин табрикот ҷой дорад.

Ҷамшед Ёров аз заҳмати ҳамкасбонаш таҳсин мекунад, вале ёдовар мешавад, ки адвокатҳо дар шароити хело вазнин ва пурхатар фаъолият карда истодаанд. Ба гутфаи ӯ, намояндагони мақомоти қудратӣ адвокатҳоро “халалрасони фаъолияташон” мешуморанду ба ҳар гуна роҳу восита монеъи фаъолияти касби адвакатон мешаванд.

“Боварии комил дорем, ки аз ин пас шумо бештар ва хубтар, на фақат ҳуқуқҳои мизоҷонатонро, балки аз ҳуқуқҳои худ низ дифоъ хоҳед кард ва ҳаргиз ҳамкасбони худро, ки дар роҳи Адолат ва Ҳақикат зиндонӣ, шаҳид ва ё ба ҳар гуна воситаҳои ғайриқонунӣ аз фаъолияти касбӣ барканор шудаанд фаромуш нахоҳед кард”,- менависад Ҷамшед Ёров.

Бо вуҷуди эътироф шудани рӯзи 26 -уми май ҳамчун ҷашни адвокатҳо дар Тоҷикистон мудофеони ҳуқуқ барои таҷлили ин рӯз асоси зиёде надоранд: Ба навиштаи созмони Авфи байналмилалӣ ё (Amnesty International) дар Тоҷкистон “ин ҷашн ба вақте рост меояд, ки кишвар торафт аз ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун рӯй мегардонад ва вакилони дифоъ ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд. Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан ҳомии ҳуқуқи инсон будан маънои бо хатарҳои бемисл рӯбарӯ шуданро дорад”.

Тули шаш соли ахир ҳамаи мудофеони ҳуқуқ, ки парвандаҳои сиёсӣ ва ё ҳассосро гирифтаанд, дар иҷрои фаъолияти қонунии касбиашон зери фишор қарор гирифта дар охир ё зиндонӣ ё тарки кишвар кардаанд. Зайд Саидов собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар соли 2013 зиндонӣ шуд ва ҳама вакилони дифои ӯро мавриди таъқибу фишор қарор дода, пас аз муҳокимаҳои судӣ ба муҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд.

Адвокатҳо Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ҳарду бо иттиҳоми ҷиноятҳои мухталиф зиндонӣ шуданд. Исҳок Табаров адвокати сеюми Зайд Саид дар пайи боздошт ва зиндонӣ шудани ду писараш дуччори сактаи қалбӣ шуда даргузашт. Худи ӯ боздошти писаронашро фишори мақомот ба ӯ барои дифои Зайд Саидов гуфта буд.

Соли 2015 дар пайи шӯриши нокоми генерал Назарзода мувони вақти вазири дифои Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ дар сентябри ҳамон сол раҳбарони ҲНИТ-ро ба  ҷурми ҳамдасти бо Назарзода боздошт ва дар пайи он ҲНИТ аз ҷониби додгоҳи Олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шуд. Раҳбарияти ҲНИТ ин итиҳомотро рад мекунад ва онро баҳонае барои саркӯби аҳзоби сиёсӣ ва мухолифин медонад.

Дар пайи мамнӯъ шудани ин ҳизб қисме аз раҳбарону аъзои ин ҳизбро боздошт карданд. Адвокати ягонае, ки розӣ шуд парвандаи ҳизбро бар уҳда бигирад, Бузургмеҳр Ёров буд. Ӯ аз тарафи полис санаи 28 сентябри соли 2015 бо иттиҳомоти қаллобӣ ва сохтакорӣ дастгир карда шуд. Аммо ба навиштаи “Amnesty International” ҳангоми дастгиркунӣ полис бо вайрон кардани имтиёзи вакил ва муштарӣ, ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаи ҲНИТ-ро бо худ бурд.

Моҳи октябри соли 2015 вакили дифои Бузургмеҳр Ёров Нуриддин Маҳкамов низ боздошт шуд. Моҳи декабри соли 2015 нисбати Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов иттиҳомоти нави марбут ба экстремизм эълон шуданд.

Дар соли 2016 суди шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро пас аз мурофиае ба 23 ва 21 сол аз озодӣ маҳрум кард. Созмонҳои байнамаллиалии ҳуқуқи инсон мурофиаи судии ин ду адвокатро ноодилона медонанд ва Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ озодии фаврии Бузургмеҳр Ёровро талаб дорад.

Дар соли 2016 Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки яке аз вакилони дифоъ дар парвандаи аъзои ҲНИТ буд, бо иттиҳоми “ифшо кардани сирри давлатӣ” дастгир шуд. 26 август додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ӯро маҳкум ба зиндон кард ва дертар бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷамшед Ёров ҳимояи муштариёни худро дар парвандаи ҲНИТ идома дод ва ба озори мақомоти амниятӣ рӯбарӯ гардид. Дар ниҳоят, ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк кунад.

