13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 381

Афзоиши 13% мактабравҳо дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон теъдод кӯдаконе, ки имсол ба синфи як мераванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад зиёд шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 1-уми сентябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар “мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”-аш гуфт, ки имсол 272 ҳазор хонанда “бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бораи сулҳу дониш гап мезад, афзуд: “Имрӯз, яъне 1 сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар навраси кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтар дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.”

Гуфта мешавад, ки тибқи оморҳои расмӣ дар соли 2021 теъдоди кӯдаконе, ки бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузошта, ба синфи 1 қабул шуда буданд, 240 ҳазор нафарро ташкил медод.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия меравад

0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми сентябр аз Маскав боздид ва бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтушунид хоҳад кард. Дар ин бора ба расонаҳо намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.

Ба гуфтаи Захарова, ин нишаст дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон баргузор гардида. Дар он ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, дифоъ, амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар заминаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва ба мавзуи амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Инчунин ҷонибҳо аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон хоҳанд гуфт.

Захарова мегӯяд, ки Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров бояд иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар мулоқотҳои ахири президентҳои Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, баррасӣ кунанд.

Дар доираи ин нишаст ба имзо расидани барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 дар назар аст.

Мазҳакаи расонаҳо: Тоҷикистон Куриёи Шимолии Осиёи Марказӣ ном гирифт

0

Расонаи арабии “ajplus.net” дар як таҳлили ахираш Тоҷикистонро, бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кишвари Куриёи Шимолии Осиёи Марказӣ ном бурдааст.

Рӯзи душанбе ин расонаи арабизабон бо нашри наворе вазъияти сиёсии Тоҷикистонро зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи танзгуна таҳлил кардааст. Ин расона дар ютуб 5,91 миллион узв дорад. Ва хабари мазкур то лаҳзаи омодашавии матлаб 75 ҳазор тамошобин доштааст.

Дар ин видео гузориш гуфта мешавад, ки рӯзномаи “Economist” соли 2006 бо нашри матлабе зери номи “Марди оҳанини Тоҷикистон” аз хомӯшии Ғарб дар баробари қонуншиканиҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ғайришаффоф гузаронидани интихоботи президентӣ интиқод карда буд. Дар ин матлаб гуфта мешавад, дар Осиёи Марказӣ суботи минтақа барои Ғарб муҳим аст, на низоми демократӣ.

Соли 2015 ин рӯзнома бо нашри матлаби дигаре навишт, ки аз баски Тоҷикстон бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва истиқрори минтақа барои Ғарб ва Амрико муҳим аст, ин кишварҳо натанҳо ба поймол кардани меъёрҳои демократии Эмомалӣ Раҳмон хомӯш меистанд, балки ба ӯ маблағҳои ҳангуфт ҳам медиҳанд. Бо вуҷуди оне, ки медонанд ҳамаи он маблағҳо дар ҷайби шахси Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш меравад, боз ҳам кумакаш мекунанд.

Ин расонаи арабӣ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дарк кард, ки суботи минтақа барои кишварҳои ғарбӣ муҳим аст ва ба корҳои ӯ чандон таваҷҷуҳе надоранд, қудрати худро мустаҳкамтар кард. Ва ин боис шуд, ки ӯ дар низоми диктатурӣ фурӯтар равад ва оҳиста-оҳиста тамоми бандҳои Созишномаи сулҳи тоҷиконро бо мухолифон аз байн бурд ва шахсиятҳои сиёсии мухолифро зиндонӣ кард ва билохира Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки баъд аз ҳизби ҳоким қавитарин ҳизб ба шумор мерафт, мамнуъ ва ҳатто террористӣ эълон кард.

“Эмомалӣ Раҳмон дар террори шахсиятҳои сиёсии мухолифи худаш чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар хориҷ аз он муттаҳам мешавад.” мегӯяд ин расона.

Ҳамчунин дар охири ин барнома суолгузорӣ мешавад, ки чаро давлтаҳое, ки ҳамеша дар низоми идорӣ ва иқтисодӣ нокоманд, ҳокимонашон диктаторанд ва онҳо дар ҳама масоили кӯчаку бузурги ҳаёти мардум биниашонро мехалонанд, озодиро аз онҳо салб мекунанд ва дар муқобил набояд ҳеч касе дар сиёсат рақиби онҳо бошад?

