Имрӯз дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари як амалиёти террористӣ имоми масҷид ва чанд тан аз намозгузор ҷон бохтанд. Ҳангоми адои намози ҷумъаи 12 июн дар масҷиди Шершоҳи Сурӣ, қисмати ғарбии шаҳри Кобул таркиш рух дода, ҷони имоми ин масҷид мавлавӣ Азизуллоҳи Муфлиҳ ва чандтан аз намозгузоронро рабуд.
Бино бар гузориши Маркази матбуоти Вазорати дохилаи Афғонистон маводи тарканда дар дохили масҷид аз қабл ҷосозӣ шуда будааст. Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории “Тулӯъ нюз (tolonews)” гуфтаанд, ки дар ин таркиш беш аз даҳ тан намозгузорон захмӣ шудаанд. Захмиёнро ба бемористон интиқол доданд ва вазъияти саломатии онҳо хуб арзёбӣ шудааст. Ториқ Орин сухангӯи ВУД Афғонистон кушта шудани имомҷумъаи масҷиди мазкурро таъйид намуда, гуфтааст, ки гурӯҳи тафтишотии вазорат дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва таҳқиқот оғоз шудааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ва ё шахсе масъулияти ин амали террористиро ба душ нагирифтааст.
Ҳамла бар масоҷиду куштани имомон ва намозгузорон чандест аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Афғонистон идома дорад. Ҳафтаи гузашта низ як амали террористие дар масҷиди Вазирмуҳаммади Акбархон дар шаҳри Кобул рух дод, ки бар асари он яке аз руҳониёни шинохта Мавлавӣ Муҳаммадиёзи Ниёзӣ, устоди донишгоҳ ва имоми ин масҷид кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.
Додгоҳе дар Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст. Ин муҳоҷирон гуфтаанд новобаста аз маҳдудиятҳои ношӣ аз коронавирус ва манъи ҳаракат ва равуо ва баста будани марзҳо, ҳукми онҳо содир шудааст ва феълан ин гурӯҳи муҳоҷирон дар гузаргоҳи Жибек Жоли, байни Қазоқистону Узбекистон, қарор доранд.
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтааст, дар бораи ихроҷ шудани шаҳрвандони кишвар ҳеч иттилоъ нагирифтааст. Аммо айни ҳол дар гузаргоҳи сарҳадии Жибек Жоли шумори муҳоҷирони бандмонда 178 нафар ҳисоб шудааст. Ончуноне гуфтем беш аз панҷоҳ нафари онҳо мегӯянд, аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд. Бархе аз онҳо нусхаи қарори додгоҳро ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Ба онҳо муҳлат дода шудааст, ки дар давоми се рӯз ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд. Бештари қарорҳо рӯзҳои 2 ва 3-юми июн содир шудаанд. Дар сурати тарк накардани қаламрави ин кишвар онҳоро ҷазои сахттар, яъне зиндон таҳдид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ваъда дода буданд, то 10-уми июл ба муҳоҷирон ҳаққи дуруст кардани санадҳояшонро медиҳанд ва касеро ихроҷ намекунанд. Меҳроб Каримов, муҳоҷири 32-солаи тоҷик аз ҷумлаи онҳоест, ки дар даст қарори ихроҷ дорад. Ӯ мегӯяд, аз як сӯ онҳоро ихроҷ кардаанд, вале аз сӯи дигар аз марз имкони берун шудан намедиҳанд. Меҳроб бо гурӯҳе аз муҳоҷирон охири моҳи феврал барои кор ба Қазоқистон рафта буд. Дар моҳи март дар ин кишвар карантин эълон шуд ва онҳо натавонистанд, кор кунанд. Сафорати Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн навишт, “аз ҷониби он шаҳрвандоне, ки дар сарҳад ҷамъ омадаанд, дар ин бора ба намояндагӣ ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ муроҷиат нашудааст”.
Аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз рӯзи аввали мушкил сафоратро огоҳ карда буданд ва сабти суҳбат бо кормандони сафоратро дар даст доранд. Сиёвуш Тешаев, яке аз муҳоҷирон мегӯяд, рӯзе, ки боздошт шуданд, фавран ба сафорат занг заданд. “Сафоратро ҳамон рӯз огоҳ кардем ва ҳамарӯза занг мезанем. Пеш аз мурофиаи додгоҳӣ сафорат мегуфт, ки натарсед, ихроҷ намекунанд, ҳар куҷое рафтед, занг занед, вале вақте қарори ихроҷамон баромад, муносибат дигар шуд”.