17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 176

Кушта шудани 5 нафар ҳангоми партоби кумакҳои ғизоӣ дар Ғазза

0

Шоми рӯзи панҷшанбе, 7-уми марти соли ҷорӣ ҳавопаймоҳои амрикоӣ маводи ғизоиро болои сокинон дар шимолу ғарбии Навори Ғазза аз осмон партоб карданд, ки дар натиҷа 5 нафар кушта шуданд.

Гуфта мешавад, дирӯз сандуқҳои маводи ғизоӣ дар макони серодам партоб шуданд, вале ҳангоми партоб чатри чанде аз сандуқҳои бузург боз нашуда, бо суръат болои сокинон афтоданд, ки боиси чунин фалокат шудааст.

Наворҳое, ки ин ҳодисаро сабт карда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки барзами кушода нашудани чатри чанде аз сандуқҳои бузург, боз ба шакли ҷудогона чисмҳои хурдҳаҷми зиёде болои сокинон меборад.

Дар натиҷаи партоби иштибоҳии маводи ғизоӣ болои мардум дар аввал аз кушта шудани ду ҷавон гузориш шуда буд, аммо субҳи имрӯз расонаҳо хабар доданд, ки шумори кушташудагон ба 5 нафар расида, чанд нафари дигар ҳам захмӣ шудааст.

Пас аз монеагузориҳои Исроил барои расондани кумакҳои инсонӣ тариқи заминӣ ба мардуми Ғазза, ин бори сеюм аст, ки дар як амалиёти муштараки Амрико ва Урдун бо се ҳавопаймои амрикоӣ болои сокинони мардуми Ғазза маводҳои ғизоӣ аз осмон партоб мешавад. Бори аввал низ қисмати зиёди ин кумакҳо ба дарё андохта шуданд, ки дастрасии мардум ба онҳо мушкил шуд.

Норасоии маводи ғизоӣ ба фоҷиаи инсонӣ дар Навори Ғазза табдил шудааст. То кунун, тибқи гузоришҳои расмӣ, беш аз 10 кӯдак аз сабаби норасоии ғизо ҷон додаанд. Пас аз ҳамлаҳои 5-моҳаи Исроил ба ин минтақаи серодам расондани ғизо ва даво ба Ғазза аз мавзуоти асосии гуфтумонҳои сиёсатмадорони ҷаҳон табдил шудааст. Бо вуҷуди исрорҳои зиёди Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои аврупоӣ ва исломӣ барои зарурати расондани кумакҳои башарӣ ба Ғазза, Исроил намегузорад куамкҳо тариқи заминӣ аз гузаргоҳи Рафаҳ аз ҷониби Миср вориди Ғазза шаванд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, шуруъ аз 8-уми октябри соли 2023 дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза шумори кушташудагон наздик ба 31 ҳазор нафар расидааст, ки беш аз 70% онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Ва шумори захмиён бошад марзи 72 ҳазорро гузаштааст.

Эрону Тоҷикистон якҷоя дору месозанд

0

Ҷумҳурии исломии Эрон аз омодагии худ дар бораи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи дорусозӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ хабар дод.

Хабаргузории Sputnik аз расонаҳои эронӣ иттилоъ дод, ки зимни як ҳамоиши муштараки намояндагони Тоҷикистону Эрон вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар доктор Баҳром Айнуллоҳӣ изҳор дошта, ки кишвараш омода аст доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии худро ба Тоҷикистон содир кунад ва тавлидоти муштараки доруро роҳандозӣ кунанд.

Ҳамчунин ин вазири эронӣ афзуда, ки ҳамкориҳои муштарак бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба омӯзиши пизишкӣ ва дармон, аз ҷумла “табодули устод ва донишҷӯ, баргузории ҳамоишҳои илмии муштараку иҷрои барномаҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ” метавонад ҷузъи барномаҳои ҳамкории дуҷониба бошад.

“Яке аз муҳимтарин барномаҳое, ки дар ҳавзаи беҳдошт иҷро шудааст, барномаи саломатии хонавода аст, ки омодагӣ дорем таҷрибаи худро дар ин замина дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳем”, – афзудааст вазир.

