11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 593

Фаромуз Иргашов: қонун дар ҶТ барои як шахс модар ва барои шахси дигар модари угай аст

0

Фаромуз Иргашов бо нашри муроҷиати видеоии навбатияш эълом дошт, ки дар давоми чаҳор рӯз аллакай 21 ҳазор имзои иловагиро ҷамъоварӣ кардааст ва умед дорад то рӯзи муайянгардида имзоҳои лозимаро пурра ҷамъоварӣ мекунад.

Фаромуз, ҷавони ҳуқуқшиноси 30-сола ва номзади худпешбар ба интихоботи президентии 11 октябр, дар муроҷиати видеоии навбатияш, ки дар Ютуб бо номи “Ҷавоби Фаромуз ба намояндагони ҳукумати ВМКБ” нашр шуд, мегӯяд, дар таърихи 7 сентябр аз ҷониби мақомоти ВМКБ матлабе нашр шуд, ки муааллифони он яке Ғолиб Ниятбеков ва дигарӣ Насим Саидраҳмонов мебошанд, ки дар он тартиби гузарондани интихобот, тартиби пешбарӣ намудани шаҳрванд ба мақоми президент, тартиби ҷамъоварии имзоҳо ва инчунин насиҳатҳои ҳуқуқие ба худи Фаромуз низ ироа шудааст. Ин ҷавони худпешбар амали мақомоти ВМКБ-ро аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо дода, мегӯяд, ки ин ду корманди мақомот аз салоҳияти худ по фаротар гузоштаанд ва тибқи қонун ҳақи фаҳмондадиҳӣ надоранд. Аз ин рӯ, аз болои онҳо ба додгоҳ имрӯз 11 сентябр шикоят хоҳад бурд.

Ӯ мегӯяд, вақте Иброҳимҷон Юсуфбеков як шаҳрванд аз вилояти Суғд аз пешбарии номзадии худ ба мақоми президентӣ хабар дод, “касе аз мақомот аз ӯ эроде нагирифт, аммо вақте ман мисли ӯ номзадиямро пешбарӣ намудам, тамоми мақомот ба кори ман дахолат намуда, монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд”. Ӯ мегӯяд, қонун барои ҳама як аст.

Ба гуфтаи Иргашов, ин амалкарди “насиҳатгарон” далели бемасъулиятӣ, хунукназарӣ ва беқонуниятии мақомоти ВМКБ дар қиболи як маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Ӯ аз фишори мақомот нигаронӣ намуда, афзуд, ки шаҳрванд Юсуфбеков мисли ӯ низ худпешбар аст, чаро ба кори ӯ дахолате сурат намегирад, вале инро намегузоранд, ки раванди имзоҷамкуниро ба анҷом расонад? “Талаботи қонун бояд барои ҳама як бошад, қонун барои як шаҳрванд модар аст ва барои як шаҳрванди дигар модари угай”, – мегӯяд ин ҷавони номзади худпешбар.

Дар суҳбати видеоияш Иргашов умедворӣ кардааст, ки то ба охир расидани мӯҳлати ҷамъ намудани имзоҳо метавонад, он миқдор имзоҳоеро, ки қонунгузорӣ талаб мекунад, ҷамъоварӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонугузории интихоботӣ дар Тоҷикистон бояд як номзаде, ки мехоҳад дар интихоботи президентӣ ширкат варзад, ҳадди ақал 250 ҳазор имзои шаҳрвандонро ҷамъоварӣ намояд, тономзадияш ба қайд гирифта шавад.
Қарор аст 11 октябри соли равон интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад, то ҳоло аз 7 ҳизби амалкунанда дар кишвар 6 ҳизб номзади раисони худро ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ пешбарӣ кардаанд. Танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки Раҳматилло Зоиров роҳбарияш мекунад, интихоботро таҳрим кардааст. Ин ҳизб баргузории интихоботро ғайриқонунӣ хонда, иштирок дар онро низ қонуншиканӣ гуфтааст.

Муроҷиати видеоияшро ба шакли пурра инҷо тамошо кунед.

Саймумин Ятимов ба Кобул сафар кард

0
Акс аз саҳифаи twitter-и “Samira Mayel”

Бино ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати дифои Афғонистон, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ 10 сентябри соли ҷорӣ вориди Кобул шудааст.

Ятимовро Асадуллоҳ Холид, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи миллии Афғонистон дар Кобул истиқбол намудааст. Гуфта мешавад, Ятимов дар шаҳри Кобули Афғонистон бо Асадуллоҳ Холид, мулоқот карда, ҷонибҳо ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва масъалаи сулҳро баррасӣ карданд.

