18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 259

Сохти 400 бино ва иншооти нав ба Вазорати корҳои дохилӣ

0

Ҳукумати Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир барои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зиёда аз 400 бино ва иншооти нав сохта ва ба истифода додааст.

Имрӯз, 9-уми ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе як бинои қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилиро дар пойтахтро ба истифода дод.

Президенти Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи ин бинои нав дар рафти суханронии худ аз мақомоти кишвар таърифу тавсифҳои зиёде карда, афзуд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар “то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.”

Вай дар ин суханрониаш аз шомилшавии бархе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда гуфт, “имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.”

Инчунин таъкид кард, ки “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Гуфта мешавад, ин нагирониҳои Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки бо чунин оҳанг садо медиҳанд, балки инҳо такрори гапҳои ӯ дар давоми наздик ба се даҳсола мебошанд.

Ба гуфтаи аксари коршиносон омили асосии ин гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сиёсатҳои ғалат, фишору таҳдид ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ ва мазҳабии мардум ва бахусус ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёдтар барои ҷавонон аст.

Ҳатто созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ борҳо дар гузоришҳои худ таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” фишорро болои равшанфикрон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва мазҳабиён аз ҳади зиёд кардааст.

Ва ахиран шоҳиди он будем, ки мақомоти кишвар рӯзноманигороне чун Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро бо баҳонаҳои ҳамкорӣ бо гуруӯҳҳои мамнуъ ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, ки ҳам худи онҳо ва ҳам наздиконашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Аз сӯи дигар тибқи оморҳои ғайрирасмӣ аксари онҳое, ки бо хариду фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон даст доранд, ё корманди яке аз ниҳодҳои қудратӣ мебошанд ва ё як ҳамкор ва пуштибони қавие дар сафи мақомоти қудратӣ доранд ва дар ҳар ду сурат мушкили асосӣ бар мегардад ба интихоби кадрҳо ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд, ки дар ҳар ду ҳолат муқассир Ҳукумати Тоҷикистон аст.

250 миллон доллар хисороти офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон

0

Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар чанд соли ахир “ҳазор пирях дар Тоҷикистон об шудааст.”

Бино ба иттилои

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар ҳудудаш зиёда 60 дарсади оби Осиёи Марказиро дорад ва зиёда аз 98 фисади нерӯи барқи худро аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меорад, вале ҳамоно дар муддати 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст, ки ба истиқлоли энергетикӣ даст пайдо кунад.

Ҳукумат қисме аз тавлиди нерӯи барқи худро ба Афғонистону Қирғизистон ва Узбекистон мефурӯшад ва сокинони кишварро маҷбур мекунад, ки хонаҳои худро бо зуғолсанг гарм кунанд. Ин дар ҳолест, ки истифодаи зиёди зуғолсанг ба шиддат гирифтани тағйирёбии иқлим кумак мекунад.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад

0

Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср аз омодагии кумакҳои молии ин бонк ба Тоҷикистон хабар дод.

8-уми ноябри соли 2022 Раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “омода аст тарҳҳои марбут ба истиқлолияти энергетикӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва инфрасохтори устувори Тоҷикистонро дастгирӣ кунад.” Дар ин бора Жужанна Харгитай, директори фондҳои муштараки маблағгузории ИА ва воситаҳои молиявии БАТР дар ҳисоби твиттриаш хабар дод.

Пеш аз ин, дар мулоқоти хонум Одил Рено-Бассо, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва стратегии давлат, яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, инчунин, дар шароити тағйирёбии иқлим дастрасии бештар ба “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” баррасӣ ва зарур шумурда шуда буд.

Гуфта мешавад, 7-уми ноябри соли ҷорӣ мулоқоти сарони Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) сурат гирифта буд.

Сенаторони амрикоӣ ба Раҳмон: Хушунатро алайҳи журналистон бас кунед!

