18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 271

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 3-уми майи соли ҷорӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар озими Қазоқистон гардид.

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландпояи кишвар дирӯз тавассути ҳавопаймои ширкати Сомон-Эйр ба Қазоқистон сафар кардааст. Аммо, на ба ҳавопаймои нав харидааш.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон 20-уми апрели соли ҷорӣ бо маблағи 92 миллион доллар аз пули буҷети давлатӣ барои худаш аз Мексика як ҳавопаймои шахсӣ харида буд, вале то ҳол онро мавриди истифода қарор надодааст.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро зиёда аз 20 нафар аз аъзои Ҳукумат ва дигар раҳбарону намоянадаҳои ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Вайро дар шаҳри Остона ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Тоқаев истиқбол гирифт ва маросими пазироии расмӣ дар Қасри “Оқ-Арда”-и пойтахти ин кишвар сурат гирифтааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар вақти мулоқоти сарони ду кишвар таъкид кард: “Мо ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Қазоқистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Азм дорем, ки минбаъд низ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ пайваста инкишоф диҳем. Мо имрӯз ҳуҷҷати таърихӣ – Эъломияи ҳамкории ҳампаймониро қабул мекунем, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи моро боз ҳам мустаҳкам мегардонад”.

Тавре дар хабар омадааст, дар рафти ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, “аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ” ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, акасари ин санадҳои ҳамкорӣ дар қолиби ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорӣ байни намояндаҳо ва ниҳодҳои мухталифи ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд.

Сафари Раҳмон ба Туркия ва истирдоди шаҳрвандон ба Тоҷикистон

0

Як ҳайат аз Додситонии кулли Тоҷикистон бо раҳбарии Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар 2-уми майи соли ҷорӣ ба Туркия сафар карда, онҷо бо додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқоту гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, Додситонҳои кулли ҳарду кишвар ҳамкориҳои муштарак “дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва масъалаи эътирофи созмону такшкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигарро баррасӣ карданд.”

Тавре дар хабари зикр мешавад, ҷонибҳо дар рафти гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҷрибаи муштараки мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва табодули иттилоотро идома диҳанд.

Дар рафти он ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ

“Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол аз як наворе ба дасти Azda tv расид, ки тибқи иттилои манобеъ, маъмурони амниятии тоҷик ҳамроҳи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Истанбул ду рӯз боз ба мадрасаҳо ва маконҳои омӯзиши Қуръон, ки бо иҷозати расмии ҳукумати ин кишвар фаъолият доранд, рафта, аз шаҳрвандони тоҷик акс мегиранд ва онҳоро бо истирдод шудан ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд.

Як манбаи дигар афзуд, ки аллакай баъзе аз фарзандони тоҷикро аз ин маконҳои омӯзиши Қуръон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале то ҳанӯз сиҳати ин хабар тасдиқ нашудааст.

Ба гуфтаи яке аз огоҳони умур, мақомоти Додситонии Тоҷикистон дар ин сафараш ба Туркия бештар талош доранд он нафаронеро, ки дар кишвар нисбаташон бо иттиҳомоти сохта парванда боз кардаанд, ба Ватан баргардонанд. “Ва масъалаи дигаре, ки Ҳукумати Тоҷикистонро бештар нигарон кардааст, ин афзоиши сафи донишомӯзони тоҷик дар мадориси исломӣ маконҳои таҳфизи Қуръон дар Туркия мебошад. Мақомот талош доранд, пеши ин равандро бигиранд, ҳамон гунае ки дар Тоҷикистон карданд.”, – мегӯяд мусоҳиби мо.

Ҳамла ба Кремлин сӯиқасд ба ҷони Путин буд?

0

Сухангӯи Кремлин ба расонаҳо гуфтааст, ки нерӯҳое артиши Украина ба Кремлин ҳамла карданд. Русия ин ҳамларо сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин арзёбӣ мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин имрӯз, 3-юми майи 2023 гуфтааст, ки суҳби барвақт нерӯҳое аз артиши Украина тавассути паҳподҳои интиҳорӣ ба маҳалли иқоматгоҳи Владимир Путин дар Кремлин ҳамла карданд.

Ба қавли Дмитрий Песков, ин ҳамла тавассути ду паҳдод сурат гирифтааст. Аммо пеш аз он, ки ин паҳподҳо ба ҳадаф расанд, тавассути нерӯҳои артиши Русия сарнагун карда шуданд.