Аммо то ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти ин сафар дар сомонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст. Сафари раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Афғонистон пешопеши интихоботи президентии Тоҷикистон ва оғози сулҳи Толибон бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ чӣ паёме метавонад дошта бошад?

Як модар 4 фарзандашро буғӣ карда кушт

0

Рӯзи 9 сентябр як сокини ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо гумони қатли чаҳор фарзандонаш боздошт гардидааст. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, зан 30 сол дорад, ҳоло дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Як манбаи Радиои Озодӣ, гуфтааст, он зан Назокатхон Тоирова ном дошта, ду рӯз пеш аз ҳодиса дар хонаи бародараш қарор доштааст.

Гуфта мешавад, шаҳвари зан дар як сохтмон кор мекардааст, замони ҳодиса дар хона қарор надоштааст.

“Баъди куштани чаҳор фарзандаш зан худро ба полис таслим кардааст. Фарзандонаш 10, 8, 4 ва 1-сола будаанд, ки онҳоро бо бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст”,- гуфтааст манбаи Озодӣ.

То ҳол маълум нест, ки ба чӣ сабабе модар фазандони худро куштааст. Тафтишот идома доша, додситони вилояти Хатлон сабабҳояшро муайян мекунад, баъдан ҷузъиёташ ошкор мешавад.

Ин бори аввал нест, ки модарон фарзандони худро ба ҳалокат мерасонанд,   моҳи августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт як зани 30-сола худ ва се кӯдакашро ба дарё партофта, худкушӣ кард, ки кӯдаконаш 9, 6, ва 3-сола буданд.

Ҳамчунин соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расида буданд. Чанде пеш дар ноҳияи Вахш як модари ҷавон ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда буд, ки се кӯдакаш ба ҳалокат расида буданд.

Ҷомеашиносон сабаби ба чунин амал даст задани модаронро вобаста ба вазъи хонаводагӣ ва шароити пасти зиндагӣ унвон мекунанд, равоншиносон бошанд, омилҳои онро ба бармаҳал ба шавҳар баромадани занҳо ва муноқишаҳои хонаводагӣ медонанд.

Диншиносон ва доираҳои рӯҳоният сабаби аслии ин қазияро вобаста ба бемории рӯҳии модарон медонанд, ки аз сабаби ҳамроҳ гардидани ҷин ба инсон онҳо ба чунин амалҳо даст мезананд. Ба назари олимони дин ин омил метавонад ба воқеи ҳоли онҳо наздиктар бошад, зеро чанд нафареро, ки баъди анҷоми ҳодисаи қасди худкушӣ ва ё қасд ба ҷони нафари дигар бозпурсӣ кардаанд, онҳо аз он амал изҳори бехабарӣ мекунанд.

Бандари Бейрут пас аз инфиҷор ин бор оташ гирифт

0
Акс аз навори ҳодиса

Бино ба хабаргузориҳои лубнонӣ ва хориҷӣ дар бандари Бейрут, ки чанд ҳафта қабл таркиши маргбори шадиде рух дода, ҳамаро хароб намуда буд, баъди нисфирӯзии 10 сентябр боз як оташсӯзии азиме ба вуқуъ пайваст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар анборе дар даромадгоҳи бандар, ки дар он чархҳо ва равғани муҳаррики мошинҳо ва баъзе партовҳо нигаҳдорӣ мешуданд, рух дод. Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест, аммо зоҳиран рӯзи сешанбе дар ин ҷо баъзе партовҳо низ қисман сӯхтанд. То ҳол дар бораи талафот ва хисорот гузориш дода нашудааст.

Масъули бахши Салиби Сурхи Лубнон Ҷорҷ Каттонӣ ба шабакаи Алҷазира гуфтааст, ки оташсӯзии дирӯзаи Бандар хавфи ба вуҷуд омадани таркиши навбатиеро дар пеш надорад ва талафоти ҷонӣ низ надорад, аммо оиди осебдидагон ба ҷуз чанд ҳолати тангнафасӣ аз дуди ғализ дигар то ҳанӯз ҳолатҳое сабт нашудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз наворҳое, ки нашр шудаанд, дуди бисёр бузурге дар осмони Бейрут дида мешавад ва мошинҳои оташнишонӣ гирди онро иҳота намудаанду талоши хомӯш намудани онро доранд.

Ин оташсӯзии Бандари Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овардааст, баъзеҳо навиштаанд, ки оташ аланга гирифта буд, вале аз оташнишонҳо хабаре набуд. Корбарон аз лаҳзаҳои аввали оташсӯзӣ ҳукумати Лубнонро ба бемасъулиятӣ муттаҳам мекунанд.

