12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 538

Тоҷикистон вобастаи ташкилотҳои қарзӣ

0

Қарзи берунаи Тоҷикистон ба 44,6%-и Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) баробар шуда, хатти ниҳоии 40 дарсадиро гузаштааст. Аммо Вазорати молия оморҳоро ғалат нишон медиҳад.

Бино бар иттилои Avesta.tj, қарзи хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти ҷалби қарзҳои нав дар нимаи аввали соли 2021 ба 38,2% ММД расида аст.

Ҳадди ниҳоии қарзи хориҷии Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ тавсия шудааст, 40% ММД -ро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, ин нишондиҳанда барои идоракунии қарз мусоид аст ва имкон медиҳад, ки давлат вобастагӣ надошта бошад.

Avesta.tj бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиарду 256 миллион долларро ташкил додааст.

Дар маҷмӯи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,1 миллиард доллар бевосита ба қарзи давлатӣ рост меояд. Инчунин 96,3 миллион доллар қарзи хориҷӣ бо кафолати давлатӣ гирифта шудааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳо тақрибан 31,5 миллион доллар қарзи корхонаҳои давлатӣ мебошад, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Сандуқи Байналмилалии Пул, ки барои нигоҳ доштани тавозуни пардохт ҷалб шуда буд, 5,6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тибқи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ”, маҳдудияти қарзи номиналии хориҷӣ бояд риоя карда мешавад, яъне андозаи он набояд аз 40% ММД зиёд бошад. Аммо ҳоло Тоҷикистон хатти ниҳоиро гузаштааст.

Гуфтанист, ки қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ (дар моҳи январи соли 2019) ба он зиёда аз 2,2 млрд. доллар қарздор аст. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Исломии Рушд низ қарздор аст.

Бо ин вуҷуд, як таҳқиқи кӯчак нишон медиҳад, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон на 38,2%, балки бештар аз 44.6%-и ММД мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 256 миллион доллар расидааст. Дар ҳамин нимсолаи аввал ММД-и Тоҷикистон 39,9 миллиард сомониро (3,51 миллиард доллар бо қурби имрӯза) ташкил додааст. ММД-и Тоҷикистон дар соли гузашта бошад ба 7,3 миллиард доллар (82,5 миллиард сомонӣ бо қурби доллар дар январи 2021) баробар буд. 3 милларду 256 миллион доллар 44,6 %- и 7,3 миллирд доллари ММД-и Тоҷикистон мебошад.  

Абдуманнон Шералиев коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд:

Фикр накунам, ки “Авесто” қасдан дурӯғ гуфта бошад. Бо гумони ғолиб ин хабаргузорӣ рақамҳоро ҳамонгуна, ки Вазорати молия ё ниҳоди дигаре пешниҳод карда, овардааст. Аммо дасткорӣ ва дурӯғ дар санаду гузориш ва оморҳое, ки мақомот ироа мекунанд, бори аввал нест.  Зоҳиран онҳо чун дидаанд, ки бештари расонаҳо рақамҳоро бидуни тафтиш ва муқоиса бознашр мекунанд, даст ба ин дурӯғи бузург задаанд ва таносуби қарзу ММД-ро беш аз 7 дарсад камтар нишон додаанд.

Ҳимояти Раҳмон садои Ҳикматёр, Пидром ва Толибонро баланд кард

0

Мавзеъгирии ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба тақисими одилонаи қудрат дар Афғонистон ва ба хусус мушорикати тоҷикону ӯзбекҳо ва дигар ақаллиятҳо дар идораи ҳукумати оянада тавассути Толибон вокунишҳои ҷиддиеро дар Кобул ва Душанбе ба бор овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон, Шарл Мишел Президенти Шӯрои Аврупо ва Эммануел Макрон, президенти Фаронса таъкид карда буд, ҳуқуқи тамоми ақаллиятҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон, ба хусус тоҷикон, ки зиёда аз 46 дарсади сокинони ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд риоят шавад ва тоҷикон дар ҳукумати оянда ҷойгоҳи сазоворе дошта бошанд. Дар он сурат Тоҷикистон ҳукумати Толибонро хоҳад пазируфт.

Ин мавзеъгирии президенти Тоҷикистонро Толибон ба гунае дахолат кардан дар умури Афғонистон талаққӣ карданд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва сарпарасти Вазорати Фарҳанги Афғонистон дар ин робита ба расонаҳо гуфта буд, ки мо дар умури ҳамсояҳо дахолат намекунем ва дар баробар аз онҳо низ талаб мекунем, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунанд.

Аз ҷониби дигар Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ва аз ҷангсолорони ин кишвар, ки дар ҳоли ҳозир яке аз ҳомиёни Толибон ном бурда мешавад, дар хутбаи намози ҷумъае дар Кобул шартгузории Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба эътирофи ҳукумати Толибон зери интиқод қарор дод.

Ба навиштаи сомонаи Радиои Озодӣ Ҳикматёр хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред. Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида шавад, ки дар ҳукумати Шумо чанд узбак ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Ин бархурд ва мавзеъгирии Гулбиддин Ҳикматёр бо вокунишҳои тунде дар Душанбе рӯ ба рӯ шуд. Мубаллиғон ва ҷонибдорони режими Раҳмон дар Душанбе ва хориҷ аз Тоҷикистон на танҳо аз Ҳикматёр интиқод, балки дар хеле мавридҳо таҳқиру тавҳинҳоеро низ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисори ӯ карданд.

Латиф Пидром, адиб, сиёсатмадор ва раҳбари Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, ки дар Душанбе ба сар мебарад низ бо камоли тавозӯъ аз мавзеъгирии Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистон ҳимоят ва аз Гулбиддин Ҳикматёр интиқод кард.

Пидром бо нашри як навори видеоӣ Эмомалӣ Раҳмонро “пешвои миллат” хонда, мавзеъгириҳои президенти Тоҷикистон аз ҳусни нияти ҳамсоядорӣ ва дар чорчӯби санадҳо ва меъёрҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ арзёбӣ карда Гулбуддин Ҳикматёрро шахсе “намак ношинос” гуфт. Зеро дар соли 1996, замони суқути Кобул ба дасти Толибон Ҳикматёр аз тарс ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда, аз он ҷо сипас ба Эрон ҳиҷрат кардааст.

Ҷанҷоли муҳоҷирон дар Маскав

0

Дар ҷанубу шарқи Маскав пас аз як занозании оммавӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ 10 нафар боздошт шуд.

Скриншот аз навори видеоии дафтари матбуоти ВКД Маскав

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Маскав, ҳодисаи занозании муҳоҷирон дар ноҳияи Некрасовка дар наздикии як сохтмон ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 10 нафар боздошт шуданд.

Мақомот мегӯяд, дар байни ин 10 нафари боздошт шуда, 3 сокини маҳаллӣ низ ҳузур дорад. Дар бораи ҳуввияти иштирокчиёни муноқиша, таърих ва замони ин ҳодиса маълумот дода нашудааст. Аммо ВКД-и Русия меафзояд, ҳамаи иштирокчиёни ин ҷангро ба ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима аз 500 то 1000 рубли русӣ маҳкум кардааст.

Аммо дар навори видеоие, ки аз дурбини назди бино сабтшуда дида мешавад, ҳодиса шабона рух додааст ва иштирокчиёни он бештар аз 10 нафарро ташкил медиҳанд.

Қаблан дафтари матбуоти ВКД Русия дар Маскав хабар дода буд, ки дар яке аз хобгоҳҳои Маскав дар кӯчаи Адмирал Корнилов муноқишаи дигаре ба вуқуъ пайваста буд, ки он дар дурбини биноҳои маҳаллӣ сабт шуда, 20 муҳоҷир боздошт, дасти кам нисбати 5 нафар ҳукми ихроҷ (депортатсия) аз Русия содир шуд.

“Қонуни афв” ба парлумон рафт

0

Лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв” ба парлумон рафт, вале онҳое, ки бо иттиҳомоти терроризиму экстримизм равонаи зиндон шудаанд, шомили афв намешаванд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 30 август лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони пешниҳод кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.

Гуфта мешавад, барои қабули ин Қонун иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ даъват карда шудааст.

Дафтари матбуоти Президент қайд намуда, ки Қонуни “авфи тиллоӣ” шумори зиёди зиндониён, ҳатто онҳоеро, ки парвандаҳояшон таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии суд қарордошта низ шомил мешаванд.

“Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.

Бино ба маълумоти Дафтари матбуоти Президент, қонуни мазкур 16 ҳазор нафарро дар бар хоҳад гирифт. Аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Ва муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Қонуни авф баъд аз қабули вакилони парлумон давоми ду моҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бояд иҷро карда шавад, вале касе аз мухолифон озод нахоҳад шуд.

Ҷанҷоли Маскав: 20 муҳоҷир боздошт ва 5 нафар ихроҷ (ВИДЕО)

0

Дар пайи ҷанги навбатии муҳоҷирон дар Маскав, ки 18-уми август дар як хобгоҳ ба вуқуъ пайваста буд, 20 нафар боздошт ва дасти кам 5 нафари онҳоро ҳукми ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Видео: вебсайти ВКД-Русия

Вазорати корҳои дохилаи Русия иттилоъ дод: “Дар хобгоҳи кӯчаи Адмирал Корнилов тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шуд. Дар байни шаҳрвандони номаълум муноқиша ба амал омад, ки он ба занозанӣ табдил ёфт.”

Ба гуфтаи мақомоти корҳои дохила, муноқишаро ду нафар оғоз кардаанд, вале феълан ҳуввияташон мушаххас нашудааст. Дар навори видеоие, ки дар вебсайти ВКД интишор шудааст, дида мешавад, ки гӯё шиносҳо ва хешовандони муҳоҷиҷирон талош доранд, онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, аммо дере нагузашта худи онҳо низ вориди ҷанг мешаванд.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи ВКД-и Русия дар Маскав: “Нисбат ба ҳафт шаҳрванд протоколи маъмурӣ тибқи қисми 1 моддаи 20.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (Майдаавбошӣ) тартиб дода шудааст, ки панҷ нафари онҳо тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (Вайрон кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё режими будубош (истиқомат) дар Федератсияи Русия) тартиб дода шуд.”

Инчунин Додгоҳ боздоштшудагонро ба 12 рӯзи ҳабс маҳкум карда, нисбати панҷ шаҳрванд дар бораи иҷозати вуруд ба Федератсияи Русия ва ихроҷи онҳо аз кишвар қарор қабул карда мешавад, мегӯяд сардори шӯъбаи ВКД-и Русия дар Маскав, полковники Хадамоти дохилӣ Владимир Васенин.

Гуфтанист, дар ин авохир дар минтақаҳои гуногуни Русия зуд-зуд задухурдҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирон сурат гирифта, иштирокчиёни онҳо боздошт ва бо ҳукми суд аз Русия ихроҷ мешаванд ва ба муддатҳои тӯлонӣ вуруди онҳо ба ин кишвар манъ мешавад.

Омодагии мухолифин аз “пешвоз”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса

0

Сарони Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо аз президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки дар моҳи окятбр ба Порису Брюссел сафар кунад. Мухолифини Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки дар Порис Эмомалӣ Раҳмонро “пешвоз” хоҳанд гирифт.

Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон, Париж 8 ноябри 2019 сол

26-уми август хабаргузории “ANINEWS” иттилоъ дод, ки  Эммануел Макрон, президенти Фарноса аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки 13-уми октябр ба ин кишвар сафар кунад.

Сафорати Фаронса дар Душанбе иттилоъ дода, ки сабаби даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса иштироки ӯ дар намоишгоҳи бахшида ба Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиме мебошад.

Ҳамзамон 27-уми август сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки Шарл Мишел, Президенти Иттиҳодияи Аврупо аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар моҳи октябр ба Брюссел сафар кунад.

Бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса, Салмон Султонзода, узви Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, ки яке аз чор созмони ҷамъшуда зери чатри Паймони Миллии Тоҷикистон аст, эълон кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷамъе аз мухолифин дар назди Осорхонаи Гиме дар Порис пешвоз хоҳанд гирифт.  

Табибони тоҷик ба Афғонистон рафтанд

0

Як гурӯҳ аз табибони тоҷик 26 август аз Душанбе ба шаҳри Қандаҳори Афғонистон рафтанд. Дар ин бора “

Сурат: Интернет

Гуфта мешавад, ин гурӯҳи табибон кормандони Созмони байналмиллалии “Табибони бидуни марз” (MFS) мебошанд.

Сухангӯи Толибон дар ҳисоби Тивттераш навишта, ки “Як ҳавопаймои байналмилалӣ аз Душанбе ба фурӯдгоҳи Қандаҳор фурӯд омад. Гурӯҳи табибони MSF омаданд”.

Ин намояндаи Толибон афзуда, ки бори аввал аст, ки Аморати исломӣ раводид содир мекунад ва ба қавли ӯ, “Фурӯдгоҳи Қандаҳор тадриҷан кори худро аз сар мегирад”.

Созмони байналмилалии башардӯстонаи тиббии ғайридавлатии “Табибони бидуни марз” соли 1971 дар Фаронса ташкил шуда ва бо барномаҳои худ дар минтақаҳои низоъ ва дар кишварҳои гирифтори бемориҳои эндемикӣ фаъолият мебарад. Ин созмон аз соли 1980 дар Афғонистон бо лоиҳаҳои худ кор мебарад.

Мавқеъи дугонаи Раҳмон дар хусуси тоҷикони ду сӯи Омӯ

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Шарл Мишел, Президенти Шӯрои Аврупо мувофиқа кардааст, ки муборизаи худро алайҳи гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ тақвият диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз РИА Новости

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри тафсилоти суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Шарл Мишел гуфтааст: Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.”

Ба иттилои манбаъ: “Ҷонибҳо мавқеъи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуданд.”

Аммо аз ҷониби дигар Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки амалан ба як низоми ҳукумати хонаводагӣ ва гурӯҳӣ табдил шудааст, дар умри 30-солааш ягон маротиба интихоботи озод ва ҳукумати ҳамашумул, ки дар он тамоми нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дошта бошанд, ташкил накардааст.

Ҳамзамон Тоҷикистон дар баробари гурӯҳҳои Толибону Алқоида Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Паймони Милли Тоҷикистон (ПМТ) ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро, ки ҳастаи мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро дар хориҷ аз кишвар ташкил медиҳанд, низ гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ мешиносад.

Пеш аз ин, Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ ба Аврупо бо ҳамотоёнаш аз Олмону Лаҳистон, Чеху Утриш ва Белгия, ки аксари мухолифини ҳукумат дар ин кишварҳои аврупоӣ мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардаанд, мулоқот карда, барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо онҳо машварат карда буд.

Инчунин мақомоти Тоҷикистон тайи 7 соли ахир борҳо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро (ИА) ба пуштибонӣ ва ҳимоят аз нерӯҳои мухолифин муттаҳам карда, ғайри мустақим таҳдид карда буданд, ки дафтари ин иттиҳодия дар Душанберо мебанданд.

Аммо ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар ин кишвар ва мавқеъгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз тоҷикон ва дигар ақаллиятҳои қавмӣ дар Афғонистон бори дигар таваҷҷӯҳи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ғайраро ба Тоҷикистон ҷалб кардааст.

Вазири тандурустӣ лату кӯб шуданашро рад кард

0
Акс аз сомонаи “Ҷумҳурият”

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода лату кӯб шуданашро аз ҷониби хоҳарзодаҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рад кард.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки 25 август нашр шуда, мегӯяд, аз овозаҳои лату кӯб шуданаш хабар ёфтааст, ва онро бепоя хонд.

“Аз овозаҳо, ки шахсан барои ман ғайриинтизор буданд, албатта, хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд”, – мегӯяд Абдуллозода.

Инчунин вазири тандурустии кишвар дар идома афзуда, ки “ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам.”

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳоле хабари лату кӯб шуданашро аз ҷониби хоҳарзодаҳои раисҷумҳур рад мекунад, ки охири моҳи июли соли ҷорӣ ин хабар дар аксар расонаҳои дунё, ба монанди “Вашингтон Пос”-и Амрико, “MailOnline”-и Бритониё ва инчунин расонаҳои арабӣ, форсӣ, русӣ ва дигар хабаргузориҳои дунё пӯшиши васеъ ёфта буд.

Хабари лату кӯб шудани вазир замоне сари забонҳо пайдо шуд, ки 26-уми июл ниҳоди зертобеаш нишасти матбуотӣ дошт ва худи вазир дар он иштирок накард ва ба ҷои вай муовини якуми ӯ Ғафур Муҳсинзода ин нишастро баргузор намуд.

Муҳсинзода ба расонҳао гуфта буд, ки вазир барои имзои қарордоди ворид кардани воксин ба Маскав сафар карда аст. Аммо пас аз чанд соат Радио Озодӣ дар гузорише хабар дод, ки вазири тандурустӣ мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш гуфта мешуд, хоҳарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон, Фарух, Фахриддин ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба хотири фавти модарашон аз коронавирус вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ҷоғи вазир осеб дидааст.

Пас аз интишори хабар вазири тандурустӣ то кунун дар пахши мустақиме ҳузур пайдо накарда ва шахсан онро рад накарда аст. 3-уми август аз Вазорати тандурустӣ ба Аздо тв гуфтанд, ки вазир сари кор аст ва омодаи қабули шаҳрвандон аст, аммо аз ба ҷуз як аксе, ки маълум нест кай гирифта шудааст, дигар чизе дар расонаҳо нашр нашуд.

Хабари лату кӯби вазири тандурустӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои зиёди корбарон рӯ ба рӯ шуд, қисме аз он ҳимоят карданд ва қисме дигар ин ҳодисаро фоҷеа хонданд. Инчунин хабари лату кӯби вазир дар расонаҳои ҷаҳонӣ ба эътибори низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон латма зад.

Таркишҳои Кобул 103 кушта ва даҳҳо захмӣ доштааст

0

Шоми 26-уми август дар атрофи Фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул ду таркиш ба вуқуъ пайваст, ки дар асари онҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Маҷаллаи амрикоии ‘‘THE Wall Street Journal” дар гузорише тоза эълом кард, ки дар асари таркишҳои Кобул дасти кам 13 амрикоӣ ва 90 афғонистонӣ кушата шудааст. Ин маҷалла омори дақиқе аз захмиҳо ироа накардааст.

Пештар телевизиони “Ал-Ҷазира” ба нақл аз як масъули беморхонаи Кобул хабар дода буд, ки дар асари ин ду таркиш дасти кам 40 кушта ва 110 нафар захмӣ шудааст.

Инчунин сухангӯи Пентагон, Ҷон Керби ба “Ройтерз” гуфта буд, ки дар таркишҳои дирӯзаи фурӯдгоҳи Кобул чанде аз сарбозони амрикоӣ низ кушта шудаанд. Ин мақоми амрикоӣ шумори кушташудагони сарбозони амрикоиро нагуфт, аммо “Ройтерз” ҳаддиақал аз кушта шудани 4 сарбози амрикоӣ хабар дода буд.

Ҳамзамон як мақоми Толибон гуфта, ки дар байни кушташудагон кӯдакон ва занон низ ҳастанд. Инчунин аз захмӣ шудани шуморе аз нерӯҳои Толибон ва амрикоиҳо низ гузориш мешавад. Гуфта мешавад, шуморе аз захмиёни инфиҷор шоми рӯзи гузашта ба беморхонаи “Emergency”-и шаҳри Кобул мунтақил шуданд, ки 6 нафари онҳо дар роҳ ҷон бохтанд.

Ба таъкиди расонаҳои маҳаллӣ шоҳидон гуфтаанд, ки пас аз инфиҷори якум садои тирпаронӣ дар маҳалли ҳодиса шунида шудааст.

Ба гузориши “Тулуъ нюс” инфиҷори аввал муҳоҷими интиҳорӣ буда ва маҳалли инфиҷор дарвозаи вурудии марбут ба сарбозони Бритониё будааст ва дарс асл ҳадафи ҳамла итолиёиҳо будаанд.

Пештар ҳам сафоратҳои Бритониё ва Амрико аз эҳтимоли вуқуъи инфиҷор хабар дода буданд ва аз шаҳрвандони худ хоста буданд, ки ба фурӯдгоҳ нараванд.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мегӯяд, маълумот дар бораи эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар фурӯдҳои Кобулро ӯ дар ихтиёри амрикоиҳо қарор додааст.

Ҳаракати Толибон таркишҳои атрофи фурӯдгоҳи Кобулро террористӣ хонда, онро ба шиддат маҳкум кардааст. Сухангӯи ин ҳаракат, Забиҳуллоҳи Муҷоҳид гуфта, ки ин инфиҷорҳо дар минтақае, ки амнияти он дар дасти нерӯҳои амрикоӣ буд, рух додааст.

Аз инфиҷори дуввум ба таври мушаххас ва ҷудогона гузориш нашудааст. Масъулияти ин ду амали террористиро гурӯҳи ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

Дар бораи таркишҳои баъдӣ, ки баъзе расонаҳои теъдоди онҳоро то 7 адад арзёбӣ кардаанд, шабакаи хабарии “Алҷазира” гузориш дода, ки нерӯҳои амрикоӣ захира ва муҳиммоти ҷангии худро пас аз ин таркишҳои маргбор оташ заданд ва садои онҳо камтар аз содаи садои таркишҳо набудааст.