29.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 638

Дар тирамоҳи соли равон барӯйхатгирии аҳолии дар Тоҷикистон оғоз мешавад

0
Акс аз: РИА Новости / Амир Исаев

Нашрияи “Садои мардум”-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз 13 август аз таърихи баргузории барномаи “Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хабар дод. Тибқи ин хабар, барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар кишвар аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Барномаи мазкур дар Тоҷикистон ҳар 10 сол як маротиба доир мешавад, бори охир соли 2010 ин маърака шуда гузашт.

“Барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз манбаъҳои муҳимтарини иттилоот дар бораи аҳолӣ буда, тавассути он маълумот оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-демографӣ ва саводнокии аҳолӣ бо роҳи пурсиши фардии шаҳрвандон ба даст оварда мешавад. Бо ин мақсад барӯйхатгирии аҳолӣ бо дарназардошти имконияти давлат дар даҳ сол як маротиба баргузор мегардад”.

Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бори сеюм аст, ки гузаронида мешавад. Бори аввал моҳи янаври соли 2000 доир шуд, тибқи натиыащои он аҳолии кишвар 6 млну 127,5 нафар шуморида шуд, бори дуюм аз 21 то 30 сентябри соли 2010 баргузор гардид, ин навбат аз дигар барӯйхатгириҳо бо он фарқ мекард, ки дар он бори аввал барӯйхатгирии фонди манзил ҳамроҳ гардид. Ҳамчунин бори нахуст аз усули сканерии коркарди маълумот истифода шуд. Аз рӯи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 адади аҳолии Тоҷикистон 7 млну 565 ҳазор нафар гуфта шуд. Ва инак бори сеюм тирамоҳи имсол доир хоҳад шуд.

дар хусуси ин хабар “Садои мардум” менависад:

“Аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар мамлакат маъракаи бузурги давлатию ҷамъиятӣ-барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар он аз технологияи муосир истифода намояд. Шаҳрвандони мамлакат ва шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд, метавонанд бо гирифтани рамзҳои махсус (логин – парол) ба сомонаи Агентии омор ворид шуда, саволномаҳои барӯйхатгириро пур кунанд ва ба махзани маълумоти Агентии омор ирсол намоянд. Ҳамчунин, дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ терминалҳо барои гузаштан аз барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ташкил карда мешавад. Агар шаҳрвандон нахоҳанд, ки шахсони махсуси барои ин кор омодашуда ба манзили онҳо биёянд, метавонанд дар дилхоҳ вақти ба онҳо муносиб ба назди терминал рафта, бо ёрии намояндагони мақомоти омори давлатӣ ба саволҳо аз тариқи интернет ҷавоб диҳанд”.

Бино ба ин хабар, ин бор мақомот ҳангоми барӯйхатгирии аҳолӣ нав­батӣ аз планшет истифода хоҳанд кард. Тибқи он масъулон ба манзили шаҳрвандон рафта, маълумоти фардии онҳоро ба планшет, ки бо шабакаи интернет пайваст шудааст, ҷамъоварӣ намуда, ба маркази маълумот мефиристанд.

Дар хусуси махфӣ будани маълумоти шахсии шаҳрвандон гуфта шудааст, ки “тибқи моддаи нуҳуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” маълумоти шахсии аз аҳолӣ ҷамъкардашуда махфӣ буда, он дар шакли ҷамъбаст интишор карда мешавад. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бе талаби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти шахсӣ гузаронида мешавад”.

Аввалин воксини зидди COVID-19 пайдо шуд

0
Акс аз: radiokp.ru

Хабари сабтином ва истифодаи воксинаи зидди коронавирус дар бадани инсонро Владамир Путин, раиси ФР 11 август дар ҷараёни нишасти аъзои ҳукумати кишвараш, ки телевизионҳо мустақим пахш карданд, эълом кард.

Хабаргузории “Лента.ру” менависад, аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аз ҳоло бехатарӣ ва самарбахшии худро нишон додааст.

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия гуфт, ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

“Субҳи имрӯз (11 август) бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд.Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад”, – гуфт Владимир Путин.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

Вай афзуд, ки ваксина дар як вақт дар ду замина истеҳсол хоҳад шуд. Коршиносони рус аллакай дар баҳори гузашта ба коркарди ваксини зидди коронавирус шурӯъ карданд. Маводро миёнаҳои июн дар бадани чанд довталаб аз озмоиш гузарониданд.

