19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 188

Бузургтарин қарздорҳои Тоҷикистон наздикони Эмомалӣ Раҳмон

0

Президенти Тоҷикистон фош кард, ки бузургтарин ширкатҳои қарздори Тоҷикистон аз андоз ширкатҳои мансуб ба наздикону пайвандони худи ӯ мебошанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 24-уми январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон гуфт: “аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагони азим ба буҷети давлат 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст.”

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, дар байни “андозсупорандагони азим”-и Тоҷикистон ду ширкат мансуб ба додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода, ки зери чатри “ТАЛКО” амал мекунанд, яке Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) бо напардохтани 17,4 миллион сомонӣ, ва дуюмӣ ширкати «Талко Голд» аз ширкатҳои зермаҷмуаи ТАЛКО мебошад, ки бо напардохтани 18,4 миллион сомонӣ дар сархати ширкатҳои саркаш қарор доранд.

Раиси Ҳукумати кишвар таъкид кардааст, ки дар мақоми сеюм дар феҳристи “андозсупорандагони азим”, ки сари вақт аз пардохтани андозҳои давлатӣ саркашӣ кардааст, қудояш Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва ширкати зери тобеи он “Тоҷиктелеком” аст, ки 12,7 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дирӯз бо ҳузур аъзои ҳукумат ва дигар ниҳодҳои расмӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бидуни он ки ба сурати мустақим ному насаби раҳбарони ширкатҳои наздикону пайвандонашро зикр кунад, гуфт, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 5,5 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Инчунин дар соли 2023 ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки аксари саҳмияҳои бархе аз онҳо ба фарзандон, хешу табор ва дигар наздикони худи Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ доранд, 192 миллион сомонӣ аз андозҳои худро напардохтаанд.

Афзоиши ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон

0

Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон наздик ба 10% афзоиш ва сатҳи таваррум 0,4 фоиз кам шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 24-уми январи соли 2024 Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҷлиси васеи ҳукумат гуфта, ки “дар давраи ҳисоботӣ (соли 2023) ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 130,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,3 фоиз таъмин карда шуд.”

Ба қавли манбаъ, “сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.” Инчунин “ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 63 млрд. сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2022 ба 109 фоиз баробар гардид.”

Сарвазири Тоҷикистон дар бораи даромади буҷети давлати аз ҳисоби хидматрасониҳои пулакӣ дар кишвар суҳбат карда, таъкид кардааст, ки “ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2023 ба 21,7 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 14,1 фоиз зиёд мебошад.”

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳоле дар бораи рушди наздик ба 110-фоизии ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон суҳбат кардааст, ки бархе коршиносон мегӯянд, таҳқиқи дурустии ин омор дар шароити иқлим, ҷойгиршавии заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва ғайра аз роҳҳои дигар хеле душвор аст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон

0

Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар раъси як ҳайат бо сафари расмӣ дирӯз вориди Душанбе шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 25-уми январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Мурат Нуртлеу, муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон масоили ҳамкориҳои ҳарду кишварро дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо дар рафти ин дидору гуфтугӯҳо дар бораи робитаҳои дипломатӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, дар бораи “тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат, инчунин ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо” таъкид карданд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Мурат Нуртлеу дар бораи “масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, 24-уми январи соли ҷорӣ Мурат Нуртлеу, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар раъси як ҳайат бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуда буд. Дар рафти мулоқотҳо байни мақомоти ду кишвар ҷонибҳо “ба фаъолгардонии соҳаи савдо, ҳамкории энергетикӣ ва сармоягузорӣ” махсус таъкид карданд.

Инчунин тибқи барномаи сафари кории Мурат Нуртлеу ба Тоҷикистон, дар назар аст, вай ба хотири беҳтар кардани вазъи савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ бо намояндагони корхонаву ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистон низ мулоқот кунад.

Боздошти муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми куштор

0

Як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон дар Русия бо гумони даст доштан дар куштори як сокини маҳаллӣ боздошт шуд. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо нафар 24-уми январ дар шаҳри Якутск ба эътироз баромаданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, эътирозгарон аз мақомот тафтиши ҳамаҷониба ва пурзӯр кардани назорат аз болои муҳоҷиронро талаб кардаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки эътирозгарон мегӯянд, “Мо ба онҳо даст нарасондем. Чаро онҳо чунин рафтор мекунанд?”

