18.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 600

Нишасти сулҳи Афғонистон дар Истанбул аз 24 апрел то 4 май баргузор мешавад

0

Вазорати корҳои хориҷии Туркия бо пахши як изҳорот эълом дошт, ки Конфронси Истамбул дар мавриди сулҳи Афғонистон, бо мизбонии Туркия дар ҳамкорӣ ва созмондиҳии Туркия, Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 24 апрел то 4 май бо ҳузури намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон баргузор мешавад.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки созмондиҳандагон ба зарурати ҳимоят аз ҳокимияти мустақил ва муттаҳиди Афғонистон таъкид мекунанд.

Инчунин гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии Конфронси сулҳи Афғонистон дар Истамбул суръат бахшидан ва такмили музокироти байни афғонҳо дар Доҳа барои дастёбӣ ба ҳалли сиёсии одилона ва пойдори мебошад.

Рӯзномаи Конфронси сулҳи Истанбул пас аз ду ҳафтаи машварати намояндагони Туркия, ИМА, Қатар ва СММ бо ҳайатҳои музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон ва Толибон анҷом ёфта ва нашр шуд.

Ин конфронс бо ҳадафи кумак ба музокиракунандагон барои эҷоди як нақшароҳ дар ростои расидан ба роҳҳалли сиёсии устувор ва хотима додани таниш ва низоъ дар Афғонистон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи эълоноти қаблӣ мебоист ин Конфронс дар Истанбул аз 16 апрел оғоз меёфт, аммо бо ҳар баҳонае ба таъхир афтод.

Таъвиқи ин нишаст дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Толибон гуфтанд, ки ин гурӯҳ омода нестанд то рӯзи 16 дар нишасти Истанбул ширкат кунанд.

Гурӯҳи Толибон тавзеҳ надода, ки бо чӣ далилҳое натавонистанд рӯзи 16-ум ширкат варзанд, аммо хабаргузории “ВВС” аз қавли манобеаш менависад, ки ин гурӯҳ таъкид дорад, ки нишаст пас аз моҳи Рамазон баргузор шавад.

Аз сӯи дигар, гуфта мешавад, ки Амрико таъкид дорад, ки ин нишаст то поёни моҳи апрел баргузор шавад, зеро тибқи созишномаи байни ИМА ва Толибон, ин кишвар бояд то 30-юм апрел нерӯҳои худро ба сурати комил аз Афғонистон хориҷ кунад.

Як моҳи баҳор ҳам гузашт, ҳанӯз лимити барқ дар Тоҷикистон бардошта нашуд

0

Ширкати “Барқи тоҷик” иддао дорад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум “камтар” кардааст, аммо баъзе аз сокинон мегӯянд бо эълони сабукӣ дар маҳдудияти интиқоли барқ тағйиреро надиданд.

Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо шабонарӯзи охир интиқоли оби ошомиданӣ низ маҳдуд шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Маҳдудият сабук карда шуд. Ҳамакнун дар вақти ифтор ва оғози рӯзадорӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ карда намешавад. Ҳамзамон “Барқи тоҷик” мавзӯи пурра бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро баррасӣ дорад.”

Дар идома Ёдгорӣ қайд намуд, ки ба сабаби камии об маҷбур шудаанд, фаъолияти Маркази барқиву гармидиҳии Душанбе-2-ро ҳатто бо фарорасии ҳавои гарм идома диҳанд, то сокинони бо нерӯи барқ дастрасӣ дошта бошанд.

Ба иддаои сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад кам аст ва лағви “лимит”-ро мушкил кардааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Авесто” бо такя ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ, Тоҷикистон интиқоли барқро ба хориҷа қатъ накарда, дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷ беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” сабаби идомаи содироти нерӯи барқро ба Афғонистон, барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани хатҳои интиқоли нерӯи барқ мегӯянд.

