Хона блог саҳифа 376

Интиқоди HRW аз мақомоти Тоҷикистон

0

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри гузорише аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мақомоти кишварро зери интиқод қарор додааст.

Ин ниҳоди байналмилалии ҳуқуқӣ бештар мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби эътирозҳои мусолиматомез дар Бадахшон, фишор ба рӯзноманигорону вакилони мудофеъ, бадрафторӣ бо зиндониён, озод накардани зиндониёни сиёсӣ ва набудани таҳқиқи шаффоф дар мавриди низоъи сарҳадӣ бо Қирғизистон интиқод кардааст.

Дар гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки рӯзи 12-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари саркӯби тазоҳуроти осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва бо сохтани иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар барои фаъолиятҳои касбии онҳо, саркӯб кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро афзоиш доданд.

Дар гузориш гуфта мешавад, мақомот аз моҳи ноябри соли 2021 то июни соли 2022 дар пайи саркӯби тазоҳуроти осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камаш 34 нафарро кушта, даҳҳо нафари дигарро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо кушташудаҳо бештар аз онест, ки дар расонаҳо гуфта мешавад.

Инчунин дар гузориш омадааст, ки рӯзноманигорону блогнависон барои гузориш додан дар бораи ҳодисаҳои ВМКБ ва интиқод аз Ҳукумат таъқиб ва равонаи зиндон шудаанд.

HRW аз рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева (ба 21 сол зиндон маҳкум шуд), 13 узви “Комиссияи 44”,  ихроҷи Шодрӯз Аҳроров аз Русия (6 сол зиндонӣ шуд) ва аз нопадид шудани иҷбории камаш 7 фаъол аз ноябри соли 2021 то августи соли 2022 ёдовар шуда, бо такя ба пайвандони боздоштшудаҳо аз эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо навиштаанд.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон хабарнигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Эмомалиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ карданд. Чизе, ки худи онҳо ва пайвандонашон беасос медонанд.

Дар гузориш инчунин ба сензура (сонсур)-и шадиди расонаҳо ва таъқиби рӯзноманигорон ишора шуда, гуфта шудааст, ки “Чаҳор рӯзноманигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” пас аз мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Шахсони номаълум дурбин ва телефонҳояшонро рабуданд, латукӯб ва таҳдид ба марг карданд”.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ба ҳушдори Додситонии кул ба расонаҳо дар мавриди бозтоб надодани рӯйдодҳои ВМКБ ишора шудааст, ки дар пайи он хабаргузории “Азия-Плюс” аз нашри хабар дар бораи воқеаҳои Бадахшон даст кашид.

Ғайр аз ин, дар гузориши HRW дар бораи маҳдудияти фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба далели додани эътиборномаҳои кӯтоҳмуддат ва фишор ба кормандони шабакаи “Азда тв” ва маҳдудияти сафар барои пайвандони онҳо дар Тоҷикистон низ зикр шудааст.

“Рӯзноманигорони шабакаи мустақили муҳоҷири Azda TV аз идомаи фишори амнияти давлатӣ ба пайвандонашон, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, аз ҷумла бо таҳдиди таъқиби ҷиноӣ ва маҳдудияти сафари озод аз кишвар хабар доданд”,- омадааст дар гузориши HRW.

Дар гузориши ин созмон аз зиндониёни сиёсӣ низ ном гирифта шуда, гуфта мешавад, ки даҳҳо раҳбар ва аъзои қатории аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ, ки бо иттиҳоми ангезаи сиёсӣ дошта, ба муҳлатҳои тӯлонӣ ва ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои раҳоии онҳо, боз ҳам паси панҷара боқӣ мемонанд.

“Яке аз бунёдгузорони ҲНИТ Зубайдулло Розики 80-сола барои сӯҳбати мазҳабӣ бо дигар зиндониён, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мамнуъ аст, ду маротиба ба маҳбас интиқол дода шуд”,- менависад HRW.