Пизишкон таъкид намуданд, ки ҳамагуна асари ваксин ба саломатӣ хатаре надорад ва пас аз як рӯз мегузарад. Зиёда аз ин, дар натиҷаи озмоиш муайян гардид, ки ваксина ба бадани инсон кумак мекунад, ки зидди коронавирус масуният коркард кунад.

Хабари иҷозаи истифодаи ваксинаи зидди коронавирус дар Русия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки шумори қурбониёни ин беморӣ дар ин кишвар бештар мешавад ва ҷаҳон аз хатари эҳтимолии мавҷи дуввуми он дар изтироб аст.

То имрӯз омори каронавирус нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон шумори гирифторони ин беморӣ марзи 20 млнро убур кард, аммо адади вафотёфтагон беш аз 741 ҳазор гуфта мешавад.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 12.08.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Ожонсии омор: ҳеч соҳа аз буҷа пули пешбинишударо нагирифтааст.

Сабтином ва истифода аз нахустин воксани зидди коронавирус дар Русия.

Иттиҳоди Аврупо Белорусро ба хотири саркӯбу боздоштҳои худсаронааш таҳрим мекунад

Шаҳрванд барои ба даст овардани ҳақаш бори 22-юм аст, ки аризаи шикоятӣ менависад

0

Муборизаи cокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Холматова Маърифатхон барои дарёфти ҳақи худ бо мақомот идома дорад. Ӯ пештар 21 маротиба ба мақомоти кишвар номаи шикоятӣ навишта, хостааст то масъулон ба додаш бирасанд, вале то ҳол ҷавоби қонеъкунандае нагирифтааст.

Ба гуфтаи ин сокин, ҷавоби мақомот ҳамеша якҷониба буда, қазяро аз решааш намеомӯзанд. Инак ин сокин мактуби 22-юмашро ба унвони раиси  Дастгоҳи раисҷумуҳур, Озода Раҳмон навишта, аз ӯ мехоҳад дар қазияаш дахолат намояд то ҳақи худро чунон ки додгоҳ муқарар карда, ба даст биорад.

Сомонаи “Аздо тв” пештар аз қазияи ин сокини Хуҷанд гузориш дода буд ва ҳоло дигарбора Холматова Маърифатхон ба уновни “Аздо тв” нома ирсол намуда хостааст, то мо онро ба гуши масъулин бирасонем, агар ки мешунаванд.

Бояд гуфт, ки Холматова аз молики “Бозори Сино”-и шаҳри Хуҷанд, шаҳрванд Юлдошев Азим шикоят дорад. Ба қавли ин соҳибкорзан, молу мулки ӯ ва дигар тоҷирони “Бозори Сино” бар асари сӯхтор несту нобуд шуд. Мақомоти дахлдор пас аз тафтишот муайян намуданд, ки сабаби сӯхтор хунукназарии худи молики бозор будааст ва зарарро бояд пардохт мекард. Ин сокини Хуҷанд мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҷиноятҳои Юлдошов А. тасдиқ шуда буд ва мебоист, ки зарари тоҷиронро пардохт менамуд, аммо пас аз чанде аз ҷониби муфаттишон ва прокуророн дидаву дониста ӯ бегуноҳ бароварда шуд ва баракс ду ҷавонеро, ки аслан ба ин амали ҷиноятӣ ҳеч рабте надоштаанд, туҳмат намуда бурда ҳабс карданд.

Ба иддаои шаҳврванд Холматова барои он ки Юлдошевро бегуноҳ бароранд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озодаш бикунанд, бо маслиҳати пешакӣ прокурору муфаттишон қарор бароварданд, ки Юлдошев Азим молики “Маркази савдои “Сино” набуда, ӯ наметавонад зарарҳоро барқарор кунад. Ӯ навиштаст:

“Прокурори шаҳри Хуҷанд Воҳидов Ҳ. С ба (араизаи шикоятии) ман санаи 26.10.2018 с таҳти рақами №12/323а-18 ҷавоб додааст, ки Юлдошов А. роҳбар набуда, балки иҷорагар аст. Чизе ки боси тааҷуби ин даъвогар шуда ва ӯ мепурсад, ки магар иҷорагир фармон мебарорад ё дар вилояти Суғд ин корҳо шуданаш мумкин?”

