14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 265

Нархи интернет дар Тоҷикистон боз боло меравад?

0

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки тибқи он андози аксизии хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет боло бурда мешавад. 

Лоиҳаи қонуни мазкур бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст.

Ба гуфтаи таҳиягарони таҳрири нави лоиҳаи қонун, он ба хотири “таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва мусоидат намудан ба таъмини як қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳо” омода шудааст.

Asia-Plus дар истинод ба манбаъҳои наздик ба бозори алоқа хабар медиҳад, ки пас аз қабули лоиҳаи қонун боло бурдани меъёрҳои андози аксизӣ ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерон) аз 7%-и ҳозира то ба 10% ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукумати кишвар аз соли 2010 ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон дар сатҳи 3% андози аксизӣ ҷорӣ намуда буд. Соли 2014 он то 5% ва дар аввали соли 2020 пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз то 7% боло рафт.

Ба гуфтаи коршиносон, пас аз қабули тарҳи нави ин қонун ва боло рафтани андози аксизӣ нархи бе ин ҳам гарони алоқа, аз ҷумла интернет дар кишвар боз ҳам гаронтар мешавад.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, шумораи корбарони интернет дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил дода ва он дар ҳоли афзоиш аст.

Сокинон ва меҳмонони кишвар ҳамеша аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он шикоят мекунанд. Аммо Хадамоти алоқа бо раҳбарии Бек Сабур, қудои раисҷумури кишвар, ки бозори интернетро пурра дар даст дорад, то танқиди Эмомалӣ Раҳмон сифати пасту нархи баланди интернетро эътироф намекарданд. 

Чанде пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти интернет ва нархи баланди он интиқод карда, аз Хадамоти алоқа талаб карда буд, ки минтақаҳо ва махсусан ноҳияҳои дурдастро бо интернети суръаташ баланд таъмин кунанд ва нархи онро поин баранд. Аммо то ҳол ин талаби раисҷумҳур иҷро нашудааст ва ҳамоно корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гаронӣ ва суръати пасти интернет шикоят доранд. 

Дуздии беш аз ним миллони як “усто” аз чанд мактаб

0

Як сохтмончии калони ширкати “Имдоди Ғайрат” ҳангоми сохтмони мактабҳои миёна аз 5 мактаб зиёда аз 600 ҳазор сомониро бардурӯғ азонихуд кардааст.

Тавре Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22-уми майи соли ҷорӣ хабар дод, ин “усто”-и калони ширкати мазкур бо номи Асилов Беҳруз Рустамович ҳангоми фаъолияти корияш дар корҳои сохтмонӣ “дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №57, №78, №126, №128 ва №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 616218 сомониро барзиёд ҳисоб карда, онро азонихуд намудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло Асилов боздошт шуда, алайҳи ӯ бо 4 модда (моддаҳои 245 қисми 3 банди “а”, 340 қисми 2 банди “а”, 260 қисми 1 ва 363)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аллакай ба поён расида ва он ба додгоҳ фиристода шудааст.

Аксари моддаҳои зикршуда дар алоҳидагӣ аз ду то ҳашт соли зиндонро барои муттаҳмон пешбинт мекунанд.

Беш аз 100 зану кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан бозгардонида шуданд

0

21-уми майи соли ҷорӣ 104 нафар (29 оила) шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан бозгардонида шуданд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ВКХ, ин гурӯҳи дуюми ҳамватанони мо ҳастанд, ки тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба кишвар оварда мешаванд. Гуфта мешавад, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе онҳоро бахше аз масъулони давлатӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири кишвар Матлубхон Сатториён, Ваколатдори ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ва дигарон пешвоз гирифтанд.

Мақомоти тоҷик бори аввал соли 2019 80 кӯдак ва моҳи июли соли гузашта 146 нафар (42 зан ва 104 кӯдак)-ро бо ҳавопаймои махсус аз уодугоҳҳои Сурия ва Ироқ ба кишвар оварда буд. Аммо то ҳол аз тақдири онҳо масъулони кишвар чизе намегӯяд, ки оё ба наздикони худ пайваста ва ба зиндагии маъмулӣ баргаштаанд ё хайр.

Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳи шавҳарони худ солҳои зуҳури ДИИШ ба Сурия рафта, бо он пайваста буданд ва пас аз шикасти ин гурӯҳ аксари мардони онҳо ё кушта шуданд ва ё дар Сурия ва Ироқ барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Қаблан нишасту гуфтугӯҳои сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдзода бо мақомоти Сурия ва Ироқ расонаӣ шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки зиёда аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ банд мондаанд ва мақомот талош дорад онҳоро ба Ватан баргардонад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ як гурӯҳ занони тоҷик аз зиндони Ар-Расофаи шаҳри Бағдоди Ироқ бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири иттиҳомоти беасоси мақомоти он кишвар гуруснанишнӣ эълон карда, аз мақомоти тоҷик хостори ҳарчи зудтар баргардониданашон ва Ватан шуда буданд.

Аз ин пештар Созмони Миллаи Муттаҳид вазъи занону кӯдакон дар урдугоҳи “Ал‑Ҳавл”-и Сурия, ки занони тоҷик онҷо нигоҳдорӣ мешуданд, “ваҳшатнок” хонда, аз ҳукуматҳо хоста буд, ки шаҳрвандонашонро ба ватанашон баргардонанд. Тибқи бархе оморҳо, танҳо дар ин урдугоҳ аз давлатҳои гуногун беш аз даҳ ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз даҳ давлати дунёст, ки дар ин урдугоҳ шумори шаҳрвандонаш зиёд гуфта мешавад.

Ҳузури Башшор Асад дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди араб

0

Президенти Сурия Башшор Асад баъд аз 12 соли қатъи робита бо даъвати шоҳ Салмон бин Абдулъазиз дирӯз ворид шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ шуд, дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди араб ширкат кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, зуҳри имрӯз, 19-уми майи соли 2023 Нишасти 32-юми сарони кишварҳои узви Иттиҳоди араб дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз кард.

Шабакаи “Ал-Ҷазира”-и Қатар мегӯяд, ки сарони кишварҳои арабӣ дар ин нишаст дар бораи мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, аз он ҷумла қазияи Фаластин ва ҷанги генералҳо дар Судон бештар суҳбат хоҳанд кард.

Дар ин нишаст бар иловаи ҳузури Башшор Асад, Президенти Сурия, Абдулфаттоҳ Сисӣ, Президенти Миср, Саид Қайс, Президенти Тунис, Маҳмуд Аббос, Президенти Фаластин ва Муҳаммад писари Шайх Аҳмад Ғазвонӣ, Президенти Муритония низ барои ҳузур дар ин маросим дирӯз вориди Ҷидда шудаанд.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳои узви Иттиҳоди араб соли 2011, вақте мавҷи “Баҳори арабӣ” аз Тунис ва сипас дигар кишварҳои Шимоли Африқоӣ тавассути Мирс ба Сурия, Яман, Баҳрайн ва дигар кишваро расид, ба хотири саркӯби эътирозгарон узвияти Сурияро дар ин созмон муваққатан қатъ карда буданд, вале бо гузашти 12 сол дубора ин кишвари арабиро ба оғӯши худ пазируфтанд.

Масхараи Толибон аз расиҷумҳури Эрон: Як бушкаи об тақдиматон, ҳамла накунед!

0

Яке аз мақомҳои шинохтаи Толибон бо нашри видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор додани раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисиро ба тамасхур мегирад.

Генерал Мубин, собиқ сухангӯи пулиси Толибон дар Кобул наворе дар шабкаҳои маҷозӣ нашр кард, ки дар он як бушкаи зардро пур аз об карда, дар хитоб ба Раисӣ мегӯяд: “Ин бушкаи обро бигир ва ҳамла накун, таҳдид накун, боз мо метарсем.”

Ӯ дар ин навор масхараомез мегӯяд: “Раисҷумҳури Эрон ихтор дода, ки об надодӣ мо ҳамла мекунем. Дар Ҳелманд об нест, мо аз Лугари шариф барояш оби пок мебарем. Ахтор надеҳ, мо метарсем боз, ина як бушка ба хидмататон аст. Оқои Раисҷумҳури Эрон ина ҳамин вазъи мо ҳаст, ҳамла накун, об нест. Инамин як бушкаро ман бароят меорам.

