15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 573

Афзоиши парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия

0

Аз имрӯз 10 июн шумораи парвозҳои мунтазам аз Русия ба Товикистон афзуда шуд. Ба ҳамин минвол аз ин пас тайи ҳафта дар маҷмӯъ байни Тоҷикистон ва Русия чаҳор парвози мунтазам анҷом дода мешавад.

Бино ба навиштаи хабаргузории “Спутник” Русия ҳамчунин шумораи парвозҳо бо ҳашт кишвар Белорус, Юнон, Озарбойҷон, Арманистон, Қатар, Узбекистон, Миср  ва Сербияро афзоиш медиҳад.

Хамзамон аз 10 июн Русия парвозхоро ба Австрия, Мачористон, Лубнон, Люксембург, Маврикий, Марокаш ва  Хорватия  аз сар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Русия парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро моҳи марти соли гузашта дар иртибот бо пандемияи коронавирус қатъ карда буд. Шуруъ аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дубора барқарор кард, аммо талабот ба саёҳат дар ин масир аз пешниҳодҳо зиёда аст.

Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно анҷом мегирад. Ҳар рӯз тахминан 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳангоми сафар, доштани санҷиши манфии короновирус барои мусофирон ҳатмӣ мебошад.

Ҳоло 7 ширкати Руси “Северный ветер”, “Ют-Эйр”, “Уральский авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр, ва “Ямал” мусофиронро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.

Бар асоси иттилои Агентии авиатсияи Тоҷикистон аз аввали моҳи апрел то кунун 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳамагуна парвозҳо ба Русия сафар кардаанд.

Ҳарчанд парвозҳо пайваста сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймо то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.

Шикоят аз пулситонии раҳбари беморхона ба вазири тандурустии Тоҷикистон

0

Як корбар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз амалҳои ришваситонӣ ва коррупсионии мудири Маркази бемориҳои дилшиносии вилояти Суғд, Собиров С.И ба вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллоев шикоят навиштааст.

Ин корбар бо номи

PrtScn: Фейсбук
Ба иддаои ин корбар раҳбари бемористони мазкур бемороне, ки аз қишри имтиёзноки ҷомеа ҳастанд, ба монанди маъюбон, камбизоатон ва гурӯҳҳои дигар дар бемористон намехобонад ва табобати амбулаторӣ мекунад. Зеро ин қишр ройгон бояд табобат гиранд. Ва бо хобондани онҳо нақшаи “Қарори 600” иҷро намешавад. Аммо дар баробари ин, шахсоне, ки чандон бемории ҷиддӣ надоранд, вале пул пардохт мекунанд, дар бемористон иҷозати бистарӣ карданро медиҳад.

Ин корбар менависад:

“Муҳтарам вазир, оё имрӯз беморхонаҳо ба колхоз табдил ёфтаанд, ки Шумо ба онҳо нақшаи пулӣ гузоштаед? Оё бемороне, ки маъюб ҳастан, камбизоат ҳастан, ё имтез доранд, магар онҳо инсон нестанд, ки бояд ба шакли амбулаторӣ табобат гиранд?”

Ардашер Ардимиров аз он шикоят дорад, ки Собиров С.И барои аз бемор маблағи бештар ситонидан аз пеши худ таҳлили хун ба гепатитҳои В ва С, ВНМО ва COVID-19, ки ҳачми маблағи онҳо ба 250 с. мерасад, ба таври ҳатмӣ карда аст. Гӯё барои иҷрои нақшаи “Қарори 600” мебошад.

Инчунин аз ҳар як шуъба ба таври ҳатмӣ ҳазор сомонӣ талаб мекунад ва мегӯяд, ки кадом духтуре маблағ наметияд аз кор хориҷ карда мешавад, – менависад Ардашер.

Ӯ дар идома меафзояд:

“Мухтарам вазир, ин шахс, яьне Собиров С.И барои маблағ ба киссаи худ ҷамъ кардан ба беморон таҳлилу-ташхисҳои иловагӣ ба ҳаҷми 350 с. ба таври ғайриқонунӣ ва берун аз протоколи Вазорат, ки барои ҳангоми бистарӣ шудани беморон пешбинӣ шудааст, ҷорӣ кардааст. Ва акнун бемор ба ҷойи 540 с. супоридан 900 с. месупорад.”

Дар охир ин корбар аз вазири тандурустии кишвар хоста, ки пеши роҳи чунин инсонҳоро гириад. Дар шарҳи ин матлаб корбарони зиёде низ чунин пулситониҳои бемавридро дар ин беморхона тасдиқ кардаанд. Зоҳиран аз навиштаҳои ин корбар бармеояд, ки корманди ин беморхона аст. Аммо на худи ӯ ва на дигар корбарон дар ин маврид чизе нагуфтаанд.

Ҳамчунин то ҳол назари худи раҳбари беморохона дастрас нест ва дар сурати нашр шудани назари ҷониби дигар “Аздо тв” онро ҳатман нашр хоҳад кард.

Таъсиси Фонди Узбекистон-Тоҷикистон бо сармояи 50 миллион доллар

0

Рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Бохтар нахустин Форуми сармоягузории байниминтақавии Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино бар иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон, дар ин форум муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон С.Умурзоқов, роҳбарони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, савдо ва палатаҳои саноат, сарони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар, инчунин тақрибан 300 нафар соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи форум, роҳбарони ҳайатҳои ҳарду кишвар ба таҳким бахшидани ҳамкории иқтисодӣ, ташкили соҳаҳои муштараки технологияҳои олӣ, барқарор намудани робитаҳои кооперативӣ ва рушди бозорҳоро ишора намуданд.

Давлаталӣ Саид ва Сардор Умурзоқов. Сурат: Asia-Plus

Дар ин форум қайд гардид, ки наздикии ҷуғрофӣ ва логистикаи муносиб барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди савдои тарафҳо шароити мусоидро фароҳам меорад.

Ҳамчунин эълон карда шуд, ки бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт Фонди сармоягузории Узбекистон-Тоҷикистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллар таъсис дода мешавад.

Дар ҷараёни форум раҳбарони минтақаҳо ва шӯъбаҳои махсуси ду кишвар низ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасро барои татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноат, ба монанди саноати автомобилсозӣ, бофандагӣ, чарм ва пойафзол, хӯрокворӣ ва электротехника, ироа намуданд.

Пас аз анҷоми форум, байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии пешбурди содирот дар назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон созишнома барои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сурат: Asia-Plus

Инчунин созишномаҳо дар бораи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсоли мошинҳо, трансформаторҳо, асбобҳои рӯзгор, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо ва корхонаҳои парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот ва чандин шартномаҳои тиҷоратии дигар ба имзо расид.

Маблағи умумии бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда 730 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз 10 июн Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Қарор аст дар ин сафар чандин созишномаи дигар низ ба имзо бирасад.

Президенти Узбекистон вориди Душанбе шуд

0

Ирмрӯз 10 июн Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дафтари матбуоити Президент хабар дод, ки Мирзиёевро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кард.

Дар мулоқоте, ки дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе сурат гирифт, Раҳмон изҳори умедворӣ карда, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз фурудгоҳи байналмилалӣ ба Бӯстонсаройи Ҳукумати Тоҷикистон раҳсипор шудааст. Дар роҳ то Бӯстонсаро сокинони пойтахт аз Президенти ҳамсоякишвар истиқбол карданд.

Гуфта мешавад, ки Мирзиёевро сокинону донишҷӯён бо шиорҳо ва парчамҳои ду давлат, ки қаблан ба ин кор омодагӣ дида буданд, истиқбол гирифтанд.

Шавкат Мирзиёев Президенти Узбекистон барои ду рӯз (10 ва 11 июн) ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Қарор аст дар ин сафари раисҷумҳури ҳамсоякишвар чандин созишномаҳо ба имзо бирасад. Аз ҷумла соддатар кардани сафар ва муҳлати будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар дар назар аст.

Ҳамла болои як оилаи мусалмон дар Канада 4 кушта баҷо гузошт

0

Пулиси шаҳри Лондон дар вилояти Онтариои Канада аз ҳамлаи нажодпарастон ба мусалмонон хабар дод.

Бино ба гузориши “DW” бо такя ба пулиси Канада, ронандаи як мошини боркаш қасдан аз рӯи нажодпарастӣ аъзои як оилаи мусалмонро дар ин кишвар зер кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 нафар узви ин оилаи мусалмон ба ҳалокат расиданд ва танҳо як кӯдаки 9-сола бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд. Полис ронандаи мошини боркашро боздошт кард.

Полис гуфт, ки ҳамлаи мошини боркаш ба як оилаи мусалмон дидаву дониста буд ва қурбониён танҳо ба хотири эътиқоди исломии онҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи полис, далелҳо мавҷуданд, ки ҳамла амали тарҳрезишуда буд.

Ҳамлаи мошини боркаш ба оилаи мусалмонон шоми якшанбеи 17 июн дар Лондон, дар наздикии Торонто, ба амал омадааст.

Ронандаи 20-солаи боркаш панҷ нафарро дар пиёдагард зер карда ва сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, аммо баъдан аз ҷониби пулис боздошт шудааст.

Дар ин ҳамла як зани 74-сола, марди 46-сола ва зани 44-солаи ӯ, инчунин духтари 15-солаи онҳо кушта шуданд ва танҳо кӯдаки 9-солаи бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона мунтақил шудааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини боркаш бо хонаводаи қурбонӣ робитае надоштааст.

Дар ҳамин ҳол Сарвазири Канада, Ҷастин Трюдо дар саҳифаи Тивиттераш ба наздикони қурбониён изҳори тасаллият кард ва навишт, ки аз ин ҳодиса “ваҳшатзада” шудааст.

Трюдо ба оилаҳои қурбониён тасаллият гуфт ва аз мусалмонони Канада ҳимоят кард. Сарвазири Канада таъкид кард, ки исломҳаросӣ дар ҷомеа ҷойгоҳе надорад ва нафрат ба мусулмонон бояд мутваққиф шавад.

Як ҷавони 25-сола дар бозори “Саховат” бо зарби корд кушта шуд

0

Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз 9 июн аз як ҷинояти одамкушӣ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб хабар дод. Дар хабари вазорат омада, ки як ҷавони 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб як ҷавони 25-соларо дар рӯзи равшан тахминан соати 15 баъди зуҳр дар дохили бозор бо корд зарба задааст, ки дуюмӣ дар натиҷаи зарби корд ҳалок шудааст.

Марди 32-сола рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 15:20-дақиқа, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур бинобар сабабе, ки гумонбаршаванда аз ҷабрдида маблағи пулӣ қарздор будааст, аз номбурда баргардонидани маблағи пулиашро талаб кардааст. Сипас, онҳо байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида задааст.

Дар натиҷа, ҷавони 25-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, омадааст дар хабари ВКД-и Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Воридоти бархе аз маводи ғизоӣ гарон мешавад

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарори ҳукуматро ҷиҳати ду баробар боло бурдани боҷи воридотии бархе аз маводи ғизоӣ ба имзо расонидааст, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор мегирад.

Бар асоси ин қарор аз аввали соли оянда боҷи воридотии маҳсулоти макарони намудҳои гуногун аз 10 дарсад арзиши гумрукияшон то ба 20 дарсад зиёд карда мешавад.

Дар банде, ки боҷи воридоти аз 10 % ба 20 % арзиши гумруки расонида шуд, “маҳсулоти макаронӣ, пухта шуда ё пухта нашуда, пуркардашуда (бо гушт ё дигар маҳсулот) ё пур карда нашуда ё бо дигар тарз омода карда шуда, ба монанди  спагеттӣ, макарон, угро, рожки туппа, равиоллӣ, каннеллонӣ, кискис барои истифода дар хӯроки таҳияшуда ё таҳиянашуда” зикр гардидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар ниҳодҳоро муваззаф намуда аст, ки ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи ИДМ асоснокии таъсири манфии воридоти маҳсулоти макаронӣ ба истеҳсолоти ватанӣ ва амнияти ғизоиро пешниҳод намоянд.

Ҳадафи ин қарор пуштибонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ арзёби мешавад. Ин қарор аз аввали соли оянда мавриди амал қарор мегирад.

Бо ҳукми дигаре боҷи воридоти гушт ва каллапочаи ғизоии мурғӣ аз 10 дарсад ба 20 дарсад зиёд карда мешавад, ки як моҳ пас аз нашраш мавриди амал қарор мегирад.

Сомонаи “Ҷумҳурият” қарори мазкурро 8 июн мунташир карда аст.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон мурғпарварӣ рушд ёфта, пойбандии бозор ба гушт ва тухми мурғии маҳсулоти хориҷӣ бартараф шуда аст.

Кумаки 100 ҳазор евроии ИА ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ

0

Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати дастгирии қишри осебпазир дар Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табии баҳори имсол зарар дидаанд, 100 ҳазор евро баробар бо 1,4 миллион сомонӣ ихтисос медиҳад.

Тибқи гузориши хабаргузории “Спутник” ин кумакҳо мустақиман ба 1800 нафар, ки аз ҳама бештар зарар дидаанд расонида мешавад.

Гуфта мешавад, ин кумаки Иттиҳодияи Аврупо тавассути ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон равона мегардад.

Ба зарардидагон аз офати табиӣ, аз ҷумла курпаву болишт, зарфу табақ ва дигар ашёи лозим барои ошпазхона дода мешавад.

Ба оилаҳое, ки манзили зисти худро комилан аз даст додаанд маблағ дода мешавад, то эҳтиёҷоти худро бароварда созанд.

Зикр гардид, ки азбаски чунин ҳаводиси табии боиси барангехтани ҳаргуна бемориҳо мешавад, аз ин рӯ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамзамон тақсим намудани маводҳои гигиени низ ба назар гирифта шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки боришоти шадиди борон дар Тоҷикистон аз 6 то 13 май идома пайдо кард ва дар бисёре аз минтақаҳои ҷануб ва ғарби кишвар боиси обхези, ярч ва сел гардид. Обхезиҳо ва ярчҳои минбаъда ба беш аз 2500 нафар зарар расониданд.

Аз 1000 хона, ки бар асари ҳаводиси табии зарар дидаанд, як кисмати онҳо ба таври кулли хароб ва валангор шудаанд. Сокинони зарардида ҳамчунин заминҳои кишт, чорво ва маводи гизоии худро низ аз даст доданд.

Бар асоси иттилои намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон вилояти Хатлон дар байни минтаҳахои аз ҳама бештар зарардида карор дорад.

Ин офати табии талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, ки 9 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Тоҷикистону Эрон масъалаи бунёди нақби Истиқлолро баррасӣ карданд

0

Тоҷикистон ва Эрон ҷараёни корҳо дар марҳилаи дуюми лоиҳаи ба итмом расонидани нақби Истиқлолро баррасӣ карданд.

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати энергетиаи Эрон дар Душанбе масъалаҳои суръат бахшидани иҷрои ин лоиҳаро бо назардошти вақти мусоид барои корҳои сохтмонӣ баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчии лоиҳа ширкати эронии “Фароб” мебошад, ки моҳи январи соли равон дар бораи ба итмом расонидани марҳилаи дуюми нақби Истиқлол бо ин ширкат созишнома ба имзо расида буд.

Ҳангоми имзои ин созишнома қайд карда шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа то 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба анҷом мерасад.

Лоиҳа тарҳрезӣ, харид ва насби системаҳои вентилятсия, равшанӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкуниро дар бар мегирад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои анҷоми сохтмони нақби Истиқлол дар Тоҷикистон 11 миллион доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.

Маблағҳо баробар тақсим карда мешаванд, яъне ҳиссаи тарафҳо дар лоиҳа 5,5 миллион доллариро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони нақби Истиқлол, ки моҳи сентябри соли 2003 оғоз ёфта буд, кори он аз ҷониби ширкати эронии “Собир” анҷом мешуд. Эрон барои сохтмони нақб 31 миллион доллар ҷудо кардааст, ки аз он 10 миллион доллар ҳамчун грант ва 21 миллион доллар ҳамчун қарз мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон 7,8 миллион доллар ҷудо кардааст.

Нақби Истиқлол аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб, дар 90-километрии шимоли Душанбе мегузарад. Он маркази Тоҷикистонро бо қисми шимолии ҷумҳурӣ мепайвандад ва аҳамияти стратегӣ дорад. Ва дарозии он 5,2 км мебошад.

Раиси МТС аз таҳдиди хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод

0

Рӯзи 8 июн дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” доир гардид. Дар ҷаласа раиси ин ниҳод, Хуршед Зиёӣ аз таҳдиди хатари шабакаҳои иҷтомӣ ба амнияти миллӣ хабар дод.

“Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд”, – гуфт Зиёӣ.

Гуфта мешавад дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат доштаанд.

Ба гуфтаи Хуршед Зиёӣ, дар ин асри навин иттилооти фазои маҷозӣ бар тафаккури ҷомеа таъсир мегузорад. Ба назари ӯ, бояд таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал шавад.

“Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, дастаҷамъона тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд”, мегӯяд Хуршед Зиёӣ.

Аммо Хуршед Зиёӣ дар ин ҷаласа дақиқ нагуфта, ки кадом гурӯҳ чӣ коре анҷом додааст. Вале ангушти ишора ба сӯи мухолифони Ҳукумати Раҳмон, бахусус ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф шудааст, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудаанд ва аз камдиҳои Ҳукумату поймол шудани ҳуқуқҳояшон дар кишвар ошкор интиқод мекунанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки рафторҳои ғайриқонунии ҳукуматдорон, аз ҷумла рабудани чеҳраи саришиноси мухолифи Ҳукумат, ба монанди Иззат Амон, аъзоёни “Гурӯҳи 24” аз Русия ва дигар фаъолон аз кишварҳои гуногун сабаби фаъол шудани мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гаштааст.