25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 587

Посухи Прокуратураи генералӣ: дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад

0

Прокуратураи генералӣ ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди талаби хатми “облава” посух додааст. Дар посухи расмии ин ниҳод қайд шуда, ки дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад. Дар ин бора рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Дар ин посухи Прокуратараи генералӣ, ки зери он Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода имзо гузошта шудааст, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон чунин ҳолате (облава) ҷо надорад ва прокуратураи ҳарбӣ “дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи “иҳотагирӣ” ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст”.

Дар идомаи ин посух гуфта шудааст, дар ҷои дигар менависад, ки онҳо гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд”.

Ба навиштаи Раҷаби Мирзо, Прокуратура ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст.

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар вокуниш ба посухи сарпрокурори ҳарбӣ онро “ҷавоб ба хотири ҷавоб” номид ва навишт: “Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назаранд, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад.”

Дар идома Раҷаби мирзо менависад, ки “МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН.”

Ёдовар мешавем, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9-уми апрел номаи саркушодаеро бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!” нашр кард, ки зери он садҳо нафар имзо гузоштанд. Ин нома ба унвони Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ навишта шуда.

Ӯ дар нома аз роҳбарони аввали Тоҷикистон тақозо кард, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд. Зеро ин кор поймол кардани ошкори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Раҷаби Мирзо дар нома аз он нигаронӣ карда буд, ки аз сабаби дар кӯчаҳо беҳуда дастгир намудани ҷавонону маҷбуран бурдани онҳо ба сафи Қувваҳои мусалаҳ, модарон барои берун баромадан, ба кор рафтан ва ё ба дарс рафтани фарзандонашон тарсон шудаанд.

Дар нома аз Президент хоҳиш шуда, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳад, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

Изҳори омодагии Русия ва Амрико барои кумак ба ҳалли масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

0

Владимир Путиин раисҷумҳури Русия пас аз дидору гуфтугӯяш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қирғизистон занг зада бо ӯ суҳбат карда аст.

Бино ба иттилои хабаргузории Спутник ба нақл аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ин муколамаи телефонӣ бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон иброз дошта, ки Русия омода аст барои ба эътидол овардани вазъи марз миёни ҷумҳуриҳо кумак кунад.

Дар ин гуфтугу Путин таъкид намуд, ки бо назардошти музокирот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия созишномаҳои миёни Бишкек ва Душанберо дар мавриди ҳалли вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дастгирӣ мекунад.

Владимир Путин Содир Ҷабборовро ба сафари корӣ ба Русия даъват кард ва даъват кабул карда шуд, омадааст дар изҳороти Кремлин.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки раисони ҷумҳур ба муносибати 76-умин солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ ҳамдигарро самимона табрик гуфта бар аҳамияти махсуси ин сана барои мардумони ду кишвар таъкид карданд.

Дар ҳамин иртибот Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ба таври ҷиддӣ ҳаводиси ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро пайгирӣ дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник Ҷонатан Хеник муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ гуфт, Амрико омода аст дар ҳалли низои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон кумак кунад.

“Мо пешниҳод кардем, ки ҳалли мусолиматомези низоъро ба ҳар роҳе, ки имконпазир аст дастгирӣ мекунем ва мо сарони ҳарду давлатро ба он даъват кардем то масъулиятро ба ӯхда гиранд ва кушиш кунанд, ки ин гуна ҳолатҳо дигар такрор нашаванд”, гуфт Хеник.

Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттахидаи Амрико ончиро ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад пайгирӣ мекунад.

“Мо қаноатмандем, ки роҳбарони ду кишвар созишномаи оташбасро риоят мекунанд вале ҳоли ҳозир наметавон гуфт, ки вазъият комилан ҳалли худро пайдо кардааст инчунин нест”, илова намуд Хеник.

