12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 620

Тоҷикистон аз аввали сол 3,3 млн доллар кумак дарёфт кардааст

0

Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба маблағи тақрибан 3,3 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст. Дар ин бора “Tajweek” бо истинод ба маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ғайр аз кумакҳои пулӣ боз кумакҳои дигар бо вазни умумии 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари ҷаҳон расонида шудааст.

Дар байни кишварҳои кумаккунанда, ҳиссаи бештари кумакҳои башардӯстона ба Чин рост меояд, ки он – 38,4% мебошад. Русия – 20,0%, Ҳиндустон – 13,3%, Ҳолланд – 5,7%, Британияи Кабир – 5,1%, Шветсия – 2,5%, Олмон ва Дания ба ҳар як – 2,1%, рост меояд. Инчунин Малайзия – 1,8%, Фаронса – 1,7%, Лаҳистон ва Иёлоти Муттаҳида – 1,4%, Норвегия ва Сингапур – 1,0% ва дигарон низ кумакҳои худро ба Тоҷикистон расондаанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расонд, ки ин 37,3% ҳаҷми умумии чунин кумакҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шумораи умумии донорҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон 62 кишвар мебошанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 56 миллион доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст, ки вазни умумии онҳо қариб 23 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Чин давоми даҳ соли охир шарики бузурги тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон гаштааст ва дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад, инчунин ин кишвар ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки зиёде додааст.

Аз аввали моҳи октябри соли гузашта ягона нуқтаи гумрукӣ дар марзи ду кишвар, ки дар ағбаи Кулма воқеъ аст баста боқӣ мемонад, ки ин ба ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар таъсир мерасонад. Айни замон молҳои чинӣ ба Тоҷикистон тавассути кишварҳои сеюм бо роҳи транзитӣ интиқол дода мешаванд.

Мамадбоқиров дар бемористон бистарӣ шудааст. Бо чӣ иллате?

0

Мамадбоқир Мамадбоқиров дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона Мамадбоқирро, ки яке аз саркардаҳои гурӯҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ ба шумор меравад, рӯзи 22-юми феврал вақте саломатияш бад мешавад бо мошини ёрии таъҷилӣ ба Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ мебаранд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ заҳролуд шудааст, аммо духтурон беморияшро “синусит ва сирояти вирус” гуфтаанд.

Духтари Мамадбоқир, Баригул Мамадбоқирова, ки дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад, мегӯяд, ки дар падараш нишонаҳои заҳролудшавиро мушоҳида кард, вале гуфтаҳояшро пурра тасдиқ карда наметавонад.

Ҳамчунин Баригул дар идома гуфтааст, ки “Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд”.

Ба гуфтаи духтари Мамадбоқир падараш моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, вале ҳеч гоҳ чунин нишонаҳоро надоштааст.

Аммо як манбаъ аз Маркази тиббии Оқохон ба расонаҳо заҳролудшавии Мамадбоқирро рад намуда гуфтааст, ки “бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст”.

Ҳамчунин ин манбаъ қайд намудааст, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас мешавад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз “лидерҳои ғайрирасмӣ” дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ғайрирасмии Бадахшонро интиқод намуд расонаӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои “гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ” ном бурдаанд.

Раҳмон аз омодагии Чин барои тақдими ваксинаи ройгон изҳори сипос кард

0

Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дирӯз 1-уми март гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон аз муваффақиятҳои Чин дар ростои рафъи камбизоатӣ ёдовар шуда ба ин муваффақият Си Ҷинпинро табрик намуд. Дар ин гуфтугӯ масъалаҳои мубрами стратегии ду кишвар баррасӣ шудааст.

“Дар ин зимн,  масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд”.

Раҳмон аз раисҷумҳури Чин бобати кумакҳояш ба Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи коронавирус ва инчунин аз омадагии ин кишвар барои ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин изҳори миннатдорӣ намудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин гуфтугӯ низ дар масоили фарҳангӣ ва амниятӣ суҳбат намудаанд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.

Дар Ераван тазоҳургарон истеъфои Пшиниянро хоста, ба бинои шаҳрдорӣ ворид шуданд

0

Рӯзи душанбе даҳҳо фаъолони Арманистон ба бинои маъмурияти шаҳрии ноҳияи Ереван ворид шуда, истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб карданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Пас аз шиор додан тазоҳургарон бинои маъмуриятро тарк намуда, ба хиёбони Баграмян равон шуданд, ки дар он ҷо тазоҳуроти якҷояи мухолифон бояд баргузор гардад.

Эътирозҳои оммавӣ барои пуштибонӣ ва зидди Пашинян дар Арманистон пас аз он шурӯъ шуданд, ки Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ истеъфои сарвазир ва ҳукуматро талаб кард.

