30.4 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 479

Омодагии СММ барои ироаи кумакҳои техникӣ

0

Нооромиҳои Афғонистон дар манотиқи назди сарҳдӣ бо Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳидро нигарон кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид омодагии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони Тоҷикистон эълом кардааст. Дар ин бора Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гузориши ин манбаъ, дирӯз, 6-уми июл Ашита Миттал, Намояндаи минтақавии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC) бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳимзода мулоқот карда, аз вазъи ба вуҷуд омада дар сарҳад ибрози нигаронӣ кардааст.

Дар ин мулоқот «ҷонибҳо ҳамчунин аз раванди рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.»

Нооримоҳо дар Шимоли Афғонистон ва пешравии нерӯҳои Ҳаракати Толибон дар ин кишвар ҳукумати Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. 5-уми июл Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётӣ ба марз фиристод шавад.

Тоҷикистон аз соли 1991 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст ва ҳамзамон дар рафти музокироти сулҳ Тоҷикон дар солҳои 1993-1997 СММ яке аз кафилони сулҳ дониста мешавад.

Ширкат накардани Рустами Эмомалӣ дар ҷанозаи бибиаш

0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар маросими ҷанозаи модарбузургаш ширкат накард.

Ба гузориши “Бомдод”, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон то ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар вилояти Хатлон барои видоъ бо бибиаш Узбекбӣ Асадуллоева рафт, вале дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат накардааст.

Узбекбӣ Асадуллоева, ки дирӯз бо нишонаҳои коронавирус дар бемористони маъруф ба “клиникаи Мансуров”-и шаҳри Душанбе дар синни 88-солагӣ дунёи фониро тарк кард, субҳи имрӯз дар ҷамоати “Наврӯз”(собиқ Чапаев) ба хок супорида шуд.

Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва молики ширкати “Сомон-Эйр”, ки додараруси Эмомалӣ Раҳмон ва писарбузурги марҳума Узбекбӣ Асадуллоева аст, бо фарзандону бародарон ва наберагони майит аз иштирокчиёни асосӣ дар ин маросим унвон шудаанд.

Гуфта мешавд, дар маросими ҷанозаи марҳума ҳудуди 7 ҳазор нафар ширкат карда, намози ҷаноза бо имоматии раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаноби Саидмукаррам Абдуқодирзода баргузор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи як даҳсолаи ахир ҷузъе аз сиёсатҳои режимашро алайҳи намодҳо ва арзишҳои исломӣ равона кардааст, дар аксар маврид не дар маросими ҷанозаи наздикону пайвандонаш ширкат мекунад ва на расман ба онҳо таъзия мефиристад.

Ширкат накардани Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон дар маросими ҷанозаи модарбузургашро бархе ҳолдонҳо ба ду иллат рабт медиҳанд:

яке тарс ва дигаре надонистани тарзи дурусти намоз хондан.

Роҳхати писари Бег Сабур ва 10 варзишгари дигари тоҷик ба Токио-2020

0

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон писари дуюми Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Сиёвуш Зуҳуров “тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро пайдо намуд”.

Дар хабари Кумитаи олимпӣ омадааст, ки бо сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи радабандӣ тақсим намуда, яке аз онҳо насиби Сиёвуш Зуҳуров гаштааст.

Гуфта мешавад, Сиёвуш 11-умин варзишгари тоҷик аст, ки ба бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат меёбад. Пеш аз ин Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ба олимпиадаи Токио-2020 роҳхат пайдо карда буданд.

Падари Сиёвуш Зуҳуров, Бег Сабур раиси Хадамоти алоқа ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки дар гузашта гапҳо ва тасмимҳои баҳсбарангезаш расонаӣ шуда буд.

Бозиҳои олимпии Токио – 2020 бояд соли гузашта баргузор мегардид, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус он ба як соли баъд гузошта шуд.

Моҷарои “Кӯлобии гавсавор” то ба КДАМ расид

0

Саломиддин Мирзораҳматов, яке аз мубаллиғони режими Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Саъдӣ Маҳдӣ, директори Академияи воситаҳои ахбори омма ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шикоят кардааст.

Саъдӣ Маҳдӣ, пештар декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буд ва ӯ низ аз таблиғгари сиёсатҳои режими Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст, дар гурӯҳи фейсбукияш “Ормонҳои Миллӣ” хабар дод, ки Саломиддин Мирзораҳматов “ба унвони Раиси КДАМ мактуб навишта, талаб дорад, ки моро ҷазо диҳад”.