Ин дар ҳолест, ки Шӯъбаи тафтишотии РВКД вилояти Суғд дар парвандаи ҷиноятии №51900 дар ҷилди 11 пас аз санҷиши шиносномаи Юлдошев Азим соҳибмулк ва раиси “Маркази савдои Сино” буданашро тасдиқ намуда буд.

Ногуфта намонад, ки то ҳол дар дасти “Аздо тв” оиди ин қазия хабари як тараф расидааст. Дар сурати расидани хабари тарафи муқобил, онро низ нашр хоҳем кард.

Агентии омор: ҳеч соҳа аз буҷа пули пешбинишударо нагирифтааст

0
Акс аз: www.n-vartovsk.ru

Агентии омори Тоҷикистон меӯяд ҳеч соҳа аз буҷа пули пешбинишударо нагирифтааст. Дар ин бора “Sputik” хабар дод. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ дар 6 моҳи аввали соли равон бахшҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сад дарсади пулеро, ки дар буҷаи давлатӣ пешбинӣ шуда буд, пурра дастрас накарданд.

Агентии омори Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки бахшҳои давлатӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 64%-и нақша аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ шуданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод хатто барои бахши тандурустӣ бо назардошти пандемияи коронавирус, 66,9 миллион доллар равона шудааст, ки ин нисбати нақша 25 миллион доллар кам ва танҳо 72,7%-и пули дар нақша буда мебошад.

Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбати буҷаи пешбинишуда 44,6 миллион доллар камтар пул ворид шудааст ва ҳаҷми буҷаи давлатӣ ҳудуди 950,5 миллион долларро ташкил додааст.

Дар замоне, ки ҷаҳон бо пандемияи коронавирус дасту панҷа нарм мекунад ва давлатҳо қисми зиёди буҷаи худро барои мубориза бо ин беморӣ сарф карда истодаанд, вазорати тандурустии Тоҷикистон наметовад пули дар нақша бударо пурра дастрас кунад. Вазорати молия аз камтар пур шудани буҷаи давлат дар нимсолаи аввал мегуяд, дар ҳоле ки муассиҳои молиявии ҷаҳонӣ барои пур намудани буҷети давлатии Тоҷикистон бештар аз 150 млн $ ихтисос додаанд. Ин рақам 3 баробар бештар аз он пуле аст, ки ба буҷаи Тоҷикистон ворид нашудааст. Аксари коршиносон  суол матраҳ мекунанд, ки он ҳама кумакҳои башардӯстонаи муассиҳои байналмиллалии ҷудошуда барои мубориза бо пандемияи коронавирус ва дастгирии иқтисоди Тоҷикистон дар куҷо сарф шудааст?

Иттиҳоди Аврупо Белорусро ба хотири саркӯбу боздоштҳои худсаронааш таҳрим мекунад

0
Акс аз “golos-ameriki.ru”

Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки интихоботи рӯзи 9 августи Белорус, ки барои бори шашум Александр Лукашенко баранда эълон шуд, “на озодона баргузор шуда ва на одилона будааст”.

Пас аз поёни интихобти рӯзи якшанбеи гузашта, Комиссияи интихоботи Беларус эълон кард, ки Александр Лукашенко бо 80,2 дарсади овозҳо дар ин интихобот пирӯз шудааст. Ин хабар эътирозҳои густардае дар саросари Беларусро ба бор овард. Нерӯҳои ҳукуматии Беларус барои саркӯби тазоҳуркунандагон ба хиёбонҳо баромаданд. Дар ин гирдиҳамоии омавии мардуми Белорус то кунун ба сабаби бархӯрди шадид нерӯҳои амниятӣ ҳадди аққал як нафар кушта ва 200 эътирозгар боздошт шудааст.

Хабаргузории “euronews” менависад, ки масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҷозеп Боррелл дар як изҳороте ба намояндагӣ аз давлатҳои аъзо гуфт, ки ин Иттиҳод “нисбати шахсоне, ки дар ин саркӯбии ошкори мардум, боздоштҳои худсарона ва тақаллуби натиҷаҳои интихоботӣ даст доранд, чора хоҳад андешид”.

“Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ мардуми Беларус борҳо омодагии худро барои ворид кардани тағироти демократӣ дар ин кишвар нишон додаанд … аммо дар ҷавоб масъулони ҳукумат аз хушунату саркӯбиҳои номуносиб ва ғайри қобили қабул истифода карданд”,- гуфт ҷаноби Боррел дар изҳороташ.

Як рӯз пеш аз эълони изҳороти Комиссияи Аврупо, вазири корҳои хориҷии Олмон, Ҳайко Маас низ ба “қонунӣ будани” пирӯзии Александр Лукашенко дар интихобот изҳори назар карда гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд дар қарори ахири худ оиди “бекор кардани таҳримҳо алайҳи Беларус”-ро аз нав дида барояд.

Ёдрас мекунем, ки аз ин пеш вазирони хориҷаи ИА бо ишора ба “рушди волоияти қонун дар Белорус”, ба сари лағви бахше аз таҳримҳои ҷорӣ намудаи ин Иттиҳод алайҳи кишвари Белорус мувофиқат карда буданд. Ин таҳримҳо якчанд ширкатҳои аслиҳаро, ки бо ҳукумати Беларус наздикӣ доштанд дар бар мегирифт. Илова бар ин, барои 170 нафар мамнуияти сафар ҷорӣ шуда, дороиҳояшон масдуд шуда буд.

Бино ба иттилои хабаргузории “euronews” вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 27 ва 28 августи соли ҷорӣ бори дигар дар Берлин нишаст доир намуда, лоиҳаи қатъномаи нави Лукашенкоро таҳия мекунанд. Интизор меравад, ки тарҳи мазкур дар ҷараёни нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел 24 сентябр қабул карда шавад.

Бархӯрди шадиди нерӯҳои амниятии Белорус бо мӯътаризон идома дорад

0
Акс аз навори задухӯрди нерӯҳои амниятӣ бо эътирозгарон дар Белорус

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС шаби гузашта нерӯҳои амниятии Беларус ба ҳар гуна иқдомоти эътирозгаронёнаи мардум дар Минск бархурди шадид карданд.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ сафи эътирозгарон ҳар лаҳза меафзояд, айни замон садҳо нафар дар тазоҳуроти ноҳияи ҷанубу ғарбии Малиновка ва инчунин ба Уруче дар шимолу шарқ ва Серебрянка дар ҷануб ҳамроҳ шуданд.

Мардуми Белорус пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар ин кишвар норозӣ шуда бегоҳи ҳамон рӯз, аввал дар маркази шаҳри Минск ва баъдан дар дигар минтақаҳои ин кишвар ба майдонҳо рехта эътироз карданд. Шоми дирӯз 11 август қариб тамоми маркази пойтахти Беларусро кормандони милитсия, нерӯҳои махсуси зудамал (ОМОН) ва дигар қувваҳои амниятӣ баста буданд ва амалан нагузоштанд, ки эътирозгарон сенарияи ду рӯзи пешро такрор кунанд.

Тавре ки мухбирони ТАСС хабар медиҳанд, садҳо нафар дар ноҳияи ҷанубу ғарбии Малиновка ва инчунин ба Уруче дар шимолу шарқ ва Серебрянка дар ҷануб даст ба эътироз заданд. Нерӯҳои зудамал ва обутобтёфтаи полис дар майдонҳо ҳузур доштанд ва барои пароканда кардани мардум аз тамоми қувва ва техникаи махсус, аз ҷумла тирҳои резинӣ, гази ашковар ва ғайраро барои пароканда кардани одамон истифода карданд. Дар баъзе ҷойҳо тазоҳургарон кӯшиши сангар сохтан карданд, аммо ин кӯшишҳо зуд аз ҷониби қувваҳои амниятӣ ва тартибот барҳам дода шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, амали нерӯҳои амниятӣ рӯзи сешанбе назар ба ду рӯз пеш шадидтар мушоҳида мешуд, хеле бархурди ноҷо ва сахт буд. Бисёре аз онҳое, ки дар кӯча танҳо буданд ва бо муътаризон ҳамроҳ набуданд таҳти зарбу лати қувваҳои амнитӣ қарор мегирифтанд. Кормандони амният дар байни хонаҳои аҳолинишин ворид гардида, даромадгоҳҳои биноҳо ва дигарҷойҳоро кофтуков карданд. Ҳатто мошинҳоро боздошта ва мусофиронеро, ки дар дастҳяшон дастпонаи сафед доранд – ки ин рӯзҳо ба нишони эътироз табдил ёфтааст, боздошту бозпурсӣ мекунанд.

ТАСС менависад, ки дар тазоҳуроти шаби гузаштаи Минск ҳолатҳои бархурди сахти нерӯҳои амниятӣ бо хабарнигорон низ мушоҳида шудааст. Ҳатто зидди хабарнигорон аз қувва низ истифода карданд, сарфи назар аз ин ки хабарнигорон муҷавиззи корӣ (аккредитатсия) доранд ва ё не, таҷҳизоти аксбардорӣ ва наврбардории баъзеи онҳоро гирифтанд.

Ҳукумати Лубнон дар пайи инфиҷори Бейрут ба истеъфо рафт

0
Акс аз вебсайти “mnalmsdr.com”

Расонаҳои расмии лубнонӣ хабар медиҳанд, ки сарвазири Лубнон, Ҳасан Диёб дар пайи инфиҷори бандари Бейрут ва эътирози мардум дар бораи ноуҳдабароии ҳукумат ва сӯиидора рӯзи 10 агуст аз мансаби худ истеъфо дод. Ба дунболи ӯ вазири маориф ва таълими ин кишвар низ имрӯз сешанбе аз истиъфои худ хабар дод.

Ҳасан Диёб пас аз эътирозҳои мардумӣ дар Лубнон моҳи декабри соли гузашта ба мансаби сарвазирии ин кишвар расида буд. Диёб ҳангоми истеъфояш гуфт, “ҳаҷми фасод бузургтар аз ҳаҷми давлат аст” ва афзуд, ки “давлат дар баробари фасоди идорӣ даступо бастааст ва бар зидди он мубориза карда наметавонад ва халосӣ ёфта ҳам наметавонад, яке аз нишонаҳои он таркиши бандари Бейрут мебошад”.

Нахуствазири мустаъфии Лубнон зимни ишора ба ин ки вуҷуди фасоди музмин дар кишвар ва қишри сиёсӣ боиси фоҷеаи Бейрут шуд гуфт, “касоне, ки фасодкории онҳо сабаби фоҷеаи Бейрут шуд, бояд аз худ хиҷолат бикашанд, ки бо давлати ман ки муваффақияташ вуҷуди онҳоро таҳдид мекунад, ҳамкорӣ накарданд”.

Ҳамзамон Ториқ Маҷзуб вазири мустаъфии лубнонӣ дар саҳифаи тивиттераш менависад:

“Ташаккур мегӯям ба касоне, ки дар ин умри кӯтоҳи ҳукумат ба ман эътимод карданду дастгирӣ намуданд ва сари таъзим фуруд меоварам назди фидокориҳои омӯзгорон ва волидайну донишомӯзон, ки дар замони пандемияи каронавирус моро ёрӣ расонданд. Мо барои Лубнон истеъфо додем, дар акси ҳол ман барои гурез аз масъулият ва ё хидмат дар соҳаи таълиму тарбия ва мубориза бо фасод ҳаргиз истеъфо доданӣ набудам”.

Ёдрас мекунем, ки шоми 4 август дар бандари шаҳри Бейрут пойтахти Лубнон таркиши бузурге ба вуқуъ пайваст, ки то имрӯз расонаҳо аз кушта шудани 163 нафар ва 16 гумшудаву 6 ҳазор маҷруҳ хабар медиҳанд. Мақомоти амниятии Лубнон сабаби таркишро ба оташсӯзие рабт доданд, ки он боиси инфҷори анборе шуд, ки дар он маводи қобили инфиҷор нигаҳдорӣ мешуд. Бино ба гузоришҳо маводе, ки дар ин бандар таркид, 2750 тонна селитраи аммиак будааст ва он 6 сол пеш аз як киштии тоҷири рус, ки расонаҳо аз ӯ Игор Гречушкин ёд карданд, мусодира шуда ва дар ин анбор нигаҳдорӣ мешудаанд. Ин тоҷир мехоста ин маводро ба давлати Кипр бибарад.

Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко дар Литва. Паноҳ бурдааст ё омода мешавад?

0
Акс аз Валерий Шарифулин / ТАСС

Вазорати умури хориҷаи Литва эълом кардааст, ки номзад ба мақоми президенти Беларус Светлана Тихановская дар ин кишвар қарор дорад. Дар пайи эълони натоиҷи интихоботи рӯзи 9 август ва баргузории як нишасти хабарӣ хонум Тихановская аз назарҳо ғойиб шуд ва расонаҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ нопадидшудани ӯро дар сархатти ахбори худ қарор доданд.

Хабаргузории “ТАСС” аз қавли  Линас Линкявичюс, вазири умури хориҷии Литва хабар медиҳад,ки феълан Тихановская дар Литва мебошад:”Светлана Тихановская дар маҳалли амн аст. Вай дар Литва қарор дорад”, – навиштааст вазири хориҷии Литва дар сафҳаи Twitterи худ рӯзи сешанбе.

Сардори Идораи сиёсати хориҷии Литва ҳамчунин тазаккур кардааст,ки Тихановская дар Беларус муддати тахминан 7 соат дар боздошт қарор дошт: “Муҳим он аст ки ӯ ҳоло дар маҳалли бехатар қарор дорад,вале то инҷо ӯ дар Белорус дастгир шуд ва дар ин боздошт 7 соатро ба сар бурд”-гуфтааст Линас Линкявичюс, вазири умури хориҷии Литва бар барномаи радиои миллии кишвараш. Аммо вазири хориҷӣ аз кадом роҳ ва чи тавр ва дар кадом вақт омадани Тихановская ба Вилнюс ва минбаъд чи нақша доштани ӯро шарҳу тавзеҳе накардааст. Қаблан хонум Тихановская арз карда буд, ки кадом асосеро барои дастгир ва ҳабси худ намебинад ва қасди тарки Белорусро надорад.

Тихановская,ки бар тибқи натоиҷи эъломкардаи Комиссиюни марказии интихоботи Белорус дар сабқат бо гирифтани 10.09% ҷойи дуввумро ишғол кард,изҳор дошт ки натиҷаи эъломшударо эътироф намекунад,худро сардори мунтахаби давлати Белорус меҳисобад ва бад-ин манзур аз болои КМИ ба Додгоҳ шикоят бурдааст.

Рӯзи душанбе раиси Кумитаи давлатии амнияти Белорус Валерий Вакульчик изҳор дошт,ки ба ҷони Тихановская сӯйиқасд омода шуда буд. Ба гуфтаи ӯ кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ Ситоди муттаҳидаи мухолифинро посбонӣ карданд, то барои ин гуна қурбонӣ иҷозат надиҳанд.

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст.

Бо ин ҳол маълум нест, ки Светлана Тихановская дар Литва паноҳ бурдааст ва ё инки  барои идомаи мубориза омода мешавад.

Дар Тоҷикистон 12 кӯдак ғарқ шудааст

0
Акс аз “Sputnik”

Аз аввали сол дар рӯдхона ва обанборҳои Тоҷикистон 12 кӯдак ғарқ шудааст. Дар ҳамаи ин фоҷиаҳо асосан бепарвоии калонсолон ва волидон сабаб шудааст.

Умеда Юсуфӣ сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикстн ба оҷонсии иттилоотии Авесто гуфтааст дар шабонарӯзи гузашта сокини 14 солаи рустои Қарасои ҷамоати Кашоти ноҳияи Лахш аз рӯи беэҳтиётӣ ба ҳангоми рондани дучарха ба дарёи Қизилсу афтода ҷон бохтааст. Ҷасади ӯро дар деҳаи ҳамсоя, дар маҳаллаи «Мирзокиштов» -и ҷамоати деҳоти Пилдони ҳамин ноҳия пайдо карда ва ба ходимони милиса таҳвил додаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ бепарвоии падару модарон, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, риоят накардани меъёрҳои оббозӣ, шиноварӣ дар маконҳои мамнӯъ, боиси ҷони худро аз даст додани боз 11 кӯдаки аз 4 то 16 шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кӯдакон ба таваҷҷӯҳи волидон дар назар гирифтанияк қатор қоида ва шароити одиро пешниҳод  кардааст:

Ба  кӯдакон тарзу усули таъмини амнияти шахсиро ёд диҳед. Бо кӯдакон сӯҳбатҳои инфиродӣ баргузор кунед, қоидаҳои муҳимро фаҳмонед, ки риояти онҳо боиси ҳифзи ҳаёташон мешавад. Мушкили вақти холии онҳоро ҳал кунед

Ҳамеша дар ҷараёни он бошед, ки кӯдаки Шумо бо кӣ ва дар куҷо мегардад, маҳалли гаштугузор ва будубоши ӯро таҳти назорат қарор диҳед, барои он ки қурбонии  ҳолатҳои нохуш дар обанборҳо ва кӯлҳо нашавад, ба онҳо риояти қоидаҳои бехатариро омӯзонед, шиноварӣ ёд диҳед ва ба ҳангоми истироҳат ва фароғати онҳо дар наҳру рӯдхона ва ҳавзу кӯлҳо ҳамроҳ бошед.