Раиси Бандар бо номи Ал-Қайсӣ ба хабаргузории (LBC) гуфт, оташ дар анборе ба вуқуъ пайваст, ки дар он бочкаҳои равғани мошинҳо нигаҳдорӣ мешуд ва он тобеъи як ширкати воридкунандаи ин навъи равғанҳо буд. Аммо дар хусуси сабаби оташ гуфт, сӯхтор дар натиҷаи гармӣ ва ё хатогие дар бочкаҳо сар задааст, вале ҳоло дар бораи сабаби асосии он сухан гуфтан барвақт аст.

Моҳи гузашта дар ин бандар таркиши бисёр сахте рух дод, ки тақрибан ҷони 200 нафарро рабуд ва ҳазорҳо тани дигар захмӣ шуданд. Гуфта мешуд, ки хонаи даҳҳо ҳазор сокини Бейрут бар асари таркиши сахт, баъзе қисман ва баъзе пурра харобу валангор шуд. Бино ба гузоришҳо маводе, ки дар ин бандар таркид, 2750 тонна селитраи аммиак будааст ва он 6 сол пеш аз як киштии тоҷири рус, ки расонаҳо аз ӯ Игор Гречушкин ёд карданд, мусодира шуда ва дар ин анбор нигаҳдорӣ мешудаанд. Ин тоҷир мехоста ин маводро ба давлати Кипр бибарад.

Шикояти сокинони вилояти Суғд аз норасоии дастгоҳҳоии нафасдиҳӣ дар бемористонҳо

0

Сокинон аз Шаҳри Хуҷанд аз норасоии дастгоҳи нафасдиҳӣ дар беморхонаи сироятии шаҳр хабар медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъи “Azda.tv” чанд рӯзе пеш як нафар, ки дар Tcell кор мекардааст аз норасоии дастгоҳи нафасдиҳӣ дар ин беморхона даргузаштааст. Ному насаби ин шахсро мо дар даст дорем, аммо ба хотири озор наёфтани пайвандони марҳум мо аз эълони он худдорӣ мекунем.

Ин манбаъ мегӯяд, то дастгоҳи нафасдиҳиро аз Конибодом оварданд, аллакай дер шуда буд. Ҳамзамон дар беморохонаи вилоятӣ низ аҳвол ҳамин гуна будааст. Ба гуфтаи манбаъ, чанде аз дӯстонаш дар азобанд, чунки пайвандонашон дар беморхона бистариянд ва онҳо ҳоло дар ҷусутҷӯи дастгоҳи нафасдиҳӣ ҳастанд.

Пештар сомонаи “Ахбор” хабар дода буд, ки сардухтури бемористони марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзи 4 сентябр дар як ҷаласаи ҳукуматии ин ноҳия аз набуди дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар беморхонаи ноҳиявӣ бонги изтироб зада, гуфта буд, ки агар то як рӯзи дигар ба таври оҷил дастгоҳҳои нафасдиҳӣ пайдо накунем, 10 беморро аз даст хоҳем дод.

Наимҷон Бобоев, узви Ситоди мубориза бо коронавирус дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба ин хабари “Ахбор” расман посух навишт ва дар посухаш гуфта мешуд, ки бемористони Спитамен бо дастгоҳҳои нафасдиҳӣ таъмин мебошад. Аммо манбаи “Azda.tv” мегӯяд, вазъ дар ҳақиқат вазнин аст ва даъвои Наимҷон Бобоев дӯруст нест.

Ҳамазмон як корбари фейсбук, Иброҳим Юсуфӣ дар чанде аз гурӯҳҳо навишт, ки тайи ду ҳафтаи охир аз беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо тартиби муқарраршуда аз 60 то 70 ҷасад берун оварда шудааст, ки ҳамагӣ аз пневмания ё COVID-19 фавтиданд. Мошинҳое, ки ҷасадҳоро берун оварданд, пулис онҳоро ҳамроҳӣ мекардааст. Аксари ҷасадҳо дар қабристони “Гумбази кошук” ва “Болтухон” дафн карда мешаванд. Ба навиштаи ин корбар мақомот хомӯширо ихтиёр кардааст ва вонамуд мекунанд, ки ҳама чиз хуб аст.

Дар Тоҷикистон аз аввали паҳншавии вируси корона мақомоти расмӣ оиди омори дақиқи гирифторон ва фавтидагони ин беморӣ маълумоти дурустро ба сокинон пешкаш намекарданд. Ва ҳоло санҷидани ҳамагуна хабар вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон душвор мебошад, чун мақомоти амниятӣ онро зери назороти худ доранд.