Вай илова мекунад: “Ҳама гап сари ҳамон 4 мисраи Давлат Сафар буд. Баъди баҳси зиёд ва тарафдор наёфтанаш, як муддате хомӯш буд. Фикр кардем, ки мӯйсафеди 70-сола ором шудааст! Аммо ҳайҳот, имрӯз ин кас ба унвони Раиси КДАМ мактуб навишта, талаб дорад, ки моро ҷазо диҳанд. Ин кас, ки худро журналист меҳисобад, аз раиси ниҳоди амниятӣ талаб дорад, ки сензура ҷорӣ кунад!

Баҳс аз он оғоз шуд, ки Саъдӣ Маҳдӣ рубоиеро аз Сафар Давлат, собиқ сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар гурӯҳи фейсбукии “Ормонҳои Миллӣ” ба нашр расонд, ки боиси вокуниши Саломуддин Мирзораҳматов ва дигарон шуд.

Рубоии нашршуда, ки дертар аз сафҳаи ин гурӯҳ ҳазф шуд, чунин аст:

“Фахрем, ки нангу ори миллат гаштем,

Аз рӯзи азал табори миллат гаштем.

Баъде ҳамаро, ки мо саворӣ кардем,

Кӯлобии гавсавори миллат гаштем.”

Саломиддин Мирзораҳматов дар матлабе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зери унвони “ШОВИНИЗМИ МАҲАЛ” ин рубоиро зери танқид гирифт ва муаллифи онро ба маҳалгароӣ муттаҳам карда гуфт:

«Рубои»-и Давлат Сафар телевизиони «мардуми»-и соли 1992-ро ба ёдам овард. Як маҳал зидди дигар маҳал натанҳо бо яроқ, балки бо хабарҳои иғвоангез низ ҷанг мекард.

Ҳамазмон Мирзораҳмамтов он рубоиро нашр карда чунин суолгузорӣ кард:

ФАХРЕМ КИ НАНГУ ОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Мардуми дигар маҳал ҳама бе нангу ор буданд!)

АЗ РӮЗИ АЗАЛ (?!) ТАБОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Дар дигар маҳалҳои кишвар мардум аз тоҷик буданашон хабар надоштанд!)

БАЪДЕ ҲАМАРО, КИ МО САВОРИ КАРДЕМ (Ай мардуми бадбахту бечораи Зарафшону Бадахшон, Вахшонзамину Раштонзамин, Ҳисори Шодмон, Хуҷанду Истаравшану Конибодому Исфара ва дигар ноҳияҳои шимол! Шумо ҳатто харсавориро ёд надоштед! Шукр гӯед, ки…!)

Салмоддин Мирзораҳматов ҳамзамон бо хитобе ба Саймумин Ятимов талаб карда то муаллифи ин рубоӣ аз кор ронда шавад.

Муаллифи ин рубоӣ шоир, Давлат Сафар пас ин ҷанҷолҳо “шуҳрату” ҳам вазифаи нав дар блоки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон касб кард. Ӯ 5-уми июн бо Фаромни президент Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шуд.

Тоҷикистон: Эъзоми 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётӣ ба марз

0

5-уми июл, президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз машварат бо мақомоти кишвар дар Шӯрои амният супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯи эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон фиристода шавад.

Гуфта мешавад, президент Эмомалӣ Раҳмон ин фармони худро пас аз тамос бо бархе аз раҳбарони минтақа, аз ҷумла президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва президенти Русия Владимир Путин содир кардааст.

Ба гузориши РБК, Путин Раҳмонро итминон дода, Маскав омода аст ҳам дар доираи СПАД ва ҳам аз тарқи ҳамкориҳои дӯҷониба Душанберо кӯмак кунад.

Бузургтарин пойгаҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар дар Тоҷикистон мустақар аст. Дар соли 2012 ҷонибҳо шартномаеро имзо карданд, ки тибқи он пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Пойгоҳи 201 дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар қисмҳои низомӣ дорад.

Тоҷикистон ва Русия ҳар ду узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошанд.

Тибқи шартҳои СПАД, дар ҳолати таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии як ҷониби шартнома, ҳамаи кишварҳои узви он мувазаффанд билофосила ройзониҳои муштаркро ба манзури ҳамоҳангии мавозеъи онҳо ба роҳ монанд ва ҳамчунин дар мавриди раснидани кӯмак ба тавофуқ бирасанд.

ЛИТВА: Боздошти 1044 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар марз

0

Литва аз вуруди садҳо нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ тайи ду моҳи ахир дар марзҳои шарқии Иттҳоди Аврупо бо Беларус хабар медиҳад.

5-уми июл, Сарвазири Литва Ингрида Шимоните эълом кард, ки сар аз 1-уми июни соли ҷорӣ то кунун дар марз бо Беларус 1044 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни ин мавҷи муҳоҷирон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо шарҳвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

2-юми июли соли ҷорӣ президенти Беларус Александр Лукашенко дар ин робита дар марз бо Литва таҳдид карда буд, ки “мо дар натиҷаи таҳримоти Ғарб барои ин на пул дорем ва на нерӯ. Ва шумо хуб мефаҳмед, ҳеҷ кас намедонад, ки дар Литва ва дар марз чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд, ин танҳо як далел аст.

Қаблан “Аздо тв” хабар дода буд, ки аз аввали соли 2021 дар марзи кишвари Литва 387 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд ва 6-тои онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ин муҳоҷирон мехостанд аз марзи Белорус ғайриқонунӣ вориди сарҳади Литва шаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии Литва аксари онҳо ҳуҷҷат надоранд ва дастгиршудагон занон, мардон, ноболиғону синну солҳои гуногун мебошанд, ки аз Литва дархости паноҳандагӣ мекунанд.

Месси мавсими ояндаро аз куҷо оғоз мекунад?

0

Лионел Месси дигар бозингари Барселона (Барса) нест. Шартномаи қонунии ӯ бо клуби Каталония шаби 1-уми июл ба итмом расид. Барса кори худро барои шартномаи нав идома медиҳад, аммо ПСЖ мехоҳад шартномаро бо ӯро ба имзо расонад.

Барои аввалин бор дар кариераи касбиаш Лионел Месси бозигари Барселона нест. шаби 1-уми июли 2021 шартномааш бо клуби Каталония расман ба итмом расид. Дароз кардани мӯҳлати шартнома расман эълон нашудааст, аз ин рӯ, бозингари тими мунтахаби Аргентина дар мақоми агенти озод қарор дорад.

Ба навиштаи баъзе аз хабаргузориҳо Месси болои шартномаи нав фикр надорад ва дар ҳоли ҳозир ҳадафи асосиаш Ҷоми Амрико мебошад.

Ба навиштаи Eurosport, натиҷаи эҳтимолии ин ҳама сару садоҳо он аст, ки Барселона ва Месси билохира тамоми ҷузъиёти шартномаро ҳал карда, дар ниҳоят имзо шудани шартномаи навро эълон мекунанд.

Президенти Барселона Ҷоан Лапорта бовар дорад, ки Месси пойтахти Каталонияро тарк намекунад.

«Мо мехоҳем, ки ӯ бимонад – Лео низ инро мехоҳад. Гуфтушунидҳо хуб гузашта истодаанд.Ягона мушкил дар ФФП (финансовый фэйр-плей) аст ва мо дар ҳоли дарёфти роҳи ҳалли беҳтаре барои ҳарду ҷониб ҳастем ” – гуфт Лапорта дар суҳбат бо радиои El Transistor.

Дар бораи ҷузъиёти шартномаи нави Месси бо Барса маълумоти зиёд нест. Пештар дар расонаҳо хабар дарҷ шуда буд, ки созишнома барои ду мавсим баста мешавад ва маоши Лео ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.

Бино ба иттилои Cadena COPE, коҳиш ёфтани маоши Лео аз рӯи машваратҳое мебошанд, ки Барселона бо Ла Лигаи Испания анҷом додааст. Ла Лига аз вазъи нозуки иқтисодии Барселона, ки Ҷоан Лапорта пас аз гирифтани президентии Ҷозеп Бартомеу бо он рӯ ба рӯст, нигарон аст.

Президенти Ла Лига Хавиер Тебас клубро ҳушдор дода буд, ки агар онҳо ҳисобҳои молиявии худро коҳиш надиҳанд, наметавонанд бо Месси шартномаи навро ба қайд гиранд.

Қабл аз пандемия, музди меҳнати каталониҳо баландтарин дар Ла Лига буд – зиёда аз 600 миллион евро дар мавсим. Аммо аз он вақт инҷониб, ин маблағ тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, баробар ба 300 миллион евро шудааст.

Бино ба гузориши El Mundo Deportivo, ҳамчунин Барселона барои нигоҳ доштани Месси мехоҳад бо ду футболбоз шартномаи худро қатъ кунад, то ҳисобҳои молиявии худро коҳиш диҳанд. Ин футболбозон ҳимоятгар Самюэл Умтити ва нимҳимоятгар Миралем Пянич мебошанд.

Охирин шартномаи Месси бо ин клуб, ки соли 2017 ба имзо расида буд, чор солро дар бар мегирифт ва беш аз 500 миллион евро буд (маош, мукофотпулӣ ва ҳаққи истифода аз тасовир).

Барса, ки ҳаҷми умумии қарзи ӯ беш аз 1 миллиард евроро ташкил медиҳад, ин дафъа наметавонад чунин маблағро ба  Мессии аргентинӣ пардохт кунад. Аммо ба гуфтаи Лапорта, ҷанбаи молии созишнома барои Лео муҳим нест – капитани Барса бештар манфиатдор аст, ки дар атрофи ӯ як дастаи рақобатпазир сохта шавад.

Сару садоҳо дар бораи гузаштани Месси ба дастаи Пари Сен-Жермен (ПСЖ) низ зиёд аст. Бештари расонаҳои хабарӣ гуфтаҳои Президенти ПСЖ Носир Ал-Ҳулайфиро мисол меоранд, ки дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар мусоҳиба бо “L`Equipe” гуфта буд:

“Ман ба Лапорте гуфтам, ки қарордоди Месси ба охир мерасад, аз ин рӯ ҳамаи клубҳо ҳақ доранд бо ӯ сӯҳбат кунанд. Аммо ман ба ҷузъиёт нахоҳам рафт. Он чизе, ки ман гуфта метавонам, ин аст, ки ҳамаи футболбозони ситора мехоҳанд бо мо бипайванданд, аммо ман инро махсус нисбати Месси намегӯям. Ҳамаро овардан ғайриимкон аст, зеро мо аллакай бозигарони олӣ дорем. Аммо Месси футболбози афсонавӣ аст”.

Инчунин, бино ба иттилои  Le Parisien, падар ва бародари Месси ӯро барои ба ПСЖ рафтан водор мекунанд. Музокирот барои бастани шартномаи нав тавассути падари Месси, ки ба ҳайси агенти ӯ амал мекунад, мегузарад.

Сабаби водор кардани Месси барои гузаштан ба ПСЖ, маоши пешниҳодкардаи клуби Фаронса мебошад. Маоши пешниҳодшуда нисбат ба оне, ки Месси тибқи шартномаи қаблӣ бо Барселона мегирифт, ба таври назаррас камтар аст. Аммо, аз маблағе, ки каталониҳо тибқи созишномаи нав пешниҳод кардаанд, зиёдтар.

Бино ба навиштаи Sport, бо рафтани Лионел Месси, Испания яке аз андозсупорандаҳои бузурги худро аз даст хоҳад дод. Дар маҷмӯъ, Лео пас аз бастани шартнома бо Барселона дар соли 2017 ба давлат 370 миллион евро андоз супурдааст.

Месси аз соли 2000 дар академияи дастаи Барселона буд ва расман аз соли 2003 ба ҳайси бозигари Барселона машғули вазифа аст.

Дар ҳайати каталониҳо, Месси даҳ маротиба чемпионати Испания, чор маротиба Лигаи чемпионҳо, 6 маротиба “туби тиллоӣ”, 6 маротибаи дигар “кафши тиллоӣ” ва чандин ҷоизаҳои дигарро ба даст овардааст.

ИМА: 50 ҳазор афғон ба Осиёи Марказӣ панаҳ баранд

0

Амрико аз се кишвари Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекинистон ва Қазоқистон хостааст 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро бо шумули оилаҳояшон, ки 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, паноҳ диҳанд.

Ба гузориши Bloomberg, ин 9 ҳазор нафар шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба нерӯҳои амрикои дар замони ишғоли Афғонистон фаъолона кӯмак кардаанд ва ҳоло бошад аз интиқоми Толибон метарсанд.

Дар ин гузориш омадааст, Амрико нерӯҳои худ дар пойгоҳи низомии Багроми Афғонистонро пеш аз муҳлати муайяншуда хориҷ кард ва пойгоҳро ба нерӯҳои Афғонистон таслим кардааст.

Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки аксари сарбозон то 11 сентябр хоки Афғонистонро тарк мекунанд, вале як ҳайати онҳо, ки тақрибан 650 нафарро ташкил медиҳад барои ҳимояи дипломатҳо дар кишвар нигоҳ дошта мешаванд.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои сафарҳои ахири вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Вашингтон ҳам тафҳими ҳамин паёми Амрико ба сарони ин се кишвари Осиёи Марказӣ будааст, то паноҳҷӯёни Афғонистонро дар кишварҳои худ қабул кунанд.

Кабирӣ: Ваҳдати миллӣ набояд шахсмеҳвар ва давлатмеҳвар бошад

0

5-уми июл, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ дар суҳбати онлайнии худ дар мавриди шинохти Ваҳдати миллӣ гуфт, ки Ваҳдати миллӣ набояд шахсмеҳвар ва давлатмеҳвар бошад, балки он бояд дар мабнои арзишҳои муштараки миллат сохта шавад.

Кабирӣ дар идома афзуд, ки агар ҳукумат ва раҳбарияти кишвар воқеан Ваҳдати миллӣ мехоҳанд, бояд миллатро ба худию бегона ва ҳукуматю мухолиф ҷудо накунанд ва биёянд дар чорчӯби як платформа арзишҳои муштаракро ба вуҷуд биёранд, чи мухолиф ва чи тарафдори ҳукуматро барои ба вуҷуд омадани як Ваҳдати миллии воқеӣ гириди он ҷамъ оваранд.

Ӯ барои тавзеҳи бештар аз вуҷуди Ваҳдати миллӣ дар Кореяи Шимоӣ ва кишвари Олмон мисол овард. Ба назари ӯ, намунаи Ваҳдати миллии Кореяи Шимолӣ, ки ҳама марбут ба як нафар аст ва шаҳрвандон ба қарорҳои ӯ ҳамеша розиянд, шояд аз нигоҳи худи онҳо барояшон ин муносиб бошад, аммо намунаи Ваҳдати миллии кишвари Олмон куллан фарқ мекунад ва он дар чорчӯби арзишҳо ва муштаракоти ягона сохта шудааст, ки ин метавонад воқеитар бошад.

Раҳбари ПМТ изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон як шинохти хоси худро аз Ваҳдати миллӣ дорад, агарчи ба Кореяи Шимолӣ монанд набошад, вале ба он наздик аст. Ва ин навъи фаҳмишро даъватгарони идеологии ӯ, ба таври ошкоро ҳам набошад, бо ҳар воситае доранд дар кишвар паҳн мекунанд. Ӯ шиорҳои ба монанди “Ҷамъ шудан дар гирди як нафар” ва “Тарафдорӣ аз сиёсати ҳукумат”-ро аз намунаҳои ин навъи таблиғот донист.

Муҳиддин Кабирӣ дар бораи тартиби платформаи муштарак барои фаҳмиши дуруст аз Ваҳдати миллӣ гуфт:

“мо бояд биёем аз он шиорҳо ва назарпрадозиҳои хушк бигзарем ба роҳкорҳои амалӣ ва бояд аз он чорчӯби қаблӣ (худию бегона, ҳукуматию оппозитсюн, тарафҳои ҷанг) берун биёем бо воқеиятҳои ҷадид, бо шинохти навин ва шинохти муосир вориди як раванди миллатсозӣ ваҳдатсозӣ биравем”.

Фавти ду нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

0

5-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, дар асари мавҷи ҷадиди бемории COVID-19 ду нафар вафот кардааст. Аммо ҳувияти онҳоро ошкор накард.

Ин дар ҳолест, ки танҳо тайи ҳафттаи гузашта хабари марги дасти кам 6 нафар аз чеҳраҳои саршиноси кишвар бо шумули Узбекбӣ Асадуллоева, модараруси президент Эмомалӣ Раҳмон бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Бино ба иттилои дирӯзаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи гузашта дар тамоми ҷумҳурӣ 26 ҳолати нави мубтало шудани шаҳрвандон ба ин беморӣ сабт гаридида, 17 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфта аст.

Тибқи омори расмӣ, то рӯзи 5 июл  дар кишвар 13623 нафар сироятёфта ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то 13382 нафар (98,2%) шифо ёфта, 146 каси дигар зери муолиҷа қарор доранд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 95 нафар фавтидааст.