24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 627

Амрико аз шаҳрвандонаш хост ба Тоҷикистон сафар накунанд

0
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рӯзи 6 сентябр Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри иттилоияе ба  шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки ба сабаби эҳтимоли сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон сафар накунанд, ҳамчунин бинобар эҳтимоли хатари терроризм аз эҳтиёкор кор гиранд.

Вазорати хориҷии Амрико баъди тавсияи Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо, ки  дар Амрико мустақар аст, рӯзи 6-уми август Тоҷикистонро ба қатори кишварҳое ворид кардааст, ки хатари сирояти бемории COVID-19 дар онҷо баланд аст, шаҳрвандони Амрикоро ҳушдор дод.

Дар шарҳи расмии марказ, ки дар вебсайти он нашр шудааст, омадааст, ки “Хатари сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон баланд аст. Марказ ба мусофирон тавсия медиҳад, ки аз тамоми сафарҳои нозарур ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд”. Сафарҳои зарурӣ ба гуфтаи ин Марказ, кор барои расонидани кумакҳои башарӣ, ба сабабҳои сиҳатӣ ва ё мушкилоти ҳалталаби оилавӣ аст.

“Агар шумо дар Тоҷикистон бемор шавед ва ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ пайдо кунед, имконот маҳдуд аст. Мусофироне, ки ба Тоҷикистон мераванд, мумкин аст, ба сабаби COVID-19 ба карантини ҳатмӣ гирифта шаванд, марзу фурудгоҳҳоро баста бинанд, дастур бигиранд, ки дар хона монанд. Дастрасӣ ба табобат мумкин аст, маҳдуд бошад.”  Омадааст, дар шарҳи Марказ.

Ҳамчунин дар идомаи  шарҳи Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико гуфта шудааст: “Одамони калонсол, афроди синну соли гуногун, ки бемориҳои хоссе доранд ва дигар касоне, ки мумкин аст, ба хатари зиёди бемории сахт рӯ ба рӯ шаванд, бояд сафари худ, аз ҷумла сафарҳои зарурии худро ба Тоҷикистон ба таъхир андозанд.”

Тоҷикистон то рӯзи 5-уми сентябр дар қатори кишварҳое буд, ки ба гуфтаи Марказ мусофирон ҳангоми сафар ба он бояд қоидаҳои маъмулии пешгирӣ аз сирояти ҳаргуна беморӣ ва ё чунин меъёрҳоро “сахт риоят мекарданд.”

Вазорати умури хориҷии Амрико дар мавриди эҳтиёткории хос аз терроризм дар Тоҷикистон гуфтааст: “Террористон дучархасаворонро ҳадаф гирифтанд ва мумкин аст, дигар ҷойҳо, ба мисли маҳаллаҳои аҳолинишин, клубу ресторанҳо, ибодатгоҳу, меҳмонхонаҳо, мактабу маконҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳоро ҳадаф бигиранд.” Ҳарчанд ба гуфтаи Вазорат, “муассисаҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи аслии террористон мемонанд.”

Дар Тоҷикистон дар таърихи 29-уми июли соли 2018 сӯйқасд ба ҷони гурӯҳе аз сайёҳони дучархасавори хориҷӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Кулоб сурат гирифта буд, ки чор нафар ба ҳалокат расида буд, аз ҷумлаи ду шаҳрванди Амрико. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифта буд.

Таҷовуз ба номуси кӯдаки 3-сола дар шаҳри Турсунзода

0
Акс аз: novostivmire.com

Бино ба хабарҳои расида, як тифли сесола аз шаҳри Турсунзода аз ҷониби амакаш таҷовуз шудааст, наздикони ин кӯдак ба Додгоҳ муроҷиат кардаанд, аммо парванда то охир баррасӣ нашуда ва ҷониби гунаҳкор ба ҷазо кашида нашудааст.