Пештар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо роҳандозии як сомонаи махсус барои ҷамъоварии омори дурусти COVID-19 дар Тоҷикистон, номи зиёда аз 400 нафар фавтидагони ин бемориро рӯйхат намуда буданд, аммо дертар мақомот бо баҳонаи пешгирӣ аз оморҳои дурӯғ дар мавриди омори каронавирус, қонунеро қабул намуда, ин сомонаро масдуд кард.

Барои мубориза бо COVID-19 ва оқибатҳои он даҳҳо кишвару созмонҳо то кунун бештар аз 300 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак намудаанд, аммо дар бораи сарфи ин кумакҳо мақомот маълумоте барои шаҳрвандон ироа намекунад ва маълум ҳам нест, ки ин кумакҳо дар кӯҷо сарф мешаванд. Дар ҳамин ҳол на як бору ду бор шикояти сокинон аз норасоии лавозимоти тиббӣ ва либосҳои муҳофизатии табибон расонаӣ шудааст. Бино ба гуфтаи коршиносони соҳа бо фарорасии фасли тирамоҳ дар ҷаҳон мавҷи дуюми вируси COVID-19 паҳн шуд, дар баробари ин хабарҳои маргумири сокинон дар Тоҷикистон ҳоло бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.

Байни Тоҷикистону Узбекистон нишастҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ сурат мегирад

0
Акс аз: UzDaily.uz

Рӯзҳои 28-29 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора “Asia-Plus” бо такя ба манбааш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Раисии ин ҷаласаро сарвазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Узбекистон Абдулло Орипов бар уҳда хоҳанд дошт.

Ҳарду тараф масъалаҳои боз намудани марз ва барқарор намудани парвозҳо байни ду кишвари ҳамсояро, ки баъд аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар нимаи моҳи март баста шуда буд, баррасӣ мекунанд.

Дар ин ҷаласа дар хусуси густариши савдои дуҷониба, лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия ва муносибати байни минтақаҳо гуфта мешавад.

Ба навиштаи ин сомона, дар ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нархи онҳо дар соли оянда низ мувофиқа мешаванд.

Тибқи иттиллои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Узбекистон 2,3 баробар аз маблағи содироти нерӯи барқ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 358 млн. кВт. соат нерӯи барқ ба баҳои 7,2 миллион доллари ИМА содир шудааст. Аммо дар ҳамин давраи сол воридоти гази табиӣ аз Узбекистон дар ҳаҷми  144 млн. метри мукааб ва ба маблағи  17 миллион доллар сурат гирифтааст.

Пештар хабар дар бораи ташрифи сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ расонаӣ шуда буд. Ин аввалин ташрифи сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон дар даврони пандемияи коронавирус мебошад. Баъд аз марги Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев байни ин ду ҳамсоякишвар сарҳадҳо боз ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъат бахшида шуд.

Дар гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон кӣ гунаҳкор аст? Кормандони сафорат ё минаравҳо?

0

Муҳоҷирони  тоҷик аз сабаби гаронии билети парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргашта наметавонанд. Муҳоҷирон  гуфтаанд, ҳарчанд аз шахсони, ба қавли онҳо, “миёнарав” бо нархи қимат билет хариданд, ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд ва ду ҳафта боз дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дармондаанд. Вале масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вуҷуди миёнаравҳоро рад мекунанд.

Аз  15-уми август то 15-уми сентябр сад парвози чартерӣ  байни Тоҷикистон  ва Руссия барои баргардонидани шаҳрвандон  роҳандозӣ шудаааст. Масъулони ширкати “Сомон Эйр”  рӯзи  25-уми август гуфта буданд, ки арзиши билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон 300 евро, муодили тақрибан 27 ҳазор рубли русӣ баробар аст, нисбат ба нархҳои қаблӣ  сад евро арзон аст.

Яке аз мусофирон, ки худро Маҳдӣ муаррифӣ кард, рӯзи 8-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Дар инҷо миёнаравҳо аз хазина билетҳоро бо нархи маъмулӣ мехаранд ва ба мо дар ивази 60-70 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд. Ин беинсофӣ аст охир. Мо пули кофӣ надорем.”

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон  дар ин кор намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ва сафорат даст доранд.

