12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 642

Нопадид шудани 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе

0

16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки субҳи 11 январ аз Молдова ба Тоҷикистон баргаштанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо худ “бурданд”. Дар ин бора “Centralasia” хабар дод.

Тибқи иттилои ин расона, шаҳрвандони тоҷик тавассути ҳавопаймо аз Истамбул ба Душанбе омадаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи ин ҳодиса чизе намедонанд.

Ҳамзамон 11 январ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Молдова хабар доданд, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар айбдор карда шуданд, пас аз адои ҷарима аз Молдова ба Тоҷикистон баргаштанд.

Айни замон макони будубоши ин шаҳрвандон маълум нест.

Олга Поалелунги, директори Бюрои муҳоҷират ва паноҳгоҳи назди Вазорати корҳои дохилии Молдова гуфт, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда муҷозот шудаанд. Ба гуфтаи хонум Олга, “рӯзи якшанбе ин шаҳрвандон бо пули худ чипта харида, ба ватан баргаштанд.”

Олга Поалелунги, директори Бюрои муҳоҷират ва паноҳгоҳи назди ВКД-и Молдова. Сурат: unimedia.info

Дар ҳамин ҳол сомонаи Радиои Озодӣ аз қавли Михаил Водэ, намояндаи дигари Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагии назди ВКД-и Молдова навиштааст, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ хоки Кишинёвро тарк карданд.

“Онҳо нахостанд, дар бораи мақсади сафарашон хабар диҳанд. Фикр накунам, ин ҷо гап дар сари муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст. Онҳо билетро бо пули худ харида, ҳамчунин ҷаримаро пардохт карданд. Ҳар кадоме – 90-долларӣ”, – гуфт ӯ.

Дар идома Водэ қайд кардааст, ки дар қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон “ҳеҷ ангезаи сиёсӣ”-ро намебинад ва афзуд, ба Молдова шаҳрвандони Тоҷикистон “зиёд намеоянд”.

Дар тасдиқи ин хабар як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вақте мусофирони ҳавопаймои Истанбул-Душанбе аз марз мегузаштанд, “кормандони Раёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар асоси як рӯйхат чанд нафарро гирифтанду ба утоқи дигар бурданд.”

Ба иддаои ин манбаъ пас аз як муддат онҳоро аз утоқ берун бурдаву аз бинои фурудгоҳ хориҷ шудаанд. Дар идома ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ иброз доштааст, ки “афроди шоҳиди саҳна ҳамон лаҳза гумон карданд, ки шояд онҳо гумонбар ба кадом ҷинояте ҳастанд, вале зоҳиран барои худи баргаштаҳо аз Молдова низ ин ҳолат ногаҳонӣ буд.”

Вай афзуд: “Вақте шахсони боздоштшуда аз кормандони Раёсати марзбонӣ пурсиданд, ки “моро ба куҷо мебаред, чӣ кор кардаем?” дар посух гуфтанд, ки “дар бораи Шумо барвақт хабар расидааст, дар идора суҳбат мекунем”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.

Бар асоси созишномаи байниҳукуматии Молдова ва Тоҷикистон, ки соли 2019 баста шудааст, шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд дар қаламрави ҳар як давлат бидуни раводид 90 рӯз бимонанд.

Таърихи паёми солонаи Президент ба Парлумони кишвар муайян шуд

0

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 январ ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Бино ба иттилои хабаргузори давлатти “Ховар”, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” қарор ба тасвиб расонидааст.

Аз руйи баъзе маълумоти интишоргардида гуфта мешавад, паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олӣ, вазирону раисон, кабинаи ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои димломатӣ доир мегардад.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ҳамасола дар охири моҳи декабр доир мегардид.

Дар шаҳри Панҷакент “Рамзи китоб” бо баландии 14 метр бунёд мегардад

0

Бино ба иттилои саҳифаи расмии фейсбукии ҳукумати шаҳри Панҷакент “Рамзи Китоб” бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохта, ҳалқаи давраи поёнии деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи “панҷ” ва “кат” аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд.

Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд.

Аммо ба назари коршиносон дар бунёди чунин сутунпояҳо маблағи зиёд масраф мешавад ва масъулон ҳам аз чунин иқдомот суиистифода намуда, маблағҳои зиёдеро ба қавле “обу лой” мекунанд.

Бунёди “Рамзи китоб” дар Панҷакент дар ҳолест, ки Тоҷикситон дар гирдоби қарзи хориҷӣ афтодаасту аз қарздиҳандагон хоҳиш карда, ки мӯҳлати баргардонидани маблағҳои қарзиро дарозтар кунанд.

Ҳамчунин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро зери шарҳу баррасӣ қарор дода, навиштаанд, ба ҷойи бунёди чунин биноҳое, ки танҳо зарар ба буҷа аст, корхона ва ҷойҳои корӣ барои мардуми бекор муҳайё созанд, беҳтару хубтар аст.

Facebook

Шикори муҳоҷирон дар Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар (Видео)

0

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск хабар дод, ки аз 4 то 10 январ дар рейд бо кормандони идораи муҳоҷирати хориҷӣ (УВМ), Маркази мубориза бо экстремизм ва нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия 208 маконе, ки шаҳварвондони хориҷӣ дар онҷо сукунат доштаанд, қонунӣ будани буду боши шаҳрвандӣ санҷида шуд.

Бино ба хабарҳое, ки Хадамоти матбуоти ин ниҳод нашр кард, дида мешавад, ки дар байни муҳоҷирони боздоштшуда зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ зиёданд.

Видео: Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск

Дар хабар гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи санҷишҳо 6 мавриди сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шудааст. Нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои будубош 45 протоколи маъмурӣ тартиб додаанд”.

“Ҳамчунин як шаҳрванди 42-солаи Қирғизистон ва як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми тақаллуби аснод барои воридшавии ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия боздоштаанд”, – омадааст дар хабар.

Ин дар ҳолест, ки қабалн Президени Русия муҳоҷирони кориро то моҳи июни 2021 аз патент ва сабти ном озод намуда буд, вале боз дида мешавад, ки кормандони пулиси ин кишвар муҳоҷиронро ба ҳар баҳонае боздошт мекунанд.

Ҷазо барои ташкилкунандагони фоҳишахонаҳо сахттар мешавад

0

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳ ба қонуни оиларо омода кардаанд, ки нисбат ба шахсони далла, соҳибони фоҳишахонаҳо ва афроди гунаҳкор ба бадрафторӣ бо ноболиғон ҷазои сахттар пешбинӣ мекунад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон “шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то 16-сола маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.”

Ин тағйирот дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл гурӯҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо 54 имзо аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ду палатаи Порлумон талаб кардаанд, ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд.

Ин бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон нисбат ба фоҳишаҳо қонун тағйир меёбад, пеш аз ин дар соли 2018, Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар карда буд.

Бино ба тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуд, касе бори дуввум бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир мешавад, аз панҷ то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

Оё 70 дарсади қарздорони аслии барқ сокинони кишвар ҳастанд?

0

Шабакаҳои барқи Душанбе соли гузашта 2,3 млрд кВт/соат нерӯи барқ гирифтаанд, ки 78 млн кВт нисбат ба соли 2019 зиёдтар гуфта мешавад. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ширкати “Барқи тоҷик” сокинони шаҳри Душанбе аз ин ширкат 136 млн сомонӣ қарздоранд, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии барқи истифодашуда дар пойтахтро дар бар мегирад.

“Азия – Плюс” аз манбааш дар ҳукумати шаҳри Душане навиштааст, ки беш аз 60% (1,4 млрд кВт/соат) дар ҳаҷми умумии барқи гирифта дар худи шаҳр – марказҳои барқу гармидиҳӣ масраф шудааст. Ҳаҷми барқи дар ин марказҳо масрафшуда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 8% зиёдтар унвон гардидааст.

Гуфта мешавад, масрфаи як шабонарӯзии нерӯи барқ дар пойтахт 6,3 млн кВт/соат аст, ки тақрибан ба 10% аз ҳаҷми умумии таъминоти кишвар бо барқ баробар будааст.

Ҳачунин зикр гардидааст, ки омори талафоти техникии барқ дар шабакаҳои пойтахт мисли соли 2019 дар ҳаҷми 15,5% будааст.

Дар соли 2020 маблағи умумии барқи дар пойтахт масрафшуда 678 млн сомонӣ ва пули пардохтшуда барои он 542 млн сомониро ташкил додааст. Яъне зиёда аз 130 миллион маблағи барқ пардохт нашудааст.

Бино ба гуфтаи масъулин қарздорони асосӣ истеъмолгарони маишӣ мебошанд, ки ба ҳиссаи онҳо қариб 70% аз қарзи умумӣ дар шаҳр – наздики 95 млн сомонӣ рост меояд.

Дар шаҳрдорӣ қайд мекунанд, ки аҳолии пойтахт ба маблағи 341,5 млн сомонӣ барқ гирифта, танҳо 246,7 млн сомонӣ (72,2%) маблағ пардохт намудааст.

Қаблан дар “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба ҷуз сокинони ВМКБ, бо назардошти бақияи солҳои пешин барои истифодаи барқ зиёда аз 1 млрд сомонӣ қарздор аст.

Вале коршиносони соҳа ин иддаои қарздории сокинонро рад мекунанд, ба назари онҳо аҳолӣ агар аз барқ қарздор бошад, дар ҳол нозирон барқашро қатъ мекунанд ва то маблағро пардохт накунад, барқро васл намекунанд.

Як коршиноси собиқадори ин соҳа ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“Ман ҳамеша бар гузориш ва арқоми пешниҳоднамуаи ширкати “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои барқӣ ба зери шубҳа назар мекунам, зеро як мислои оддӣ аст. Сокине, ки пули барқро пардохт намекунад нозири барқ дар як моҳ чанд маротиба назди хонааш меояд, дар ҳолати пардохт накардан барқ қатъ карда мешавад, пас чӣ гуна мардум қарздор будаанд?”

Дар инҷо як сирре ҳаст, маблағҳоро мегиранду “обу лой” мекунанд, дар ҳисобот мардумро қарздор мебароранд, дар асл мардум қарздор нестанд, маблағҳо дар хориҷи кишвар дар кадом бонкҳову офшорҳо маҳфузанд, вале заҷри онро мардуми бечора мекашад, мегӯяд манбаи мо.

Даргузашти ду табиби тоҷик дар шаҳри Ал-Мукалои Яман

0

Бино ба навиштаҳои расонаҳо ду табиби шаҳрвандони Тоҷикистон – яке 49-сола ва дигаре 56-сола дар Яман бар асари сактаи қалбӣ ва мағзӣ дар як рӯз аз олам даргузаштаанд. Гуфта мешавад, ҷасади онҳоро дар шаҳри Ал-Мукаллои вилояти Хазрамавт дафн кардаанд.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ ин табибони тоҷик тариқи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия барои кор ба Яман рафта буданд.

Намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия Манучеҳр Абдуев ба Радио Озодӣ гуфтааст, “Ҷамшед Бегалиев ва Саидмуҳиддин Тошев чанд сол боз дар шифохонаи хусусии “Ибни Сино” дар шаҳри Ал-Мукалло кор мекарданд. Бегалиев ҷарроҳ ва Тошев анестезиолог буданд”.

Беморхонаи хусусии “Ибни Сино” дар шаҳри Ал-Мукаллои Яман. Сурат:
Ҷамшед Бегалиев ва Саидмуҳиддин Тошев Сурат: Фейсбук

Беъзе огоҳони умур ба фарзия фавти ин ду пизишк, ки гӯё ҳарду дар як рӯз яке бо сактаи қалбӣ ва дигаре бо сактаи мағзӣ фавтидаанд, шубҳа доранд. Онҳо мегӯянд, чунин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо аз ҷониби ҷангҷӯёни силоҳбадаст кушта шуда бошанд. Чун шаҳри Ҳазрамавт то ҳол дар тасарруфи ҷангҷӯёни наздик ба гурӯҳи ДОИШ қарор дорад. Ва амният онҷо таъмин нест.

Соли гузашта низ як зани пизишки тоҷик чанд моҳ дар асорати чунин гурӯҳҳо буд, ки баъдан ӯро раҳо карданд.

