27.5 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 466

Оғози даври сеюми воксинагирӣ дар Фаронса

0

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки зоҳиран барои пиронсолон ва нафарони осебпазир вояи сеюми ваксина аз коронавирус лозим мешавад. Макрон дар ин бора дар Инстаграми худ хабар дод.

Президенти Фаронса мегӯяд, ки “мо метавонем гузаронидани вояи сеюми ваксинаро аз аввали тирамоҳ шурӯъ кунем”.

Қаблан ҳукумати Фаронса гуфта буд, ки мавҷи чоруми пандемия тамоми кишварро фаро гирифтааст. Тибқи маълумоти охир, дар Фаронса 6 миллиону 26 115 нафар ба коронавирус сироят ёфта, 111 ҳазору 695 бемор фавтидаанд.

Макрон инчунин тавсеаи рӯйхати ҷойҳоеро эълон кард, ки танҳо бо пешниҳоди “шиносномаи саломатӣ”(ҳуҷҷате, ки воксин гирифтани шахсро бар зидди коронавирус тасдиқ мекунад) ворид шудан мумкин аст. Илова бар ин, раҳбари Фаронса ҳушдор дод, ки бархе аз категорияҳои шаҳрвандон бечунучаро эм хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбеи гузашта дар саросари Фаронса, беш аз 200,000 нафар дар тазоҳурот алайҳи нақшаҳои ҳукумат барои тавсеаи эътибори шиносномаҳои саломатӣ (COVID-паспортҳо) ширкат карданд.

Сарфи назар аз эътирозҳои қаблӣ, шаби 26-уми июл парлумони Фаронса қонунеро тасвиб кард, ки муаррифии “шиносномаи саломатӣ” -ро дар тарабхонаҳо ва сафарҳои дохилӣ дар саросари кишвар талаб мекунад ва инчунин ҳамаи кормандони тибро ба ваксинзанӣ водор мекунад.

Эммануэл Макрон дар ҳоле аз вояи сеюми ваксина мегӯяд, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи чоршанбеи 4-уми август даъват кард, ки ҳадди ақал то охири моҳи сентябр задани ваксинаҳои иловагиро бар зидди COVID-19 қатъ кунанд.

Бо вуҷуди авҷ гирифтани мавҷи ҷадид дар Тоҷикистон мақомот табибонро ба масҷидҳо мефиристанд, то баъди намози ҷумъа мардумро маҷбурӣ ваксина бизананд. Ҳолатҳое ҳам дар кишварамон сабт шудааст, ки табибон дар ба дари хонаҳои мардум гашта, аз шаҳрвандон илтимос мекунанд, то ваксина бигиранд.

Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, то кунун бештар аз ним миллион нафар ваксина гирифтаанд. Тибқи оморҳои расмӣ аз моҳи апрели соли 2020 то 2-юми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар аз 15 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 121 нафар аз ин беморӣ фавтиаанд. Омори расмие, ки бисёриҳо ба он шубҳа доранд.

Ҳамла ба хонаи вазири дифоъ

0

Шаби сешанбе ба чоршанбе ба хонаи вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа 8 кушта бо шумули як нигаҳбони вазири дифоъ ва 20 нафар захмӣ шуд.

Вазорати дохилаи Афғонистон дар изҳороташ гуфт, ҳамлаи мазкур рӯзи сешанбе соати 8-и шаб ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Шерпури маҳаллаи даҳуми амниятии шаҳри Кобул рух дод. Тибқи иттилои Вазорати дохила дар назди хонаи вазири дифоъ нахуст мошини бобмгузоришуда бо миқдори зиёди маводи тарканда метаркад, сипас чаҳор муҳоҷим бо нигаҳбонон даргир мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми таркиш оқои Муҳаммадӣ ва хонаводааш дар хона ҳузур надоштанд. Ҳамчунин дар ҳамсоягии оқои Муҳаммадӣ низ хонаи чанд вакили парлумони Афғонистон осебҳои зиёд дидаанд.

