17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 177

Поёни музокироти Миср дар бораи Ғазза

0

Музокироти Миср дар бораи поён додан ба ҷанги Исроил алайҳи Навори Ғаззаи Фаластини бидуни натиҷа поён ёфт.

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира” имрӯз, 5-уми марти соли 2024 музокироти ҳайати Нерӯҳои муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бо раиси Кумитаи амнияти Миср ва гуфтугӯҳои дурӯзаи Қоҳира байни миёнҷиҳо бидуни натиҷа ба анҷом расидааст.

Пеш аз ин ҳайатҳои музокиракунанда аз кишвраҳои Амрико, Фаронса, Мисру Қатар ва Исроил дар Порис гирдиҳам омада, таъкид карда буданд, ки ҷанги Исроил алайҳи Ғазза бояд пеш аз оғози моҳи Рамазон хотима ёбад, вале дар он нишаст ҳам ба натиҷаи ниҳоӣ нарасида буданд.

Ин ҳайат барои идомаи музокирот ду рӯз пеш, 3-уми марти соли ҷорӣ дар Қоҳираи Миср ҷамъ омаданд, вале Исроил ҳайати музокиракунандаи худро ба баҳонаи он, ки ҲАМОС феҳристи асирони исроилиеро, ки бояд мубодила карда мешаванд, пешниҳод накардааст, ба Қоҳира нафиристод.

Аз сӯи дигар, ҲАМОС ҳам Исроилро ба он муттаҳам кардааст, ки бо ин баҳонаҷӯиҳояш аз идомаи музокирот худдорӣ мекунад ва он қасди эълони оташбас карданро надорад. Ба ин хотир, ҲАМОС ҳамчун эътироз дар ҳоли ҳозир гузинаи хориҷ шудан аз раванди музокирот барои эълони оташбас ва мубодилаи асронро рӯи миз гузошта, паёмадҳои онро меомӯзад.

Гуфта мешавад, Исроил 17 сол қабл Навори Ғаззаро дар муҳосираи худ қарор дода, атрофи онро девор гирифт. Дар ин муддат ҳамагуна содирот ва воридот ба Навори Ғаззаро зери назорати шадиди худ қарор дода, фишори зиёде болои сокинони он меовард. Ин муҳосира дар 5 моҳи ахир шадидтар шудааст.

7-уми октябри соли 2023 нерӯҳои фаластинӣ бо раҳбарии ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ аз чанд ҷо деворҳоро шикаста, ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамла карданд. Исроил мегӯяд, ки нерӯҳои фаластинӣ дар вақти ҳамлаи худ ҳудуди 1200 нафарро кушта ва беш аз 260 нафари дигарро ба асорат гирифтанд. 8-уми октбяри соли 2023 Исроил ҳамлаҳои худ ба Навори Ғаззаро оғоз кард ва то ҳол ин ҷангҳо идома доранд.

Поёни бенатиҷаи ин музокирот дар ҳоле сурат гирифта, ки наздик ба 5 моҳ аст артиши Исроил Ғаззаро аз чанд ҷиҳат, заминӣ ва ҳавоӣ бомборон дорад. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластни, аз шуруи ҷанг то ин муддарт наздик ба 31 ҳазор нафар, ки 70 дарасди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта ва беш аз 70 ҳазор каси дигар ҳам захмӣ шудаанд.

Даъвати Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон

0

Шаҳбоз Шариф, Нахсутвазири ҷадиди Покистон бо даъвати расмии президент ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои расмӣ, Президенти Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон бо Нахуствазири ҷадиди Покистон Шаҳбоз Шариф телефонӣ суҳбат кардааст.

Пеш аз ин, 4-уми марти моҳи ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи табрикӣ гуфта буд, ки “Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.”

Имрӯз ҳам зимни суҳбати телефонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба “аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишвар” таъкид карда, аз Шаҳбоз Шариф, хоста, ки ба Тоҷикистон сафар дошта бошад.

Гуфта мешавад, 3-уми марти соли 2024, Маҷлиси миллии Покиситон (парлумон) пас аз раъйгирии вакилон эълон кард, ки Шаҳбоз Шариф, бародари Муҳаммад Навоз Шариф бо касби 201 раъй нахуствазири ҷадиди ин кишвар интихоб шудааст. Вай дирӯз дар назди вакилони Маҷлиси миллии Покиситон (парлумон) савганди вафодорӣ ба Ватан ёд кард.