Зуля Раҳматова, як фаъоли тоҷик бо нашри муроҷиатномаи видеоии хешовандони ин кудаки таҷовузшуда аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ кумак хоста, гуфтаанд, парвандаро зери назорати худ бигиранд то гунаҳкор беҷазо намонад.

Ба гуфтаи наздикони кӯдак, аввалҳои моҳи август ин ҳодиса рух додааст.

Хешовандони кӯдаки таҷовузгардида гуфтаанд, ки нафаре, ки кӯдакро таҷовуз кардааст, амаки ӯ буда, то ҳол дар озодӣ қарор дорад.

Чанде пеш Радио Озодӣ аз қавли амаки кӯдак навишта буд, “зери шиканҷа” гуноҳро ба гардан гирифт, аммо чӣ гуна ва дар куҷо шиканҷа шуданашро нагуфтааст.  Ӯ мегӯяд, ки  “хонаводаи келини собиқ хусумат дорад” ва дар ҳаққи онҳо бадгӯӣ мекунанд. Дар посух ба суоли он ки чӣ гуна кӯдак дар хонаи онҳо “хунрав” шудааст, гуфтааст: “Вай аз аввал ҳамин хел касал дошт, гурдаҳояш бемор буд ва баъзе вақтҳо чунин мешуд.”

Модари кудак чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шудам, вале хонаводаи шавҳарам алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд. Аммаву амакаш рӯзи Иди Қурбон гуфтанд, ба тамошо мебаранд ва ман ҳам розӣ шудам. Як рӯз пас хусури собиқам занг заду гуфт, ки духтарам бемор аст. Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд.”

Рӯзи 4 сентябри соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки як сокини ноҳияи Данғара, Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич, ки соли 2017 дар хонаи истиқоматиаш ба номуси духтари ноболиғи худ таҷовуз карда буд, аз тарафи суди ноҳия барои 25 сол равонаи зиндон шуд. Коршиносон мегӯянд солҳои охир шумори ҷиноятҳои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ аз сӯйи хонаводаҳои худ зиёд шунида мешавад, ки ин боиси фишори равонии аксари модарон гаштааст. Дар ин бора то ҳол назари ҷомеашиносон ва равоншиносон ба таври умум расонаӣ нашудааст.

Баъди ҷарима шудани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ арзон шуд

0

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон 18% поён рафтааст. Дар ин бора сомонаи “Sputnik” хабар дод. Поён рафтани нархи газ баъд аз ҷарима шудани ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ аз Ҷониби хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба маблағи 1.1 млн сомонӣ ва баъд аз нашри хабарҳо дар бораи бе асос боло бурдани нархи гази моеъ сурат гирифтааст.

Нархномаи наверо, ки бисёре аз ширкатҳо омода кардаанд, дида мешавад, ки нархи гази моеъ нисбат ба 2 ҳафтаи пеш 18 % пойин рафта қариб ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Бояд қайд кард, ки гази моеъ яке аз асоситарин маводи сӯзишвории нақлиётӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Гази моеъ дар Тоҷикистон аз замони баъди хатми карантин боло рафт. То он замон нархи газ ба 2.5 сомнӣ баробар буд. Сар аз моҳи июн то нимаҳои моҳи август нарх 55% боло рафта, ба 4.7 сомонӣ баробар шуда буд, ки нигаронии мардумро ба вуҷуд овард.

Абдумаҷиди Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар як суҳбат ба “Sputnik” гуфтааст, ки зимни санҷиш дар 9 ширкати фурӯши сӯзишворӣ маълум шуд, ки онҳо арзиши маводи сӯзишвориро беасос боло бурдаанд.

Муъминзода аз бурдани номи ширкатҳо худдорӣ карда, вале гуфт, ҳар як ширкат аз 50 ҳазор то 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз хориҷа ворид карда мешавад. Соли гузашта бино ба маълумотҳои омории гумрук, беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. “Фароз”, “Газпром”, “Газойл”, “Роҳи Сомон нафт” ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Коршиносон боло рафтани нархи сӯзишвориро дар инҳисор шудани ин тиҷорат аз ҷониби ширкати “Фароз” медонанд. Набудани рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ ва муаян кардани нархҳо аз ҷониби як ширкат сабаби аслии болоравии нархи сӯзишворӣ мебошад, мегӯянд коршиносон.

Муноқишаи гурӯҳӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

0

Рӯзи 3 сентябр зодагони Тоҷикистон дар Русия байни ҳамдигар муноқиша намудаанд. Гуфта мешавад, дар ин ҷанг аз силоҳи тапонча то калтак истифода шудааст.

Дар видиое, ки тавасути камераҳои назоратӣ дар ин минтақа сабт шуда, дида мешавад, ки як гурӯҳ, ҷавонон дар руйяшон ниқоб кашидаанд ва дар дастонашон калтак ба суйи як анбор ҳаракат мекунанду ба як идора ворид шуда, тамоми чизҳои онро хароб мекунанд ва нафарони дар онҷобударо лату кӯб мекунанд.

Сипас ҳангоми баромадан аз бино як мошин ба самти ин ҷавонон ҳаракат намуда чанд нафарро пахш мекунад. Ва он ҷавоне, ки дар дасташ тапонча буд, ҳодисаро дида, фирор мекунад, аммо мошин онро низ пахш мекунад.

Гуфта мешавад, ҷанг байни зодагони Ҳисору Кулоб рӯх додаст.

Вале то ҳол дар барои тафсилоти хабар изҳороти расмие на аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия на аз ҷониби Тоҷикистон нашр нашудааст. Ва маълум нест, ки сабаби аслии ин ҳодиса чӣ буда ва чаро чунин ҷанҷоле рух додааст.

То имрӯз хабарҳо дар мавриди ҷангҳои гурӯҳии шаҳрвандони Узбекистон ва ё Доғистону дигар миллатҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон расонаӣ мешуд, аммо ин бор ҷанҷол байни худи шаҳрвандони Тоҷикистон рух додааст ва то баёноти расмӣ сабаби ин ҳодиса норӯшан хоҳад монд.

Андозҳои бемаврид дар Тоҷикистон миёни соҳибкоронро шикастааст

0

Як корбари фейсбук, Джана Ашурова дар саҳифааш навиштааст, ки гурӯҳе аз соҳибкорони шаҳри Панҷакент аз он нигаронӣ доранд, ки аз Раёсати андози вилояти Суғд онҳоро ба ҳолашон намегузоранд ва аз ҷаримабандиҳои зиёду беҳудаи ин гурӯҳи корӣ хаста шудаанд, мехоҳанд корпартоӣ кунанд ва ё ба Раисҷумҳур шикоят баранд.

Бино ба навиштаи Ашурова тӯли як моҳ мешавад, як гурӯҳи тафтишотӣ аз Раёсати андози вилояти Суғд дар Панҷакент қарор дорад. Ба гуфтаи корбар, ин гурӯҳи корӣ, ки як сол қабл низ ба Панҷакент омада, тоҷиронро бо ҳар баҳонае ҷарима баста буданд, баъд аз нашри эътирозҳои соҳибкорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, даст аз корҳои ғайриқонунияшон бардошта, ғайб заданд.

Тоҷирон гуфтаанд, дар баробари доштани тамоми ҳуҷҷатҳо кормандони андоз аз онҳо ба ҷуз андозҳои муқарраршуда, низ пардохти пешакиро талаб доранд, ки ин бар хилофи таъкиду дастурҳои Президент мебошад. Намояндагони андоз мегуфтаанд, ки соҳибкорон бояд дар баробари андозҳои муқарраршуда, пардохти пешакии андозро низ ба таври иҷборӣ бисупоранд.