Ба назди эътирозгарон муовини вазири корҳои дохилии Якутия Владимир Арбузов ва ҷонишини сардори пулис оид ба муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ Олег Лебед баромаданд. Олег Лебед гуфтааст, ки “қотил” шаҳрвандии Русияро дорад ва ӯ боздошт шудаасту тафтиш мешавад ва аз эътирозгарон пурсидааст, ки “Бачаҳо, шумо чӣ кор кардан мехоҳед?” . Аммо чанде нагузашта эътирозгарон ба кӯчаҳои дигар ҳаракат карданд ва пулис онҳоро боздошт кардааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки эътирозгарон исрор доранд, ки кушторро гурӯҳи муҳоҷирон анҷом додаанд ва дигарон низ бояд ба ҳабс гирифта шаванд.

Кушторе, ки сабаби эътирозҳо шуд, рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ дар саҳни манзиле дар маҳаллаи Марха рух додааст. Тибқи тафтишоти пешакӣ, миёни як ҷавони 18-солаи зодаи Тоҷикистон, ки расонаҳо аз ӯ Муҳаммад Одинаев ном мебаранд ва як сокини 23-солаи ноҳияи Намский дар клуби Мята муноқиша рух медиҳад. Рӯзи дигар ин ҷавони 23-сола ду дӯсташро гирифта, ба маҳалли зисти Одинаев барои қасос гирифтан меравад, ки дар натиҷа муноқиша бо кордзанӣ анҷомида, се нафар захмӣ мешаванд ва як нафари онҳо, ҷавони 26-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Ҳоло додгоҳ Муҳаммад Одинаевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Одинаев мегӯяд, ки худашро муҳофизат кардааст.

Имрӯз баъд аз эътирозҳо аксари муҳоҷирон дар Якутск ба кор набаромадаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони Якутия алайҳи муҳоҷирон эътироз мекунанд. Баҳори соли 2019 бузургтарин гирдиҳамоӣ дар Якутск баргузор шуда буд, ки дар он мардум аз хабари таҷовуз ба номуси як сокини 17-солаи маҳаллӣ аз ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон ба хашм омада буданд. Он замон муҳоҷирон чанд рӯз ба далели таҳдидҳо ба кор рафта натавониста буданд.

Парлумон созишномаи истирдод бо Қатар ва қарзи Саудӣ барои “Роғун”-ро тасвиб кард

0

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни Тоҷикистон ва Қатар дар мавриди истирдоди шаҳрвандони ҳамдигарро тасвиб кард.

Парлумони Тоҷикистон ҳамзамон Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои идомаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар ва Созишнома дар бораи ёрии дуҷонибаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатарро низ ба тасвиб расонд.

Тафсилоти ин созишномаҳо маълум нест, вале ба иттилои расонаҳо, созишнома дар бораи истирдод ва бозпас гардондани муттаҳамонест, ки аз тарафи ин ду кишвар дар пайгард қарор доранд ва дар яке аз ин кишварҳо дастгир мешаванд.

Гуфта мешавад, вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар бо раҳбарии Маҳмадтоир Зокирзода инчунин созишномаи қарзӣ дар бораи лоиҳаи НБО-и “Роғун” байни Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудиро низ тасвиб намуданд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта мақомоти Тоҷикистон дар мулоқот бо масъулони Фонди рушди Саудӣ масъалаи сармоягузорӣ дар лоиҳаи НБО-и “Роғун”-ро матраҳ карда буданд, вале маълум мешавад, ки ин фонди молиявӣ на барои сармоягузорӣ, балки барои додани қарз ба ин лоиҳа мувофиқат кардааст.

Он замон гуфта мешуд, ки раиси Фонди рушди Саудӣ Султон бин Абдурраҳмон Ал-Маршид дар бораи сармоягузории кишвараш ба лоиҳаи НБО-и “Роғун” дар вақти мулоқот бо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанб иттилоъ дода буд.

Баргузори маҷлиси васеи Ҳукумат

0

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 24-уми январи соли 2024 маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласаи васеъ аъзои Ҳукумати кишвар ва тамоми сохторҳо, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Пеш аз ин дар солҳои гузашта маҷлисҳои васеи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар моҳҳои январ баргузор мешуданд, аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва бахусус радио ва телевизионҳо пахши мустақим мешуданд, аммо дар чанд соли ахир ин анъана аз байн рафтааст.

Инчунин дар расонаҳои мустақил, ки аз ин гуна маҷлисҳои Ҳукумати Тоҷикистон маҷлис ва ё маъракаи “дилзанак” ҳам ёд карда, матолиби зиёде перомуни тағйиру иловаҳо дар сатҳи раҳбарони корхонаву ниҳодҳои давлатӣ ном бурда мешуд, матолиби зиёде нашр мегардид.