Пештар ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома имзо карда буд. Интизор меравад, то поёни соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 3 миллирад киловатт-соат нерӯи барқ содир шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасдиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дода буд, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон Ширкати “Барқи тоҷик” расман аз 5 январи соли равон эълон кард, ки интиқоли барқ аз соати 23 то 6-и субҳ дар деҳаҳо қатъ мешавад. Ин маҳдудият бо камтар кардани вақти он то ҳол идома дорад ва маълум нест он то кай идома хоҳад кард.  

Мухолифони ҳукумати Раҳмон мегӯянд, ки барқ дар кишвар аз ончи барои дохил лозим аст бештар тавлид мешавад. Ва “сабаби аслии ҷорӣ шудани лимитро дар он мебинанд, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад ҳатто замоне, ки тавлиди барқ бо сабабҳои гуногун кам мешаваду танҳо барои масрафи дохил кофӣ аст, онро ба хориҷ бифурӯшад”.

Ба гуфтаи мухолифон барқро ба хориҷ ҳам ба ҳамон нархе мефурӯшанд, ки дар дохил ба мардум фурӯхта мешавад, аммо пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷ, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд.

Боздошти ду корманди молиявии НБО Норак бо иттиҳоми азхудкунии амволи ғайр

0

Ду корманди молиявии НБО Норак бо иттиҳоми азхудкунии музди меҳнати коргарон аз ҷониби маъмурони Агенти назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон айбдор ва боздошт гардиданд.

Гуфта мешавад, ин ду корманди молиявӣ наздики 2,5 милон сомонии музди меҳнати коргаронорро ба воситаи 38 корти пластикӣ тасарруф кардаанд.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ниҳод моҳи январи соли 2021 аз фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев санҷиш гузаронид.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шахсони масъули моддии  Неругоҳи болозикр Шишпаренко Ольга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз олам даргузашт

0

Домулло Ҳикматуллҳои Тоҷикободӣ, як рӯҳонии шинохтаи тоҷик шаби 13-уми апрел баъд аз намози хуфтан дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Нилуфари Азиз дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод.

Гуфта мешавад, ин рӯҳонии шинохта як соли охир бемор буд.

Ба навиштаи ин рӯзноманигор маросими ҷаноза ва дафни Домулло Ҳикматуллоҳ рӯзи чоршанбе соати 10 дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод баргузор мешавад.

Домулло Ҳикматуллоҳ соли 1941 дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт дар оилаи деҳқон ба дунё омада, тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардааст.  Ӯ таълимоти ибтидоии диниро дар даврони Шӯравӣ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Ӯро “аз бузургтарин ва яке аз охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуфу тақво дар тамоми минтақа” меноманд.

Бо вуҷуди он ки Домулло Ҳикматуллоҳ дар водии Рашт  (як пойгоҳи аслии мухолифини солҳои 90) зиндагӣ мекард, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекард ва мардумро ба қатъи мухолифати мусаллаҳона ва оштӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ даъват мекард.

Домулло Ҳикматуллоҳ ҳафт сол пеш дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон итоат аз сарварон, бахусус “итоат ба подшоҳ”-ро воҷиб дониста буд. Ҳарчанд гурӯҳе дигар аз рӯҳониён бо чунин андеша мувофиқ нестанд. Ҳамчунин аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи раиси ҷумҳурӣ дуо кунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ  дар назди Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ, аз эҳтироми хоссае бархӯрдор буд ва Раҳмон зимни сафарҳояш ба водии Рашт, шахсан ба хонаи ин рӯҳонӣ барои зиёрат мерафт.  

Вазорати меҳнат: аз сохтакории хуҷҷатҳо барои сафар ба Русия парҳез кунед

0

Вазорати меҳнат, муҷочират ва шуғли аҳолӣ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҳуҷҷатҳоро барои сафар ба Русия сохтакорӣ накунанд.

