18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 549

ВКД: Иззат Амон боздошт не, депорт шудааст

0

4-уми август, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи кишвар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, Иззат Амон аз Русия боздошт ва истирдод нашуда, балки ӯро ба сабаби мушкил доштан дар асноди будубошаш ба Тоҷикистон ихроҷ (депорт) карданд.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки алайҳи Иззат Амон беш аз даҳ нафар шикоят кардаанд ва дар асоси шикояти мардум ӯ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Вазир афзуд, ки парвандаи Иззат Амон дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.

Масъалаи боздошт ва истирдод нашудани Иззат Амон дар ҳоле аз забони вазири корҳои дохила садо медиҳад, ки аксари расонаҳо, ҳуқуқшиносон ва ҳатто наздиконаш гуфтанд, ки Иззат Амон ба хотири фаъолиятҳояи ҳуқуқӣ ва сиёсияш бо дархости Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Иззат Амон 25 моҳи марти соли ҷорӣ дар Русия нопадид ва як рӯз баъд аз Тоҷикистон пайдо шуд. ВКД рӯзи 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия буд, ки аз соли 2000 дар Маскав кору зидагӣ карда ва солҳо аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард. Ӯ ахиран ба мақсади кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” боз кард ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ мерасонд.

ДССХ: Диссернет иштибоҳ мекунад

0

Муовини ректор гуфт, ки Диссернет кори худашро кардан мегирад, мо ба иддаои он дода намешавем. Мо садо баланд карда мегӯем, ки Диссернет иштибоҳ кардааст.

4-уми август, Исломбек Хоркашев, муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат оид ба илм ва инноватсия дар вокуниш ба расонаӣ шудани хабари марбут ба асардуздии ректори ин донишкада дар суҳбат ба Аздо тв гуфт: “Диссернет чанд сол шуд иштибоҳ мекунад, мо ба гуфтаҳои Диссернет ва ғайра дигар дода намешавем.”

Муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат афзуд: “Диссернет кори худашро кардан мегирад. Вақте як кори ободкорӣ, ки кардӣ ва саҳми муносибе, ки гузоштӣ дар ҷомеа душман зиёд мешавад, барои ҳамин ( ба иддаои) душманон мо дода намешавем.”

Вай дар бораи фошкориҳои Диссернет таъкид кард: “Ҳоҷат надорад, киро надорад аз забони вай (ректор) садо диҳад, ин хел норӯшанфикрон, ин хел бадбинон, бадхоҳон зиёданд, мо садо баланд карда мегӯем, ки (Диссернет) иштибоҳ кардааст.”

29-уми июл пойгоҳи Диссернет иттилоъ дод, ки Асроров Убайдулло Сатторович (Асрорзода Убайдулло), ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон дар рисолаи номзадии илмҳои иқтисодии худ, ки 2011 зери унвони “Бозори озуқаворӣ ва такмили механизми танзими давлатии он (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (Продовольственный рынок и совершенствование механизма его государственного регулирования (на материалах Республики Таджикистан) ҳимоя кардааст, дар 57 сафҳа аз кори Галина Зинчук ва дар 36 сафҳаи дигар аз кори Александ Васютин қисман ва ё пурра рӯбардорӣ кардааст.

Тибқи таҳқиқи Диссернет, Асрорзода Убайдулло дар ин рисолаи худ, ки аз асарҳои дигарон рӯбардор кардааст, “Федератсияи Русия”-ро ба “Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “минтақаҳои шимоли дур”-ро ба “минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ”, “бозори ғалла”-ро ба “бозори озуқаворӣ”, “ғалладона”-ро ба “хӯрок” ва ё “маҳсулот” табдил кардааст.

Тайи чор  соли ахир пойгоҳи таҳқиқоти интернетии Диссернет ҳудуди 50 рисолаи олимони тоҷикро таҳқиқ ва муаллифони онҳоро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале аз байни ин афрод танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино расман ба он вокуниш нишон додааст.

ВКД: Қотили асосӣ нопайдо, вале даҳҳо бегуноҳ зиндонӣ

0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш рӯзи 4-уми август гуфт, ки нисбати ҷинояти куштори 4 нафар аз як оила дар ноҳияи Ҷайҳун ду нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш дастгир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки вазорат дар омораш аз дастгир шудани 143 нафар бо гумони афроди вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ давоми шаш моҳи ахир хабар дод, вале аз ин ҷинояти мудҳиш ду моҳ мегузарад ҳанӯз қотили он мушаххас нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 12-уми июни соли ҷорӣ ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадов, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа, худи ӯ ва се фарзанди ноболиғаш ба қатл расонида шуданд. Аммо ҳамсари ӯ, Латофат Азизова бо писараш бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд. Сабабҳои ин куштори мудҳиш то ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Ҳодисаи мазкур баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои мухталифи ҷомеа ба бор овардааст. Баъзеҳо маъмурони милиса ва тафтишотиро ба нотавонӣ муттаҳам намуда, мегӯянд, ки нерӯҳои интизимоӣ ва тафтишотӣ дар кашфи ин ҷиноят оҷиз мондаанд, аммо даҳҳо ва садҳо нафари бегуноҳро бо иттиҳоми террористӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Мубталошавии беш аз 300 нафар дар Токио-2020

0

Сатҳи баландтарини сироятёбӣ ба коронавируси SARS-CoV-2 дар Олимпиадаи Токио-2020 ба қайд гирифта шуд.

Дар давоми 24 соат 29 нафаре, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок доштанд, ба он сироят ёфтаанд. Дар ин бора рӯзи 4- август дар гузорише дар сомонаи кумитаи тадорукоти Токио-2020 нашр шудааст, менависад DW.com.

Дар байни мубталоён ба коронавирус 4 варзишгар низ ҳастанд. Шумораи умумии нафароне, ки дар мусобиқа иштирок кардаанду ба коронавирус гирифтор шудаанд, ба 322 нафар расид.

Бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Токио, режими фавқулодда то 31 август тамдид карда шуд. Дар он аз ҷумла, манъи фурӯши машрубот дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва маҳдуд кардани қабули тамошобинон ба чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст. Худи Олимпиада дар пойтахти Ҷопон бидуни тамошобин мегузарад.

Боздошти корманди Агентӣ бо гувоҳномаи сохта

0

Хусрав Бобохонзода, сокини 34-солаи шаҳри Истаравшан аз ҷониби маъмурони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ дастгир шуд. Дар ин бора Ридои Озодӣ аз қавли сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба гуфтаи сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд Шараф Аваззода, Хусрав Бобозода худро маъмури Агентии зидидфасод муаррифӣ карда, давоми як сол барои ҳалли мушкилоти сокинон аз онҳо “тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст”.

Сардори бахши Агентӣ дар вилояти Суғд рӯзи 3 июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш вуҷуди чунин кормандеро дар ниҳодашон рад кард.

Айни замон ин сокини шаҳри Истаравшан дастгир шуда, нисбаташ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст. “Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем.”, афзуд Шараф Аваззода.

Ба иттилои Агентии зидди фасод, Хусрав Бобозода дар давоми як сол дар панҷ ҳолат 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале масъулини ин ниҳод шарҳ надоданд, ки гувоҳномаи ин сокини Истаравшан ҳақиқӣ буд ё сохтакоришуда.

Дар Тоҷикистон шахсони алоҳида бардурӯғ худро корманди сохторҳои қудратӣ муаррифӣ кардану аз мардум маблағҳои ҳангуфт гирифтан бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, соли 2018 додгоҳи Хуҷанд Дилшод Тошмуҳаммадови 32-соларо дастгир карда буд, ки ӯ худро маъмури милиса муаррифӣ карда, аз наздикони чаҳор маҳбус бо ваъдаи раҳоии онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Пас аз боздошт додгоҳ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Таъйини намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистону Туркманистон

0

Бонки ҷаҳонӣ 2-юми август Озан Севимлиро ҳамчун намояндаи доимии худ дар Тоҷикистон ва Туркманистон таъйин кард. Ӯ дар ин мақом Ян-Петер Олтерсро, ки аз моҳи апрели соли 2017 иҷрои вазифа мекард, иваз намуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ (НБҶ) дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои НБҶ, Озан Севимли аз соли 2005 ҳамчун корманди бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ аз соли 2019 то 2021 ҳамчун намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ямайка ва Гайана фаъолият кардааст.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ аз оғози пандемия дар соли 2020 ба Тоҷикистон барои мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ 32,5 миллион доллари ИМА кумак расондааст. Ин кумакҳо бештар барои дастгирии хонаводаҳои камбизоати кишвр равона шуда буд, аз ҷумла 8,63 млн доллари он барои эмкунии гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ зидди COVID-19 ҷудо шуда буд.

Боздошти се доғистонӣ бо иттиҳоми қатли як тоҷикистонӣ (Видео)

0

Се сокини Доғистон бо гумони куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бар асари хусумати хунӣ боздошт шуданд.

Бо гумони ташкили одамрабоӣ ва куштори як шаҳрванди Тоҷикистон се сокини Доғистон ҳамроҳ бо як сокини вилояти Маскав боздошт шуданд. Тибқи тафтишот, ин ҷиноят бо сабаби қасосгирӣ сурат гирифтааст.

Тибқи тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 як шаҳрванди 21-солаи Доғистон дар асари ҷанҷол дар яке аз клубҳои шабонаи Маскав ба қатл мерасад ва дар ин куштор як зодаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ин зодаи Тоҷикистон аз тафтишот фирор карда ва дар натиҷа дар пайгарди федералии Русия қарор мегирад. Менависад рӯзномаи русии “Коммерсант” бо истинод ба Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар вилояти Брянск.

Тибқи тафтишот, моҳи июн падари кушташуда дар Маскав бо ду ҳамватани доғистониаш вохӯрда бо ҳам нақша мекашанд, ки қотили писарашро пайдо ва бар ивази пул ба қатл расонанд. Онҳо дар ин ҷиноят як сокини вилояти Маскавро низ ҷалб карданд. Номи ҳеч яке аз ин афрод дар расонаҳои маҳаллӣ зикр нашудааст.

Гуфта мешавад, 15 июл гумонбарон ба вилояти Брянск рафта ба манзиле, ки шаҳрванди Тоҷикистон иҷора гирифта буд, даромада, ба баданаш чанд зарба зада, халтаи полиэтиленӣ бар сараш мепушонанд ва ӯро ба қатл расонда бо мошин ба ҷангали наздик ба гардиши шоҳроҳи Брянск мебаранд. Дар он ҷо, ба гуфтаи муфаттишон халтаеро, ки ба сари ин шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда буд, бо лента печонда, ҷавонро ба чоҳи қаблан кандашуда партофта, бо қуму ахлот болояшро пӯшонидаанд.

Тафтишот падари ҷавони мақтулро ташкилкунанади ҷиноят ва боқимондаро гумонбар ба куштор медонад. Ҳама чор гумонбар дар Доғистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Афзоиши беш аз 45% одамкушӣ ва сӯиқасад ба куштор

0

Шумораи ҷиноятҳое, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифташудааст 13,8 ҳазорро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9% зиёдтар аст.

Дар ин давра ҷиноятҳо дар вилояти Хатлон – 22,2%, вилояти Суғд – 12,3%, ноҳияҳои тобеи марказ – 17,9%, ВМКБ – 18,9% афзоиш ёфтааст.

Ба фарқ аз дигар шаҳру ноҳияҳо, дар ин давра шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар шаҳри Душанбе – 8,2% коҳиш ёфтааст.

Дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои вазнини ба қайд гирифташуда 2 ҳазору 918 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2020 12,1% зиёд аст.

Сабти ҳолатҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор 45,7%, таҷовуз ба номус 37,5%, дуздӣ 11,4%, ғоратгарӣ 17,6% ва ғайра афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра 40% коҳиши сабти ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи умумии ошкоркунии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-июни соли равон 80%-ро ташкил дод.

Вокуниши Вазорати молия ба вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ

0

Вазорати молияи Тоҷикистон ба вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди изҳороти муовини вазири молия,  ки 2-юми август гуфт, ба суратҳисоби ҳукумат маблағе ворид нашудааст, вокуниш нишон дод.

Вазорати молияи кишвар дар изҳороташ менависад, ки манзури Ҷамшед Каримзода муовини якуми вазири молия созмонҳои байналмиллаӣ буд,  вале аз ҷониби шаҳрвандон то имрӯз беш аз 200 ҳазор сомон ворид шудааст.

Дар изҳороти вазорат омадааст: “Манзури муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед ба саволи рӯзноманигор дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст, ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст”.

Ин ниҳоди молии кишвар тасдиқ мекунад, ки аз ҷониби шаҳрвандон маблағ ворид шудааст. “Вале, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб 206 526,67 (дусаду шаш ҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст, ки он аз рӯи таъинот истифода карда мешавад”.

Вазорати молияи кишвар дар ҳоле аз ворид шудани маблағҳои шаҳрвандон мегӯяд, ки дирӯз дар нишасти матбуотӣ аз ин омор чизе нагуфта буд. Аксари коршиносон ва корбарони бар ин омор, ки гӯё беш аз 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба суратҳисоби ҳукумат ворид шудааст, шубҳа доранд.

Инчунин Вазорат то ҳол нагуфтааст, ки ин маблағҳои аз ҷониби шаҳрвандон ҷамъшуда, дар куҷо масраф шудааст, оё ба дасти зарардидагон ва ниёзмандон расидааст ё хайр, суолест бепосух.

Сафири Тоҷикистон дар Русия иваз шуд

0

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзо, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Имомуддин Сатторовро дар курсии сафорати кишварамон дар Русия иваз кард.

2-юми август, бо фармонҳои ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон собиқ сафири Тоҷикистон дар Маскав аз вазифа озод ва ба ҷои вай Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъин шуд.

Бино бар иттилои хадамоти матбуоти Президент, Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Ҳамзамон тибқи ин фармонҳои ҷадид Файзулло Холбобоев низ аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Молдова озод карда шуд ва Давлаталӣ Назризода сафири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин гардид.

Инчунин, бо қарори ҳукумат Хусрав Нозирӣ аз вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ озод шуда, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) Хусрав Нозирӣ дабири кулли СҲИ таъин шуд.