Маъмулан дар ин гуна маҷлисҳои васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамасола моҳҳои январ баргузор карда мешаванд, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро тайи солҳои гузашта мавриди баррасӣ қарор дода, хеле раҳбарони ба қавли мақомот “ноуҳдабароро” аз мансаб пеш мекарданд, аммо акнун, ки рафти ин маҷлис мустақим аз тариқи расонаҳо нишон дода намешавад, ҷузъиёти он аз мардум пинҳон боқӣ мемонад.

Бозии Тоҷикистон ва Иморот

0

Рақиби дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ҳаштякфиналии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, маълум шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми январи соли 2024 дар даври 1/8 финалии бозиҳои Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар баргузор мешаванд, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ мекунад.

22-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар “гурӯҳи А”-и мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 пас аз пирӯзӣ бар мунтахаби футболи Лубнон, ки ба ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд, бо касби 4 имтиёз ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Пеш аз ин дар 13-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ бин Халифа”-и Давҳаи Қатар ба ҳисоби 0-0 мусовӣ анҷом дода буд.

Инчунин 17-уми январи соли ҷорӣ дар бозии баъдӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мутанахаби Қатар бар ҳисоби 0:1 ба нафъи кишвари мизбон бохт.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон барои нахустин бор дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” иштирок мекунад. Баъди ин пирӯзиҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар радабандиҳои ФИФА мақоми 99-умро касб карда, дар феҳристи 100 дастаи бартари дунё қарор гирифтааст.

Бозгӯшоии гузаргоҳҳои марзӣ байни Афғонистон ва Покистон

0

Мақомоти покистонӣ пас аз 10 рӯз бархе гузаргоҳҳои марзӣ байни Афғонистон ва Покистонро боз карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, субҳи имрӯз, 23-уми январи соли 2024 гузаргоҳи Турхами Ҷалолобод, Харлочии Пактиё ва Ғуломхони Хустро ба рӯи мошинҳои борбар боз карданд.

Мақомоти покистонӣ яке аз далелҳои баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ байни ду кишварро дар надоштани шиноснома, виза ва камбуди дигар асноди ронандаҳои мошинҳои борбар унвон мекарданд, аммо ба гуфтаи бархе коршиносон, танишҳои сиёсӣ байни Кобул ва Исломобод собиқаи тӯлонитар доранд.

Исломобод Кобулро ба пуштибонӣ ва ҳимоят кардан аз нерӯҳои Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) муттаҳам мекунад, аммо Кобул ин иддаоҳоро борҳо рад карда, гуфтааст, ки Покистон бояд масоил ва мушкилоти дохилии худашро бидуни иттиҳоми ҳамсояҳо бо роҳҳои гуфтугӯ худаш бояд ҳаллу фасл кунад.

Покиситон дар давоми чанд моҳи ахир ба баҳонаи надоштани ансноди расмӣ барои будубош дар ин кишвар беш аз 500 ҳазор муҳоҷирони афғонистонро ихроҷ кар ва ҳудуди як миллион нафар аз муҳоҷирони афғонистониро маҷбур карда, ки хоки ин кишварро тарк кунанд.

Аз сӯи дигар, Асад Дуронӣ, собиқ раиси истихбороти (ISI) дар суҳбате бо бархе расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Покистон сиёсати иштибоҳӣ аст ва сард шудани равобит байни Покистон ва Толибон ба нафъи Исломобод нест.

Пеш аз ин Толибон таҳдид карда буданд, ки агар Покистон ба таваққуфи гузаргоҳҳои марзӣ байни ду кишвар идома диҳад, Ҳукумати муввақат барои ҳамеша ин гузаргоҳҳоро мебандад.

Пеш аз ин Нахуствазири муваққати Покистон Анворулҳақ Кокар гуфта буд, ки қочоқи бархе молу колоҳои тиҷоратӣ аз Афғонистон ба Покистон ба иқтисоди ин кишвар зарар овардааст. Вай аз мақомоти кишвараш хоста буд, ки назорат аз болои гузаргоҳҳои марзии Турхам, Чаман, Ғуломхонро сахттар кунанд.

Гузаргоҳи Турхам, ки яке аз бузургтарин гузаргоҳҳои интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ байни Покистону Афғонистон аст ва аксари молу колоҳои транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус молу колоҳои тиҷоратии тоҷирони кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон низ аз ҳамин масир интиқол дода мешаванд. Бозу баста будани ин масир ба бозори истеъмолии Тоҷикистон, ки дар ин фасл бештар картошкаву пиёз ва шакарро тоҷирон аз Покистон ворид мекунанд, хеле таъсир дорад.

