25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 597

Зодрӯзи Иззат Амон ва ҳайрати мақомот пас аз боздошташ

0

Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷик, ки аз моҳи март ба ин сӯ дар боздоштгоҳ дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 20 апрел зодрӯзашро пушти панҷара паси сар кард. Бар зидди Иззат Амон дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Аммо мақомот намедонанд пас аз оварданаш бо ӯ чи кор кунанд. Дар ин бора сомонаи “Бомдод” аз қавли манобеаш хабар мадиҳад. “Овардани Иззат Амон як навъ идомаи мусобиқа байни гурӯҳҳои рақиб дар роҳбарии ВКД буд аст”.

Маонбеъи Бомдод: “Шоҳрух Саидзода як сол пеш Хӯҷа-командирро аз Дубай овард, ҳоло гуруҳи Шодӣ Ҳафиззода Иззат Амонро овард. Ҳадафи ин мусобиқаҳо, албатта, як чиз аст, ки оё кӣ баъди Рамазон Раҳимзода, ки инак 10 сол боз вазири дохила аст, ба курсии вазирӣ мешинад?  Худи Шоҳрух ё ягон одами ӯ, ва ё Шодӣ Ҳафиззода, домоди бародари вазири кунунӣ ба ҷои хусураш вазир мешаваду бо ҳамин статус-квои феълӣ дар ин вазоратро ҳифз мекунад? Вале тавре ба назар мерасад, овардани Иззат он натиҷаеро, ки интизор доштанд, дода натавонист. Раҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ харҷи ин қадар нерӯву вақт ва шояд ҳатто пул барои овардани Иззатро ҳамчун “пул додану дарди сар харидан” ва як кори аз лиҳози сиёсӣ нобавақту нолозим маънидод кардааст. Дар ҳар сурат, ин кор ба “боло” зиёд хуш наомада. Эътирозҳои муҳоҷирон аз ин амал ба оташи норозигии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон аз ин амали худсаронаи ВКД боз ҳам равғани бештар рехт.”

Ба гуфтаи  ҳамсуҳбати “Бомдод”, агар эътирозҳои муҳоҷирон дар Маскав идома мекард, мақомоти Душанбе маҷбур мешуданд Иззат Амонро раҳо кунанд ва ҳатто ба Маскав пас фиристанд.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия аст, ки аз соли 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва солҳост аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунад. Ӯро дар охири моҳи марти ҳамин сол шаҳрвандиашро дар Рӯсия бекор карданд ва худашро ба Тоҷкистон ихроҷ карданд. Дар Душанбе ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд.

Дар Маскав Ӯ ба мақсади кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” кушод ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонд. Хусусан муҳоҷироне, ки мефавтиданд, талош мекард ҷасадҳои онҳоро тариқи марказаш ва бо кумаки хайрхоҳон ба ватан фиристад.

Иззат Амон пештар ҳам навишта буд, ки аз сабаби зиёд дидани ҳолатҳои маргу мири муҳоҷирон хаста шудааст ва мехоҳад марказашро бибандад.

Дар Тоҷикистон ҳоло як маъаракае бо иштироки фабрикаи ҷавоб бар алайҳи Иззат Амон роҳандозӣ шуда. Ин гурӯҳи зери ҳимояи мақомоти қудратӣ бар  зидди Иззат Амон видео сабту нашр мекунанд ва шабакаҳои иҷтимоъиро бо “ҷабрдидаҳо”-и сохтаву бофта пур кардаанд.

Дар ҳамин ҳол муҳоҷирон ва фаъолон ҳукумати кишварро барои боздошти ин мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон сахт танқид мекунанд ва дар Маскав чанд рӯзе пас аз боздошти Изат Амон як гирдиҳамоӣ  бо иштироки муҳоҷирон роҳандозӣ шуд, ки дар он наздики ҳазор нафар иштирок ва талаби озодии Изат Амонро карданд.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар музокирот кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

0

Рӯзи 19 апрел дар Душанбе музокирот байни намояндагони Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳое, ки “ҳалли фавриро тақозо мекунанд”, баргузор гашт. Ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Руденко ва ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ роҳбарӣ намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқоти ҷонибҳо илова бар масъалаҳои ҳалталаб инчунин доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, гуфту шунид сурат гирифта, протокол ба имзо расид.

