13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 581

“Разборкаи” хонаводаи раисҷумуҳур Раҳмон бар сари “шираи камол”

0

Хоҳарзодаи ҳамсари расиҷумуҳр Эмомалӣ Раҳмон Амриддин Нақшов, ки вазифаи мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш”-ро бар уҳда дорад, бо иттиҳоми дарафтодан ба кормандони ширкати домод Шамсулло Соҳибов ҷустуҷӯ мешавад.

Бо вуҷуди он ки ин ҳодиса дар шаби 16-уми май рух дода аст, ВКД то ҳол ин ҳодисаро расман шарҳ намедиҳад.

Дар хабари Радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки Нақшов бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла кардааст. То кунун ҳафт нафар ҳамраҳони ӯро дастгир кардаанд. Аз ҷароҳат бардоштани 10 нафар ва бо корд захмӣ шудани 4 нафари дигар манобеъ дар мақомоти тафтшотӣ таъкид кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон буда аст, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омадаанд. Назари Нақшов дар бораи ҳодиса то ҳол маълум нест, аммо пайвандонаш ӯро бегуноҳ донистаанд.

Яке аз шоҳидон ҳодисаро нақл карда гуфта аст, ки як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд.

Ҳоло Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғараро бо захми чаҳор зарбаи корд дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ кардаанд. Ба қавли шоҳидон, Сайёд Ғиёсов ба Амриддин Нақшов барои соҳиб шудан ба  порча замин ҷавоби рад дода аст.

Ба ҳамин хотир одамони Нақшов  дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара ба ӯ дарафтодаанд. Нақшов мехоста, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд. Аммо ҳаққи ҷамъоварии шираи камолро дар Тоҷикистон танҳо ширктаи “Фароз”-и мутааллиқ ба домоди раисҷумуҳур Шамсулло Соҳибов дорад ва ширкати “Мину Фарм”, ки одамони Нақшов ба кормандонаш дарафтодаанд аз паймонкори ширкати “Фароз” аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад.

Таҳрими Белорус тавассути Иттиҳоди Аврупо

0

Роҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба далели иқдоми Белорус дар нишонидани ҳавопаймои мусофирбарӣ бо роҳандозии маҷмуае аз таҳримҳо бар алайҳи ин кишвар мувофиқат карданд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Форс” аз ҷумлаи таҳримҳо, ки қарор аст роҳандозӣ шавад мамнуияти истифодаи Белорус аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои Иттиҳодияи Аврупо аст.

Расонаҳо рӯзи якшанбе гузориш доданд, ки як ҳавопаймои ҷангандаи Миг-29 мутааллиқ ба Белорус як ҳавопаймои мусофирбари “Ryanair”-ро раҳгирӣ намуда ва онро водор ба фуруди изтирорӣ ба фурудгоҳи Минск карда аст.

Мақомоти низомии Белорус муддаи шуданд, ки ин ҳавопаймо машкук ба таҳдид ба бомгузорӣ буд ва ҷангандаи Миг-29-и Белорус онро маҷбур ба фуруди изтирорӣ карда.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо гузориш доданд, ки яке аз мусофирони ин ҳавопаймо аз мухолифони Ҳукумати Белорус ва гардонандаи яке аз каналҳои Телеграм ба номи “Nexta” буда ва далели фуруди ҳавопаймо низ ҳамин будааст.

Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенкоро дар саркӯби мухолифонаш гунаҳкор медонанд ва барои фишор болои ӯ алайҳи ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ карданиянд.

Раҳмон барои бозгардонидани мутахассисони тоҷик аз хориҷ таъкид кард

0

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазири маориф ва раиси Дафтари раёсатҷумҳурӣ дастур дода, ки раванди бозгардонидани мутахассисони тоҷик аз хориҷро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунанд.

Тибқи гузориши хабаргузории “Спутник” Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммадюсуф Эмомзода ва духтараш Озода Раҳмон дастур дода, ки мавзӯи бозгардонидани мутахассисони тоҷик аз хориҷ ва таъмини шуғли ин афрод дар дохилро дар дастури кор қарор бидиҳанд.

Раисҷумҳур гуфт ҷавононе, ки бо барномаи “истеъдодҳои дурахшон”-и ҳукумат ва саҳмия (квота)-и Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ба кишвар барнамегарданд ва иллати ин вазъ тангназарии мақомоти масъул аст, ки тавони дидани нерӯҳои қавитар аз худро надоранд.