Гуфта мешавад, Толибон дар ҷанг бо давлатҳои пешини Афғонистон аз ин зарфҳои обгири зард (бошкаҳои 20-литра) дар ҳамлаҳои маргбори инфиҷорӣ истифода мекарданд.

Ин тамасхури Толибон пас аз он нашр мешавад, ки расиҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе ба вилояти Систону Балучистони Эрон сафар кард ва онҷо ба Толибон ҳушдор дод, обе, ки бояд ба ин вилоят бирасад, Толибон аз саргаҳи об онро бастаанд ва афзуд, ки бояд раҳбарони имрӯзаи Афғонистон оби ҳаққи мардуми Эронро бидиҳанд ва онро набанданд. Ӯ таъкид кард, ки Толибон бояд ҳушдори ӯро ҷиддӣ бигаранд ва дар акси ҳол “аз худ гилоя кунанд”.

Аз ин пештар Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон гуфта буд, ки агар борон зиёд биборад ба Эрон ҳам об мерасад. Ин гуфтаи ӯ, вокуниши бархе масъулони Эронро ба бор овард.

Нишасти якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”

0
Ин акс як рӯз пеш аз ин нишаст дар як маросими фарҳангӣ бардошта шудааст

Нишасти якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Сиани ин кишвар ба кори худ оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 19-уми майи соли 2023 Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” бо ҳузури раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо суханронии Сӣ Чинпин раисҷумҳури Чин ба кори худ оғоз кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба намояндагӣ аз Тоҷикистон “Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ кардааст.”

Ба қавли манбаъ, раҳбари Чин Си Ҷинпин дар рафти суханронии худ дар робита ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама ҷонибҳои рушди кишварҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳо таъкид карда, ки кишвараш “барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.” Ва “дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сурати расмӣ соли 2011 як ҳазору 158 гектар хоки Тоҷикистонро ба Чин доду тай се даҳсолаи ҳукмрониаш аксари конҳо ва манобеи маъданҳои зеризаминиро бар ивазаи чанд тангаи сиёҳ дар ихтиёри ширкатҳои хусусӣ ва давлатии Чин қарор дод ва ҳамчунин қарзи хориҷии кишварро зиёд кард, дар ин ҳамоиш “бо қаноатмандӣ” таъкид карда, ки “давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.”

Гуфта мешавад, аз охири кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” “Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.” Ва ҳамчунин дар ин нишаст аз қабул шудани чанд механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш хабар дода мешавад.

Хайрулло Саидов: “Падарамро озод кунед”

0
Акс аз бойгонии сомонаи "Радиои Озодӣ" аст

Писарбузурги раҳбари Ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав” аз мақомоти кишвар хостааст, падарашро, ки “бар асоси ҳукуми замона, на ҳукми қонун” зиндон кардаанд, озод намоянд.

Имрӯз, 19-уми майи соли 2023, Хайрулло Саидов, писарбузурги Зайд Саидов, собиқ вазири саноати кишвар ва раҳбари Ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав”, ки 10 сол пеш дар ҳамин рӯз боздошт ва сипас ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шуд, аз мақомоти кишвар хостааст, ки падарашро озод кунанд.

Хайрулло Саидов бо нашри як матлаб дар саҳфаи Фейсбукиаш гуфтааст: “Ин ҳиҷрону ин зиндон даҳсола шуд. Даҳ сол аз умри як инсон, ки бо “Тақозои замон” бегуноҳ дар зиндон мегузарад, сахттар аз ҷон коҳондан аст. Бале, таҳаммули туҳматҳои сохта кори саҳлу содае нест, тору пудатро месӯзад… Давои ин дарду ранҷ расидани ҳақ ба ҳақдор аст.”

Писарбузури Зайд Саидов дар идома таъкид мекунад: “Ин ки мегӯям, падари ман бегуноҳ зиндонӣ шудааст, яке аз далелҳоям ин аст: вақти баррасии парванда судя ваъда карда буд, ки холисона ҳукм содир мекунад. Аммо ҳангоме, ки далелҳову санадҳои падари ман ба эътибор гирифта нашуд ва судя ҳукми зиндон содир кард, падарам пурсид:

– Муҳтарам судя, қонун чӣ шуд, шумо ваъда кардед, ки аз рӯи қонун мебинед?

Судя посух дод:

– Зайд Шерович, худатон медонед, ки тақозои замон ҳамин будааст.