Дар хабари Вазорат гуфта намешавад, ки “масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақазо мекунанд”, кадом масъалаҳо буданд, аммо чанд рӯзи пеш мақомоти Русия ба кишварҳои ИДМ то 15 июн муҳлат доданд, ки масъалаи будубоши муҳоҷирони ғайриқонунияшонро ҳарчи тезтар ҳал кунанд. Дар акси ҳол ҳамаи онҳо аз Русия ихроҷ мешаванд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд.

Мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 247 ҳазор гуфтанд. Аммо масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, мақомоти Русия шумори муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро барзиёд гуфтаанд.

Чин ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус медиҳад

0

Тоҷикистон аз кишвари Чин 150 ҳазор воя ваксинаи чинии “Коронавак” дарёфт мекунад. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин ваксинаҳо барои Тоҷикистон ройгон буда, аллакай барои ирсоли ин миқдор ваксина тавофуқ байни мақомоти ду кишвар сурат гирифтааст.

“Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби Чин теъдоди мавриди назарро омода мекунад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон нақлиёти ҳавоиро фароҳам хоҳад сохт”,-гуфтааст Навруз Ҷаъфаров.

Чанде пеш раисҷумҳури Чин Си Ҷин Пин дар як суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад.

То кунун Тоҷикистон дар чорчубаи барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт “COVAX” 192 ҳазор воя аз ваксинаи “Астразенека”-ро дарёфт кардааст. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар то кунун беш аз 35 ҳазор аҳолии кишвар аз ин ваксина зада шудаанд.

Субҳонзода: сабаби набудани билетҳо ба самти Русия талаботи зиёди мардум аст

0

Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо “Sputnik Тоҷикистон” гаронии чиптаҳо ва бидуни ҳеҷ далел қатъ шудани бархе парвозҳо, инчунин эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо бо Туркияро шарҳ дод.

Субҳонзода дар ин мусоҳиба гуфт, ки ширкатҳое, ки парвозашонро қатъ мекунанд ё ба рӯзи дигар мегузаронанд, масъулияти худашон ва танзими нодурусти корашон аст. Ба иддаои ӯ Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои парвозҳои чартерӣ ба Русия ягон монеа эҷод накарда, балки ба тамоми онҳо саривақт иҷозаи парвоз медиҳад.

Икром Субҳонзода набудани билетҳои парвоз ба Русия дар авиакассаҳоро ба талаботи зиёд рабт дода, гуфт, ки тамоми билетҳо барои моҳҳои май ва июн фурӯхта шудаанд. Дар идома ӯ қайд намуд, ки ба ғайр аз парвозҳои мунтазам ҳамарӯза ду парвози чартерӣ ба самти Маскав анҷом мешавад.

Ба суоли Sputnik, ки оё имкони зиёд кардани парвозҳои чартерӣ ба Русия ва поён овардани нархи чиптаҳо ҳаст, Субҳонзода чунин посух дод:

– Агар дар ёд дошта бошед, дар гузашта, нархи як чипта барои парвози чартерӣ ҳатто ба 15 ҳазор сомонӣ расида буд. Ҳоло талоши мо бар ин аст, ки теъдоди чунин парвозҳоро афзоиш дода, нархро низ поён орем, ҳадди ақал ба 6 – 7 ҳазор сомонӣ.

Ҳамчунин директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта Агентӣ омода буд тамоми парвозҳоро бо Русия барқарор кунад. Аммо ҳарфи охир ба ҷониби Русия аст, ки чунин имконро дорад ё не.