Ба изҳороте, ки талаби истеъфои Пашинянро мекард сардори Ситоди генералӣ Оник Гаспарян, муовинони ӯ, сардорони шӯъбаҳо ва корпусҳо имзо гузоштанд. Пашинян ин изҳоротро ҳамчун кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ арзёбӣ намуда, қарори барканор кардани Гаспарянро эълон кард.

Тибқи конститутсияи Арманистон, фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳро президент бо пешниҳоди сарвазир таъин мекунад. Рӯзи шанбе президент пешниҳоди сарвазирро дар бораи барканории сардори Ситоди генералӣ напазируфт ва қайд кард, ки чунин фармон ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо хилофи конститутсия аст.

Баъд аз гирифтани рад, Пашинян пешниҳоди худро дубора ба президент фиристод. Акнун Президенти Арманистон Армен Саркисян бояд фармонро дар тӯли се рӯз имзо кунад ё тариқи Суди конститутсионӣ онро бекор кунад.

Худи Саркисян изҳор дошт, ки ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои сиёсиро дастгирӣ намекунад ва вазъи кунунии кишварро бо тағироти зуд-зуди кадрӣ ҳал кардан мумкин нест.

Ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашиниён зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид.

Никол Пашиниён, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Бар асоси созише, ки нахуствазири Арманистон имзо кард, қисмате аз Қаробоғи куҳӣ ва тамоми 6 ноҳияҳои атрофи онро ба Озарбойҷон баргардонданд. Ин минтақаҳоро неруҳои арманӣ дар ҷанги соли 1990 аз озариҳо гирифтанд ва бисёре аз арманиҳо мухолифи баргардонидани онҳо ба Озарбойҷон буданд.

Дар мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2021” 14 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

0

5-7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона дар ин мусобиқа бояд 521 варзишгар (307 мард, 214 зан) аз 73 давлат иштирок кунанд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021»  аз Тоҷикистон 14 варзишгар, Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (–66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (-100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (-63кг) миёни бонувон иштирок мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66 кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дуюм – 6 март – паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ шуда, ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ дода мешавад. Барои ҷойи якум дар ҳар вазн 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Паҳлавонони тоҷик имкон доранд то моҳи июни имсол бо иштирок дар мусобиқаҳо хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Федератсияи байналмилалии ҷудо 28 июн радабандии ниҳоии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир варзишгарони тоҷик дар раддабандии олимпӣ чунин аст: Маҳмадбеков Сомон ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73кг бо доштани 3290 хол ва 2796 хол дар ҳамин вазн дар мақомҳои 15 ва 24-ум қарор доранд. Раҳимов Темур дар вазни +100 кг бо 2611 хол дар мақоми 21-ум қарор дорад. Комроншоҳи Устопириён бошад дар вазни 90 кг бо 2174 дар ҷойи 25- ум қарор дорад.

Писари Маҳмурод Одинаевро низ равонаи зиндон карданд

0

Рӯзи 25 феврали соли равон Додгоҳи шаҳри Ҳисор нисбати Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ барои 6 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҳукм содир кардааст.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор дониста шудааст. Аммо худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомотро рад када, гуфтаанд, ки ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.

Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор дар бораи Шайхмуслиҳиддин Ризоев рӯзи 25-уми феврали имсол содир шудааст. Масъулони додгоҳ танҳо рӯзи 1-уми март ва дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карданд.

Як масъули додгоҳ бе зикри номаш гуфта, ки писари Маҳмурод Одинаев, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Модари Шайхмуслиҳиддин, Меҳринигор Ризоева гуфта, ки бо шиканҷа болои писараш ин иттиҳомотро бор кардаанд. Ва афзуда, ки дар рӯзи муҳокимаи фарзандаш онҳоро нагузоштаанд ба толори Додгоҳ ворид шаванд

Шайхмуслиҳиддин Ризоевро моҳи октябри соли гузашта дар натиҷаи як муноқиша дар назди як тарабхона дар шаҳри Ҳисор боздошт карда буданд. Он замон ӯ ба авбошӣ мутаҳам мешуд, аммо пас аз зиндонӣ шудани падараш дар парвандаи ӯ “таҷовуз ба номус” илова шудааст, ки то ҳол мақомот онро шарҳ надодаанд.

Ҳамчунин додгоҳ писари дигари Одинаев, Ҳабибуллоҳ Ризоевро низ бо пардохти 58 ҳазор сомонӣ муваззаф кард. Наздикони Маҳмурод Одинаев ҳама иттиҳомотро алайи ӯ ва фаррзандонаш рад мекунанд.

Ҳамзамон коршиносони масоили ҳуқуқӣ маҳкум шудани Одинаев ва писаронашро сиёсӣ унвон намуда, мегӯянд, ки мардумро ба эътироз даъват кардани муовини раиси ҲСДТ ва ё назди бинои мақомот даъво барпо кардани ӯ чандон ҷурми бузурге нест, ки ӯро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кунанд.

Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми истеҳсоли асали сунъӣ

0

Як ҷавони сокини ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон бо иттиҳоми истеҳсоли асали сунъӣ ва бо роҳи фиреб фурӯхтани он ба мардум аз ҷониби ШВКД ноҳияи мазкур боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар хабарномаи ВКД Тоҷикистон аз ин ҷавон Қосимов Шаҳриёр Акрамович ёдшуда, мутавиллиди соли 1999, сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончӣ) будааст.

Гуфта мешавад, “гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард”.

Ба гуфтаи мақомот, бино ба додаҳои ташхисӣ асали сунъии ин шаҳрванд барои одам ҳассосият меовардааст. “Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд”.

Нархи як кило асали сунъии Шаҳриёр аз 20 то 30 сомонӣ арзиш дошта, барои сохтани ин як кило то 10 сомонӣ масраф доштааст. Мардум асали арзон гуфта мехаридаанд.

Ба иттилои ВКД айни ҳол нисбати Шаҳриёр Қосимов бо моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ – фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ҳамзамон зимни банду басти парвандаи ҷиноятӣ зам гардидани моддаи 209-и ҳамин Кодекс эҳтимол дорад.

Мавзӯи қочоқи 90 кило тилло намояндагони Афғонистонро ба Тоҷикистон овард?

0

Мирзо Катавозай, муовини раиси парлумони Афғонистон гуфт, ки дар интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши интиқол додани онҳо ба кишвари сеюм даст надорад. Дар ин бора ӯ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Катавозай дар ин суҳбат ба сиёсатмадор будани худ ишора намуда гуфтааст, ки “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир.”

Ҳамчунин муовини раиси парлумон дар вокуниш ба ин хабар ба расонаҳои афғонӣ гуфтааст, ки “Комилан ҳама гузоришҳое, ки дар онҳо маро ба қочоқ айбдор мекунанд, дурӯғ аст”, аммо шарҳ надод, ки чаро маҳз номи ӯ дар парвандаи қочоқи тилло ва пул пайдо шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои афғонӣ навиштанд, ки 90 кило тилло ва 15 миллион доллари мусодирашудаи мақомоти Тоҷикистон ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон рабт доранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 феврал шабакаи телевизионии Афғонистон 1 бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод, ки тилло ва миллионҳо доллари дар Тоҷикистон мусодирашуда ба Муҳаммад Мирзо Катавозай рабт доранд ва ӯ ҳоло “тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ин ҳодиса ба таври васеъ паҳн нашавад.”

Ба гуфтаи хабарнигорони ин шабака ба ин далел Катавозай чанде қабл бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мулоқот кардааст. Ҳамчунин ин расона мегӯяд, ки роҳбарияти Афғонистон аз ин масъала огаҳӣ дорад ва ба мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон ишора мекунанд.

Ошкоркории расонаи афғонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки шоми 27-уми феврал бо як сафари корӣ раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар ин сафари корӣ ҷониби Афғонистон бояд бо Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳанд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ Муҳаммад Мирзо Катавозай низ узви ҳайат аст. Раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба расонаҳои афғонӣ гуфтааст, ки сафари кории онҳо барои “баррасии масоили гуногун, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипорлумонӣ, тақвияти мубориза бо терроризм ва гуфтугӯ дар бораи сулҳи Афғонистон аст”.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ахиран боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою миллионҳо долларро тасдиқ карда буд.

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ карда, гуфт ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се корманди ин ниҳодаш низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ дар мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.

Дар Систон ва Балучистони Эрон чӣ мегузарад?

0

Дар вилояти Систону Балучистони Эрон мардум даст ба эътироз ва корпартоӣ заданд. Дар чанд рӯзи ахир домани эътирозҳо дар ин манотиқ густариш меёбад.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ рӯзи душанбе 22 феврал сӯхтбарон (касоне, ки маводи сӯзишвориро аз минтақаи марзии Эрон ба Покистон тавассути мошинҳои шахсӣ интиқол медиҳанд ва аз ин ҳисоб рӯзгори худро мечархонанд) аз ҷониби нерӯҳои Сипоҳи посдорон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Ва дар натиҷа чанд сӯхтбар кушта мешавад. Дар пайи ин ҳодиса мардуми Систону Балучистон даст ба эътироз мезананд.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳуқуқи башари Эрон аз бархӯрди мақомот бо эътирозгарон нигаронӣ намуданд. Ҳамчунин Мавлавӣ Абдулҳамид, имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон тирандозӣ ба сӯи сӯхтбаронро маҳкум намуда ва ҳамзамон мардумро ба хунсардӣ ва оромиш даъват кардааст.

Хабаргузории “Sunnionline” дар шарҳи воқеъа мениависад:

“Рӯзи душанбе (22 феврал) дар шаҳристони Саровон ва дар нуқтаи марзии Эрон бо Покистон шуморе аз сӯхтбарон таҷаммӯъ мекунанд. Ба самти онҳо тир кушода мешавад ва чанд нафар кушта мешаванд. Рӯзи сешанбе таҷаммӯи эътирозомезе дар шаҳри Саровон, ба хусус дар рӯбарӯи идораи Ҳукумати шаҳр баргузор мешавад. Эътирозот ба хушунат кашида мешавад. Бахше аз муътаризон ба сохтмони фармондорӣ ҳамла мекунанд ва баъзе ҷойҳои сохтмонро тахриб мекунанд”.

Аммо расонаҳои наздик ба Ҳукумат мегӯянд, ки нерӯҳои Сипоҳи посдорони Эрон тирандозӣ накардаанд ва ба гуфтаи онҳо эътирозгарон худ мухолифи низоми Эронанд. Муовини амниятии вилояти Систону Балучистон гуфта, ки тир аз ҷониби маъмурони Покистон ба сӯи таҷаммӯъ кушода шуда, як нафар кушта шудааст.

Мақомоти Эрон сӯхтбаронро гунаҳкор меҳисобанд, ба гуфтаи масъулон худи сӯхтбарон ба як постгоҳи марзӣ ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа як нафар кушта шудааст ва он ҳам шояд бо тири шилликкардаи ҷониби Покистон кушта шуда бошад.

Хабаргузории “Тасним” аз қавли волии Сараван Саид Таҷллӣ навиштааст, ки гуфтугӯ бо мардум дар рӯзи ҳамла ба дафтари волии Сараван сурат гирифтааст ва онҳо идораи Ҳукуматро бидуни “ҳеҷ задухӯрд” “ором” тарк карданд. Ӯ ба хушунат кашида шудани эътирозотро такзиб кард. Аммо фаъолони ҷомеаи мадании Систону Балучистон ин гуфтаҳои мақомотро рад мекунанд.

Бино ба гузориши ВВС мардуми вилояти Систону Балучистон аз фақру нодории шадид маҷбуранд барои таъмини рӯзгор ба сӯхтбарӣ рӯ биёранд. Суди ин кор кам асту хатараш хеле зиёд.

Гуфта мешавад, давлати Эрон чанд соли пеш интиқоли маводи сӯхтро барои сокиноне, ки то 20 километр наздик ба марз зиндагӣ мекунанд, иҷозат дод, аммо ахиран Сипоҳи посдорон интиқоли онро зери контроли худ гирифта намегзорад мардум ба ин кор даст бизананд.

Вилояти Систону Балучистони яке аз минтақаҳои дурафтодаи Эрон ба шумор меравад ва мардуми ин манотиқ дар фақри шадид гирифторанд. Бахши муҳимми мардуми ин минтақа дар таъмини қути рӯзонаи худ мушкили доранд.

Ба Тоҷикистон 55,8 млн $ кумак ворид шуд, Ҳукумат низ кишварҳои дигарро кумак кардааст

0

Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи умумии беш аз 55,8 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард ва ба кишварҳои дигар дар ҳаҷми 543 000 доллар кумак расонд.

Тавре ба хабаргузории “Авеста” аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, Тоҷикистон аз кишварҳои донор кумаки башардӯстона дар шакли доруворӣ, таҷҳизот ва ғизо дарёфт кардааст. Дар маҷмӯъ кишвар зиёда аз 22,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона гирифтааст.

Ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона орд ба андозаи беш аз 14,6 ҳазор тонна, маҳсулоти нафтӣ – 36 тонна, равғани растанӣ – 353 тонна дода шудааст.

Ҳаҷми кумаки башардӯстона, ки аз моҳи январ то декабри соли гузашта ба даст омадааст, беш аз 55 миллиону 852,4 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Дар ин давра Тоҷикистон аз 62 кишвари хориҷӣ кумаки башардӯстона дарёфт кард. Се донори асосии Тоҷикистон Чин – 37,3%, Русия – 8,5%, Узбекистон ва Туркия – 7,6% ба шумор мераванд.

Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон инчунин ба дигар кишварҳо ба маблағи умумии 543 000 доллар кумак расонидааст. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон ба кадом кишварҳо ва чӣ гуна кумак расонидааст чизе гуфта намешавад.