Саидов дар поёни ин матлаби нашр кардааш аз мақомоти кишвар хоста, ки падари ӯ Зайд Саидов ҷинояткор нест ва ӯро озод кунанд. Ӯ менависад: “Падари азизи ман, ки ҷинояткор нест ҳаққи дар озодӣ зиндагӣ карданро дорад. Ҳадди ақал тасмимгирандагони парвандаи падарам бо гузашти даҳ сол ин паҳлуҳои инсониро ба назари эътибор гиранд ё ҳеҷ набошад маълулият (падарам модарзод аз як даст маҳрум аст), бемории меъда ва пиронсолиашро ба назар гирифта, аз зиндон озодаш кунанд.

Гуфта мешавад, Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон то соли 2013, замоне ки аз таъсиси ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” ва эълони ворид шудан ба сиёсатро накарда буд, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар ва наздик ба ҳукумат буд.

Зайд Саидов, ки соли 2012 раҳбари Шӯрои анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуда буд, 6-уми апрели соли 2013 эълон кард, ки барои дубора баргаштан ба сиёсатҳои калони кишвар қасд дорад, “Ҳизби Тоҷикистони нав”-аш расман сабти ном кунад, ду рӯз баъд аз он 8-уми апрели ҳамон сол фишорҳои мақомот алайҳи ӯ оғоз шуданд.

Зайд Саидов то 19-уми майи соли 2013 – замони боздошт, узви Маҷлиси вакилони халқ дар шаҳри Душанбе буд ва пас аз он, ки мақомоти кишвар алайҳи ӯ расман парванда боз карданд, субҳи ҳамон рӯз вақте аз Порис бармегашт, тавассути кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз дохили ҳавопаймо дар шаҳри Душанбе боздошт гардид.

Мақомоти Тоҷикистон аз тарси он, ки мабодо ҷонибдорони ӯ аз асли қазия огоҳ шуда, сару садоҳоеро ба вуҷуд биоранд, тамоми мароҳили додгоҳии ӯро пушти дарҳои баста баргузор карданд ва то замони содир шудани ҳукми додгоҳ хеле аз дороиҳои ӯро ба нафъи давлат ва қисме дигареро ба ҷайби худ мусодира карданд ва сипас Зайд Саидовро – тавре писараш ҳам мегӯяд, бар асоси “ТАҚАЗОИ ЗАМОН” ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум карда, пушти миллаҳои зиндон фиристоданд.

Аз зиндонии раҳбарияти ҲНИТ 2800 рӯз гузашт

0

17-уми майи соли ҷорӣ Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари Freedom Now бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти аъзои зиндонии Ҳизби наҳзати исломиро талаб кард.

Ин созмони ҳуқуқӣ бо нашри паёме дар ҳисоби Твиттер навишта, ки 13 узви аршади ҲНИТ 2800 рӯз боз бо иттиҳомоти сохтаи мақомоти Тоҷикистон дар зиндон қарор доранд. Онҳо аз 14 то умурбод маҳкум ба зиндон шудаанд.

“2800 рӯз пеш Тоҷикистон 13 сиёсатмадори аршади мухолифинро боздошт кард. Онҳо бо иттиҳомоти сохта аз 14 сол то умрбод маҳкум ба зиндон шудаанд.”, омадааст дар баёнияи созмон.

Freedom Now дар идомаи номааш таъкид мекунад: “Мо аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват мекунем, ки онҳо фавран ва бидуни шарт озод карда шаванд.”

Созмони мазкур дар гузоришҳои қаблияш борҳо ёдовар шудааст, ки тамоми рафти муҳокимаҳои аъзои аршади ҲНИТ пушти дарҳои баста анҷом шуда, шоҳидон зери фишори мақомот шоҳидӣ додаанд ва ҳатто худи аъзои ҲНИТ шиканҷаи зиёд шудаанд ва то ҳол шиканҷаву бадрафторӣ нисбати онҳо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон пас аз интихоботи президентии соли 2015 фишорро болои ҲНИТ ва аъзои он шиддат бахшид ва дар моҳи сентябри ҳамон сол тарҳи табадулоти давлатӣ аз ҷониби генерл Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа дар он солро роҳандозӣ кард ва пас аз он ҲНИТ-ро ҳизби террористӣ эълон намуда, аъзои аршади ӯро ба солҳои тӯлонӣ ва ҳатто умурбод ба зиндон андохт.

Тибқи иттилои созмонҳои ҳуқуқӣ, то имрӯз Тоҷикистон натавониста даст доштани ҲНИТ ва аъзои онро дар ошӯби Назарзода собит ва барои маҳкумияти онҳо далоили қонеъкунанда иро кунад.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла созмони Freedom Now ва ҳатто худи Созмони Миллали Муттаҳид озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти аъзои аршади ҲНИТ ва дигар зиндониёни сиёсиро талаб мекунанд, аммо мақомоти тоҷик ҳамеша бо вуҷуди ин дархостҳои пайдарпайи созмонҳои байналмилалиро ба эътибор намегирад.

Имзои санадҳои ҷадид байни Тоҷикистону Чин

0

Мақомоти олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури сарони давлатҳо вилояти Хатлону ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбеву шаҳри Хуҷандро бо ҳамтоёни чиниашон шинос карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуори Президенти Тоҷикистон дар рафти имзои санадҳои ҷадиде, ки дар ҳузури сарони кишварҳо ба имзо расид, тибқи созишнома “байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Вейнани вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин санади “истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ” ба имзо расид.

Инчунин байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин як ёддошти тафоҳуме дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расидаву “байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин” ҳам як “созишнома дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои табодули дӯстона” ба имзо расидааст.

Бар асоси ҳамин гузоришҳои расмӣ, барои 12 сол “байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-202” як “нақшаи чорабинӣ роҷеъ ба амалигардонии Созишнома оид ба истиқрори бародаршаҳрӣ” ба имзо расидааст.

Ҳамзамон дар байни ин санадҳои муҳиме байни мақомоти олии ду кишвар ба имзо расида, 12 адади онҳоро созишномаҳо ташкил медиҳанд, ки муҳимтарини онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ” мебошад.

Гуфта мешавад, дар байни ин санадҳои расмие, ки мақомоти расмӣ теъдоди онҳоро дар маҷмӯъ 25 адад мегӯянд, ва 13-тои онҳо ҳам дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расидааст, 9-тои онҳоро санадҳои мавсум ба “ёддошти тафоҳум” ташкил медиҳад, ки аз нигоҳи амалӣ ҳеч касе наметавонад ҷониби дигарро барои иҷро накардани муқаррароти онҳо ба кӯтоҳӣ кардан дар иҷрои уҳдадориҳои худ муттаҳам кунад.

Баррасии ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон

0

Мақомоти олии кишварҳои Олмону Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ҳолоти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои худро дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 17-уми майи соли 2023 дар шаҳри Берлин “даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуданд.”

Ба қавли манбаъ, дар ин машваратҳои сиёсӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Олмонро ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Маттиас Люттенберг раҳбарӣ мекард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти ин музокирот “мусоҳибон вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.”

Гуфта мешавад, ин машваратҳои сиёсӣ дар пойтахти Олмон дар ҳоле баргузор гардидаанд, ки тирамоҳи соли 2022 Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар бораи шахсияти фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мақомоти Олмон иттилоотӣ нодуруст пешниҳод карда буд.

Сипас мақомоти Олмон ба сухани ӯ бовар карда, Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Баъд аз ихроҷ мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли сиёсиро дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва баъд аз он ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Дирӯз, 17-уми майи соли ҷорӣ низ ҳамкорон ва дӯстони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин бо ҳузури бархе пайвандонаш 15-умин тазоҳуроти эътирозии худро барои озодӣ ва бозпас гардонданӣ ӯ дар Олмон баргузор карданд.

Тоҷикистон борҳо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва дар раъси онҳо Олмонро муттаҳам ба он кардааст, ки мухолифони Эмомалӣ Раҳмонро пазироӣ ва ба онҳо паноҳгоҳӣ сиёсӣ додааст, аммо дақиқ нест, ки оё ҳайатҳои Тоҷикистону Олмон дирӯз ҳам вақте дар бораи ҳамкориҳои амниятӣ машварат мекарданд, дар бораи парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин, ки Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иттилооти ғалат пешниҳод карда буд, низ суҳбат карданд ва ё хайр?