Субҳонзода дар бораи эҳтимоли қатъи парвозҳо байни Туркия ва Тоҷикистон қайд намуд, ки қарори қатъ ё барқарор намудани парвозҳо дар давраи пандемия аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии коронавируси Ковид-19 қабул мешавад. Ӯ мегӯяд, айни замон қарори қатъи парвозҳо миёни Душанбеву Истамбул содир нашудааст ва парвозҳо, тибқи маъмул дар як ҳафта чор маротиба – ду парвоз аз ҷониби “Сомон Эйр” ва ду парвоз аз ҷониби ширкати “Turkish Airlines” анҷом мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия барқарор карда шуд. Бо барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Русия  билетҳои парвоз ба ин самт дар байни 10 рӯз то тобистони ҳамин сол фурӯхта шуд.

Ҷалби 245 млн доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ

0

Дар семоҳаи аввали соли 2021 ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ тақрибан 2,7 миллиард сомонӣ (245 миллион доллар) сармоя ҷалб шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% зиёдтар аст.

Тибқи иттилои вазорат аз ин маблағ 51,8% ё беш аз 1,4 миллиард сомонӣ дар иншооти саноатӣ ва 48,2% ё беш аз 1,3 миллиард сомонӣ дар иншооти ғайриистеҳсолӣ сарф шудааст.

Барои бунёди иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2020 18,8 дарсад ё  беш аз 948,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаҳои алоқа ва нақлиёт 254,1 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба зиёд аст.

Дастгоҳи Президент ба номаи Раҷаби Мирзо посух дод, “облава” барҳам мехӯрад?

0

Дастгоҳи иҷроияи Пезиденти Тоҷикистон бо имзои муовини аввали раиси ин идора Ф. Ҳаётзода ба номаи саркушодаи Раҷаби Мирзо ва дигарон, ки ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон ирсол шуда буд, посух дод.

Дастгоҳи Президент номаро барои баррасӣ ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон, фиристодааст. Ҳамчунин аз масъулини дар боло зикр шуда, хоҳиш шудааст, ки аз натиҷааш ба таври хаттӣ ҳам ба Дастгоҳи Президент ва ҳам ба соҳибони нома хабар диҳанд.

Дар ин бора Раҷаби Мирзо рӯзноманигори шинохта рӯзи шанбе дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо номаи саркушодаро рӯзи 10-уми апрел ба сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон фиристода буд ва баъд аз як ҳафта ба он нома вокуниши аввалӣ сурат гирифт.

Дар идома рӯзноманигор изҳори умедворӣ намудааст, ки мақомоти ба он вобасташуда салоҳиятнокиву пурмасъулиятӣ нишон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9-уми апрел номаи саркушодаеро бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!” нашр кард, ки зери он садҳо нафар имзо гузоштанд. Ин нома ба унвони Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ навишта шуда.

Ӯ дар нома аз роҳбарони аввали Тоҷикистон тақозо кард, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд. Зеро ин кор поймол кардани ошкори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Раҷаби Мирзо дар нома аз он нигаронӣ карда буд, ки аз сабаби дар кӯчаҳо беҳуда дастгир намудани ҷавонону маҷбуран бурдани онҳо ба сафи Қувваҳои мусалаҳ, модарон барои берун баромадан, ба кор рафтан ва ё ба дарс рафтани фарзандонашон тарсон шудаанд.

Дар нома аз Президент хоҳиш шуда, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳад, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

“Фароз”-давлате дар даруни давлат

0

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баъид аст, ки ба номаи “Асотсиатсияи воридкунандагони фаровардаҳои нафтӣ ва гази моеъ”-ширкатҳое, ки умдатан вобаста ба Шамсулло Соҳибов, масъули ширкати “Фароз” ва яке аз домодҳои худи Раҳмонанд посух диҳад.