Муаззамахон Қодирова ягона вакили дифоъ, ки парвандаҳои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба душ гирифт низ зери фишори мақомот тарки кишвар кард. Парвандаи ин ду адвокатро аз тарси интиқоми мақомот касе ҳозир нашуд ба душ бигирад.

Моҳи марти соли 2015 Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”-ро қабул кард ва моҳи ноябри соли 2015 ба ин қонун тағйирот ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳое, ки моҳи ноябри соли 2015 ворид карда шуданд, бо ташкили Комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлия назорати додани мақоми адвокатро ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият доданд. Чизе, ки боиси нигаронии коршиносон ва вакилони дифоъ шуд. Чун ба гуфтаи коршиносон баъзе нукоти ҳамчун тағйирот воридшуда ба мустақилияти вакилони дифоъ таҳдид карда, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқиро зери суол бурд.

Назорати додани “мақоми адвокат” ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият дар ҳоле дода шуд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин салоҳиятро Иттифоқи адвокатҳо бояд медошт.

Ба гуфтаи коршиносон  қонуни ахир дар зиёда аз панҷоҳ фисад кам шудани шумораи адвокатҳои касбӣ сабаб шуд. Дар натиҷа дастрасии мардум дар Тоҷикистон ба адвокатҳо маҳудуд шуд ва барои нафароне, ки бо парвандаҳои сиёсӣ боздошт мешванд қариб, ки нмомукин шуд.

Тибқи иттилои “Amnesty International” то моҳи маи соли 2017 танҳо қариб нисфи онҳое, ки пеш мақоми адвокатро доштанд, тавонистанд, ки аз рӯи низоми нав ин мақомро соҳиб шаванд. Алҳол Тоҷикистон барои аҳолии зиёда аз ҳашт миллион тақрибан 600 адвокат дорад, яъне тақрибан як адвокат барои 13,000 аҳолӣ бояд хидмат кунад.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 26.05.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

– Қирғизистон 200 мусофири Тоҷикистонро ба хокаш роҳ надод

– Муҳлати ҳабси пешакии Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд

– Мақомти Белорус кишварҳои Ғарбро ба мизи гуфтушунид даъват кард

– Рузи адвакатураи тоҷик
– Рахматилло Зоиров истеъфо дод.

Мақомоти Белорус кишварҳои Ғарбро ба мизи гуфтушунид даъват кард

0

Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей кишварҳои Ғарбро барои ҳалли мушкилоти муносибатҳои ахир бо Минск бар сари мизи гуфтушунид даъват кард. Дар ин бора ожонсии иттилоотии “БелТА” хабар дод.

“Мушкилот бояд сари мизи гуфтушунид ҳал карда шаванд – ин мавқеи принсипии мост”, гуфт Макей рӯзи чоршанбе дар назди вакилон, аъзои Комиссияи конститутсионӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ. Вай инчунин илова кард, ки ташдиди минбаъда дар муносибат бо Ғарб “ҳеҷ чизи хуберо ба бор нахоҳад овард” ва шарикони ғарбиро ба “ба худ омадан” даъват кард.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи гузашта роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба далели иқдоми Белорус дар нишонидани ҳавопаймои мусофирбарӣ бо роҳандозии маҷмуае аз таҳримҳо бар алайҳи ин кишвар мувофиқат карданд.

Лукашенко ба он муттаҳам мешавад, ки барои дастгир кардани мухолифи 26-солааш ҳавопаймои ширкати “Ryanair”-ро зӯран ба зимин нишонд.

Аммо ҳукумати Белорус инро рад мекунад ва ба қавли онҳо ҳавопаймо бо гумони бомбгузорӣ шудан ба таври изтирорӣ ба замин нишонда шуд. Худи Лукашенко рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо намояндагони Парлумон ва мақомоти давлатӣ гуфт, ки хабари бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо аз Суис (Швейтсария) ба онҳо расида буд.

Рӯзи якшанбе як ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ryanair”, ки аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи ҷой доштани маводи тарканда дар дохили он, ба таври изтирорӣ дар пойтахти Белорус нишонда шуд.

Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Минск аз дохили он маводи тарканда пайдо накарданд, аммо мақомоти Белорус рӯзноманигор Роман Протасевичро, ки дар дохили ҳавопаймо буд, боздошт кард.

Гуфта мешавад, рӯзноманигори ҷавон мухолифи ҳукумати Лукашенко буда, сармуҳаррири шабакаи телеграмии “Nexta” буд. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2020 дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Рӯзноманигор аз аввали соли ҷорӣ аз давлати Лаҳистон талаби паноҳандагӣ карда парвандааш зери омӯзиш қарор дошт.