Доктор Айнуллоҳӣ дар идома ба пешрафтҳои таҳқиқотии Эрон дар самти табобати саратон ишора карда, гуфтааст, ки дар ин замина метавонанд бо Тоҷикистон ҳамкориҳои таҳқиқотӣ ва дармонӣ дошта бошанд.

Дар хабар таъкид шуда, ки ҷониби Тоҷикистон, бахусус вазири тандурустии Тоҷикстон Ҷамолиддин Абдуллозада низ дар ин дидор пешниҳодоти ҷониби Эронро пазируфта ва барои тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ кардааст.

Холиқзода ба 6,5 не ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба 6,5 соли зиндон неву барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки Холиқзода ба 6,5 сол, Абдуқодири Рустам ба 4,5 соли зиндон маҳкум шудаанд ва аммо Раҷабзода Суҳроб, соҳиби нашриёти “Эр-Граф” бо пардохти ҷарима озод шудааст.

Аммо “Азия-Плюс” дар истинод ба шуъбаи иттилооти Додгоҳи олӣ менависад, ки Холиқзода бо моддаҳои 189 қисми 2 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ) ва 289 қисми 2 (Қочоқ) -и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста шуда, ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, барилова ӯ бояд ба миқдори 76800 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.

Инчунин Додгоҳи олӣ нависандаи шинохтаи тоҷик Рустами Абдуқодирро низ ба барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ муттаҳам карда, ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Раҷабзода Суҳроб Тоир, директори нашриёти “Эр-Граф”-и шаҳри Душанбе, ки дар ин парванда ҳамчун ношир ҷалб шуда буд, бо иттиҳоми “Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо” (моддаи 295 қисми 1 КҶ) ба 1 соли зидон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукмҳо аз ҷониби Додгоҳи олӣ 22-юми феврали соли 2024 содир шудаанд.

Боздошт ва зиндонӣ шудани ин 3 нафар, ки солҳо боз ҳамчун ходимони ҷамъиятӣ, яке ба сифати адабиётшинос ва нависанда, дувумӣ ҳамчун тоҷиру соҳибкор ва яке аз корофаринҳои шинохта ва савумӣ ҳамчун молики яке аз беҳтарин нашриётҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Ин се нафар замоне аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд, ки гурӯҳе аз кормандони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тобистони соли гузашта, баъд аз се моҳ гузаштан аз нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” корзореро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохилӣ алайҳи муаллиф, муҳаррир ва ношири он ба роҳ монда буданд. Ба дунболи онҳо хеле дигар аз афроди шинохта, аз он ҷумла президент ва бархе кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам вориди амал шуда, аз мақомот хоста буданд, ки ба муҳтавои ин китоб баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои адабии ин тоҷири муваффақи кишвар гуфта буд: “Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Аммо раиси бемористони Ибни Сино дар оғози ҳамин китобаш мегӯяд: “Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад. Умедворам, ҳоло, ки шароити мусоид фароҳам шуда ва ҷомеа ҳам асари асафбори ин падидаро таҷриба кардааст, бо кӯшиши зиёиён ва бахусус ҷавонон, ҷанбаи тафриқаандозии он коҳиш ёбад ва шояд рӯзе аз байн бурда шавад.” (Ҳаводиси рӯзгори ман, саҳ.-6)

Баргузории Ҷоми Наврӯзии пойтахт

0

Мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои дарёфти Ҷоми Наврӯзӣ бо ҳузури намояндаҳои 30 кишвари дунё баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, 6-уми марти соли 2024 маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ бо ҳузури 200 нафар аз паҳлавонони кишварҳои хориҷӣ ба кори худ оғоз кард.

Ин панҷумин мусобиқаи байналмилалии куштӣ барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе буда, он дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт бо ҳузури паҳлавонони дохилӣ ва хориҷӣ гузаронида мешавад.