Зимнан Ҷонатан Хеник ибрози умедворӣ карда, ки аз ташдиди минбаъда ва талафот пешгирӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем вазъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарготи “Галавной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳарду ҷониб 55 нафарро ташкил медихад.

Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш хабар дод. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад. 2- май ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзро ба имзо расониданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ба ҳол 520 километраш аломатгузорӣ шуда ва боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян ва мушаххас карда нашудааст.

20 кушта ва 395 захмӣ дар ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ дар Байтулмуқаддас (Видео)

0

Бар асари ҳамлаи нерӯҳои пулис ва амниятии Исроил болои намозгузорон дар Масҷид-ул-ақсо 395 нафар захмӣ шуда, 20 нафар ба шаҳодат расидааст, ки дар байни онҳо 9 кӯдак низ ҳаст. Ин оморро шоми рӯзи душанбе Салиби Сурхи Фаластин ба расонаҳо ироа кард.

Хабаргузории Ал-Ҷазира гуфт, аз 395 захмӣ 263 нафари он ба беморхонаҳои наздик расонида шуданд. Аммо шифохонаҳои атрофи Байтулмуқаддас аз сабабе ки имконоти тиббии кам доранд, қудрати қабул ва муолиҷаи ин шумори зиёди захмиёнро надоранд.

Гуфта мешавад, мақомоти амниятии Исроил шаби ҷумъаи гузашта бар сари мардуме, ки ба хотири барпо доштани намози таровиҳ ва зиндадории шаби қадр ба масҷид омада буданд, бо чубдастҳои резинӣ ва газҳои ашковар ҳамла намуда, хостанд онҳоро аз масҷид берун кунанд.

Мақомоти Исроил мегӯяд, фаластиниҳо дар дохили Масҷид-ул-ақсо таҷаммӯъ карданд ва шиорҳои зидди исроилӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ сар медоданд. Аммо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар пӯшиши ин хабар гуфтанд, таҷаммӯи мардум эътирозӣ набуда, балки онҳо дар ҳарҷо бо дӯстону наздикони худ машғули дуо ва намоз буданд, вале нерӯҳои Исроил барои холӣ кардани масҷид аз намозгузорон болои онҳо ҳамларо шуруъ кард, ки дар натиҷа даргирӣ байни намозгузорон ва нерӯҳои исроилӣ оғоз шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар Каронаи Бохтарӣ, шаҳри ишғолшудаи Байтулмуқаддас ва дигар шаҳрҳои Фаластин аз аввали моҳи мубораки Рамазон нерӯҳои режими Исроил ва шаҳракнишинон ба шаҳрвандони Фаластин ҳамлаҳо сурат мегирифт.

Шоми имрӯз ҷаноҳи низомии Ҳаракати Ҳамос ба шаҳри Телабиб ва минтақаҳои ишғолшудаи Фаластин то 200 мушак патроб кардааст. Ҳамос ба мақомоти Исроил то соати 18 шоми рӯзи душанбе муҳлат дода буд, ки нерӯҳояшро аз дохили масҷид барорад, боздоштшудаҳоро раҳо кунад ва бигузорад мардум ба ибодати худ идома бидиҳанд ва дар акси ҳол ба сӯи Исроил мушак партоб хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои баналмиллаии ҳуқуқи башар, кишварҳои Турия, Русия, Эрон ва кишварҳои арабию аврупоӣ ҳамлаи нерӯҳои Исроил болои намозгузорони фаластиниро маҳкум карданд ва хостанд, ки Исроил даст аз хушунат бардорад.

Сабаби аслии оғози ин даргириҳоро коршиносон ба қарори ахири як додгоҳи исроилӣ ратб медиҳанд. Тибқи он қарор мебоист аҳолии кӯчаи Шайх Ҷарроҳ, ки дар минтақаи шарқии Қудс ҷойгир аст, хонаҳои худро, ки беш аз 70 сол мешавад онҷо зиндагӣ доранд, тарк мекарданд ва яҳдуиён онҷо бояд зиндагӣ кунанд.

Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷашни Ғалаба дар Маскав ва саҳван Эммануэл хондани номаш

0

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми май дар Кохи Кремл мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи амнияти Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз ин кишвар ибрози нигаронӣ намуда, хостори ёрӣ дар таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо кишвар шудааст. Путин низ ба вазъ дар Афғонистон ишора намуда гуфт, ки вазъи Афғонистон нигарониҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Президенти Русия дар идомаи суҳбаташ иброз дошт, ки “масъалаҳои амниятӣ дар минтақа дар робита ба ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон рӯх медиҳанд, хеле муҳиманд”.

Дар ин суҳбат Путин қайд намуд, ки Маскав барои дастгирии Душанбе дар ин самт ҳама корҳоро анҷом дода истодааст ва ба фаъолияти пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ишора намуд.

“Мо барои таҳкими пойгоҳи низомии 201-и Русия ва тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кор намуда истодаем. Ҳамчунин дар ин самт як барномаи муштараку тӯлонӣ барои чанд сол таҳия шудааст ва мо ҳама корҳоро анҷом медиҳем, то ин барнома саривақт иҷро шавад.”- гуфт Президенти ФР.

Путин инчунин ба Раҳмон гуфт, ки Русия барои дастгирии Тоҷикистон дар давраи раёсати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҳама корҳои имконпазирро анҷом хоҳад дод.

Ҳамчунин Раҳмон зимни мулоқот бо Путин масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба зарурати бештар кардани “хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар” таъкид кардааст.

Дар идома Президенти Русия гуфт, ки Русия ва Тоҷикистон метавонанд ҳаҷми савдоро ба сатҳи пеш аз пандемия расонанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар паради бахшида ба 76-солгарди Ҷашни Ғалаба озими Маскав шуд. Раҳмон танҳо раҳбари кишваре буд, ки Владимир Путин президенти Русияро рӯзи 9-уми май дар Иди Ғалаба дар Маскав ҳамроҳӣ мекард.

Ҳангоми пахши зинда аз гашти низомӣ дар Маскав, барандаи Шабакаи аввали телевизиони Русия вақти муаррифии Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурх иштибоҳан ӯро “Эммануэл Раҳмон” ном бурд, вале зуд хатои худро ислоҳ кард.

Чанде аз расонаҳо ин қисмати муаррифии Раҳмонро буридаанд ва ё бо садои дигаре пӯшондаанд.

Аз ҷумла ширкати алюминийи тоҷик (Талко) низ лаҳзаи муаррифии Эмомалӣ Раҳмонро дар Майдони Сурх дар саҳифаи расмии худ дар Ютуб ҷой дода, аммо лаҳзаи хатои барандаро бо садои дигар иваз кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ дар гашти низомӣ дар Маскав беш аз 12 ҳазор низомӣ бо 190 техника ва 76 ҳавопаймои низомӣ иштирок намудаанд.

Ҳамдардии раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён дар Афғонистон

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба як мактаби духтаронаи Кобул ба раисҷумҳури Афғонистон барқияи тасаллият фиристод.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба хабари дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон навишта, ки рғзи 10 май Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон изҳори ҳамдардӣ намуд.

Дар ин барқияи ҳамдардӣ аз ҷумла омада аст “хабари ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардуми осоишта ба шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисмати ғарби Кобул боиси андуҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид. Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд нобахшиданист”, афзуда аст Эмомалӣ  Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба мардуми Афғонистон ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш ҳамдардӣ намуда гуфта аст “дар ин рӯзҳои мотамбор тасалият ва хамдардии самимонаи худ ва мардуми Точикистонро ба наздикон ва пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми бародари Афғонистон изҳор намуда аз даргоҳи Худованди мутаол шифои комили ҳамаи осебдидагонро масъалат дорам”.

Ёдрас мешавем, ки 8 майи соли ҷорӣ дар ғарби Кобул пойтахти Афғонистон дар  назди мактаби духтаронае нахуст мошине пур аз маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт, ба гуфтаи муаллимони ин мактаб ин ҳамла замоне ба вуқуъ пайваст, ки толибилмон аз дохили бинои мактаб ба берун мебаромаданд. Бар асари ин ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар фавтида, 150 тани дигар захм бардоштаанд.

Бояд гуфт ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳе дар вилояти Лоҳур ҳадиақал 30 тан кушта шуданд.

Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар дар таркише дар як мактаби духтаронаи шаҳри Кобул

0

Рӯзи 8-уми май дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобул таркиши шадиде рух дод, ки бар асари он беш аз 60 нафар фавтида, 150 тани дигар захм бардоштаанд. Бино ба иттилои расонаҳо бар асари ин таркиш бештар духтарҳо фавтидаанд, чун ҳамла ба мактаби духтарона сурат гирифт.

Ба навиштаи “Tolo News”, назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.

Ба гуфтаи муаллимони ин мактаб, ҳамла замоне рух дод, ки толибилмон аз бинои макотиб нав ба берун баромаданд.

Президенти Афғонистон, Ашраф Ғанӣ гуфт, ки ин ҳамлаи даҳшатангезро ҷунбиши ҳаракати Толибон анҷом додааст, вале намояндагони ин гурӯҳ масъулияти ин амали террористиро ба ӯҳда нагирифт ва баръакс онро маҳкум намудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса “New York Times” дар гузорише гуфт, ки ҳамла ба мактаби духтарон нигарониҳо дар бораи ояндаи занону духтаронро дар Афғонистон ба бор овард. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки созмонҳои ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ карда буданд, ки бо хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон дар ин кишвар таҳсилот ва ҳуқуқҳои иҷтимоии занон ва духтарон сахт маҳдуд карда мешавад.

Ба навиштаи ин расона, интизор мерафт, ки созишномаи ИМА бо Толибон барои оташбас, ба кушта шудани шаҳрвандани осоиштаи Афғонистон хотима мебахшад. Аммо ҳодиса рӯзи шанбе нишон дод, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ бесарусомониҳо зиёдтар мешаванд.

Дар идома ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳатто агар байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон созишномаи сулҳ баста шавад, натиҷа он хоҳад буд, ки рамзҳои шадиди Толибон, аз ҷумла манъи таҳсили духтарон дар мактаб, дубора метавонанд роҳандозӣ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки вақти ҳуқмронии гурӯҳи Толибон аз соли 1996 то 2001 дар Афғонистон, занон ва духтарон наметавонистанд ба кор ва барои таҳсил ба мактабҳо раванд.

Ба таъхир афтодани баргузории панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломии Қуния-2021 дар Туркия

0

Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибн Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукотии панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломии Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хабаргузории Спутник дар ин дидор ҳаммаи масоил дар иртибот ба тадорукоти панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи корнавирус баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои ширкати бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.

Ба хотири онки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори ширкати ҳамаи кишварҳои узв дар бозиҳо ҳастанд тасмим гирифта шуд, ки панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9-18 август баргузор гардад.

Дар аввал қарор буд бозиҳо 20-29 августи соли 2021 баргузор гардад, вале пас аз онки моҳи марти соли 2020 бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян шуд.

Ба барномаи панҷумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш аз ҷумла: варзиши сабук, камонварӣ, бадминтон, баскетбол, 3×3 Бочче, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол,  гимнастика, ҳендбол, ҷудо, карате, кингбоксинг, шиноварӣ, тениси рӯи миз, таэквандо (WT), волейбол, вазнабардорӣ, гуштини варзишӣ, камонварии анъанавӣ ворид гардидаанд.

Амрико дар садади эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ аст

0

Амрико бо наздик шудани замони хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар ҷустуҷӯи маконҳои дигарест дар минтақа барои мустақар намудани пойгоҳҳои низомияш.

