16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 650

Пулро намесупорӣ аз донишгоҳ ихроҷ мешавӣ!

0

Даҳҳо донишҷӯи донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба хотири пардохт накардани маблағи донишгоҳ онҳоро ба имтиҳонҳои охири семестри якум роҳ наданд.

Донишҷӯён мегӯянд, ки бо сабабҳои гуногун имсол имкони пардохти пули таҳсилро надоранд, аммо ба гуфтаи масъулин ягона роҳи аз донишҷӯён гирифтани маблағ ин таҳдиди ихроҷи онҳо аз донишгоҳ аст.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб шикоят намудаанд, ки ба хотири пардохт накардани пули шартномаи донишгоҳ аз тарафи масъулин ба имтиҳонҳо роҳ дода нашудаанд.

Гулчеҳра ном, сокини шаҳри Кӯлоб ва модари се донишҷӯйи Коллеҷи тиббии ин шаҳр мегӯяд, духтар, писар ва келинаш дар ин коллеҷ таҳсил мекунанд ва маблағи солонаи ҳар як онҳо 2400 сомонӣ мебошад, ки маҷмуан бояд 7200 сомонӣ пардохт кунад, вале ӯ ҳоло имкони пардохти ин маблағро надорад.

Ин сокин дар идома гуфтааст, ки худаш бемор асту шаҳвараш дар як моҳ 500 сомонӣ маош мегирад, ки ба гуфтаи ӯ ин маблағ ба харҷи рӯзгор нокифоя аст.

Зубайдулло Азиззода, мудири Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар оғози соли таҳсил донишҷӯён нисфи маблағро супорида, ваъда дода буданд, ки боқимондаи онро то оғози имтиҳонҳо месупоранд, вале ба гуфтаи мудир ваъдаашонро иҷро накардаанд, маҷбур шуданд як қисми донишҷӯёнро ба имтиҳонҳо роҳ надиҳанд.

Танҳо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ набудаанд, ки аз роҳ надодан ба имтиҳонҳо шикоят мекунанд, ҳамчунин чандин донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ шикоят намудаанд, ки ба хотири пардохт накардани маблағи таҳсил ба имтиҳон роҳ наёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Насимҷон Абдулмуъминзода, муовини аввали раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ, ин ҳолатро тасдиқ намуда, иброз доштааст, ки “ҳамин фишанг мондааст ва агар бо ин роҳ маблағро нагирем, дигар гирифта наметавонем. Донишҷӯ, ки маблағи шартномаро насупорад, чӣ хел маоши устодонро аз маблағҳои махсус пардохт кунем?”

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ба хотири пардохт накардани маблағ донишҷӯёнро ба имтиҳонҳо роҳ намедиҳанд, чанде пеш низ донишҷӯёни дигаре аз Хуҷанд ва Душанбе ба “Аздо тв” дар ин маврид шикоят карда буданд.

Баъд аз хуруҷи коронавирус ва баста гардидани марзҳо, ки бештари муҳоҷирон дар Тоҷикистон банд монданд, шикояти хонаводаҳо бештар шудааст. Чун ин қишри нонрасони хонаводаҳои тоҷик аз ҷои кор маҳрум шудааст ва дар кишвар кори муносибе надоранд, ки рӯзгори худро пеш баранд.

ИНЧУНИН БИХОНЕД:

Шартномаи таҳсилро бисупоред, вагарна аз Донишгоҳ ихроҷ мешавед!

Бар кадом асос Далер Шарифов “барои ҷомеа хавфнок” будааст?

0

Радди дархости Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар мавриди тағйири шароити зиндони Далер Шарифов, рӯзноманигори мустақили тоҷик аз сӯи Додситони кулли Тоҷикистонро ба ҷуз аз ҷабҳагирӣ дар муқобили он қишри ҷомеа, ки аз онҳо дигарандешу озодфикр ном бурда мешавад, дигар чизе намешавад талақӣ кард.

