7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 56

Бонки Душанбе Сити мардумро масхара мекунад?

0

Рӯзи 5-уми август қисме аз муштариёни “Бонки Душанбе Сити” аз кор накардани барномаи мобилӣ ва банкоматҳои ин бонк шикоят карданд.

Ба гуфтаи корбарон, на танҳо барномаҳои онлайнӣ фаъол набуданд, балки дастгоҳҳои пулпардоз (банкоматҳо) низ аз кор бозмонда буданд.

Яке аз шаҳрвандон дар Фейсбук ба роҳбарияти бонк навиштааст: “Ин чӣ бонкдорӣ аст?! Мардум дар ҳолатҳои таъҷилӣ бояд дастрасӣ ба пулашон дошта бошанд, на бо навиштаи “Извините, банкомат временно не работает” рӯ ба рӯ шаванд!”

Вай талаб кардааст, ки роҳбарияти бонк сабаби ин мушкилро расман шарҳ диҳанд, онро фавран бартараф созанд ва аз мардум узр пурсанд. Ин муштарии бонк инчунин таъкид мекунанд, ки бонкҳо бояд масъулияти бештар дошта бошанд, зеро мардум ба онҳо бовар карда, амонатҳои худро месупоранд.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, низ дар вокуниш ба кор накардани банкоматҳо ва қатъи кори барномаи мобилии “Бонки Душанбе Сити” (ДС), дар як навиштаи кӯтоҳ, аз амалкарди ин бонк шадидан интиқод кардааст.

Ӯ навиштааст: “Бонки миллӣ ба Душанбе Сити мӯҳлат дод, ки дар муддати як моҳ камбудиҳояшро ислоҳ намояд. ДС чӣ кор кард? Тасмим гирифт Бонки миллӣ ва мизоҷҳояшро масхара намояд?”

Бонки “Душанбе Сити” дар посух ба интиқоди Раҷаб Мирзо навиштааст, ки ба қарори Бонки миллӣ эҳтиром мегузорад ва талош дорад дар муҳлати муайяншуда камбудиҳоро ислоҳ кунад. Гуфтааст, пешниҳодҳо ва танқидҳоро ба инобат гирифта, ба ҳар муштарӣ бо эҳтиром муносибат менамояд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандон аз кор накардани банкоматҳо, дастнорас будани маблағашон дар ҳолатҳои зарурӣ ва гум шудани пулҳояшон аз ҳисобашон дар ин бонк шикоят мекунанд.

Сафари фиристодаи Трамп ба Маскав ва дидор бо Путин

0

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Виткофф ба Маскав сафар кард.

Ба иттилои расонаҳо, ин аллакай панҷумин сафари Виткофф ба Русия дар соли 2025 мебошад. Гуфта мешавад, фиристодаи Трамп имрӯз бо Путин дар Маскав мулоқот кардааст.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои поён додани ҷанг бо Украина то 8-уми август муҳлат дода буд ва то анҷоми ин муҳлат танҳо ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Мувофиқи изҳороти Трамп, агар то 8-уми август амалиёти низомии Русия дар Украина ба поён расонида нашавад ва оатшбас сурат нагирад, Вашингтон зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ карда ва боҷи гумрукиро нисбати кишварҳое, ки нафти Русияро мехаранд, баланд хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Трамп пас аз ҷамъбасти музокироти Виткофф дар Москав тасмими ниҳояшро эълон хоҳад кард.

То ҳанӯз Владимир Путин расман ба зарбулаҷали Трамп посух надодааст. Аммо рӯзи 1-уми август дар як изҳороте гуфт, ки Русия ҷонибдори “сулҳи пойдор” аст, вале ҳадафҳои худ дар ҷангро тағйир надодааст. Маскав барои ба даст омадани оташбас низ шартҳои худро дорад. Аз ҷумлаи шартҳояш ин аст, ки Киев чор минтақаи Украина — Донетск, Луганск, Запорожйе ва Херсонро, ки Русия соли 2022 якҷониба ишғол карда буд, расман ҷузъи қаламрави Русия эътироф кунад.

Хабаргузории “Reuters” бо такя ба манобеаш аз Кремл хабар дод, ки Москав омода аст пас аз пурра ишғол кардани ҳамаи ин чор минтақа музокироти сулҳро оғоз кунад. Ҳамзамон “Bloomberg” аз як манбаи худ хабар медиҳад, ки Кремл шояд ба хотири рӯ ба рӯ нашудан бо фишорҳои ИМА, ба оташбаси ҳавоӣ (манъ кардани ҳамлаҳои ҳавоӣ), вале на заминӣ розӣ шавад.

Кремл мулоқоти Виткоффро “муҳим ва судманд” арзёбӣ кардааст, аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки эҳтимоли расидан ба созишномаи сулҳ дар кӯтоҳмуддат хеле кам аст.

Вокуниши 8 созмон ба таъқибу фишор болои зодагони Бадахшон

0

Ҳашт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри изҳороти муштарак аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки таъқиби помириҳо дар Тоҷикистон пас аз саркӯби эътирозҳои осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2022 шадидтар шудааст.

Инчунин ин созмонҳо ба марги мармузи чаҳор фаъоли зодаи Бадахшон дар зиндонҳо вокуниш нишон дода, мегӯянд, ки сабаби марги Кулмамад Паллаеви 50-сола, Аслан Гулобови 35-сола, Музаффар Давлатмирови 61-сола ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола маҳрум намудан аз кумаки тиббии зарурӣ мебошад.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ёдовар мешаванд, ки дар эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар ВМКБ, ки интернет 100 рӯз қатъ шуда буд, мақомот тахминан 40 нафарро кушта ва 205 фаъолро боздошт кардаанд. Зиёда аз 20 фаъоли помирӣ аз Русия иҷборан баргардонида шуда, бо муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Гуфта мешавад, ба сабаби фишорҳои ҳукумат, солҳои 2022–2023 тахминан 50 ҳазор нафар — ё 25% аҳолии ВМКБ — маҷбур шуданд минтақаи худро тарк кунанд ва ҳазорон нафари онҳо паноҳанда дар Аврупо, ИМА ва Канада шуданд. Ҳамзамон пас аз соли 2022 фаъолтияти 700 созмони ғайридавлатӣ дар ин вилоят қатъ гардидааст.

Дар изҳороти ин 8 созмон гуфта мешавад, ки моҳи марти соли 2025, бо фармони Президенти Тоҷикистон 897 маҳбус афв шуд, вале ягон зодаи Бадахшон шомили афв нагашт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона озодии фаврии Фаромуз Иргашов, Манучеҳр Холиқназаров, Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Сорбон Юноевро талаб кардааст.

Дар изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба таъқиби системавии зодагони Бадахшон хотима бахшида, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро озод кунад, шиканҷаро қатъ карда, дастрасии маҳбусонро ба кумаки тиббӣ таъмин созад ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонии помириёнро барқарор намояд.

Дар изҳороти муштараки созмонҳо аз СММ, ИА ва дигар кишварҳо даъват шуда, ки механизми мустақили тафтиши СММ роҳандозӣ шавад, то дастрасии созмонҳои байналмилалиро ба зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам созад. Инчунин аз СММ хоста шуда, ки аз фишангҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ истифода намуда, Тоҷикистонро маҷбур созад, ки ҳама помириҳои худсарона боздоштшударо озод кунад.

Инчунин созмонҳо талаб кардаанд, ки аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста шавад, то дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Зеленский: Зархаридони тоҷик дар сафи пеш бо мо меҷанганд

0

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабкаи иҷтимоии “Х” навишта, ки зархаридони тоҷик дар сафи пеши ҷабҳа аз ҷониби Русия бо мо меҷанганд.

Дар ин паёми Зеленский, ки дар шабакаи “Х” бо номи худи ӯ нашр шудааст, гуфта мешавад, раисҷумҳур рӯзи 4-уми август дар шаҳри Волчанск бо Подагони 17-уми қувваҳои дифоии кишвараш мулоқот кардааст.

Ӯ менависад, зимни мулоқот бо нерӯҳои артиши кишвараш маълум гашта, ки дар сафи пеши ҷабҳа аз ҷониби артиши Русия зархаридон аз кишварҳои Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва кишварҳои африқоӣ ҳузур доранд ва алайҳи Украина меҷанганд.

Президенти Украина таъкид мекунад, ки “ба чунин ҳолатҳо посухи сазовор дода хоҳад шуд”. Аммо гуфта нашудааст, ки посухи Украина ба чунин зархаридон ба чӣ шакл хоҳад буд.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Русия ва ҳузури онҳо дар сафи пеши ҷабҳаи ҷанг алайҳи Украина борҳо нашр шудааст. Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ накардаанд, ки чанд нафар аз шаҳрввандони кишвар дар ин ҷанг ширкат доранд ва аз байни онҳо чанд нафарашон шаҳрвандии Русияро доранд.

Қаблан хабарҳо нашр шуда буд, ки мақомоти низомии Русия зиндониёни шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд ва ё муҳоҷироне, ки мушкилоти асноди будубош доранд, бо ваъдаи озодӣ ва додани шаҳрвандии Руися онҳоро ба ҷанг ҷалб мекунанд.

Чанде пеш як зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷангида, дар гуфтугӯ бо Azda.tv аз он шикоят карда буд, ки бо вуҷуди ба охир расидани шартномааш бо Вазорати дифои Русия, ӯро аз ҷанг дар Украина рухсатӣ намедиҳанд.

Ин сарбози тоҷик гуфта буд, ки ӯ моҳи феврали соли 2024 бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанги зидди Украин ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар шартномаи як сола баста буд. Вале, пас аз он ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ шартномааш ба охир расид, ба ӯ иҷозат надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозати рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ин ҷавони тоҷик мегуфт, ки фиреби мақомоти Русияро хӯрдааст ва ба монанди ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳаш хеле зиёд аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон, иштироки шаҳрвандон дар ҷанги дигар кишварҳо ҷиноят ҳисобида мешавад. Созмонҳои ҳуқуқиву сиёсӣ борҳо аз зодагони Тоҷикистон хоста буданд, ки ба фиреби мақомоти рус дода нашванду худро ба куштан надиҳанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

0

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар як конфронси байналмилалӣ рӯзи 5-уми август вориди Туркманистон шуд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда, ки дастрасӣ ба баҳр надоранд, мебошад. Ҳамоиши мазкур дар шаҳри Туркманбошии ин кишвар аз 5-ум то 8-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар фурӯдгоҳи байнулмилалии шаҳри Туркманбошӣ Эмомалиро раиси Маҷлиси намояндагони халқи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвоз гирифтааст.

Дар доираи ин сафар, мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов доир гардид. Ҷонибҳо зимни табодули афкор, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуда, ба тавсеаи муколамаи сиёсӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки солҳои тӯлонӣ Туркманистонро раҳбарӣ мекард, соли 2022 ихтиёран аз мақоми президентӣ канор рафт ва пас аз баргузории интихоботи нав писараш – Сардор Бердимуҳаммадов ба курсии раисҷумҳурӣ нишаст. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳоло раиси Маҷлиси халқии Туркманистон аст, ки як мақоми калидӣ дар сохтори ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфти таҳлилгарон, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 инҷониб Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, эҳтимол аз таҷрибаи Туркманистон дар масъалаи интиқоли қудрат пайравӣ кунад. Гарчанде ҳанӯз изҳороти расмӣ дар ин бора нашр нашудааст, вале таҳаррукҳои сиёсии ахир ва густариши фаъолиятҳои сиёсиву расмии писари ӯ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, эҳтимолҳоро дар мавриди омодагӣ ба интиқоли қудрат тақвият медиҳанд.

Баррасии парвандаи ҳамлаи хунин ба “Крокус” дар додгоҳ

0

Имрӯз, 4-уми август дар толори бузурги Додгоҳи шаҳри Маскав пушти дарҳои баста муҳокимаи гумонбарони ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” баргузор гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар курсии гумонбарони ҳамла 19 нафар нишастаанд, ки аз онҳо 2 нафарашон зодаи Ингушистон, 1 зодаи Қирғизистон ва боқимонда зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин аз 2 ҳазору 300 нафаре, ки ҳамчун ҷабрдида дар ин парванда шинохта шудаанд, тақрибан 150 каси онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бевосита иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус” аз 470 ҷилд ва натиҷаи беш аз 200 ташхиси гуногун дар бораи айбдоршавандагон иборат буда, онро ҳайати иборат аз се додрас бо раҳбарии Тимур Жидков баррасӣ хоҳанд кард. 

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли гузашта пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и ДИИШ ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.

Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон – Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо аъзои гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон”-и ДИИШ номида, онҳоро гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо ҳангоми тафтишот ва ҳам мурофиаи додгоҳии имрӯза айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳатҳои вазнин дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Мақомоти Русия понздаҳ гумонбари дигарро кӯмакрасон ва шахсони мусаллаҳсози террористон унвон кардаанд, вале аксари онҳо ин иттиҳомотро рад кардаанд.

Ҳамчунин чанд нафари дигар, аз ҷумла Муҳаммадраҳим Файзов, бародари Муҳаммадсобир Файзов, Умедҷон Солиев ва Зубайдулло Исмоиловро мақомоти Русия дар доираи ин парванда дар пайгард қарор додаанд ва эҳтимол онҳоро аз Туркия ба Русия истирдод кунанд.

Кумитаи тафтишотии Русия иддао дорад, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.

Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ низ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.

Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.

Зиёд шудани задухӯрдҳо дар марз бо Афғонистон

0

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 10 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ба қайд гирифта шудааст.

Зафар Самад, раиси Агентии зиддинашъаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки шумораи чунин ҳодисаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки он вақт ҳамагӣ 6 ҳодисаи сабт шуда буд, афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, аксари задухӯрдҳо дар манотиқи наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин мақомдор, дар натиҷаи даргириҳо 4 қочоқбари маводи мухаддир, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд, кушта шудаанд.

Зафар Самад иддао кардааст, ки қочоқбарон дар баъзе ҳолатҳо бо аслиҳаи вазнин ва таҷҳизоти муосир мусаллаҳ буданд.

Ӯ инчунин Афғонистонро манбаи аслии воридшавии маводи мухаддир ба Тоҷикистон номида, гуфтааст, ки танҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон 1 тоннаву 692 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 54,4 дарсади ҳаҷми умумии мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ дар шаш моҳи аввали соли равон 3 тоннаву 107 килограмм маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон мусодира гардидааст, ки 10 килограмму 388 грамм зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мубошад.

Ин омор дар ҳолест, ки ба иддаои Зафар Самад мақомоти кишвар дар шароити ноороми вазъи Афғонистон тадобири амниятӣ дар марзро тақвият дода, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро низ афзоиш дода истодаанд.

Дар ҳоле ин мақомдори тоҷик Афғонистонро манбаи аслии воридшавии маводи мухаддир ба Тоҷикистон меномад, ки борҳо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам кардаанд, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Оё рӯзноманигорони зиндонӣ аз вазъи саломатиашон шикоят надоранд?

0

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзноманигорони зиндонии тоҷик дар ҳоли ҳозир шикояте надоранд, аммо пештар пайвандонашон аз вазъи саломатӣ ва шароити нигоҳдории онҳо шикоят карда буданд.

Имрӯз, 4-уми август, Ҳусниддин Нидоев, муовини сардори Шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Вақолатдор зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзи 5-уми май бо Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмад Иброҳим дар зиндони маъруф ба “1-ум Советский” мулоқот доштааст.

Нидоев гуфта, ки пайваста бо афроди маъруф дар расонаҳо дар ҳамеша дар тамос ҳаст ва аз сардорони муассисаҳо ҳангоми суҳбати телефонӣ аз аҳволи онҳо пурсида мешавад.

Ба иддаои ин мақомдори тоҷик, вазъи саломатии Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмад Иброҳим хуб аст ва шикояте накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Мағфират Худойназарова, ҳамсари Завқибек Саидаминӣ ба расонаҳо аз вазъи бади саломатии ҳамсараш шикоят карда, гуфта буд, ки шавҳараш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашад. Инчунин пас аз зиндонӣ шудан ба бемории асаб гирифтор шудаву аз дарди чашм азоб мекашад.

Ҳамзамон пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба расонаҳо гуфта буданд, ки аз моҳи март ба ин сӯ наметавонанд бо ӯ дар зиндони шаҳри Хуҷанд мулоқот кунанд ва нигарони вазъи саломатияш ҳастанд.

Ба гуфтаи пайвандонаш Пирмуҳаммадзодаро кормандони зиндон пас аз суолаш, ки чаро номашро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид накардаанд, ба ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавӣ) андохтаанд.

Ҳусниддин Нидоев намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон низ дар ин робита гуфтааст, ки соли пеш бо Пирмуҳаммадзода дар зиндони Хуҷанд мулоқот доштаанд, вале имсол бо ӯ мулоқот накардааст ва ваъда дода, ки баъд аз нишаст, аз ҳоли ин рӯзноманигори зиндонӣ пурсон мешавад.

Дар нишасти имрӯза намояндагони Ваколатдор бо вуҷуди иддаои он ки аз ҳоли афроди маъруф дар расонаҳо хабар мегиранд, аз дигар зиндониёни сиёсӣ ном набурдаанд.

Гуфта мешавад, дар зиндонҳои кишвар садҳо рӯзномагигору вакилони дифоъ ва фаъолону мухолифон бе гуноҳ зиндонӣ шудаанд. Бо вуҷуди бегуноҳ зиндонӣ шуданашон мавриди шиканҷаву фишори равонӣ низ қарор мегиранд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо раҳоии онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, вале режими Раҳмонов ин талабу тавсияҳоро нодида гирифта, баръакс, фишору зиндонӣ карданҳоро нисбати дигарандешон бештар кардаанд.

UNICEF: Гуруснагӣ дар Ғазза ба марҳилаи маргбор расидааст!

0

Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) нисбат ба вазъи буҳронии кӯдакон ва интишори гуруснагӣ ва камбуди ғизо дар Ғазза ҳушдор дод.

Ин ниҳоди байналмилалӣ эълом карда, ки гуруснагӣ ва камбуди ғизо дар миёни аҳолии Ғазза, бахусус кӯдакони ба марҳилаи маргбор расида, пайдо кардани маводи хӯрока ҳам дар ин борика қариб ғайриимкон шудааст.

Юнисеф ҳушдор дода, ки рӯзона чандин кӯдак дар Ғазза ба сабаби камбуди ғизо ва гуруснагии шадид ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳамзамон ин ниҳод таъкид карда, ки Исроил оби ошомиданиро барои аҳолии Ғазза қатъ карда, мардум ба ҳадди изтирорӣ ҳам об пайдо намекунанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ вазъияти кунунии Ғаззаро “фоҷиаи сохтаи дасти башар” унвон карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карда, ки монеаҳо барои расондани обу хӯрок ба аҳолии ин борикаро бартараф кунанд ва ҳарчи зудтар мардуми ин минтақа бо кумакҳои башардӯстона ва ниёзҳои аввалия таъмин шаванд.

Ин ҳушдори ниҳоди байналмилалӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Ғазза идома дорад. Ва ҳамзамон сиёсиён ва низомиёни исроилӣ гузоришҳо дар мавриди афзоиши маргу мири ношӣ аз гуруснагӣ ва қаҳтиро нодида гирифта, вазъияти фоҷиабори Ғаззаро инкор мекунанд.

Гузоришҳо аз он нақл мекунанд, ки артиши Исроил бар иловаи гурусна нигоҳ доштани аҳолии Ғазза ба сӯи онҳое, ки барои дарёфти ғизо дар навбат меистанд, тир мекушояд ва рӯзона даҳҳо нафарро мекушад.

Тавре “Ал-Ҷазира” қаблан гузориш дода буд, артиши Исроил танҳо дар як рӯз беш аз 51 фаластинии гурснаро, ки дар саф мунтазири дарёфти кумакҳои инсонӣ буданд, кушт ва 648 нафари дигарро захмӣ кард.

Дафтари расонаии фаластинӣ дар гузорише таъкид карда, ки ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба сӯи фаластиниёни гурусна амдӣ буда, Исроил гуруснагиро ҳамчун силоҳи ҷангӣ алайҳи мардуми Ғазза истифода мекунад.

Созмонҳои ҳуқуқӣ низ бо интишори байнияҳо таъкид мекунанд, ки Исроил бо хунсардии комил ғайри низомиёни дар ҷустуҷӯи ғизоро ҳадаф қарор медиҳад ва бо ин кораш тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва инсониро поймол мекунад.

Коршинос: Тоҷикистон ва Покистон маркази гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд

0

Ба назари бархе аз коршиносон, аксари аъзои ДИИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, дар кишварҳои Тоҷикистону Покистон омода шуда, ба Афғонистон меоянд.

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба раиси Кумитаи амнияти Узбекистон хабар доданд, ки як узви шохаи “Хуросон”-и ДИИШ, ки чанде пеш дар шаҳри Намангони Узбекистон боздошт шуда буд, бо афроде дар Тоҷикистон ва Покистон иртибот доштааст.

Саидбиллол Фотимӣ, ки аз ӯ ҳамчун коршиноси равобити байналмилалӣ ёд мешавад, дар як мусоҳиба бо шабакаи “Як”-и Афғонистон иддао кардааст, ки аксари террористон ва аъзоёни ДИИШ тоҷиконе ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ва Покистон омода мешаванд.

Ҷаноби Фотимӣ мегӯяд, ки амалиётҳо дар Маскав, Калифорния, Эрон, Кандаҳор, ҳамла ба шаҳрвандони чинӣ ва ҳамла ба Гулбиддин Ҳикматёр дар Кобул аз ҷониби тоҷиконе сурат гирифтааст, ки дар Покистон таълим дидаанд.

Ӯ дар поён изҳор медорад, ки Тоҷикистон ва Покистон маркази гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд ва бояд ба рӯйхати сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шаванд — на Афғонистон.

Фотимӣ мегӯяд, ки Афғонистон ҳеҷ гуна хатаре барои Тоҷикистон ва Покистон надорад. Баръакс, ин ду кишвар ба амнияти Афғонистон хатар эҷод мекунанд.

То ба ҳол Тоҷикистон дар бораи ин изҳороти Саидбиллол Фотимӣ коршиноси равобити байналмилал ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Намангони Узбекистон як гурӯҳи вобаста ба “Хуросон”-и ДИИШ боздошт шуд, ки роҳбарии онро як духтари 19-сола ба уҳда доштааст.