Як соҳибкор, нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки намояндагони гурӯҳи корӣ ба коргоҳи мо  омада, баъди тафтиши ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима патент ва шаҳодатномаҳояшонро гирифта бо худ мебурдаанду баъд бо навбат занг зада даъват мекунаду маблағ меситонидаанд.

«Мо мегўем, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои мо қонунӣ ва ҳамаи талаботҳои андозро риоя мекунем. Чаро патенту шаҳодатномаҳоямонро гирифта мебаред, онҳо мегўянд, ки даркор шавад даҳто «причина» меёбем, барои шуморо ҷарима кардан. Маҷбурем хомўш истему ба гуфтаашон кор кунем».

Ба гуфтаи соҳибкорон гурӯҳи “зудамал” як амрномаеро, ки маълум нест он тибқи кадом қонун будааст, нишон додаву молиёти иловагӣ талаб мекардаанд. Бе ин ҳам мо барои ҷашни 5500-солагии Саразми бостониамон кумакҳои молӣ карда истодаем ва кўмаки худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедорем. Инро ҳукумати шаҳр хуб медонад ва мо ҳамеша дар хизматашон будем, ҳастем ва мемонем, мегӯяд ин соҳибкор.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ рафтору амали гурӯҳи кории Раёсати андози вилояти Суғд ба дараҷае расидааст, ки тоҷирон дарҳои дўкону коргоҳҳояшонро баста аз ин ҷабру талаботҳои бе асоси ин гурӯҳи «зудамал» фирор мекардаанд.

Соҳибкорону тоҷирон  гуфтаанд,  дар сурати пеши роҳи ин гурӯҳи «зудамал»-ро нагирифтан ба Президенти кишвар муроҷиат хоҳанд кард ва ё коршиканӣ мекунанд.

Дар зери ин хабар корбарони оддӣ ва коршиносон шарҳҳои гуногун навиштаанд. Аз ҷумла, Шокирҷон Ҳакимон, муовини ҲСДТ ва коршиноси масоили ҳуқуқӣ менависад:

“Ба хамон президентшавҳои ҳамдиёратон дастҷамъона муроҷиат кунанд, шояд масъаларо танзиму ҳал кунанд. Зеро ки гапашон дар ҳама ҷо раво будаасту дар сатҳи якуму дуюми давлатдорӣ танҳо ба андешаю тавсияю эродҳои онҳо мутаваҷҷеҳ мешудаанд. Дигар шахсиятхои соҳибэҳтиром гуё дар водии Зарафшону Панҷакенти зиёипарвар намондаанду беқадру қиммат шуда бошанд”.

Ҳолатҳои барзиёд талаб намудани андоз ва пешпардохт кардани он аз ҷониби кормандони андози Тоҷикистон чандест аз аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузориш мешавад. Аммо дар хусуси ин гузоришҳо худи Кумитаи андоз шарҳе надода ва ҳатто аз ин ҳолатҳо пешгирӣ ҳам накардааст.

ПАНҶАКЕНТ: ГУРЕЗ, КИ НАЛОГ ОМАДСоҳибкорону тоҷирони шаҳри Панҷакент нигаронӣ аз он мекунанд, агарчи онҳо андозҳояшонро…

Gepostet von Джана Ашурова am Samstag, 5. September 2020

Сафи мӯътаризон меафзояд. Хуруҷи даҳҳо ҳазор мӯътариз ба хиёбонҳо дар Минск

0
Акс аз “belsat.eu”

Рӯзи якшанбе даҳҳо ҳазор мӯътариз дар Минск ба нишони эътироз алайҳи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури феълии Беларус, ки бори шашум худро барандаи интихоботи кишвараш эълон кард, ба кӯчаҳо баромаданд. Мӯътаризон иддао доранд, ки Лукашенко ин бор ҳам бо роҳи фиребу тақаллуб худро барандаи интихобот эълон кардааст. Ва рафтани ӯро аз курсии президентӣ талаб доранд.

Хабаргузории бахши русии “Евронюз” менависад, ки бо вуҷуди зиёд будани нерӯҳои амниятии зидди ошуб, мӯътаризони Беларус, ки бо даъвати ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Лукашенко ба кӯчаҳои пойтахт баромаданд буданд, дар даст парчамҳои сурху сафед доштанд ва бо шиорҳо истеъфои президентро талаб мекарданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи якшанбе дар Минск ҳудуди 70 нафар боздошт шудааст. Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия гузориш дод, ки дар натиҷаи тазоҳурот чанд нафар эътирозгар захмӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилаи Беларус мегӯяд, дар тазоҳуроти рӯзи шанбе 91 эътирозгар, ки ба гуфтаи онҳо сабабгори “халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ” буданд, боздошт шудаанд. Вазорат инчунин ба зарурати саркӯб кардани эътирозҳои давомдор таъкид кардааст.

Бо вуҷуди ин, эътирозҳои беларусҳо тайи чаҳор ҳафтаи охир беист идома дорад ва дар рӯзҳои охир шумори онҳо афзудааст, ки сафи онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад.

Коршиносон мегӯянд, Александр Лукашенко, ҳампаймони Русия буда, бо ҳимояти ҳукумати ин кишвар аз соли 1994 дар Беларус қудратро дар даст дорад. Тибқи иттилои расмӣ, Светлана Тихановская, танҳо рақиби аслӣ ва рақиби Лукашенко, тақрибан 8% овозҳоро ба даст овард ва фавран пас аз интихобот ба кишвари Литва паноҳ бурд.

Ахиран кишварҳои Литва, Латвия ва Эстония, ҳамсояҳои Беларус, низ алайҳи Лукашенко ва 29 мансабдори дигар таҳрим ҷорӣ кардаанд, ки дигар сафар кардани онҳо ба кишварҳои мазкур мамнӯъ шудааст. Иттиҳоди Аврупо (ИА) низ натоиҷи интихоботи Белорусро ба расмият нашинохт ва аз ҳукумати он даъват кард, ки бо эътирозгарон аз роҳи хушунат кор нагирад ва инчунин интихоботи озод баргузор кунад.

Ҳизби комунист ҳам номзадашро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

0
Мироҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ. Акс аз нашрияи “Садои мардум”

Рӯзи 5 сентябр Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатияш номзад ба мақоми перезидентро муайян кард. Дар анҷумани ин Ҳизб раисаш Мироҷ Абдуллоев, бидуни рақиб бо тарафдории 55 вакил ҳамчун номзад ба интихобот пешбарӣ шуд.

Ҳизби комунисти Тоҷикистон дертар аз ҳама ҳизбҳо анҷуманашро баргузор кард ва то шурӯи интихобот ҳудуди як моҳ мондааст, ки бояд ҳизбҳо то 11 сентябр, яъне пеш аз оғози таблиғоти интихоботӣ 250 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоянд то намзадашон сабтином шавад. Мироҷ Абдуллоев дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, боварӣ дорад, дар ин фурсати кӯтоҳ, ки 5 рӯз боқӣ мондааст, беш аз 200 ҳазор имзои лозимаро ҷамъоварӣ мекунанд.

Радиои Озоди бо такя ба қавли раҳбари ин Ҳизб навишт, ки ӯ зимни суханронияш дар анҷумани Ҳизб гуфт: “Ҳизби мо мустаҳкам аст ва дар интихобот ғалаба мекунем”.

Агарчи раҳбарияти Ҳизби комунисти Тоҷикистон аз барномаи пешазинтихоботияш чизе нагуфтаанд, аммо Радиои Озодӣ хабар дод, ки нусхаи барномаи ҳизб дастрасаш гардидааст ва тақрибан аз шиорҳое иборат мебошад, ки дар барномаҳои дигар аҳзобҳо низ дида мешаванд. Аз ҷумла, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди истеҳсоли ватанӣ, паст кардани сатҳи камбизовативу муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиши мақомотҳои назораткунанда, решакан кардани ришвахурӣ, ҳимояи ҳуқуқуқи колективҳои меҳнатӣ ва амсоли ин ҳадафҳо, ки одатан танҳо навишта мешаванду амалӣ намегарданд.

Ҳизби коммунист соли 1920 таъсис ёфтааст ва ҳизби яккатози замони Шӯравӣ буд, баъд аз пошхӯрии ин Иттиҳод дар Тоҷикистон ба ҷуз қишри калонсол ҷавонон аз барномаҳои он ҷонибдорӣ намекунанд. Ба гуфтаи коршиносон ин ҳизб ба хотири сиёсати бисёрҳизбӣ ҳамчун як намуна аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Аммо ба иддаои раҳбари ҲКТ онҳо 38 ҳазор аъзо доранд ва беш аз 12 дарсади онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

ҲКТ то соли 2015 дар порлумони кишвар ду ҷой дошт. Шодӣ Шабдолов, раҳбари собиқи ин ҳизб ва Исмоил Талбаков, муовини ӯ. Аз Шабдолов зиёд шунида мешуд, ки дар парлумон аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард. Аммо дар интихоботи соли 2015 ҳизби онҳо ҳамроҳ бо ҲНИТ ба порлумон роҳ наёфтанд. Шодӣ Шабдолов дар як ҷаласаи ҳизбӣ, ки ӯ онро “табаддулот” номида буд, аз мақомаш барканор шуд ва ба ҷояш Исмоил Талбаков раҳбари ин ҳизб шуд. Пас аз даргузашти Исмоил Талбаков раҳбарии ин ҳизб ба души Мироҷ Абдуллоев гузашт.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор хоҳад шуд. Аз 7 ҳизби сиёсӣ то ҳол 6 ҳизб номзадҳои худро барои ворид шудан ба маъракаи интихоботӣ эълон кардаанд, вале Ҳизби сотсилат-демократи Тоҷикистон интихоботро таҳрим ва эълон кард, ки дар он ширкат нахоҳад кард.

Ҷеймс Гилмор: Лукашенко дигар имкон надорад раисҷумҳур бимонад

0

Намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Ҷеймс Гилмор гуфт, “Бояд раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенкоро қонеъ сохт, ки ӯ дигар имкон надорад раисҷумҳур бимонад”.

Ҷеймс Гилмор дар ин бора дар як мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy”, ки рӯзи панҷшанбе 3 сентябр нашр шуд, изҳор дошт,

“Чизеро, ки имрӯз мо бояд анҷом бидиҳем ин аст, ки талош кунем Лукашенкоро қонеъ созем, ки дар шароити имрӯза ӯ имкон надорад дигар раисҷумҳур бошад.Лукашенко ҳоло ҳам бар ин бовар аст, ки интихоботҳои дурӯғин ва саркӯби мардум кори хуб аст ва мешавад ҳокимиятро идома бахшид”.

Рӯзи 9 август пас аз эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус ва ғолиб эълон шудани Лукашенко мардуми ин кишвар инро напазируфтанд ва даст ба эътироз заданд. Гуфта мешавад, ки ҳазорҳо эътирозгар дастгир шуда ва ду тан ҳам кушта шуданд.

Дар пайи ин саркӯбиҳои мақомоти Белорус нисбати эътирозгарон давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла давлатҳои назди Балтик зидди Лукашенко таҳрим эълон карданд. Худи Лукашенко давлатҳои Аврупоиро сабабгори ин беназмиҳои кишвараш медонад.

Дар Тоҷикистон телевизиони нави “Илм ва табиат” ба кор оғоз мекунад

0

Дар таърихи 25 августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи навтаъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат”, ҳамчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид.

Гуфта мешавад, дар шабакаи нави телевизиони “Илм ва табиат” 87 ҷойи корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ таъсис дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дода, ки дар муддати шаш моҳ масоили марбут ба таъмини шабака бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар асбобу лавозими заруриро ҳаллу фасл намоянд.

Маблағгузорӣ ба шабакаи телевизионии аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси худи муассиса роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин Вазорати молия вазифадор шуда, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ барои пардохти хароҷот (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 87 воҳиди кориро пешбинӣ кунад.

Гуфта мешавад, дар шабакаи мазкур барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз пахш мешаванд.

Бино ба иттилои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар кишвар 13 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 35 шабакаи телевизиони хусусӣ фаъолият мекунад.Дар назар аст, боз як як шабакаи нави давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад.

Ширкатҳои воридкунандаи газ барои нархро боло бурдан ҷарима шуданд

0

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон қариб 10 ширкатеро, ки бо тиҷорати гази моеъ машғул буданд, ҷарима бастааст. Дар ин бора хубаргузории “Sputnik” бо такя ба Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз моҳи июл то ба имрӯз 9 ширкати воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистонро батафтиш намуда, ҷарима кардааст.

Ба гуфтаи Маркази матуботии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳаҷми ҷаримаҳо дар умум 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сабаби аслии ҷарима шудани онҳо ворид намудани хароҷоти беасос ба нархи фурӯши мол гуфта шудааст, ки ин боиси ба таври сунъӣ боло рафтани нархи газ дар бозорҳои кишвар гардидааст.

Вале дар хабари Хадамоти зиддиинҳисорӣ номи ширкатҳои ҷаримашуда зикр нагардидааст. Ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣ тафтишҳо нишон доданд, ки ширкатҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба нархи маҳсулоти худ меафзоянд. Ҳоло он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ширкатҳо ҳақ доранд як фоизи муайян бар арзиши аслии маҳсулот илова кунанд, на беш аз он.

–Дар Тоҷикистон 15 ширкати воридкунандаи гази моеъ ба қайд гирифташудааст: “Аллат”; (18,24), “Темур ойл” (11,08%), “Ғайрат” (10,61%), “Октан – сервис” (10,04%), “Газпромнефт Тоҷикистон” (8,09%), “Эмом импорт экспорт” (8,08%), “Мабдаи нур” (4,70%), “Каёнуш – таъминот” (5,36%), “Гули сурх континент” (4,33%), “Нури Дилшод” (4,05%), “Баҳор” (3,71%), “Газойл” (3,40%), “Соро компания” (2,86%), “Кӯлобнафтрасон” (2,82%) ва “Газнафт” (2,64%) мебошанд.( Ина я схемаш кне тамом)

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозор сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ месупорад. Ба назари огаҳони умур, инҳисори бозори маводи сӯхт аз ҷониби “Фароз” сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ дар кишвар гардидааст.

Баъзе иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки агар мақомоти кишвар хоҳанд, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон баланд наравад, аввал иҷозатномаҳои ғайриқонунии ширктаи “Фароз”-ро дар кишвар бекор кунанд, ҳама чиз мисли пешина мегардад.

Як манбаъ ба “Аздо тв” дар ин маврид гуфт:

“Ҳоло бубинед, бар замми аз ширкати “Фароз” иҷозатнома доштан, инчунин он дар тамоми нуқтаҳои сӯзишворӣ таҷҳизотҳои масхуси худро насб кардааст, ки аз сари ҳар як литр сӯзишворӣ 20 дирам ҳақи “Фароз” ҳисоб карда мешавад, пулро “Фароз” мегирад, вале соҳибкор аз 20 дирами ҳақи “Фароз” андоз месупорад”.

Бино ба хабари Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи аввали соли равон ин ширкатҳо 264 ҳазору 207,66 тонна гази моеъ дар ҳаҷми 102,1 миллион доллар ба кишвар ворид карданд.