Интихоботи Маҷлиси миллии Покистон ва иёлатҳои он 8-уми феврали соли 2024 баргузор шуда буд. Дар ин интихобот бо вуҷуди он ки мақомоти ин кишвар Ҳизби таҳрики инсофи Покистон бо роҳбарии Имрон Хонро аз ширкат кардан дар он маҳрум карда буданд, вале номзадҳои он ба сурати мустақил вориди интихобот шуда, наздик ба 100 курсии парлумонро соҳиб гардиданд.

Нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ дар бораи Ғазза

0

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) вазъияти Навори Ғаззаи Фаластинро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 5-уми марти соли 2024, нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз кард.

Ба қавли манбаъ, рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар ин нишасти ҷаҳонӣ ба Арабситони Саудӣ сафар кардааст, бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар бораи ҳолати бади буҳронӣ ва инсонӣ дар Фаластин Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Пеш аз ин, 18-уми октябри соли 2023 низ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо даъвати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда дар бораи ҳамлаҳои Исроил ба фаластиниҳо дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва дигар масолили марбут ба Фалистин гуфтугӯ када буданд.

Ҳамчунин 11-уми ноябри соли 2023 вобаста ба қазияи Фаластин ва бахусус Навори Ғазза нишасти сарони кишварҳои исломӣ ва сарони кишварҳои узви Лигаи кишварҳои арабӣ низ дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд. Тамоми ин нишастҳо бо нашри баёнияҳои тӯлонӣ хотима ёфта буданд.

Аммо, он чӣ аз қарорҳо дар он баёнияҳо таъкид гардида буд, бо гузашти беш аз 138 рӯз то ҳол нисфе аз онҳо амалӣ нашудаанд. Яке аз ҳадафҳои асосии нишасти изтирории имрӯзаи вазирони корҳои хориҷии узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ низ баррасӣ ва бозбонии ҳамон қарорҳо унвон шудааст.

Гуфта мешавад, СҲИ пас аз Сомзони Милали Муттаҳид дувумин созмони бузурги ҷаҳонӣ аст, ки 57 кишвар узви он ҳастанд. Аксари кишварҳои узви ин созмонро кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ ташкил медиҳанд.

Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон

0

Як муҳоҷири 45-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Олмон кору зиндагӣ мекард, аз дунё даргузаштааст.

Дар ин бора чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Олмон хабар доданд. Бар асоси маълумотҳои авалия ӯ рӯзи 29-ми феврал дар шаҳри Нюренберги Олмон фавтидааст ва сабаби марги ӯ ҳанӯз мушахас нест.

Гуфта мешавад, ин нафар Валиҷон Искандаров ном дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст, вале маълумоти бештаре дар бораи маҳали зист ва хешовандонаш дар дастрас нест. Ба гуфтаи муҳоҷирони муқими Олмон, ӯ 3-4 моҳ пеш аз Тоҷикистон барои кор ба Олмон омада буд.

Муҳоҷирони тоҷик талош кардаанд аз пулиси шаҳри Нюренберг маълумоти бештаре дар бораи сабаби марги ӯ дарёфт кунанд, вале пулис гуфтааст, танҳо ба хешовандони наздики марҳум ва ё кормандони сафорати Тоҷикистон дар Олмон маълумот хоҳанд дод.

То лаҳзаи таҳияи ин хабар назари сафорати Тоҷикистон дар Олмон дастрас набуд ва маълум нест пайгири сарнавишти фавтидаи Тоҷикистон ҳастнад ё на.

Бархе муҳоҷирони тоҷик худ ташаббусро ба даст гирифта, аз дигар муҳоҷирон хоҳиш доранд то барои шиносоии Валиҷон Искандарови 45-сола ва пайдо намудани пайвандонаш кумак кунанд ва ин хабаро ба дигарон расонанд то ворисони ӯ пайдо шаванд.

Шаҳбоз Шариф дубора Нахуствазир шуд

0

Шаҳбоз Шариф, бародари Муҳаммад Навоз Шариф дубора Нахуствазири Покистон интихоб шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 3-уми марти соли 2024, Маҷлиси миллии Покиситон (парлумон) пас аз раъйгирии вакилон эълон кард, ки Шаҳбоз Шариф, бародари Муҳаммад Навоз Шариф бо касби 201 раъй нахуствазири ҷадиди ин кишвар интихоб шудааст.

Ба қавли расонаҳо, дар ин раъйгирӣ байни вакилони парлумони Покистон рақиби Шаҳбоз Шариф намояндаи Шӯрои иттиҳоди суннӣ Умар Айюб буд, ки аз ҳаводорони Имрон Хон гуфта мешавад. Ӯ дар ин рақобат 92 раъй ба даст овардааст.

Умар Айюб номзади интихобии Имрон Хон буд. 15-уми феврал ба расонаҳо гуфта, ки Имрон Хон, раҳбари Ҳизби таҳрики инсофи Покистон Умар Айюб Хонро ба унвони номзади мақоми нахуствазирии Покистон аз байни ҳамҳизбонаш интихоб кардааст.

8-уми феврали соли 2024 интихоботи маҷлиси миллии Покистон ва иёлатҳои он баргузор шуда буд. Дар ин интихобот бо вуҷуди он ки мақомоти ин кишвар Ҳизби таҳрики инсофи Покистон бо роҳбарии Имрон Хонро аз ширкат кардан дар он маҳрум карда буданд, вале номзадҳои он ба сурати мустақил вориди интихобот шуда, наздик ба 100 курсии парлумонро соҳиб гардиданд.

Гуфта мешавад, баъд аз баргузории ин интихоботи парлумонӣ сару садоҳои зиёде дар бораи вуҷуд доштани тақаллуб дар сандуқҳои ба вуҷуд омада, мардумони зиёде ба натиҷаҳои эълоншуда эътироз карданд. Ҳатто бархе кормандони баландпояи Ситоди баргузории инхобот ҳам ба ҷамъи эътирозгарон пайваста гуфта буданд, ки ин интихобот ношаффоф ва пур аз тақаллуб буд.

Боз 3 кӯдаки дигар аз дуди оташ заҳролуд шуда, ҷон бохтанд

0

Рӯзи 2-уми марти соли 2024, 3 кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Душанбе бар асари оташ гирифтани хона ҷон бохтанд.

Имрӯз, 4-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин ҳодиса дар кӯчаи Хайрулло Мирзои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт тақрибан соати 13-и рӯз ба вуқуъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми сӯхтор кӯдакон, Узоқов Абдурасули 4-сола, Узоқова Зуҳрои 3-сола ва Узоқова Зайнаби 1-сола дар дохили хона монда, аз дуди ғализ заҳролуд шуда, ҳарсе фавтиданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташсӯзиро “бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор)” гуфтааст. Вале хисороти воридшуда дар пайи ин сӯхторро то ҳол эълон накардааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Иқболи Садриддин, раҳбари шабакаи “Ислоҳ.нет” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми марти соли ҷорӣ “Панҷ сокини Хистеварз аз бе барқӣ ҳалок шуданд”.

Ба “ Ислоҳ” ин хабар расид, ки санаи 1-уми март рӯзи ҷумъа дар Хистеварз панҷ нафар мурданд, чаҳор нафарашон ҷаноза шуданд дутояш дар масҷиди Сурх. Иллати марг дуди ангишт буда, як зану шавҳарро ҷанозаашонро дар намози ҷумъа адо намудем. Як дигараш дар масҷиди Аҳрориён баргузор гардид.”, навиштааст мудири шабакаи “Ислоҳ”.

Манбаи “Ислоҳ” ҳамчунин таъкид карда, ки ин ҳодиса дар натиҷаи бебарқӣ ва сармои сахт, ки мардум хонаҳояшонро бо ангишт гарм мекунанд, рух додааст. Вале мақомот то ҳол ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар давоми як ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифтааст, бар иловаи ин масъулони барқрасонӣ барқро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо қатъ карданд. Дар пайи ин бебарқӣ дар кишвар се ҳодисаи марги дастаҷамъии хонаводаҳо рух дод, ки аксари қурбониёнашон кӯдакони ноболиғ буданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Гуфта мешавад, дар ҳавои сард масъулини “Барқи тоҷик” барқро қатъ карданд ва падари оила хоста, ки хонаи сардро бо ангишт гарм кунад, вале дуди он ҳамагиро ҳалок кард.

Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.

Муфтиёти Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро эълон кард

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғози моҳи Рамазонро муайян карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон душанбе 11-уми марти соли 2024-ро рӯзи якуми моҳи шарифи Рамазон эълон кард.

Раёсати фатвои Шӯрои уламои кишвар дар бораи закот, садақаи фитр ва фидяи рӯза чунин қарор баровардааст:

1. Закот мувофиқи ҳисобҳои шаръӣ 35 ҳазору 275 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз он 880 сомонӣ закот пардохт мешавад.

2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ.

3. Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2024 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 14 сомонӣ) муайян карда шуд.

Моҳи шарифи Рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом аст, ки ба ҷо овардани он барои тамоми мусалмонони ба синни балоғати шаръӣ расидаанд, оқил ҳастандва онҳое, ки аз нигоҳи саломатӣ тавонмандии рӯза гирифтанро доранд, фарз аст.

Тоҷикистон шаҳрвандони боқимондаи худро аз Ироқ бозпас овардан мехоҳад

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Ироқ дар бораи бозпас овардани шаҳрвандони кишварамон дар Бағдод гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар Бағдод мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқоти расмӣ, ҳамнгоми баррасии масоили дуҷониба ва бисёрҷониба низ “сафир масъалаи ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Ироқро матраҳ сохт.”

Пеш аз ин Тоҷикистон дар чанд давра аз мулоқотҳои расмӣ масъалаи бозпас овардани шаҳрвандони боқимондаи кишварамонро, ки аз замони сарнагун шудани ДИИШ дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, матраҳ карда буд.

Гуфта мешавад, солҳои 2014-2017 дар замони ҳузури густурдаи ДИИШ дар давлатҳои Ироқу Сурия, ки бахшҳое аз минтақаҳои ин ду кишварҳоро тасарруф карда, давлати худхондаашро карда буд, ҷавонони зиёде аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла хеле аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Бритониё, кишварҳои арабӣ, кишварҳои африқоӣ ва Осиёи Марказӣ, ва бахусус Тоҷикистон ба ин гурӯҳ пайваста буданд.

Аммо вақте ин гурӯҳ саркӯб ва давлати худхондаи он сарангун карда шуд, ҳазорҳо нафар аз занони кӯдакони аъзои ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия боздошт ва зиндонӣ шуданд. Мақомоти Бағдод ва Димишқ аз тамоми давлатҳо хостанд, ки шаҳрвандони худро бозпас ба давлатҳои худ бибаранд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки бозпас овардани бархе шаҳрвандони худро оғоз карда буд ва ин бо гузашти чанд сол ҳанӯз ҳам ин раванд идома дорад.

Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои ноозод ва саркӯбгар боқӣ монд

0

Дар гузориши нави созмони ҳуқуқии Freedom House (Хонаи озодӣ) Тоҷикистон аз нигоҳи риояи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ аз 100 хол 5 хол гирифт.

Ин созмони ҷаҳонии ҳуқуқӣ, ки 29-уми феврали соли ҷорӣ гузориши навашро бо номи “Озодиҳо дар ҷаҳон 2024. Зиёни афзоянда аз интихоботи ғайриқонунӣ ва низоъҳои мусаллаҳона” нашр кард ва дар он Тоҷикистонро бо дарназардошти риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон “бисёр саркӯбгар” ва ноозодтарин кишвари дунё хондааст.

Тоҷикистон дар гузориши имсола “бо сабаби талошҳои давомдори саркӯби озодии баён ва табъйизи ҷомеаи помириҳо” нисбат ба соли гузашта 2 хол камтар гирифтааст.

Кетрин Грот, муҳаққиқи Freedom House ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар даҳ соли охир – аз 2013 то 2023 – раванди уфти якбораи нишондодҳои озодӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи хонум Кетрин ин ҳолат ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ таъсири бад расонда, ҳосили раҳбарии президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз соли 1992 қудратро дар даст нигоҳ медорад.

Хонаи озодӣ ҳамчунин дар гузоришаш ба вазъи расонаву озодии баён дар Тоҷикистон ишора карда мегӯяд, “Мақомот журналистону блогеронро, ки назарашонро ба шакли хаттиву шифоҳӣ баён мекунанд, таҳдид ва таъқиб карданд. Чанд журналист соле аз он пеш боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд, чун мақомот саркӯби матбуоти озод ва сензураи матбуотро идома доданд”.