Дар  як нома ин Асотсиатсия аз раиси ҷумҳурӣ хостааст, айни имтиёзе, ки барои воридоти фаровардаҳои нафтӣ ба Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ додааст, ба онҳо ҳам қоил шавад. Манзури Шамсулло Соҳибов ин аст, ки ширкатҳои вобастаи ӯро, ки маводди сӯхт меоваранд, низ Раҳмон аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт муоф кунад. Аҷаб не, посухи мусбат ҳам бидиҳад, чун то ба имрӯз ҳама шароиту имконот ва зарфиятҳои давлат ва кишварро барои равнақи тиҷорати ин домодаш арзонӣ доштааст.

Шамсулло Соҳибов, аз ҳамон рӯзҳои оғози домодӣ ба Раҳмон дигар тамоми сарфу харҷаш бар ӯҳдаи буҷҷаи давлат вогузор шуда буд ва ҳамин ҳолоҳо ширкати «Фароз»-и мансуб ба ӯ амалан давлате дар даруни давлати Тоҷикистон аст.

Замоне, ки ӯро бо духтари Раҳмон ҳамболин карданд, ӯ донишҷӯ ва ҳамзамон корманди сафорати Тоҷикистон дар Лондон таъйин шуд. Ӯ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир буд ва аз инҷо аз тамоми имтиёзоте, ки як дипломат дар берун аз кишвар бархурдор аст бархурдор буд. Чунки он солҳо Рухшона, духтари Раҳмон ва завҷаи Шамсулло низ муҳассили омузишгоҳе дар Лондон буд ва набоядам онҷо тоқа ва бидуни шавҳар мезист.

Шамсулло баргашту омад ва “Фароз”-ро аз дасти Умаралӣ Қувватови шаҳид кашиду гирифт. Албатта, бо мусоидат ва дастгирии мустақими хусураш-Эмомалӣ Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон, ончуноне ишора намудем барои ин домодаш, ки дар муқоиса бо домодҳои дигараш хеле чусту чолок ва бӯи пулро аз фарсахҳои зиёд мешамад, даромадҳои давлатиро «ғайридвавлатӣ» карду дод.

Бале, манбаи бойшавӣ ва даромади асосии Шамсулло Соҳибов ва инки ӯро тоҷири муваффақ мегӯянду Раҳмон ҳам ингор «барои саҳми арзандааш дар рушди ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат» ба ӯ ордени «Шараф» дод, буҷҷаи давлат аст ва ин обулойсозии  пулҳои давлат аст, ки Шамсулло Соҳибов ҳоло ба як мултимиллиардер табдил шуда ва овозаи суратҳисобҳои ӯ аз ҷазоири Вирҷинияву кишвари Қибрису ину он гӯшаи дигари олам меояд ва барои чархондани даромадҳои миллиониаш ӯ чанд соли пеш бонки алоҳидаеро бо номи «Коммерсбонки Тоҷикистон» таъсис дод, ки феълан дар низоми бонкии кишвар низ қаду қомати болое дорад.

Даромадҳои давлатиро «ғайридавлатӣ» кард ва «давлате дар даруни давлат» гуфтани мо аз «Фароз» ба чӣ маъно аст? Ба ин маъно аст, ки «Фароз» ва Шамсулло тақрибан аз тамоми вазорату кумитаву оҷонсиву хулоса ниҳоду сохторҳои давлатӣ он қисм ва бахши фаъолияти онҳоро, ки даромад меовард ва даромадаш мустақим ба ҷайби давлат, яъне буҷҷаи Тоҷикистон мерафт, гирифту аз они худ кард.

Ин тарзи гирифтани даромадҳои ниҳодҳои давлатӣ, албатта аз ғасби рейдерии автозаправкаҳои «UMED-88» ва ё сарбанест кардани Умаралӣ Қувватов, муассиси асосии «Фароз» фарқ мекунад. Аммо, агар бо диққат мутаваҷҷеҳ бишавед, ин кораш ҳам ғасби рейдерии дигар аст. Тафовут дар онки инҷо гӯё бо воситаи тендер хусусӣ карда шудааст. Мо инҷо чанде аз онҳоро ба унвони намуна тазаккур медиҳем.

«Справка» барои талабаҳои синфи якро, онҳоеро, ки бори аввал по ба остонаи мактаб мениҳанд, яъне маълумотнома оида ба вазъи саломати кудакро «Фароз» медиҳад. Пештар Вазорати тандурустӣ медод. Нархи ин гуна маълумотномаҳо агар 5 сомонӣ буд, баъд аз он ки «Фароз» гирифт аз 80 сомонӣ то 120 сомонӣ шуд.

Дар тамоми муассисаҳои тандурустии давлатӣ, мутаваҷҷеҳ бишавед, беморхонаи давлатӣ дар саросари кишвар «Фароз» лабораторияҳои худро фаъол кард. Ин лабораторияҳо кори ташхису муоинаи маризонро анҷом медиҳад, кореро, ки то «Фароз» худи бемористонҳо анҷом медоданд. Инҷо низ нархҳо ҳадди ақал 10 маротиба боло рафтааст, вале дар тамоми ин муассисаҳо ташхису муоина ба таври ҳатмӣ тавассути лабораторияи «Фароз» анҷом дода мешавад.

Ҳамин тавр «Фароз» ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камолро аз ихтиёри Вазорати тандурустӣ берун оварда ба монополия-инҳисори худ табдил дод. Албатт, Шамсулло Соҳибов ҳамаи ин корҳо бо Вазорати тандурустиро бо қарорҳои махсуси раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва иҷро кардааст. Қарори махсуси ҳукумат баромад, ки шираи камолро фақат «Фароз» ҷамъоварӣ ва ммефурӯшад. Даромади солона аз ин ҳисоб, ки то «Фароз» Вазорати тандурустӣ мегирифт, беш аз 40 миллион доллар ба ҷайби Шамсулло меравад.

«Фароз» аз чанд сол ба ин сӯ муоинаи фаннӣ (техосмотр)-и васоити нақлияи Тоҷикистонро аз ГАИ гирифтааст. Ҳамчунин шаҳодатномаи ронандагӣ, номери давлат ҳам аз ихтиёри ГАИ ба «Фароз» дода шудааст. Барои мисол даромади солонаи «Фароз» аз муоинаи техникӣ дар соли 2020 13,5 миллион долларро ташкил додааст. Ин маблағ то ин ки «Фароз» ин корҳоро аз дасти ГАИ бигирад ба буҷҷаи давлат, яъне хазинаи мардум ворез мешуд, чун ин корҳоро ГАИ анҷом медод.

Соли гузашта ба маблағи 136 миллион сомонӣ китоби «Тоҷикон» тавассути нашриёти «Фароз» чоп карда шуд, ки раиси ҷумҳурӣ онро барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ройгон туҳфа хоҳад кард. Аммо даромади софи нашриёти «Фароз» аз чопи ин китоб беш аз 7 миллион доллар, ҳудуди 80 миллион сомониро ташкил додааст. Чопи ин китобро метавонист нашриёти «Шарқи Озод», ки вобастаи давлат ҳаст ба анҷом расонад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо як имзо ин ҳама пули давлатро ба киссаи домдаш ворез кард.

Ин феҳристро метавон дар даҳҳо сафҳаи дигар идома дод, ки чи гуна бахшҳои пурдаромади ниҳодҳо ва сохторҳои давлатиро маҳз «Фароз» тасоҳуб кардааст. Ҳатто ҳамин маҷмаи варзишии «Сафедорак», ки қаблан ба Кумитаи ҷаҳонгардӣ ва варзиши Тоҷикистон тааллуқ дошт, дигар бо мусоидати мустақими Раҳмон ба моликияти шахсии Шамсулло Соҳибов мубаддал шудааст. Инҷо аз онки «Тоҷикметаллургия»-ро бо чи нархе гирифт, чаро маҳз «Фароз» кирпичзаводи Душанберо тасоҳуб кард ва ё инки конҳои ангишти Назарайлоқи Рашту Ҷиҷику Кантеи Айниву даҳҳои дигар чи тавр ба монополияи «Фароз» табдил шудааст, низ намегӯем.

Ва, низ намегӯем аз онки ҳоло дар тамоми сарҳадоти Тоҷикистон терминалҳои “Фароз” амал мекунанд ва ҳиҷ мошинҳои борбаре ҳақ надорад, бидуни пардохт ба ин терминал дар гумрук «расматожка» кунад, аммо инки ҳамин ду тиҷорати дар соли гузаштаи «Фароз» яке 13-уним миллион доллар ва ё бешаз 140 миллион сомонӣ ва 7 миллион доллар баробари 80 миллион сомонӣ даромади фурӯши ташхиси техникии мошинҳо ва чопи китоби “Тоҷикон”-ро, ки бештар аз тамоми маблағи молиёти заминҳои корам, чи лалмӣ ва чи обии Тоҷикистон дар як сол астро наметавон тазаккур надод.

Маблағи андози заминҳои кишоварзии Тоҷикистон, чи хеле худи Раҳмон изҳор дошт, солона 200 миллион сомониро ташкил медодааст. Аммо 140 +80 миллион сомонӣ даромади танҳо ду ширкати мутааллиқ ба Шамсулло 220 миллион сомонӣ аст. Ана, барои чӣ мо гуфтем, ки Раҳмон ва Шамсулло доранд давлатро «ғайридавлатӣ» мекунанду «Фароз» давлате дар даруни давлат аст.

Дар ҳақиқат «Фароз» дар зоҳир ширкати хусусӣ ва ғайридавлатӣ аст. Вале дар амал наздики 100% тиҷорати ӯ бо пули буҷа мечархад ва маҳалли асосии фурӯши маҳсулот ва ё хизматрасониҳои ӯ боз ҳам буҷаи давлатӣ аст. Ин як схема ва ё махинатсияи мофиёиест,  ки дар зери сайтара ва ҳимояти давлат роҳандозӣ шудааст. Зарар ва зиёни расонидаи ин ширкат ба буҷҷети кишварро наметавон дақиқ арзёбӣ кард, вале тӯли ин ҳама солҳои фаъолият метавон гуфт, ки аз садҳо миллион доллар ҳам бештар аст.

Дар баёни дигар шароит ва муҳиту фазо барои ин ширкат ба ҳадде фароҳаму мувофиқ карда шуд, ки на танҳо рақибони тиҷоратӣ, балки ниҳодҳои давлатиро аз саҳна берун кард. Ин тавр нест, ки “Фароз” кадом корхонаи истеҳсолӣ сохтаву ба тавлидот машғул шуда бошад, ҳатто барои мисол ба мисли ҳамин Ҳуаксин семент, ки бо ҷалби сармоя ва техноложии чинӣ ба тавлиди семент машғул аст, балки ҳамон корҳое, ки то вай ниҳод ва идораҳои давлатӣ анҷом медоданд, тасарруф кард, ҳамон арсаҳоро ишғол намуд.

Агар дар пушти Шамсулло Соҳибов Эмомалӣ Раҳмонов намеистод ва агар ӯ домоди раиси ҷумҳурӣ намебуд, ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонист, ки барои мисол ҳамин муоинаи техникии васоити нақлиёт-техосмотри мошинҳоро, ки ГАИ анҷом медод, аз дасти ниҳоди давлатӣ бигирад. Албатта, номи ин ҳамаро наметавон тиҷорат ниҳод. Ин дуздии молу мулк ва пули миллат ва давлат аст. Ин дуздӣ аст. Дуздиву ғорате, ки дар сатҳи роҳбари давлат анҷом дода мешавад. Роҳбари давлат даромадҳои давлатро дар ихтиёри хонаводааш мегузорад.