Барои ширкати дар ин мусобиқот Федератсияи Самбокурӯши Афғонистон ҳам эълон карда, ки 12 нафар аз варзишкорони худро ба Тоҷикистон эъзом кардааст.

Аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ин бори аввал нест, ки варзишкорони ин кишвар барои анҷоми мусобиқот ба Тоҷикистон сафар мекунанд, балки дар гузашта ҳам борҳо дар мусобиқоти варзишӣ, аз ҷумла футбол, бокс, ҷудо ва ғайра вориди кишварамон шудаанд.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон ва дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ эълон кардаанд, ки ҳукумати кунунии Афғонистон бо раҳбарии Иморати исломии Толибонро қабул надоранд, вале амалан тиҷорат ва муносибатҳои пасипардагӣ идома дорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ин гурӯҳро “террористӣ” хонда, ҳар гуна фаъолияти онро дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон кардааст, аммо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти зертобеи он дар муносибат бо ин гурӯҳ озоданд.

Барои мисол, дар замоне ки сокинони Тоҷикистон дар сармои замистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, ширкати “Барқи тоҷик” фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2023 наздик ба 20% зиёдтар кардааст.

Гуфта мешавад, ин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Наврӯзӣ аз 6 то 9-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳайати кумитаи тадорукоти ин мусобиқот аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 1 миллону 437 ҳазору 500 сомонӣ барои баргузории он ҷудо кардаанд.

Баррасии барфу боронҳои Тоҷикистону Эрон дар Ҷиддаи Арабистон

0

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон вазъи боду ҳавои рӯзҳои ахир дар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 5-уми марти соли 2024 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳошияи Нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷонибаеро аз қабили баррассии масъалаи Фаластин ва иҷрои санадҳои имзошуда байни ду кишвар, ки заминаи ҳуқуқии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эронро тазмин мекунанд, низ мавриди баҳсу гуфтугӯи худ қарор доданд.

Ҳамзамон дар як навори видеоии кӯтоҳе, ки аз раванди ин мулоқот ба расонаҳо роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон вазъи боду ҳавои ахир дар ҳар ду кишварро ба ҳам гузориш дода, таъкид мекунанд, ки имсол нисбат ба солҳои гузашта барфу боронгариҳои зиёде сабт шудааст.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, имсол дар ин кишвар барф хеле зиёд боридааст. Ҳатто дар минтақаҳое, ки солҳо барф наборида буд, имсол барф борид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам таъкид мекунад, ки бо боридани барфу боронгариҳои зиёд ҳар ду кишвар дар таъмини об ба мушкилӣ рӯбарӯ шудаанд.

Гуфта мешавад, баррасии вазъи боду ҳаво, барфу боронгариҳои ахир дар Тоҷикистон ва Эрон дар Арабистони Саудӣ мавриди гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки бар асари ин сардиҳои ахир ва қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон танҳо дар як ҳафтаи ахир 16 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак аз дуди ангишту оташ ҷони худро аз даст доданд ва дар Эрон ҳам бар асари боронҳои зиёд ва ҷорӣ шудани сел беш аз 150 русто зери об мондааст.

Тоҷикистон ба қазияи Ғазза садо баланд кард

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ таваққуфи фаврии ҷанг дар Ғаззаро талаб кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дода, ки Сироҷиддин Муҳриддин 5-уми марти соли 2024 дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар робита ба мавзуи Фаластин бахшида шуда буд, ширкат ва суханронӣ кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронияш “аз ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷоми иқдоми муассирро ҷиҳати оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа”-ро талаб кардааст.

Аз ин пештар мақомоти Тоҷикистон хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуда буд. Аз ҷумла, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2023 аз қатъномаи оташбаси фаврии башардӯстона дар Ғазза пуштибонӣ карда буд.

Гуфта мешавад, Исроил 17 сол қабл Навори Ғаззаро дар муҳосираи худ қарор дода, атрофи онро девор гирифтааст. Дар ин муддат ҳамагуна содирот ва воридот ба Навори Ғаззаро зери назорати шадиди худ қарор дода, фишори зиёде болои сокинони он меовард. Ин муҳосира дар 5 моҳи ахир шадидтар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми октябри соли 2023 нерӯҳои фаластинӣ бо раҳбарии ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ аз чанд ҷо деворҳоро шикаста, ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамла карданд. Исроил мегӯяд, ки нерӯҳои фаластинӣ дар вақти ҳамлаи худ ҳудуди 1200 нафарро кушта ва беш аз 260 нафари дигарро ба асорат гирифтанд. 8-уми октбяри соли 2023 Исроил ҳамлаҳои худ ба Навори Ғаззаро оғоз кард ва то ҳол ин ҷангҳо идома доранд.

Дар давоми 5 моҳ артиши Исроил Ғаззаро аз тариқи заминӣ ва ҳавоӣ бомборон дорад. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластни, аз шуруи ҷанг то ин муддарт беш аз 31 ҳазор нафар кушта шудааст, ки 70 дарасди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд ва беш аз 70 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.

Сарбозшикор шуруъ мешавад?

0

1-уми апрели соли 2024 дар Тоҷикистон “облава”-и ҷавонон ё сарбозшикор оғоз мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 5-уми марти соли ҷорӣ фармони рухсати сарбозон ва даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар кишварро имзо кард.

Тибқи ин фармон давоми моҳҳои апрел ва май ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Инчунин бар асоси ин фармон дар моҳҳои апрел-майи соли 2024 низомиёне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро адо кардаанд, аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба рухсатӣ фиристода мешаванд.

Бо вуҷуди оне, ки даъват ё ҷалби ҷавонон ба артиш аз 1-уми апрел оғоз мешавад, аммо дар баъзе минтақаҳо сокинон шикоят доранд, мақомот онҳоро маҷбур доранд то фарзандонашонро аз Русия оварда, ба артиш фиристанд.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав қабул карда шуд.

Агар дар гузашта, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамуданд, аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод буданд ва ба онҳо рутбаи афсари хурди таҳмовар (младший лейтенант) дода мешуд, аммо тибқи тарҳи нави қонун баъди 12 моҳи хидмати ҳарбӣ ба онҳо ин рутбаро медиҳанд.

Ҳамчунин тибқи ин қонун ҷавонон метавонанд бо пардохти беш аз 54 ҳазор сомонӣ аз хидмат озод шаванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” дар хонаву кӯча ва ҳатто назди донишгоҳҳо ҷавононро ба артиш сафарбар мекунанд, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Боз аз бебарқӣ се узви як хонавода ҷон бохт

0

Шаби 5-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор боз се узви як хонавода бар асари дуди ангишт заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Имрӯз, 6-уми март Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон бидуни зикри тафсилоти ҳодиса ва зикри ному сину соли фавтидагон дар ин бора гузориш нашр кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хонаводаи фавтидагон изҳори ҳамдардӣ карда, аз сокинон хостааст, ки “тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Бухорӣ ва дудбароҳоро тафтиш кунанд!”.

Дар давоми камтар аз ду ҳафта ин ҳодисаи чорум аст, ки сокинони Тоҷикистон бар асари дуди ангишт ва сӯхтори хона чанд нафар аз як хонавода вафот мекунанд.

Бо оғози сардии ҳаво дар чанд рӯзи ахир барқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон қатъ гардид ва дар пайи ин бебарқӣ ва сардии ҳаво аҳолии кишвар талош карданд, хонаҳои худро бо бухориҳо гарм кунанд ва аз ангишт истифода карданд.

Бори охир рӯзи 2-уми марти соли 2024, 3 кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Душанбе бар асари оташ гирифтани хона аз дуди ғализ заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Пеш аз он Муҳаммад Иқболи Садриддин, раҳбари шабакаи “Ислоҳ.нет” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода буд, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми марти соли ҷорӣ “Панҷ сокини Хистеварз аз бе барқӣ ҳалок шуданд”.

Ва пеш аз инҳо шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.

Ин ҳодисаҳо дар рӯзҳои сардии ахир дар Тоҷикистон пайҳам рух медиҳанд, ки ҷомеаи тоҷикро сахт нигарон кардааст.

То ҳол масъулони ҳукумати кишвар намехоҳанд сабаби барқхомушкунии сартосариро шарҳ диҳанд. Танҳо масъулони “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки дар Душанбе “лимит” ҷорӣ накардаанд ва қатъи барқ ба камшавии об дар обанборҳо рабт дорад.

Ҳукми корманди собиқи “УБОП” эълон шуд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ ва хеши ӯ Исмоилҷон Шукуровро, ки дар рабудан ва қатли омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмонов даст доштаанд, содир кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 28-уми феврал баргузор шуда, додрас Акмал Юсуфзодаро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ, одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор дониста, ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст. Худи Юсуфзода ва вакили дифоаш иддао кардаанд, ки ин корманди собиқи ВКД қасди куштани омӯзгорро надоштааст.

Аммо хеши ӯ, Исмоилҷон Шукуров танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Пештар вакилони дифои Шукуров гуфта буданд, ки зерҳимояашон аз рабудани омӯзгор хабар надошт ва фикр кардааст, ки дар рабудани кадом ҷинояткор кумак мерасонад.

То ҳол назари наздикони ҳарду ҷониб дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд ё на.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов, ки ҳамроҳи ҳамсари Акмал Юсуфзода дар донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон кор мекард, рӯзи 12-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе рабуда ва нопадид шуда буд.

Дертар маълум шуд, ки Исмоил Раҳмоновро подполковники Вазорати корҳои дохилӣ, Акмал Юсуфзода рабуда ба ноҳияи Айнӣ мебарад ва баъд аз куштан ба дарёи Фон меандозад.

Додситонӣ сабаби ин ҳодисаро рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов гуфта буд, аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи тиҷорат танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Гуфта мешавад, ҷасади омӯзгор Исмоил Раҳмонов то ҳол пайдо нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон масъули Вазорати энергетикаро барои бемасъулиятӣ аз мансаб барканор кард?

0

Эмомлаӣ Раҳмон рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ дар пасманзари бебарқиҳои сартосарӣ дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон муовини визири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистонро аз мансабаш барканор кард.

Дар пайи аноҷми ин тағйироти кадрӣ дар Вазорати энергетика аксар бар ин назар буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дарди мардумро эҳсос карда, масъули баландпояи ин вазорати муҳими кишварро барои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар масъалаи таъмини барқ аз мансабаш барканор кардааст.

Аммо дар қарори Эмомалӣ, ки онро Хадамоти матбоутӣ Президенти кишвар нашр кард, омадааст, “Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.”

То ҳол ба кадом мансаб гузаштани Холмуҳамадзода эълон нашудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, барканории ӯ аз муовинати Вазорати Энергетика ба бебарқиҳои сартосарии ахири кишвар рабте надорад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар торихи ҳукуматдории раисҷумҳур хеле кам сурат гирифта, ки мақомдорон маҳз ба хотири бемасъулиятӣ аз мансаб сабукдӯш шуда бошанд.

Барканории Холмуҳамадзода дар ҳоле сурат мегирад, ки давоми беш аз як ҳафта дар тамоми Тоҷикистон, ҳатто дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе низ барқ хомӯш мешавад. Масъулони дахлдор мегӯянд, лимит ҷорӣ накардаанд ва ин ба камшавии оби обанборҳои барқӣ марбут аст.

Дар давоми як ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифтааст, бар иловаи инсокинон барқ надоранд. Дар пайи ин бебарқӣ дар кишвар се ҳодисаи марги дастаҷамъии хонаводаҳо, ки бар асари асари дуди ангишт фавтиданд, рух дод ва аксари қурбониёнашон кӯдакони ноболиғ буданд.

Танҳо дар як ҳолат шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Гуфта мешавад, дар ҳавои сард масъулини “Барқи тоҷик” барқро қатъ карданд ва падари оила хоста, ки хонаи сардро бо ангишт гарм кунад, вале дуди он ҳамагиро ҳалок кард.

Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.