0

Ду сенатори амрикоӣ бо навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҳабси худсарона ва афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Ин нома рӯзи 1-уми ноябр аз ҷониби Ҷим Риш, сенатори баландпоя ва Боб Менендез, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико навишта шудаааст.

Онҳо дар нома навиштаанд, ки “Шиддат гирифтани саркӯбҳои охир алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил, бахусус ҳамкорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боиси нигаронии амиқи мо шуд.”

Сенаторони амрикоӣ дар идома мегӯянд, “ҳабси худсарона, таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ ва таъқиби хушунатомези кормандони Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст. Ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад”.

Инчунин дар ин нома сенаторони амрикоӣ аз 30 соли ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон ёдовар шуда, навиштаанд, ки “ИМА саъй кардааст, ки шарики қавӣ барои Тоҷикистон бошад ва манфиатҳои умумии мо, аз ҷумла субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро пеш барад”.

Дар идома Ҷим Риш ва Боб Менендез ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “мақомоти Тоҷикистон уҳдадориҳои шуморо дар мавриди озодии баён ва озодии матбуот иҷро накардаанд”.

Дар ин нома ҳамчунин аз Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна хушунату таҳдидро ба зидди журналистон бас кунад ва рӯзноманигоронеро, ки беасос дастгир шудаанд, озод кунанд ва иттиҳомҳои зидди онҳоро бекор намуда, дастрасияшонро ба вакилони мудофеъ ва имкони иртиботро бо оилаҳояшон таъмин кунанд.

Сенаторони амрикоӣ ёдрас шудаанд, ки соли 2019 низ дар пайванд ба “аккредитатсия” ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур нома фиристода буданд. “Интизори посухи фаврӣ ҳастем,” – афзудаанд онҳо.

Ин нома сенаторони амрикоӣ дар ҳоле навишта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фишор болои хабарнигоронро бештар карда, дар чанд моҳи охир чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ (7.5 соли зиндон), Далери Имомалӣ (10 соли зиндон), Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ (7 соли зиндон), Муҳаммади Султон (7 соли зиндон) Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошту зиндонӣ карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт. Ва номаи сенаторони амрикоӣ мисли дигар талабҳои созмонҳо нодида гирифта мешавад.

Рамзӣ Вазирбеков ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳ Рамзӣ Вазирбеков фаъол ва зодаи Бадахшонро барои 13 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони ӯ хабар дод.

Гуфта мешавад мурофиаи додгоҳии Рамзӣ Вазирбеков рӯзи 5-уми ноябр дар боздоштгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуда, додгоҳ ӯро бар асоси ду моддаи КҶТ “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” (187, қисми 2) ва “даъвати оммавӣ барои бо зӯрӣ гирифтани ҳокимият ё тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Интернет” (307, қисми 2) гунаҳкор донистааст.

Аммо пайвандони ин фаъол ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “дар мурофиаи охир, ҳангоме ки ҳукм эълон мешуд, Рамзӣ Вазирбеков ҳамаи иттиҳомҳоро рад карда, ҷурмҳоро беасос донистааст. Аз ин бештар чизе намедонем”.

Ҷузъиёти бештар аз мурофиа дастраси расонаҳо нест ва мақомот низ ин ҳукмро то ҳол шарҳ надодааст.

Рамзӣ Вазирбеков, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ошкоро интиқод мекард. Ӯ охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ ҳамроҳи фаъоли дигари зодаи Бадахшон Ораз Вазирбеков аз Маскав рабуда шуда буд.

Онҳо дар наворе, ки тавассути саҳифаҳои наздик ба мақомот нашру паҳн шуд, гуфтанд, ки ихтиёрӣ ба кишвар баргаштаанд, то дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон баёнот бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки пештар дар наворҳои ҷудогона гуфта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, сафарашон ихтиёрӣ нест, балки онҳоро рабудаанд.

Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо шаҳрвандии Русияро доранд ва пеш аз боздошташон ба мақомоти ин кишвар муроҷиат карда буданд, ки ҷони онҳо дар хатар аст ва эҳтимоли дуздидану ба Тоҷикистон бурданашон вуҷуд дорад.

Эътирози “Пайк” ба хабари Радиои Озодӣ: Аз шаҳрдорӣ узр пурсед!

0

Расонаи “Пайк” ба матлаби “Пайкараи модар”-и Радиои Озодӣ вокуниш нишон дода, аз ин расона хостааст, ки матлабро аз сомонааш пок карда, аз раиси шаҳри Кӯлоб узрхоҳӣ кунад.

Сармуҳаррири расонаи маҳаллии “Пайк”, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият мекунад ва боре ҳам аз фишори мақомот болои кормандонаш шикоят карда буд, дар як матлабе зери унвони “МАКТУБИ КУШОД БА МУДИРИ БАХШИ ТОҶИКИИ РАДИОИ «ОЗОДӢ» ДАР ПРАГА ҶАНОБИ САЛИМИ АЮБЗОД“, аз ӯ хоста, ки матлаби “Пайкараи “Модар” дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад?“-ро аз сомонаи Радиои Озодӣ бардорад ва ба хотири огоҳ набудан аз “асли қазия” аз шаҳрдории Кӯлоб узрхоҳӣ кунад.

Сармуҳаррири “Пайк” Аҳмад Иброҳим дар номааш ба Салим Аюбзод таъкид мекунад, ки хабари нашршуда дар сомонаи Радиои Озодӣ таҳқир ба модари шаҳрдори Кӯлоб аст ва онро “иштибоҳи” гузоришгари Радиои Озодӣ донистааст.

“Дарк карда наметавонам, ки чаро таҳқири як модари марҳумро, ки мисли модарони мо ба фарзандони худу ҳама ҷаҳон сулҳу салоҳ ва оромию осоиш мехост, ту эҳсос накарда бошӣ. Агар кардӣ, чаро гузоштаӣ, ки гузориш то ҳанӯз дар оинаи радио боқӣ бимонаду ҳар кадом аз душманони ҳукумати тоҷик онро ба нафъ ва ғарази худ истифода баранд?”, менависад Аҳмад Иброҳим.

Ӯ мегӯяд, мақомоти шаҳри Кӯлоб алайҳи хабарнигори Радиои Озодӣ “далелҳои зиёд” ҷамъоварӣ кардаанд ва таъкид мекунад, ки наҷоти ин рӯзноманигор дар дасти Радиои Озодӣ аст, агар матлабро аз сомона бардораду аз раиси шаҳр узрхоҳӣ кунад, метавонанд ӯро аз ин мушкилӣ раҳо кунанд.

“Ҳоло ягона ҳолатест, ки ба ҳимояи як шогирдам бархоста наметавонам, чунки далелҳо алайҳи моанд. Наҷоти ин журналист дар дасти шумо аст. Гузоришро аз сомона гиред ва аз шаҳрдор барои нашри акси модари арҷмандаш (Худо ҷояшро ҷаннат кунад) ва нороҳат кардани рӯҳи ӯ пузиш бихоҳед. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳам ба назди шаҳрдор рафта барои шогирдамон бахшиш пурсем ва хоҳиш кунем, ки аз даъвояш гардад.”, навиштааст сармуҳаррири “Пайк”.

Аммо дар нома диқиқ оврада нашудааст, ки оё мақомоти шаҳри Кӯлоб алайҳи ин рӯзноманигори Радиои Озодӣ парванда боз кардаанд ва ё худи ӯро боздошт кардаанд, вале манобеи Azda tv мегӯянд, рӯзноманигор боздошт нашуд, дар озодӣ аст.

