19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 712

Ҷонбохтани даҳҳо нафар бар асари ҷорӣ шудани селоб дар Афғонистон

0
Акс аз навори гузориши BBC-и форсӣ

Бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Чорикори маркази вилояти Парвони Афғонистон сели шадиде омода манзилҳои аҳолиро валангор кард. Бар асари ин офати табиӣ то кунун 110 нафар ҷон бохта 120 нафари дигар захмӣ шудаанд, амалиёти наҷотдиҳӣ ҳоло ҳам идома дорад. Бошандагони ин деҳа аз нопадид шудани наздиконашон хабар медиҳанд.

Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар баробари фаромадани селу ярч дар вилояти Парвон инчунин дар 12 вилояти дигари ин кишвар низ фаромадани сел мушоҳида шуда, ки қурбонӣ низ доштааст. Бино бар гузориши Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис (Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон) то кунун дар тамоми кишвар адади ҷонбохтагон бар асари ин офатро 160 тан ва шумори захмиёнро 250 нафар эълон кардааст.

Хабаргузории “Орёнонюз” аз ҷои ҳодиса навори як сарбози нерӯҳои ҳавоиро нашр кард, ки ӯ мегӯяд 10 нафар аз хонаводааш дар ин офат ҷон бохтаанд. Дар хонаводаашон ба ҷуз худаш касе зинда намондааст. Ин сарбоз мегӯяд, ҷасади 9 тан аз аҳли хонводаашро пайдо кардааст ба ҷуз ҳамсараш, ки то ҳол пайдо нашудааст.

ویدیو/ مرگ تلخ تمام اعضای خانواده افسر میدان بگرام در سیلاب

Парванда алайҳи муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ оғоз шуд

0
Ислом Анварзода, муовини додситони ноҳияи Фирдвасии шаҳри Душанбе

Додситони шаҳри Душанбе алайҳи Ислом Анварзода, муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ислом Анварзода, ронандаи мошини сабукраве аст, ки субҳи 7 август ба садама дучор шуд, ки дар дохили он сарояндаи маъруфи тоҷик, Баҳроми Ғафурӣ низ буд, ки номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, Ислом Анварзода, ки пас аз ҳодисаи маргбор дар ҳолати вазнин ба беморхона бурда шуд, то чанд рӯз дар кома буд, ҳоло ба ҳуш омадааст. Баъд аз вуқӯи ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи он гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш “дар ҳолати мастӣ” савори “Ландкрузер-200” ба “Камаз” бархӯрданд.

Радиои Озодӣ аз қавли мақомоти тафтишотӣ навиштааст, ки ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандаеро пешбинӣ мекунад, ки “дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад”.

Як табиб аз беморхонаи Қарияи Боло ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пас аз ҷарроҳӣ Ислом Анварзодаро ба шифохонаи хусусии “Мадади Акбар” интиқол доданд. Ӯ гуфтааст, устухони дасти чапи Анварзода, ки пора-пора шуда буд, гирифтанд ва пойи росташ низ аз чанд ҷой ҷарроҳӣ шуд.

Ингуна садамаҳо аз ҷониби фарзандони мансабдорон дар ҳолати мастӣ бисёр рух додааст, онҳое, ки хабарашон расонаӣ шуда буд, барои хомуш кардани сару садоҳо як ҷаримаи сатҳӣ ва ё ба ном парвандае алайҳашон аз ҷониби мақомот боз мешуд, вале баъди як муддати кӯтоҳ раҳо мешуданд.

Аз ҷумлаи ин ҳодисаҳо расонаӣ шудани хабари ёвари додситони ноҳияи Сино Фирӯз Холиқзода буд, ки моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, ӯро се моҳ боздошт намуда сипас раҳояш карданд.

Инчунин яке аз пурсару садотарин хабари ҷинояти фарзанди мансабдор, ин садамаи писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан буд, ки соли 2013 дар як садама се нафарро ба ҳалокат расонида буд. Мақомот ҳамсари ин мансабдорро барои “иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғон” дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастанду халос. Инчунин фарзанди Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамае, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасида ба охир мерасид.

Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” унвон кардан ва ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо карданд.

Ислом Анварзода, писари Анвари текстил, роҳбари корхонаи нассоҷии Тоҷикистон ва яке афроди наздики раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тавонистааст ин бузургтарин корхонаи саноати ба истилоҳ сабуки кишварро хусусӣ кунад. Имрӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё ин парвандаи мансабдор низ ба монанди дигарон яктарафа ҳал хоҳад шуд ва ё масъала дақиқ баррасӣ мешавад?

Вазорати маориф роҳи дурусти билетхарии донишҷӯёни дар хориҷбударо фаҳмонд

0

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳварндони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус таҳсил доранд, ё қабул шудаанд, ҳангоми хариди билети бозгашт бояд ҳуҷҷати донишҷуйии худро нишон диҳанд.

Гуфта мешавад, барои дарёфти билет онҳоро зарур аст, ки мустақиман ба намояндагии ширкати «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Дар назар аст шуруъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд.

Рӯзи  27 август Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории  COVID-19 парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хостааст, талаботи санитарию эпидемиологиро дар кишварҳо риоя намоянд.

Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳури Тоҷикистон сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дастур додааст, ки дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд

0
Акс аз вебсайти Маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон (Маросими мукофотсупорӣ)

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 август  ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 70 нафар намояндагони касбу кори гуногун,  мукофотҳо, унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар медиҳад.

Дар ин маросими мукофотсупорӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” дараҷаи I тақдим карда шуд. Убайдуллоев аз чеҳраоест, ки аз сари қудрат омадани Э.Раҳмон дар мансабҳои калидии кишвар фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 1996 то соли 2017 шаҳрдори Душанбе буд ва аз соли 2000 то соли 2020 раёсати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имрӯз ба Рустами Ваҳҳоб ва Алимуҳаммад Муродӣ унвони “Шори халқии Тоҷикистон” ва ба устодони Донишгоҳи миллли Тоҷикистон медали “Хизмати шоиста” тақдим кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти Ҷумуҳри Товикистон 1 нафар унвони фахрии “Нависандаи халқии Тоҷикистон”, 3 нафар унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон”, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев моҳи апрели соли равон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барканор гардид ва ба ҷояш Рустами Эмомалии 32-сола писари бузурги Президент интихоб гардид.

Хабарҳо аз ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
Акс аз youtube-канали ВКД

Имрӯз хабарҳои: Қасди куштори ҷавон дар Душанбе, фиребгарии сокинони Ваҳдат ва Ҳисор, дуздии ноболиғ дар Турсунзода ва ғ. дар сархати хабарҳои ВКД-и Тоҷикистон қарор дошт.

Қасди куштори ҷавон дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар таърихи 11 августи соли равон тахминан соатҳои 11:30 дақиқа марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ҳамин ноҳияро, дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт дар  хонаи иҷоравиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо банд гулӯяшро бӯғӣ карда, мехост ӯро ба ҳалокат расонад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Фиребгарӣ

Марди 54 солаи сокини пойтахт ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат намудааст, ки сокини 38  шаҳри Ваҳдаӣ, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 4  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон суд шудааст, сани 22 октябри соли 2018 дар назди бозори Султони Кабир бо роҳи фиреб ба бовари ин мард даромада аз ӯ 152 ҳазору 145 сомонӣ гирифта то ҳол барнагардонида аст.

Мошинҳоро фурӯхт маблағро наовард

Аз ҷониби  кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудааст, ки ӯ аз як сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб 4-адад автомашинаи тамғаҳои “Лексус-470”, “Лексус-460” ва “Хундай Соната”-ро гирифта ба маблағи 42 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағашро  барнагардонидааст. Ба ҷабрдида ваъда додааст, ки дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа бӯстонсаройро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ  мекунад. ВКД гуфт, вобаста ба ин қазия тафтишот идома дорад.

Дуздии ноболиғ дар Турсунзода

Санаи 17 авгусим соли равон ҷавони 15 сола дар бозори марказии шаҳри Турсунзода тахминан соатҳои 11, телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Нот-8»-и   марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисорро, ки  арзишаш 6 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.   Аз  ҷониби кормандони милитсия   сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

Писарро барои беиҳтиромии модараш зиндонӣ карданд

0
Акс аз сомонаи РВКД шаҳри Душанбе

Сокини 35 солаи шаҳри Душанбе Аҳмад Караевро барои беэҳтироми нисбати модарараш бо қарори  додгоҳ   10 рӯз  ба ҳабс гирифтаанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе  гуфтааст,  Қараев дар ҳолати мастӣ    дар назди ҳамсоягон бо модараш муноқиша намуда бо садои баланд дашному ҳақоратҳои  қабеҳ кардааст.

