19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 633

Мутахассисони вирусшинос барои таҳқиқи вируси ҳамагир ба Вуҳон рафтанд

0

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт як гурӯҳи мутахассисонро барои таҳқиқ ва пурра омӯхтани вируси “COVID-19” ба шаҳри Вуҳони Чин фиристод. Вуҳонро макони сарзадани коронавирус медонанд.

Рӯзи панҷшанбе 28 январи ҳамин сол ин ҳайат кори таҳқиқотии худро шуруъ кард, ҳарчанд маълум нест, ки онҳоро ба ҳама иншооти зарурӣ иҷозаи санҷиш медиҳанд ё хайр.

Бино ба иттилои хабаргузории “Ал-Ҷазира”, дар назар аст, мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз озмоишгоҳҳое боздид кунанд, ки озмоишҳои аввалини вируси “COVID-19” онҷо гузаронида шудааст ва ҳамчунин аз бозоре, ки эҳтимолан вируси ҳамагир аз онҷо паҳн шуд, дидан кунанд.

Чанде пеш Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Чин хоста буд, ки мутахассисон барои озмоиши ин вирус ба Вуҳон раванд, аммо зоҳиран Чин ба ин дархост талаби рад дода буд.

Баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Чин дар додани маълумоти бештар дар бораи ин вируси ҳамагир худдорӣ мекунад.

Пештар хабарҳо нашр шуда буд, ки наздикони онҳое, ки аз коронавирус дар Вуҳон фавтидаанд, мегуфтанд, ки онҳо зери фишори мақомоти Чин қарор доранд. Ва аз онҳо хоста шудааст, ки чизе нагӯянд.

Хабарҳо низ нашр шуда буд, як нафаре, ки аз вазъияти интишори коронавирус дар Вуҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор нашр кард, аз ҷониби мақомоти Чин боздошт шуда буд.

Аммо мақомоти Чин чунин фишорҳоро рад намуда, мегӯянд, ки як қатор давлатҳо мекӯшанд интишори коронавирусро тобиши сиёсӣ диҳанд.

Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешавад

0

Аз 1-уми феврали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки тибқи анъана ҳар шаш моҳ пас баргузор мешавад, шуруъ мешавад.

Барои рӯзноманигорон, аз ҷумла васоити ахбори оммаи мустақил, ин ягона фурсати мустақиман ба саволҳои худ посух гирифтан аст.

Одатан, дар чунин нишастҳои матбуотии пешбинишуда масъулини вазорату идораҳо, инчунин муовинони онҳо ва сардорони раёсатҳо ширкат мекунанд.

Ин нишастҳои матбуотӣ вақти маҳдуд доранд. Нишастҳо одатан на бештар аз як соат давом мекунанд ва ҳолатҳое буданд, ки сардорони баъзе шӯъбаҳо аксар вақт изҳоротҳои матбуотиро хонда, барои саволҳо вақт намегузоштанд.

Баъзе роҳбарони бахшҳои алоҳида барои рӯзноманигорон дастрастаранд ва вақти нишасти матбуотиро дароз мекунанд, то саволҳо беҷавоб намонанд.

Тибқи ҷадвале, ки Дастгоҳи Президент тасдиқ кардааст нишастҳои матбуотӣ 1 феврал оғоз ёфта, 19 феврал ба поён мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ аз 15 сентябри соли 2011 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Қаблан онҳо ҳар семоҳа баргузор мешуданд, аммо тайи чанд соли ахир нишастҳои матбуотӣ дар ҳар шаш моҳ як маротиба баргузор мегарданд.

Сафир аз мақомоти Русия хост, ки мутахассисони тоҷикро ба кор даъват кунанд

0

Рӯзи 27 январи соли равон Имомуддин Сатторов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Руися, дар ин мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо ҷиҳати манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия мавриди баррасӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар дидор Сафири Тоҷикистон ба масъулини ВКД-и Русия пешниҳод намудааст, ки шаҳрвандони мутахассиси Тоҷикистон ба ин кишвар барои кор даъватт карда шаванд.

Як ҷавонзани тоҷик кӯдаки навзодашро дар беруни ятимхона гузошта рафтааст

0

Бино ба иттилои хабаргузории “KP.ru” рӯзи 27 январ дар саҳни ятимхонаи “Павлин” воқеъ дар наздикии боғи “Дубки”-и шаҳри Маскав назди айвони ин муассиса тифли 3-моҳаи дар кампал (одеяло) парпечбастаро пайдо кардаанд, ки модараш гузошта рафтааст.  

