10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 724

Рӯзи мотами қурбониҳои корона дар Қазоқистон

0

13 июли соли ҷорӣ дар Қазоқистон  рӯзи мотами фавтидагони коронавирус эълом шуд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфтааст ба хотири фавтидагони коронавирус дар кишвараш 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад.

“Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад”, – мегӯяд Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон.

Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз дигарон хост, ки “ноумед нашаванд ва худро ба руҳафтодагӣ насупоранд”. “Мо касеро дар мушкилот намегузорем ва барои ҳифзи ҳаёту сиҳатии ҳар кадом қазоқистонӣ талош мекунем”,- илова кард Тоқаев.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон аз раҳбарони қаблии вазорати тандурустӣ интиқод кард. Ӯ дар паёми телевизионии худ дар бораи “хатоҳои система”-и раҳбарии пешини вазорати тандурустӣ ва кори сусти ҳокимони маҳаллӣ дар ин замина сухан гуфт. Рӯзи 25-уми июн вазири тандурустии Қазоқистон иваз карда шуд. Ба ҷои Елжан Биртанов, ки бинобар КОВИД-19 дар карантин ба сар мебруд, Алексей Сой вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 51 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор ва 264 кас аз ин вабо фавтидааст. Сар аз 5 июл Қазоқистон ба далели авҷи мавҷи дувуми коронавирус чораҳои карантинро сахттар кард. Тибқи иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, то охири моҳи июн дар ин кишвар бар асари бемории пневмония 628 нафар ҷон бохтаанд.Эъломи баргузории маросими мотам барои қурбониҳои коронавирус аз сӯи раиси ҷумҳурии Қазоқистон  як иқдоми бесобиқа дар саросари ҷаҳон аст. Коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо ин иқдом раиси ҷумҳурии феълии Қазоқистон аз як сӯ паёме аз баромадан аз зери султаи Назарбоевро дода аз тарафи дигар бар аҳамияти мубориза ва муқовимат бо коронавирус ишора карда истодааст.

Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон ва Узбакистон дубора аз тадобири шадиди карантина истифода мекунанд,Тоҷикистон баргузории тую маросимҳоро рухсат дода ва то андозае мардумро ба самти фориғболӣ ва бепарвоӣ савқ медиҳад.

Боздошти дигарбораи аъзоёни “Гурӯҳи 24” дар Маскав

0
Акс аз сомонаи Ахбор (Раҳматҷони Маҳмад ва Шобудин Бадалов)

Имрӯз 09-уми июл дар Маскав ду фаъоли сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобудин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмад баъд аз раҳо шуданашон аз ҳабси 15-рӯза дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир шуданд.

Ин дафъа онҳоро ба шуъбаи пулиси Китай-город бурданд. Дар ин бора торнамои хабарии ОВД-инфо аз қавли вакили мудофеъи Раҳматҷони Маҳмад, Кристина Тимакова хабар медиҳад. Сабаби боздошти ин ду узви “Гурӯҳи 24” расман маълум нест. Шобудин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмад таърихи 24 июн дар майдони Сурхи шаҳри Маскав ҳангоми пикети эътирозӣ алайҳи ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар парад бахшида ба 75-солагии ғалабаи Ҷанги бузурги ватанӣ боздошт шуданд. Додгоҳи Тверскойи шаҳри Маскав 25 июн ин дуро бо ҳукми вайрон кардани тартиби баргузории пикет ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Муҳокимаи парвандаи “ихвониҳо” паси дарҳои баста оғоз шуд

0

Муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи 116 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони Мусалмон) рӯзи 7-уми июл дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон паси дарҳои баста шуруъ шудааст.

Дафтари матбуоти додгоҳ ин хабарро ба расонаҳо тасдиқ карда вале гуфтааст, ба иллати пӯшида будани баррасӣ шарҳи бештар дода наметавонад.

Дар ҳамин ҳол манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд,ки парванда 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Мисрро аз рӯйи 4 банд 179,2, 307,1,2,3 КҶТ ба ташкили созмони ифротӣ ва сармоягузорӣ ба чунин ниҳод айбдор мекунад.

Радиои Озодӣ аз қавли додситонӣ гуфтааст:

“Парванда ду ҳафта пеш ба додгоҳ фиристода шуд. Айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 179, замимаи 2-и Кодекси ҷиноӣ (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта) ва моддаи 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шудаанд.”

Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад ҷаласаи аввали додгоҳии “ихвониҳо” дар СИЗО -и як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода баргузор шудааст

Вакилони гумонбаршудагон аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва фақат зикр намуданд, ки парванда зери муҳри “махфӣ” баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.

Хешовандони муттаҳамон низ аз суҳбат канораҷӯӣ карданд, аммо яке аз онҳо, Нусратулло Алиев аз шаҳри Бохтар, гуфт, ба ӯ дар бораи парвандаи писараш маълумоте надодаанд: “То ҳол намедонам, барои кадом кор ӯро боздошт кардаанд. Ман фақат ба Боздоштгоҳ ғизо мебарам ва то ҳол худи ӯро надидаам. Адвокати мо қариб бо мо гап намезанад.”

Ин шахс афзуд, писараш дар Донишгоҳи исломӣ аз забони англисӣ дарс медод ва моҳи феврал дастгир шуд.

Дар авоили соли ҷорӣ мақомоти амниятии Тоҷикистон даҳҳо нафар аза қишри босаводи ҷомеа, донишҷӯ, устоди донишгоҳ, номзади илм ва корманди ҳукуматиро бо иттиҳоми узвият ва ҳамкори бо “Ихвон-ул-муслимин” дастгир карда буданд.

Як манбаъ, ки нахост номаш фош шавад ба “Аздо тв” гуфт, рӯзи 06 июли соли ҷорӣ дар Додгоҳи шаҳри Кулоб ду парвандаро бо ҳамин иттиҳом баррасӣ намуда, якеро ба муҳлати 5 сол зиндони низомаш умумӣ ва дигареро низ ба ҳамин муддат шартан ҳукм карданд. Ин манбаъ мегӯяд:

“Хеши мо дар шаҳри Душанбе донишҷӯи курсҳои поёонӣ буд, бо пешниҳоди ҳамкурсонаш барои омӯзиши забони англисӣ ба “Маркази забономӯзии Маърифат-2012” мерафтааст, ӯ бачаи қишлоқ буду ба ҳеч ҳизбу гурӯҳе шомил набуд. Инчунин на вакили дифоъ дошт ва на пуле, ки худро халос кунад. Бегуноҳ барои 5 сол зиндонӣ шуд”.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев гуфтааст,ки  “парвандаи “ихвониҳо” парвандаи ақидавӣ аст, яъне ақидаи боздоштшудагонро мақомот “ихвонӣ” меҳисобанд, аммо мухолифон чунин намеҳисобанд. Тибқи карори Додгоҳи олӣ фаъолияти созмон дар Тоҷикистон манъ аст, аз ин ҷо узв шудан ба он ҷиноят аст.”

Созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як ҷамоати диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил мехонанд, аммо баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони мустақил бар ин боваранд,ки парвандаи маъруф ба ихвониҳо як барномаи махсусе аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон аст, ки бо ин васила талош доранд Тоҷикистонро дар шумори кишварҳои дучори мушкил бо созмонҳову гурӯҳҳои сиёсии динӣ ҷилва бидиҳанд. Зеро бар пояи маълумоти расида аз дохили Тоҷикистон бархе аз афроди муттаҳам ба ихвонӣ аслан огоҳӣ надоранд, ки ихвониҳо киҳоянд ва ихвонулмуслимин чи ташкилот аст?

Додгоҳи Австрия: Шовализода ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст

0

Истирдоди паноҳҷӯ Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Тоҷикистон Додгоҳи федеролии Австрия “ғайриқонунӣ” хонда, ҳукм содир намуд, ки ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ барқарор карда шавад.