Ба қавли гузоришгарони Хонаи Озодӣ, чунин бархурд бо матбуот боиси он шудааст, ки мардуми одӣ ҳам дар Тоҷикистон акнун барои пешгирӣ аз таъқиб талош мекунанд дар баёни андеша эҳтиёткор бошанд.

Инчунин дар ин гузориш аз саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 ва ҳабси даҳҳо нафар, табъизи сангини “Ҷомеаи помириҳо” дар соли 2023 ва фирирашон аз кишвар ва дигар мушкилот дар Тоҷикистон гуфта шудаааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин гузориши созмони ҳуқуқии Хонаи Озодӣ вокунише накардаанд, аммо дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба нигоҳи ғаразомез ва якҷониба гунаҳкор намуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш дар даҳ соли охир даҳҳо фаъолу сиёсатмадор, рӯзноманигорон ва блогеронро боздошт карда, онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда, инчунин дар ВМКБ даст ба саркӯб ва қатли эътирозгарон задаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти кишвар хостанд, ки ба саркӯбҳояш нисбати дигарандешон хотима диҳад, аммо ҳукумати Тоҷикистон торафт доираи озодӣ ва ҳуқуқҳои конистутсионии шаҳрвандонро боз ҳам маҳдудтар мекунад.

Кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар дар Ғазза ҳангоми гирифтани орду ғизо

0

Артиши Исроил ба сӯи анбуҳи аҳолии осоиштаи Ғазза, ки барои ба даст овардани орду ғизо ҷамъ омада буданд, тир кушод, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва захмӣ гаштанд.

Субҳи рӯзи панҷшанбе, 29-уми феврал дар кӯчаи назди соҳилии Рашиди Навори Ғазза сокинони зиёд барои дарёфти орду ғизо ба назди мошинҳои ҳомили кумакҳои инсонӣ рафтанд, вале нерӯҳои Исроил ба сӯи онҳо тир кушоданд, ки дар натиҷа беш аз 112 нафар ҷон бохта, 760 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бархе расонаҳо гуфтаанд, ки дар натиҷаи издиҳоми шадиди мардум мошинҳои боркаш чанд нафарро зер кардааст. Аммо артиши Исроил мегӯяд, мардум ба пойгоҳи низомии онҳо наздик омаданд, маҷбур шуданд ба сӯи онҳо тир кушоянд, касеро онҳо қасдан накуштанд, балки мардум ҳангоми гурехтан якдигарро зер кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар ҷон бохтааст.

Вале наворҳои нашршуда аз ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ҳеч мошини боркаши ҳомили маводи ғизоӣ касеро зер накардааст ва мардум ҳам якдигарро зери по накардаанд, балки садои шиллику таркиш шунида мешавад. Ва низ дар наворҳо дида мешавад, ки аз бадани кушташудаҳо хун ҷорӣ аст, ки баёнгари оташ кушодани нерӯҳои исроилӣ ба сӯи мардуми осоишта аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо аз манобеи расмии фаластинӣ менависанд, ки мардум аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Гуфта мешавад, аллакай чанд кӯдак ба сабаби гуруснагӣ дар Ғазза ҷони худро аз даст доданд. Шуруъ аз Созмони Милали Муттаҳид то давлатҳои дуру наздик қаблан аз хатари гуруснагӣ ҳушдор медоданд, вале ба гуфтаи таҳлилгарон, то ҳол ҳеч кишвар ва ё созмоне барои пешгирии он кори амалие анҷом надодааст.

Коршиносон Исроилро ба он муттаҳам мекунанд, ки чун дар давоми 5 моҳ натавониста ба аҳдофи эълонкардааш даст ёбад, дар баробари куштори занону кӯдакон ва тахриби хонаву роҳҳо, қасдан гуруснагиро низ ҳамчун силоҳ алайҳи мардуми Ғазза истифода мебарад.

Вазорати беҳдошти Фаластин мегӯяд, дар натиҷаи бомборонҳои бетаваққуфи Исроил болои мардуми Ғазза шуруъ аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз беш аз 30 ҳазор нафар ҷон бохтаанд, ки 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.