Сухангӯи Кремлин дар идома гуфтааст, Русия ин ҳамларо сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар дониста, ҳаққи худро барои посух гуфтан ба ин ҳамлаҳо дар ҳар вақте муносиб медонад, маҳфӯз медорад.

Дмитрий Песков баён дошта, ки раисҷумҳури ин кишвар дар вақти ин ҳамлаҳо дар кохи Кремлин ҳузур надошт, ҳоло ӯ саломат аст ва дар рӯзномаи корияш ҳеч тағйироте ба вуҷуд наомадааст.

Гуфта мешавад, ҳар чанд мақомоти расмӣ дар Киев ин ҳамлаҳоро шарҳ надодаанд, вале бархе расонаҳои мансуб ба Украина бо нашри ин хабар гуфтаанд, ки ба назар мерасад замони орзуҳо гузашта ва акнун вақи он расида, ки орзуҳо ба ҳақиқат наздик шаванд, ба ҳамин хотир Кремлин нигарон шудааст.

RWB вазъи матбуотро дар Тоҷикистон бисёр бад арзёбӣ кард

0

Гузоришгарони бидуни марз (RWB) бо нашри Шохиси озодии матбуот Тоҷикистонро дар қатори 30 кишваре, ки вазъи матбуоташон “бисёр бад” гуфта мешавад, ҷой додааст. 

Шохиси озодии матбуоти RWB имрӯз, 3-уми май дар “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот” нашр гардид. 

Гуфта мешавад, соли гузашта Тоҷикистон дар қатори кишварҳое буд, ки вазъи матбуоташон “душвор” ба ҳисоб мерафт, аммо имсол яку якбора то мақоми 153-ум поин оварда шуд. Ҳоло Тоҷикистон дар баробари Русия, Белорус, Чин, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Сурия ва ғайра ҷойгир карда шудааст. 

Афғонистони ҳамсоякишвар, ки ҳоло дар онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, дар мақоми 152-ум, яъне як зина болотар аз Тоҷикистон қарор дорад. 

Коршиносон то ин ҳад пойин рафтани мақоми Тоҷикистонро дар Шохиси озодии матбуот ба шиддат ёфтани саркӯби дигарандешон, таъқибу фишор ва ҳатто боздошту зиндонӣ кардани хабарнигорон аз ҷониби мақомоти ин кишвар рабт медиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Хуршед Фозилов, ки дертар бо иттиҳоми сохта, яъне узвият дар созмонҳои мамнӯъ боздошт шуд, ҳоло дар боздоштгоҳ мунтазири мурофиа ва ҳукми додгоҳ аст. 

Мақомоти тоҷик аз блогерон “Авангард”-и дигаре месозад?

0

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 26-ум то 30-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе ва бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо блогерон ва ҷавонони фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯриҳо доир кард.

Гуфта мешавад, ин вохӯриҳо дар чорчӯби як форум зери унвони “Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ” ба роҳ монда шуда, ҳадафи баргузории он “тарғиби мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, инчунин тарғиби имконияти сайёҳӣ тавассути блогерон” гуфта мешавад.

Аммо аксар корбарон мегӯянд, аз рафти ин мулоқот бо блогерон маълум аст, ки ҳадафи аслӣ на “тарғиби мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ”, балки тарғиби сиёсатҳои давлат аст. Ҳамон кореро, ки дар аввал дигар гурӯҳҳои омодакардаи Ҳукумат мекарданд.

Бархе огоҳони умур бар ин назаранд, ки ин иқдом баёнгари он аст, ки Ҳукумат дар тарҳи “Авангард” муваффақ набуд ва инак бо иқдоми наваш мехоҳад аз блогерон як “Авангард”-и тоза ва бо шакли дигар бисозад, ки бештар сиёсатҳои давлатро онҳо тарғиб кунанд. Зеро наворҳои онҳоро мардум аз наворҳои телевизионҳои давлатӣ бештар мебинанд.

Аз ҷумла, аз ҳар як блогере, ки дар ин чорабиниҳои ҳукуматӣ ширкат карданд, хоста шуда, ки ҳар мулоқотро дар саҳифаҳои худ нашр кунанд.

Ҷоизаҳоро доданду рӯзноманирогонро фаромӯш карданд

0
Коллаж аз сомонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи озодии баён ба як рӯзноманигори тоҷик дар шаҳри Душанбе ҷоизаи касбӣ тақдим кард.

Бархе коршиносон, бо интиқод аз Шӯрои ВАО-и кишвар мегӯянд, имрӯз ҷоизаи касбӣ ба ин рӯзноманигори ҷавон тақдим гардид, вале касе дар онҷо пайдо нашуд, ки барои озодии 12 рӯзноманигори зиндонӣ садо баланд кунад.

Имрӯз, 3-юми майи соли 2023, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон ва хеле аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷоизаи касбии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дода шуд.

Ҷоизаи касбии Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ солона барои як нафар аз хабарнигорони кишвар дода мешавад.

Пеш аз ин дар соли 2022 Ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии Тоҷикистон дода шуда буд, аммо баъд аз он ки тобистони соли гузашта мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалӣ ва 7 нафари дигар аз рӯзноманигорон ва блогерони шинохтаи кишварро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, на Шӯрои ВАО ва на дигар созмонҳои дохилӣ ва хориҷие, ки барои ҳимоят аз рӯзноманигорон ташкил шудаанд, натавонистанд ҳатто, пеши роҳи зиндонӣ шудани яке аз онҳоро бигиранд.

Инчунин имсол низ эълон карда шуд, довталабон метавонанд барои дарёфти ҷоизаи Эътимод ва дигар ҷоизаҳои созмонҳои рӯзномагорӣ, ки маъмулан дар Рӯзии озодии баён-3-юми май дода мешаванд, матолиби чопшуда ва нашр гардидаи худро ирсол намоянд, баҳси блогерон ва рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон, ки айни замон теъдоди онҳо ба 11 нафар мерасад, аз нав эҳё шуд.

Дар ин феҳристи рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ метавон номҳои Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абудусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-ро дид.

Ҳамзамон хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таваҷҷуҳ шиддат гирифтани мавҷи фишорҳо ва таъқиби мақомот аз рӯзноманигорону блогерон ва дар умум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда буданд, ки пеш аз довталаб шудан ба ин ҷоизаҳо дар бораи боздоштҳои эҳтимолӣ ва бегуноҳ ба кунҷи зиндонҳо фиристода шуданро ҳам бояд андеша кард.

Далери Имомалӣ пас аз як моҳи сазовор шудан ба ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии мақомот мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Яке аз кормандони мақомот, ки ӯро бозпурсӣ мекард, як мушт ва се шаппотӣ ӯро зада буд ва баъд аз чанд муддат боздошт ва равонаи зиндон гардид.

Гуфта мешавад, “Шӯрои васоити ахбори омма як созмони мустақил буда, бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон аст.”

Ҳалокати 6 мусофир дар Дарвоз

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ 5 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, субҳи “2-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.

Ба қавли манбаъ, “дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ, Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ, Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим, Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз, Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Гуфта мешавад, бархе шоҳидони ин ҳодиса бо ирсоли чанд акс ба Azda tv гуфтаанд, ки сарнишинони ин мошин бо қасди саёҳат ва дидор аз шаҳри Карон ва дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ баромада буданд, вале дар роҳ ба сабаби ин ҳодисаи нохуш ҳамаашон ҷони худро аз даст доданд.

Гурснанишинии занони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ

0

Гурӯҳе аз занони тоҷик, ки дар зиндонҳои Ҷумҳурии Ироқ ба сар мебаранд, ба нишони эътироз нисбати иттиҳомоте, ки алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти ин кишвар эълон шудааст, гурснанишинӣ эълон карданд.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, ҳудуди 7-8 зан бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ карда, мегӯянд, ки дар зиндони Ар-Расофаи шаҳри Бағдод бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи занони зиндонии тоҷик, наворро дар торихи 24-уми апрели соли ҷорӣ сабт кардаанд. Онҳо бо нашри он ва баёни эътирозашон аз мақомоти Ироқ хостори озодии фарвии худ шудаанд.

“Ҳамаи моро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи фиреб, таҳдид ва бо фишори Хадамоти махсус шоҳидӣ гирифта, дар натиҷа ҳамаи моро бо айбҳои беасос ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.”, мегӯянд занҳо дар навори муроҷиатӣ.

Занони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар амалиёти террористӣ ва ҷангҳо иштирок накардаанд, боз ҳам иттиҳомоти сангинеро алайҳи онҳо эълон карда, равонаи зиндонашон кардаанд.

Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки айни ҳол дар маҳбасе қарор доранд, ки “дар он ҷо мо аз имкони дидани фарзандон, хешу табор ва дӯстон ва ғизои муқаррарӣ маҳрумем“.

Ин занҳои маҳбуси тоҷик низ аз он шикоят карданд, ки аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ дар зиндони мазкур маҳруманд ва аз ин сабаб аксари маҳбусон ба бемориҳои музмин гирифтор шуда, ҳатто нафарони зиёде ҳам фавтидаанд.