13 сол зиндон ба ҷурми ҳамкори бо Доиш

0

Як зодаи Тоҷикистон ба ҷурми ҳамкори бо Доиш ба 13 сол зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Додгоҳе дар вилояти Иркутски Русия як зодаи Тоҷикистонро барои ширкат дар амалҳои террористӣ ва як қатор ҷиноятҳои сангин ба муҳлати 13 сол равонаи зиндон кард.

“Спутник” ба нақл аз Дафтари матбуотии Федератсияи Русия СУСК дар вилояти Иркутск хабар дод, ки Мирзоев зодаи Тоҷикистон 28 сола соли 2018 аз ҷониби кормандони ФСБ-и Русия дар вилояти Иркутск дар ҳамкори бо Кумитаи тафтишоти пулис ва гвардияи Русия боздошт гардид.

Вай ба кумак дар фаъолияти террористӣ, ҳамчунин таҳия ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, ширкат дар гурӯҳ, тамаъҷӯи ва рабудан аз ҷониби гурӯҳи муташаккил муттахам дониста шуд.

Тафтишот ва суд муайян карданд, ки Мирзоев як ҷонибдори фаъоли ташкилоти террористии Доиш (мамнӯъ дар Русия) мебошад. Вай бо шиносҳояш гуфтугӯ карда маъракаи ташриф овардан ба сафи созмон ва ширкат дар ҷангҳои Ҷумҳурии Сурия идома дод. Афзун бар ин ӯ узви гурӯҳе буд, ки дар Иркутск ба рабудан, тамаъҷӯи ва фурӯши силоҳ машғул буд, 5 нафар аз ин амали ӯ маҷруҳ шудаанд.

Ба ҳангоми ҷустуҷӯ дар маҳалли зисти Мирзоев лавозимоти ҷангӣ ва 14 мил силоҳ аз ҷумла 4 автомат ва 10 тапонча, ҳамчунин миқдори зиёде адабиёти динӣ мусодира карда шуд.

Володин гуфт наметавонем зиндониёнро ҷойгузини муҳоҷирони меҳнатӣ кунем

0

Вячеслав Володин раиси Думаи давлатии Русия идеяи иваз кардани муҳоҷирони меҳнатиро бо маҳкумшудагон дастгирӣ накард.

Тибқи гузориши “РИА Новости” раиси Думаи давлатии Русия даъвати камбуди асосии идеяи иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо зиндониёнро баён дошт.

Володин ба ташаббуси Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия Александр Калашников дар бораи истифодаи зиндониён дар он ҷое, ки дар кишвар нерӯи корӣ намерасад ва муҳоҷирони корӣ даъват мешаванд ишора кард.

Ба гуфтаи вай иҷрои ин иқдом мушкили нерӯи кориро ҳал нахоҳад кард.

Володин афзуд:

“Ғоя нав нест, он аллакай дар ин ё он формат амалӣ мешавад. Ин мавзӯъро омухтан зарур аст.

Агар онҳое (маҳбусон) ҳастанд, ки ҳуқуқ доранд ва мехоҳанд кор кунанд, чунин имконият бояд фароҳам оварда шавад. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар айни замон фаҳмидани он муҳим аст, ки  ин ба ҳалли комили мушкилоти норасоии захираҳои меҳнатӣ мусоидат намекунад.

Раиси Думаи давлатии Русия бо ишора ба маълумоти расмӣ таъкид кард, ки дар Русия тақрибан 1-миллион муҳоҷири корӣ намерасад. Ҳамзамон тибқи маълумоти Хадамоти федералии иҷрои ҷазо каме бештар аз 478 ҳазор нафар дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо 188 ҳазор нафарашон ҳуқуқ доранд, ки ҳукми ҷазояшонро ба меҳнати маҷбурӣ иваз кунанд.

Қаблан Вазорати адлияи Федератсияи Русия хабар дода буд, ки онҳо омодаанд лоиҳаи калонеро баррасӣ кунанд, дар онҳо беш аз 1000 нафар маҳбусон ҷалб карда шаванд ва иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳбусон қадами дуруст буда метавонад. Ғайр аз он чунин тадбир ба амалӣ шудани ҳуқуқи тағйир додани ҷазо мусоидат менамояд.

Ба иллати нокифоя будани ҷойҳои маҳбусон ин корро карда наметавонанд ва ташкили марказҳои ислоҳӣ ба ҳалли масъала кумак мекунад.

Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия пешниҳод мекунад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бо зиндониён иваз карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи марти соли 2020 Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар бораи нарасидани тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор коргар дар бахши сохтмон хабар дод, дар бахши кишоварзӣ низ норасоӣ мавҷуд аст. Саноат дар мавсим камаш 41 ҳазор нафарро талаб мекунад.