Ба гузориши “Аздо тв”, ба нақл аз хабаргузории “The Wall Street Journal”, Вашингтон рӯзи шанбе 8-уми май дар як изҳорот гуфт, ки Амрико барои ҷойгиркунии пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомияш баъд аз хуруҷ аз Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Ховари Миёна вориди гуфтугӯ шудааст.

Ин расона менависад, ки бо афзоиши иқдомоти тадорукотӣ барои хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, фармондеҳони артиши Амрико мехоҳанд пойгоҳҳое барои нерӯҳои низомӣ, паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин), ҳавопаймоҳои бомбафкан ва тупхонаҳо барои ҳимояти давлати Афғонистон дар баробари Толибон ва дигар нерӯҳои даҳшатафкан дар мантақа дошта бошанд.

Ҳукумат ва мақомоти низомии Амрико гуфтаанд, гузинаҳои мавриди назари онҳо барои эҷоди пойгоҳ аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон то кишварҳои Халиҷи Форс, Имороти Муттаҳидаи Араб ва киштиҳои нерӯи дарёии Амрикоро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи бархе аз мақомоти низомии ҳукумати Байден, беҳтарин гузина барои онҳо ин кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, Узбекистон ва Тоҷикистон мебошанд, ки бо он ҳамарз ҳастанд ва дастарасии сареъро барои онҳо фароҳам мекунад. Аммо ҳузури низомии Русия дар минтақа, нуфузи рӯ ба рушди Чин ва рақобат байни онҳо ва Вашингтон барномаҳои эҷоди пойгоҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро печидаву душвор кардааст.

Як масъули амрикоӣ дар суҳбат бо “The Wall Street Journal” гуфтааст: “Баназар мерасад, ки масири тӯлонитареро бояд тай кунем ва ҳанӯз аввали роҳ аст”.

Ҳафтаи гузашта Зулмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ба Тоҷиктосн ва Узбекистон сафар дошт ва бо мақомоти ин ду кишвар дар мавриди сулҳи Афғонҳо гуфтугӯҳо анҷом дод.

Халилзод талош дорад, ки музокироти байни Афғони пеш аз 11 сентябр – торихи поёони хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонситон ба натиҷа бирасад, як масъули амирикоӣ, ки дар ин гуфтгӯҳо ҳузур доштааст, гуфт, мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон хоҳони густаригши ноамниҳо нестанд.

Дар ин гузориш омдааст, ки мақомоти Амрико то ҳанӯз пешниҳоди расмие ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истиқрори нерӯҳояшон накардаанд, аммо Пентагон мувофиқон ва мухолифонро арзёбӣ дорад ва Вазорати хориҷаи Амрико ва Кохи Сафед низ дар ин тасмим шарик ҳастанд.

Дастёбӣ ба пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ Амрикоро ба мавқеияте, ки дар солҳои аввали ҷанги Афғонистон қарор дошт бармегардонад. Амрико ду пойгоҳ дар Осиёи Марказӣ дошт, яке дар Узбекистон ва дигаре дар Қирқизистон барои ҷанг дар Афғонистон аз ин пойгоҳо истифода мешуд. Аммо нерӯҳои армикоӣ зери фишори Русия ва Чин Узбекистонро соли 2005 ва Қирғизистонро як даҳа дертар тарк карданд ва инак дубора дар пайи дастёбӣ ба пойгоҳи наве дар минтақа мебошад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки шонси кишвари Узбекистон барои ҷой додани нерӯҳои амрикоӣ аз Тоҷикистон бештар аст. Чун нуфузи Русия ва Чин ба Тоҷикистон ин шиносро камтар кардааст.

Коршиноси масоили сиёсӣ, Муҳаммадҷон Кабиров мегӯяд: “Амрико ҳамзамон бо берун кашидани нерӯҳояш аз Афғонистон барои идома ҳимоят аз ҳукумати ин кишвар дар баробари Толибон ва дигар нерӯҳои даҳшатафкан дар пайи эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин потенсиал бештар дар Тоҷикистону Узбекистон бо сабаби ҳаммарз будан бо Афғонистон дида мешавад. Аммо дар ин авохири равобити низомӣ ва амниятии Тоҷикситон бо Эрон дар ҳоли густариш аст, чанде пеш вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Эрон ба хотири таҳкими равобити қаблан сардшудаи ин ду кишвар сафар кард. Ва ҳамчунин авохири моҳи апрели соли ҷорӣ вазири дифои Русия Сергей Шайгу ба Тоҷикистон сафар дошт, ки зимни ин сафар Русия бо Тоҷикистон қарордоди эҷоди системаи падофанди ҳавоии ягонаро ба имзо расонд ва ин ба маънои он аст, ки дигар Русия масъули ҳимоят аз осомни Тоҷикистон мебошад, чун Тоҷикистон худ системаи падофанди ҳавоии қавие надорад.

Инчунин ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҳузури қавии низомӣ ва иқтисодии Чин дар ин кишвар ва низ пойбанд будани Тоҷикистон ба созишномаҳои низомӣ бо Русия дар Созмони СААД, ҳамаи инҳоро агар канори ҳам бичинем Тоҷикистон тақрибан шонсе надорад, ки пойгоҳи низомиеро дар ихтиёри Амрикоиҳо қарор бидиҳад.

Аммо Узбекистон аз вазъияти беҳтар ва муносибтаре бархурдор аст, чун он таҷрибаи ҳамкорӣ бо НАТО-ро дорад ва солҳои 2001 ва 2005 пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар вуҷуд дошт ва ҳеҷ паймони низомӣ ва амниятиие бо Русия надорад, ки садди роҳаш шавад. Аз ин лиҳоз Узбекистон шонси бештаре дорад барои ҷой додани пойгоҳи низомии Амрико дар хоки худаш. Инҷо Қирғизистон ҳам истисно нест, вале ба ҳар сурат Узбекистон бахотири ҳамарзияш бо Афғонистон шонси бештар дорад”.

Ҳамзамон коршиноси умури кишварҳои собиқ Шӯравӣ,

ВКД дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар санҷишро оғоз кард

0

Баъд аз сӯхтор ва таркиши нуқтаи фурӯшӣ сӯзишвории “Эко-ойл” дар шаҳри Душанбе, ки боиси захмӣ шудани беш аз 10 нафар гардид, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо шумули корманодони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар мақомоти дахлдор гурӯҳи кории муштарак таъсис дода, санҷиши тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишварро оғоз кардаанд.

ВКД зимни санҷиши аз нуқтаҳои сӯзишворӣ аз ҷой доштани мушкилот ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи бехатарӣ аз сӯхторро дар чанд нуқта сабт карданд. Аз ҷумла дар хабар омада, “Нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки аз ҷониби масъули он Муҳаммадҷон Шарипов ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад”.

Ин нуқтаи фурӯши сӯзишвориро барои надоштани оташхоӯшкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям, инчунин ба сабаби дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда ҷой доштан, интиқоли нерӯи барқашро мақомот қатъ карда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Тибқи хабари ВКД ба ин монанд низ дар  Нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Имон импорт экспорт”, воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ғайрат 82”, воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ва дар чанд нуқтаи дигар камбудиҳо ошкор шуда, нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима тартиб дода шудааст.

Аммо то куҷо ин санҷишҳо метавонанд мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд, коршиносон бар ин назаранд, ки аз баски сатҳи ришвар ва фасод дар Тоҷикистон хеле вусъат ёфтааст, бисёр душвор аст мушкилоти бехатарӣ дар нуқтаҳои сӯзишворӣ бартараф карда шавад.