То ҳол дар бораи ин навор вокуниши мақомоти кишвари Ироқ ва ё мақомоти тоҷик расонаӣ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар давлати Кувейт Зубайдулло Зубайдзода дар бораи баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикстон бо мақомоти он гуфтугӯ карда буд.

Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, раванди бозгардонии шаҳрвандони тоҷик, ба хусус занону кӯдакон, ки бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар зиндонҳои Ироқ ба шиканҷаҳои шадид рӯбарӯ ҳастанд, бисёр кунд пеш меравад.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳоло 36 зани тоҷик ҳамроҳи фарзандонашон дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд. То кунун мақомоти тоҷик ду занро ҳамроҳи фарзандонашон аз зиндонҳои ин кишвар ба Ватан бозгардонидааст. Омори дақиқ дар бораи теъдоди зиндониён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқ дастрас нест.

Бар асари як садамаи мудҳиш 6 нафар ҷон бохт

0
Акс аз сомонаи КҲФ

Рӯзи гузашта бар асари як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳодисаи маргбор 1-уми майи соли ҷорӣ соати 04:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух дод.

Ин ниҳод мегӯяд, як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекард, ба ҷарӣ сарозер шуд.

“Маълум шуд, ки мошини тамғаи «Starex» ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷекат ба ҷарии умқаш 200 метр сарозер шудааст. Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест. Аммо ба эҳтимоли зиёд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.”, омадааст дар хабари КҲФ.

Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафар, ки дар байнашон ду кӯдак ҳам ҳаст, захм бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Имдодгарон тавонистаанд ҷасади ронанда ва панҷ мусофири дохили мошинро берун оварда ва ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супуранд.

ИМА нисбати мақомдорони Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ мекунад?

0

Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ аз Ҳукумати кишвараш хостааст, ки нисбати он мақомомдори тоҷике, ки дар нақзи озодиҳои динӣ дар ин кишвар даст доранд, таҳрим ҷорӣ кунад. 

Комиссияи мазкур гузоришеро аз вазъи сиёсати кишварҳои ҷаҳон дар робита ба умури динӣ нашр карда, ки дар он Тоҷикистонро дар баробари кишварҳои Туркманистону Кореяи Шимоливу Чину Русия қарор дода, шомили рӯйхати сурхи кишварҳои мавриди нигаронии хос кардааст. 

Гузоришгарони ин Комиссияи байналмилалӣ Ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 озодии дин дар Тоҷикистон ҳамоно “вазнин” боқӣ монда, Ҳукумат ба саркӯби шадиди аксарияти мусалмонони ин кишвар идома дод. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА дар ин гузоришаш ба манъи рафтани кӯдакони то 18-сола ба масҷидҳо, мамнӯъ будани таълими хусусии динӣ, манъи рафтани шахсони то 35-сола ба Ҳаҷ, маҳдудият ҷорӣ кардан дар мотами мурдагони мусулмонон ва манъи пӯшидани либоси сиёҳ дар он, ишора кардааст. 

“Дар моҳи июн кормандони пулис як занеро, ки барои азодории марги писараш дар тан либоси сиёҳ дошт, боздошт ва 7 соат дар идораи пулис нигоҳ дошта, ӯро то беҳуш шудан лату кӯб карданд. Пас аз он ки хонаводааш ҷароҳатҳои ӯро дида, ба пулис шикоят бурданд, онҳоро ба 15 рӯзи ҳабс таҳдид карданд. Илова бар ин, пулис афродеро, ки ҳиҷоб ё риш доранд таъқиб карда, аз вуруди онҳо ба биноҳои давлатӣ монеъ мешавад.”, омадааст дар гузориш.

Инчунин гуфта мешавад, ки аз соли 2014 инҷониб Ҳукумат тамоми имомхатибонро худаш таъйин карда, аз онҳо пӯшидани либоси динии давлатиро тақозо кардааст ва мавъизаҳои онҳоро ба таври қатъӣ дикта мекунад. 

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон худсарона диндоронро, барои баёни осоиштаи эътиқоди худ, аз ҷумла онҳое, ки аз мавъизаҳои аз ҷониби давлат навишташуда даст мекашанд ва бе таъиноти расмии Ҳукумат мавъиза мекарданд, ё таълими динӣ додаанд ва ё кӯшиши паҳн кардани эътиқоди худро ба таври оммавӣ кардаанд, бо иттиҳомоти сохтаи терроризму экстремизм барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. 