Инчунин HRW аз “ошӯб” дар зиндоҳо ёдовар шуда, гуфтааст, ки “Ҳеч навъи таҳқиқи воқеӣ баргузор нашуд ва масъулони шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳи ноябри 2018 ва майи 2019 ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд. Дар натиҷаи ин шӯришҳо 50 зиндонӣ ва 5 посбони зиндон кушта шуданд. Инчунин моҳи июли соли 2019 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол ба зиндон аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд ”.

Дар гузориш ба даргириҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ишора шуда, гуфта шудаааст, ки “соли 2022 низ як муноқишаи дигари марзӣ мушоҳида шуд, ки дар ҷараёни он даҳҳо ғайринизомӣ кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳеч таҳқиқе дар мавриди марги ғайринизомиён дар ҷараёни даргирии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 сурат нагирифт ва касе ҳам барои он посухгӯ нашуд”.

Гузоришгарони ин созмони байналмилалии ҳуқуқӣ низ ба иҷрои ғайримуассири қонуни соли 2013 дар бораи пешгирии хушунат дар оила ишора кардаанд, ки Ҳукумат хушунати хонаводагиро ҷиноят намешуморад ва аз қурбониён ҳимояти кофӣ намекунад ва дар кишвар зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон ва духтарон ҳамчунон васеъ паҳн шудааст.

Инчунин дар гузориш аз қонуни зидди табъиз низ ном гирифта шудааст, ки мафҳумҳои “гароиши ҷинсӣ” ва “ҳувияти ҷинсӣ”-ро ҳамчун категорияҳои ҳифозатӣ аз пешнависи қонун ҳазф кардааст.

Дар охир HRW аз созмонҳову кишварҳои ҳомии ҳуқуқи башар, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон риоя кардани қонунҳои байналмилалӣ ва даст бардоштан аз фишору таъқиби фаъолону дигарандешонро талаб карда буданд, ёдовар шудааст.

Дар таркиши Кобул дасти кам 15 дипломат кушта шуд

0

Дар таркише, ки пас аз зуҳри дирӯз дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон сурат гирифт, дасти кам 17 корманди ин вазорат куша шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар таркиши 11-уми январи соли 2023 дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон 16 ва ба як қавли дигар 17 нафар аз кормандони ин вазорат, аз ҷумла 15 дипломат кушта шудааст.

Аммо ба қавли расонаҳо, дар ин ҳодиса дар маҷмуъ дасти кам 20 нафар кушта ва 50 каси дигар захмӣ шудааст. Аксари кушташудаҳо ва захмиҳоро кормандони Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, бахусус дипломатҳо ва нерӯҳои интизомӣ, ки дар таъмини амнияти он иҷрои вазифа мекарданд, ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, масъулияти ин ҳамлаи мудҳишро шохаи низомии ДИИШ бо номи Хуросон ба уҳда гирифта, гуфтааст, ки ҳадаф аз ҳамлаи террористӣ дипломатҳои хориҷӣ будаанд.

Дар замоне, ки ин ҳамла сурат гирифт, дипломатҳои чинӣ ҳамроҳ бо сафири ин кишвар дар дохили бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон машғули дидору гуфтугӯ бо Толибон буданд.

Шубҳаи Рустами Эмомалӣ дар бораи зердастонаш

0

Шаҳрдори шаҳри Душанбе бо ирсоли номае аз Агентии давлатии назорати молиявӣ ва муборизи бо корруписияи Тоҷикистон дархости санҷиш кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи шаҳрдории шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо ирсоли номае ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва муборизи бо корруписия гуфтааст, ки фаъолияти зердастонашро дар соли 2022 аз санҷиш гузаронад.

Ба қавли манбаъ, ин санҷиш “бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ин дархости санҷиши “фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот (пойтахт) дар соли 2022” дар ҳоле сурат мегирад, дасти кам дар шаш моҳи ахир шикояти сокинон аз наҳваи бархурди нодурусти мақомоти шаҳрдорӣ бо сокинон ва иҷро накардани масъулиятҳошон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст.

Аз як сӯ, сокинони пойтахт аз он шикоят доранд, ки сатҳи хидматрасониҳои комуналӣ дар шаҳри Душанбе хеле паст буда, сокинон дар хонаҳои сарду торик зиндагӣ мекунанд, аз сӯи дигар, мақомоти пойтахтро ҳам муттаҳам мекунанд, ки бо вуҷуди доштани имконоти фаровон намехоҳанд мушкилоти мардумро сари вақт бартараф кунанд.

Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон ва дурӯғи ширкати “Барқи тоҷик”

0

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои дастуре эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон лимити барқ вуҷуд дорад ва ширкати “Барқи тоҷик”-ро вазифадор кардааст, ки онро бекор кунад. Аммо ин ширкат иҷроиши онро муваққатӣ хондааст.

Расонаи давлатии

Ин ширкат, ки аксари сокинони шаҳру деҳот аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то кунун рӯзона дар муддати 24 танҳо 8-10 соат бо неруи барқ таъмин мекард, ҳоло ба дурӯғ даъво дорад, ки “таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд.”

Гуфта мешавад, ин дастури Эмомалӣ Раҳмон мисли хеле аз дастуру фармонҳои қаблиаш дар муддати 30 соли ахир наметавонад қобили эътимоди мардум ва иҷроиши он пурра ба эътибор гирифта шавад. Зеро вай дар даҳсоли ахир ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли барқро чанд бор “афсона” гуфта буд, вале имсол низ аксари сокинон бидуни барқ ва дар сардиву торикӣ ба сар мебаранд.

Инчунин ширкати “Барқи тоҷик” иҷроиши дастурро муваққатӣ ва ба навъе онро “сарбории иловагӣ” хонда таъкид ҳам карда, “дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии нерӯи барқ ба сербории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.” ва ба ин баҳона лимити барқ аз нав ҷорӣ мешавад.

Тоҷикистон 9 вилояти Афғонистон, баъзе шаҳру ноҳияҳои Узбекистон ва Қирғизистонро дар ҳама фаслҳои сол ва бидуни ҷорӣ кардани маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин мекунад, вале вақте гап дар бораи сокинони кишвари худамон меравад, бо овардани даҳҳо баҳонаҳои беасос мардумро аз нерӯи барқ маҳрум ва онҳоро дар сардиву торикӣ нигаҳ медорад.

Табибе, ки иддаои дидани Худоро карда буд, боздошт шуд

0

Табиби тоҷике, ки чанд рӯзи пеш бо пахши наворе иддо карда буд, Худоро дидааст, рӯзи 11-уми январ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуд.

Шоев Бахтиёр, табиби халқӣ ва раҳбари маркази табобатии “Шоҳёр” чанде пеш бо нашри наворе иддао карда буд, ки бо Худо на якбор, балки чанд маротиба вохӯрдааст ва амру фармонҳоро мустақим аз худи Ӯ мегирад. Ин навор дар шабкаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро дар байни корбарон ба бор оварда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузоришаш мегӯяд, ки Шоев Бахтиёр ин суханҳоро ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи одамон ва манфиати молии бештар бурдан мекардааст. Худи табиб низ ин суханҳоро такрор мекунад.

Ҳамзамон дар гузориш худи табиб мегӯяд, фориғу таҳсили Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат аст ва курси кӯтоҳмуддати Маркази ҷумҳуриявии тибби халқиро низ гирифтааст. Аммо ӯ мегӯяд: “Ман ягон маълумоти динӣ надорам, танҳо мақсади ман ин буд, ки як илоҷ карда, халқро фиреб дода, бо ин роҳ маблағ даромад кунам.“

Шоев Бахтиёр дар навори қаблияш, ки ҳоло аз Ютуб пок карда шудааст, иддо мекард, чанд маротиба назди Худо рафтааст ва Ӯро аз наздик дидааст, ҳатто гуфта буд, ки Ӯ чӣ гуна шаклу сурат дорад. Ҳатто Шоев дар идомаи суҳбаташ таъкид мекард, ки суханҳояш ҳақиқат доранд ва мисли Паёмбари ислом (с) “агар дар дасти росташ офтобро диҳанд ва дар дасти чапаш моҳтобро аз суханҳое, ки мегӯяд, барнамегардад”. Аммо дар бозпурсии ВКД иқрор шуд, ки гуфтаҳояш танҳо фиреби мардум будааст.

Кобул: таркишҳо даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштанд

0

Бар асари чанд таркиш дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дасти кам 8 нафар кушта ва беш аз 10 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин таркиш баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбеи 11-уми январ дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рух додааст.

Ба қавли ин расонаҳо, таркиш дар замоне рух додааст, ки бархе мақомоти дипломатии Чин дар дохили бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Иморати исломии Толибон мулоқот ва гуфтугӯ доштанд.

Афғонистон Интернешнл теъдоди кушташудаҳоро 8 нафар ва захмиҳоро ҳам ба ҳамин миқдор арзёбӣ кардааст, аммо

Аз сӯи дигар Холид Задрон, сухангӯи полиси Кобул дар саҳфаи худ дар Твиттер гуфтааст, ки ин ҳодиса соати 4 баъд аз зуҳр сурат гирифт. Вай вуҷуди талафоти ҷониро дар ин ҳодиса таъйид кардааст, вале дар бораи теъдоди дақиқи қурбониён ва осебдидагон ин ҳодиса чизе нагуфтааст.

Дар бархе аксу наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, ки ҷасадҳои беҷони чандин нафар, ки дар тан либоси мулкӣ ва низомӣ доранд, бо осори захму хунрезӣ рӯи роҳ ва роҳравҳо хобидааст.

Гуфта мешавад, то замони таҳияи ин матлаб касе ва ё ниҳоде масъулияти ин ҳамла ва таркишҳоро ба уҳда нагирифт, вале хабаргузории Фаронса ба нақл аз шоҳидони айнии худ гуфтааст, ки маргталабе худро дар байни издиҳоми мардум, ки бархе аз кор рухсат мешуданд, таркондааст.

Телеграмма бигӯем ё барқия ва ё дурнигор? Баҳси донишмандони забон

0

Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук байни донишмандон ва забонпажӯҳони тоыик баҳси гарме атрофи тарҷума ва баргардони тоҷикии истилоҳи “Телеграмма” ба вуҷуд омадааст.

Дар гурӯҳи фейсбукии “Дуруст бинависем” Абдулқодир Талбаков навиштааст, ки “Теллеграмма бо тарҷумаи барқия ба ман маъқул не ва натавонистам ҳазм кунам, қабул кунам”. Ӯ бо навиштани ин ҷумла аз донишмандони тоҷик Рустами Ваҳҳоб ва Умед Ҷайҳонӣ назар пурсидааст.

Шоир ва адиб Рустами Ваҳҳоб бар ин назар аст, ки телеграмма ба маънои барқия боқӣ бимонад ва истифодаи он дуруст аст. Ӯ мегӯяд: “Барқия дар баробари тилгиром дар забони тоҷикӣ роиҷ шудааст. Вожаи барқ дар баробари маънои электрический, чанд маънои дигарро низ илқо мекунад, ки шояд он боис шуда ин истилоҳ дар забонҳо ҷорӣ шавад, аз ҷумла: суръат, муҷазӣ, зудрасӣ ва муассирии он. Албатта вожаҳои дигаре ҳам мешавад сохт, аммо ҳамин истилоҳро ҳифз кардан ва таҳаммул кардан шояд дар ҳоли ҳозир беҳтар бошад.“

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, донишманд ва зобонпажӯҳи тоҷик бар ин назар аст, ки телеграммаро арабҳо барқия номидаанд ва дар форсӣ корбурде надорад. Ӯ менависад: “Телеграммаро аз ҳамон оғози пайдоишаш «телегром» гуфтаанд ва он паёмест, ки бо телеграф фиристода ё дарёфт мешавад. Телеграммаро агар ҳарф ба ҳарф баргардон кунем, «дурнигор» мешавад, ки то чанде пеш факсро чунин меномиданд. Акнун ки факсро «намобар» номидаанд, телеграфро метавон «дурнигор» ва паёмашро «дурнигошта» номид.“

Аммо Рустами Ваҳҳобу Ҷайҳонӣ пешниҳодҳои якдигарро напазируфтанд. Ҳар яке барои сиҳатии пешниҳодаш далел дорад.

Ҳамчунин як корбари дигар бо номи Ҳасан Бойназаров навишта, ки дар баробари калимаи “Барқия” вожаҳои дигаре ҳам сохта мешавад. “Масалан: “Иттилоияи фаврӣ” ё “Хабарномаи фаврӣ” …. Аммо телеграммаро ҳамчун истилоҳи байналхалқӣ пазируфтаанд.”

Тоҷикистон қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистонро тамдид кард

0

Дар шароите, ки аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷиҳ ҳастанд, ширкати Барқи тоҷик қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро тамдид кард.

Вазорати об ва энержии Афғонистон хабар додааст, 10-уми январи соли 2023 ки раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ҳамроҳ бо раиси иҷроияи ширкати Бришнои Афғонистон қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон барои соли 2023 низ тамдид карданд.

Ба қавли манбаъ ин қарордод “дар ҳоле, ки муҳтарам мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти Вазорати об ва энержии Иморати исломии Афғонистон ҳузур дошт, тавассути муҳтарам алҳоҷ мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза, раиси иҷройи “Д Афғонистон Бришно ширкат” ва муҳтарам Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати миллии барқи Тоҷикистон (ширкати Барқи тоҷик) ба имзо расид.”

Вазорати об ва энержии Афғонистон нагуфтааст, ки ин қарордод дар куҷо байни раиси иҷроияи “Д Афғонистон Бришно ширкат” ва ширкати “Барқи тоҷик” ба имзо расидааст, аммо сомонаи “Радиои Озодӣ” бо нашри як гузориш мегӯяд, ки он дар Туркия ба имзо расидааст.

Ҷолиб он ки дар пасманзари акси нашршуда аз маҳалли баргузории ин қарордоди даҳҳо миллиондолларӣ нишон дода мешавад, ки зоҳиран он дар ошхонаи яке аз биноҳои на чандон “лукс” ва дур аз дурбинҳои расонаҳо ба имзо расидааст.

Пеш аз ин ширкати “Бршинои Афғонистон” қарордоди интиқоли нерӯи барқ аз Узбекистонро ҳам то поёни соли ҷорӣ аз нав ба имзо расонида буд. Афғонистон барои таъмини ниёзҳои худ аз кишварҳои Эрону Туркманистон ва Покистон ҳам барқ ворид мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон вуҷуди ҳар навъ равобити наздик бо Толибонро то ҳадди тавон аз чашми мардум пинҳон медорад, вале амлан ҳанӯз пеш аз дубора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳар ду ҷониб равобити хубе доштанд ва пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021 ҳам равобити диполматӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар нисбатан рушд кардааст.

Тоҷикстон дар замони сари қудрат будани Толибон дар Афғонистон дар соли 2022 интиқоли нерӯи барқ ба ин кишварро дар ҳаҷми беш аз 275 миллион киловат соат афзоиш дода буд. Нерӯи барқе, ки дар шароити феълии Афғонистон маълум нест кай пулашро мегирад, вале онро на ба мардуми худ, балки ба Толибон мефурӯшад.  

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон расман Толибонро як созмони террористӣ медонад ва ҳар навъ робитаи шаҳрвандон бо ин гурӯҳро ҷурм меҳисобад, вале худаш қарордодҳои миллиондолларӣ бо ҳукумати онҳо ба имзо мерасонад. Нерӯи барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон дар ин сармои шадид пурра ба тоҷикистониҳо намедиҳад, вале то метавонад ин барқро ба Толибон мефурӯшад.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ҷузъиёти ин қарордодро ҷонибҳо то ҳол нашр накардаанд, вале Афғонистон яке аз харидорони асосии нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон аст ва аз ин барқи воридотӣ дасти кам дар 9 вилояти худ истифода мекунад. Тоҷикистон ҳам солона ба ҳисоби миёна ба маблағи то 50-55 миллон доллар ба Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад.

Кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ ба Афғонистон ҳар сол қарордоҳои худро аз нав ба имзо мерасонанд, вале ҷузъиёти қарордодҳои имсолаи худ бо Тоҷикистон ва Узбекистонро ҳеч яке аз тарафҳо нашр накардаанд.