Тибқи манобеи маҳаллӣ, пас аз таркиш нерӯҳои амниятӣ ба макони ҳодиса расиданд ва даргирӣ байни муҳоҷимон ва нерӯҳои амниятӣ то аз по даровардани муҳоҷимон ба муддати 5 соат тӯл кашидааст.

Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки ин оғози ҳамлаҳо ба шаҳри Кобул ва шахсиятҳои калидии Афғонистон аст. Толибон гуфтаанд, ки дар хонаи вазири дифоъ ҷаласае бо ҳузури Аҳамади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд мегузашт, ки онро ҳадаф қарор дода буданд. Вале манобеъ мегӯянд, дар хона касе набудааст.

Ин таркиши мудҳиш дар минтақаи сабзи амниятии Кобул суолҳоеро дар зеҳни мардум халқ карда, ки ҳамла дар ин минтақа чӣ гуна сурат гирифтааст?

Раҳимзода аз боздошти аъзои ПМТ хабар доду Кабирӣ рад кард

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар шашмоҳи аввали соли ҷорӣ ду сӯиқасди бо амали террористӣ ва як амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби ҲНИТ ва ДОИШ амалӣ шудаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ (ПМТ) ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ин иддаои вазирро рад карда гуфт: ин як таблиғоти ҳукумат ва сӯиистифодаи мақомот аст, мо дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое на аз ПМТ ва на ҲНИТ надорем.

Инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 4-август зимни нишати хабарии ниҳодаш гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян ва ошеор карда шудааст.

Тибқи гуфтаи вазир танҳо давоми шаш моҳ 3301 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар пайгарди расмӣ қарор дода шудааст.

Ҳафиззода Шодӣ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳия Ваҳдат, як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва як амали террористӣ дар шаҳри Исфара пешгирӣ карда шудааст.

Бино ба маълумоти сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамаи ин амалҳо аз ҷониби аъзои ҲНИТ ва ДОИШ иҷро шудаанд. Аммо дақиқ гуфта нашуд, ки кадоме аз ин ҷиноятҳоро аъзои ҲНИТ ва кадомеро ДОИШ амалӣ кардан мехост.

Инчунин вазири корҳои дохилаи кишвар зимни суханронияш дар ҳузури хабарнигорон аз боздошт шудани 143 нафар бо гумони террористӣ хабар дод.

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” – 2 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 18 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 14 нафар.

Бори аввал аст, ки аз боздошти аъзои ПМТ дар нишасти матбуотӣ хабар дода мешавад. Аммо то кунун хабаре дар бораи дастгир шудани аъзои ПМТ дар расонаҳо нашр нагардида буд. Вазорат ҳам ному насаби онҳоро нагуфт.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо “Аздо тв” дастгир шудани аъзоёни худро рад кард. Ӯ ин изҳороти вазорати дохиларо таблиғоти ҳукумат донист ва афзуд, ки дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое надоранд.

“Мақомоти кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ҷомеаро дар ҳолати тарсу фишор нигаҳ бидоранд ва натанҳо ҳизбу созмонҳои марбут ба мо, балки бисёре аз ҳизбу созмонҳои дигаре, ки дар рӯйхати созмонҳои мамнуъ ворид шудаанд, пайваста аз номи онҳо шаҳрвандонро парванда боз мекунанду зиндонӣ мекунанд ва суиистифода аз ин рӯйхатҳо мешавад.”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ дар идома афзуд, ки ҳамеша дар арафаи афвҳо мақомот ин гуна парвандаҳоро зиёд боз мекунанд. Ба назари Раҳбари ПМТ мақомот аз чунин корашон ду фоида ба даст меоранд: яке ин ки дар омор нишон бидиҳанд, ки мақомот фаъолият мекунад ва давоми як сол ҷиноятҳои зиёдеро ошкор карда тавонист, фоидаи дуюм ин аст, ки аз нафарони боздоштшуда маблағҳои зиёдеро дар ҳама марҳила меситонанд, ки ин ба нафъи мақомот аст.