Баста шудани ин гузаргоҳҳоро ҷониби Покистон дар надоштани шиноснома, виза ва набудани ҳуҷҷатгузориҳои дуруст аз ҷониби ронандагони мошинҳои борбарии Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, Толибон ҳам дар муқобил назорат аз болои шиноснома, виза ва дигар асноди ронандаҳои мошинҳои борбарии покистониро сахттар кардаанд.

Исроил аз кушта шудани 24 сарбозаш дар Ғазза хабар дод

0

Рӯзи 23-уми январи соли ҷорӣ артиши Исроил хабар дод, ки дар давоми 24 соати гузашта 24 сарбоз ва афсарраш дар набардҳои шаҳри Хон Юнус дар Ғазза кушта шудаанд.

Вазорати дифои Исроил рӯзи гузашта аввал аз кушта шудани 3 сарбоз хабар дода буд, вале баъдтар эътироф кард, ки 21 сарбоз ва афсари ин кишвар дар як таркише дар дохили бино кушта шудаанд.

Дониел Ҳагари, сухангӯи артиши Исроил дар шарҳи ин қазия гуфт, ки шаби гузашта сарбозон вориди ду биное шуда буданд, ки марбути гурӯҳи ҲАМОС буд, дар ин ҳангоми аз дур бо силоҳи RPG як нафар тир кушод ва биноҳо аз қабл бомбгузорӣ шуда будаанд, ки дар натиҷа таркиши бузурге ба вуҷуд омад ва биноҳо рӯи сарбозон сарозер шуданд ва якбора 21 нафар ҷонбохту чанд сарбози дигар маҷруҳ шуд.

Сухангӯи артиши Исроил мегӯяд, наҷот додани сарбозон давоми шаб соатҳо тӯл кашид то тавонистанд ҷасадҳоро аз зери овораҳо берун бароранд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки тонке, ки барои таъмини амнияти сарбозон наздики онҳо буд, он ҳам оташ гирифт ва сарбозони дар дохилбуда ҳама осеб дидаанд.

Бо эълони кушта шудани 24 сарбоз шумори умумии кушташудагони артиши Исроил аз оғози ҷанг дар 7-уми октябри соли 2023 то кунун ба 559 нафар ва аз замони ворид шудан ба дохили Ғазза ба 229 сарбозу афсар расидааст.

Аммо дар баробари ин, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Фаластин, дар пайи ҳамлаҳои густардаи Исроил омори кушташудагони аҳолии Ғазза ба беш аз 25 ҳазор нафар арсид, ки 70% онҳоро кӯдакону занон ва солмандон ташкил медиҳанд.

Пирӯзии мунтахаби футоболи Тоҷикистон

0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 дар бозӣ бо дастаи мунтахаби футболи Лубнон пирӯз шуд.

Шоми 22-уми январи соли 2024, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 дар муқобили дастаи мунтахаби Лубнон ба ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар “гурӯҳи А” -и мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 бо Чину Қатар ва Лубнон бозӣ кард, бо касби 4 имтиёз (1 мусовӣ, 1 бохт, 1 пирӯзӣ, таносуби тӯбҳо 2-2) ба марҳилаи ҳаштякниҳоии ин бозиҳо роҳ ёфт.

Пеш аз ин дар 13-уми январи соли ҷорӣ мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ бин Халифа”-и Давҳаи Қатар ба ҳисоби 0-0 мусовӣ анҷом дода буд.

Инчунин 17-уми январи соли ҷорӣ дар бозии баъдӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо дастаи мутанахаби Қатар бар ҳисоби 0:1 ба нафъи кишвари мизбон дар Давҳа бохт. Қатар якуминшуда билофосила баъд аз пирӯзӣ ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон барои нахустин бор дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” иштирок мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон дар “гурӯҳи А” бозӣ мекунад. Ғолибони ин давра аз ҳама гурӯҳҳо ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, ки дар пойтахти давлати Қатар шаҳри Давҳа баргузор мешаванд, бо сабабии дурии масофа ва дигар харҷҳои сафар имкон намедиҳанд, ки ҳаводорону мухлисони зиёди дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рафта дар он ҷо футболбозони кишварро аз наздик мухлисӣ ва дастгирӣ намоянд. Бо ин вуҷуд, аксари мардуми кишвар ин бозиҳоро аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва дигар шабакабаҳои иҷтимоӣ тамошо карда, пирӯзии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро якҷоя ҷашн гирифтанд.