Бадтар аз ин, ин ҷабҳа солтосол сахттар ва хашинтар шуда истодааст. Хабарҳои расида ҳокист, ки ниҳодҳои ҳомӣ ва нозири ҳуқуқ ва қонун саъй доранд, ҷомеаи кишвар дар як ҳолати ташвишу асабоният ва таҳти зӯриву саркӯб қарор дошта бошад. Тамоми садоҳо, ба ҷуз аз садои ҳоким башиддат буғӣ карда мешавад. Вале магар мешавад,ки бигзор 2 ва ё 5000 ва ҳатто 10.000 ҷамъияти нӯҳ миллиониро то ба охир, то ба рӯзи қиёмат дар як ҳолати ғайритабиӣ нигоҳ дорад ва даҳонҳоро скочпеч кунад?

Посухи радди Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ба муассисаи сукунат гузаронидани Далер Шарифов, ки ҳоло дар зиндони Ёвон нигоҳ дошта мешавад, бар ин ҷиҳат буда, ки ӯ “барои ҷомеа хавфнок аст”.

Аҷаб! Хуш ба ҳолатон ҷаноби Додситони кулл! Ҳиҷ ҳарфи бадардбихӯре ба ғайри ин пайдо накардаед. Як журналист, як нафаре, ки ҳатто узви ягон ҳайати корӣ нест, маҳалли доимии фаъолият надорад, манзур ҷойи кор, аз кадом лиҳоз ва бар пояи кадом меъёр: миллӣ ва ё байналмилалӣ “хавфнок” аст? Таҷовуз кард? Тарконд? Кушт? Террор кард ва ё чӣ?

Агар шумо тавзеҳ медодед, ки бар мабно ва дар чаҳорчӯби фалон моддаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ ӯ ҳаққи раҳоии зудҳангомро надорад, ҷомеа мегуфт, ки хуб дигар мадрак ва дастак доранд. Аммо ҳамту, холӣ-холӣ, бидуни онки ҳарфи қонун муроот бишавад, мегиреду ҳар чизе бихоҳед мегӯед: “барои ҷомеа хавфнок” аст.

Далер Шариф як сол мешавад, ки дар муассисаи ислоҳӣ, дар зиндон, таҳти шароити маҳдуд ва зери назорат қарор дорад. Аз ӯ кадом амали ғайриқонунӣ сар назадааст. Гузашта аз ин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии Шумо расман дархости кард, ки шароити зиндони ӯ тағйир дода шавад, бар ин далел, ки ӯ “ислоҳ” шудааст, кадом амале хилофи қонун анҷом надодааст, “ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошта, аз кирдори худ пушаймон аст” ва ҳақ дорад, ки ба колоннияи сукунат таҳвил дода шавад, Шумо баракс ва бар хилофи аслу талаби қонун онро рад мекунед. Чаро?

Тамоми ин муддат ва ин муҳлат ӯ дар итоат ва ихтиёри маъмурияти зиндон буд ва ин масъулони зиндон ҳастанд, ки дархости раҳоии зудҳангоми ӯро кардаанд. Пас, Шумо бар асоси чи маълумоту далеле мегӯед, ки на, ӯ ба ҷома хавфнок аст? Ин ҷабҳагирӣ дар баробари як шаҳрванд ва як дигарандеш нест? Рисолати додситонӣ магар ҳамин аст, ки дидаву дониста талаботи қонунро сарфи назар мекунад?

Дар моддаи 80 ва 72-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон ошкоро таъкид мешавад, ки бо гузашти сеяк аз ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазо ва бо дархости Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ додситон ва додгоҳ шароити идомаи муҳлати адои ҷазо ва муассисаи ислоҳиро тағйир медиҳанд. Аммо Шумо, бар хилофи ин талаботи Кодекс иҷозат надодед, ки як шаҳрванд ба муассисаи ислоҳии нисбатан озод ва сабук гузаронида бишавад.

Зимнан, Додситонии кулли кишвар аз ҳамон оғоз то ба ҳамин ҳоло дар нисбати қазияи Далер Шарифов, мунсифона муносибат накарда ва онгуна ки зикраш рафт ҷабҳагирӣ кардааст. Барои мисол ба ҳангоми эълони айб ва дарёфти дастури ҳабси пешакӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳз бо тақозои Додситонии кулл мурофиа пӯшида ва бидуни ҳузури адвокат баргузор шуда буд.