Ҳизбуллоҳ Шовализода, ҷавони 29-солаи тоҷике, ки 4-уми марти имсол хабари истирдод шуданаш аз Вена ба Тоҷикистон расонаӣ шуда буд ва ниҳоятан 12-уми июн ба бист соли зиндон маҳкум гардид.

Бино бар гузориши Радиои Озодӣ тибқи қарори додгоҳи Австрия, ки рӯзи 7-уми июл содир шуд, рад шудани дархости паноҳандагӣ ва иҷозаи истирдоди Шовализода бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, ба ӯ ҳақ ва муҳлати хуруҷи ихтиёрӣ дода нашуда, ҳангоми истирдод ба маълумоти куҳна роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон такя шудааст.

Вакили мудофеи Шовализода Грегор Кламмерин ба Додгоҳи Вена гуфта, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ вуҷуд надорад ва мунтақидони ҳукумат пайваста мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд инчунин шиканҷа ва фасод дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ густариш пайдо кардаст. Бо ин далоил Додгоҳ  истирдоди Шовализодаро ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ хонд. Ҳамзамон Додгоҳ Тоҷикистонро ба он гунакор донист, ки Шовализодаро бо ғаразҳои сиёсӣ дар пайгарди Интерпол қарор додааст.

Грегор Кламмерин рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми Додгоҳи федероли Австрияро тасдиқ карда ва гуфтааст, “дар қарор ҳукумати Австрия вазифадор шудааст, ки бозгашти Шовализодаро таъмин кунад.”

Вай ба суоли он ки Ҳизбуллоҳ Шовализода дар Тоҷикистон ба бист соли зиндон маҳкум шудааст ва бозгашташ то куҷо имконпазир ҳаст, чунин посух дод: “Ҳоло идораи мо бо тамоми муассисаҳо тамос мегирад ва аз онҳо тақозо мекунад, ки фишор оваранд ва ё ҳадди ақал ин масъаларо матраҳ кунанд. Мо бо раиси ҷумҳур ва ҳукумати Австрия, ҳукумати Олмон, аз ҷумла садри аъзами он кишвар ин масъаларо матраҳ мекунем, чун Олмон низ ба қазияе, ки рух дод, масъул аст.”, омадааст дар хабари Озодӣ.

Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.

Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон расман Шовализодаро ба узвият дар ҲНИТ ва “хиёнат ба давлат” муттаҳам кард ва барои 20 сол равонаи зиндон намуд. Аммо намояндагони ҲНИТ узвияти ӯро дар ин ҳизб рад мекунанд.

Мунтазири марҳамати мақомот. 3000 шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистону Узбекистон дар “Жибек Жолӣ”

0
Акс аз “instagram.com/kris_p_kz

Се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар наздики посгоҳи сарҳадии “Жибек Жолӣ”-и вилояти Туркистони Қазоқистон  банд мондаанд. Дар ин бора  8-уми июл ба расонаҳои қазоқӣ Сакен Калкаманов, муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон хабар додааст. Ба гуфтаи вай, бештари дармондагон шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки дар гузаргоҳи “Жибек Жолӣ”-и байни Қазоқистон бо Узбекистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки дар Қазоқистон кор мекарданд ва қасди ба хонаҳояшон баргаштанро доранд. Узбекистон ба далели нокофӣ будани марказҳои карантиниаш иҷозат намедиҳад, ки ҷамъшудаҳо аз марз гузаранд.

Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон, ҳафтаи гузашта ҷониби Узбекистон ба 200-300 кас иҷозаи убур дод. Муовини раиси вилоят афзуд, рӯзе як маротиба эҳсонкорон ва афроди хайрхоҳ ба дармондагон ғизову об мерасонанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксу навори ҷамъшудаҳо нашр гардид, ки чи гуна рӯи замин хоб мераванд.

Вебсайти  CentralAsia (UZ) аз қавли  консули генералии  Узбакистон дар Алмаато навиштааст,ки ҳудуди се ҳазор аз атбои ин кишвар айни замон  дар назди гузаргоҳи марзии “Гиш-куприк” ҷамъ шудаанд.Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Узбакистон кормандони консулгарӣ бо ин афрод дар иртибот буда онҳоро бо обу ғизо ва хуроки гарм таъмин карда истодаанд.

Узбекистон сар аз охири моҳи март ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баст. Ин кишвар ба сокинони ҳамсоякишварҳояш иҷозаи убури марзро намедиҳад. Мақомоти Узбакистон баъди вуқӯи мавориди бештари гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар шароити карантинро аз 10 июл то 1 август дигарбора тамдид карданд.Дар саросари кишвар фаъолияти бозору мағозаҳо ва миёни манотиқи кишвар равуои васоили нақлиёти ҷамъиятӣ низ қатъ карда шудааст.

Зимнан ин бори аввал нест,ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузаргоҳ ҷамъ меоянд.Ҳафтаи гузашта ҳудуди 800 нафар аз тоҷикитониҳоро бо мусоидати СММ ва маблағгузории ҳукумат  Норвегияи маҳз аз ҳамин гузаргоҳ ба ватан бозгардониданд,ки аз миёни онҳо 70 нафар бо алоими гирифторӣ бо COVID-19 феълан дар бемористони Хуҷанд бистарианд.

Боз заминларза дар Душанбеву Хатлон

0
Акс аз Global Look Press

Бино бар хабарҳои расида нимаи аввали имрӯз 09-уми июли соли ҷорӣ дар баъзе манотиқи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе заминларза ба амал омадааст.

Хабаргузории Ховар бо такя ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин хабарро нашр намуда маркази зилзиларо 11 километр дуртар аз ноҳияи Спитамен ва қувваи онро 4 дар марказ ва 2 бал дар шаҳри Душанбе арзёбӣ кардааст.

Гузориши Ховар:

Имрӯз, соати 11:39 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 165 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе ва 11 километр дуртар аз самти ҷанубии ноҳияи Спитамен ҷойгир мебошад.

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар  марказ 4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Ҷон ба лаб омад, санг ҳам мехӯрӣ. Сангпора хӯрдани як сарбоз барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ

0
Акс аз Ozodi.org

Отабек Ибрагимов сарбози қаторие, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои ҳарбӣ шомил шуда буд, бо мақсади озод шудан аз хизмати ҳарбӣ 17 сангпораро фурӯ бурдааст, ки дар натиҷа дар беморхона бистарӣ шуда ҷарроҳӣ шудааст. Додгоҳии ҳарбии гарнизонини Душанбе сарбози мазкурро бо иттиҳоми узвмаъюбкунӣ барои ду сол равонаи зиндон кард.

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо такя ба Дафтари матбуотии Додгоҳи ҳарбии Душанбе менависад, сарбози қаторӣ Отабек Ибрагимов зимни даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди ҳукумати қумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хизмати низомиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

“Бо ин мақсад номбурда 7 адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, номбурда бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31декабри соли 2019 қарор доштанаш боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин амалкард, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Ибрагимов Отабекро бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум кардааст.

Ёдрас мекунем, ки солона даҳҳо тан аз сарбозони қатории қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз вазъияти бади хизмат ва бадрафтории “Дед”-ҳо маъюб мешаванд, ба беморхонаҳо мунтақил меёбанд ва ё ин ки ба ҳалокат мерасанд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 08.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол кард.

70 кас аз марз бо Ковид-19 бозгаштаанд.

Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд кӯмак хостааст.

73 млн доллар кӯмаки созмонҳои молиявӣ ба Тоҷикистон.

Сафорат арзиши як билетро 24 ҳазор гуфт, аммо аз 35 то 70 фурӯхта мешавад.

Трамп расман Амрикоро аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хориҷ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони Ҷопону Чин барқияи тасаллият ирсол кард

0

Расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ ва раисҷумҳури Чин Си Ҷин Пин барқияи тасаллият ирсол намудааст. Эмомалӣ дар паёмаш ба раҳбарони Ҷопон ва Чин вобаста ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ дар марзҳои ин ду кишвар ва талафоти ҷонии он изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин омадааст:

“Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадид дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид. Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.”