Комиссияи озодиҳои динии ИМА мегӯяд, ки моҳи августи соли 2022 мақомот як рӯҳонии мазҳаби Исмоилиро бо номи Музаффар Давлатмиров пас аз баргузории маросими дафни эътирозгарони кушташуда аз ҷониби Ҳукумат, ба иттиҳоми “ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. 

Дар ин гузориш гуфта мешавад, соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон пайравони мазҳаби шиъаи исмоилияи кишварро, ки асосан сокинони ВМКБ ҳастанд, бештар саркӯб кард. “Мақомот дар ВМКБ дар пайи тазоҳуроти нимаи моҳи май эътирозгаронро саркӯб намуда, беш аз 200 нафарро боздошт кард. Бар илова, рӯзноманигорон ва онҳоеро, ки дар Русия қарор доштанд, ба Ватан баргардонда, зиндонӣ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин афродеро, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) – як ҳизби сиёсии муътадили исломӣ, ки аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, андаке робита доштанд, бо истифода аз саркӯбҳои фаромиллӣ ва дархости истирдоди аъзоёнаш аз кишварҳои дигар, мавриди ҳадаф қарор додааст. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки яке аз раҳбарони ҲНИТ, Зубайдулло Розиқи 80-сола дар як соли ахир ду маротиба барои таълими динӣ ба зиндониёни дигар, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, дар утоқҳои махсуси муҷозотӣ, шиканҷа ва муҷозот кард.

Гузоришгарони ИМА таъкид мекунанд, ки Ҳукумат ба қайд гирифтани ҳамаи ҷамоатҳои диниро талаб мекунад. Ҷамоатҳои динии ба қайд гирифтанашуда наметавонанд ба таври қонунӣ маҷлисҳо ё маҷлисҳои динӣ даъват кунанд, моликият дошта бошанду барои мақсадҳои динӣ истифода баранд, адабиёти динӣ истеҳсол ё ворид кунанд, хайрия гиранд, корҳои хайриявӣ анҷом диҳанд ва шахсони хориҷиро барои иштирок дар фаъолияти динӣ даъват кунанд. Мисли маҳдудиятҳое, ки барои мусалмонон гузошта шудаанд, фарзандони оилаҳои насронӣ наметавонанд ба калисо ё дигар фаъолиятҳои марбут ба монанди лагерҳои динӣ раванд.

Ҳамзамон ишора мешавад, ки моҳи сентябри соли 2022 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муайян кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо саркашӣ аз сабти номи “Шоҳидони Яҳво” моддаҳои 18 (1) ва 18 (3) Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ё эътиқоди шаҳрвандонро кафолат медиҳад, нақз кардааст.

Комиссияи ИМА дар умури дин ба мақомоти кишвараш дар бораи Тоҷикистон чунин тавсияҳоро пешниҳод карда:

  • Комиссияи байналмилалии озодиҳои динӣ ба Ҳукумати ИМА тавсия додааст, ки Тоҷикистонро ҳамчун “Кишвари нигаронии хоса” ё CPC барои нақзи муназзаму дағалона вайрон кардани озодиҳои динӣ, ки Санади байналмилалии озодии дин (IRFA) муайян кардааст, дубора тасниф кунад;
  • Барои расондани кумакҳои амниятӣ ба Тоҷикистон, ИМА ба Тоҷикистон шарт гузорад, ки дар қонуни дини соли 2009 ислоҳот ворид кунад ва барои озодии дин ва эътиқод шароит фароҳам орад;
  • Ҷорӣ кардани таҳрими ҳадафмандона алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорони масъули нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ тавассути масдуд кардани дороиҳои ин афрод ва ё манъи вуруди онҳо ба Иёлоти Муттаҳида тибқи муқаррароти мақомоти молӣ ва раводиди марбут ба ҳуқуқи башар бо овардани далели нақзи мушаххаси қонунҳои озодиҳои динӣ;
  • Ба Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи боло фишор оваред, то афроде, ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои осоиштаи мазҳабӣ ё мансубияти мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд фавран озод карда шаванд ва дар бораи макони будубоши ҳамаи маҳбусони виҷдон, аз ҷумла онҳое, ки бо сабабҳои динӣ зиндонӣ шудаанд, ҳисобот диҳад ва ба нозирони байнулмилалӣ иҷоза диҳанд, то вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро назорат кунанд.

Гуфта мешавад, ин чанд соли охир созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти тоҷикро барои нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои диниву эътиқодӣ мавриди танқид қарор медиҳанд, аммо бо вуҷуди ин ҳама дархосту интиқодҳо мақомдорони Тоҷикистон ба нақзи ҳуқуқҳои диниву инсонии сокинон идома медиҳанд.