9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 64

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

0

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки “дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт”-и кишвар мустақим сармоягузорӣ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми июли соли 2025 Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар Давҳа бо Абдуллоҳ Муборак Ал-Халифа, раиси Бонки миллии Қатар мулоқот карда, дар бораи ҷалби сармоягузориҳои мустақим бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, “ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи молия ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.”

Гуфта мешавад, бо вуҷуди мушкилот ва фасоди идорӣ дар сохторҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир Давлати Қатар дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориҳои зиёдеро анҷом додааст, ки маъруфтарин онҳо сохти муҷтамаи хонаҳои бисёрошнагӣ дар машҳари Душанбе маъруф ба Диёри Қатар ва сармоягузорӣ барои сохти бинои буругтарин масҷид дар пойтахти кишвар мебошад.

Бо ин вуҷуд, ҳамоно мақомоти кишвар талош доранд, ки бо густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ Бонки миллии Қатар ва дигар муассисаҳои молии онро мутақоид кунанд, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузориҳои худро зиёдтар кунад.

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

0

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои матбуотии тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ оғоз шаванд.

Бар асосии иттилои расмӣ қарор аст, нишастҳои матбуотии шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба муддати камтар аз се ҳафта дар сартосари кишвар баргузор шаванд.

Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нишастҳоро нокофӣ ва медонанд. Ба гуфтаи онҳо, баргузор кардани ҳамагӣ ду нишасти матбуотӣ дар як сол, ки аксаран бо саволҳои қаблан интихобшуда ва дар муҳити ғайриозод мегузаранд, наметавонад пуле миёни ҷомеа ва ҳукумат бошанд.

Ҷомеаи рӯзноманигорӣ умедвор аст, ки нишастҳои матбуотии имсола воқеан ба шарҳи масъулият, посухгӯӣ ва шаффофият баргузор шавад. Яке аз рӯзноманигори тоҷик мегӯяд:  «Мақомот бо ин ду нишаст бештар кӯшиш мекунанд аз саволҳои баҳсбарангез гурезанд, на посух диҳанд.»

Дар ҳамин ҳол, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳамоно мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалист. Танҳо дар чанд соли ахир наздик ба 15 нафар рӯзноманигорону блогерони мустақил ва мунтақиди ҳукумат зиндонӣ шуданд. Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода,  Завқибек Саидаминӣ аз ҷумлаҳои онҳо мебошанд.

Мақомот ин рӯзноманигорону блогеронро бо иттиҳомоти марбут ба “ифротгароӣ”, “дурӯғпароканӣ” ва дигар айбномаҳои баҳсбарангез боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд. Иттиҳомоте, ки ҳам худи рӯзноманигорону блогерон ҳам созмонҳои ҳуқуқи инсон ташкили чунин парвандаҳоро сиёсӣ медонанд.

Гуфтанист, тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон ин нишастҳо соле ду маротиба дар оғози тобистон ва зимистон барои пешниҳоди ҳисобот ва посух додан ба суолҳои журналистон баргузор мешаванд. Нишастҳои шашмоҳаи аввал то 8-уми августи соли ҷорӣ баргузор хоҳанд шуд.

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

0

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ дар Олмон чор нафар узви ҷадидеро дар Раёсати Олии худ қабул кардааст.

13-уми июли соли 2025 нишасти Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд.

Сухангӯи ин ҳизб, Бобоҷон Қаюмзод бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки дар раванди идомаи “ислоҳот ва таҳкими фаъолият” дар ин нишаст, Муҳиддин Кабирӣ, “раиси ҲНИТ дар ҷаласа номзадии Саидмаҳмуд Саидов, Абдуқодир Шехов, Шавкат Шарипов ва Фарҳод Одинаевро барои узвият дар Раёсати Олии ҳизб пешниҳод кард. Пас аз баррасӣ ва овоздиҳии аъзои Раёсат, ҳамаи ин чаҳор нафар бо ҷонибдории аксарият ба ҳайати Раёсати Олии ҲНИТ шомил гардиданд.”

Аммо дере нагузашта, саҳифаи мансуб ба Муҳаммадҷони Нурӣ, писари раиси пешин ва яке аз муассисони ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин қарори Раёсати Олии ҲНИТ вокуниш нишон дода навишт, ки “Ҷаноби М. К! (Муҳиддин Кабирӣ), як ҳиммати дига мекардед аммама кати очам узви Раёсат мекардед, рӯҳи Устод аз шумо шоду розӣ хоҳад шуд.”