Гуфта мешавад, ин тифл ба як ҷавонзани 22-сола бо номи Фирӯзахон аз Тоҷикистон таалуқ доштааст, ки чанде пеш ба хотири супоридани фарзандаш ба ятимхона омада будааст, вале дар ятимхона тифли навзодро ба хотири хурдсол буданаш қабул накардаанд.

Модари тифл бо гиря ба кормандони пулис изҳор дошта, ки чанде пеш ба ин ҷо омада, ба раҳбарияти ятимхона рӯирост гуфтааст, ки тифлашро ба онҳо додан мехоҳад, зеро хушдори наваш кӯдакро қабул надорад.

Ҳамчунин аз хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав дар ин маврид хабар дода шуд, ки “айни замон кӯдак дар бемористон қарор дошта, табибон вазъи солимии ӯро муоина мекунанд. Сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодиса таҳқиқ ва то кадом андоза риоя шудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муносибат бо ноболиғон, инчунин амали волидон оид ба иҷрои уҳдадориҳояшон дар ғамхорӣ дар бораи солимӣ ва инкишофи кӯдак арзёбӣ мешавад”.

Дар идома гуфта шудааст, ки то ҳол дар ин маврид парвандаи ҷиноятӣ оғоз нагардидааст, дар ҳолати солим будани тифл, эҳтимол барои дар хатар гузоштани кӯдак парванда оғоз гардад, ки тибқи қонунгузории Русия то як соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Аммо агар кӯдак бемору лоғар бошад ва маълум шавад, ки модараш бо ӯ рафтори муносиб надоштааст, пас инро иҷро нашудани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ баҳогузорӣ карда, ҷазо сахттар мешавад, яъне то се соли зиндон дар назар аст.

Боздошти корманди давлатӣ бо иттиҳоми порагирӣ

0

Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Асоев Искандар Сайдуллоевич нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сӯхтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Асоев Искандар Сайдуллоевич бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ӯро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз ӯ 18.000 сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Дар идома гуфта мешавад, “санаи 22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Асоев И.С. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 18000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст”.

Нисбати Асоев И.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Фоидаи муфти “Рушди раҳнавард”, солона 11 млн доллар

0

Рӯзнманигор, Ёқуб Ҳалимов дар як таҳқиқоти худ собит сохта, ки ширкати “Рушди раҳнавард” – масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт, бидуни ҳеҷ хизмате солона бештар аз 11 миллион доллар фоида ба даст меорад.

Торнамои “CABAR.asia” менависад, ки ин ширкат амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст. Ба навиштаи ин торнамо дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор воситаи нақлиёт – мошини сабукрав, борбар, мусофирбар – мавҷуд аст, ки ҳамаи ин мошинҳо дар сол як маротиба аз ташхиси техникӣ (техосмотр) мегузаранд.

“Ташхис барои мошинҳои сабукрав 250 сомонӣ (тақрибан 22$) ва барои дигар навъи нақлиёт 350 сомонӣ (наздики $31) муқаррар шудааст. Даромади тахминӣ аз ташхиси мошинҳо дар як сол зиёда аз 132 млн сомонӣ ё бештар аз 11,5 млн долларро ташкил медиҳад”, менависад муаллиф.

Ширкати “Рушди раҳнавард”, ки ҳоло монополисти ин бозор маҳсуб мешавад, ба чи касе таллуқ дорад?

Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, ки дар бораи ин ширкат дар манбаъҳои озод – сомонаҳо, расонаҳо – маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Ин ширкат бо вуҷуди он ки фаъолияти густарда дорад, сомонае надорад, ки дар барои фаъолияташ иттилоъ бидиҳад.

“CABAR.asia” дар ҳамин ҳол менависад, ки дар ҷараёни таҳқиқот мушаххас шуд, ки – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Рушди роҳнавард” амалан дар суроғаи пешини ҶСП “Фароз” ҷойгир аст. Ҳамчунин муайян гардид, ки дар “Рушди роҳнавард” бархе аз кормандони пешини ҶСП “Фароз” фаъолият доранд.

Мудири ин ширкат Ҷунайдулло Ширинов аст, ки дар гузашта мудири ҶДММ “Муоинаи техникии автомобилии пойтхат”-и марбут ба “Фароз” буд.

Ширкати мазкур 10 майи соли 2019 дар мақомоти андози Тоҷикистон сабт шуда ва зоҳиран хизматрасониҳои марбут ба бахши воситаҳои нақлиётро, ки пештар “Фароз” мерасонд, ҳамакнун “Рушди роҳнавард” соҳиб шудааст. “Рушди роҳнавард” дар Тоҷикистон ташхиси ҳатмии техникии мошинҳоро анҷом медиҳад, рақамҳои “зебо”-и қайди давлатиро тавассути музояда ба фурӯш мегузорад ва фаъолияти мактабҳои ронандагиро пеш мебарад.

Дар бораи чигунагии тарзи гузаронидани ташхиси техникии ин ширкат муаллифи ин таҳқиқот бо нияти озмоиш ду моҳи пеш мошини худро аз ташхису муоина гузаронид ва 4 соати дигар мушоҳида карда, ки нуқтаи ташхиси техникии ҶСП “Рушди роҳнавард”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов, 75 (нишондоди харитаи Google), шаҳри Душанбе чӣ гуна фаъолият мекунад.

“Бино ба талаботе, ки дар ташхисгоҳ овезон аст, ҳангоми ташхиси техникӣ қисмҳои зерини воситаи нақлиёт бояд санҷида шаванд:

– чарҳо

– муҳаррик ва сохтори он

– чамбарак

– дигар ҷузъиёти нақлиёт

– системаи тормоз

– шишаҳо ва низоми тозасозии шишаҳо, обпошакҳо

– чароғҳову чароғакҳо ва ғайра.

Дар сурати корношоям будани яке аз ин қисмҳо воситаи нақлиёт бояд барои таъмир фиристода шавад ва танҳо баъди таъмир дубора ба ташхисгоҳ оварда ва аз сари нав аз ташхис гузарад. Аммо бино бар озмоиш ва мушоҳидаи муаллиф дар нуқтаи ташхиси техникии воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов 75, на танҳо воситаҳои нақлиётро ташхис намекунанд, балки бидуни ҳузури воситаҳои нақлиёт низ ҳуҷҷати гузаштан аз ташхисро медиҳанд”.

Нуктаи ҷолиби дигари ин таҳқиқ он буда, ки зӯри кормандони БДА ба ин ширкат намерасад ва дар ҳоли мушкил доштани воситаи нақлиёт агар ронанда ба ин ширкат ишора кунад ӯро раҳо мекунанд.

Муаллиф менависад, ин дар ҳолест, ки таҳқиқи журналистӣ ва изҳороти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ собит карда, ки дар Тоҷикистон бидуни гузаштан аз ташхиси техникӣ метавон, санад дарёфт кард, аммо БДА мегӯяд, дар соли 2020 (то моҳи декабр) “ҳолатҳои бе гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ соҳиби талони муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гаштан, аз сӯи БДА ошкор карда нашудааст”.

Ва суоли асосии муаллифи таҳқиқот ҳам ин буда, ки рафту кадом воситаи нақлиёти афгор, ки дар ивази маблағ аз ташхис гузашта ба садама дучор шавад, кӣ гунаҳкор ҳисобида мешавад – БДА, ширкати ташхискунанда ё соҳиби мошин?

Бояд гуфт, ки “Фароз” ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон буд, ки дар моҳи апрели соли 2020 аз қатъи фаъолияти худ хабар дод. “Фароз” чандин самтро дар Тоҷикистон инҳисор карда буд, аз ҷумла хариду фурӯши сӯзишворӣ, ҷамъоварии шираи камол, сайёҳати лижаронӣ, кандани конҳо ва ғайра.

Ин ширкат ҳамчунин дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои ронандагӣ ва нуқтаҳои ташхиси техникӣ дошт. Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон бо номи худаш 5 июли соли 2011 ширкати “ГЛАТТО МЕНЕДҶМЕНТ ЛТД”- ро дар ҷазираҳои Вирҷинё сабт кардааст. Гуфта мешавад дар активи ин ширкат беш аз 800 миллион доллар мавҷуд аст.

Рӯзноманигор Далер Шарифов аз зиндон озод шуд

0

Субҳи имрӯз 29 январ Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, ки соли гузашта бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати динӣ – мазҳабӣ” барои як сол маҳкум ба зиндон шуда буд, раҳо шуд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Khayrullo Saidov

Далер Шарифов 28 январи соли 2020 аз ҷониби КДАМ боздошт шуд ва 16 апрел Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ӯро барои як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон Далер Шарифовро ба он муттаҳам карда, ки ӯ аз соли 2013 то соли 2019 “200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд” ва алайҳи ӯ парванда кушоданду равонаи зиндон шуд, аммо худи ӯ ва вакили дифоаш ин иттиҳомотро рад карданд.

Дар баробари ин созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти кишвар талаб мекарданд, ки Далер Шарифов бе қайду шарт раҳо шавад. Аммо масъулин талаби ҷиҳатеро ба инобат нагирифт.

Чанде пеш наздиконаш аз мақомот хоста буданд, ки вазъи саломатияш худ нест ва ӯро ба маҳбаси маскунӣ гузаронанд, вале ин дархости пайвандонаш рад шуд.  

Ҷузъиёти хабар баъдан нашр мешавад

Маҳмурод Одинаев ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

0

Имрӯз 28-уми январ Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ-ро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ин ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, “Худо ҳаст”.

Гуфта мешавад, писараш Ҳабибулло Ризоевро, ки айбдоркунандаи давлатӣ барояш 4 соли зиндон талаб карда буд, ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ низ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро рад мекард.

Пештар дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмурод Одинаев 15 соли зиндон талаб карда буд .

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ба Маҳмурод Одинаев, ки 59 сол дорад тибқи моддаи 237, яъне авбошӣ 6 сол ва тибқи моддаи “даъвати ом ба ифротгароӣ” 9 сол зиндон хостанд. Мақомот далели боз шудани парвандаи “авбошӣ”-ро ба ҳодисаи 29-уми октябри соли гузашта дар назди Комиссариати ҳарбии Ҳисор пайванд додаанд, аммо дар бораи “даъвати ом ба ифротгароӣ” ва бо кадом сабаб ин модда ба парвандаи муовини раиси ҲСДТ зам шудааст, чизе нагуфтаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш дар мурофиаи додгоҳии аввал, ки рӯзи 25-уми январ баргузор гардида буд, Маҳмурод Одинаев, ҳарду иттиҳомро беасос номидааст. Дар мурофиаи аввал ба ҳамсари Маҳмурод Одинаев Меҳрнигор Ризоева муяссар шудааст, ки бо ӯ чанд дақиқа суҳбат кунад. Одинаев дар суҳбат бо ҳамсараш аз он шикоят кардааст, ки биноии чашмаш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст.

Яке аз наздикони Маҳмурод Одинаев, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо “Аздо тв” шиканҷа шудани Одинаевро тасдиқ кард. “Ба дараҷае, ки одамро намешиносад дигар, ҳатто хотираашро гум кардааст”. Ӯ гуфт, ки қабл аз мурофиа Одинаевро бардошта овардаанд, худаш хуб роҳ гашта наметавонистааст. Инчунин гуфт, ки сутунмуҳраи Одинаев аз сабаби шиканҷаи зиёд осеб дидааст. Одинаев ба наздиконаш гуфтааст, агар маро аз инҷо набароред мурдаамро мебароред.

Аммо то ҳол мақомот дар бораи шиканҷа шудан ва ё нашудани Маҳмурод Одинаев расман чизе нагуфтаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват карда буд.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД-и шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ду писари Маҳмурод Одинаевро низ додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Додситонии Ҳисор Ҳабибулло Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои барқасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев пештар гуфта буданд, ки ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба Додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт. Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Баъд аз боздошти Маҳмурод Одинаев ва пизаронаш ҳамсари собиқаш бо нашри наворе ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, гуфта буд, ки се фарзанди ман дар зиндон аст, магар ман онҳоро барои зиндонӣ шудан таваллуд кардаам.

КҲФ вазъи саломатии осебдидагон аз таркиши газ дар Панҷакентро гуфт

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат аз ҳолати осебдидагони ҳодисаи таркиш дар чойхонаи Самарқанд хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи КҲФ 23 нафар кормандони ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Қайд мешавад, ки ҳолати се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин арзёбӣ гардидааст.

Ба навиштаи сомонаи КҲФ се зани аз 37 то 72-сола, ки дар Шӯъбаи эҳёгарӣ   бистарианд, табибон ҳоли онҳоро низ чандон хуб арзёбӣ накардаанд, ҳамчунин вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мард низ дар ҳолати вахим қарор доштааст.

Гуфта шудааст, танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шумораи осебдидагон   ҳодисаи таркиши газ дар Панҷекатро 12 нафар гуфта буд.