Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия ба расонаҳо хабар дод, ки дар нишасти сарони кишварҳои СПАД, ки 16-уми май баргузор мешавад, аз таҳаввулоти минтақа ва масъулияти кишварҳои узви СПАД гуфта хоҳад шуд. ва ҳамчунин вазъи кишварҳои узви СПАД ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд.
Дар ин нишаст ба ғайр аз Раҳмон, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ширкат хоҳанд кард.
Гуфтанист, ин аввалин нишасти раҳбарони кишварҳои СПАД пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина мебошад.
Соли ҷорӣ раёсати СПАД-ро Ҷумҳурии Арманистон бар уҳда дорад.
Шоира Зулқайнарова варзишгари дигари тоҷик, 11-уми май дар даври аввал бар намояндаи Қувайт Ҷ. Ноура пирӯз гардида буд.
Дар даври дуюми ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Руҳафзо Ҳақназарова бо варзишгар аз Колумбия Ингрит Лорена Викториа ва Шоира Зулқайнарова бо Ҳадунг Ҷионг аз Корея рӯзи 15-уми май қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон рӯзи 6-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз ёфта, то 21-уми май идома меёбад. Дар ин мусобиқа 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё дар 11 вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 варзишгар: Сумая Қосимова (то 48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (то 50 кг), Миҷгона Самадова (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 63 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ду варзишгари дигари тоҷик, Сумая Қосимова (48 кг) дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) ва Миҷгона Самадова (57 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайван) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.
Гуфта мешавад, фонди ҷоизавии мусобиқа 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.