Қирғизистон 200 мусофири Тоҷикистонро ба хокаш роҳ надод

0

Шаби 25 май ширкати “Сомон Эйр” ба Бишкек парвоз анҷом дод, аммо мақомоти Қирғизистон 200 мусофири ҳавопайморо ба кишвараш ба далели баста будани марзҳо бар рӯи тоҷикистониён роҳ надод. Ва ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” пас аз 4 соати интизорӣ субҳи 26 май бо мусофиронаш ба Душанбе баргашт.

Дар робита ба ин масъала дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа накардааст”.

Ҳамчунин айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. Ин мусофирон бояд ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мерафтанд. Мусофирон мегӯянд, ки онҳоро пеш аз парвоз касе огоҳ накарда буд, ки марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст.

Абубакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Бишкек ба расонаҳо гуфта буд, ки  талош доранд то мушкилро дар гуфтугӯ бо мақомоти қирғиз ҳал кунад.

Бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ шуруъ аз 21 майи соли ҷорӣ тибқи қарори кобинаи вазирони Қирғизистон, убур аз марзҳои ин кишвар ва рафтуои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд.

Пойгоҳи хабарии “24KG” дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузариши молу воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои “Кулунду”, “Қайрагач”, “Қизил-Бел”, “Бордебо” ва “Қарамиқ”, ки дар қисмати марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 23 май Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Улуғбек Марипов эълом дошт, ки чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли мушкилоти марзӣ комилан қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.

Лукашенко: Хабари бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо аз Швейтсария ба мо расид

0

Рӯзи чоршанбе Президенти Белорус Александ Лукашенко дар суҳбат бо намояндагони Парлумон ва мақомоти кишвар гуфт, ки паём дар бораи бомбгузорӣ шудани ҳавопаймои ширкати “Ryanair” аз Швейтсария расида буд.

Лукашенко гуфт, ки дар дохили ҳавопаймои “Ryanair”, ки фавран ба фурудгоҳи Минск нишаст, як террористе буд, ки дар хориҷа аз он хабар доштанд. Паём дар бораи бобмгузорӣ шудани ҳавопаймои “Ryanair” ҳамзамон ба фурудгоҳҳои Афина, Вилнюс ва Минск расидааст, қайд кард ӯ.

Лукашенко мегӯяд, ки Ғарб аз иштирок дар таҳқиқи ҳодиса бо нишасти изтирории ҳавопаймои “Ryanair” дар Минск даст кашид.

Ҳамчунин Лукашенко афзуд, ки ҷониби Беларус баъд аз гирифтани иттилоъ дар бораи бобмгузорӣ шудани ҳавопаймо вокуниш нишон дод.

Ба гуфтаи Лукашенко, системаҳои муҳофизатии “БелАЭС” ҳангоми ҳодиса бо ҳавопаймои “Ryanair” дар ҳолати омодабош қарор доштанд.

Лукашенко инчунин  амалкарди низомиёни Беларус дар ҳодисаи ҳавопаймо баҳои аъло дод.

Ӯ дар суҳбаташ афзуд, ки маълумоти иловагӣ, аз ҷумла дар бораи мухолифи боздоштшуда ба зудӣ ироа хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳо рӯзи якшанбе гузориш доданд, ки як ҳавопаймои ҷангандаи Миг-29 мутааллиқ ба Белорус як ҳавопаймои мусофирбари “Ryanair”-ро раҳгирӣ намуда ва онро водор ба фуруди изтирорӣ ба фурудгоҳи Минск карда аст.

Мақомоти низомии Белорус муддаи шуданд, ки ин ҳавопаймо машкук ба таҳдид ба бомгузорӣ буд ва ҷангандаи Миг-29-и Белорус онро маҷбур ба фуруди изтирорӣ карда.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо гузориш доданд, ки яке аз мусофирони ин ҳавопаймо аз мухолифони Ҳукумати Белорус ва гардонандаи яке аз каналҳои Телеграм ба номи “Nexta” буда ва далели фуруди ҳавопаймо низ ҳамин будааст.

Баъд аз ин ҳодиса кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расиданд, ки алаҳи Белорус маҷмуае аз таҳримҳоро ҷорӣ кунанд.

Яке аз ин таҳримҳо, мамнуияти истифодаи Белорус аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Иттиҳодияи Аврупо аст.

Муҳлати ҳабси пешакии Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми май муҳлати ҳабси Иззат Амонро ду моҳи дигар дароз кард. Гуфта мешавад, барои тамдиди муҳлати тафтиши парвандаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳҷирон дар Русия, муфаттиши ӯ ариза пешниҳод намудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо то имрӯз нисбати Иззат Амон ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд. Нафароне, ки ба мақомот шикоят бурдаанд иддаои доранд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст, аммо наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ин нафарон зери фишор нисбати ӯ баёнот медиҳанд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тамдиди муҳлати боздошти падарашро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф, нафароне, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло теъдодашон афзоиш ёфтааст.