Баъзе фаъолон мепурсанд, ки дар ин миён “Пайк” чӣ вазифаро иҷро мекунад? Оё ӯ аз мақомоти шаҳри Кӯлоб дастур гирифта, ки бо матлаби ҷавобӣ аз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ҳимоят кунад ва аз Радиои Озодӣ бихоҳад, ки матлабро аз сомона бардоранд ва аз шаҳрдор узрхоҳӣ кунад ва ё дар ҳақиқат ин матлабро ҳамчун “иштибоҳ”-и рӯзноманигор ва собиқ шогирдаш дарёфта аз пайи ислоҳи он чунин вокуниш кардааст?

Дар ҳамин ҳол, Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр дар рад ба ин навиштаҳо дар саҳифаи фейсбукияш посух дод. Аюбзод навишта, ки бо сабаби ин матлаб ба ӯ навиштаҳои зиёде расидааст.

Ӯ мегӯяд, “Бо камоли масъулият мегӯям, ки он зидди мардуми ягон маҳалли кишвар нигаронида нашудааст. Агар воқеа дар ҳар минтақаи дигар ҳам мешуд, барои мо танҳо хабар мебуду бас. Мушкили асосӣ ин аст, ки талош мешавад, мавзуъ на ба ҳайкал, на ба мансабдорон, балки ба Модар пайванд гирад. Чунин тағйири мавзуъ барои он аст, ки таваҷҷуҳ сӯйи дигар бурда шавад. Магар мақолаи мо дар бораи модар аст? Асли воқеаро беҳтар аз ҳама шаҳрдори Кӯлоб, муҳтарам Бахтиёр Назарзода, медонанд, аммо ба зангҳои зиёди ҳамкорони ман на пеш аз нашри мақола ва на баъди он посух надоданд. Ҳамчунин дар ду рӯзи гузашта ҳамкоронам ба воситаи бархе аз наздиконаш эшонро даъват карданд, ки ба мо мусоҳиба диҳанд. То ҳоло посухе наомадааст.”

Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин матлаб ба таҳқири модари касе нигаронида нашудааст ва асли матлаб дар бораи “ҳайкалсозӣ ва вокуниш ба он” аст на мавзуи модар. Ӯ таъкид мекунад, ки даъват ба узрхоҳӣ асос надорад, чун фактҳои мақола пеш аз нашр санҷида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Радиои Озодӣ бо нашри матлаби Пайкараи “Модар” дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад?“, навишта буд, ки “Пайкараи “Дуои модар” дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст”. Ва ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби тарафдорони Ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Кумакхоҳии Эмомалӣ дар Шарм-уш-Шайхи Миср

0

Президенти Тоҷикистон, ки барои ширкат дар Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) ба Миср рафта, ҳангоми мулоқот бо дигарон талаби кумак кард.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар Миср ҳузур дорад, бо Канслери Олмон ва Раиси Бонки Аврупоии таҷдид мулоқот кардааст.

Дар рафти ин мулоқотҳо Эмомалӣ Раҳмон ба баҳонаи расидан ба “

Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ин нишасти ҷаҳонӣ бо гуфтани ин ки “Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд“, зимнан аз кишварҳо пешрафта ҷуброни хасорат талаб кард.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди он ки тамоми сарватҳои Тоҷикистон, манобеи зеризаминӣ ва муассисаҳои молии кишварро дар ихтиёри наздикону пайвандонаш қарор додааст ва аз ин ҳисобҳо қариб ҳама домодҳояш соҳиби сарватҳои ҳангуфт ва бонкҳои хусусӣ гаридаанд, ҳамоно ҳар куҷое равад, бо баҳонаҳои мухталиф кумак мепурсад ва замоне ҳам кумакҳо ба Тоҷикистон расиданд, дар аксар маврид наздикону пайвандони худи ӯ аввалин шуда ба ғорат кардани онҳо оғоз мекунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Бунёди “Бузургмеҳр” ҳукми Ораз Вазирбековро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва беасос номид

0

Бунёди “Бузургмеҳр” бо нашри баёнияе ба 16 соли зиндон маҳкум шудани Ораз Вазирбековро маҳкум карда, ин фаъоли зодаи Бадахшонро зиндонии сиёсӣ номидааст.