Раҳмон изофа кард, ки зарур аст мутахассисони бо истеъдоде, ки дар хориҷ улуми мухталифро фаро гирифтаанд ва кишвар ба онҳо ниёз дорад ҷойгузини афроде шаванд, ки дар роҳи ба кор қабул кардани онҳо монеа эҷод мекунанд.

Ба гуфтаи Раҳмон намунаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки донишомӯхтагони хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, вале шуғли муносиб барои онҳо таъмин нашуда аст. Ва онҳо дигарбора ба хориҷ баргаштаанд. Ин дар ҳоле аст, ки мо заминаи омӯзиши мутахассисони касбиро дар дохили кишвар надорем.

Ҳамасола ҳазорон нафар аз донишандӯхтагони марказҳои омӯзишии хориҷӣ ба далели набуди шуғли муносиб ва маоши кофӣ мондан дар кишварҳои дигарро бар бозгашт ба ватан афзал мешуморанд.

Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон қабули донишҷӯён зиёд карда мешавад

0

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз манбааш дар Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои Тоҷикистон 1,3 дарсад зиёд карда мешавад.

Ҳамин тариқ қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои кишвар дар соли хониши соли ҷорӣ нисбат ба соли 2019 1,3 дарсад зиёд карда мешавад.

Бар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии микроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 57 ҳазору 468 нафар ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла 12 ҳазору 317 донишҷӯ аз ҳисоби буҷа таҳсил хоҳанд кард.

То соли 2023 шумораи донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар ба 59,789  нафар хоҳад расид.

Қаблан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, таъкид намуд то соли 2025 дар кишвар шумораи курсҳои касбомӯзӣ зиёд карда мешавад. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар соли нави таҳсили стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон сеяк афзуда мешавад.

Ширкати “ТЕХСТРОЙ” аз бурдани муҳоҷирони тоҷик ба Русия даст кашид

0

Ширкати сохтмонии русии “ТехСтрой”, ки қарор буд то ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро барои кор дар сохтмон ба Русия барад, аз қарори худ даст кашид. Роҳбари ширкати “Олами Саёҳат” Набиҷон Гулматов ин хабарро дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кардааст.

Намояндагони ин ширкат моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ анҷом дода ва бо онҳо шартнома бастанд. Тибқи шартнома мебоист ин ширкат то охири моҳи апрел муҳоҷиронро ба кор таъмин мекард, вале аз бурдани муҳоҷирон даст кашид.

Гуфта мешавад, худи ширкати “ТехСтрой” барои бурдани муҳоҷирон аз Тоҷикистон иҷозатнома надоштааст ва бо ширкати “Олами Саёҳат”-и Тоҷикистон шартнома баста, бояд аз Душанбеву Хуҷанд коргаронро бо иҷозатномаи ин ширкат мебурд.

Роҳбари ширкати “Олами Саёҳат” Набиҷон Гулматов ба “Азия-Плюс” гуфт, тибқи шартномаи дуҷониба ширкати русӣ муваззаф буд маблағи чиптаи ҳавопаймои муҳоҷиронро пардохт кунад. Аммо ба далели ин ки муҳоҷиронеро, ки аз Узбекистон бурда буду онҳо шартномаро вайрон кардаанд, аз бурдани муҳоҷирони Тоҷикистон ба Русия худдорӣ кард.

“Пеш аз муҳоҷирони тоҷик ширкати “ТехСторй” 5 ҳазор шаҳрванди Узбекистонро ба кор бурда буд. Узбекҳо ба Русия рафта дар ҷойи корие, ки ширкат бурда кор накарда, ба ҷойи кори қаблии худ рафтаанд. Ширкат бо пардохти маблағи ҳавопаймо муҳоҷирони узбекро бурда буд. Баъд ширкат гуфт, вақте чунин аст, аз Тоҷикистону Узбекистон дигар коргар намеорем”, – мегӯяд Гулматов.

Аммо Ҷумъа Раҷабов, директори Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷ аз кишвари Вазорати меҳнат гуфта, ки ин ширкати русӣ вақте ба Тоҷикистон омад, на ҳама паҳлӯҳои кораш мувофиқ ба талаботе буд, ки пойгоҳи “Работа в России” пешбинӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз интишори бемории ҳамагир парвозҳо ба Русия қатъ шуд ва аксари муҳоҷирони меҳнатӣ кори худро дар ин кишвар аз даст доданд. Соли 2020 Ҳукумати Русия қарор қабул намуд, ки танҳо ширкатҳои бузурги сохтмонӣ метавонанд муҳоҷиронро аз дигар кишварҳо ба кор таъмин кунанд.

Дар пайи қабули ин қарор барои таъмини кор ба муҳоҷирон ширкати сохтмонии русии “ТехСторй” моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омад ва бо шуморе аз муҳоҷирони тоҷик шартнома баста буд.

Пайдо шудани ҷасади як зани ҷавон аз дарёи Варзоб

0

Имрӯз 25 май аз дарёи Варзоб ҷасади зани 20-22-сола пайдо шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод шабонарӯзи гузашта тавонистанд ҷасади занеро аз об берун биёранд, ки то ҳол ҳувияташ номаълум аст.

“Дар бораи намудор шудани ҷасад дар оби дарё корманди КҲФ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар ба Қисми навбатдорӣ хабар дод. Вай гуфт, ки дар соҳили дарёи Варзоб, дар қаламрави деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ҷасади як зан намудор шудааст”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Гуфта мешавад, то ҳол сабаби ин ҳодиса маълум нест. Ҳамчунин ҳуввияти ғарқшуда низ маълум нашудааст.

Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст ва ташхиси мақомот то ҳанӯз дастрас нест.

Чаро Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст?

0

Бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ шуруъ аз 21 майи соли ҷорӣ тибқи қарори кобинаи вазирони Қирғизистон, убур аз марзҳои ин кишвар ва рафтуои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд.

Пойгоҳи хабарии “24KG” дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузариши молу воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои “Кулунду”, “Қайрагач”, “Қизил-Бел”, “Бордебо” ва “Қарамиқ”, ки дар қисмати марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Рӯзи 23 май Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Улуғбек Марипов эълом дошт, ки чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли мушкилоти марзӣ комилан қатъ карда мешавад.

Тавре, ки Марипов дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук хабар дод, ин суханонро ӯ дар мулоқот бо сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон гуфтааст.

“Масъалаи сарҳад барои мо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Барои ҳалли ин масъала тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Мо инро ҳатман ҳал хоҳем кард … Дар якҷоягӣ бо ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, мо ҳадафи таҳкими марзҳоямонро гузоштем. Барои ин мо барои марзбонони худ тамоми шароити заруриро фароҳам меорем. Дар таҳкими марзи давлатӣ сокинони маҳаллӣ низ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ман шуморо даъват мекунам, ки сабр ва фаҳмиш дошта бошед” – қайд намуд сарвазир дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ.

Марипов гуфт, ки “ҳадафи асосии мо беҳтар кардани зиндагии мардуми оддӣ аст ва мо ҳама чизеро, ки барои ин марҳила зарур аст, қадам ба қадам ба даст хоҳем овард.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар фавтид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.

Лукашенко барои боздошти мухолифи 26-солааш ҳавопайморо ба замин нишонд

0

Сарвазири Лаҳистон дар вокуниш ба рӯйдодҳои ахири Беларус ин кишварро дар терроризми давлатӣ гунаҳкор донист.

Матеуш Моравиетский дар твиттер навишт:

“Ман аз раҳбари Шӯрои Аврупо хоҳиш кардам, то барномаи ҷаласаи фардо дар Шӯрои Аврупоро бо як банди таҳримоти фаврӣ алайҳи режими Александр Лукашенко тавсеа диҳанд”.

Моравиетский дар изофа навишта, ки “Рабудани ҳавопаймои мулкӣ як амали бесобиқаи терроризми давлатӣ мебошад, ки набояд беҷазо монда шавад” – гуфт, Сарвазир Матеуш Мараветский дар мусоҳиба бо “PAP” (Агентии матбуоти Лаҳистон).

Ӯ дар идома афзуда, ки “Таҳримҳо дар навбати аввал ба мавзӯи парвозҳо аз ҳарими ҳавоии Беларус ва манъи парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Беларус марбут бошад. Авоқиби он бояд ба афроде, ки масъули мустақими фаъолиятҳои террористӣ ҳастанд бирасад.”

Рӯзи якшанбе як ҳавопаймои мулкии ширкати “Ryanair”, ки аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи ҷой доштани маводи тарканда дар дохили он, ба таври изтирорӣ дар пойтахти Белорус фуруд омад.

Боздошти Роман Протасевич. Сурат: EPA-EFE

Як ҷангандаи МиГ-29, ки ба Беларус таалуқ дорад, ҳавопаймои мусофирбари “Ryanair”-ро, ки ба сӯи Литва ҳаракат мекард, ҳамроҳӣ карда, халабонро маҷбур кард, ки ҳавопайморо ба Минск, пойтахти Беларус нишонад.

Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Минск аз дохили он маводи тарканда пайдо накарданд, аммо мақомоти Белорус рӯзноманигор Роман Протасевичро, ки дар дохили ҳавопаймо буд, боздошт кард.

Намояндаҳои ширкати ҳавопаймоии “Ryanair” гуфтаанд, аз ҷой доштани бомба дар дохили ҳавопаймо назоратчиёни ҳаракати ҳавоии Беларус ба ҳайати халабонҳо хабар додаанд ва дар бораи таҳдид дар ҳавопаймо онҳоро огаҳ карданд. Инчунин дастур доданд, ки ба фурудгоҳи байналмиллалии Минск фуруд ояд.

Ширкат илова кард, ки ҳавопаймо бехатар ба замин нишаст, мусофирон берун карда шуданд ва мақомоти маҳаллӣ санҷиши амниятиро дар дохили ҳавопаймо анҷом доданд.

Маълумот аз сайти “Flight Radar 24” нишон дод, ки ҳавопайм ду дақиқаи дигар монда буд, ки ҳарими ҳавоии Белорусро тарк мекард ва ба ҳарими ҳавоии Литва ворид мешуд. Чизе, ки суолбарангез шуд ва баъзе аз коршиносн ширкатро низ дар ҳамдастӣ ба мақомоти Белорус айбдор карданд.

Дафтари Светлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус мегӯяд, ҳангоми гирифтани паём дар бораи бомба ҳавопаймо ба фурудгоҳи Вилнюс наздик буд. Вале ба ҷойи он ба Минск рафт.

Тихановская дар саҳифаи твиттериаш навишт, “режим ҳавопаймои Ryanair-ро барои нишастан дар Минск маҷбур кард, то рӯзноманигор ва фаъол Раман Пратасевичро боздошт кунад. Ӯро дар Беларус ҳукми қатл интизор аст.”

Тихановская талаб дорад то Раман озод шавад, Созмони Байналмилалии Авиатсияи Шаҳрвандӣ ин қазияро таҳқиқи кунад ва бар алайҳи Беларус таҳримҳо ҷорӣ шаванд.

Сармуҳаррири собиқи шабакаи Телеграмии “Nexta” Роман Протасевичи 26-сола аз моҳи ноябри соли 2020 ҳамроҳ бо муассиси лоиҳа Степан Путило ба рӯйхати террористон дохил карда шудаанд. Роман Протасевич дар рӯйхати таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад ва ӯро то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

Шабакаҳои “Nexta” ва “Nexta Live” бузургтарин манбаъҳои телеграмии русзабон мебошанд, ки эътирозҳои Беларусро фаъолона инъикос мекунанд. Аз сӯи дигар Ожонси расмии “Белта” дар Беларус изҳор дошт, ки президент Лукашенко шахсан ба як ҳавопаймои ҷангӣ фармон додааст, ки ҳавопаймои мусофирбарро ба Минск бо баҳонаи ҳушдор дар бораи бомба ба замин нишонад ва тасдиқ карда, ки дар он ягон маводи тарканда ёфт нашуд ва ҳушдор хато буд аст.

Муҳаррири феълии “NEXTA” Тадеуш Гикзан мегӯяд, ки дар ҳавопаймо кормандони хадамоти ҷосусии Беларус буданд ва вақте, ки ҳавопаймо ба фазои Беларус ворид шуд, онҳо бо экипаж муноқиша карданду гуфтанд, ки дар ҳавопаймо бомба мавҷуд аст.

Ҳавопаймо пас аз чанд соат дар Минск мондан, дубора ба самти Вилнюс, пойтахти Литва парвоз кард. Ин амали Белорус интиқоди шадиди кишварҳои ғарбиро ба бор оварда, аммо Беларус меӯгяд, ягон қонунҳои байналмилалиро вайрон накардааст. Кишвари муттаҳидаш Русия низ аз Болрус ҳимоят кардааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Лаҳистон мехоҳад парвози ширкати милии ҳавопаймиояш “LOT”-ро ба Беларус ва аз болои он манъ кунад. Ба иттилои рӯзноманигорони “RMF-FM” қарор дар ин бора имрӯз ё фардо ниҳоӣ хоҳад шуд.

Ҳоло Ширкати ҳавопаймоии “LOT” бо ду масир аз ҳарими ҳавоии Беларус убур мекунад – парвозҳо ба Минск ва Маскав. Аз ин ба баъд парвозҳо аз Лаҳситон ба Минск куллан лағв карда мешаванд ва парвозҳо ба Маскав бо хатсайри дигар ва дарозтар анҷом дода мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон имрӯз онҳоеро, ки Александр Лукашенкоро ошкоро танқид мекунанд, ҳушдор дода, ки вуруд ба кишвар хатарнок аст.

Ширкати ҳавопаймоии “AirBaltic”-и Латвия аллакай тасмими худ дар бораи парвоз накардан аз қаламрави Беларусро эълом кардааст. Имшаб дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор мешавад.

Тибқи иттилои рӯзноманигорони RMF FM, сарвазири Лаҳистон Матеуш Моравиетский қасд дорад, масаъали манъи умумии парвози ҳавопаймоҳо аз Иттиҳоди Аврупоро тавассути фазои ҳавоии Беларус матраҳ кунад.

Сарвазири Лаҳистон, Матеуш Моравиетский. Сурат: PAP / Radek Pietruszka

Бино ба иттилои “Bloomberg”, ИА имкони қатъи парвози ҳавопаймоҳои аврупоӣ ва ҳамлу нақли заминӣ байни Беларус ва ИА-ро баррасӣ мекунад. Инчунин дар бораи манъи фуруд омадани ҳавопаймоҳои Белавия ба фурудгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен раҳоии фаврии Протасевичро талаб кард ва гуфт, “амали мудҳиши содиркардаи режими Лукашенко ҳаёти беш аз 120 мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Амрикоро дар хатар гузоштааст.”

Блинкен илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида “амалкардро” шадидан маҳкум мекунад ва “ҳарчи зудтар ҷаласаи Созмони Авиатсияи Гражданиро” барои баррасии ин рӯйдодҳо “дастгирӣ мекунад.

Кишварҳои дигари Аврупо ба мисли Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳар кадом дар навбати худ ин амалро маҳкум кардаанд.

Таксирони тоҷик як ронандаи русро бо зарби корд ба ҳалокат расонид

0

Ҷанҷоли як ронандаи таксӣ бо як рус дар Санкт-Петербург, ки дар натиҷа дуввумӣ аз захми корд ҷон дод, сабти видеоияш нашр шуд. Видеоро шабакаи Телеграмии “Mash на Мойке” нашр кардааст.

Дар наворе, ки нашр шудааст дида мешавад, ки чӣ гуна як мард дуввумиро ба замин меафтонд.

Ёдовар мешавем дар бораи он, ки дар Санкт-Петербург як ронандаи таксӣ мардеро, ки ба ӯ роҳ додан нахост, корд задааст, қаблан рӯзи якшанбеи 23 май хабар дода шуда буд.

Гуфта мешавад шоми 22-юми май, тақрибан соати 18, муноқишаи байни таксирони ширкати ООО «Ситимобил», шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо як ронандаи 26-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербург  дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний дар қисмати шарқии Петербург дар наздикии соҳили дарёи Нева бо қатли ин ронанда аз ҷониби ҷавони тоҷик анҷом ёфт. Ба ҷавони тоҷик акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои расонаҳо ҷавони рус бояд моҳи оянда туй барпо мекард. Дар хадамоти “Ситимобил”, ки ҳамлагар дар он ҷо кор мекард, онҳо ваъда доданд, ки ба оилаи марҳум кумак мекунанд. Намояндагони ширкат инчунин гуфтаанд, ки онҳо аллакай барномаи кории ин ронандаи тоҷикро бастаанд.

Нисбати ин ҷавони 24 солаи тоҷик бар асоси моддаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Исми ин ҷавон, ки дар боздошт қарор дорад ва гуфта мешавад шаҳрванди Тоҷикистон аст, то ҳол нашр нашудааст.

Эҳтимоли истиқрори пойгоҳи низомии Амрико дар Туркманистон

0

Бино ба гузориши “Раша Тудей” артиши Амрико ба дунболи пайдо кардани паймонкор ҷиҳати сохтани пойгоҳи низоми дар Туркманистон аст.

Баъзе расонаҳои русӣ иддао карданд, ки Пентагон буҷае барои сохти таъсисоти низомии Амрико дар Туркманистон ихтисос хоҳад дод.

Ба навиштаи хабаргузории “Раша Тудей” Вазорати дифои Амрико қасд дорад 240 миллион доллар ҷиҳати сохти таъсисоти низомӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Туркманистон ихтисос дихад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Туркманистон дар барномаҳои худ барои истиқрори таъсисоти низомии Амрико гузорише ироа накарда ва Ишқобод расман дар ин замина тавзеҳе надодааст.

Ахиран гумоназаниҳое дар мавриди интиқоли низомиёни амрикоӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон матраҳ шудааст. Аммо то кунун мақомоти кишварҳои мазкур ё ин мавзуъро рад карда ва ё изҳори назаре дар бораи он накардаанд.