Дар умум созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро борҳо ба он муттаҳам каданд, ки бо баҳонаи терроризм ва экстремизм нафарони зиёди бегуноҳеро боздошт ва равонаи зиндон мекунад, ки дар асл баъзе аз онҳо нисбати он гурӯҳ ва ё ҳаракат ҳатто маълумоти ибтидоӣ ҳам надоранд. На номи он гурӯҳҳоро медонанд ва на аз барномаҳои онҳо хабар доранд.

Литва муҳоҷирони ғайриқонуниро бозпас мефиристад

0

Бо қарори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Литва тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ бозпас фиристода мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Литва хабар медиҳад.

Агне Билотайте сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи давлатии Литва ба ҳама муассисаҳое, ки ҳифзи сарҳади ин кишварро таъмин мекунанд, дастур дода, ки бояд барои муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Литва тамоми чораҳои заруриро андешанд ва барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Литва шароит фароҳам наоранд.

Билотайте мегӯяд, сарҳади Литва бояд бо ҳама воситаҳои қонунӣ аз ҳама гуна убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ муҳофизат карда шавад. Инчунин афзуд, Хадамоти марзбононии давлатӣ вазифадор ҳаст, ки дар чунин ҳолатҳо аз чораҳои тактикӣ истифода барад.

“Шахсоне, ки қасдан ва дидаву дониста ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро дар ҷойҳои мамнӯъ қасди убур мекунанд, бояд ҷинояткор дониста шаванд”, – мегӯяд Агне Билотайте.

“Дар Литва раванди пешниҳоди дархости паноҳандагӣ мавҷуд ҳаст, ки онро метавон тавассути убури қонунии сарҳад ва риояи талаботи байналмилалӣ ба даст овард”, таъкид шудааст дар қарор.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Литва, Габриелиус Ландсбергис низ аз муҳоҷирон даъват карда буд, ки дар омадан ба Аврупо роҳҳои қонуниро биҷӯянд, дар ғайри он муҷирим шинохта шуда, бозпас фиристода мешаванд.

Инчунин вазир сабаби зиёд шудани шумораи муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки дар ин кишвар ба як буҳрон печидааст, Беларусро гунаҳкор ҳисобида президент Лукашенкоро ба қоҷоқи ғайриқонунӣ муттаҳам донист.

Охири моҳи май президенти Беларус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба фишори Арвупо ба Минск (пас аз ҳодисаи ҳавопаймои “Ryanair”) суст мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Литва, аз аввали соли ҷорӣ 3832 муҳоҷир ғайриқонунӣ аз марзи Беларус ба хоки Литва ворид шудаанд, ки назар ба соли 2020 якчанд маротиба зиёдтар аст.

Мақомоти Литва ҷалби муҳоҷирони ғайриқонуниро усули ҷанги гибридӣ аз сӯи Беларус ба Иттиҳоди Аврупо номид.

Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии Литва, ки Хадамоти марзбонӣ тобеи он аст, дирӯз 3 – август ҳудуди 180 муҳоҷирро, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ироқ ҳастанд, ба сарҳади Беларус бозпас гардонида шуданд.

ВКД: Иззат Амон боздошт не, депорт шудааст

0

4-уми август, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи кишвар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, Иззат Амон аз Русия боздошт ва истирдод нашуда, балки ӯро ба сабаби мушкил доштан дар асноди будубошаш ба Тоҷикистон ихроҷ (депорт) карданд.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки алайҳи Иззат Амон беш аз даҳ нафар шикоят кардаанд ва дар асоси шикояти мардум ӯ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Вазир афзуд, ки парвандаи Иззат Амон дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.

Масъалаи боздошт ва истирдод нашудани Иззат Амон дар ҳоле аз забони вазири корҳои дохила садо медиҳад, ки аксари расонаҳо, ҳуқуқшиносон ва ҳатто наздиконаш гуфтанд, ки Иззат Амон ба хотири фаъолиятҳояи ҳуқуқӣ ва сиёсияш бо дархости Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Иззат Амон 25 моҳи марти соли ҷорӣ дар Русия нопадид ва як рӯз баъд аз Тоҷикистон пайдо шуд. ВКД рӯзи 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия буд, ки аз соли 2000 дар Маскав кору зидагӣ карда ва солҳо аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард. Ӯ ахиран ба мақсади кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” боз кард ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ мерасонд.

ДССХ: Диссернет иштибоҳ мекунад

0

Муовини ректор гуфт, ки Диссернет кори худашро кардан мегирад, мо ба иддаои он дода намешавем. Мо садо баланд карда мегӯем, ки Диссернет иштибоҳ кардааст.

4-уми август, Исломбек Хоркашев, муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат оид ба илм ва инноватсия дар вокуниш ба расонаӣ шудани хабари марбут ба асардуздии ректори ин донишкада дар суҳбат ба Аздо тв гуфт: “Диссернет чанд сол шуд иштибоҳ мекунад, мо ба гуфтаҳои Диссернет ва ғайра дигар дода намешавем.”

Муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат афзуд: “Диссернет кори худашро кардан мегирад. Вақте як кори ободкорӣ, ки кардӣ ва саҳми муносибе, ки гузоштӣ дар ҷомеа душман зиёд мешавад, барои ҳамин ( ба иддаои) душманон мо дода намешавем.”

Вай дар бораи фошкориҳои Диссернет таъкид кард: “Ҳоҷат надорад, киро надорад аз забони вай (ректор) садо диҳад, ин хел норӯшанфикрон, ин хел бадбинон, бадхоҳон зиёданд, мо садо баланд карда мегӯем, ки (Диссернет) иштибоҳ кардааст.”

29-уми июл пойгоҳи Диссернет иттилоъ дод, ки Асроров Убайдулло Сатторович (Асрорзода Убайдулло), ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон дар рисолаи номзадии илмҳои иқтисодии худ, ки 2011 зери унвони “Бозори озуқаворӣ ва такмили механизми танзими давлатии он (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (Продовольственный рынок и совершенствование механизма его государственного регулирования (на материалах Республики Таджикистан) ҳимоя кардааст, дар 57 сафҳа аз кори Галина Зинчук ва дар 36 сафҳаи дигар аз кори Александ Васютин қисман ва ё пурра рӯбардорӣ кардааст.

Тибқи таҳқиқи Диссернет, Асрорзода Убайдулло дар ин рисолаи худ, ки аз асарҳои дигарон рӯбардор кардааст, “Федератсияи Русия”-ро ба “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “минтақаҳои шимоли дур”-ро ба “минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ”, “бозори ғалла”-ро ба “бозори озуқаворӣ”, “ғалладона”-ро ба “хӯрок” ва ё “маҳсулот” табдил кардааст.

Тайи чор  соли ахир пойгоҳи таҳқиқоти интернетии Диссернет ҳудуди 50 рисолаи олимони тоҷикро таҳқиқ ва муаллифони онҳоро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале аз байни ин афрод танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино расман ба он вокуниш нишон додааст.

ВКД: Қотили асосӣ нопайдо, вале даҳҳо бегуноҳ зиндонӣ

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш рӯзи 4-уми август гуфт, ки нисбати ҷинояти куштори 4 нафар аз як оила дар ноҳияи Ҷайҳун ду нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш дастгир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки вазорат дар омораш аз дастгир шудани 143 нафар бо гумони афроди вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ давоми шаш моҳи ахир хабар дод, вале аз ин ҷинояти мудҳиш ду моҳ мегузарад ҳанӯз қотили он мушаххас нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 12-уми июни соли ҷорӣ ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа, худи ӯ ва се фарзанди ноболиғаш ба қатл расонида шуданд. Аммо ҳамсари ӯ, Латофат Азизова бо писараш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд. Сабабҳои ин куштори мудҳиш то ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Ҳодисаи мазкур баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои мухталифи ҷомеа ба бор овардааст. Баъзеҳо маъмурони милиса ва тафтишотиро ба нотавонӣ муттаҳам намуда, мегӯянд, ки нерӯҳои интизимоӣ ва тафтишотӣ дар кашфи ин ҷиноят оҷиз мондаанд, аммо даҳҳо ва садҳо нафари бегуноҳро бо иттиҳоми террористӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Мубталошавии беш аз 300 нафар дар Токио-2020

0

Сатҳи баландтарини сироятёбӣ ба коронавируси SARS-CoV-2 дар Олимпиадаи Токио-2020 ба қайд гирифта шуд.

Дар давоми 24 соат 29 нафаре, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок доштанд, ба он сироят ёфтаанд. Дар ин бора рӯзи 4- август дар гузорише дар сомонаи кумитаи тадорукоти Токио-2020 нашр шудааст, менависад DW.com.

Дар байни мубталоён ба коронавирус 4 варзишгар низ ҳастанд. Шумораи умумии нафароне, ки дар мусобиқа иштирок кардаанду ба коронавирус гирифтор шудаанд, ба 322 нафар расид.

Бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Токио, режими фавқулодда то 31 август тамдид карда шуд. Дар он аз ҷумла, манъи фурӯши машрубот дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва маҳдуд кардани қабули тамошобинон ба чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст. Худи Олимпиада дар пойтахти Ҷопон бидуни тамошобин мегузарад.

Боздошти корманди Агентӣ бо гувоҳномаи сохта

0

Хусрав Бобохонзода, сокини 34-солаи шаҳри Истаравшан аз ҷониби маъмурони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ дастгир шуд. Дар ин бора Ридои Озодӣ аз қавли сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба гуфтаи сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд Шараф Аваззода, Хусрав Бобозода худро маъмури Агентии зидидфасод муаррифӣ карда, давоми як сол барои ҳалли мушкилоти сокинон аз онҳо “тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст”.

Сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд рӯзи 3 июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш вуҷуди чунин кормандеро дар ниҳодашон рад кард.

Айни замон ин сокини шаҳри Истаравшан дастгир шуда, нисбаташ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст. “Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем.”, афзуд Шараф Аваззода.

Ба иттилои Агентии зидди фасод, Хусрав Бобозода дар давоми як сол дар панҷ ҳолат 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале масъулини ин ниҳод шарҳ надоданд, ки гувоҳномаи ин сокини Истаравшан ҳақиқӣ буд ё сохтакоришуда.

Дар Тоҷикистон шахсони алоҳида бардурӯғ худро корманди сохторҳои қудратӣ муаррифӣ кардану аз мардум маблағҳои ҳангуфт гирифтан бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, соли 2018 додгоҳи Хуҷанд Дилшод Тошмуҳаммадови 32-соларо дастгир карда буд, ки ӯ худро маъмури милиса муаррифӣ карда, аз наздикони чаҳор маҳбус бо ваъдаи раҳоии онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Пас аз боздошт додгоҳ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Таъйини намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистону Туркманистон

0

Бонки ҷаҳонӣ 2-юми август Озан Севимлиро ҳамчун намояндаи доимии худ дар Тоҷикистон ва Туркманистон таъйин кард. Ӯ дар ин мақом Ян-Петер Олтерсро, ки аз моҳи апрели соли 2017 иҷрои вазифа мекард, иваз намуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ (НБҶ) дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои НБҶ, Озан Севимли аз соли 2005 ҳамчун корманди бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ аз соли 2019 то 2021 ҳамчун намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ямайка ва Гайана фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ аз оғози пандемия дар соли 2020 ба Тоҷикистон барои мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ 32,5 миллион доллари ИМА кумак расондааст. Ин кумакҳо бештар барои дастгирии хонаводаҳои камбизоати кишвр равона шуда буд, аз ҷумла 8,63 млн доллари он барои эмкунии гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ зидди COVID-19 ҷудо шуда буд.