Дар муроҷиати Вазорат дар сафҳаи фейсбук аз шахрвандон даъват мекунад, ки аз хариди билети ҳавопаймо ба хатсайрҳои “Уральские авиалиний” бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ (асос барои вуруд ба Русия) худдорӣ кунанд.

Ширкати “Уральские авиалинии” ба якчанд шаҳри Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Бо ин хатсайрҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандоне, ки барои вуруд ба Русия асос доранд ба қаламрави ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Билет ба ин хатсайрҳо нисбат ба парвозҳои доими гаронтар аст. Аз ин рӯ, Вазарати меҳнат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии “Уральские авиалинии” ба доми қаллобон гирифтор нашаванд зеро ки пас аз ворид шудани шаҳрвандон бо санадҳои қалбакӣ ба Русия  барои онҳо мушкилӣ пеш меояд.

Ҳамчунин хотирасон мешавад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Маскав тавассути ду ширкати ҳавои “Сомон Эйр” ва “Ют Эйр” ҳафтае як маротибаи ба самти Душанбе -Маскав- Душанбе сурат мегирад. Нархи билетҳо ба харду самт 500 доллар муқаррар шуда аст.

Зикр мегардад шаҳрвандони Точикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд метавонанд ба Агентии бо кор таъминкуни дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорат муроҷиат намоянд.

Додгоҳи олии кишвар “ихвониҳо”-ро аз 5 то 23 сол равонаи зиндон кард

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел тафтиши парвандаи тақрибан 120 нафаре, ки моҳи январи соли 2020 бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” (бародарони мусалмон) боздошт шуда буданд, ба анҷом расонда, ҳукми онҳоро эълон кард. Додгоҳ гумонбарони ин қазияро бо солҳои гуногун равонаи зиндон намуд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 12 апрел бо такя ба манобеаш навишт, ки ин арфод аз 5 то 23 сол маҳкум ба зиндон шуданд. “Танҳо ду нафар бо иттиҳоми “хабар надодан” ба пардохти ҷарима муҷозот шуданд”.

Ин афрод бо 3 банди моддаи 307 ва банди 1 моддаи 179-и Кодеси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Аммо то ҳол дар мавриди ин иттиҳомот назари худи маҳкумшудаҳо ва ё наздиконашон дастарс нест.

Як манбаъ ба “Аздо тв” бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, муҳоқимаи ин афрод паси дарҳои баста, ҳатто бе ҳузури наздиконашон сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта зимни нишасти хабарие гуфта буд, ки парвандаи ин афрод муҳри махфӣ надорад ва паси дарҳои баста доир намегардад. Аммо вакилони дифои онҳо ба хотири “муҳри махфӣ” доштани парвандаҳо ба рӯзноманигорон чизе намегӯянд.

Гуфта мешавад, ин афроди боздоштшуда ҳамагӣ қишри босаводи ҷомеа буда, камтарини онҳо дорои маълумоти олӣ мебошад. Аксари онҳо, мутахассисони соҳаҳои гунонун, устодони донишгоҳҳо, номзадҳои илм, аспирантону докторон ҳастанд.

Мақомот ин боздоштҳоро мубориза бо терроризм унвон мекунад. Аммо созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар борҳо аз Тоҷикистон интиқод карданд, ки бо баҳонаи терроризм ва ифротгароӣ даст ба саркӯби равшанфикрон ва дигарандешон мезанад.

Номгӯи баъзе аз маҳкумшудаҳо:

1. Қаҳҳоров Исмоил соли таваллуд 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Хатмкардаи риштаи адабиëтшиносии “Донишгоҳи Исломии Исломободи Покистон” бо дараҷаи магистр. Соҳиби якчанд маҷмӯаҳои шеърӣ, инчунин муҳаққиқи китоби “Маъдан-ул-ҳол”-и Мавлавӣ Ҷунунӣ, узви Иттифоқи Нависандагони шаҳри Ваҳдат (ҳукми зиндон: 22 сол).

2. Мирзоев Ҳикматуллоҳ соли таваллуд 1968, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 9 фарзанд. Муаллими калон ва омӯзгори забони арабӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

3. Сафаров Меъроҷиддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Файзобод, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Доктори соҳаи забоншиносӣ, мудири кафедраи забонии арабии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳукми зиндон: 7 сол).

4. Сафаров Нуриддин соли таваллуд 1993, зодаи ноҳияи Файзобод. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ихтисоси анколог-саратоншинос, ҷои кор дар беморхонаи Қарияи Боло (ҳукми зиндон: 5 сол).

5. Ҷабборов Хайруллоҳ соли таваллуд 1982, зодаи шаҳри Норак, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Африқоии Судон бо ихтисоси табиб ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо дараҷаи ординатура, духтури бемориҳои қалб дар беморхонаи Медгородок (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

6. Исоев Қадриддин соли таваллуд 1984, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Хатмкардаи факултаи Журналистикаи ДМТ ва унвоҷӯи ҳамин факулта, корманди Пажӯҳишгоҳи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

7. Алиев Убайдуллоҳ соли таваллуд 1985, зодаи ноҳияи Нуробод ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Докторанти факултаи таърихи ДМТ, мудири Маркази таълимии забономӯзии “Маърифат-2012” (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

8. Латифов Фатҳуллоҳ соли таваллуд 1986, зодаи ноҳияи Айнӣ, иҷорашин дар шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Аспиранти факултаи Филологияи ДМТ, муаллими калони ҳамин факулта ва корманди Маркази тестӣ (ҳукми зиндон: 5 сол).

9. Қурбонов Маъруф соли таваллуд 1986, зодаи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Аспиранти факултаи Таърихи ДМТ ва собиқ устоди таърихи ДИТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

10. Яъқубов Тоҷиддин соли таваллуд 1978, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Номзади илми филология ва мудири кафедраи забони арабии факултаи Забонҳои Осиë ва Аврупои ДМТ (ҳукми зиндон: дақиқ нест).

11. Ҷабборов Саъдуллоҳ соли таваллуд 1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Хатмкардаи Донишгоҳи Политехникӣ бо ихтисоси энергетик, барандаи ҷоизаи ихтироъкорони ҷавон барои тавлиди барқ аз васоили бодӣ ва корманди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун (ҳукми зиндон: 5 сол).

Русия бо тартиботи наваш кори муҳоҷиронро душвор кард?

0

Аз нимаи моҳи март дар Русия тартиби нави корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора “Известия” бо такя ба Вазорати меҳнати Русия хабар дод.

Ин тағйироти асосӣ дар бораи ҷалби коргарони хориҷӣ мебошад. Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дигар ба Русия танҳо бо дархости мушаххас, барои як лоиҳаи мушаххас даъват кардан имконпазир хоҳад буд.

Инчунин, талабот нисбати он ширкатҳое, ки коргарони хориҷиро ба кор қабул кардан мехоҳанд, сахттар шудааст: акнун барои ин бояд ширкатҳо 250 нафар коргар дошта, даромади солонаи онҳо беш аз 2 миллиард рубл бошад.

Ҳамаи ин, ба гуфтаи мақомоти Русия, имкон медиҳад, ки бозори меҳнат сафед карда шавад ва муҳоҷирони корӣ дар асоси эҳтиёҷоти воқеии худ кор кунанд.

Дар бозорҳои кишвар равғани хӯрока бо фарорасии моҳи Рамазон гарон шуд

0

Арзиши як литр равған дар як ҳафтаи охир дар бозорҳои Суғд 40 дарсад боло рафта, ба 25 сомонӣ баробар шудааст. Сокиноне, ки дар остонаи моҳи Рамазон барои харид ба бозор рафтаанд, дар бораи гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ бахусус равған мегӯянд.

Шарифа як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Sputnik” гуфт, ки як ҳафтаи қабл нархи равған ҳамагӣ 18 сомонӣ буд. Ба иддаои ин сокин қиммати он якуякбора 7 сомонӣ зиёд шуда, ба 25 сомон баробар шуд. Дар ин миён нархи як литр равғани доғнашудаи пахта ҳам аз 16 сомонии қаблӣ ба 22 сомонӣ расидааст.

Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар шароити ҳозира, ин нарх хеле гарон буда, баъзеҳо имкони хариданро надоранд.

Дар робита ба боло рафтани нархи равған Фаридун яке аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” гуфта, ки як ҳафта мешавад ширкатҳои воридкунанда, ин навъ маводи ғизоиро бо нархи баландтар ба онҳо дастрас мекунанд.

Ҳамчунин дар идома ин фурӯшанда таъкид кардааст, ки дар боло рафтани нархи равған даст надоранд ва сари ҳар як зарфи се ё панҷ литра танҳо 1, 5 ё 2 сомонӣ монда мефурӯшад.

Бо баланд шудани нарх ҳатто фурӯшандаҳо зарар дида, ин боиси сустшавии суръати савдои онҳо шудааст.

Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” сабаби боло рафтани қиммати равғанро ба боло рафтани қурби доллар, баста будани роҳҳо ва коҳишёфтани ҳаҷми воридоти ин навъ маводи ғизоӣ аз Русия ва дигар кишварҳо медонад.

Ин масъули бозор ҳамчунин таъкид намуд, ки аксар корхонаҳои равғанкашии ҳудуди вилоят ба таври кофӣ фаъол нестанд ва маҳсулоте, ки дар онҳо тавлид мешавад талаботи бозорро дуруст таъмин карда наметавонад.

Ҳамчунин сокинон аз дигар шаҳру навоҳии кишвар болоравии қиммати маҳсулоти ғизоиро тасдиқ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар остонаи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто бо ба анҷом расидани ин моҳ нархҳо қимматар шуда, ба ҳолати пештараи худ барнамегарданд. Тоҷирон ҳамеша болоравии нархҳоро ба набуди маҳсулот ва боло рафтани қурби доллар рабт медиҳанд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон таъкид намуд, ки тоҷирон молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд.

Ихтисоси беш аз ним миллард доллар барои хариди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон

0

Тоҷикистон имсол барои хариди маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ беш аз 546 миллион доллар ҷудо мекунад. Тибқи гуфтаҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ (ба истиснои гази моеъ) дар ҳаҷми 531,1 ҳазор тонна ба маблағи 344,2 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Ва воридоти гази моеъ дар ҳаҷми 442 ҳазор тонна ба маблағи 202 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Тибқи омори расмӣ, тақрибан 90 дарсади сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистонро аз Қазоқистон меоранд. Тибқи омор, дар ду моҳи соли равон дар кишвар беш аз 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ ва мазут) истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 30,7% камтар аст.

Зимнан, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 82 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст. Тавре ба хабаргузории “Авеста” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, дар ин давра беш аз 81,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 37,6 миллион доллар ворид карда шудааст.

Русия ва Қазоқистон таъминкунандагони асосии маҳсулоти нафтӣ ба шумор мераванд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозори сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ супорад.

Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон меояд

0

Қарор аст аз 10 то 12 моҳи июни соли ҷорӣ Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манбаи худ дар ҳукумати кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, дар барномаи ин сафари раисҷумҳури Узбекистон баррасии дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар тамоми соҳаҳо, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшуда дар назар аст.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм бояд ба имзо бирасад.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 сурат гирифта буд, ки он ба нарм шудани муносибатҳои қаблан сардшуда дар замони Ислом Каримов оварда расонд.

Яке аз дастовардҳои муҳими ин сафар боз шудани марзҳо ва инчунин имкони сафари шаҳрвандони ду кишвар бидуни виза буд. Баъд аз он низ Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар нишастҳои гуногун ба Душанбе сафарҳои расмӣ дошт.