Як коршинос, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, “Агар ҳар камбудие дар кори тоҷирон дида шавад, бо додани пора он рӯпӯш карда мешавад. Ин мушкилӣ дар тамоми соҳаҳои кишвар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ин санҷишҳо зоҳиран барои рафъи мушкилоти ҷойдошта роҳандозӣ шудаанд, аммо дар асл чандон корсоз нестанд”.

Имоми каллабур ба хотири ҷиноёти содиркардааш дар солҳои 90-ум дастгир шуд

0

Сомонаи “Бомдод” бо такя ба манбааш дар ВКД нигошта, ки муфаттишони шӯъбаи кофтукови ҷиноёти махсусан вазнини Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ахиран як силсила ҷиноятхои пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандиро ошкор кардааст.

ВКД-и Тоҷикистон ҷанганда (боевикхо)-и “Фронти халқӣ” бо раҳбарии Эмомиддин Исломович Муродов мулаққаб ба Эмоми “каллабур” сокини деҳаи Маданияти ҷамоати Сарвати Истиқлоли Кушониёнро, ки дар солҳои 90 дар водии Вахш бедодгарӣ мекарданд, боздошт карда аст.

Дар гузорише, ки шоми 5 май дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд гуфта мешавад, ки ҳамроҳи Эмоми каллабур бародари ӯ Муродов Нуриддин Исломович ва ҳамаслакаш Одинаев Саймуҳйиддин Пирмуҳаммадович дастгир шуданд.

Ба гуфтаи тафтишот, аъзои ин гурӯҳ моҳи феврали соли 1995 дар ҳудуди шаҳрҳои Каленинобод ва Қургонтеппа бо истифода аз силоҳ ба ғорати молу мулки сокинони осоишта даст задаанд. Аз ҷумла дар кучаи Айнии шаҳри Қургонтеппа Эмоми каллабур ду сокини ин шаҳр Ҷумъаназар Баротов ва Нуъмонҷон Абдураҳмоновро аз силоҳи автомати Калашников парронда аст, вале ҷабрдидаҳо бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин бардоштанашон зинда мондаанд.

Ҳамчунин дар моҳи апрели соли 1994 Эмоми каллабур ҳамроҳи Тошев Исмоил Аҳмадович дар дидбонгоҳи Шаҳло кормандони милисаро аз автомати Калашников тирборон кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ гардидаанд.

Моҳи июни соли 1995 дар маросими намози ҷанозаи Асоев Хайриддин, Эмоми каллабур ҳамроҳ бо ҳамаслакаш Исмоил Тошев фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси Вазорати дифои Тоҷикистон полковник Куганов Иззатуллоҳ Абдусамадович истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён)-ро бо силоҳи автомати Калашников ба ҳалокат расониданд.

Иззатуллоҳ Куганов яке аз фармондеҳони ҷавон, вале пурнуфузи “Фронти халқӣ” дар водии Вахш ба шумор мерафт ва пас аз кушта шудани Файзалӣ Саидов ба ҷои ӯ фармондеҳи бригадаи таъиноти махсус таъйин гардид.

Иззатуллоҳ Куганов соли 1993 вақте ҳамагӣ 22 сол син дошт соҳиби рутбаи “полковник” шуда буд, ва соли 1995 дар сини 24 солагӣ вакили порлумон интихоб шуд. Ба иллати онки қонун интихоб ба порлумонро то синни 25 иҷоза намедод Иззатуллоҳ Куганов дар ҳуҷҷатҳояш соли таваллудашро ба 1969 иваз кард, вале Куганов, ки он даврон барои густариши қаламравӣ нуфуз дар водии Вахш бо полковник Маҳмуд Худойбердиев дасту панҷа нарм карда буд, ҳамагӣ пас аз чанд моҳ интихоб шуданаш ба вакилии порлумони кишвар кушта шуд.

Ба гуфтаи ВКД Эмоми каллабур ва ҳамаслаконаш боз дар чандин ҷинояти қатлу ғорат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар суиқасд ба ҷони корманди милиса Маҷидов муттаҳам мешаванд.