Ин паёми Раисҷумҳур дар ҳолест, ки тақрибан моҳе қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш шаби 14 ва 15-уми май дар чанд деҳаи ноҳияи Хуросон бо сар задани обхезиҳои шадиди сел даҳҳо хона пурраву баъзеи дигар қисман хароб шуданд. Ба киштзорҳои сокинони ноҳия ва роҳҳо низ зарари калон расонд ва боиси марги ду нафар шуд. Дар маҷмӯъ зарари расида аз ин офати табиӣ ба ин минтақаи кишвар ҳудуди 7 миллион сомониро ба ташкил дод.

Ин дар ҳолест, ки мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ӯ интиқод мекунанд, ки боре ҳам ба мардуми кишвари худ ва баҳри зарардидагону қурбониёни сокинони Хуросон арзи тасаллият накардааст. Илова бар ин мақомоти интизомӣ бар зидди чанде аз эътирозгарони сокинони зарардидаи ноҳияи мазкур, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилоташон роҳро баста буданд, парванда боз кард. Мухолифон Президент Раҳмонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ дар дунёи дигар зиндагӣ мекунад на оне, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеъ ба он гирифторанд.

Мақомоти мардум озор, ё худ чаро қасди Мӯсоро аз Исо мегиранд?

0

Аз чанд ҳафта боз мухолфон ва фаолони маданӣ пайваста аз он шикоят доранд, ки мақомот дар Тоҷикистон, ба пайвандони онҳо фишор меоранд ва маҷбурашон мекунанд то бар зидди онҳо сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом бидиҳанд.

Тӯли чанд ҳафтаи охир чандин наворҳо аз тарафи тролҳои зери ҳимояти мақомотҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимъӣ ва телевизионҳои давлатӣ ба нашр расид. Маъмулан қаҳрамонҳои чунин наворҳо аз фаолияти пайвандони худ изҳори нигаронӣ мекунанд ва онҳоро ба хиёнат муттаҳам кардаву хоҳиш мекунанд то аз фаолиятҳои сиёсӣ даст бикашанд.

Мухолифон бар ин назаранд, ки ҳамаи ин суҳбатҳо зери фишор наворгирӣ шудааст ва наздикони онҳо пеш аз сабти навор таҳидиду бозпурсӣ шудаанд.Чанд нафар аз пайвандони ва фарзандони зиндониёне, ки СММ онҳоро “зиндонии сиёсӣ” хонда аст, охирҳои моҳи июн дар номае ба унвони раиси ҷумҳур, додситони кул ва ваколатдори ҳуқуқи инсон навишта буданд, ки “Дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздикони моро, маҷбурӣ ба навор мегиранд”, то зидди рақибони сиёсӣ истифода кунанд. Ба гуфтаи ин афрод ҳамаи ин наворҳо иҷборан сабт шудаанд. Онҳо аз мақомот талаб доранд то ба чунин аъмол хотима бидиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба ин нома ҷавоб дод ва гуфт, ки номаи хешовандони чанде аз маҳбусонро таҳқиқ мекунад. Дастгоҳи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи тафтиши нома “ба Омбудсмен ва муаллифони нома хабар дода хоҳад шуд”. Аммо коршиносон мегӯянд, ба ҷавоби ариза умед бастан чандон мантиқӣ нахоҳад буд. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ин ариза “ё беҷавоб мемонад ё ҷавоб дода мешавад, ки нисбат ба хешу табори онҳо таҳдид, шиканҷа ва фишор умуман ҷой надорад”.

Ҳамзамон Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон, аз ҷумлаи онҳонест, ки аз боздошт шудану мавриди бозпурсӣ қарор ги рифтани наздиконаш хабар дод. Ӯ мегӯяд, 13 узви оилаашро мақомоти амниятии кишвар барои бозпурсӣ ба идораҳои амниятӣ бурдаанд ва баъзеашро боздошт кардаанд. Бештари боздоштшудаҳо занону кӯдакон гуфта мешавад.

Мақомот то ба ҳол сабаби боздошти онҳоро шарҳ надодааст. Бино ба гуфтаи Ҷаннатуллоҳи Комил мақомот талаб кардаанд, ки се марди узви оила бояд худро таслим кунанд. Сабаби даъват ба таслими онҳо ҳам маълум нест. Ҷаннатуллоҳи Комил масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон мебошад, ба иддаои ӯ ин кор аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин масъули ҲНИТ бо нашри аксе, ки гуфта мешавад аз кормандони Кумитаи амнияти ноҳияи Данғара гиифта шудааст, менависад:

“Субҳи имрӯз боз чанд тан аз кормандони амнияти вилояти Хатлон ба хонаи мо, дар ҷамоати Себистон омада, мехоҳанд боз ҳамсари бародрам, апаам, ҳамсари ҷиянам ва духтари акаамро ҳамроҳ бо кӯдакони ширхорашон ба Амнияти минтақа бурда, бозпурсӣ кунанд”.

Дар ин замина Иззат Амон низ дар сафаҳи фейсбукияш навишт:

“Ба таваҷҷӯҳи “фермаи ҷавоб” ва дастандаркорони филме, ки бар алайҳи ӯ сабт шудааст!!! Мулломақсатулло, имоми масҷиди деҳаи Чоряккорон 50 000 доллар дода раиси ҷамоати Чоряккорон таъин гардид. Ҳанӯз 3 моҳ кор накарда сари ӯ туҳматеро бор карда бар зиддаш парванда боз кардед”.

Ба гуфтаи Иззат Амон тамоми молу мулки ин мардро кашида гирифтанд. Гузашта аз ин, ӯро маҷбур кардаанд то зидди ӯ ҳарфҳои музахраф бизанад.

Изат Амон дар сафҳааш навишт, ки “ҳоло домулло бекор ҳасту намедонад чӣ гуна зиндагиашро гузаронад. Ба ман занг зада маъзаратхоҳӣ намуда хоҳиш кард то кумакаш кунам. Ба ҷонаш раҳм намоеду ҳадди ақал нисфи пулашро гардонда диҳед. Одаму одамгариро фаромӯш накунед. Ин мулло хидмати шуморо карду бадбахт гашт. Ба ҷонаш раҳм намоед!”

Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия аст ва чандин маротиба бар алайҳи ӯ низ наворҳо нашр шудааст. Ҳмзамон дар ин авохир писари Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ, Асрориддини Розиқ боздошт шуда буд. Ба иддаои пайвандонаш ӯ нахоста алайҳи падараш баромад кунад ва аз ӯ дифоъ кардааст. Инчунин  Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷик низ аз боздошти хешовандонаш хабар дода ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол кард ва аз боздошту бозпурсиҳои ғайриқонунии наздиконаш аз ҷониби кормандони КДАМ шикоят кардааст. Худи оғои Салимпур ин қазияро чунин шарҳ дод.

Ҳамзамон мо аз Муҳаммадҷон Кабиров коршиноси масоили сиёсӣ ва нафаре ки парванади чандин зиндониро бо кумаки созмонҳои ҳуқуқии байнамиллаӣ барои додхоҳи равони СММ кардааст, ва кумитаи ҳуҷуҷи башар барои ин парванаҳо хулосаи худро баровардааст, пурсидем, ки мақомот бо ин кирдорҳояш чи мехоҳад ва то кадом дарҷа мухолифон ин кирдорҳои мақомтро пайгирӣ мекунанд ва оё имкони ба додгоҳҳо кашидани дастандаркорони чунин аъмол вуҷуд дорад? Ё боз ҳам ҳами ин кирдорҳо бе ҷавоб хоҳад монд?  

Кушишҳои мо барои гирифтани раъйи мақомотҳои расмӣ бенатиҷа буд ва танҳо Оятулло Гиялев, собиқ фаоли мухолиф ки ҳоло аз мавқеъҳои ҳукумат дифоъ мекунад, даъвои фаъолонро беасос гуфт.