Қаблан Муҳаммадюсуф Холов аз забони падараш раванди тафтишотро танқида карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.

Муҳлати боздошти Иззат Амон дар ҳоле тамдид мешавад, ки Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои ӯ ба расонаҳо гуфта буд, ки талош доранд парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.

Ҳамчунин вакили дифоъ гуфт, ки онҳо ҳоло талош доранд то ҳар шикоят ё зарари расидаеро, ки Иззат Амон бар дӯш мегирад, товони онро пардохт кунанд.

Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март дар Русия шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон парванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав барои озодии ӯ даст ба эътироз заданд ва дар назди сафорати Тоҷикистон талаби озодии Иззат Амонро карданд. Дере нагузашт, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирон боздошт шуданд, ки бо кумаки созмонҳои ҳуқуқӣ ва дахолати мухолифон озод карда шуданд.

Ҳамчунин дар баробари ин бо ибтикори КДАМ-и Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз донишҷӯён, омӯзгорон ва сокиноне, ки баъзеашон Иззатро умуман намешинохтанд дар назди дурбин ӯро ба қаллобӣ айбдор мекарданд.

Ҷамолиддин Нуралиев ва ҷойгоҳи ӯ дар назди Раҳмон

0

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва домоди дуввуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ аст. Вай шавҳари Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Ҳам аз ҳисоби онки дар ҳукумат мақому мартабаи баландеро соҳиб аст ва ҳам аз онки завҷааш амалан дасти рост ва нафари дуввуми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, дар назди хусур аз ҷойгоҳу маҳбубияти вижа бархурдор аст.

Ҷамолиддин ва хонумаш Озода чашму гӯши Эмомалӣ Раҳмонанд. Дуруст аст, ки домодҳои дигари Раҳмон-боҷаҳои Ҷамолиддин соҳибсарвату сумдорҳои калон-калони Тоҷикистонанд, аммо тафовути Ҷамолиддин аз боқии домодҳо ин аст, ки ҳам худаш ва ҳам завҷааш, чуноне гуфтем, ҳукуматианд ва дар ҳукумати Раҳмон мақомҳои калидиро дар даст доранд.

Аз сӯи дигар маҳбубият ва муҳтарамии хосаи Ҷамолиддин аз он ҷиҳат аст, ки бисёр ҳам “пулёб” аст. Дар ҷойи нишасташ лоиҳаву барномаҳоеро тартиб медиҳад, ки миллион-миллион даромад меоварад. Дар пулёбӣ касе аз домодҳояш мисли ӯ ихтироъкор нест, балки боқии домодҳо дар аксарияти тиҷоратҳояшон аз ӯ тақлид ва пайравӣ кардаанд.

Вақте ӯ 11 соли пеш барномаи пулакисозии роҳи Душанбе -Хуҷандро тавсия ва татбиқ кард, маълум буд, ки ӯ корҳое бузургтареро ҳам анҷом хоҳад дод ва барои ғаниву сарватманд гардонидани Хусур ва Оила аз ҳеҷ баду балое рӯ наметобад. Худи ҳамин IRS (Innovative Road Solutions)-як ширкати нестандарҷаҳони дурӯғинро ташкил кардану аз ҷайби мардум пулашро зада гирифтан чи қадар аз “ихтироъкор”-и ояндадор будани ӯ гувоҳӣ меиҳад.

Ба ҳар рӯй ин меҳру муҳаббати гарму ҷӯшон ба Ҷамолиддин аз он низ сарчашма мегирад, ки ӯ сарчашмаҳои даромадҳои ҳангуфту дар фикру хиёли ҳеҷ кас набударо кашфу ихтироъ карда ва бар хазинаҳои Эмомалӣ Раҳмон миллионҳо-миллионҳо доллар зам мекунад. Аз ин ҷост, ки Ҷамолиддин ҳам мудиру нозири молу пулу қарзи ҳукумат ва ҳам масъулу маъмури суратҳисобҳои оффшории худи Эмомалӣ Раҳмон ва духтарҳову домодҳои вай мебошад.

Ҳамин ду рӯзи пеш буд, ки яке аз бузургтарин барномаҳои Ҷамолиддин- ғасб ва тасарруфи комили бозори пули Тоҷикистон ба иҷро расид. Феълан бонкҳои “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк”, “Бонки байналмилалии Тоикистон”, “Тавҳидбонк” ва “Ориёнбонк”, ки аз они домодҳову духтарҳои Эмомалӣ Раҳмонанд, бозори пули кишварро ифода ва ташкил мекунанд. Ин Ҷамолиддин Нуралиев ва “ихтироот”-и беназири вай буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” комилан аз системаи бонкӣ ронда шуданд.

