11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 542

Иштироки низомиёни тоҷик дар мусобиқаҳои АрМИ-2021

0

Низомиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии “АрМИ-2021” ширкат мекунанд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар”, ба истинод ба сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад дар ин Бозиҳо тақрибан сад нафар аз низомиёни Тоҷикистон, дар панҷ мусобиқаи «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард.

Фаридун Маҳмадализода ҳамчунин қайд кардааст, ки танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи  «Биатлони танкӣ», ки дар машқгоҳи Алабино дар наздикии Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Снайперҳои тоҷик барои унвони беҳтарин дар Беларус рақобат хоҳанд кард, онҳо инчунин барои ширкат дар озмуни артиллериячиён ба Қазоқистон мераванд. Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи духтурони низомӣ ва озмуни “Ошхонаи саҳроӣ”, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешаванд, иштирок хоҳанд кард.

Бозиҳои VII байналмилалии артишии  «АрМИ-2021» аз 22 август то 4 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди 12 давлат  баргузор мегардад. Дар Русия 16 навъи мусобиқа, дар ҳудуди 11 давлати дигар 21 намуди мусобиқаҳо гузаронида мешаванд.

Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. Аз 96 кишвар танҳо 40 кишвар бо 277 дастаи худ иштирок мекунанд.

Изҳороти бесобиқаи Ҳизби демократи Тоҷикистон

0

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) роҷеъ ба вазъияти ахири Афғонистон изҳорот дод. Ин ҳизб аз тасаллути Ҳаракати Толибон ба шаҳру вилоятҳои Афғонистон нигаронӣ намуда, аз харобкориву қатлу куштори ин гурӯҳ ҳушдор додааст.

ҲДТ хомӯшии Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро дар баробари амалҳои Толибон ҳайратовар хондааст.

Инчунин аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки барои муҳоҷирони афғон, ки ба ватани мо омадан мехоҳанд, раводид ва дигар асноди лозимаро бепул барояшон иҷро кунанд ва онҳоро ба кишвар роҳ дода, барояшон шароити хуб фароҳам кунанд.

Матни комили изҳороти ҲДТ:

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Таҳаввулоти вазъияти сиёсии Афғонистон дар чанд рӯзи ахир нигаронии ҷомеаи ҷаҳон, мардуми рушанфикр, ба хусус сокинони кишвари моро ба вуҷуд овардааст. Гурӯҳи фурсатталаби террористони байналмилалии Толибон бо пуштибонии давлатҳои манфиатҷӯ низоми давлатиро дар Афғонистонбарҳам зада ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд. Амалҳои харобкоронаи ин гурӯҳи беҳуввият, бесаробон ва ифротӣ дар чанд сол барои мардуми ҷаҳон аён аст.

Барои мо мардуми Тоҷикистон тохтутоз ва куштору вайронкориҳои Толибон хеле ғамангез аст, зеро дар қаламрави ин мамлакат мардуми мо ҳамзабонон ва ҳаммилатони мо аксари аҳолиро ташкил мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки ин кишвар сарзамини таърихии миллати мост. Тавре дида мешавад, ин гурӯҳи даҳшатбор замину манзил, шаҳру деҳоти тоҷикнишинро дар чанд соли ахир ба харобию нестӣ расонданд. Имрӯзҳо амалҳои ваҳшиёна ва хонахароби ин гурӯҳ махсусан дар маҳалоти тоҷикнишин ба сатҳи наслкушӣ расидааст. Онҳо духтарони ноболиғро аз бағали модаронашон рабуда, мардонро мекушанд ва занони онҳоро таҷовуз мекунанд, ҷавонони бегуноҳро ба баҳонаҳои гӯшношунид қатор монда, бераҳмона қатл мекунанд, ки анқариб ҳамаи онҳо мардуми миллати мо ҳастанд. Толибон, ки намояндагони қавмҳои фарҳангситези паштун ҳастанд, мардуми тоҷикзабонро дар Афғонистон барои надонистани забони пашту бераҳмона мекушанд ва мардуми ваҳшитабиати худро дар сарзаминҳои азалии мардуми тоҷик ҷойнишин мекунанд.

Силоҳдорони хунхори Толибон шаҳру деҳоти Афғонистонро зӯран ба итоати худ дароварда ҳукумати ваҳшиёнаро ба вуҷуд овардаанд. Танҳо дар муддати се-чор рӯзи ахир мардуми зиёди ин кишвар роҳи гурезро пеш гирифта ба кишварҳои дигар паноҳ мебаранд, дар як қатор шаҳрҳо мардум ба эътирози зидди Толибон мебароянд ва аз сӯйи онҳо бераҳмона тирборон мешаванд.

Ҳайратовар аст, ки дар баробари ин ҳама рафторҳои золимонаи зиддибашарӣ, наслкушӣ ва ваҳшигарии Толибон Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, давлатҳое, ки худро ҳомии демократия ва низоми мардумсолорӣ медонанд, комилан хомӯшанд. Мисли ин ки ҳамаи онҳо ҳамоҳанги ин разолати бузурги ҷаҳон ҳастанд

Дар миёни ин ҳама бадиҳову ваҳшоният танҳо неруе, ки дар муқобили онҳо қарор гирифтааст, Ҷабҳаи Шимол – Иттиҳоди эҷокардаи Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки неруҳои ватандӯст бо роҳбарии писари ин қаҳрамони номдор Аҳмади Масъуд роҳбарӣ мешавад. Боиси хушҳолист, ки ин нерӯи созанда чанд шаҳру деҳа, се вилояти кишварашро аз вуҷуди Толибон озод кардааст.

Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷики Афғонистон, бидонед, ки шумо мардуми мо, миллати мо, бародарони мо ҳастед ва тавре Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Тоҷикистон хонаи умеди ҳама тоҷикони дунёст”. Мо шуморо танҳо намегузорем ва як бурда нонамонро бо шумо тақсим мекунем, барои пирӯзӣ дар паҳлуятон истода мубориза мебарем.

Ҳизби демократи Тоҷикистон чун неруи меросдори низоми мардумсолору пуштибони ормонҳои волои инсонӣ, ба хотири пуштибонӣ ва дифоъи мардуми азияткашидаи тоҷик дар Афғонистон изҳор медорад:

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ ва ҳимояти мардуми миллатамон барои ҳамаи гурезагони Афғонистон, ки ба кишвари мо рӯйи ниёз овардаанд, шароити лозим муҳаё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар шароитҳоро бепул барои онҳо иҷро кунад.

2. Масъулони Кумитаи Амнияти миллӣ, вазоратҳои дохила ва ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои гурезагони Афғонистон шароити беҳтар, муносибати бародарона ва шоистаро ба роҳ монанд.

3. Аз ҳама масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон талаб карда шавад, ки барои гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳаё карда, бо онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд.

4. Аз ҳамаи шаҳрвадони ҷумҳурӣ талаб карда шавад, ки дар шаҳру деҳот, дар кӯчаву бозор бо гурезагони Афғонистон муносибати дӯстона ва сазоворро ба роҳ монанд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии муваққати гурезагони Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад ва иҷрои талаботи номбурдаро дар ҳама сохторҳои ҳукумат зери назорати ҷиддӣ қарор бидиҳад.

6. Низоми Толибон як ҳаракати бенизом, як неруи ваҳшатафкан ва қотил аст, ки аз сӯйи давлатҳои ғаразхоҳ ба саҳнаи ҷанги Афғонистон ворид карда шудааст. Давлатҳои манфиатдор барои ин гурӯҳи ғаддор ҳама шароит, пул, силоҳи ҷангро муҳаё кардаанд, то ки дар ин минтақа ҳама гуна бедодгарии золимонаро анҷом бидиҳанд. Ин тартиби ҳукуматдорӣ торафт дар ин кишвар реша медавонад ва мардуми тоҷиктабори Афғонистон аз хонаву дар, забону фарҳанг ва ватан маҳрум мешавад. Бинобар ин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки дари сафоратхонаҳои давлатҳоеро, ки ин низоми бешарафи инсониро дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд, бибандад. Давлатҳои Покистон, Арабистони Саудӣ ва Қатар ба ин гурӯҳи золим ёриҳои бевоситаи пуливу молӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ медиҳанд. Ҳамчунин ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.

7. Аз Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар талаб карда шавад, ки рафторҳои гурӯҳи Толибонро дар қиболи мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистон чун ҳаракати наслкушӣ (геносид) эътироф кунад.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Лаҳистон: паноҳҷӯёни ғайриқонунӣ ихроҷ мешаванд

0

Ҳукумати Лаҳистон мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз мекунад. Рӯзи сешанбе 17- август Шӯрои вазирони ин кишвар лоиҳаи ислоҳоти қонун дар бораи хориҷиён ва ҳамчунин қонун дар бораи додани паноҳандагӣ ба хориҷиёнро қабул кард.

Сурат: Хадамоти марзбонии Лаҳистон

Сабаби тағйирот дар қонунро мақомот вуруди фавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Беларус ба Лаҳистон рабт медиҳанд.

“Мо мехоҳем лоиҳаи тағйиротро ба вазъи кунунии муҳоҷират дар сарҳад мутобиқ кунем. Сухан дар бораи содда кардани тартиб дар сурати убури ғайриқонунии сарҳад ва таъмини амнияти дохилии давлат ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меравад,” – омадааст дар сомонаи

Вазири корҳои дохилаи Лаҳистон, Мариуш Блашак рӯзи чоршанбеи 18-уми август дар саҳифаи твиттериаш хабар дод, ки айни замон зиёда аз 900 сарбоз барои кумак ба Хадамоти марзбонӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус ҷалб шуда аст.

Бино ба маълумоти Маркази иттилоотии ҳукумати Лаҳистон танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ аз вуруди 1935 нафар муҳоҷир, ки мехостанд ғайриқонунӣ сарҳадро убур кунанд пешгирӣ кард. Аз 1935 муҳоҷир 760 нафар боздошт шуда, ба лагерҳои баста интиқол дода ва 1175 нафари дигарро бозпас ба Беларус фиристодааст.

Муҷозоту мукофоти президент: Эмомалӣ Раҳмон ба кӣ мукофот доду киҳоро ноумед кард

0

🔴•Барномаи пахши зиндаи “Суоли рӯз” дар шабакаи YouTube-и “Аздо тв”.

🔵• Мавзӯъ:Муҷозоту мукофоти президент: Эмомалӣ Раҳмон ба кӣ мукофот доду киҳоро ноумед кард

ВКД: муҷримони куштори Ҷайҳун пайдо шуданд

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) гумонбарон дар ҳодисаи куштори пурсарусадои ноҳияи Ҷайҳунро боздошт кард.

Сурат: ВКД ҶТ

18-уми август ВКД хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун пас аз ду моҳ тавонистанд қотилони сокини ноҳияи Ҷайҳун, Аҳлиддин Аҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Гуфта мешавад, ки ягона шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти мудҳиш ҳамсари марҳум Аҳлиддин Аҳмадов, Латофат Азизова буд, ки ӯ баъд аз ҳодиса дар бемористон бо захмҳои вазнин бистарӣ буд. Мақомот баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатии Латофат Азизова тавонист сарнахи ҷиноятро пайдо кунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо нишондоди Латофат Азизова, гумонбарони ҳодиса Қиёмиддин Насриддинов соли таваллудаш 1984 сокини деҳаи Суғдиёни ноҳияи Ҷайҳун ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоҳев соли таваллудаш 1988 сокини деҳаи Орзуи ноҳияи мазкур будаанд, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ даст ба ин ҷинояти мудҳиш заданд.

Гумонбар Қиёмиддин Насриддинов дар навори ВКД нақл мекунад, ки дӯсташ Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев сокини деҳаи Орзу ба ӯ гуфтааст, ки Маҳмадов Аҳлиддин бо ҳамсари ӯ робитаи маҳрамона дорад, инро шунида аз ҳисоби рашк  шаби 11 ба 12 июн ҳамроҳи Маҳмадғаюр ба хонаи Аҳлиддин рафта ӯ ва фарзандонашро ба қатл расонданд.

“Рӯзи ҳодиса оилаам хонаи хушдоманам рафт, шом ман ҳам хонаи хушдоманам рафтам. Дар ҳамон ҷо бо оилаам ҷанҷол шуд. Баъд рафта Аҳлиддинро фарёд кардем, ҷанҷол кардем. Аҳлиддин оилаашро кашид бурд, оилаи ман хонаам рафт, ман хонаи хушдоманам омадам. Соати 2 шаб хестам лабосҳоямро пушидам, ҳамроҳи Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ду табарро гирифта, хонаи Аҳлидлдин рафта, якум Аҳлиддина бо занашу як бачааш задем, аз онҷо баромада, дар хонаи дуюм бачаҳои дигарашро задем. Соляркаро чошида, хонаҳоро оташ задем”, – мегӯяд гумонбар Қиёмиддин Насриддинов.

ВКД мегӯяд, ки гумонбарон пештар дастгир шуда буданд, аммо 12 август Радиои Озодӣ хабар дод, ки наздикони Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев, ки ҳамчун гумонбарони ин ҳодиса дастгир шуда буданд, гуфтанд, ки мақомот наздикони онҳоро шиканҷа карда, маҷбур сохтаанд, ки ҷиноятро ба гардан гиранд. Аммо мақомот шиканҷа шудани гумонбаронро бидуни додани тафсилоте рад кард.

Ёдовар мешавем, ки 12 июни соли ҷорӣ дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) чор узви як оила кушта шуданд, ки се нафари онҳо кӯдакони ноболиғи буданд.

Баъд аз ҳамлаи афроди номаълум, сарвари оила Аҳлиддин Маҳмадов бо 3 фарзандаш кушта шуда, ҳамсар ва як писараи 11-солааш бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Гуфта мешуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд.

Сафири “муҳоҷиррабо” ҷоиза гирифт

0

Имомиддин Сатторов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, ки дар корномааш истирдоди Мақсуд Иброҳимов, депорти шодравон Каромат Шарипов, рабудани Шарофиддин Гадоев, супоридани Иззат Амон ва даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба мақомоти Тоҷикистон сабт шудааст, дар Душанбе бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуд.

Сурат: Хадамоти матбуоти президент

18-уми август президент Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар шаҳри Душанбе Имомиддин Сатторовро дар ҷамъи 120 мукофотгиранда ба ҳузур пазируфта ва ба ӯ барои “хидматҳои шоистааш” ба мукофоти давлатӣ сарфароз сохт.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар замони сафирии ҷаноби Имомиддин Сатторов бадтарин шароити будубош ва муносибати мақомоти русро таҷриба карданд.

Ба гуфтаи онҳо, замоне, ки бемории ҳамагири КОВИД-19 боиси фалаҷ шудани иқтисоди дунё ва бавежа Русия шуд, ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Русия бекор, бемор ва гурусна монд, вале ин сафири муҳтарам ба ҷои кумак карданд, дарҳои сафоратро ба рӯи муҳоҷирон баст, зангҳо ва муроҷиатномаҳои пайдарпайи онҳоро беҷавоб монд.

Ҳамзамон дар гирдиҳамоиҳои моҳи апрели соли равон дар Маскав, ки муҳоҷирон барои озодии Иззат Амон ширкат карда буданд, иддаъо доштанд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо раҳбарии Имомиддин Сатторов ба маъмурони пулис занг зада хостаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир ва аз Русия “депорт” кунанд.

Имомиддин Сатторов аз 15-уми майи соли 2014 то 2-уми августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва айни замон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, собиқ муовини сарвазир сафири Тоҷикистон дар Русия мебошад.

Красногорск: Ифтитоҳи бунгоҳи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон

0

Дар Красногорски назди вилояти Маскав як бунгоҳи махсус барои эмкунии муҳоҷирони корӣ бар зидди коронавирус ба кори худ оғоз кард.

Сурат: gurb.mosreg.ru

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав ин бунгоҳ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор вояи воксинаи русии “Спутник Лайт” харидорӣ карда ва нақша дорад, ки дар як рӯз то 1500 муҳоҷирони кориро эм кунад.

Инчунин барои эмкунии муҳоҷирони меҳнатӣ як утоқи махсус бо даромадгоҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, ки дар он 8 табиби умумӣ ва 8 ҳамшираи шафқат дар як вақт аз соати 9:00 то 17:00 фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони корӣ пеш аз воксинзанӣ бояд саволномаи тандурустӣ (анкета) -ро пур карда, аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки барои гирифтани патент ба Маркази ягонаи муҳоҷирати вилояти Маскав муроҷиат мекунанд, ҳамзамон пас аз гузаронидани муоинаи тиббӣ метавонанд, дарҳол воксина бигиранд”, – мегӯяд директори Муассисаи давлатии буҷавии Маркази ягонаи муҳоҷирати вилояти Маскав Татяна Куприна.

Ба ин тариқ дар вилояти Маскав бо дархости корфармоён эмкунии муҳоҷирони корӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ташкилотчӣ сурат мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби корфармо эм карда шаванд, ки арзиши он барои хидматрасонии тиббӣ 1300 рубл аст.

Роман Картаев, муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав ва сардори Сарраёсати амнияти минтақавии вилоят эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатиро зарур шумурда мегӯяд: “дар вилояти Маскав бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи савдо, хизматрасонӣ, хӯроки умумӣ, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо кор мекунанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки онҳо низ воксина бигиранд. Ин ҳам муҳоҷиронро ва ҳам дигаронро аз сироят ёфтан ба вирус муҳофизат мекунад.”

Қаблан як Бунёди афкори ҷамъиятӣ (ФОМ) таҳқиқоти сотсиологӣ барои эмгузаронии ройгон ба муҳоҷирони корӣ дар Русия анҷом дода, дар натиҷа муайян шуд, ки 84% аз пурсидашудагони рус ҷонибдори эмгузаронии ройгон шудаанд. Аммо то чи андоза ин таҳқиқоти сотсиологӣ барои эмгузаронии ройгон ба шаҳрвандони хориҷӣ таъсир гузошт номаълум аст. Бо ин вуҷуд, ҳамоно арзиши як воксина тибқи муқаррароти Вазорати тандурустии Русия 1300 рубли русӣ боқӣ мондааст.

120 мукофоти давлатӣ

0

Президенти Тоҷикистон шуморе аз аҳли зиё, фарҳангиён ва кормандони давлатиро мукофоти давлатӣ дод. Дар байни онҳо хеле аз чеҳраҳои пуркор ва заҳматкаши миллат дида намешавад.

Сурат: Хадамоти матбуоти президент

18-уми август дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба 120 нафар аз аҳли зиё ва кормандони давлатӣ мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президент дар ин маросими мукофотбахшӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Аммо дар байни онҳое, ки ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд, шахсияти фарҳангӣ ва драматурги маъруфи кишвар ба мисли Барзу Абдураззоқов, Абдуқодири Рустам, ва инчунин донишмандон ва ҳуқуқшиносоне ба монанди Шокирҷон Ҳакимов дида намешаванд.

Ғанӣ: Ман фирор накардаам!

0

Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки пас аз ишғоли Толибон аз Кобул фирор кард, бо нашри як навори видеоӣ мегӯяд, ки ӯ фирор на кардааст, балки “маҷбур сохта шудам кишварро тарк кунам.”

Пеш аз ин 18-уми август Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб эълом карда буд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш ба далоили башардӯстона истиқбол карда ва ӯ феълан дар ин кишвар басар мебарад.

Пас аз он дар ҳамон рӯзи 18-уми август Ғанӣ дар саҳфаи Фейсбукаш ба мардуми Афғонистон паём дода гуфт: “намехост хунрезиро дар пойтахт ба вуҷуд орад”. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёни Толибон ваъда дода буданд, ки ба Кобул ворид намешаванд, аммо қасри раёсати ҷумҳури Афғонистонро пешакӣ иҳота кардаанд.

Ғанӣ мегӯяд, ки “агар ман мемондам шоҳиди хунрезӣ ва вайронии Кобул мебудам”. Ба иддаои собиқ Президенти Афғонистон, Толибон ва ҳамкоронии дохиливу хориҷии онҳо гуфтаанд, ки агар Ғанӣ бимонад онҳо роҳи мусолиматомезеро намебинанд.

Ҳамчунин Ғанӣ дар ин навор иброз дошт, Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд, вориди арк (қасри Президент) шуда, утоқ ба утоқ гашта ӯро ҷутуҷӯ мекарданд. Агар ӯро пайдо мекарданд, таърихи 25 соли пеш такрор мешуд, яъне ӯро мисли Наҷиб (собиқ президенти Афғонистон) ба дор меовехтанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, ки маълумоте, ки гӯё аз хазинаи давлат  169 миллион долларро  дуздидааст, дурӯғ аст. “Айбдоркуниҳо дар бораи онки як чархболро бо пул пур карда, гурехтам комилан беасос аст ва дурӯғ аст. Ман бо як курта, салла ва кафш кишварро тарк кардам” гуфт ӯ.

Қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар фирори Ғаниро “хиёнат ба давлат ва миллат” номида, гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо худ 169 миллион долларро, ки ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, бурдааст. Пеш аз ӯ сафорати Русия дар Кобул иддаъо карда буд, ки Ашраф Ғанӣ чор мошин пулро бо худ бурдааст.

Ашраф Ғанӣ дар паёми видеоии худ таъкид кард, ки намехоҳад ҷилои ватан ва фирорӣ бошад. “Ман дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳастам, аммо дар ояндаи наздик ба кишварам бармегардам” гуфт ӯ ва ишора кард, ки то бозгашт ба ватанаш “бо дигарон машварат намуда истодааст”. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки талошҳояшро “барои ба даст овардани адолат барои афғонҳо” идома хоҳад дод.

Президенти собиқ аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки бовар накунанд, ки ӯ мардуми худро барои манфиатҳои молиявии худ фурӯхт ва барои наҷоти ҷони худ гурехт.

Муҳаммад Ашрафғанӣ рӯзи 15-уми августи 2021 Афғонистонро тарк кард ва то рӯзи 18-уми август дақиқ куҷо будани вайро касе намедонист.