Ҳамчунин намояндаи ширкати “Сомон Эйр” бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар фурудгоҳи “Домодедово” танҳо як хазина ба мусофирон билет мефурӯшад. “Вақте шаҳрванд ба кишвар баргаштанист, намояндаҳои сафорат номашро дар рӯйхат ворид мекунанд. Рӯзи расидани навбаташ огоҳ месозанд, ки омада билетро гирад”.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирону мусофирони дармонда дар Руися аз боло будани нахи билетҳо шикоят мекунанд, чанде пеш як гурӯҳ низ аз қиммат будани нархи билетҳо шикоят карда буданд.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

0
Акс аз: mfa.gov.kg

Имрӯз дар Маскав зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо президенти Русия Владимир Путин, вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков бо ҳам мулоқо намуданд. Вазирони хориҷаи ду кишвари ҳамсоя таъкид бар ташкили мулоқот дар ояндаи наздик бораи аломатгузории марзи муштаракро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Sputnik” вазирони ду кишвар инчунин масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштараки давлатиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин вохурӣ ҷонибҳо қайд карданд, ки бинобар паҳн шудани коронавирус, маҷбур шуданд музокироти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба таъхир андозанд. Масъулони баландпояи ин ду кишвар ҳарчи зудтар ташкил кардани музокирот дар масъалаҳои марзиро аҳаммиятнок хонда, инчунин масъалаҳои муҳим ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст. Танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуктаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.

Вашингтон Маскавро дар қазияи Навалний айбдор кард, Маскав рад мекунад

0
Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико

Майк Помпео вазири корҳои хориҷаи Амрико дирӯз чоршанбе 9 сентябр дар мусоҳибаи худ гуфт, мақомоти баландпояи Русия дар тарҳрезӣ ва ташкили амалиёти заҳролудкунии Алексей Навалний даст доранд. Дар ин бора хабаргузории “russian.rt” хабар медиҳад.

Ба назари коршиносон аз эҳтимол дур нест, ки ин даъвои Помпео, ки бори аввал бепарда ва мустақиман Кремлро дар қазияи заҳролудкунии мухолифи сарсахти ҳукумати Русия айбдор меҳисобад, фишорҳои байналмилалиро алайҳи Маскав азфоиш медиҳад.

Майк Помпео гуфт: “Гумон дорам, ки мардум дар тамоми дунё ҳақиқати ин фаъолияти сиёсиро дидаанд, ва вақте мебинанд, ки мухолифи ҳукумат заҳролуд мешавад, дарк хоҳанд кард, ки дар паси чунин амалҳо ба эҳтимоли зиёд масъулони баландпояи рус меистанд. Фикр мекунам, ин масъала барои мардуми рус чандон хуб нест”.

Вазири корҳои хориҷаи ИМА афзуда, ки Амрико ва давлатҳои аврупоӣ умедваранд, ки мақомоти Русия ҳарчи зудтар омилони асосии қазия заҳролудкунии Навалнийро муайян ва ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. Вай афзуд, ки мо барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо ҳама корҳоро кардаем ва қайд кард, ки амрикоиҳо барои муайян кардани гунаҳгорони асосӣ кор хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп ҳафтаи гузашта гуфт, ки то ҳол далели қенеъкунандаи заҳролудшавии Алексей Навалнийро мушоҳида накардааст.

Қаблан ҳукумати Олмон бо истинод ба натиҷаҳои ташхисҳои муфассали тиббӣ тасдиқ карда буд, ки Алексей Навалний бо як моддаи заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Пас аз эълони мақомоти Олмон ҳама дар ин қазия ангушти иттиҳом сӯйи мақомоти Маскав дароз кардаанд. Аммо Маскав тамоми фарзияҳо дар бораи даст доштани мақомоти рус дар ин ҳодисаро рад карда, ин ҳама кушишҳои айбдоркуниро беасос хонд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои олмонӣ аз шифо ёфтану ба худ омадани Навалний менависанд. Рӯзномаи “Der Spiegel”- олмонӣ бо такя ба манобеаш менависад, ки мухолифи рус Алексей Навалний пурра ба худ омадааст ва аз ҳодисаи ба сараш омада дар дохили ҳавопаймо нақл кардааст.

Бино ба навиштаи рӯзномаи мазкур сиҳатии Навалний барқарор шудаистодааст ва ҳодисаи аз сараш гузаштаро пурра ба хотир меоварад. Дар хабар омада, ки баъд аз ба ҳуш омадани Навалний пулиси Олмон барои ҳимояи ин мухолиф нерӯҳои амниятиро тақвият додааст.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 09.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Боздошти корманди андоз бо иттиҳоми гирифтани пора.

Чаро дар Тоҷикистон  нархи орд поён намеравад?.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедово дастгир шуд.