Ҳамчунин аз оғози тафтишот барои аз адвокатҳо гирифтани имзо оиди ифшо насохтани сирри тафтишотӣ, ки низ як амали ғайриқонунӣ аст, додситонӣ кадом вокунише нишон надод. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Додситон ниҳоди нозири иҷрои қонун дар кишвар аст. Худи раванди пӯшидаи мурофиа ҳам, ки ба маҳзи мӯҳри махфӣ гузоштан ба парванда сурат гирифт, як амали дигари ғайриқонунӣ ва баёнгари муносибати ғайримунсифона  ва муғризонаи додситонӣ буд. Муҳокимаи пушти дарҳои бастаи додгоҳии Далер Шарифов, бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз коронавирус дар ҳоле сурат мегирифт, ки мақомоти кишвар мукаррар аз адами ин вирус дар Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд. Ҳамаи ин нуктаҳо дар ин қазия касро мутмаин месозад, ки бархӯрд ва муносибати додситонӣ корӣ ва ҳуқуқӣ набуд ва ангезаҳое дигар дошт.

Хуб, бошад, тарафи Шумо рафтем ва гирифтем, ки ин журналисти дигарандеши тоҷик “барои ҷомеа хавфнок аст”. Вале ҳамагӣ як моҳ мондааст, ки муҳлати адои ҷазои ӯ хотима биёбад. Яъне Далер ба мисли як ҷинояткори ашаддӣ “от звонка до звонка” шишт. То як моҳи дигар ӯ раҳо хоҳад шуд. В-онгаҳ чӣ? Як маҳбуси “барои ҷомеа хавфнок” берун мебарояд?

Ҳоло агар ӯ барои ҷомеаи хавфнок буд, чаро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон хислатномаи мусбат дод?

Аз ин ҷо аст, ки мо гуфтем, Додситонии кулл дар баробари як қисме аз атбои ин кишвар, ки номи дигарандешу озодфикру рӯшанфикрро доранд, ҷабҳа гирифтааст. Чи расад ба онҳое, ки мухолифи низоманд. Муносибате, ки хилофи мавозини дохилӣ ва байналмилист, коре, ки нақзи қонун, амале, ки барозандаи як ниҳоди асосии давлат- ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аст, нест.

Як манбаи огоҳ аз фаъолиятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод супориши ғайрирасмиеро дар робита ба афроди алоҳида пеш мебарад. Ва болои ин нафарон, ки бо иттиҳомоти сохта ва ҷаълӣ равонаи зиндон шудаанд, бояд сангинтарин азобу ситам ҷорӣ карда шавад ва онҳо дар чавкоти меъёрҳои нонавишта нигаҳдорӣ мешаванд. Азбаски иттиҳоми ворида ба Далер низ бо ҳамон моддаҳост ӯро ҳам чунин сарнавишт пеш омад:

“Дар Додситонии кулли Тоҷикистон як супориши ғайрирасмӣ  вуҷуд дорад, ки бар мабнои он маҳбусоне, ки бо моддаҳои 307, 307 прим1, 307 прим.2, 307 прим.3, 179, 187,189,401 ва дигар моддаҳои марбут ба  экстремистиву террористи КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум шудаанд ва маҳбусони сиёсӣ нисбати онҳо Қонуни афв ва ё иваз намудани режими муассисаи ислоҳӣ, яъне гузаронидани онҳо ба муассисаи ислоҳии сукунат татбиқ карда намешавад. Ҳарчанд рафтору амали чунин маҳкумшудагон ба талаботи қонун барои гузаронидан ба муассисаи ислоҳии сукунат ҷавобгӯй мебошад, аммо онҳо ба колонияи сукунат гузаронида намешаванд”.

Аммо як нафари дигари огоҳ аз вазъи мавҷуда мегӯяд, ки инҷо масъла масъалаи пули пора барои ба муассисаи сукунат баровардан аст:

“Ба эҳтимоли қавӣ Далер ва бастагони ӯ натавонистанд ва ё ҷуръат накарданд, ки барои гузаштан ба колонияи сукунатӣ ба прокурор, маъмурияти зиндон ва ниҳоят суд “ҳақ” бидиҳанд. Шояд пешниҳод карданду аз тарси инки вай журналист асту пагоҳ берун барояд ҳамаро менависад, нагирифтанд.

Вагарна баромадан ва ё баровардан ба муассисаи сукунатиро қонун муқаррар кардааст ва ба ҳазорҳо нафар татбиқ шудааст ва ҳамин ҳазорҳо нафар ҳатмани ҳатман “доля”-и тағйири тарзи адои ҷазо, тағйири муассисаи ислоҳиро пардохт кардаанд. Бе ин ғайриимкон аст”.

Солҳост Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи нафароне, амсоли Далер, ки аз лиҳози ақида ва андеша тафовут доранд, ҷабҳагирӣ карда, шумори маҳбусони виҷдон (узник совести) дар кишварро зиёд карда истодааст. Яъне маҳбусони сиёсӣ. Аммо дар гузоришҳояш ба созмонҳои байналмилали ҳомии ҳуқуқ мукаррар аз адами маҳбусони сиёсӣ таъкид мекунад.

Шурӯъ аз соли 2015 ҳазорҳо ҳазор аз тоҷики бегуноҳро барои ақида, андеша ва инки пояшро дар намоз паҳн кардааст, почаи шалвораш аз буҷулак болост ва ё инки навиштаеро писанд кардааст (лайк мондааст), хулоса бо як иттиҳомоте, ки дар дунё як чизи маъмулӣ дониста мешавад, зиндон кардед. Аз оқибати он биандешед. Шумо қонун татбиқ кунед на инки хоста ва бофтаи худро қонун биҳисобед. Ҳазорҳо ҳазор хонаҳоро, зиндагиҳоро, оилаҳоро, қисматҳоро сӯхтеду шикастеду аз ҳам пошидеду барбод додед.

Парвандаи Далер Шарифов шаҳодати гӯёе аст, ки маҳбусони сиёсӣ вуҷуд доранд ва Шумо аз камтарин интиқод, камтарин садои эътирозӣ ҳарос доред. Барои ҳамин Шумо ин ниҳод ва нерӯи онро барои ҳифзи худ истифода карда истодаед. Аммо ҳар оғозеро анҷомест. Онгаҳ Шумо донеду дар баробари қонун ва аз ин ҳама аъмоли ҷиноӣ ҷавоб додан. Агар Далер ончи ки Шумо мегӯед буд, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон “ба ҳеч амали номатлуб даст назадааст ва рафтори муносиб дошт” намегуфт.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Бонки ҷаҳонӣ: 32 дарсади мардуми Тоҷикистон истеъмоли ғизоро кам кардаанд

0

Бонки ҷаҳонӣ тибқи як назарсанҷиаш мегӯяд, ки 32 дарсад оилаҳои Тоҷикистон аз сабаби гаронӣ ва вазъи бади иқтисодӣ аз истеъмоли баъзе хӯроквориҳо даст кашидаанд.  

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, гуруснагӣ дар қисме аз хонаводаҳо “падидаи воқеии соли 2020 будааст”.

Рӯзи 23-юми декабр дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар нишасти онлайнӣ гузоришеро дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарсанҷии худро тақдим намудааст.

Гуфта мешавад, ин назарсанҷӣ аз соли 2015 ба ин тараф ҳар моҳ дар миёни 1400 хонавода аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ва қишрҳои гуногун гузаронида мешавад.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ Алишер Раҷабов, иқтисоддони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаҳои назарсанҷиро муаррифӣ намуда гуфтааст:

“Шумораи хонаводаҳое, ки гуфтанд, истеъмоли хӯроквориро кам карданд, хеле зиёд шуд. Масалан, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2020-ум 32 дарсади оилаҳои пурсидашуда гуфтанд, истеъмоли ғизоро кам карданд. Гуруснагӣ як падидаи рӯшани соли ҷорӣ буд. Дар назарсанҷӣ одамон гуфтанд, барои харидани хӯроки кофӣ пул намерасад ва маҷбур мешаванд, рӯзҳо гуруснагиро таҳаммул кунанд.”

Дар идома гуфтааст, назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки мушкили гуруснагӣ хусусан моҳи апрел ва майи имсол бузургтар шуд. “Моҳи апрел ва май (авҷи паҳншавии коронавируси нав) хонаводаҳое, ки ба гуруснагӣ мувоҷеҳ шуданд, 6 дарсад афзуд. Моҳи баъде шиддати он каме поин омад, аммо моҳи октябр ва ноябр шумори чунин оилаҳо дубора афзуд”.

Сурат: nm.tj

Дар моҳи апрели 2020 пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба хонаводаҳо якбора 62 дарсад коҳиш ёфтааст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар тамоми давраи баргузории назарсанҷӣ ин бузургтарин уфти пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.