Муҳимтар аз ин, тамоми дороиҳо, пасандозҳо ва моликияти ин ду бонк, ки аз садҳо миллион доллар ҳам бештар аст ба молу сарвати Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев табдил мешаванд. Ҷамолиддин Тоҷиддин Пирзода ва Муродалӣ Алимардонро, қабл аз онки имзои нобудиашон гузорда шавад, ончунон ҷӯшиду ҷафид, ки феълан онҳо рамақи холианд. Такон хӯрдан наметавонанд. Ҷисмашон ҷон надорад. Пардаалии бародари Муродалӣ Алимардон бар ивази чандин миллион (90) сомонӣ аз маҳбас раҳо шуд. Вале ин таҳдид болои Алимардон ва Пирзода ҳамчунон боқист.

Амалан ин як навъи дигари ғасби рейдерӣ аст. Айни ҳамон коре аст, ки Шамсулло Соҳибов бо Раҷабалӣ Одинаев, раиси “Умед-88” анҷом дод. Тамоми автозаправкаҳои Умед-88-ро “Фароз” ғасб кард. Акнун, интизор меравад, ки биноҳову сохтумонҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар саросари кишвар ба ихтиёри “Спитаменбонк”, “Коммерсбонк” ва дигар бонкҳои домодҳои Эмомалӣ Раҳмон бигзаранд.

Бидуни шак, ҳамчунин домоди “ихтироъкор”, ки қадамаш пулрез аст, дархури завқу салиқа ва нафси бетаги Раҳмон аст. Раҳмоне, ки ҳанӯз дар замони колхоз дасташ ба қалбу ҷаъл ва нафсаш ба сирқату тороҷ хӯ карда буд. Ҳоло ки вай раиси давлат аст чиро домоду духтарҳои ӯ дар ҳасрати пулу мол бошанду кадом Муродалӣ Алимардону Тоҷиддин Пирзода, ки хеши хараш намешаванд, бозори пулу халтаи долларро дар даст дошта бошанд.

Аз ин ҷиҳат ӯ тамоми “ихтирооти”-и Ҷамолиддинро истиқбол мекунад ва ба домодҳои дигараш ҳам тавсия медиҳад, ки “пока” вақт ҳаст, тамбалӣ накунанд. Барои ҳамин барномаҳои ҷолиб буд, ки Раҳмон ба Ҷамолидин Нуралиев орден дод. Аммо инро ҳам бигӯем, ки Ҷамолиддин тавассути хонумаш Озодаи Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент дар сиёсати кадрӣ, махсусан таъйини кадрҳо дар умури бонку молия ва иқтисод нақши асосӣ дорад.

Ба баёни дигар фаъолияти блоки молиявию иқтисодӣ ва бонкии Тоҷикистон ва робита бо намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ, созмонҳои молиявии байналмилалии фаъол дар Тоҷикистон таҳти пӯшиш ва контроли ӯ қарор дорад ва тамоми тасмимоте, ки дар ин арсаҳо ва бо ин муассисаҳо гирифта мешавад, дар ибтидо аз муоина ва ташхиси ӯ мегузарад ва вай хулоса медиҳад. Амалан ӯ кореро, ки бояд Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон анҷом диҳад, иҷро мекунад.

Вале аз тарафи дигар гоҳо ба назар мерасад, ки байни домоҳои Раҳмон як навъ мусобиқа ҷараён дорад. Ин мусобиқаҳо барои кандани пул аз бюҷети давлатӣ ва ё аз ҷайби мардум ба амал бароварда мешавад. Шамсулло Соҳибов аз ҳисоби чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар даромади соф ба даст овард. Маълум, ки ин китоб аз маблағи бюҷети мамлакат чоп шуд.

Айни замон Ҷамолиддин боз як “бизнес”-и дигар “ихтироъ” кард. Ин бизнес соли ҷорӣ аз тарафи Ҷамолиддин кашфу ихтироъ ва тавассути Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ин бонк дастур содир кард, ки васоили нақлия дар Тоҷикистон тавассути ширкати марбут ба Ҷамолиддин Нуралиев  “страховка”-бимаи ҳатмӣ бишаванд.

Бо ин ихтироъ, бархе аз коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки Ҷамолиддин Нуралиев солона 100 миллион сомонӣ – муодили наздик ба 9 миллион доллар даромади муфт ба даст меоварад. Зеро ҳар ронанда муаззаф аст, ки бо пардохти 120 сомонӣ мошини худро суғурта кунад. Кормандони БДА дастур гирифтаанд, ки дар баробари тафтишу назорати асноди ронанда ва мошин ҳатман ҳуҷҷати “страховка”-и ӯро тафтиш кунанд. Агар чунин ҳуҷҷатро надошта бошанд, ҷарима шаванд.

