6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 68

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

0

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин лоиҳаи қонун аллакай аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия ҷонибдорӣ ёфта, 30-уми июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи Комиссияи қонунгузории Ҳукумат баррасӣ хоҳад шуд.

Мувофиқи ин лоиҳа, муҳоҷирон аз тирамоҳи соли ҷорӣ бояд барои ба қайди муваққатӣ гузоштан дар ҷои зист 500 рубл пардохт кунанд, ҳоло ин раванд барои шаҳрвандони Русия ва хориҷиён ройгон аст.

Ҳамчунин Вазорати молия пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои дароз кардани будубоши муваққатӣ 1000 рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор 4200 рубл пардохт кунанд.

Гирифтани нусхаҳои дувум ва ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла иҷозатномаҳои кор, патентҳо ва ҳуҷҷатҳои корфармоён, ки муҳоҷиронро ба кор ҷалб мекунанд, 2100 рубл арзиш хоҳанд дошт.

Барои гирифтани патент ё аз нав ба расмият даровардани он муҳоҷирон бояд 4200 рубл пардохт кунанд, ҳоло чунин пардохт танҳо барои иҷозатномаи кор мавҷуд аст. Инчунин пешниҳод шудааст, ки андозаи пардохти давлатӣ барои сабти муҳоҷирон дар ҷои истиқомат аз 420 рубл то 1000 рубл афзоиш дода шавад.

Вазорати молияи Русия мегӯяд, ки ин қонун ба буҷа 17 миллиард рубли иловагӣ ворид мекунад.

Бояд гуфт, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми ду соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи шаҳри Қурғони Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои “дашном” ва “зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ” маҳкум ба зиндон кард.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби маъмурони пулиси шаҳри Қурғон барои “осеби ҷиддӣ ҷисонӣ расондан ба дигарон” боздошт шуда буд ва ӯ то кунун дар бодоштгоҳи муваққатии ин шаҳр нигаҳдорӣ мешуд.

Раёсати тафтишотии вилояти Қурғон дар сомонаи расмии худ хабар дода, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аз иҷрои талаботи қонунии корманди муассиса сарпечӣ карда, сипас бо ӯ даргир шудаст ва “дар ҷараёни муноқиша ӯ нисбат ба корманд зӯроварӣ нишон дода, ӯро дашном додааст.”

Раёсати тафтишот аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном набурдааст, вале менависад, ки ӯ бо ин рафтораш “қоидаҳои муқарраршудаи муассисаи ислоҳиро вайрон” кардааст.

“Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Қурғон, ба маҳкумшуда барои ин кирдор се солу як моҳ ҳабс дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст”, — омадааст дар изҳороти мақомоти тафтишотӣ.

То ҳол назари маҳкумшуда ва ё наздиконаш вобаста ба ин қазия дастарси расонаҳо нашудааст. Инчунин маълум нест ӯ бо худ вакили дифоъ дошт ё на.

Ваҳдат ё ваҳшат?

0

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Рӯзи Ваҳдат шуруъ аз соли 1998, баъд аз як соли имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав – пойтахти Федератсияи Русия миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ИНОТ – Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик бо ширкати раиси ҷумҳури Русия, намояндаи Дабири кулли СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, вузарои хориҷии кишварҳои нозир доир гардид, ба унвони иди расмӣ эълон ва ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ ва марҳум Гердт Дитрих Меррим, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ имзо гузоштаанд, ба ҷанги панҷсолаи тарафҳои даргири тоҷик хотима дод ва роҳ барои сулҳу оштӣ дар кишварро фароҳам кард.

Аҳамияти ин Созишнома то барои мардум ва давлати тоҷикон ба он ҳад муҳим ва ҳаётӣ буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро ба санади Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон баробар донист. «Рӯзи Ваҳдат» ҳам ба хотири ҳамин санади сарнавиштсоз дар шумори ҷашну идҳои давлатӣ эътироф гардид ва то чанд соли баъди он дуруст, то замоне ки Комиссиони оштии миллии Тоҷикистон амал мекард, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ин Комиссион, марҳум Сайид Абдуллоҳ Нурӣ баргузор мешуд.

Комиссиони оштии миллии Тоҷикистон як ниҳоди мураккаб аз намояндагони давлат ва оппозитсиони тоҷик бар мабнои ҳамин Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил ва иҷрои банду қарорҳои раванди сулҳ бар уҳдаи он вогузор шуда буд.

Баъд аз хатми кори КОМ дар соли 2000, Раҳмон ба унвони раҳбари як тарафи сулҳ минбаъд аз баргузории муштараки ин ҷашн мунсариф шуд ва аз даъвати роҳбарони тарафи дигар дар ин маросим сар боз зад. Ва ба тадриҷ тавре пеш рафту фазо сохт, ки ингор сулҳу оштӣ натиҷаи заҳамоти танҳо шахси ӯст ва танҳо ба вай тааллуқ дорад. Ва тавре вонамуд мекард, ки гӯё тарафи дигаре вуҷуд надорад.

Аз ин ҷиҳат буд, ки ҷашни «Рӯзи Ваҳдат» ҳам кам-кам он шукӯҳи маҳбубияти қаблии худро аз даст медод.

Дар соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олӣ сулҳу оштӣ ва ваҳдатро дастоварди беназири худ тавсиф карда, ба худ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дод. Солҳо баъд, пас аз он ки ҲНИТ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳастаи асосӣ ва нерӯи умдаи ИНОТ-ро дар соли 2015 басту террористӣ шуморид, худро Асосгузори сулҳу ваҳдат эълон кард.

Албатта, то ин ҷойи кор хеле аз банду шурути Созишномаи умумии сулҳро аз байн бурд ва қадам ба қадам муҳит, фазо ва иқлими сиёсиро дар кишвар ба суди худ мусоид ва васеъ кард.

Инҷо мешавад аз ду масъалаи меҳварӣ, ки дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии сулҳ шарти асосӣ маҳсуб меёфт ва сохтмони ояндаи давлати Тоҷикистон ба он рабти мустақим дошт, ёдовар шуд, ки чӣ гуна Раҳмон онро ба манфиати худ тоб дод. Ва, бо ҳамин амалан сиёсати сулҳсозӣ ва ваҳдату оштиро бо иқтидоргароӣ ва зӯргӯӣ иваз кард ва ин паёмро ба тарафи дигари сулҳ дод, ки дигар мадоро бо шумо бас аст.

Тарафи дигари сулҳ, ки акнун танҳо дар шахси ҲНИТ амал мекард, ба ҷуз аз итоат чорае надошт, агарчи ин ду масъала, яке таъйини муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни асосӣ ва дигаре мақоми конститутсионӣ касб кардани ҳизби динӣ дар замони кори Комиссиюни оштии миллӣ баъди баҳсу баррасиҳои доғу шадид, қабул шуда буд.

Раҳмон дар соли 2003 бидуни кадом зарурате Қонуни асосиро тағйир дод ва маҳз ба он банду моддаҳое, ки ҳарду тарафи ҷанг ва сулҳи тоҷикон бар сари онҳо тавофуқ карда буданд, яъне маҳдудияти давра ва ё замони муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ва синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро ба фоидаи шахси худаш аз байн бурд. Муҳлати якҳафтсоларо ба ду ва маҳдудияти синни болои номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро, ки 65 муқаррар шуда буд, барандохт.

Амалан Раҳмон Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро инкор ва такзиб кард ва ҷашни Рӯзи Ваҳдат ҳам як ба як иди намоиши қудрат ва ҳукумати шахси вай бадал шуд.

Акнун Раҳмон, ки то ин ҷоҳо пеш рафт, шурӯъ кард ба таҳқиру мазаммат ва бечора сохтани тарафи дигари сулҳ.

Соли 2006 дар Рашт ҷашни Рӯзи Ваҳдатро доир кард ва тарафи дигари сулҳ – марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ҳам даъват кард. Аммо ин дуро дар шумори тамошобинони маърака шинонду худ танҳо ва тоқа дар минбар нишаст.

Раҳмон дар ин ҷо, дар минтақае, ки минтақаи нуфузи нерӯҳои оппозитсион ва бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – тарафи дигар ва аслии сулҳ ба шумор мерафт, роҳбарияти як тарафи сулҳ ва ваҳдатро дар чашми мардум камранг, нотавон ва заиф нишон дод ва баракс зӯри бозуи худро таъкид кард.

Раҳмон на фақат нишон дод, балки амалан эълон кард, ки дигар ҳарфи сулҳу оштӣ кӯҳна ва моли таърих шуд ва дигар ҳарчи аз сулҳу оштиву ваҳдат мегӯед, ман ва сиёсати давлати манро хоҳед гуфт ва сутуд.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ному кори тарафи сулҳ зикр намегардид, балки мамнӯъ шуд. Яъне, ҷашни Ваҳдат дигар ба ҷашни Раҳмон ва давлату сиёсати он табдили шаклу мазмун кард, агарчи ҳиҷ сулҳу оштие як тараф надорад, ҳатман ду тараф дорад.

Ҷашну иди Ваҳдат ҳам фақат аз барои як кас барпо мешуд ва тарафи дигари он комилан ба дасти фаромӯшӣ супорида шуд. Солҳои баъд ҷашн тавре баргузор мешуд, ки тарафи пирӯз дар он ҳузур дошт.

Аммо, бо ин ҳама инкору мункиршавӣ, Раҳмон ва сиёсатҳои он дар қиболи тарафи дигари сулҳ бештар аз ҳарвақта оҳанги дурушт ва хушунатро менавохт.

Аз ин ҷо буд, ки баъди бастану террористӣ эълон кардани ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, дар ҳар маҷлисе, ки сухан мекард, бо лаҳну баёни шадид ва хашму ғазаби зиёд ҲНИТ – тарафи дигари сулҳро – муҷиби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мехонд. Ва таъкид мекард, ки бо ҲНИТ Созишномаи сулҳро имзо накардааст.

Дар ниҳоят, дар майи соли 2016, акнун ки дигар ҲНИТ дар саҳнаи сиёсат амал намекард, бори дигар Қонуни асосиро ба ҳамапурсӣ баровард ва ин бор моддаи 28 – иҷозати амали аҳзоби характери динӣ доштаро аз он ҳазф ва баракс, моддаи замон барои худ дар симати раёсати ҷумҳуриро ба беохир бадал кард.

Ва, ба ин тартиб, иди Рӯзи Ваҳдат ба ҷашни намоиши Ваҳшат иваз шуд ва ваҳдати ростин ва ягонагии воқеиро аз миён бардошт.

Ҳоло Раҳмон Хоруғ рафту иди Рӯзи Ваҳдатро он ҷо баргузор мекунад ва сокинони ин шаҳр ба истиқболи нафаре дафу доира дар даст мегиранд, ки се соли пеш, дуруст дар ин шабу рӯзҳо, ба мотами даҳҳо нафар аз бастагони худ нишаста мӯя мекашиданд, ки бо дастури мустақими Раҳмон «безарар» гардонида шуда буданд.

Акнун шумо бигӯед, ки Раҳмон ба Хоруғ Ваҳдат бурдааст ё Ваҳшат?

Шоҳроҳе, ки Эмомалӣ ифтитоҳ кард, “ба стандарт ҷавобгӯ нест”

0

Пас аз сохта ва ба истифода додани роҳҳо ва ё иншооте, мақомот аз “бо сифат ва стандарт” сохта шудани он мегӯянд, вале сокинон бесафатии онро фош месозанд.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар доданд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе, қитъаи нави шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Кӯлоб–Дарвоз–Хоруғ–Мурғоб–Қулма, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Қисмати ифтитоҳшуда 3,7 километр роҳи навсозишуда, нақби муҳофизатии 550-метра аз тарма ва пули мошингарди 82-метра дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бар мегирад.

Ба иттилои мақомот, сохтмони иншоотҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар шароити душвори кӯҳӣ, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ амалӣ шудааст. Ҳадафи ин тарҳ беҳтар сохтани роҳҳо ва таъмини нақлиёт барои расидан ба минтақаҳои дурдаст дар тамоми фаслҳои сол мебошад.

Бо вуҷуди ин, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он як сокини маҳаллӣ аз сифати пасти роҳ ва таъмири ғайристандартии қисматҳои муайяни изҳори нигаронӣ мекард. Дар навор дида мешуд, ки баъзе қитъаҳои роҳ пас аз боришоти пуршиддат осеб дидаанд. Ин навор баҳси густардаеро дар миёни истифодабарандагон ба бор овард.

Мақомот баъдтар изҳор доштанд, ки қитъаи зикршуда дубора асфалтпӯшӣ шудааст ва корҳои иловагии таъмирӣ барои беҳтар намудани сифати роҳ амалӣ гардидаанд.

Оилаҳои муҳоҷироне, ки фарзандонашон ба мактаб намераванд, аз Русия ихроҷ мешаванд

0

Раҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони назди Президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев хостааст, ки он оилаҳои муҳоҷироне, ки таълими фарзандонашонро таъмин намекунанд, бояд аз кишвар хориҷ шаванд.

Ба гуфтаи Фадеев, дар Русия ва дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, волидонро метавонанд барои риоя накардани ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил аз ҳаққи волидайнӣ маҳрум кунанд. Аммо, тавре ки ӯ мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия меоянд, аксаран фарзандони худро ба мактаб намефиристанд, ки ин ҳуқуқи садҳо ҳазор кӯдакро поймол мекунад.

“Агар шаҳрвандони хориҷӣ қасди риояи қонунҳои кишвари иқоматро надоранд, бигзор ба кишвари худ баргарданд ва давлате, ки онҳо аз он ҷо омадаанд, ҳуқуқи кӯдаконашонро ба таҳсил таъмин кунад. Мо наметавонем ба ояндаи кӯдакон, ҳатто агар онҳо шаҳрвандони Русия набошанд, бепарвоёна муносибат кунем”- мегӯяд ин мақомдори рус.

Ӯ ҳамчунин иддао карда, ки ҷамъшавии кӯдакон ва наврасони бесаробон дар кӯчаҳо метавонад ба омили ҷиддии ҷинояткорӣ табдил ёбад.

Пештар вакили Дума аз ҳизби “Одамони нав” Сардана Авксентева низ чунин пешниҳодеро ба мақомоти Русия карда буд.

Баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар баҳори соли 2024, мақомоти Русия як қатор тадбирҳоро алайҳи муҳоҷирон роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, аз моҳи апрели соли 2025 кӯдакони муҳоҷирон танҳо дар ҳолати гузаштан аз имтиҳони забони русӣ метавонанд ба мактаб пазируфта шаванд. Аммо мақомот аз 100 дарсад 81%-и дархостҳоро, бо баҳонаи норасоии ҳуҷҷатҳо, маълумоти носаҳеҳ ё набудани ҷойи холӣ дар мактабҳо, рад кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар беш аз 785 ҳазор ноболиғи шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, вале танҳо 192,2 ҳазор нафари онҳо (24,5%) ба мактаб мераванд.

Даргузашти як рӯҳонӣ аз Бадахшон дар зиндон

0

Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии маъруфи 61-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ дар зиндони шаҳри Ёвон даргузашт.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Inside”, сабаби марги ӯ мушкилоти ҷиддии саломатӣ будааст, ки бар асари бемории қанд ба вуҷуд омадааст. Давлатмиров қаблан борҳо аз вазъи саломатиаш ба масъули зиндон шикоят кардааст, вале ба ӯ кумаки зарурии тиббӣ расонда нашудааст.

Марги Давлатмиров аллакай сеюмин ҳолати фавти зиндониёни сиёсӣ аз ВМКБ дар зиндонҳои Тоҷикистон дар як соли охир ба шумор меравад. Пештар Кулмамад Паллаев, фаъоли ҷамъиятӣ аз ноҳияи Рӯшон ва Аслан Гулобов аз Хоруғ, ки ҳар ду маҳкум ба ҳабси абад буданд, дар зиндон фавтиданд.

Мақомот то ҳол дар робита ба даргузашти ин се зодаи Бадахшон расман чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии шинохта ва аз пайравони мазҳаби Исмоилия дар Бадахшон соли 2022 бо иттиҳоми сохтаи “даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароёна” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо сабаби асосии боздошти ин рӯҳонӣ хондани намози ҷанозаи се раҳбари мардумии ин вилоят Мамадбоқир Мамадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров, ки мақомот онҳоро кушта буд, мебошад.

Гуфта мешавад, Давлатмиров яке аз руҳониёни ангуштшумори ВМКБ маҳсуб меёфт, ки мавқеи шаҳрвандии равшан дошт ва дар байни мардуми минтақа аз эҳтироми зиёд бархӯрдор буд. Номи ӯ борҳо дар гузоришҳои Комиссияи озодиҳои динии ИМА ёд шуда, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла коршиносони СММ, борҳо хостори озодии ӯ шуда буданд.

Кӯдакони Ғазза дар пеши чашми олам аз гуруснагӣ мемиранд

0

Ба иттилои расонаҳо, муҳосираи шадиди Исроил дар Ғазза буҳрони норасоии ғизоро дар ин борика бисёр сахт кардааст, ки рӯзона ҳазорон кӯдак бо хатари марг рӯбарӯ ҳастанд.

Басом Заққут, мудири Ҷамъияти кумакрасонии тиббӣ дар Ғазза имрӯз, 27-уми июн дар суҳбат бо шабакаи “Ал-Ҷазира” аз вахим будани вазъи фоҷиабори инсонӣ дар ин борика ҳушдор дод. Ӯ зимин суҳбаташ таъкид кард, ки имрӯзҳо 17 ҳазор кӯдак дар ин борика ба норасоии шадиди ғизо рӯбарӯ ҳастанд ва ин вазъият рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Ин масъули имдодрасонии тиббӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар сурати мудохала накардани фаврӣ ва ҷиддии кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ “бояд мунтазири марги шумори зиёде аз кӯдакон ба далели камбуди ғизо ва дору бошем.”

Заққут бо ишора ба муҳосираи комили Исроил бар ин борика ва вазъи асафбори инсонӣ расондани он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳо дунё хостори фишор овардан бар Исроил шуд, то барои вуруди маводи ғизоӣ, аз ҷумла шири хушк барои кӯдакон ва анвоъи доруву дармон иҷозат диҳад.

Гуфта мешавад, ба сабаби бомборонҳои зиёди Исроил болои мардуми Ғазза рӯзона даҳҳо ва садҳо маҷруҳ бо ҳолатҳои гуногун ба беморхонаҳои қариб аз кор монда муроҷиат мекунанд, “Вале ба далели набуди доруву таҷҳизот ва камбуди шаддиди табибон садҳо бемор наметавонанд сари вақт табобат шаванд ва ин вазъият ҷони онҳоро ба хатар меандозад.”

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди эътирози кишварҳо ва талаби созмонҳои ҷаҳонӣ барои ворид кардани ғизо ва кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, Исроил боз ҳам ҳама роҳҳоро бастааст ва намегузорад ба сокинон ғизо ворид шавад.

Исроил дар Ғазз чанд нуқтаи тақсими ғизо боз кардааст, ки вале рӯзона то сад нафар аз онҳое, ки дар навбати гирифтани ғизо истодаанд, мекушад.

Расонаи маъруфи исроилии “Hertz” имрӯз гузоришеро нашр кард, ки мувофиқи он сарбозони исроилӣ эътироф кардаанд, ки аз ҷониби фармондеҳон махсус барои куштани марудми бегуноҳ ва дар навбати ғизоистода фармон мегиранд.

Ин эътироф дар ҳолест, ки мувофиқи оморҳои расмӣ, нерӯҳои исроилӣ то имрӯз ба сабаби тир кушодан ба сӯи мардуми бесилоҳе, ки дар навбати ғизо меистанд, 550 нафарро кушта, бештар аз 4 ҳазори дигарро захмӣ кардааст.

Литва: Ба тоҷикистониён дигар виза дода нашавад!

0

Хадамоти муҳоҷирати Литва талаб кардааст, ки дигар ба шаҳрвандони Тоҷикистон виза барои кор ва ё иқомати муваққат дар Литва дода нашавад.

Мудири Хадамоти муҳоҷирати Литва Эвелина Гудзинскайте дар суҳбат бо радиои давлатии LRT пешниҳод карда, ки Маркази хидматрасонии хориҷии Литва дар Тоҷикистонро, ки барои иҷозати корӣ ё истиқомати муваққатӣ дархост қабул мекунад, баста шавад.

Бар асоси иттилои ин ниҳоди давлатии Литва, то аввали моҳи июни соли ҷорӣ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо иҷозати корӣ ё истиқомати муваққатӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, тақрибан 6 250 нафарро ташкил додааст.

Эвелина дар ин суҳбаташ афзуда, ки дар тӯли ду сол шумораи муҳоҷирони тоҷик тақрибан панҷ карат афзоиш ёфтааст. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз поён ёфтани муҳлати визаҳояшон дар аксар ҳолат хоки Литваро тарк намекунанд.

“Агар ба омори муҳоҷират ғайриқонунӣ назар афканем, дида мешавад, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сари вақт хориҷ намешаванд ва бояд бо фармони ихроҷ шаванд, дар муқоиса масалан, бо узбекҳо хеле зиёданд.” — афзудааст ӯ.

Бар гуфтаи Гудзинскайте, тоҷикон инчунин аксар вақт дар марзи Беларусу Литва ҷамъ омада, кӯшиш мекунанд ба таври ғайриқонунӣ ворид шаванд.

Ин дар ҳолест, ки вазъи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия чандон хуб нест ва як соли ахир боздошту ихроҷи онҳо аз Русия афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Русия роҳи кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳои дунёро ба рӯи муҳоҷирони тоҷик боз кардааст.

Боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар Амрико

0

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардани шаҳрвандони хориҷӣ ба Амрико дастгир шуданд.

Дейвид Меткалф, додситони ноҳиявии иёлати Пенсилвания бо нашри баёнияе аз боздоштшудаҳо Беҳзод Раҳматови 30-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Мейнвилл (штати Оҳайо) ва Мунис Хоҷиеви 31-солаи сокини Филаделфия ном бурдааст.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳарду дар як рӯз ғайриқонунӣ ба қаламрави ИМА ворид шудаанд ва баъдан дар солҳои 2022 то 2025 дар ҳамкорӣ бо дигарон шабакаи убури ғайриқонунии муҳоҷиронро ба роҳ мондаанд. Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбарон ба як нафар дар убури ғайриқонунии марз кумак карда, сипас аз ӯ маслиҳату роҳнамоӣ барои ташкили вуруди дигар муҳоҷирон дарёфт кардаанд.

Инчунин дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ин ду зодаи Тоҷикистон бар ивази маблағ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла раводид ва шиноснома омода намуда, муҳоҷирон бо истифода аз онҳо марзи Мексикаро убур карда, ба ИМА ворид мешуданд.

Назари худи гумонбарон ва вакили дифоашон дар ин бора дастрас нест.

Парвандаи Раҳматов ва Ҳоиҷиевро, FBI баррасӣ дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳи онҳо дар додгоҳ исбот шавад, ҳар кадоми онҳо метавонанд то 10 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Бино ба иттилои расонаҳо, шумораи зодагони Тоҷикистон дар ИМА тақрибан ба 16 ҳазор нафар расида, аз моҳи октябри соли 2020 то сентябри соли 2024 ҳудуди 825 нафари онҳо боздошт, ки аз онҳо 103 нафар ба ҳабс гирифта шуда, 88 каси дигар ихроҷ шудаанд.

“Осмони боз”-и фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон

0

Аз 12-уми июни соли 2025, Тоҷикистон расман сиёсати “Осмони боз”-ро дар тамоми фурӯдгоҳҳои байналмилалии худ — Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар — ба роҳ монд.

Бо ин иқдом маҳдудиятҳои пешина дар мавриди парвози ширкатҳои хориҷӣ бекор шуда, барои рақобати солим ва дастрасии бештари мардум ба парвозҳо шароит фароҳам меояд.

Ҳоло ширкатҳои ҳавоӣ метавонанд озодона самт, парвозҳо, ҳаҷми ҳавопаймо ва нархгузориро муайян кунанд. Ин як қадами муҳими ислоҳот барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва рушди бозори нақлиёти ҳавоӣ мебошад.

Ин тадбир дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва дар доираи барномаи DPO амалӣ шуда, ба ислоҳоти фарогир дар бахшҳои молия, нақлиёт ва бахши хусусӣ мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, мақомоти соҳаи авиатсия вазифадоранд тартиби воридшавии ширкатҳои навро содда ва ҷадвали иҷозатномадиҳиро равшан намоянд. Гарчанде, ки барои 18 самти парвоз то се соли оянда баъзе маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд.

Як ширкати ҳавопаймои Туркия аллакай шумораи парвозҳояш аз Истанбул ба Душанберо аз се ба панҷ бор дар як ҳафта афзоиш додааст. Ин нишонаи аввалини вокуниши мусбати бозор гуфта мешавад.

Коршиносони соҳаи авиатсия мегӯянд, ин иқдом на танҳо соҳаи авиатсияро, балки рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамгироии минтақавии Тоҷикистонро низ тақвият мебахшад.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки соҳаи авиатсияи Тоҷикистон пайваста бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор дорад. Пештар Исматулло Абдуллозода, собиқ директори генералии Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо фармони мустақими Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъйин шуда буд, бо иттиҳоми азонихудкунии беш аз 500 миллион сомонӣ боздошт гардид.

Баъдтар расонаҳо хабар доданд, ки як қасри бошукӯҳ мансуб ба Абдуллозода, дорои 60 ҳуҷра, бо арзиши 5 миллион доллар ба фурӯш гузошта шудааст. Ин амвол дар пасманзари парвандаи боздошт ва эҳтимоли баргардондани маблағҳои азхудшуда матраҳ мегардад.