Масмумияти духтарон дар мактабҳои Эрон бо вокунишҳои мухталифе дар дохил ва хориҷи ин кишвар рӯбарӯ шудааст. Аз як сӯ, волидони ва дигар наздикону пайдони духтарони масмумшуда, мақомоти эрониро ва бахусус нерӯҳои Сипоҳ ва Басиҷи ин кишварро дар ин кор муттаҳам мекунанд ва аз сӯи дигар мухолифини ин кишвар дар хориҷ мақомоти Эронро ба ноуҳдаброӣ дар таъмини амнияти дохилӣ муттаҳам карда мегӯянд, ҷумҳурии исломӣ аз духтарон интиқом мегирад.
Гуфта мешавад, зарфе беш аз се моҳи ахир масмум сохтани духтарон дар мактабҳо ба як иқдоми занҷираӣ дар Эрон табдил ёфтааст. Дар ин муддат садҳо нафар аз донишомӯзон бо нишонаҳои заҳролудшудан дар мактабҳо барои дармон ба бемористонҳо интиқол ва бистарӣ шудаанд. Аммо бо гузашти беш аз 90 шабонарӯз ҳеч ҷиҳате на дар дохил ва на дар хориҷ ин ҷинояти вазнин алайҳи духтаронро бар уҳда нагирифтааст.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки пас аз саркӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомоти сохта (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ) барои 7 сол равонаи зиндон гардид.
Як масъули Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки ин қазияро Омбудсмен моҳи феврал соли ҷорӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Аммо бо тамом шудани моҳи феврал то ҳол касе аз идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндон мулоқот накардааст.
Имрӯз, 6-уми март ду намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар, Муқим Ашӯров ва Ҳусниддин Нидоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки бо ин рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот сураи нагирифтааст ва сабаби вохӯрӣ накардан бо ин рӯзноманигорро низ шарҳ дода натавонистаанд.
Ин дар ҳолест, ки як намояндаи Омбудсмен рӯзи 17-уми феврал дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/4 маъруф ба “Якум Советский” бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ мулоқот кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.
Дар ноҳияи Зафаробод барои ниёзмандон ҳудуди 415 ГА замин ҷудо шудааст. Баъд аз сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба ин ноҳия тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои хонаводаҳое, ки дар як ҳавлӣ се ва ё 4-5 оила зиндагӣ мекунанд, оғоз мешавад.
Бархе сокинони ин ноҳия дар суҳбат ба Azda tv аз он шикоят карданд, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҷомӣ аллайкай пеш аз муайян шудани макони деҳаҳои навбунёд ва тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ фурӯши онҳо оғоз шудааст. Барои мисол, баъзе миёнаравҳо дар ҷамоат барои аз 0,4 то 06 ГА аз 15 то 35 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Инчунин дар ин ҷамоат як ҳоҷатхонаи сарироҳӣ сохта шудааст. Масъулин мегӯянд, ки то замони омадани Эмомалӣ Раҳмон дари онро барои қазои ҳаҷати сокинон боз намекунанд.
Аммо раиси ин ҷамоат вуҷуд далелҳо барои заминфурӯшӣ дар ин деҳотро инкор карда мегӯяд, масъулин дар ҷамоати деҳоти Абдурраҳмон Ҷомӣ корашон рӯйхат кардани оилаҳои ниёзманд буд ва ин корро иҷро кард, аммо дар хусуси санҷидани фактҳо, муайян кардани вазъияти ҷойгиршавии оилаҳо дар як ҳавлӣ ва ҷудо кардани заминҳо комиссияи ноҳиявӣ тасмим мегирад, на ҷамоат.
Гуфта мешавад, ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Зафаробод. Ноҳия 20 декабри1965 ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия то Хуҷанд 106 км мебошад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки давоми беш аз сад соли ахир ба хилватгоҳи Русия табдил шудаанд, Кремлин дар гузашта ҳар тавре хост аз онҳо ба нафъи худаш истифода кард, аммо ҳоло дар ин замони барояш хеле ҳассос намехоҳад, ки ин минтақаро ба осонӣ аз даст бидиҳад.
Бо ин вуҷуд, дар як соли ахир, он ҳам замоне, ки Русия дар ҷанг бо Украина хеле заиф шудааст, вазъият хеле фарқ кардааст. Вокунишҳои расмӣ ва ғайри расмии Сарони Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ин муддат нишон медиҳанд, ки дигар намехоҳанд умрбод вобастаи Русия бошанд.
Гуфта мешавад, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва раиси ҳукумати ин кишвар дар раъси як ҳайъати кишвараш дирӯз вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафар ба муддати ду рӯз идома меёбад.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар рикоби Михаил Мишустин вориди Тоҷикистон шуда буд, дар алоҳида мулоқот кард.
Бар асоси аксу наворҳои нашршуда аз ин мулоқотҳо, ба назар мерасад, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳо хеле хушҳол аст ва дар замоне ки Кремлин дар шароити хеле сахти таҳримҳо қарор дорад, бо истифода аз ҳолатҳои заъфу тангдастӣ хеле суд гирифтааст.