Ҳамчунин дар сомонаи расмии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе   гуфта шудааст, ин ҷавон бо ин амали худ, шаъну шарафи модар ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда оромии сокинонро халалдор намудааст.

Нисбати  Қараев Аҳмад бо моддаи 460 парвандаи маъмурӣ (майдаавбошӣ)  тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ба муҳлати 10 шабонарӯз  ба ҳабс  гирифта шудааст.

Раёсати умиури дохилии шаҳри Душанбе  гуфтааст: “Нисбати афроде, ки ба волидайни худ беэҳтиромӣ зоҳир намуда онҳоро мавриди озор қарор медиҳанд, тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст”.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 27.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Рустам не, Эмомалӣ Раҳмон номзади президентӣ шуд.

Роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон шуд.

Қотили мусалмонҳо дар Зеландияи Нав ҳукми абад гирифт.

Одинаев: “Дод аз дасти ҳукумати Раҳмонов!”

0

Муҳаммадмурод Одинаве муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш бо як навиштае аз ҳукумати Тоҷикистон ва аз шахси президент Эмомалӣ Раҳмон интиқод намуда, вазъияти муҳоҷирон ва ғайриқонунӣ таъйин шудани рӯзи интихоботро ба миён гузоштааст.

Ӯ бар ин бовар аст, ки бо баргузории интихоботи президентӣ ва онҳое, ки ҳамчун номзад ба ин мақом аз ҷониби ҳизбҳояшон пешбарӣ шудаанд, чизе дар сиёсати давлатдорӣ тағйир намеёбад ва мушкилии асосии миллати тоҷик ин муҳоҷират аст, ки дар ин давра низ ҳали худро намеёбад.

Матни навиштаи Одинаевро бидуни таҳрир дар поён мегузорем:

ДОД АЗ ДАСТИ ҲУКУМАТИ РАҲМОНОВ !

ЧАРО МУҲОҶИРОНИ АЗИЗОНИ МОРО НОДИДА МЕГИРИ ?

МАГАР ОНҲО ШАҲРВАНДИ Ҷ Т НЕСТАНД ?

МАГАР МОДАРОНИ МУҲОҶТРОН ФАРЗАДҲОЯШОНРОИ ҒУЛОМ ЗОИДААНД ?

БОЗ ТАҚДИРИ ФАРЗАНДҲОИ МИЛЛАТИ ДУР АЗ ВАТАНИ МО ЧИ МЕШАВАД ?

МАН ҲАМЧУН ҶАВОНМАРДИ ТОҶИК ВА МУОВИНИ РАИСИ ҲСДТ МЕХОСТАМ , КИ ДАР ҲАМИН ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ИШТИРОК КУНАМ !

АММО АФСУС , КИ ДЕМОКРАТИЯ АЗ ТАРАФИ ҲУКУМАТИ ШУМО МУҲТАРАМ ПРЕЗТДЕНТ ТАҶОВУЗ ШУДААСТ !

МАГАР НАФАРЕ АЗ КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТИ НАФАРОМАДА ИНТИХОБОТ ТАЪИН МЕКУНАД , ДЕМОКРАТИ АСТ ?

ПАС МАН БА МУҲОҶИРОНИ ДУР АЗ ВАТАН ЧИ ҶАВОБ ДИҲАМ ?

ШОЯД МАРОҲАМ ДАР ОЯНДА АЙБДОР КУНАНД ?

ВА НОМИ МАН ДАР ТАЪРИХ ТАРСОНЧАК БИМОНАНД ?

ПАС ЧИ ТАСМИМ БИГИРАМ БО ИН НОМЗАДҲОИ СОХТАИ ШУМО ?

ПАС ТАҚДИРИ ОЧНДАИ МИЛЛАТИ АЗИЗИ МАН ЧИ МЕШАВАД ?

БО ЭҲТИРОМ МУҲАММАДМУРОДИ ОДИНА !