Ҳамакнун “Спитамен Суғурта” -и Ҷамолиддин Нуралиев мошинҳои мардумро суғуртаи ҳатмӣ мекунад ва идораи Тоҷиксуғурта-муассисаи давлатӣ, ки “Тоҷиксармоягузор” номгузорӣ шудааст аз як бахши асосии даромади худ, ки даромади буҷҷаи давлат ҳам ҳаст, маҳрум мешавад ва ин даромад дигар ба даромадҳои хонаводаи Раҳмон зам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳисобҳои нашршуда дар Тоҷикистон 1.5 миллион мошин дар ҳоли ҳаракат аст. Ва, нуктаи асосӣ ин аст, ки кормандони ГАИ вазифадор шудаанд, ки аз ронандаҳо маҳз санади ширкати “Спитаменсуғурта”-ро суроғ кунанд. Маблағи 120-ро ба 1.5 млн мошин зарб занед ва  бубинед, ки чи тавр аз ҷойи нишаст ин домоди Раҳмон “бизнес” мекунад.

Воқеият ин аст, ки тамоми даромадҳои Раҳмону домодҳояш аз ҳамин роҳ аст. Ба баҳонаи хусусисозӣ даромадҳои ниҳодҳои давлатиро муфту ройгон соҳиб мешаванду боз худро ҳамчун соҳибкору хайркунанда муаррифӣ мекунанд. Худи ҳамин ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки тӯли беш аз даҳ соли кор аз 1 миллиард доллар ҳам даромади зиёд ба даст овардааст, аз “ихтироот”-и бисёр ҳам судовар ва муфид барои Раҳмон аст, ки мисли он дар тамоми рӯи замин вуҷуд надорад.

Роҳи мазкур тавассути 290 млн.доллар қарзи давлати Чин ва 40 млн.доллари қарзи Эрон, ки барои эҳдоси нақб дар гарданаи Анзоб дода буд, навсозӣ ва бунёд шудааст. Аммо ин ширкат аз тамоми имтиёзоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ бархурдор аст ва дираме ҳам андоз пардохт намекунад ва тамоми даромадҳояш ба худаш тааллуқ мегирад.

Бар хилофи даъвиҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки мегӯяд пулакӣ шудани роҳ бар манфиати мардуми тоҷик будааст, Бонки Осиёии Рушд, ки аз ёрирасонҳои умдаи Тоҷикистон мебошад, дар пажӯҳише фоида ва зарари ба ихтиёри ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) супурда шудани яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистонро баррасӣ карда ва бар ин натиҷа расидааст, ки он боиси 19 дарсад кам шудани гардиши мол дар Тоҷикистон шудааст. Чунки хароҷоти кашонидани мол гарон мешавад.

Дар санаде, ки аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқии Ҷазираҳои Вирҷиния дастраси Радиои Озодӣ шуд, маълум гашт, IRS рӯзи 30-юми сентябри соли 2008 таҳти рақами 1505181 сабти ном шудааст. Ҳадди аксари шумораи саҳмияҳои ин ширкат 50 ҳазор дона аст ва IRS – Инновейтив Роуд Солюшнз бо миёнравии агент – Алеман Кордеро Галиндо сабти ном шудааст. Аммо дар ин санад номи молики тоҷикистонии ширкати офшорӣ зикр намешавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ ва вакили вақти Маҷлиси намояндагон дар яке аз сӯҳбатҳои расонаияш ёдоварӣ буд, ки вақти тасвиби созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва IRS (Innovative Road Solutions) аснод аз даруни лифофа берун нашуданд. Ҳатто вакилони Маҷлиси намояндагон намедонанд, ки аз ҷониби IRS (Innovative Road Solutions) ба ин санад кӣ имзо гузоштааст ва ному насаби ӯ чист? Имзои тарафи Тоҷикистонро, ки ногуфта пайдост Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон мегузорад.

Ба баёни ҳуқуқшиносҳо ин амал “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” ва “суиистифода аз мақоми давлатӣ”, “қаллобӣ” тафсир шавад, аммо мардум онро хокзанӣ ва роҳзаниву ғоратгарӣ меноманд. Ана, барои чӣ Раҳмон намехоҳад, ки ҳокимиятро аз даст бидиҳад? Чун ҳар рӯзе, ки дар қудрат ҳаст дуздии бештар ва ҳамин тариқ даромади муфти калонтар ба даст меоварад. Даромадҳои ҳангуфт аз ин роҳ буд, ки Ҷамолиддин Нуралиев тавонист бонкеро бо номи Спитаменбонк ташкил диҳад.

Дар соли гузашта ҳам Ҷамолиддин Нуралиев боз як “ихтироъ”-и дигар кард, ташкили маркази протссесингӣ – назорати воридоту содироти маблағ ба  кишвар. Ин боз як манбаи даромади муфте буд, ки аз ҳисоби мардум ташкил шуд. Ҳамин тариқ содироту воридоти пул таҳти контроли комили Ҷамолиддин даромад. Вай бо ин васила дар “доля”-и маблағҳои ба кишвар ворид ва содир-шаванда худро “қӯш” кард. Кореро, ки қаблан ҳар бонки дохилӣ бо ширкатҳи интиқолдиҳандаи пул анҷом медоданд ба салоҳияти Бонки миллӣ, яъне худ гирифт ва аз ин “ихтироъ” солона на камтар аз 25.000.000 млн. доллар фоида ба даст меоварад.

Зимнан, ин “ихтироот”, ки ҳамроҳ бо фанновариҳои ҷадид сурат мегирад, ҳанӯз ки Ҷамолиддин Нуралиев муовини вазири молия буд, шурӯъ шуда буд. Он солҳо Ҷамолиддин аз тамоми маблағҳое, ки аз Вазорати молия берун мешавад, аз маош гирифта то сармоягузорӣ 4% дар садашро нақд мегирифт.

Муҳосибони вазорату кумита ва ҳатто Дастгоҳи иҷроия ва Маҷлиси Олӣ низ истисно набуданд. Ин %-ро медоданд. Зеро ҳама медонистанд, ки Ҷамолиддин домоди Раҳмон аст ва намешавад ҷое рафту шиква кард, ки барои мисол аз 4 миллион маблағи ҷудошуда чордарсади онро ба Ҷамолиддин пора доданд.

Ҳоло бошад доляи ӯ дар Бонки миллӣ то 10% афзудааст. Як сабаби боздошт ва зиндонӣ шудани Ҷамшед Зиёев, раиси пешини “Тоҷпромбонк” ин будааст, ки вақте ҳукумат барои ба истилоҳ ёрдам ба вай 400 миллион сомонӣ кӯмак пешниҳод мекунад, Зиёев аз додани 10% “доля” ба Ҷамолиддин сарпечӣ мекунад. Ва, ҳамин сарпечӣ боис мешавад, ки ҳам бонкаш муфлис эълон бишавад ва ҳам худаш зиндонӣ.

Аммо ин тавр нест, ки Ҷамолиддин мушкил надошта бошад. Вай дар масъалаи пулу мол, мошин, суратҳисобҳои оффшорӣ мушкил надорад. Аммо мушкили ӯ аз ноҳияи завҷааш – Озода аст. Сару садоҳо баъди пайдо шудани сару каллаи Шаҳбоз Раҷабзода дар як ҷаласаи ҳукуматӣ бо иштироки худи Раҳмон барои Ҷамолиддин хеле нороҳаткунанда аст.

Аммо вақте меравад ба назди хусур ва дарди дилу арзи муддао мекунад, хусур ба сарнавишти Ёрмаҳмад Гулов ва Зубайдуллои писари вай- шавҳари аввалаи Таҳмина ишора мекунад. Ёрмаҳмад Гулов вазири саноати сабук ва яке аз сарватмандони ҷумҳурӣ баъди онки писараш Таҳмина-духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмонро дар сари алоқаи ҷинсӣ бо ронандааш Наврӯз қапида талоқ медиҳад ва зориву таваллои Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат намегирад аз вазифаҳо дур ва молу дороиҳояш бо ҳар васила мусодира мешавад.

“Раҳмон мегӯяд, Ҷамолиддин – бачам ба ин гапҳо дода нашав. Зиндагониат нағз аст. Камбудиҳо мешаванд, вале мегузаранд. Ҳаётатро насӯзон. Зиндагӣ карда гардед”. Феълан Ҷамолиддин Нуралиев зиндагӣ карда истодааст. Аммо то куҷо аъсоби ӯ давом меорад, доғон намешавадро вақт муайян мекунад.

Қабл аз барҳам задани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” қароре, ки аз тарафи Бонки миллӣ эълон шуд, ин буд, ки ба ҳеҷ як суратҳисобе, илло ба суратҳисоби давлатӣ барои кумак ба зарардидаҳои Исфара набояд пул гузаронд. Ин ба он маъно аст, ки феълан асабҳои Ҷамолиддин танҳо аз пайи “ихтироот”-и нав, яъне аз ҷои нишаст бизнеси миллиондолларӣ пайдо кардан аст…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 25.05.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

–  Раҳмон барои бозгардонидани мутахассисони точик аз хорич таъкид кард

– Дар донишгоххои Точикистон кабули донишчуён зиёд карда мешавад

– Ширкати “ТехСтрой” аз бурдани муҳоҷирони тоҷик ба Русия даст кашид

– “Разборакаи” хонаводаи раисҷумуҳур Раҳмон бар сари “шираи камол”

– Чаро Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст?