Шаҳрвандони бандмонади тоҷик аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” ба Ватан оварда шуданд.
Нархи ҳобгоҳҳо боло рафт, дар чунин шароит чаро ба донишҷуён тараҳум накарданд.
Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Қирғизистон. Инҳо чӣ гуна ва чаро дастгир шуданд?
Шаҳрвандони бандмонади тоҷик аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” ба Ватан оварда шуданд.
Нархи ҳобгоҳҳо боло рафт, дар чунин шароит чаро ба донишҷуён тараҳум накарданд.
Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Қирғизистон. Инҳо чӣ гуна ва чаро дастгир шуданд?
Раисҷумҳури худкомаи Белорус Александр Лукашенко имрӯз сешанбе гуфт, ки давлаташ рӯзҳои наздик марзҳои худро бар рӯй давлатҳои аврупоӣ мебандад. Ӯ гуфта, ки барои манъи вуруди шаҳрвандони давлатҳои ғарбӣ ба Белорус марзҳои Брест ва Градноро мебандад.
Хабаргузории давлатии “Белто” аз қавли Лукашенко менависад: “Давлатҳое, ки таҷрибаи бештар доранд, мефаҳманд, ки барои Белорус тавтиа сохтану дастбагиребон шудан дуруст нест, зеро ӯ дар ҷавоб метавонад марзҳои худро дар Брест ва Градно бибандад. Дар натиҷа молҳои олмонӣ ба осонӣ ба Шарқ расида наметавонад.”
Ба гуфтаи Лукашенко ба давлатҳои назди Балтик ҳушдор додааст, ки онҳо кучактар аз онанд, ки дар баробари Белорус муқовимат кунанд. Ӯ афзуда, ки ба ин давлатҳо мисли саг фармон дода шудааст ва онҳо аз зери девор садо бароварданд. “Ман ин амалкарди давлатҳои назди Балтиқро ҳамингуна мефаҳмам.”
Ин дар ҳолест, ки дирӯз 31 август давлатҳои Литва, Эстония ва Латвия дар бораи манъи вуруди раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва инчунин 29 мансабдори дигари Беларус қарор қабул карда, алайҳи онҳо таҳрим эълон карданд.
Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 9 августи Белорус ва баранда эълон шудани Александр Лукашенко мардум ба хиёбонҳо рехтанд ва аз натиҷаҳои эълоншуда норозигӣ намуда даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва барои шахси дигар фурсат диҳад.
Дар ноҳияи Айнӣ манори 13-метра қомат афрӯхт. Ба иттилои Маркази матбуоти вилояти Суғд манораи мазкур дар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд бунёд гардидааст.
Абдулғанӣ Қобилзода мудири бахши фарҳанги ноҳия Айнӣ гуфтааст: “баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад, дар болои он рамзи кураи замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст, ки далели соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад”.
Аммо аз кадом ҳисоб ва бо чанд қадар маблағ бунёд ёфтани марнора расман гуфта нашудааст.
Ба гуфтаи баъзе манобеи ғайрирасмӣ, манорае, ки дар ин ноҳия бунёд гардидааст, аз тарафи корагрони корҳонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ сохта шудааст. Гуфта мешавад, ки коргаронро маҷбур карданд, то дар ду ҷой манора бунёд кунанд. Соли гузашта дар чорроҳҳаи Айнӣ-Масчоҳ низ манора бунёд гардида буд, ки он ҳам аз ҷониби корагарони муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ бунёд ёфта буд.
Коргаронро аз ҳукумати ноҳия тақсим намуда буданд, корхонаву ташкилотҳои ҷониби рост як мавзеъро бунёд мекарданд ва кохонаву муасисаҳои ҷониби чап дигар ҷониби шоҳроҳро обод мекарданд.
Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои саноатӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ду сол қабл Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ дар вилояти Суғд ин ноҳияро аз ҷиҳати андозсупорӣ баъди шаҳри Душанбе дар ҷойи дуввум гуфта буд.
Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ корхоани муштараки Тоҷикистону Амрико, чандин корхонаҳои ангишт ва тилло фаъолят мекунанд.
Корхонаҳои тиллои Кумарғ ба ширкати “ТЕВА” барои сохтани маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе дода шудааст, ки бояд ба истифода дода шавад.
Ҳачунин ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа: Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат буда, панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра зиёда аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тоннаро дар бар мегирад ва ҳоло сохтмонаш идома дорад.
Ба навиштаи Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Айнӣ 499 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Имсол хобгоҳи донишгоҳҳои Ҷумҳури Тоҷикистон нархгузории худро тағйир додаанд. Ба гуфтаи донишҷуёне, ки шароити зиндании мушкилтаре доранд ва наметавонанд дар иҷораҳо берун аз хобгоҳ зиндагӣ кунанд, гарон шудани нархи солонаи хобгоҳҳо зиндагии бе ин ҳам вазнинашонро вазнинтар кардааст.
Як гурӯҳ донишҷӯён ба шарти зикр нашудани номашон ба “Аздо тв” гуфтанд: “Донишгоҳҳо имсол нархи хобгоҳҳоро боло бардоштаанд ва дар чунин шароит ҳайронем, ки чӣ кор кунем. Соли гузашта нархи хобгоҳҳо дар Тоҷикистон 600 700 сомонӣ буд, имсол бошад, онро ба 1000 ва 1100 сомонӣ муқарар кардаанд. Мо имкони дар хонаи иҷора зиндагони карданро надорем, аз як тараф камбудии маблағ аз ҷониби дигар дурии роҳ ба донишгоҳ, ки он ҳам харҷи зиёдатӣ талаб мекунад. Ҳамчунин боз нархи хонаҳои иҷора дар Душанбе нисбат ба гузашта боло рафтааст”.
Донишҷӯён мегӯянд, агар вазъият хуб мебуд, роҳҳо байни Русия ва Тоҷикистон мисли гузашта кушода мебуданду наздиконашон ба муҳоҷират мерафтанд ва кумакашон мекарданд, ин қадар мушкил набуд. “Ҳоло наздикони мо худашон муҳтоҷи як бурдаи нонанд. Зиндагии хонаводаро ба як мушкилӣ пеш мебаранд, боз боло бардоштани нархи хобгоҳҳо як мушкилии дигар ба оилаҳои донишҷуён мебошад”,- мегӯянд манбаи мо.
Дар идома иброз доштанд, ки вақте аз маъмурит пурсидем, ки имсол вазъият вазнин аст, дар дигар кишварҳо барои шаҳрвандону донишҷуён сабукиҳо пешбинӣ шудааст, чаро дар мо вазнин кардаанд, маъмурият гуфтанд, талаб аз боло аст, доллар боло рафт, нархи барқ ва дигар хизматрасониҳо боло мераванд.
Як манбаъ аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, боло рафтани нархи хобгоҳҳо талаби вазорати маориф аст. Дар баробари ин боз ректорони донишгоҳҳо нав шудаанд ба онҳо низ вобастагӣ дорад.
Масъалаи хобгоҳҳо ҳамеша яке аз масъалаҳои доғ аст, ки донишҷӯён ҳамеша аз он шикоят мекунанд, ки дар баробари пул гирифтан ягон шароити хуб надорад, ҳатто дар ҳамомҳояшон дар асри 21 бо сатилу тағора ҳамом мекунанд, бархе аз хобгоҳҳои дигар умуман шароити ҳоҷҷатхонаҳояшон ба ягон талабот ҷавобгуй нест.
Солҳои қаблӣ бештари донишҷӯён дар хонаҳои иҷора зиндагонӣ мекарданд, имсол бошад аз сабаби каронавирус, ки шароити зиндаги мушкил шудааст ба хобгоҳҳо руй овардаанд, талабот ба хобгоҳ имсол зиёд гардидааст.
Агентии омори назди президенти ҶТ, гуфтааст, аз моҳи январ то моҳи июли соли сипаригардида муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон 148,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019 11,3% кам шудааст.
Бино ба навиштаи сомонаи “Asia-Plus” Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 35,1 млн доллар молу маҳсулот равона кардааст, Узбекистон ба 113,3 млн доллар молу маҳсулот ба Тоҷикистон ирсол намудааст.
Як сол қабл байни Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Душанбе аз руйи натиҷаҳои тиҷоратии ду кишвар 16 санади ҳамкори ба имзо расида буд, ки содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 482 млн доллар ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 143 млн долларро дар бар мегирифт.
Содироти Тоҷикистон ба Узбекистон алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешияи хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулотҳоро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ харидорӣ менамояд.
Ин дар ҳолест, ки дар замони ҳукумати Ислом Каримов Узбекистон бо Тоҷикистон ягон муносибати тиҷорати ва дӯстона надошт, баъди марги Каримов муносибатҳо барқарор гардиданд. Коршиносон нақши зиёди Шавкат Мирзиёевро дар барқарор кардни муносибати байни ду кишвар медонанд.
Тоҷикистон аз Русия хоста буд, ки донишҷӯёни тоҷикро иҷозати вуруд ба ин кишвар бидаҳад то ба дарсҳо сари вақт ҳозир шаванд. Имрӯз Русия ба ин дархост ҷавоби мусбат дод. Гуфта мешавад, ки имсол беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Руссия қабул гардидаанд.
Анна Попова Раҳбари Роспотребнадзор дар номае ба бахшҳои вилоятии ин идора навиштааст: «Ба қарори ҳукумати Русия дар мавриди вуруди афрод барои гирифтани маълумот дар мактабҳои олии Русия ва шахсоне, ки барои идомаи таҳсилоти олӣ ба муддати на камтар аз се моҳ ба Русия меоянд, тағйирот дароварда мешавад».
Хабаргузории ТАСС, навиштааст, ки донишҷӯёни хориҷие, ки ба Русия меоянд, бояд бо худ санади ташхис аз коронавирус дошта бошанд. Қабл аз оғози таҳсил донишҷӯёни хориҷиро дар Русия барои 14 рӯз дар режими худинзиво (самоизоляция) қарор медиҳанд ва сипас онҳо дубора аз ташхиси коронавирус мегузаранд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳоло беш аз чаҳор ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд.
Имсол ба донишгоҳҳои Русия беш аз ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабул шудаанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд. Омодааст, дар иттилоияи ВКХ.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Федератсияи Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда варақаи донишҷӯӣ ва маълумотномаи донишгоҳ мусоидат намояд.
Пулиси Маскав бо интишори як видио хабар дод, ки як нафар зодаи кишвари Осиёи Марказиро бо 7 килло героин боздошт кардааст, аммо аз кишвари боздоштшуда номбурда нашудааст, вале аз шиносномаи марди боздоштшуда маълум аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ба иттилои Пулиси Маскав ин нафар маводи мухаддиро ба дозаҳои хурд тақсим карда дар ҷойҳои махсус шаҳру вилоятҳои Маскав ба савдо мегузоштааст. Гуфта мешавад, як дозаи маводи мухаддири ӯ 1500 рубл нарх доштааст.
Бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия нисбати фарди дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки дар Русия барои нигоҳ доштан ва кӯшиши фурӯхтани миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо то ҳол назари боздоштшуда дастрас нест.
Бино ба маъулумоти расмӣ дар зиндонҳои Русия зиёда 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд ва беш аз 1200 нафари дигар дар боздошт қарор доранд. Бо иттиҳоимоти марбут ба маводи мухадддир аз рӯйи ҳисобҳо тақрибан сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ гардидаанд.
Тоҷикистон бо ҳаммарзии 1400 км бо Афғонистон ҳамеша зери танқиди матбуоти Русия қарор дорад, матбуоти Русия ҳамеша шаҳрвандони Тоҷикистонро зери танқид қарор медиҳанд, ки бештари маводи мухаддире, ки дар ин кишвар тиҷорат мешавад, аз тариқи Тоҷикистон будааст, вале мақомоти тоҷик ин иттиҳомҳоро рад мекунанд, ҳамеша бар ин назаранд, ки марзҳо зери назорати сахт қарор дорад, вале боз дида мешавад, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Руссия маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Маъмуорони амниятии Қирғизистон 34 ҷавони тоҷикро, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба онҷо рафта будаанд, барои убури ғайри қонуни боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон сокинони деҳаҳои Бӯстон ва Ҳуснободи шаҳри Ҳисор будаанд.
Вакили мудофеъи ин ҷавонони боздоштшуда Мэлс Абдураимов рӯзи 28-уми август аз шаҳри Бишкек гуфтааст, боздошти нафарони зери ҳимояташ дар миёнаҳои моҳи июли имсол сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи наздиконашон ин ҷавонон се моҳ пеш, яъне замоне, ки бо сабаби бемории каронавирус тамоми марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баста буд, ба онҷо рафтаанд.
Ба иттилои вакили мудофеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро маъмурони амниятӣ дастгир карда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нигоҳ медоранд, бар асоси моддаи 359-и Кодекси Ҷиноии Қирғизистон (убури ғайриқонунии марз) муҳокима мекунанд”.
Абдураимов гуфтааст: “Онҳо худашон наомадаанд. Ҳеч санади расмӣ ҳам надоранд. Дар вақти суҳбат мегӯянд, ҳамин қадар медонанд, ки онҳоро барои кор ба инҷо корфармо фиристодааст, дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки як ширкати номдор дар Тоҷикистон”.
Яке аз волидони боздоштшудаҳо Абдулмуъмин Гулов, сокини шаҳри Ҳисор, рӯзи 29-уми август ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ду фарзандаш, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон рафта буданд, боздошт шудаанд. “Танҳо тавассути вакили мудофеъ аз ҳоли онҳо огоҳ мешавем. Вакил мегӯяд, ки саломатиашон хуб аст ва шикоят надоранд”,- мегӯяд Абдулмуъмин Гулов.
Раиси ҷамоати Ҳуснободи Ҳисор Бобораҷаб Шералиев, ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст: дар бораи ҷавонони боздоштшуда аз мақомоти амниятии Қирғизистон маълумот хоста буданд. “Ба воситаи факс тарҷумаи ҳоли ҳамаи онҳоро фиристодем. Онҳо тайи чанд соли ахир барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон мерафтанду меомаданд, вале имсол боздошт кардаанд.”
То соли 2008 дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол озод буд. Шаҳрвандон озодона дастрасӣ доштанд ва аслан тавассути тоҷирон ба хориҷа содирот мекарданд. Моҳи сентябри соли 2008 ширкати “Фароз” ин тиҷоратро зери дасти худ гирифт ва барои шаҳрвандон ҷамъоваришаро манъ кард ва танҳо дар зери дасти ин ширкат шаҳврандон кор мекунанд.
Танҳо дар Тоҷикистон ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов домоди Президенти Тоҷикистон ва “Мину-фарм” иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд.
Як сол қабл рӯзи 29 апрели соли 2019 дар назди дафтари ширкати “Фароз” даҳҳо нафар ҷамъоварони шираи камол, асосан сокинони ноҳияи Данғара, Ҳисор ва Шаҳринав гирди ҳам омада, бознигарии шароити харидуфурӯши ин растанӣ шуда буданд, ки аз тарафи мақомот боздошт гардиданд. Дар он замон тоҷирон даъво доштанд, ки “Фароз” бо афғонҳо шартнома баста шарномаҳои моро бекор кард, ки пеш аз ин барои ҳар як кило 80 доллар медоданд, афғонҳо рӯзи кори 15 доллар муайян кардаанд.
Чанд сол қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз Ҳукумат хоста буд, ки барои ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол барояш иҷозат бидиҳанд, вале соли 2019 ин дархосташ рад шуд.
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон 164 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марзи байни Узбекистону Қазоқистон, дар гузаргоҳи «Жибек Жоли» банд монда буданд, рӯзи 31 август ба кишвар бар гардонида шуданд.
Гуфта шудааст, ки баргардонидани шаҳрвандон бо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифтааст, ки бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” муталлиқ ба Ҳасанд Асадуллозода, додарарӯси Президент, анҷом пазируфтааст.
Қабалан низ чунин бозгардониҳо буданд, ки мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки бо дастур ва ҳидоятҳои Президент, муҳоҷирони дармонда дар марзи Қазоқистон ва Узбекистонро бар гардонидем. Вале баъдтар сафи дармондаҳо бештар шуд ва бо дахолат ва кумаки давлати Норвегия шаҳрвандони Тоҷикистон аз марз, ки рӯзҳои зиёде азоби сахтро аз сар гузаронида буданд, ба Ватан бозгардонида шуданд.
Рӯзи 20-уми июн сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, ки барои бозгардондани шаҳрвандон Оҷонси Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират 635 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро дар марзи Қазоқистону Узбекистон мусоида карда буд, ки бо чаҳордаҳ автобус ба Ватан оварда шуда буданд.
Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Узбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
БАРОИ ҲАМСУҲБАТ ШУДАН БО БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ МАҲБУСОН ТАҲДИД БА ҶАЗО ШУДАНД.
Эътирози тоҷирон дар бозори Шаҳритус. Дар паси тақсимоти нуқтаҳои савод кӣ меистад?
Рӯзҳо мунтазирем аммо касе ба додамон намерасад.
Нархи ангишт дар Тоҷикистон боло меравад, Фароз нархи иҷозатномаашро боло бардошт.