Аз сӯи дигар, Муҳаммадиқболи Садриддин, писари мулло Қаландари Садриддин, яке дигар аз муассисони ҲНИТ ҳам кӯтоҳ навишта, ки “Ислоҳот идома дорад… 3+1=3 Яъне ончи мехоҳам мекунам!

Гуфта мешавад, Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Иломии Тоҷикистон, ки то кунун 27 нафар узв дошт, ва бо истеъфои ду нафар аз онҳо, Муҳаммадкарими Орзӯ ва Азимҷон Ваҳҳобов ба 25 нафар расиданд ва бо қабули ин чор нафари ҷадид, теъдоди аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ба 29 нафар расиданд.

Пеш аз ин ҲНИТ дар рафти тағйирот ва ислоҳоти худ, фаъолияти Оинномаи худро ба як низомномаи даврони ҳиҷрат табдил дода, интихоби раис барои чор сол ва се муовини ӯ, ки хосси даврони ҳиҷрат дониста мешаванд, инчунин раиси Комиссияи тафтишоти ин ҳизбро ҳам дар табъид қабул карда буданд.

Аммо дар робита ба вазъи муовинони зиндонии ин ҳизб гуфта мешавад, ки бо маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон ва озод шудани муовинони зиндонии ҲНИТ фаъолияти ин ҳизб ба сурати худкор тибқи оинномаи он баргашта, муовинони зиндонӣ дубора ба сари вазифаҳои худ бархоҳанд гашт.

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

0

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз 30 соли ахир натавонистааст, ки мушкили камобӣ барои мардумро дар ин минтақа ҳал кунад.

Имрӯз, 13-уми июли соли 2025, Радиои Озодӣ, бо нашри як гузориши муфассал навиштааст, ки даҳҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон бо ирсоли нома ва мактубҳои худ таъкид кардаанд, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки бархе сокинони кишвар рӯзона чандин километр роҳҳоро пойи пиёда тай мекунанд, то тавонанд хонавоҳои худро бо хару ароба ба оби ошомиданӣ таъмин намоянд.

Дар минтақаи Кӯлоб, ки ин шабу рӯзҳо дамои ҳаво хеле гарм шудааст, бархе сокинон мегӯянд, ки масъулин реҷаи маъмули обтақсимкуниро, ки қаблан амал мекард, ва тибқи он рӯзона чанд соат об меомад, дар ин гармо аз байн бурда, дар 3-4 рӯз як маротиба обро сар медиҳанд.

Аз сӯи дигар, на танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб бо ин мушкил гирифтор ҳастанд, балки хонаводаҳои зиёде аз сокинони атрофи шаҳри Душанбе низ солҳост, ки дар чунин фаслҳои сол бо мушкили камобӣ гирифтор мешаванд ва ба ин хотир маҷбур ҳастанд, ки моҳона чанд маротиба бо қимати то 1000 сомонӣ об бихаранд.

Ба гуфтаи бархе сокинони кишвар, дар ҳоли ҳозир, дар хеле аз хонавонадаҳои Тоҷикистон, ки дар шаҳру навоҳии кишвар зиндагӣ мекунанд, бо сабаби дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани мардҳо ва ҷавонписарони хонаводаҳо аксар вақт вазифаи обкашонӣ ба дӯши занон ва кӯдакони ноболиғ бор карда мешавад, ки дар хеле мавридҳо вазни сангини ин кор ба саломатии онҳо зарар мерасонад.

Гуфта мешавад, бар асоси оморҳои расмии Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 66 дарсади аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд ва боқӣ 34 дарсади дигар аз мардум бо мушкили камобӣ гирифтор ҳастанд.

Ҳукумати Тоҷикистон солона бо баҳонаи таъмини рифоҳи иҷтимоии мардум, аз ҷумла таъмини сокинон бо ниёзҳои аввалия, ки таъмини оби ошомиданӣ яке аз онҳост, миллионҳо доллар аз хориҷ кумак дарёфт мекунад, аммо бо ин ҳол ҳамоно теъдоди зиёде аз сокинони кишвар бо камбуди оби ошомиданӣ гирифтор мебошанд.

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

0

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти худ дар Пекин ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.

13-уми июли соли 2025, Сергей Лавров бо ҳамтони чинии худ Ван И дар пойтахти Чин ба гуфтугӯ нишаста, вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд. Маскав ва Пекин бар ин боварнд, ки эҳтимол дорад ин низоъро бо роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ низ ҳаллу фасл намоянд.

Ин мулоқот, ки дар осотонаи нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Гурӯҳи 20, APEC ва созмонҳои минтақавӣ чун БРИКС ва СҲШ-ро низ таъкид намуданд.

Ҳамзамон Лавров ва Ван И бар зарурати идомаи ҳамкориҳои наздик ва стратегӣ байни Русия ва Чин таъкид намуда, дар робита ба муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ бо Ғарб низ бо ҳамтои худ аз Чин гуфтугӯ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам дар хусуси ин нишаст гуфтааст, ки мулоқоти мазкур нишонаи идомаи муносибатҳои наздики стратегӣ байни ду қудрати бузурги минтақа ва ҷаҳонӣ мебошад.

Гуфтанист, чанде пеш, вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Чин барои нахустин бор пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп рӯ ба рӯ бо ҳам мулоқот карданд. Онҳо ин дидорро “созанда ва мусбат” арзёбӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли НАТО, Марк Рютте, изҳор дошт, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ метавонад дар пайи ҳамлаи ҳамзамонии Чин ба Тайван ва Русия ба қаламрави НАТО оғоз шавад. Ба гуфтаи ӯ, НАТО бояд қудрати дифоъии худро барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии ин ду кишвар тақвият бахшад.

Иёлоти Муттаҳида Чинро ҳамчун рақиби аслии худ ва Русияро хатарноктарин таҳдид ба амнияти миллиаш мешиносад. Дар ҳамин ҳол, танишҳо миёни Вашингтон ва Маскав бар сари масъалаи ҷанги Русия дар Украина боло гирифтааст.

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

0
лªÉçÕÕÆ¬£¬Ìì½ò£¬2025Äê7ÔÂ2ÈÕ 7ÔÂ2ÈÕ£¬ÒÔ¡°ºëÑï¡®ÉϺ£¾«Éñ¡¯£¬´Ù½ø¿É³ÖÐø½»Í¨ºÏ×÷¡±ÎªÖ÷ÌâµÄÉϺ£ºÏ×÷×éÖ¯³ÉÔ±¹ú½»Í¨²¿³¤µÚÊ®¶þ´Î»áÒéÔÚÌì½ò¾ÙÐС£»áÒéÉóÒéͨ¹ý²¢Ç©ÊðÁË¡¶ÉϺÏ×éÖ¯³ÉÔ±¹ú½»Í¨ÔËÊäÖ÷¹Ü²¿ÃŹØÓÚ¡°Ë¿Â·æäÕ¾¡±ºÏ×÷µÄÁ½ⱸÍü¼¡·¡¶ÉϺ£ºÏ×÷×éÖ¯³ÉÔ±¹ú½»Í¨²¿³¤µÚÊ®¶þ´Î»áÒé¼ÍÒª¡·£¬½«½øÒ»²½¼ÓÇ¿ÇøÓò»¥Áª»¥Í¨ºÏ×÷¡£ лªÉç¼ÇÕß ÀîÈ» Éã

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар ин нишаст иштирок кард.

Завқизода дар суханронии худ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲШ аҳамияти хоса дода, ин равандро як имконияти муҳим барои рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳиссаи кишварҳои узви СҲШ дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 72% расидааст.

Вазири иқтисод таъкид кард, ки саҳми иқтисодиёти рақамӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон беш аз 15% буда, тибқи пешбиниҳо, дар солҳои наздик ин нишондод ба 20% хоҳад расид.

Ӯ ҳамзамон дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти рақамикунонии иқтисод муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки бо дарназардошти аҳамияти афзояндаи соҳаи рақамӣ, солҳои 2025–2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” эълон шудаанд.

Бо вуҷуди ин талошҳо, иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно бо монеаҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мебошад. Аз ҷумла, сатҳи пасти гуногуншавии иқтисодӣ (диверсификатсия), вобастагии зиёд аз маблағҳои муҳоҷирон, сатҳи нокифояи сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин фасод ва самаранок набудани идоракунии давлатӣ, рушди устувори иқтисодиро душвор месозанд.

Таҳлилгарон бар онанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат, зарур аст, ки дар баробари рақамикунонӣ, ислоҳоти ҷиддии низоми иқтисодӣ ва беҳсозии муҳити сармоягузорӣ амалӣ карда шавад.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

0

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Ба иттилои расмӣ, гумонбар Улуғбек Алимурзаев ном дошта, солҳои тӯлонӣ дар хонаи худ ба омӯзиши забони англисӣ машғул будааст.

Мақомоти милитсия мегӯянд, пас аз муроҷиати электронии чанд духтари ҷавон ба ВКД дар мавриди рафтори ғайриахлоқии ин омӯзгор, кормандони Шуъбаи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино чораҳои фаврӣ андешидаанд. Дар натиҷа, гумонбар Улуғбек Алимурзаев дастгир шуда, феълан дар ҳабс қарор дорад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, тафтишот барои муайянсозии ҳолатҳои эҳтимолии дигар кирдорҳои ғайриқонунии гумонбар идома дорад.

Ҳодисаи мазкур бори дигар зарурати назорати ҷиддии волидонро нисбат ба муҳити омӯзиши хусусӣ ва муаллимони шахсӣ нишон медиҳад. Чунин ҳолатҳо метавонанд боиси осеби равонӣ ба шогирдон шавад ва обрӯи соҳаи маорифро доғдор намоянд.

Нашри хабари боздошти омӯзгори забони англисӣ бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши густурда ба бор овардааст. Хусусан, корбарони фазои маҷозӣ, бахусус занон, ин иқдоми духтарони ҷавонро “шуҷоатмандона ва ибратомӯз” хонда, аз онҳо ситоиш кардаанд.

Бисёре аз корбарон таъкид мекунанд, ки дар шароите, ки озори ҷинсӣ аксар вақт пинҳон нигоҳ дошта мешавад ва ҷабрдидагон аз тарси аз даст додани обрӯ, хомӯш мемонанд, чунин иқдом ҷуръат ва иродаи қавии шаҳрвандиро барои пешгарии чунин ҷиноятҳо бештар мекунад.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

0

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабари 15 рӯз муҳлат додани мақомоти тоҷик барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро рад карда, гуфтааст, ки дар ин бора “касе аз паноҳҷӯён ба онҳо муроҷиат накардааст.”

Аммо ба назари корбарон, ҷавоби ин кумита бештар ба ҷавоби ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистон монанд аст. Аз ҷумла, ба ниҳодҳое чун Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки вақте аз қонуншиканиҳои масъулин, поймолшавии ҳуқуқи зиндониён, зарбу шиканҷа шудани маҳбусон шикоят мешавад, ҳамеша мегӯянд, “касе аз ҷабрдидагон ба онҳо муроҷиат накардааст.”

Ҳамзамон Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз хабари 15 рӯз муҳлат додани мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ изҳори беиттилоӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон ду рӯз қабл дар пасманзари ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрон хабар доданд, ки Тоҷикистон низ барои паноҳҷӯёни Афғонистон 15 рӯз муҳлат дода, то хоки кишварро тарк кунанд. Дар хабар таъкид мешуд, ки ин зарбулаҷал ҳама муҳоҷирони афғонистониро нобоста аз он ки асноди иқомат доранд ё на, шомил мешавад.

Вале ба таври расмӣ то ҳанӯз ҳеч мақомдори Тоҷикистон ва ё ниҳодҳои марбута дар ин бора вокунише накардаанд ва ин хабарро на рад ва на тасдиқ кардаанд.

Соли гузашта низ расонаҳои Афғонистон хабару наворҳои зиёде нашр карданд, ки гуфта мешуд, мақомоти тоҷик баъзе паноҳҷӯёни афғонро маҷбурӣ аз хонаҳояшон боздошт карда, ҳатто нагзоштаанд, ки либосҳои хонагияшонро иваз кунанд, мустақим ба лаби марз оварда, радди марз карданд.

Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ин хабарҳоро рад ё тасдиқ накарда буданд.

Пас аз нашри ин хабарҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоста буд, ки муҳоҷирони афғонистониро ба кишварашон, ки онҷо ҷонашон дар хатар аст, нафиристад.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

0

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, ин ду нафар бо ҷабрдида дар интернет шинос шуда, баъдан байни онҳо муноқишае сар мезанад. Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшудаҳо ҳамватани худро аз дохили макони зисташ дар шаҳри Обнински вилояти Калуга берун оварда, ӯро ба маконе дур аз назари мардум бурдаанд. Онҳо ҷабрдидаро латтукӯб намудаанд ва ин рафтори худро тавассути телефон ба навор гирифтаанд.

Мақомоти Русия нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Тибқи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Русия, онҳоро аз 5 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад. То ҳол ному насаби гумонбарон ва ҷабрдида нашр нашудааст.

Ин ҳодисаи дарднок дар пасманзари рафтори номуносиби бархе аз мақомоти Русия ва муносибати муҳоҷирбадбини дар Русия сурат мегирад. Ҳолате, ки худ мушкилоти зиёде барои шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷират эҷод мекунад. Аммо он чи нигаронкунанда аст, ин аст, ки муҳоҷирон ба ҷойи пуштибонӣ аз якдигар, гоҳе ба зӯроварӣ ва душманӣ даст мезананд.

Рафтори ғайриинсонӣ ва хушунатомези як муҳоҷир нисбат ба ҳамватани худ на танҳо обрӯи шахсии ӯро хароб мекунад, балки ба тамоми ҷомеаи тоҷикон дар Русия латма мезанад. Дар ҳолате, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар берун аз Ватан бо мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд, чунин амалҳо мушкилотро бештар мекунад.

Коршиносон бар инанд, ки беҳбуди вазъи муҳоҷирон на танҳо тавассути ҳимоя аз берун, балки бо эҳтиром ва пуштибонии якдигар дар дохили ҷомеаи муҳоҷир имконпазир аст.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

0

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад, ки сабабҳо барои маҳрум кардани муҳоҷирон аз шаҳрвандии Русияро бештар ва раванди бекоркуниро осонтар мекунад.

Бино ба гуфтаи Хадамоти иктишофии Украина, раисҷумҳури Русия Владимир Путин қасд дорад, ки ин қонунро то охири моҳи июл имзо кунад. Қонун асосҳои васеи қатъи шаҳрвандӣ, аз ҷумла “ҳимояти оммавии терроризм”, “ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ” ва “таҳдид ба амнияти Русия”-ро дар бар дорад.

Ин қонун дар ҳоле қабул хоҳад шуд, ки дар ҷомеаи Русия табъиз нисбати муҳоҷирон ва ҳатто мардумони минтақаҳои Қафқоз ба авҷи худ расидааст.

Аммо Хадамоти иктишофии Русия мегӯяд, ки ҳадафи аслии Кремл истифодаи муҳоҷирон барои пур кардани сафи артиши Русия дар ҷанг бо Украина мебошад. Яъне, бо ин роҳ, мақомот мехоҳанд аз даъвати маҷбурии аҳолии бумӣ худдорӣ кунанд ва мушкили норасоии нерӯи низомиро тавассути қишри осебпазир ҳал кунанд.

Назорати ба роҳ мондани ин механизм бар дӯши ниҳоди наве вогузор мешавад, ки бо масъалаҳои шаҳрвандӣ ва сабти хориҷиён дар Вазорати корҳои дохилии Русия кор мекунад.

Ҳоло, бар асоси маълумоти расмӣ, беш аз шаш миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, ки метавонанд таҳти таъсири ин қонун қарор гиранд.

Ёдовар мешавем, ки Русия ба хоки Украина рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ҳамла кард ва бо вуҷуди миёнаравии кишварҳо ва созмонҳо барои хотимаи ҷанг, он то ҳол идома дорад. Ва дар ин муддат мақомоти Русия ҳазорҳо зодагони кишварҳои дигарро бо роҳи зӯриву фишор ва ваъдаи додани шаҳрвандии ин кишвар ба сафи қувваҳои мусаллаҳи худаш ҷалб кард.

Муҳоҷироне, ки аз рафтан ба ҷанги зидди Украина саркашӣ мекарданд, шаҳвардияшон бекор ва ба зодгоҳашон ихроҷ мешаванд.

Муфтӣ Шафиқ Пшихачев чанде пеш гуфта буд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия ҳузур доранд ва бар зидди Украина меҷанганд. Оморҳои расмӣ метавонад аз гуфтаҳои муфтӣ ҳам бештар бошад.

Дар ҳамин ҳол сомонаи OBOZ.UA хабар додааст, ки Кореяи Шимолӣ нақша дорад теъдоди низомиёни худро, ки аз ҷониби Русия дар ҷанг бо Украина меҷанганд, се баробар зиёд кунад. Дар моҳҳои наздик Пхенян метавонад 25 то 30 ҳазор низомии дигарро ба вилояти Курск фиристад, ки ба он 11 ҳазор нафаре, ки қаблан фиристода шуда буд, бипайванданд.