36.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 570

Муроҷиати КШНГЗС ба Салиби Сурхи Тоҷикистон оиди қазияи бобои Дона

0

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон дархост намуда, ки ба қазияи Донаёр Набиеви 87-сола, ки чанде пеш аз ҷониби мақомоти кишвар бо иттиҳоми ифротгароӣ дастгир ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, расидагӣ кунанд, чун вазъияти саломатияш дар зиндон бад шудааст ва ниёз ба табобат дорад.

Кумита дар муроҷиаташ менависад:

“Мо медонем, ки дари зиндонҳои Тоҷикистон ҳамоно ба рӯи намояндагони Салиби Сурх бастааст. Аммо дар қалби мо шӯълаи умеде аст, ки шояд ин бор Раёсати ислоҳии умумии умури зиндонҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солманд будани Донаёр Набиевро ба инобат гирифта, ақаллан ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх ҳамчун созмони беғараз иҷозат медиҳанд, ки аз зиндон боздид кунанд ва ба ин мӯйсафеди бемор кӯмаки худро расонанд ва барои интиқол додани ӯ ба бемористони маҳбас мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, бо эҳтироми зиёд аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар қазияи Дониёр Набиев бетараф набошед ва ба ёрии ӯ биштобед”.

Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк кард, Ҷо Байден вориди он гашт

0

Ҷо Байден раисҷумуҳури тозаинтихоби ИМА бо аввалин қарораш 17 амри президенти акнун собиқи Амрикоро бекор мекунад.

Мушовирони президенти нав Ҷо Байден тасдиқ карданд, ки ӯ имрӯз, чоршанбе дар аввалин қадамҳои худ ба сӯи кохи сафед, 17 амри президентро бекор мекунад, аз ҷумла сиёсатҳои маъмурияти Доналд Трампро барои муҳоҷирон, инчунин барои баргардонидани ИМА ба созишномаи иқлимии Париж ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қарор содир хоҳад кард.

Мушовирони Байден гуфтаанд, ки раисҷумҳур тасмим дорад, ки фармони баҳсбарангези муҳоҷиратро, ки ҳамтои собиқаш барои ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусалмоннишин ба ИМА қабул карда буд, бекор бикунад.

Байден ҳамзамон тасмим дорад корҳо барои сохтани девор дар марзи Мексикаро боздорад ва маблағи барои он ҷудошударо ба буҷаи Пентагон ворез кунад. Ин масъла дар чаҳор соли охир баҳсҳои шадиди сиёсӣ ва додгоҳиро ба вуҷуд оварда буд.

Ҷо Байден номзади ҳизби демократҳои Амрико имрӯз 20 январ қабл аз савгандёдкунӣ ба ҳайси президент дар ҳоле ба Вашингтон омад, ки чораҳои амниятӣ дар пойтахт ҷиҳати таъмини маросими савгандёдкуниаш пурзӯр карда шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед сабти суханронии президенти салоҳияташ ба поёнрасида Доналд Трампро пахш кард, ки мегӯяд, қудратро ба маъмурияти нав месупорад ва мехоҳад, Амрикоро бехатар ва шукуфон кунад. Трамп дар суханронии худ аз Байден ном набурд.

Доналд Трамп, президенти акнун собиқ, то ҳол пирӯзии рақибашро эътироф накарда аст, чизе ки дар таърихи Амрико бесобиқа мебошад.

Барои таъмини бехатарии маросими савгандёдкунӣ, фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал Даниэл Ҳукансон гуфт, барои кумак ба нерӯҳои амниятӣ дар Вашингтон 25 ҳазор сарбози Гвардияи миллӣ низ сафарбар шудааст.

Пештар ниҳоди амниятии Амрико аз эҳтимоли нооромиҳо дар рӯзи маросими савгадёдкунӣ ҳушдор дода буд. Ба ҳамин хотир ин маросим зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад.  

