13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 411

Таҳдид: Пас аз Далеру Абдулло навбати Пирмуҳаммадзода аст?

0

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯяд, пас аз дарёфти таҳдидҳо ӯро тарсонда гуфтаанд, ки пас аз боздошт ва зиндонӣ кардани Далери Имомалӣ акнун навбати ӯст.

Имрӯз, 22-уми июни соли 2022, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик бо нашри наворе дар саҳфаи ютубиаш дар бораи таҳдидҳои ахир нисбат ба ӯ гуфт, “имрӯз тарс додаистодаанд, ки баъд аз Далер навбати ту аст, хомӯш бош!”

Ба гуфтаи вай, баъд аз боздошт ва тамошои охирин суҳбати Далери Имомалӣ, сахт аз “сохтор”, “бале балеҳо” ва “умедҳои бардурӯғ” дилмонда шудааст. Чун дар охирин мусоҳибае, ки рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар шабакаи ютубии “SM Sharipov” дошт Далер “бо умед аз волоияти қонун” мегуфт.  

Дар ин навор, ки Пирмуҳаммадзода хеле зиқ менамуд ва мегӯяд, ӯ ва Далери Имомалӣ дар ягон баромадашон нагуфта буданд, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба ҷону саломатии як рӯзноманигор таҳдид кунад ва онҳо инро надида буданд.

Дар идома Пирмуҳаммадзода аз таҳидҳои болояш омада мегӯяд ва таъкид мекунад, ки “аз имрӯз эътиборан ман дигар намегӯям, ки таҳдид нашудаам ва намешавам. Чун аллакай таҳдид ба шикастан, рехтан ва таҳдид ба таҳхонае рафтан шудам ва мехоҳанд бо ин маро тарс диҳанд”. Аммо ин рӯзноманигори шинохта дақиқ намегӯяд аз тарафи кӣ ё кадом сохтор ӯ таҳдид шудааст.

Пирмуҳаммадзода таъкид мекунад, ки ҳар корере ки анҷом додааст барои ислоҳи камбудиҳои ҷомеа будааст то мардум рӯ ба беҳбудӣ оваранд.

Инчунин Пирмуҳаммадзода меафзояд, болои ин ҳама таҳдидҳо,”фейкҳо” низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ба таҳдид гузашта, мехоҳанд ӯро бо равона намудан ба зиндон ва шиканҷа кардан, тарсонанд, то аз ин корҳояш даст бардорад.  Аммо Пирмуҳаммадзода мегӯяд ягона чизе, ки ӯро аз корҳояш боз медорад, ин марг аст.  

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ машғул аст.

Ёдовора мешавем, ки соли 2020 ӯ дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят карда буд, ки ин шикояти ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.  

Он замон вай дар муроҷиаташ ба Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ хитоб намуда, гуфта буд, ки агар мардумро ба ҷои кор таъмин карда наметавонед, пас бигузоред ҳадди ақал худашон ризқашонро пайдо кунанду нони меёфтаашонро аз даҳонашон кашида нагиред.

Афғонистон: Заминларза ҷони 280 касро гирифт ва 600 захмӣ ба ҷо гузошт

0

Дар натиҷаи як заминларзаи шадид дар шарқи Афғонистон садҳо нафар кушта, захмӣ ва ҳазорон каси дигар бесарпаноҳ монданд.

22-уми июни соли 2022 Хабаргузории давлатии Афғонистон “

Гуфта мешавад, дар байни қурбониёни ин ҳодиса занону кӯдакони зиёде низ вуҷуд дорад ва дар баъзе оилаҳои дигар бошад ба ҷуз як ё ду фарзанди хурдсоли онҳо дигар касе зинда намондааст.

Бар асоси маълумоти идораи зилзиласанҷии Амрико шиддати ин заминларза ба миқёси рихтер 6,1 балро ташкил дода, маркази он вилояти Хуст будааст. Таконҳои ин заминҷунбӣ дар минтақаҳои ҳамҷивор аз он ҷумла дар Кобул ва бархе ноҳияҳои наздисарҳадии Покистон низ эҳсос шудааст.

СММ: ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи раҳбарони Толибон

0

Кумитаи таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид вазири маориф ва муовини ӯ дар ҳукумати муваққати Толибонро аз сафар манъ кардааст.

Расонаҳои Афғонистон ба нақл “Франс Пресс” иттилоъ додаанд, ки Кумитаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, вазири маориф ва Саид Аҳмад Шаҳидхел, муовини вазири маорифи ҳукумати муваққати Толибонро аз сафар кардан ба хориҷ манъ кардааст.

Ба қавли манбаъ, Кумитаи таҳримҳои СММ далели ҷорӣ кардани ин таҳримҳоро алайҳи вазири маориф ва муовини он дар бастагӣ ба манъ кардани таҳсилоти духтарон дар Афғонистон қаламдод кардааст.

Аммо Кумитаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид розӣ шуда, ки муҳлати муъофияти 13 мақоми баландпояи Толибонро барои се моҳи дигар тамдид кунад.

Гуфта мешавад, Толибон 15-уми августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон қудратро дар Кобул ба тасарруфи худ дароварданд, вале бо гузашти беш аз 10 моҳ то ҳол бо далелҳои мухталиф, аз он ҷумла, манъи таҳсили духтарон, ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

12,5% коҳиш ёфтани воридоти орд ба Тоҷикистон

0

Дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ воридоти орд ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 12,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 330 ҳазор тонна гандум ба маблағи 102 миллион доллар ворид шудааст.

Корхонаҳои тавлиди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридшуда аз Қазоқистон истифода мебаранд. Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди як миллион тонна гандум ворид мекунад, ки беш аз 99 дарсади он аз Қазоқистон мебошад.

Инчунин афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 11 дарсадро ташкил дода, ҳоло як халта орди 50 кг аз 380 то 400 сомонӣ арзиш дорад.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир Русия ва Қазоқистон содироти гандум ба хориҷро маҳдуд кардаанд ва ба гуфтаи бархе коршиносон яке аз сабабҳои боло рафтани қимати орд ва ғалла дар Тоҷикистон низ бастагӣ ба ҳаҷми воридоти он доранд.

Таъсиси коргурӯҳи муштараки амнияти Тоҷикистон ва Эрон

0

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба Тоҷикистон сафар карда ва бо Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

20-уми июни соли 2022 расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, муъовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвари Эрон барои ширкат дар нахустин нишасти “коргурӯҳи муштарки  амнияти Эрон ва Тоҷикистон” ба Душанбе сафар кардааст ва дар ин сафар бо Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикситон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ҳамзамон сомонаи ВКД-и Тоҷикистон низ аз дидори Рамазон Раҳимзода бо ҳайати эронӣ хабар дода ва ҳадафи сафари ин ҳайати Эронро амалӣ намудани созишномаҳои қаблан ба имзорасида байни ду кишвар унвон кардааст.

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, “ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд ва хостори зудтари амалишудани тавофуқоти сарони ду кишвар дар дидори ахири онҳо шуданд”.

Гуфта мешавад, Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, муъовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвари Эрон коргуруҳи муштараки амниятии ду кишварро боиси таҳкими амнияти ду кишвар ва хунсо шудани таҳдидҳои ду миллат донист ва бар иродаи ҷидди тарафи эронӣ барои иҷроӣ шудани тавофуқҳо ва фармонҳои сарони ду кишвар барои тақвияти равобит дар ҳама заминаҳо такид кард.

Самарқанд мизбони сарони давлатҳои узви СҲШ мешавад

0

Нишасти навбатии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) на дар Тошканд, балки дар шаҳри Самарқанд багузор мегардад.

Акс аз манбаъҳои боз

20-уми июни соли 2022 рӯзномаи “Ҷумҳурият“-и Тоҷикитсон хабар дод, ки рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти раёсати Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯҳои ин нишаст “иттиҳод ва ҳамбастагӣ” буда, “шаҳри Самарқанд ба сифати рамзӣ барои баргузории ин нишасти бонуфуз интихоб шудааст, зеро он шаҳри тамаддунофар ва дорои таърихи қадима мебошад.”

Инчунин дар назар аст, дар ин нишаст Ҷумҳурии исломии Эрон, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба сифати узви нозир дар СҲШ пазируфта шуда буд, имсол дар шаҳри Самарқанд санади узви комилҳуқуқ будани ин созмони минтақавиро дарёфт хаҳад кард.

Гуфта мешавад, Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15-уми июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин аз таъсиси худ дарак дод ва нишастҳои Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ин созмон соле як маротиба ба навбат дар кишварҳои узв баргузор мегарданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд имтиҳони забони русиро даҳонӣ супоранд

0

Вакилони парлумони Русия мегӯянд, надонистани забон боиси мушкилӣ дар ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеа шудааст.

20-уми июни соли 2022, Виктор Смирнов, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба маориф ба рӯзномаи расмии парлумони Русия гуфт, санҷиши дониш ва маҳорати сухангӯӣ бо забони русӣ дар Русия аз сабаби мушкилӣ дар ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеа ба миён омад ва ин амр вакилони парлумонро водор карда, ки ба қонунгузории ҷорӣ ислоҳот ворид кунанд.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия пешниҳод карда буд, ки ба тартиби супоридани имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйирот ворид карда шавад. Смирнов таъкид кард, ки аз соли 2023 барқароршавии бозори меҳнат пешбинӣ шудааст.

Ба гуфти вакили парлумон, шахсе, ки барои дарёфти патент ё иҷозаи корӣ дар Русия қарор дорад, бояд дониши ҳадди ақалро дошта бошад, ки дар кадом ҷомеа будани худро дарк кунад.

«Омӯхтани забон худ як раванди тарбиявӣ низ ҳаст. Донистани забон барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ зарур аст. Ба назари ман, Вазорати маориф ва илм чизеро тағйир надодааст. Аммо илова бар имтиҳони хаттӣ, ҳатман бояд имтиҳони даҳонӣ низ бошад”, – таъкид кард Смирнов.

Гуфта мешавад, имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар се дараҷа гузаронида мешавад: барои гирифтани иҷозатномаи корӣ ё патент (дараҷаи 1), иҷозаи иқомати муваққатӣ ё “РВП” (дараҷаи 2), иҷозаи иқомати доимӣ ё “ВНЖ” (дараҷаи 3).

ВКХ: “Селфӣ” ё намоиши тағйири ранги парчамҳо

0

Вазорати корҳои хориҷӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳукумат ва хилофи Сарқонуни кишвар ранги Парчами давлатии Тоҷикистонро тағйир додан мехоҳад.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

20-уми июни соли 2022, вақте

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар замони раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин ин бори аввал нест, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафоратхонаҳои кишварамон ранги Парчами давлатӣ тағйир дода мешавад, балки чанд моҳ қабл чунин корерор сафорати Тоҷикистон дар Вена низ анҷом дода буд.

Гуфта мешавад, “Парчам (байрақ)-и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами – байрақи Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх (аз ҳама боло), сафед (дар мобайн) ва ранги сабз (аз ҳама поён) мебошад, ки таносубашон  мутаносибан 2:3:2. Мебошад.

Дар байни парчами Тоҷикистон расми тоҷи тиллоии дорои 5 қуллаи нимдавраи ситорадор ҳаст. Соли 2019 рӯзи таҷлили рӯзи парчам ба рӯзи истироҳатӣ – яъне якшанбе рост меояд.”

Амрико ҳавопаймоҳои ҷангии Афғонистонро ба Тоҷикистон ҳадя мекунад

0

Ба гузориши

Ин ҳавопаймоҳои ҷангӣ аз ҷониби Амрико ба нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳадя шуда буданд ва рӯзи суқути Кобул ба дасти Толибон, халабонҳои афғонистонӣ бо ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карданд.

Толибон борҳо аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархости бозгардонидани ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро кард, вале Амрико мегӯяд ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳоро ба Толибон, ки ҳукумати Афғонистонро дар даст доранд, бозпас намедиҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои марказии ИМА генерал Майкл Курилла ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон боздид кард ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ дошт.

Зимни ин вохӯрӣ генерали амрикоӣ гуфта буд, умед дорад ҳама, ё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон дода мешаванд. “Ман намедонам, ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем” – мегӯяд Майкл Курилла.

Бар асоси маълумоти сомонаи “Avia.pro”, беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15 август ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, халабонони собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интиқол даданд.

Ҳамкории Толибон бо ДИИШ дар ҷанг алайҳи фармондеҳ Маҳдӣ Муҷоҳид

0

Толибон дар ҷанг алайҳи мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазоратобри пешини Аморати исломӣ дар вилояти Сари Пули Афғонистон аз нирӯҳои ДИИШ кумак гирифтаанд.

вулусволии Балхоби вилояти Сари Пул. Акс аз 8 Субҳ

Имрӯз, 20-уми июни соли 2022 рӯзномаи 8 Субҳи Афғонистон хабар дод, ки вақте нирӯҳои ӯзбактабори Толибон аз ҷанг кардан бо малавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар вилояти Сари Пул худдорӣ карданд, Толибон аз нирӯҳои ДИИШ кумак хостааст.

Ба гуфта ин рӯзнома, Толибон вулусволии Балхоб, ҷое фармондеҳи ҳазоратабор мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид сангар гирифтааст, аз се тараф муҳосира кардаанд.

Манобеи маҳаллӣ дар суҳбат ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки шаби гузашта нирӯҳои ДИИШ дар ҳамоҳангӣ бо Толибон аз самти вилояти Ҷузиҷон ба Балхоб ҳамла карда, ҳудуди се соат ин ҷанг идома доштааст.

Нирӯҳои таҳти сайтараи фармондеҳ мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар атрофи вулусволии Балхоби камарбандӣ амниятӣ таъсис дода, ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаҳои навбатии Толибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Гуфта мешавад, мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар гузашта яке аз фармондеҳони содиқ ба Аморати исломӣ буд, вале ахиран вақте Толибон раҳбари ҳазоратабори зодгоҳашро барканор ва ба ҷои он як паштутаборро гумоштан хостанд, эътироз кард ва тайи беш аз як ҳафтаи ахир ин эътирози онҳо ба ҷанг ва сангаргирӣ табдил ёфтааст.  

Ин ҳам дар замоне, ки тамоми раҳбарони қавми ҳазора берун аз саҳнаи сиёсии Афғонистон қарор доранд, истодагарии мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи Толибон то рафт ба яке аз намодҳои ҳақталабӣ барои ин қавм ва дар умум ба дигар қавмҳо табдил мешавад.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омадани худ пайваста талошт доранд, ки тамоми курсиҳои раҳбарӣ ва асосиро дар шаҳру вилоятҳо ба паштуборон бидиҳанд ва ин сиёсати қавмгароии онҳо боис шудааст, ки норизоӣ дар сафҳои қавмҳои ғайри пашту, аз он ҷумла тоҷикҳо, ӯзбакҳо ва инак ҳазораҳо афзоиш ёбад.