То ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи ҳувият ва ҷои истиқомоти ин муҳоҷирон дар Тоҷикистон чизе нашр нашудааст ва инчунин аз вазъи саломатии онҳо хабаре нест.
Президенти Белорус Александр Лукашенко имрӯз 14 сентябр ба Русия меравад, то бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора, рӯзи ҷумъа, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков эълом дошт ва гуфт, ки ин сафар хусусияти корӣ хоҳад дошт ва имзои ягон санад ба нақша гирифта нашудааст.
Дирӯз 13 сентябр беш аз 100 ҳазор нафар алайҳи Лукашенко даст ба эътироз заданд. Аммо вазорати умури дохилии Белорус мегӯяд, дар ин эътирозҳо танҳо 3000 нафар иштирок намудааст ва 250 нафари онҳо, ки гуё дар даст шиорҳои “таҳқиромез” доштаанд, боздошт шуданд. Бино ба гузориши баъзе расонаҳо шумораи боздоштшудагонро аз 400 то 700 нафар мегӯянд, ки омори мақомотро зери суол мебарад.
Эътирозгарон бо шиорҳои “Зинда бод Беларус!” ва “Саша истеъфо!” , аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва як интихобти демократӣ дар Белорус баргузор гардад.
Пас эътирозҳои густарда дар ин кишвар бо ташаббуси мухолифини ҳукумат Шӯрои ҳамоҳангии миллии Белорус ташкил ёфта, ҳайати он иборат аз 70 нафар аст, ки умдатан аз намояндагони мухолифин таркиб ёфтааст. Ҳадафи он интиқоли сулҳомези ҳукумат дар ҷумҳурӣ аст.
Ин созмони байналмиллалӣ шурӯъ аз соли 2006 то ҳол бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон назорат бурдааст, вале ҳеҷ як аз интихоботи гузаштаро шаффофу демократӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон накардааст.
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон (КМИРТ) бо вуҷуди ин, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз як моҳ монда аст, дар бораи ҳузури нозирони байналмилалӣ ибрози назар накардааст.
Иззат Амон дар додгоҳи шаҳри Маскав аз манфиатҳои Исломов ҳимоя мекард.
Ба навиштаи Иззат Амон додгоҳ ин нуктаро ба назар гирифтааст, ки Исломови 26-сола аз ноҳияи Мастчоҳ ягона саробони оила буда, аксари аъзои он хонавода маъюб мебошанд. Акнун ягона саробони ин оила низ саломатии худро аз даст дода ва маъюб гардид.