Дар ҳамин ҳол Президенти акнун собиқ Доналд Трамп дар суханроинии видоъаш бо миллати Амрико, ки дар арафаи ба охир расидани мӯҳлаташ баргузор шуд, гуфт:

“вақте ман барои супоридани қудрат ба маъмурияти нав омодагӣ мебинам, мехоҳам шумо бидонед, ки ҳаракате, ки мо оғоз кардем, ҳанӯз ҳам дар марҳилаи оғозаш ҳаст.”

Ин гуфтаҳои Трамп боиси ҳадсу гумонҳои бисёре аз шореҳин шуд, ки ӯ пас аз тарки Кохи Сафед чӣ роҳеро метавонад ихтиёр кунад.

Дар ҳоле, ки баъзе таҳлилгарон боварӣ доранд, ки Трамп вақти зиёдашро барои як қатор парвандаҳое, ки дар якчанд додгоҳҳо дар Ню Йорк, Флорида ва Вашингтон ДС бар алайҳаш ҷамъоварӣ шудаанд сарф хоҳад кард.

Тахминҳое ҳам ҳаст, ки Трамп дар фикри таъсиси як шабакаи хабарии ростгаро ҳаст, ки қолинро аз зери пойи шабакаи “Фокс” дар байни тамошобинони ҷумҳурихоҳ бикашад.

Дар доираҳои Вашингтон то ҳол суол дар бораи мурофиаи Трамп пас аз ба охир расидани мӯҳлати президентиаш боқӣ мондааст.

Хушхабар! Дар Тоҷикистон масҷидҳо дигарбора кушода мешаванд

0

Интизор меравад, ки аз 1 феврал дари масҷидҳои Тоҷикистон бар рӯйи намозгузорон кушода шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаи “Азия-Плюс”, чунин қарор имрӯз дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст.

Манбаъ қайд карда, ки дар ҷаласа ба Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин супориш дода шуд, ки шароити адои намозро ба назар гирифта, дараҷаи хатари сироятшавӣ ба коронавирусро дар масҷидҳо муайян кунанд.

Агар ҳолатҳои ғайричашмдошт то 1 феврал рух надиҳанд, пас намоз дар масҷидҳо иҷозат дода мешавад, иброз доштааст манбаи “Азия-Плюс”.

Дар ҳамин ҳол Афшин Муқим сухангӯи кумитаи дин дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки санаи кушода шавии масҷидҳоро Ситод дақиқ мекунад ва вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо ҳанӯз қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ба тасвиб нарасидааст.

Дар идома иброз доштааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва бо ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон Кумита ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Интизори тасмими Ситодем.”

Масҷидҳо дар Тоҷикистон 3 марти соли гузашта баста шуда буданд. Охири он моҳ дубора ба намозгузорон дар масҷидҳо иҷозаи намозгузорӣ дода шуд, вале чанде нагузашта рӯзи 18 апрел дари масҷидҳо дубора баста шуданд. Инак 9 моҳ мешавад, ки дари масҷидҳо ба рӯи намозгузор баста аст.

Пеш аз ин борҳо мардум аз ҳукумат хоста буданд, ки дар баробари ин ки тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, масҷидҳо низ кушода шаванд. Аммо мақомот далел пеш меовард, ки масҷид ҷойи серодам асту эҳтимоли сирояти вирус дар он бештар аст.

Бонки осиёии рушд 237,5 млн доллар ба Тоҷикистон кумак кард

0

Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 237,5 млн доллар ба Тоҷикистон кумак кард. Ин кумакҳо барои татбиқи чор лоиҳа пешбинӣ гардидаанд.

Дафтари кории ин ниҳоди байнулмилалии молӣ дар Душанбе гуфтааст, созишномаҳои грантии дахлдор охири соли гузашта байни ҳукумати кишвар ва БОР ба тасвиб расидааст.

Гуфта мешавад, ин маблағ ҷиҳати баланд бардоштани устувории бахши энергетика, тақвияти бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи миллии роҳҳо, беҳбуди низоми обёрӣ ва таҳкими соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки барои рушди соҳаи энергетика 105 млн доллар   ҷудо гардида, ки ба раванди суръат бахшидан ба татбиқи ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбуди баҳисобгирии чаканаи нерӯи барқ ва шабакаи тақсимоти ҷараёни пасту миёна дар ҳафт шаҳр ва пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон равона мегардад.

Тибқи ин лоиҳа дар ҳаҷми 67,5 млн доллар барои таъмини роҳҳои Данғара то Оқмазор (28,7 км) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5км) ҷудо гардидааст, ки роҳҳои ин манотиқи кишвар пурра таъмиру барқарор карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки аз ин кумакҳо ба маблағи 15 млн доллар барои идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ ҷудо карда мешавад.

Зикр мешавад, 50 млн доллари дигар баҳри беҳбуд бахшидан ва сармоягузории бахшҳои молиявии хусусӣ ва афзоиши рушди онҳо ҷудо хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти интишоргардида, Бонки осиёии рушд дар соли 2020 ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 320 млн доллар кумаки молиявӣ расонидааст.

Русия ба низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус фиристод

0

Хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар дод, ки ин кишвар барои низомиёни пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистон ба миқдори 1100 воя ваксинаи коронавирус фиристодааст.

Гуфта мешавад, дар навбати аввал ваксина ба кормандони тиббӣ, кормандони низомии дар ҳолати омодабош, ҳайати фармондеҳӣ ва навбатдории пойгоҳи 201, ки дар Душанбе ҷойгир аст, гузаронида мешавад.

Қайд мешавад, ки пеш аз ваксингузаронӣ, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсироти эҳтимолии он маълумот дода мешавад. Ва ваксинзанӣ барои кормандони низомӣ, ба таври ихтиёрӣ пешниҳод мешавад.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумот то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбе ва Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳад монд.

Рақамикунонии соҳаи муҳоҷират дар Русия ба фоидаи муҳоҷирон аст ё хайр?

0

Хабаргузории ТАСС аз қавли ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия, Павел Дутов навишта, ки ин ниҳод нақша дорад давоми як соли оянда лоиҳаи қонун барои рақамикунонии низоми муҳоҷират дар ин кишварро омода намуда барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.

“Барои мо истифодаи технологияҳои рақамӣ хеле муҳим аст, зеро дар ояндаи наздик, дар тӯли 1-1,5 сол, мо лоиҳаи қонуни нав дар соҳаи муҳоҷиратро барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳем кард, ки он тамоми системаи муҳоҷиратро рақамӣ хоҳад кард”, – изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатӣ.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД-и Русия, соли 2021 дар сарраёсати онҳо системае амал хоҳад кард, ки мубодилаи иттилоотро дар вақти воқеӣ байни шӯъбаҳо дигар фароҳам меорад, аз ҷумла бо ин роҳ тафтиши маълумотномаҳои тиббии муҳоҷирон, ки барои гирифтани патент ба пулис пешниҳод шудаанд, имконпазир мегардад.

Чанде пеш мудири Маркази таҳқиқоти умури муҳоҷират, Дмитрий Полетаев гуфта буд, ки рақамикунонии низоми муҳоҷират солҳои наздик роҳандозӣ хоҳад шуд, ки он натанҳо масоили марбут ба муҳоҷират, балки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷорӣ кардани чунин система ҳам ба нафъи муҳоҷирон ва ҳам ба нафъи маъмурони пулис ва дигар сохторҳои марбута хоҳад буд, чун дигар пулис бо ҳар баҳонаи бардурӯғу беҷо муҳоҷиронро дастгир ва ихроҷ нахоҳад кард.

Аммо бархе бар ин назаранд, ки баракс, ин система кори баъзе муҳоҷиронро душвортар хоҳад кард, чун ҳангоми дастгир шудан баъзан бо пули андак ҳам аз дасти пулис раҳо шудан имкон дорад, аммо бо систематик шудани ин низом кор каме мушкил хоҳад шуд.

Парвандаи кормандони дастгиршудаи ВКД ба суд ирсол шуд

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтишоти парвандаи ду корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ин ду корманди ВКД 10 сентябри соли 2020 дар бинои Вазорат аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасод дастгир шуда буданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зидди фасод Исматшозода Зебунисо Исматшо сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз ӯ барои аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумотҳо дар бораи доғи судӣ доштанаш, маблағи 1200 доллари ИМА талаб намуданд.

Қайд мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. баъди гирифтани 1200 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шуд.

Нисбати ин ду нафар бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Дастгир шудани кормандони сохторҳои қудратӣ бо иттиҳомӣ ришваситонӣ бори аввал нест, ки сурат мегирад. Ҳатто соле пеш аз ҷониби КДАМ кормандони худи ниҳоди мубориза бо фасод бо ин иттиҳом дастгир ва зиндонӣ шуда буданд.

Коршиносони соҳа яке аз сабабҳои ба ришваву фасод даст задани кормандони давлатиро дар маоши кам ва инчунин реша давондани ин беморӣ дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ марбут медонанд. Ба ин маъно, ки аксари мансабдорони баландпоя ба ин кор моиланд ва барои кормандони радаҳои поёнтар баҳонае мешавад, ки ба фасод даст бизананд.

Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозаинтихобаш мулоқот кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 январ бо кадрҳои тозаинтихобаш ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, СРИҶҶ Вазорати адлия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъиншуда буданд, мулоқот намуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода муовинони раиси Бонки миллӣ таъин шуданд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Инчунин сардорони раёсатҳои Агентии мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шӯъбаҳои дастгоҳи марказии ин Агентӣ таъин карда шуданд.

Прокурорҳои ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Б.Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Бо фармони раисҷумҳури кишвар Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи раиси суди ноҳияи Б.Ғафуров озод карда шуд.

Тибқи фармони Президент Абдувалӣ Шарифзода аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” озод ва Аҳлиддин Ибодуллозода дар як фармони президент ба вазифаи директори нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳунарманди саршиноси тоҷик, Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашт

0

Имрӯз 19 январ ҳунарманди театру синамои тоҷик, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора фарзандаш Шаҳбоз Абдураззоқов дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Ҳабибулло Абдураззоқов падари коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов мебошад. Бино ба даргузашти ин ҳунарманди нотакрори тоҷик ҳайати эҷодии “Аздо тв” тасаллият ва ҳамдардии худро ба хонаводаи эшон баён медорад. Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!

Ҳабибулло Абдураззоқов соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаҳои актёрӣ ва коргардонии Донишкадаи ҳунари театрии ба номи Луначарскийи Маскав буд.

Ӯ дар баробари ҳунарманд будан низ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дошт. Ӯ яке аз пештозон ва фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон буд. Вале баъдтар саҳнаи сиёсатро тарк кард.

Чанд соли охир аз сабаби беморӣ дар пардаи синамо ва театр зоҳир намешуд.

Қонуни нав дар соҳаи низомӣ чӣ навгоние овард?

0

Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” -ро қабул намудаанд.

Рустам Шомурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро пешниҳод намудааст.

Тибқи ин қонуни нав ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ, пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбӣ рутбаи ҳарбии афсарӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузори давлатии “Ховар” лоиҳаи қонун аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар ин лоиҳа гуфта шудааст, ки айни ҳол шумораи шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан камтар шуда истодааст, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилӣ ба миён меорад.

Ин лоиҳаи нав дар ҳолест, ки даъват ба артиш дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳоест, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мақомоти низомии кишвар барои ба танзим надаровардани ин соҳа ҳамеша дар ҷомеа мавриди интиқод қарор мегиранд.

Дар Тоҷикистон аз сабаби бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ нисбати сарбозони нав хабарҳо зиёд расонаӣ мешавад. Ҳамасола кушта шудан ва ё беному нишон гардидани афсарон, шаҳрвандонро аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ тарсондааст.

Кормандоин комиссариятҳои ҳарбӣ сарбозонро маҷбуран ва бо усули (Облава) ва ё одамрабоӣ аз кӯчаву бозорҳо дастгир мекунанд ва ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.