Агар ба забони халқӣ бигӯем, Шамсуллову «Фароз» -у Эмомалӣ Раҳмон баковуи оши тайёранд. Оше, ки бояд онро мардуми Тоҷикистон бихӯрад, танҳо Шамсулло ва Эмомалӣ Раҳмон хурда истодаанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Тоҷикистон омори ВКД-и Русияро дар мавриди муҳоҷирони ғайрирасмӣ вокеъӣ намедонад

0

Раиси намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев дар мусоҳибааш бо “РИА Новости” ибороз дошт, ки маълумоти ВКД-и Русия дар мавриди ғайриқонунӣ ҳузур доштани 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз будаш зиёд медонад. Мирзоев изофа кард, ки онҳо бо муҳоҷирон корро оғоз кардаанд.

Пештар муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост кард, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта чораандешӣ кунанд, то кор ба ихроҷ кардани онҳо нарасад.

Тибқи иттилои ВКД-и Русия 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи намояндаи Тоҷикистон, ин рақам маълумоти давраи 5,10,15 солро дар бар мегирад. Ба назари мо бисёре аз ин шаҳрвандон замоне бо дигар ҳуҷҷатҳо ба Тоҷикистон рафта дар ҳамонҷо қарор доранд. Ба гуфтаи Мирзоев, масалан шахс қонунӣ ба Русия омада, лекин ҳуҷҷатҳояшро гум мекунад ва бо кумаки консулгарии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ё маълумотнома (справка) барои бозгашт ба Тоҷикистон гирифта аст.

Чунин муҳоҷирон бо ҳуҷҷатҳои нав қаламрави Русияро тарк мекунанд лекин дар ҷойгоҳҳои маълумоти Русия онҳо то хол дар Русия ҳузурдошта боқӣ мемонанд. Бо гузашти замони муайян муҳлати амали ҳуҷҷатҳои онҳо ба охир расида муҳоҷир мақоми ғайриқонуниро мегирад.

Ба гуфтаи Мирзоев, дар иртибот ба муҳоҷирони ғайриқонунии боқимонда бошад, миёни онҳо бисёр касоне ҳастанд, ки ҳамагӣ як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд. Дар Маскав ва Петербург бо доштани як ё ду ҷаримаи маъмурӣ сарфи назар аз қонунӣ кор кардани шахс пас аз Русия рафтанаш шахс метавонад ба руйхати манъ (вуруди нав) дохил шавад.

Шахсоне, ки  аллакай чунин қонуншиканӣ доранд мефаҳманд, ки агар берун аз Русия раванд дигар ворид шуда наметавонанд, бинобар ин онҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ карор мегиранд.

Намояндаи Тоҷикистон дар идомаи мусоҳибааш бо “РИА Новости” гуфт, миёни ин қонуншиканон шахсоне ҳузур доранд, ки сари вақт маблағи патентро натавонистанд пардохт кунанд, зеро барои ин пул надоштанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар айни ҳол байни шаҳрвандон ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон дар ин маврид чораҳо меандешад то ки шаҳрвандон аз маълумоти худ огоҳ гардида дар сурати зарурат онро қонунӣ кунанд.

Баъди сафари президент, дар Ворух чӣ мегузарад?

0

Баъди боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати Ворух, рӯзи 17 апрел дар марзи Исфараву Бодканд, муноқишаи нав рух дод. Ин муноқиша дар марзи деҳаи Хоҷаи Аъло, охирин деҳаи воқеъ дар дохили марзи Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Ворух, ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон сурат гирифтааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки “рӯзи 17-уми апрел кормандони Идораи оби Бодканд дар ҷамоати Оқсой бозсозии маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуро оғоз карданд, аммо марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки корро қатъ кунанд”.

Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон хабар додааст, ки “ба ин баҳс ҳудуди 30 сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ ҳамроҳ шуда, талош кардаанд, монеи корҳои сохтмонӣ шаванд ва дар натиҷа байни тарафҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст.”

Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст.

Бино ба гуфтаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷониби Қирғизистон ба сурати якҷониба ба сохтани кӯпрук дар рӯи маркази обтақсимкунӣ дар рӯи дарёи Исфара дар мавзеи Шаршара оғоз кардааст. Сокинон мегӯянд, ки ин маркази обтақсимкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, ҷониби Қирғизистон бояд корҳои сохтмониро дар инҷо қатъ кунад.

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, ба ҷойи ҳодиса раҳбарони Бодканд ва Исфара омадаанд.

Дар баробари мақомоти интизомии вилояти Бодканд, ҳамчунин намояндаи президенти Қирғизистон дар ин вилоят Омурбек Суваналиев  ба ҷои ҳодиса омада, бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар натиҷаи ин суҳбат, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки роҳи ҳалли масъаларо дар ҳамоиши роҳбарони минтақаҳои водии Фарғона, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон рӯзи 22-юми апрел баргузор мешавад, баррасӣ кунанд.

Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор танҳо 504 километри он делиматсия ва демаркатсия шудааст. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ ва омодагии ду кишвар ба ҳалли мушкилоти марзӣ ва боздоштани муноқишаҳо, боз ҳам нофаҳмиҳо ва ҷанҷолҳо байни аҳолии марзӣ ба назар мерасад, ҳатто аксар вақт истифодаи силоҳ ва иштироки низомиён низ мушоҳида мешавад.

Як гурӯҳ бо гумони суиқасд ба ҷони президент боздошт шуданд

0

Ба онҳое, ки дар доираи парвандаи омода кардани суиқасд ба ҷони президенти Белорус Александр Лукашенко ва табаддулоти ҳарбӣ боздошт шудаанд, 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ин бора ба расонаҳо Константин Бичек, сардори шӯъбаи тафтишоти КГБ-и Белорус хабар дод.

Дар робита ба ин қазия бо моддаи 357 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Беларус парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Бичек ҳамчунин қайд кард, ки дар таърихи Белоруси соҳибистиқлол чунин ҳолат ба қайд гирифта нашуда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе Александр Лукашенко аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки гӯё нақшаи суиқасд ба ҷони ӯ ва фарзандонашро омода мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кор хадамоти махсуси ИМА даст доштааст. Ҳамзамон ба ин гурӯҳ ҳам шаҳрвандони Белорус ва ҳам хориҷиёне шомил буданд, ки тибқи изҳороти КГБ-и Белорус илова бар ҷисман аз байн бурдани Лукашенко ва аъзои оилаи ӯ, гӯё мехостаанд як исёни мусаллаҳона ташкил намуда, ҳокимиятро бо роҳи зӯрӣ ба даст оранд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи ФСБ-и Русия, дар пайи боздошти ин гурӯҳ ҳамчунин дар Маскав адвокат Юрий Зенкович, ки душаҳрвандии Иёлоти ИМА ва Беларусро дорад ва сиёсатшиноси Белорус Александр Федута боздошт шудаанд. Хадамоти амнияти федеролии Русия бо нашри наворе хабар додааст, ки онҳо нақшаи қатли Александр Лукашенкоро доштанд ва ин нақшаи худро бояд рӯзи 9-уми май ҳангоми таҷлили ҷашни “Ғалаба” амалӣ мекарданд.

Дар ин нақша гӯё онҳоро “як генерал” низ ҳамроҳӣ мекардааст, вале аз ӯ ном бурда намешавад. Дар робита ба ин қазия ҳамчунин раҳбари ҳизби мухолифин Григорий Костусев дар қаламрави Белорус боздошт шуд.

Дар вокуниш ба гуфтаҳои Лукашенко, намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико ба расонаҳо гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ягон тавтеаи барканории президенти Белорус Александр Лукашенко даст надорад.