Аммо ба мушоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ, моҳҳои баъдӣ, аз ҷумла август пулгузаронии муҳоҷирон ба хонаводаҳо афзоиш ёфта, то ба сатҳи соли 2019 баробар шудааст.

Вобаста ба вазъи бади иқтисодӣ ва гаронии нархҳо аз бозорҳои Тоҷикистон наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Баъзе харидорон дар бозорҳо мегӯянд, моҳҳост, ки гӯшт нахӯрдаанд, зеро нархи он қаблан 38-40 сомонӣ буд, вале якбора ба 60-70 сомон расид, ки дигар бо он маоше, ки мегиранд наметавонанд гушт истеъмол кунанд. Инчунин баъзе мегӯянд аз хӯрдани меваҷот низ даст кашидаанд, чун хеле гарон аст.

Муҳоҷирон “Сомон Эйр”-ро таҳрим карданд?

0

Радиои Озодӣ навореро дар шабакаи фейсбукии худ нашр кард, ки дида мешавад ҳавопаймои Тоҷикистон аз Русия нимахолӣ ба Душанбе меояд.

Корбаре, ки наворро ба Радиои Озодӣ равон кардааст мегӯяд нархи билет каме бештар аз 30 ҳазор рубли русӣ аст. Дар ин навор гуфта мешавад, ки 2 хатсайрро якҷо намудаанд, вале бо ин ҳам ҳавопаймо нимахолӣ боқӣ мондааст.

Пештар муҳоҷирони корӣ аз он шикоят мекарданд, ки нархи билет то 50 ҳазор рубл боло рафтааст ва бо доштани нархи баланд, хидматрасонии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон хусусан “Сомон Эйр” ба нархе, ки билетҳоро мефурӯшанд, ҷавобгӯ нест.

Чанде пеш корбаре ба “Аздо ТВ” низ навореро равон намуда, аз хидматрасонии бад ва нархи баланди чиптаҳои ширкати “Сомон Эйр”, ки ба Ҳасан Асадуллозода додараруси Эмомалӣ Раҳмон таллуқ дорад, шикоят карда буд.

Бо вуҷуди арзон шудани билетҳо чунин ба назар мерсад, ки муҳоҷирон ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистониро таҳрим намуда, аз роҳҳои боз ҳам арзонтар истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки бо интишори коронавирус бештари давлатҳо марзҳояшонро бастанд, аз ҷумла Русия. Аз он замон шаҳрвандони Тоҷикистон аз онҷо берун ва ё баракс ворид шуда наметавонистанд.

Баъзе аз кишварҳои ҳамсоя хатсайрҳои доимиро бо Русия барқарор кардаанд, аммо Тоҷикистон ҳанӯз шаҳрвандонашро тариқи парвозҳои чартерӣ бо нархе хеле гарон ба Ватан меорад.

Дигарбора зиндонӣ шудани аъзоёни собиқи ҲНИТ

0

Дар Тоҷикистон аъзоёни собиқи ҲНИТ-ро пас аз озод шудан аз зиндон дигарбора ба ҳабс мегиранд. Яке аз аъзоёни паноҳбурдаи ҲНИТ дар Аврупо, Саидисоқ Бобоев хабар дод, ки Юсупов Зайниддин, масъули бахши ҲНИТ дар н.Фархорро пас аз озод шудан боз ба як соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ӯ дар соли 2015 дар пайи парвандаи пурсарусадои ҲНИТ барои 10 сол паси панҷара рафт ва дар моҳи феврали соли гузашта ба озодӣ баромад. Ба қавли манбаъ дар таърихи 18 декабри ҳамин сол Зайниддини 52 соларо дигарбора ба як соли зиндон маҳкум кардаанд.

Юусупов Зайниддинро ба он гунаҳгор донистаанд, ки ӯ аз Асрориддин Розиқов 200 доллар кӯмак гирифтааст. Пештар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҲНИТ-ро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Бародари Асрориддин, Ҳисомиддин, ки ҳоло дар Аврупо паноҳҷу аст, гӯфт, ки мурофиа пӯшида гузашта, дар бораи он шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд ва ҳангоми эълони ҳукм пайвандонашонро низ ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд надоданд.

Ӯ мегӯяд, ки ба бародараш адвокат гирифта буданд, вале адвокат баъд аз 1 бори вохӯрӣ бо бародараш бо сабабҳои номаълум аз идомаи ҳимояти Асрориддин даст кашид. Пайвандони Асрориддин мегӯянд, ӯро беасос зиндонӣ карданд ва онҳо адвокат надоштаанд. Модари Асрориддин мегӯяд онҳоро ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили мудофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонанд».

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон изҳор дошта буд, ки Асрориддин Розиқов «бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст», муттаҳам аст.

Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо аз замони боздошт то эълони ҳукм ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дуввуми моҳи сентябри имсол дар филми – ба гуфтаи мақомот, мустанади “Хиёнат” зоҳир шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин гуфта буд, “маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе меравад, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо гоҳ-гоҳе ҷамъ оварда, ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, “Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад” ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”. Мақомот ба ин дархост посух надодаанд.

Замоне, ки мо ин хабарро омода мекардем, як манбаи дигар гуфт, ки бо Асрориддин Розиқов дар курсии айбдорӣ ду нафари дигар нишаста буданд ва онҳо 6-солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, аммо ному насаби онҳоро ошкор накард. Дертар номи онҳо низ маълум гашт ва Радиои Озодӣ гуфт ҳардуи онҳоро барои интиқоли маблағи кумак ба хонаводаҳои зиндонии аъзои ҲНИТ гунаҳгор дониста ба 6 солии зиндон маҳкум кардаанд. Радиои Озодӣ аз қавли хешовандони ин ду тани маҳкумшуда гуфт, ки онҳо Муҳаммадии Соҳибнзар ва Баҳриддини Қурбон будаанд.

Гуфта мешавад падарони онҳо дар гузашта узви ҳамин ҳизб будаанд ва ҳоло додгоҳ дороиҳои ин ду нафарро, аз ҷумла мошиноҳояшонро мусодира карда аст. Дар барномаи хабарии “Радиои Озодӣ” Муҷриёни ин Радио бо ҳайрат суол карданд, ки оё танҳо расонидани кумак ба хонаводаҳои маҳбусон, ки пас аз зиндонӣ шудани сарпаноҳи хонавода дар шароти бади иқтисодӣ ба сар мебаранд, дар қонунгузории Тоҷкистон ҷурм дониста мешавад? Суолест, ки ҳоло касе намехоҳад посух бигӯяд.

Ҳамин гуна чанде пеш дар Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ-ро дубора барои 6 солу 8 моҳ равонаи зиндон карданд. Ӯ соле пеш бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷалолиддин Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин собиқ узви Раёсати олии ҲНИТ-ро рӯзи 3 августи ҳамин сол дубора аз манзилаш аз деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор барои бозпурсӣ бурда, баъди чанд соат манзилашро кофтукоб намуда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Сабаби боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд эълон нашуда буд ва дар тӯли чоруним моҳе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, тафсилоте дар бораи парвандаи ӯ аз ҷониби мақомот дода нашуда аст.

Дар Тоҷикистон боз лимити барқ ҷорӣ шудааст?

0

Сокинони деҳаҳои Панҷакент аз ҷорӣ шудани дигарбораи лимити барқ шикоят доранд. Рӯзи 24 декабр соли ҷорӣ сокинони деҳаҳои Навобод, Марғидар, Ғусур ва Рукнобод дар тамоси телефонӣ бо “Аздо ТВ” гуфтанд, ки чанд рӯзи ахир аз соати 8:00- и субҳ то соати 16:30 интиқоли барқ қатъ мегардад.

Ба гуфтаи сокинон дар баъзе деҳаҳо аслан барқ нест. Онҳо мегӯянд, дар байни мардум овоза шудааст, ки аз моҳи январ боз лимити барқ мисли пештара ҷорӣ мешавад. Ин овозаҳо боис шуда, ки мардум ба ҷамъоварӣ ва захираи таппак шуруъ кунанд. Овозаи ҷорӣ шудани дубораи лимити барқ дар манотиқи Тоҷикистон сабаби гароншавии таппак, ҳезум ва ангишт гаштааст.

Сурат: Азия-Плюс

Ба ҳамин монанд ҳамчунин аз баъзе навоҳии вилояти Хатлон низ ба “Аздо тв” хабар доданд, ки лимит як ҳафта боз ҷорист. Баъд аз эълони рафъи лимит танҳо як ҳафта барқ пурра буду халос. Пас аз як ҳафта боз лимитро ҷорӣ кардаанд.

Ҳамзамон имрӯз 25 декабр низ хабар расид, ки дар ВМКБ низ мардум аз ҷорӣ шудани лимит шикоят доранд.

Дар ҳамин ҳол яке аз пайвондони маҳбусон бо шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “ҳатто дар зиндонҳои Тоҷикистон лимити барқ дигарбора ҷорӣ шудааст, маҳбусон хӯрокҳои хунук мехӯранд ва дар як шабонарӯз чанд бор барқ қатъ мешавад, ки ин мушкилии маҳбусонро бештар кардааст”.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасддиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон 10 декабр лимит бардошта шуд ва интиқоли доимии он расман шуруъ гардид. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дод, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Ин шикояти сокинон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд. Вале бо ташкили як Ситоди назоратгар барои сарфи нерӯи барқ пайваста таъкид мешуд, ки барқ бояд сарфакорона истифода шавад ва дар акси ҳол боз лимит ҷорӣ мешавад.

Аммо коршиносон дар бораи ташкили ин Ситоди назоратгар ва таҳдиди мардум барои дигарбора ҷорӣ шудани лимити барқ мегӯянд, ки Ситод набояд мардуми оддиро назорат кунад, чун онҳо ҳисобкунанкҳои барқии дуруст доранд ва маблағи барқро сари вақт месупорад. Аммо ин Ситод мебоист барқи корхонаҳову дастгоҳҳои бузурги мансабдорон, хусусан наздикони раисҷумҳурро назорат мекард, ки чӣ миқдор барқ масраф мекунанд ва то кадом андоза маблағи онро мепардозанд.

Бино ба гуфтаи шоҳидон дар он кӯчае, ки як мансабдори баландпоя ва ё яке аз пайвандони Президент зиндагӣ мекунад, дар ҳама солу моҳ барқ вуҷуд дорад ва лимит ҳечгоҳ ҷорӣ намешавад.

Пойгоҳи низомии 201 Тоҷикистонро аз хатари Толибон ҳимоят мекунад?

0

Игор Лякин-Фролов Сафири Русия дар Тоҷикистон дар мулоқот ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иброз доштааст, ки Пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба ҳамагуна “сюрпризҳо” -и ҷангҷӯёни афғон омода аст.

Бино ба иттилои “Sputnik” сафир гуфтааст, ки аз ҷиҳати силоҳ ва таълимоти ҷангӣ хизматчиёни ҳарбии Русия дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.

Ба гуфтаи Игор Лякин “Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳое, ки дар қаламрави Афғонистон ҳастанд, инро медонанд. Он нерӯҳое, ки ба амнияти Тоҷикистон зарар мерасонанд ва метавонанд зарар расонанд. Аз ин рӯ, пеш аз коре, ки бояд кунанд, бояд хеле хуб фикр кунанд”.

Дар идома иброз доштааст, ки масъалаҳои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар нишасти ахири СААД баррасӣ шуд.

Ӯ ҳамчунин аз вазъи номусоиди Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштааст, ки “вазъ дар Афғонистон номусоид аст. Музокирот идома дорад, аммо то ба ҳол онҳо натиҷаи мушаххас надодаанд. Амалиёти низомӣ дар кишвар идома дорад”.

Сурат: tj.sputniknews.ru

Айни замон дар Тоҷикистон барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. “Таҳвилҳо дар солҳои охир 12 миллиард рублро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ин ҳафта ва ё ҳафтаи оянда таҷҳизоти муҳандисӣ ворид карда шавад”, – мегӯяд, Игор Лякин.

Гуфта мешавад, ки дар омода кардани кадрҳои низомӣ Русия низ кумакашро ба низомиҳои тоҷикистонӣ мерасонад. Ба гуфтаи сафир, ҳамасола тақрибан ҳазор фармондеҳи сатҳи миёна дар пойгоҳи 201 таълими гуногуни низомӣ мегиранд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли 2020 афзоиш ёфтааст

0

Дар соли 2020 қарзи давлатии Тоҷикистон наздик ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расидааст. Дар ин бора Бонки ҷаҳонӣ зери унвони “Кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити пандемия” гузориши тозае нашр кардааст.

Дар ин гузориш зикр гардида, ки “Қарзи берунаи Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон наздик ба 40 дарсади ММД расидааст. Дар соли 2019 ин рақам муодили 36,6 дарсади ММД буд”.

Ҳамчунин муаллифони гузориш сабабҳои зиёд гардидани қарзи давлати Тоҷикистонро ба кам гардидани интиқоли пули муҳоҷирон рабт додааст. Бар зиммаи афзоиши қарз, ҷамъоварии ками андоз низ аз дигар омилҳо унвон мешавад.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ навиштаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби қарз норасоии зиёди буҷаи давлатиро, ки ба сабаби пандемияи вируси корона иҷро нагардид, ҷуброн намудааст.

documents1.worldbank.org

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пул (189,5 миллион доллар), Бонки осиёии рушд (беш аз 102,5 миллион доллар) ва аз Бунёди субот ва рушди АвруОсиё (50 миллион доллар) қарз гирифтааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар давраи пандемияи вируси корона ба бахши тандурустии Тоҷикистон, 11.3 миллион кумак кардааст, боз нақша дорад, ки 16,2 миллион доллари дигар кумак намояд.

Дар гузориш қайд гардидааст, ки дар Тоҷикистон хавфи эътибор (дефолт) вуҷуд дорад ба ҳамин хотир қарзҳои нав метавонад вазъи қарзи давлатиро боз ҳам мураккабтар кунад.

Бояд мансабдорон бо омодагии хуб ба ҷаласаҳои Парлумон ҳозир шаванд

0

Раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дирӯз 23 декабр дар ҷаласаи Парлумон ба суолҳои вакилон пурра посух дода натавонист.

Бепосух мондани суолҳо вакилонро нороҳат кард. Онҳо мегӯянд, Саидзода беомодагӣ ба Парлумон омада буд ва мебоист пеш аз омадан ба ҷаласаи Парлумон омодагии хуб медид. Вале Саидзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ омодагӣ дида буд, вале ба суолҳои вакилон ҷавоби пурра надоданашро ба вазъи саломатии худ ва паст ҳарф задани вакилон рабт дод.

Шоҳин Саидзода дар ҳузури вакилони Маҷлиси Намояндагон се тарҳи қонунро муаррифӣ кардааст, ки ба тағийроти имлоӣ ва мушаххас кардани салоҳиятҳои ниҳоди зери раҳбарияш рабт дошт.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ дар ҷаласаи Парлумон Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили Порлумон аз ӯ дар мавриди адади мактабҳои ибтидоии касбӣ ва барномаи таълимии онҳо ва то куҷо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ҳастанд, пурсидааст.

Саидзода ба суолҳо комил посух надода, танҳо гуфта, ки дар умум дар Тоҷикистон чаҳор ҳазор муассисаи таълимиро сабт кардаанд. Дар мавриди сифтаи таълим гуфт, ки “сатҳу сифати таълим дар ҳисоботи солона пурра дарҷ карда мешавад ва ҳоло рақамҳо пурраву дақиқ нестанд.”

Ба тарзи посухгӯии Саидзода вакилон вокуниш нишон доданд, аз ҷумла Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагон хитоб ба Саидзода гуфт, “Ҳукумат ба Шумо бовар кардааст. Вазифаи беҳад калон доред, барои синну солатон беҳад калон аст. Ба дараҷаи даркорӣ тайёрӣ надида омадед. Фарқ надорад, ки бори аввал аст ё дуввум, вазифадоред, ки хуб тайёрӣ дида оед”.

Раиси Агентии назорат дар соҳаи маориф баъд аз поёни ҷаласаи Порлумон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, бо омодагӣ ба маҷлис омад, вале вазъи саломатияш чандон хуб нест. Вай афзуд, “эроде, ки гирифта шуд, дар ҳақиқат ҷой дорад, лекин вазъи саломатиям чандон хуб нест. Баъдан бисёр паст гап мезананд, суолро хуб нафаҳмидам.”

Сурат: Озодӣ

Шоҳин Саидзода фарзанди Нуридин Саид собиқ вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳоло Раиси кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Шоҳин Саидзода 36 сол дорад, ки чанде қабл номаш дар пойгоҳи дисернет дар мавриди асардӯздӣ баромада буд.