Рӯйхати зиндониёни бадахшонии “говсуд”-шуда

0

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш рӯйхатеро нашр карда, ки номи 36 зиндонии зодагони Бадахшон дар он дарҷ гардидааст.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, рӯйхати мазкур аз дохили Тоҷикистон ба дасти ӯ расида, номгӯи помириҳое ҳастанд, ки Ҳукумат дар ин авохир онҳоро боздошт кардааст. Ва ин 36 нафар 10-уми январ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри душанбе интиқол ёфтаанд.

Дар рӯйхати нашршуда дида мешавад, ки аксари маҳкумшудаҳо бо моддаи 187 қисми 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) гунаҳкор дониста, аз 2 сол то 15 сол зиндонӣ шудаанд. Ҳатто беш аз 20 нафарашон 10 солу 6 моҳ ва ё 9 солу 6 моҳӣ маҳкум шудаанд.

Ин рӯзноманигор менависад, ки додгоҳ онҳоро бидуни ягон баррасиву муҳокима “говсуд” кардааст. “Шояд дар ягон таҷрибаи судҳои ҷаҳон Шумо ин гуна чизро дучор намеоед, ки якбора чанд нафар ҳукми яклухт гирифта бошад.”, меафзояд ӯ.

Рустами Ҷонӣ мепурсад, “инро ба ҷуз”тройка” чӣ метавон гуфт? Ҳамаи онҳо аз рӯи модаи 187 қисми 2 зиндон шуданд. Ин модаро метавон дигар “модаи помириҳо” номид. Дар назари ҳукумат ҳар фаъоли помирӣ аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ аст.”

Идомаи ҷойивазкунӣ. Кӣ рафту кӣ монд?

0

Имрӯз, 11-уми январи соли ҷорӣ чанд тан аз мансабдорони ҳукуматӣ аз вазифаҳои қаблиашон барканор ва ба вазифаҳои нав таъйин шуданд.

Дар пайи ҷойивазкунии имрӯза Умед Гуреззода ва Дилшод Одиназода ду муовини Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, инчунин Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт ва муовинаш Руслан Раҷаб аз вазифа барканор шудаанд.

Умед Гуреззода, ҳамакнун собиқ муовини шаҳрдор ба ҷои Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Руслан Раҷаб ба ҷои Шариф Самӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Тоҷиддин Саидзода, ки то имрӯз раҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе буд, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардидаанд.

Ҳамчунин, як манбаъ аз Ҳукумати вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон низ аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Шарифӣ, ки то ин дам муовини вазири саноати Тоҷикистон буд, таъин шудааст.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар аз вазифаи озод ва ба ҷои ӯ Файзулло Баротзода, ки то ин дам раиси ноҳияи Лахш буд ба вазифа омадааст.

Баротзодаро дар вазифаи раиси ноҳияи лахш Киромиддин Холзода собиқ муовини раиси ноҳияи Данғара иваз кардааст. Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ аз вазифааш барканор шудааст.

Ҳамчунин, Нурулло Мирзозода, ки то ин дам ҳамчун муовини раиси шаҳри Бохтар кор мекард, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин шудааст.

Маълум нест, ки Сиҷоуддин Саломзода, Дилшод Одиназода ва Фатҳиддин Усмонзода ба чӣ вазифаи нав  таъин шудаанд.

Бино ба иттилои манобеи “Asia-Plus” Самӣ Шариф, ки аз соли 2017 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд, бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардид.

Аммо “Бомдод” дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самиро барои “ноуҳдабароӣ” дар рафъи оқибатҳои барфрезии шадид аз кор пеш кардааст.

Номи Шариф Самӣ, собиқ раиси шаҳри Бохтар ва Барқи тоҷик моҳи ноябри соли гузашта ар пайванд ба занозании писараш дар як тарабхона расонаӣ шуда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ дар он занозанӣ захмӣ шуда буд.

Пештар аз ин дар ҳукумати кишвар чанд тағйирот ё ҷойивазкунии дигар низ сурат гирифта буд.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.