Дар чунин ҳукуматҳо, фақр ҳамаро фаро гирифтааст, вале худнамоӣ ва ҷашну тантанаҳо, дар қасри Президент аз меваву сабзавот қулла сохтан ба чӣ маъност? Ба назари шумо чаро чунин намунаҳо зиёданд ва сабаб чист, ки боз ҳам такрор мешаванд?

Русия тафсири Қуръон ва “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро китобҳои экстремистӣ эълон кард

0

Вазорати Адлияи Русия аз 25-уми августи соли ҷорӣ китоби тафсири Қуръон аз Абдураҳмон бин Носир Ас-Саъдӣ ва “Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ” таълифи Аҳмад бин Абдуллатиф аз-Зубайдиро дар рӯйхати китобҳои экстремистӣ ворид кард.

Акс аз сомонаи “darzidnie.com”

Тавре

Акс аз сомонаи “darzidnie.com”

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз ин вазорт китоби маҷмуе аз ҳадисҳои Паёмбар (с) бо номи “Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ” муаллифаш Имом Абул-Аббос Аҳмад ибни Абдуллатиф аз-Зубайдӣ, ки аз ҷониби Абдуллоҳ Нирш бо забони русӣ тарҷума шудааст, низ шомили китобҳои экстремистӣ кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин китобҳо ба ҷуз иқтибосҳои қуръонӣ (танҳо оятҳо) дигар ҳама навиштаҳояшон ҳамчун афкори экстремистӣ эътироф карда шудааст.

Дар сомонаи Вазорати адлияи Русия омада, ки ин кишвар дар асоси моддаи 13 Қонуни федеролӣ аз 25 июли соли 2002 № 114-ФЗ “Дар бораи мубориза ба фаъолиятҳои ифротгароёна”, банди 7-и Низомнома дар бораи Вазорати адлияи Федератсияи Русия, ки бо Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 13.10.2004 № 1313 тасдиқ карда шудааст, Вазорати адлияи Русия вазифадор мешавад, ки рӯйхати федеролии маводи ифротгароёнаро баррасӣ, нашр ва дар интернет паҳн намояд.

Гуфта мешавад, номҳо ва аломатҳои махсуси маводи иттилоотӣ ба рӯйхати федералии маводи ифротгароёна бо қарори суд ворид карда мешаванд.

Инчунин Вазорати адлияи Русия мегӯяд, қонуни Федератсияи Русия барои паҳнкунии оммавии маводи ифротгароёна, ки ба рӯйхати федералии маводи ифротгароёнаи нашршуда дохил карда шудааст, инчунин истеҳсол ё нигоҳдории онҳо бо мақсади паҳнкунии оммавӣ ҷавобгарӣ ба назар гирифтааст.

Аммо мақомоти Русия дар бораи ин ки маҳз ҳамин китобҳоро чаро ва бо кадом далил шомили рӯйхати китобҳои экстремистӣ ва китобҳои дорои маводи ифротгароёна кардааст, чизе намегӯяд.

Дар рӯйхати китобҳои дорои афкори экстремистидоштаи Вазорати адлияи Русия инчунин китобҳои зиёдеро дидан мумкин аст, ки бештарашон чоп ва ё таълифи шахсиятҳои барҷастаи кишварҳои исломиянд ва он китобҳо дар ҳеч кишвари дунё ҳамчун китоби дорои афкори ифротгароёна шинохта нашудаанд.

Таҷлили рӯзи поёни ишғол дар Афғонистон

0

Толибон рӯзи поёни ишғоли Амрико ва муттаҳидонашро дар майдони ҳавоии Багром, ки ба муддати 20 сол дар ихтиёри нерӯҳои хориҷӣ қарор дошт, ҷашн гирифтанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Бохтар“-и Афғонистон, имрӯз, 31-уми августи соли 2022, “мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, раисулвузарои Толибон дар барномаи таҷлил аз солрӯзи хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар майдони ҳайвоии Багром гуфтааст, ки бо омадани Толибон қатлу бамборон поён ёфт ва дар тамоми кишвар амният таъмин шуд.”

Аммо бар хилофи гуфтаҳои Охунд, дар давоми як соли ахир дар манотиқи мухталифи Афғонистон даҳҳо таркиш, амалҳои маргталабона, аз он ҷумла дар Қундузу Мазор, Кобул ва Қандаҳору Ҷалолобод анҷом дода шуд, ки дар асари онҳо садҳо нафар кушта ва маҷруҳ гардиданд.