Акс аз сомонаи Бунёди “Бузургмеҳр”

Бунёди “Бузургмеҳр” созмони ҳуқуқие, ки аз ҷониби пайвандони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо ташкил шудааст, рӯзи 7-уми ноябр бо нашри баёние ҳукми Ораз Вазирбековро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва беасос номида, аз мақомоти Тоҷикистон талаб намудааст, ки ин фаъолро фавран озод кунанд.

Дар идома Бунёд аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки таҷрибаи фишор болои фаъолони ҷамъиятӣ, баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳҳо паси дарҳои бастаро қатъ намуда, даст аз фишор болои адвокатҳову наздикони маҳбусон бардоранд ва ба расонаҳо имкон диҳанд, ки дар бораи рафти ин гуна мурофиаҳо сари вақт ба мардум хабар диханд.

Ёдовар мешавем, ки додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми ноябр Ораз Вазирбеков, фаъоли зодаи Бадахшонро ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Мурофиаи Вазирбеков дар Боздоштгоҳи мувақатӣ бе ҳузури наздикону пайвандонаш баргузор шудааст.

Мақомот ин фаъоли зодаи Бадахшонро бар асоси қисми дуи моддаи 307-и (тундгароӣ бо истифода аз Интернет) ва моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) ва “азхудкунии маблағ” муттаҳам кардаанд.

Яке аз пайвандони Ораз Вазирбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Ораз худро бегуноҳ медонад ва мехост, парвандааш одилона таҳқиқу муҳокима шавад, вале мақомоти тафтишотӣ ба ин аҳамият намедоданд.”

Пайвандонаш низ ӯро бегуноҳ медонанд ва то ҳол тасмим нагирифтаанд, ки аз болои ҳукм шикоят мебаранд ё не.

Дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари зодаи Бадахшон Рамзӣ Вазирбеков аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Онҳо шаҳрвандии Русияро доранд ва пеш аз боздошташон ба мақомоти ин кишвар муроҷиат карда буданд, ки ҷони онҳо дар хатар аст ва эҳтимоли дуздидану ба Тоҷикистон бурданашон вуҷуд дорад.

Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ошкоро интиқод мекарданд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср

0

Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Арабии Миср рафт.

Бино ба иттилои сомонаи Хадаматои матбуоти Президенти Тоҷикистон, 7-уми ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар Шарм-уш-Шайхи Миср иштрок ва суханронӣ кард.

Ба қавли манбаъ, Президенти Тоҷикистон гуфт, “Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.”

Инчунин дар идома Эмомалӣ Раҳмон афзуда, ки “ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.”

Гуфта мешавад, пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқи худро “аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика тавлид мекунад ва аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

САҲА: Тоҷикистн бояд ҳама журналистонро озод кунад

0

Тереза Рибейро, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот аз мақомоти Тоҷикистон хост, тамоми рӯзноманигорони боздоштшударо озод кунад.

Хонум Тереза рӯзи 7-уми ноябр бо нашри паёме дар Твиттер ба 7 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро “боз як зарбаи дигар ба журналистика ва Васоити ахбори омма дар Тоҷикистон” унвон кард.

Ӯ дар паёми худ такъик карда, ки “ҳама рӯзноманигорони зиндонӣ бояд озод карда шаванд ва ба онҳо имкон дода шаванд, ки дар бораи масъалаҳои марбут ба ҷомеа, аз ҷумла дар масъалаҳои амният гузориш диҳанд.

Ин намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар хитоб ба мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки “журналистика ҷиноят нест“.

Ин вокуниши хонум Тереза дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 3-уми ноябр рӯзноманигори шинохта Завқибек Саидаминиро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти тоҷик аз ин пеш рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол ва Далери Имомалиро барои 10 сол аз озодӣ маҳрум сохтанд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти махсус шуморе аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд.