11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 541

Тоҷикистон: Нархи газ бо бензнин баробар мешавад

0

Сокинони шаҳри Душанбе аз гароншавии нархи сӯзишворӣ шикоят карда, мегӯянд, ки қимати як литр гази моеъ дар пойтахт ба 9 сомонӣ баробар гардида, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камёфт шудааст.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик ва муқими пойтахт дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе ба 9 сомонӣ расидааст ва дар аксар Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) газ пайдо карда намешавад.

Ҳамзамон рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо нашри як акс аз нархномаҳои нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бензойл” нишон додааст, ки нархи як литр газ 9 сомонӣ ва як литр бензини навъи 92 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамзамон хабари гароншавӣ ва камчин шудани гази моеъ дар Тоҷикистонро Радиои Озодӣ низ пӯшиш дода, навиштааст, ки  пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар низ мушкил шудааст.

Бо болоравии нархи газ ронандагон аз беамалии мақомот барои танзими нарх шикоят карда, мегӯянд, масъулин бояд чора андешанд.

Аммо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди нозири нархҳо дар Тоҷикистон, пештар гуфта буд, ки сабаби якбора гарон шудани сӯзишворӣ “болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ аст”.

Аммо дар Тоҷикистон маводи сӯхт, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпром”-и Маскав нархи 1 литр гази моеъ ба 30.69 рубл муодили 4.72 сомонӣ аст. Ҳамзамон нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Royal Petrol”-и Алмаатои Қазоқистон ба 98 тенге муодили 2.61 сомонӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон аксар ронандагон аз гази моеъ истифода мекунанд. Гарон шудани нахри газ дар бозорҳои кишвар вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро низ ба бор овардааст.

Барои мисол, рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ навиштааст, ки “ду рӯз шуд мошинам дар «истироҳат» аст! Ҳоло дигар ҷойи фикр нест, агар кори заруре ҳаст, пас БЕНЗИН рехта гаштан бигиред! Бо бензин мошин бештар мегардад нисбати газ! Чи даркор газ, вакте нархи ҳарду якест?! ШАРМАНДАГӢ!!!!”

Дар посух ба ӯ, Суннатулло Давлатзода гуфтааст, “Бародари азиз тавонед мошинатонро ба “рухсатӣ” фиристонед. Бовар кунед савоби ҳамон техникаи безабонро мегиред.”

Ширкатҳои “Фароз”, “Газпром”, “Газойл”, “Ориё”, “Роҳи Сомон нафт”, “Се ганҷ” ва “Суғднефт” аз воридкунандагони асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ба вуҷуди он, ки ширкати “Газпром-Тоҷикистон” аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт дар кишвар аст, ба навиштаи Радиои Озодӣ дар НФС-ҳои ин ширкат низ пайдо кардани гази моеъ рӯзи 22-юми август номумкин буд.

ПМТ: Тоҷикистон дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ҷиддитар бошад

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния дар хусуси ҳаводиси ахири Афғонистон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки аз раҳбарони мардумии ин кишвар истиқбол ва аз манофеи миллӣ бо ҷуръаттар ҳимоят кунад.

Матни баёния чунин аст:

“Паймони Миллии Тоҷикистон аз вазъи ба вуҷудомада дар кишвари ҳамсоя ва дуст – Афғонистон нигарон буда, амният ва суботи ин кишварро барои субот дар Тоҷикистон ва ҳамаи минтақа муҳим медонад.

Мо умедворем, ки неруҳои сиёсии кишвари ҳамсоя битавонанд, як ҳукумати шомили ҳамаи гурӯҳҳо ва қавмиятҳоро ташкил бидиҳанд ва ин халои ҳокимиятӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад.

Ҳамзамон, Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид бар он мекунад, ки тайи 20 соли гузашта миллати шариф ва бародари афғон дар масоиле мисли озодии баён, таъмини ҳуқуқ ва озидиҳои шаҳрвандон, ба вежа занон дастовардҳои муҳиме доштааст. Ҳифзи ин дастовардҳо дар оянда барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳамаи минтақа муҳим аст.

Миллат ва давлати Афғонистон, ки имрӯз худ бо мушкилоти зиёде рубарӯ ҳастанд, борҳо дар ҳолатҳои душвор ба миллати тоҷик дасти кумак дароз кардаанд. Кофист, ки мо аз пазироии даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик  дар солҳои ҷанги дохилӣ (1992-1997) ва талош барои расидан ба сулҳи байни тоҷикон ёдовар шавем.

Мардуми Афғонистон дар умум ва қисми зиёди нерӯҳо ва шахсиятҳои сиёсии ин кишвар нисбати давлат ва миллати мо нигоҳи хайр ва дустона доранд. Манфиатҳои стратегии кишвари мо тақозо менамояд, ки Тоҷикистон, ба хусус, роҳбарияти он, нисбати тақдири шахсиятҳо, неруҳои сиёсӣ ва мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамсӯ бо ормонҳову сиёсатҳои миллати мо бетафовут набошанд.

Бетафовутӣ, бетарафӣ ва хомушии фурсатталабонаи мақомоти расмии кишвари мо нисбати таҳаввулоти нигаронкунандаи кишвари ҳамсоя на танҳо ба талошу муборизаи шахсиятҳои сиёсӣ ва нерӯҳои ҳамсӯ, балки ба ояндаи забон, фарҳанг ва ҷойгоҳи тоҷикони он тарафи Омӯ зарбаи ҷонкоҳ мезанад.

Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки барои таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварамон, инчунин, барои расидан ба як тавозуни сиёсии муносиб дар кишвари ҳамсоя, ки битавонад манфиатҳо ва ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва қавмиятҳои Афғонистонро таъмин намояд, як силсила иқдомҳои ҷиддиро амалӣ намояд. Аз ҷумла:

  • Бо ҳадафи мусоидат ба як сулҳи пойдор дар кишвари ҳамсоя, ба таври ошкор ба Тоҷикистон даъват кардан ва пазироӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбарони мардумии Афғонистон, ки имрӯзҳо маҷбур ба ҳиҷрат шудаанд ва дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Ба хусус аз шахсиятҳое, ки дар ростои ормонҳои миллии мо ва мардуми Афғонистон пайкор мекунанд;
  • Бозидани нақши ҷиддитар ва боҷуръаттар дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ дар сатҳи минтақа;
  • Иқдомҳои мушаххас ва ройзаниҳо бо кившарҳои минтақа ва неруҳои зирабти Афғонистон барои кумак ҷиҳати расидан ба як ҳалли сиёсии муносиб, ки манфиатҳои милли мо низ таъмин гардад.”

Паймони Миллии Тоҷикистон як эътилофи мухолифини Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аст, ки аз бархе сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба давлатдории миллӣ интиқод мекунад ва хоҳони тағйир дар низоми кунунии кишварамон мебошад.

Муҳосираи Панҷшер тавассути Толибон

0

Шиддат гирифтани ҷанги иттилоотӣ байни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер то рафт доманашро густурдатар мекунад.

Музокирот барои ҳалли мусолиматомез байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва байни Толибон зоҳиран бенатиҷа будааст. Рӯзи якшанбе таҳрики Толибон хабар дод, ки нерӯҳои низомияшро ба Панҷшер фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол

Навори твиттерӣ

Инчунин Қорӣ Ҳаётхон, яке аз намояндагони Толибон дар Твиттер навишт, ки “Панҷшер дар муҳосира аст ва бо камбуди ғизо рӯбарӯ шудааст, зеро қисматҳои дигари Панҷшер таҳти назорати Толибон қарор доранд. Панҷшериён наметавонанд тавассути ҳавопаймо ба вилоят ғизо ва логистика расонанд.”

Инчунин хабаргузории Ал-Ҷазира аз қавли манбааш иттилоъ дод, ки нерӯҳои Толибон дохили Панҷшер шудаанд ва мунтазири фармони ҳамла ба маркази вилоят ҳастанд.

Аммо ба гузориши “Тулуъ нюз” то субҳи рӯзи душанбе дар дараи Панҷшер даргирие байни нерӯҳои Аҳмад Масъуд–писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва Толибон сурат нагирфтааст.

Аз сӯи дигар Аҳмад Масъуд ҳушдор дода, ки агар Толибон роҳи низомиро пеш гиранд, кишвар даргири ҷанги дохилӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, писари моршол Абдурашид Дӯстум бо нерӯҳояш ба Панҷшер рафта бо Ҷабҳаи муқовимат пайвастааст.

Панҷшер танҳо вилоятест дар Афғонистон, ки то имрӯз дар контроли Толибон нест. Толибон замони ҳукмронияшон солҳои 1996-2001 низ ин вилоятро тасарруф карда натавониста буд.

Ду медали варзишкорони тоҷик дар Санкт-Петербург

0

Ду паҳлавони тоҷик – Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Федератсияи ҷаҳонии самбо (FIAS) медал ба даст оварданд.

Сурат: olympic.tj

Бино ба иттилои  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин мусобиқа рӯзи 22 август дар шаҳри Санкт -Петербург бо ширкати беҳтарин гуштигирони самбои ҷаҳон дар ҳафт вазн миёни мардону занон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро чор варзишгар: Акмалиддин Каримов (то 58 кг), Хушқадам Хусравов (то 64 кг), Ёқубҷон Боқиев (то 71 кг) ва Садр Боев (то 88 кг) намояндагӣ карданд.

Акмалиддин Каримов қувваозмоии худро аз даври ниманиҳоӣ оғоз кард, ки дар он пирӯз шуда, дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ шикаст хӯрд. Каримов 7,5 ҳазор доллар ва медали нуқра ба даст овард.

Садр Боев медали биринҷӣ ва 5 ҳазор доллар ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар чорякфинал бар варзишгари эронӣ Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ ғолиб омада, дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд.

Дар мусобиқа барои ҷои севум Садр Боев, Ҳусейн Чакирии марокаширо шикаст дод.

Исфара: Кандани хандақҳо дар ду сӯи марз

0

Қирғизистон иддао дорад, ки Тоҷикистон дар назди маркази обтақсимкунии “Головной” – яке аз нуқтаҳои баҳсии марз, хандақҳои бетонӣ месозаду сокинони Исфара исбот карданд, ки қирғизҳо пеш аз тоҷикон ба кандани хандақҳо оғоз кардаанд.

Хабаргузории қирғизии “

Аксҳо аз саҳифаи шахсии Ғафур Ҷӯраев

Ғафур Ҷураев аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки то ҷониби Қирғизистон хандақҳои сохтаи худро вайрон накунад ба сари мизи гуфтушунид нашинанд.

Гуфта мешавад, асри дирӯз, 22-уми август баъд аз расонаӣ шудани ин хабар мақомоти ду кишвар дар ҳол дидору гуфтугӯ карданд.

Эҳтимол Афғонистонро як Шӯро бо раҳбарии Толибон идора кунад

0

Ба эҳтимоли зиёд идораи Афғонистон дар рӯзҳои наздик бо ташкили як шӯро, ки раҳбаряшро Толибон бар уҳда доранд, ба дасти ин ҳаракат хоҳад гузашт. Аммо собиқ мақомдорони афғон аз ин розӣ нестанд.

Бино ба гузориши телвизиони Тулуъ, Толибон гуфтаанд, ки мумкин Афғонистон аз сӯи як Шӯро раҳбарӣ шавад. Ваҳидуллоҳ Ҳошимӣ, яке аз аъзои баландпояи Толибон ба хабаргузории “Ройтерз” гуфта, ки ин шӯро тасмимгиранда хоҳад буд ва аз сӯи Мулло Ҳайбаттулоҳ Охундзода, раҳбари Толибон идора хоҳад шуд.

Ин мақоми Толибон таъкид дошта, ки раиси шӯро Мулло Ҳайбаттулоҳ Охундзода мешавад, “ӯ раҳбари мост, раҳбари мазҳабӣ ва ҳамчунин сиёсати бахше аз дини мост, аммо ӯ нақши раисҷумҳурро бозӣ намекунад, нақши барҷастатареро ифо мекунад. Шояд муовини ӯ нақши раисҷумҳурро бозӣ кунад”.

Дар Афғонистон талошҳо барои эҷоди як ҳукумати қонунӣ идома дорад, рӯзи 19 август 102-умин солгарди истиқлоли ин кишвар буд. Расонаҳои маҳаллӣ бо нашри наворҳое хабар доданд, ки мардуми Кобул бо ташабуссҳои худ дар кӯчаҳои ин шаҳр парчами серангаи давлатиро бардошта дар кӯчаҳои шаҳр гаштанд ва аз Толибон хостанд, ки ҳурмати парчами Афғонистонро пос доранд. Ва онро ҳамчун парчами давлати оянда бипазиранд. Аммо дар мавриди вокуниши Толибон дар ин хусус то ҳол чизе нашр нашудааст.

Инчунин гузоришҳо нашр шуд, ки садҳо тан аз шаҳрвандони Афғонистон дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар ва Хуст барои гиромидошти парчами ин давлат роҳпаймоӣ карданд, аммо ин роҳпаймоиҳо дар Ҷалолобод ба хушунут кашида шуд ва дар натиҷаи тирандозии Толибон се нафар ҷон бохт. Дар умум 16 нафар бо сабаби ҳамли парчам ҷон бохтааст.

Толибон дар ҳоле аз ташкили Шӯрои рабарикунанда мегӯянд, ки дар Панҷшер Ҷабҳаи дувуми муқовимати миллии Афғонистон бар зидди Толибон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва собиқ муовини аввали раисҷумҳур Амруллоҳ Солеҳ шакл гирифтааст.

Ба гузориши “The Washington Post“, Аҳмад Масъуд гуфта, ки “Набарди муқовимати муҷоҳидин дар баробари Толибон акнун оғоз мешавад, аммо мо ба кумак ниёз дорем.”

Аҳмад Масъуд ба ҳайси раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, аз Панҷшер ба унвони охирин сангар аз озодии Афғонистон дифоъ хоҳанд кард. “Азмамон росих аст ва бинобар таҷриба медонем чи чизе дар интизорамон аст. Аммо мо ба силоҳ, муҳиммот ва манобеи бештаре ниёз дорем”, – афзудааст ӯ.

Ҳамчунин Аҳмад Масъуд иброз дошта, ки баъд аз эълони ташкили Ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибон садҳо аъзои собиқи нерӯҳои вижаи артиши Афӯонистон ба онҳо пайвастаанд. Аммо ин ҳамаро нокфӣ медонад ва аз Амрико ва муттаҳидонаш хоста, ки ба ӯ ва нерӯҳояш кумакҳои низомӣ бирасонанд, то битавонанд дар баробари Толибон муқовимат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, собиқ вазири дифои Афғонистон бо баъзе шартҳо сулҳ бо Толибонро имконпазир медонад. Ӯ дар ҳисоби шахсияш дар Твиттер навишта, ки “ба як шарт бо Толибон кори муштарак мекунем: парчам, Қонуни асосӣ ва суруди миллӣ хатти сурхи мост. Дар сурате, ки Толибон бипазиранд, мо омода ҳастем ҳукумати муштарак бо Толибонро бипазирем”.

Вазъи вахим дар фурӯдгоҳи Кобул

0

Баъд аз тасаллут ёфтани Толибон бар шаҳри Кобул, иддае аз давлатҳои ғарбӣ дар баробари ихроҷи депломатҳояшон эъломи омодагӣ карданд, ки афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд ва ҷонашон дар хатар аст, дар кишварҳои худ паноҳ медиҳанд.

Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки аз рӯзи душанбе 16 август то имрӯз дар назди сафоратхонаҳо ва фурӯдгоҳи Кобул бо вуҷуди бархурди тунди нерӯҳои Толибон ва амрикоиҳо ҳазорҳо нафар барои хориҷ шудан аз кишвар таҷаммуъ кардаанд ва намехоҳанд ба хонаҳояшон баргарданд.

Сафоратхонаҳо низ таъкид намудаанд, ки танҳо ба касоне иҷозати хориҷ шудан медиҳанд, ки аснод ва ё далоили исботкунанда дошта бошад, ки ҷонаш дар хатар аст.

Рӯзи 16 август дар ҳоли набудани ҳеч контроле дар фурӯдгоҳ панҷ нафар аз ҳавопаймо сарозер шуданд, ки онҳо худро аз берун дар тани он маҳкам гирифта буданд.

Хабаргузории “Тулуъ нюз” мегӯяд, аксари онҳое, ки дар фурӯдгоҳ ва ё назди сафоратхона таҷаммуъ кардаанд, ҳеч санаде надоранд ва ҳатто аз роҳҳои дур омадаанд ва танҳо мехоҳанд бидуни ҳеч санаде аз кишвар хориҷ бишаванд.

Наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки вахим будани вазъро дар фурӯдгоҳи Кобул нишон медиҳад. Дар онҳо дида мешавад, ки чандин зану кӯдак зери пойи мардум афтодаанд ва мардум барои наҷоти онҳо талош мекунанд. Инчунин баъзе аз онҳо мегӯянд, ки аз сабаби таҷаммуи зиёд пайвандонашонро гум кардаанд ва бо гузашти як шабонарӯз онҳоро пайдо накардаанд, ба ин хотир аз тақдирашон нигаронанд.

Дар як навор дида мешавад, ки нерӯҳои низомии амрикоӣ мардумро бо чархболҳо аз роҳи ҳавопаймо дур месозанд, ки то ҳавопаймо битавонад парвоз кунад.

Дар фурӯдгоҳи Кобул издиҳоми мардум ба ҳадде зиёд гуфта мешавад, ки нерӯҳои амрикоӣ барои пароканда кардани издиҳом аз гази ашковар истифода мекунанд, вале чандон натиҷа намедиҳад.

Оё Толибон дар ҳамкорӣ бо Русия ҳукумати Ғаниро сарнагун кард?

0
Акс аз “shahraranews” гирифта шудааст

Фарзияи вуҷуди радди пойи Русия дар фирорӣ додани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон аз Кобул то рафт рӯшантар мешавад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 15-уми август баъди нисфирӯзӣ Арг (қаср)-и раёсати ҷумҳурии Ағонистонро тарк ва Толибон Кобулро ишғол карданд, 18-уми август дар як навори видеоӣ аз мавҷуд будани худ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дарак дода, гуфт:  “Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд, вориди Арг (қасри Президент) шуда, утоқ ба утоқ гашта, ӯро ҷустуҷӯ мекарданд…”

16-уми август, Никита Ишенко, котиби матбуоти сафорати Русия дар Кобул ба “РИА Новости” гуфта буд, “чор мошин пур аз пул буд, онҳо (Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш) қисми дигари пулро ба чархбол пур карданӣ шуданд, аммо на ҳамааш ғунҷида буд. Ва як қисми пул дар майдони ҳавоии Кобул боқӣ монд.”

Хабар дар бораи бо пул хориҷ шудани Ашраф Ғаниро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳири Ағбар низ баъдтар таъйид карда, 18-уми август дар суҳбат ба расонаҳо эълом кард, ки президенти фирории ин кишвар бо 169 миллион доллар Кобулро тарк кардааст.

Ҳамзамон шабакаи хабарии Эронинтернешнал бо нашри феҳристи мусофирони як парвози Кобул дар шоми 15-уми август эълом кард, ки зоҳиран Муҳаммад Ашраф Ғанӣ тавассути ҳавопаймои яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ Афғонистонро тарк кардааст. Зеро номи президенти фирории ин кишвар дар охирин сатри ин лист таҳти рақами 52 сабт шудааст.

Инчунин дар замони фирорӣ додани Ашраф Ғанӣ бо Толибон киҳо буданд ва аз соати 14:00 баъд аз зуҳр то замони парвоз, ки соати 21-и шаб гуфта мешавад, президенти фирории Афғонистон дар куҷо нигаҳдорӣ мешуд, суолест, ки то ҳол посухи худро наёфтааст…

Ба навиштаи расонаҳо, афғонҳо дар аввал бо дидани ин лист гумон карданд, ки чун овоза буд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ нахуст ба Тоҷикистон фирор кардааст, ин лист бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва бо хатти крилӣ тартиб дода шудааст, аммо акнун мефаҳманд, ки лист бо забони русӣ таҳия шуда, Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш бо ҳавопаймои русӣ Кобулро тарк кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли хабаргузории “Форс” ба нақл аз шабакаи хабарии Алҷазира масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Бурл эълом кард, “масъалаи муҳим ин аст, ки иҷоза надиҳем Чин ва Русия контроли Афғонистонро дар даст бигиранд. Чин ва Русия акнун гомҳои дипломатики худро бо Толибон бардоштаанд ва ин тавозуни қувваро тағйир хоҳад дод ва бояд барои муқобила бо он фикр кунем.”

20-уми агвуст, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва ӯ масъули вазъияти феълӣ аст. Ба гуфтаи Захарова, Ғанӣ гуфтугӯҳои байналафғониро натавонист дар муддати се сол ба натиҷа бирасонад, то як давлати фарогир бо мушорикати ҳама нерӯҳои сиёсӣ ҳосил шавад, аммо ин фурсатҳо аз даст рафт.

Мақомоти Русия пеш аз ин ҳам аз замони суқути Кобул ба дасти Толибон дар рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ то кунун ба ҳисоби миёна ҳар рӯз бо шаклҳои мухталиф аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки онро дастнишондиҳандаи Амрико медонанд, интиқод ва аз ҳаракати Толибон истиқбол мекунад, ҳатто кор то ҷое расид, ки сафорати Русия дар Афғонистон шаби аввали ҳузури Толибон дар Кобулро амнтар аз замони Ашраф Ғанӣ эълон кард, ҳол он, ки Русия Толибонро ҳаракати террористӣ мешиносад.

Коршиносон мегӯянд, яке аз иллатҳои аслӣ дар хусуси фаъол шудани сафорати Русия дар Кобул ва иддаъои фошкориҳо дар робита ба ғорати 4 мошин пул тавассути президенти собиқи Афғонистон, ки Ашраф Ғанӣ ин иддаъои пулдуздиро рад кард,  дар он тахмин зада мешавад, ки дипломатҳои рус чун дар ин қазия даст доранд, ҳамзамон дар такя ба халабонҳои мавҷуд дар парвози зикр шуда хостанд пеш аз дигарон иттилоърасонӣ кунанд.

Пеш аз ин собиқ сухангӯи Толибон Абдулманнон Ниёзӣ дар як навори видеоӣ иддаъо карда буд, ки Русия “ба хотири задани Амрико дар Афғонистон” бо Толибон ҳамкорӣ мекунад ва тавассути Тоҷикистон ба ин ҳаракат кумакҳои молии худро мерасонад.

Таъкиди Вазорати хориҷаи Русия бар ин, ки Ашраф Ғанӣ фирор кардааст, ин тахмини коршиносонро тақвият медиҳад. Инчунин гуфтаҳои президенти Афғонистонро, ки иддаъо мекунад “Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд*” фарзияи даст доштани русҳо ҳамроҳи Толибон дар сарнагун кардани ҳукумати Афғонистонро қаввитар мегардонад.

*Забони муоширати байналмилалӣ дар Афғонистон англисӣ аст. Ашраф Ғанӣ таҳсилкардаи Амрико ва бо ин забон хуб балад аст. Ӯ форсӣ, пашту, урду ва англисиро медонад.  Нерӯҳои НАТО низ дар Афғонистон бо англисӣ суҳбат мекунанд. Ғанӣ русиро намедонад ва ин забон барои аксари афғонҳо низ ноошност. Ғанӣ мехоҳад бигӯяд, ки ҳангоми суқут додани Кобул дар Арг ҳамроҳи Толибон на эрониву покистонӣ ва на аз нерӯҳои НАТО, ки бо англисӣ суҳбат мекунанд, касе ҳузур надошт…

Сӯиқасд ба ҷони бародар

0

Суд як сокини 39-солаи ноҳияи Ёвонро барои даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони бародараш ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии  суди ноҳияи Ёвон судшаванда Саидов Сайбурҳон Мадалиевичи 39-сола, зода ва истиқоматкунандаи  ноҳияи Ёвон аст. Ӯ 20-уми декабри соли 2020 дар ҳолати мастӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани бародараш Расул бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими бародараш якчанд зарба задааст.

Ин ҳолатро шаҳрвандони Аркадев Юра ва Ҷабборов Рустам дида, Расулро аз дасти бародараш халос кардаанд. Дар натиҷа худи ин шаҳрвандон низ ҷароҳатҳои ночизи ҷисмонӣ бардоштаанд.

Баъд аз ба бемористон инқол ёфтан ва экспертизаи судӣ-тиббӣ муайян шуд, ки  Масаев Расул дар натиҷаи корд хурдан ҷароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст.

Гуфта мешавад Саидов Сайбурҳон дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3- қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба 8 (ҳашт) соли зиндон, бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми пурзур маҳкум карда шуд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҷанҷоли ду бародар, ки бо кордзанӣ анҷомид хабар медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ки 19-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб дар хонаи истиқоматии марди 46-сола ҷанҷол рӯх медиҳад.  Ин марди 46-сола ба узвҳои бадани бародари 57-солааш бо корд 7 маротиба зарба мезанад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шуда, гумонбар боздошт шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ВКД.

Русия: Оё ширкатҳо барои ба кор қабул кардани нафақахӯрон омодаанд?

0

Як ширкати хизматрасонии ҷустуҷӯи кор “

Сурат: ТАСС

Бино ба иттилои ТАСС, ин тадқиқот аз 10 то 16 августи соли 2021 баргузор шуда, намояндагони 1000 ширкат аз тамоми ноҳияҳои Федератсияи Русия дар ин пурсиш иштирок карданд.

Сабаби афзоиши шумораи бознишастагонро намояндаҳои ширкатҳо нарасидани муҳоҷирони корӣ ва набудани мутахассисони ҷавон арзёбӣ карданд.

“Бо сабаби равандҳои демографӣ ва хуруҷи қисми зиёди муҳоҷирони корӣ, бозори меҳнатии Русия бо қувваи кории бознишастагон рӯбарӯ шудааст. Ширкатҳое, ки довталабони ба синни нафақа расидаро барои кор ҷалб кардаанд, нисбат ба гузашта 42 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли 2019 ин нишондод 38%-ро ташкил медод”,- омадааст дар таҳқиқот.

Гуфта мешавад, ки менеҷерҳои ширкатҳои корфармо аз сабаби нарасидани мутахассисони ҷавон маҷбуранд, ки коргарони калонсолро ба кор гиранд. 30% -и дигар кормандони ба сини нафақаро ҳамчун истисно киро мекунанд. 28% дигар қайд карданд, ки онҳо омода нестанд, ки нафақахӯронро дар ширкати худ ба кор ҷалб кунанд ва сабабашро хавфи баланди сирояти коронавирус медонанд.

Қаблан дар Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда буд, ки синни нафақаи қаблӣ баргардонида шавад. Ба гуфтаи муаллифони лоиҳаи қонун ба ҷои боло бурдани он дар соли 2018, механизми дастгирии молиявиро дар системаи нафақаи суғурта такмил додан зарур буд.

Айни ҳол дар Русия тибқи Қонуни федералӣ синни нафақа барои мардон аз 61 солагӣ ва барои занон аз 56 солагӣ муайян шудааст, ки он дар асоси тағиру иловаҳо аз соли 2019 то 2028 дар назараст марҳила ба марҳила дар муддати 10 сол синни нафақа ба боло биравад. Барои занон то 60 сол, барои мардон то 65 сол.