Дар бархе аксу наворҳое, ки аз рафти баргузории паради ҳарбии Толибон аз ин маросим дар расонаҳо роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки садҳо нафар аз мотосиклсаворон, ки Толибон аз онҳо нерӯҳои “истишҳодӣ” (маргталаб) ном мебаранд, бо бардоштани парчами Аморати исломӣ қудратнамоӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ББС, муовини вазири дохилии Толибон гуфтааст, ки интиҳориҳо (маргталабҳо) “ифтихор”-и Толибон ва “шуморашон ҷузви асрор”-и ин ҳаракат аст.

Аз сӯи дигар сафорати Русия дар Вошенгтон бо таъна задан ба тавонмандиҳои низомии ИМА ва муттаҳидонаш ҳам бо нашри як матлабе дар саҳфаи худ гуфтааст, ки Амрико бояд эътироф кунад, ки дар ҷанги 20-солаи худ дар Афғонистон дар муқобили Толибон шикаст хӯрдаанд.

‏Гуфта мешавад, нимашаби 30-уми августи соли 2021 генерал Крис Донаху, фармондеҳи дивизияи 82-юми ҳавоӣ, дар фурӯдгоҳи Кобул савори ҳавопаймои борбари С-17 гардида, Афғонистонро тарк карда буд.

Ҳамзамон Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна (CENTCOM) 31-уми августи соли гузашта низ бо нашри аксе аз генерал Донаху эълон карда буд, ки вай охирин сарбози амрикоӣ аст, ки Афғонистонро тарк кардааст.

Толибон пас аз 20 соли набард бо нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш дар Афғонистон  15-уми августи соли 2021 дубора дар Кобул сари қудрат омаданд ва идораи давлатро ба даст гирифтанд. Аммо бо гузашти зиёда аз як соли ҳукмронӣ то ҳол ҳеч давлате ҳукумати онҳоро расман эътироф накардааст.

Таъсиси 156 ҳазор ҷои кори доимӣ дар 27 моҳ

0

Агнентии омори назди Президент мегӯяд, ки Ҳукумат дар муддати 2 солу 3 моҳи замони пандемия тавонист, ки зиёда аз 156 ҳазор нафарро ба ҷои кори доимӣ таъмин кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон 30-уми августи соли 2022 маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба қавли манбаъ, дар ин маҷлис зикр шуд, ки “дар давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид.”

Аммо оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки аксари ин ҷойҳои корӣ муваққатӣ ва ё мавсимӣ будаанд, на ҷойҳои кори доимӣ, ки корҷӯён ба хотири ҷамъ аз пайи зиндагии худ шаванд.

Инчунин дар маҷлиси дирӯзаи Ҳукумат таъкид гардид, ки “мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.”

Гуфта мешавад, маҷлисороёни ҳукумат дар ҳоле аз таъсиси беш аз 420 ҳазор ҷори кор дар замони авҷигирии коронавирус хабар медиҳанд, ки ба гуфтаи мақомоти андоз дар ҳамин давра ҳудуди сад ҳазор нафар аз соҳибкорони кишвар фаъолияти худро қатъ карданд ва он боис гардид, ки ҷамъоварии пул барои таъмини буҷаи ҷумҳуриявӣ бо камбуди молӣ рӯбарӯ шавад.

Падару писар дар маросими ифтитоҳи се мактаб ширкат карданд

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва писараш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар маросими ифтитоҳи бинои се мактаб дар шаҳри Душанбе ширкат карданд.

Имрӯз, 31-уми август дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки президент ва раиси шаҳри Душанбе ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 12, ки барои қабули 1,5 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, бинои нави мактаби рақами 12 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Инчунин падару писар дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии мактаби рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ширкат карданд.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Сино низ “Литсейи Умари Хайём” барои 1200 нафар хонанда дар як баст ба истифода дода шудааст.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи биноҳои мактабҳо, мағозаҳо ва ё корхонаву майдончаҳои варзишӣ барои Эмомалӣ Раҳмон ба як анъана табдил ёфта, ҳангоми сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар маросими пардабардорӣ ва ё кушодашавӣ мағозаҳо ҳам ширкат мекунад.

Вокуниши тоҷикистониҳо ба марги Михаил Горбачёв

0

Михаил Горбачёв, собиқ раҳбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ бар асари бемории тӯлоние дар синни 91-солагӣ дар Русия вафот кард.

Шоми дирӯз, 30-юми августи соли 2022 Михаил Горбачёв Сергеевич, 8-умин ва охирин раҳбари собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ дар бистари беморӣ ҷони худро аз даст дод. Вафоти ӯ вокунишҳои зиёдеро дар дунё, аз он ҷумла дар байни тоҷикистониҳо низ ба бор овардааст.

Фаъолони сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик вобаста ба шинохт ва бардоштҳои худ аз корномаи “меъмори бозсозӣ” дар солҳои 1985-1991 дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марг ва корномаи ӯ матолиби мухталифе нигоштаанд ва дар маҷмуъ метавон афкори онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кард:

а) Дар гурӯҳи аввал асосан онҳое дохил мешаванд, ки бо сароҳат аз шаҳомат ва барномаҳои кории Михаил Горбачёв, ки мунҷар ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ ва истиқололи 15 давлати узви он гардид, биноан аз ӯ ситоиш мекунанд.

б) Дар гурӯҳи дуввум аксар он идда аз русгароҳое шомил мешаванд, ки аз як нигоҳ, калонсолу аз сӯи дигар шефтаи низоми коммунистӣ ва як замоне ҳам муътақид ба он буданд, ки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ то абад боқӣ хоҳад монд, ба ин хотир аз вай танқид мекунанд.

в) Гурӯҳи сеюм, бо шумули президент Эмомалӣ Раҳмон ва дар асл онҳое ҳастанд, ки аз фурсатҳои фароҳам овардаи Михаил Горбачёв Сергеевич дар таъмин ва туҳфа кардани истиқлоли давлат то тавонистанд ба нафъ ва ё бар зарири мардум кор карданд, вале акнун пас аз маргаш бо ирсоли тасаллиятномаҳои хушку холӣ аз таърифу танқид аз худашон дарак дода, хитоб ба пайвандони вай мегӯянд, “дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.”

Бо ин вуҷуд, иддае ҳам вуҷуд дорад, ки ҳама бадбахтиҳо ва нокомиҳои худ дар замони 31 соли истиқлолро дар ватанашон бар дӯши Михаил Горбачёв партофта, борони танқиду ҳақоратҳоро низ болои ӯ раво донистаанд. Аз нигоҳи камият, афроди ин гурӯҳ, аз се гурӯҳи асосӣ, ки пештар дар бораи онҳо ишора шуд, теъдодашон зиёдтар аст. Ҷамъи онҳо асосан аз оммаи мардуми меҳнаткаше аст, ки дар ин 30 соли ахир аз ҳукуматдорони худ ҷабру зулми зиёд дидаанд.

Гуфта мешавад, Михаил Горбачёв, собиқ раҳбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар замони 6 соли раҳбариаш ислоҳоти иқтисодӣ ва озодиҳои шаҳрвандии зиёдеро барои мардум ба вуҷуд оварда буд.

Дар ин миён касоне, ки хостанд идораи давлатдорӣ дар кишварҳои худро ба нафъи миллатҳои худ анҷом диҳанд, бурд карданд, вале онҳое, ки мисли Тоҷикистон ҳузури худро аз зери сояи Русия дур кардан нахостанд, ҳамоно дар фақру тангдастӣ дасту панҷа нарм мекунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Ростиозмоии омори иқтисодии Тоҷикистон

0

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори беш аз 22,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Дар ин бора “Avesta” дар истинод ба мақомоти дахлдори блоки иқтисодӣ хабар медиҳад.

Акс аз сомонаи “donishju.net”

Ба қавли манбаъ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон, ба ҳисоби миёна беш аз 2,3 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ва мувофиқи маълумоти оморӣ, аҳолии кишвар дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ қариб 10 миллион нафар буд.

Ва инчунин дар хабар зикр кардида, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар зиёда аз 2,5 хазор корхонаи саноатӣ фаъолият мекард.

Танҳо назари сатҳие бар ин маълумот кифоя аст, ки аз чанд ҷиҳат дурӯғу муболиғанок будани маълумоти пешниҳодшуда аз тарафи мақомоти омориро нишон диҳад:
Аввалан, агар маблағи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ баробар бошад ва аҳолии кишвар 10 миллион бошад, пас ба ҳисоби миёна бар сари ҳар нафар 2,22 ҳазор сомонӣ рост меояд, на бештар аз 2,3 ҳазор сомонӣ, тавре мақомот иддао мекунад.

Сониян, агар 2500 корхонаи саноатӣ дар ҳаҷми 22,2 миллиард сомонӣ, ки аз рӯи қурби асъори имрӯза тақибан ба 2,18 миллиард доллар баробар аст, маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда бошанд, пас ҳар як корхонаи саноатӣ ба миқдори беш аз 8 миллиону 880 ҳазор сомонӣ, ё худ 870 ҳазор доллар маҳсулот истеҳсол кардааст. Албатта, корхонаҳое, ки қудрати ба ин ҳаҷм истеҳсол карданро доранд, дар кишвар ангуштшумор ҳастанд. Ҳамчун мисол, танҳо осиёҳои бузургҳаҷм, ширкатҳои истеҳсоли семент ва корхонаҳои коркарди пахта, корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, аз қабили тиллоро номбар кардан мумкин аст.

Гуфта мешавад, аксари корхонаҳое, ки дар омори расмӣ ҳамчун корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, сехҳои дӯзандагӣ мебошанд, ки баъид аст онҳо ба ин ҳаҷм маҳсулот истеҳсол кунанд.

Мақомот таъкид мекунад, ки ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта истодааст. Тибқи оморӣ расмӣ, дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38 миллиарду 826 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбати соли 2020 ба андозаи 22 дарсад ё 8 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Барои муқоиса, кишвари Чин, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, ки тамоми ҷаҳонро бо маҳсулоташ таъмин мекунад, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли пеш аз пандемия, яъне соли 2019 ба 5,7%, 2020 – ҳамагӣ 2,8% ва 2021, ки аксаран ба барқароршавӣ пас аз пандемия гуфта мешавад, ба 9,6% баробар будааст. Яъне, танҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии соли 2021 дар Тоҷикистон ба ҳисоби дарсад баробари сесола афзоиши истеҳсоли маҳсулоти Чин будааст.

Пӯшида нест, ки сабаби асосии чунин афзоиши истеҳсол зиёданависӣ, дурӯғу муболиғаи мақомот мебошад, вагарна чунин суръати афзоиши истеҳсолот ба некӯаҳволии мардум таъсири бевосита мерасонад.

Муҳаммад Раззоқӣ

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Михаил Горбачёв, меъмори ислоҳот даргузашт

0

Рӯзи сешанбе, 30-уми августи соли 2022 охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв дар умри 92-солагӣ дар бемористони марказии шаҳри Маскав даргузашт.

Ба гузориши расонаҳо, Горбачёв чанд вақти охир бо бемории музмине дасту панҷа нарм мекард ва ӯ то лаҳзаи охир дар бемористон бистарӣ буд.

Михаил Горбачёв ба унвони 8-ум ва охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад, ки бо барномаи “бозсозӣ”-яш ин иттиҳоди муташаккил аз 15 кишвар барҳам хӯрд.

Горбачёв соли 1985 пас аз сари қудрат омадан, даст ба ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ зад ва мақсади асосияш эҳёи иқтисоди варшикастаи кишвар ва мушкилоти мавҷудаи сиёсӣ буд. Аммо ин барнома соли 1991 мунҷар ба фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ гардид.

Сиёсатмадорони ҷаҳон ба хотири ин тарҳи бузурги иқтисодӣ ва сиёсияш аз ӯ ба унвони “меъмори ислоҳот” ёд мекунанд.

Замони ҳукмронии Горбачев дар шаҳрҳои Тбилиси, Душанбе, Рига, Боку, Вилнюс ва Алмаато ҳодисаҳои хунине ба вуқуъ пайваст. Ҳангоми саркӯби эътирозҳо дар ин шаҳрҳо мардуми зиёде кушта шуданд.

Душанбе, сентябри соли 1991. Эътирозгарон бо расми Горбачёв – онҳо ба дастгирии ӯ умед карданд, вале баъдан зери тир монданд.

Михаил Горбачёв 2-уми марти соли 1931 дар шаҳри Ставропол ҷануби Русия мутавваллид шудааст. Ӯ соли 1985 ба сари қудрат расид ва 24-уми декабри соли 1991 аз мақомаш истеъфо дод.