Чанд андеша перомуни мақолаи охирини сиёсии Абдуллоҳи Раҳнамо “Даҳ мушкили оппозитсия шудан”

0

Як корбари фейсбук бо номи Хусрави Атовулло дар як матлабе перомуни мақолаи ахири Абдуллоҳи Раҳнамо, ки зери унвони “Даҳ мушкили оппозитсия шудан” чанде пеш нашр шуда буд, фикру андешаҳои худро навиштааст.

Ба назари ин корбар Абдуллоҳи Раҳнамо дар матлаби худ масъалаи матраҳ намудаашро якҷониба баҳогузорӣ намудааст ва муаллиф онро “оппозитсияи бомаънӣ” аз нигоҳи Раҳнамо хондааст.

Ӯ менаисад, ки он қувваҳоеро, ки Раҳнамо аз зарфияташон эрод гирифтааст, онҳоро халқ хуб мешиносад ва медонанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва чӣ барнома доранд.

Ва ҳамчунин дар мавриди чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ ва зарфияти интелектуалӣ онҳо мегӯяд, ки ба иддаои Раҳнамон ин гурӯҳҳо “бояд дар ҳайати худ 5 – 10 сиёсатмадори сатҳи миллӣ ва 10 – 20 мутахассису мутафаккир дошта бошад. Аммо он нерӯе, ки имрӯз қудратро дар кишвар дар даст дораду Раҳнамо аз фаъолияти онҳо қаноатманд аст, дар ҳайаташ панҷ сиёсатмадори сатҳи миллӣ дорад? Ё кадом вазири тоҷик сиёсатмадори сатҳи миллӣ аст?”

Шакли комили матлаби муаллифро дар зер мутолиа кунед:

Facebook

Абдуллоҳи Раҳнамо инро охирин мақолаи сиёсиашон номидаанд, ки ин чизи нав нест, ҷаноби Раҳнамо як чунин васиятномае дар соли 2012-ум навишта буданд ва шоҳиди он гаштем, ки бо фикрҳои дигар ва андешаи ҷадид баргаштанд ин рафтанашон ҳам як омадани дигар аст. Баъдан дар замоне ки сабзавотфурӯшон ҳам аз сиёсат сӯҳбат мекунанду фаъолияти Трампро таҳлил мекунанд изҳори назари мудири яке аз шӯъбаҳои ИН оиди ягон масъалаи сиёсӣ касеро ба тааҷҷуб намеорад. Сониян бо рафтани ҷаноби Раҳнамо ба ИН мумкин аст, адабиёти тоҷик сиёситар мешаваду асарҳои наве пайдо мешавад, ки қаҳрамонҳои асосиаш тоҷикони аврупост, кӣ медонад? Шояд ё шеърҳои сиёсӣ зиёд мешавад , ба қавли Бозор Собир шеъри мондагор шеъри сиёсист.

Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки дар сатҳи Раҳнамо коршиноси кам дорем, аммо ба фикри ман миллат коршиноси ба сатҳи Раҳнамо зиёд дорад, аммо ё ҷуръат надоранд ё минбар ё бо сӯҳбатҳо дар маҳфилҳои хосе, дар сари як пиёла чойе ё дар растаи сабзавотфурӯшӣ кифоят мекунанд.

Дар мақолаи “Даҳ мушкили оппозитсия шудан” ҷаноби Раҳнамо масъаларо яктарафа баҳогузорӣ намудаанд, инро метавон “оппозитсияи бомаънӣ” аз нигоҳи Раҳнамо хонд. Дар ташакулли мухолифини худ нақши ҳукумати амалкунанда хеле зиёд аст, аммо ҷаноби Раҳнамо инро нодида гирифта, дар мақола чизе намегӯянд. Доштани мухолифини қавӣ ва солим ба манфиати ҳукумати дурандеш аст. Мебоист дар мақола ҷаноби Раҳнамо чун корманди акнун собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ нишон медод, ки давлат  барои ташаккули мухолифини солим чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад.

Рафтору фаъолияти мухолифин аз рафтори ҳукумати амалкунанда нисбати ӯ сахт вобаста аст. Беадолатӣ, зулм, нобаробарӣ боиси пайдоиши мухолифини носолими ифротӣ мешавад.

Ҷаноби Раҳнамо мухолифини тоҷикро “баъзе шаҳрвандон ва доираҳои ҳамдиду ҳамманфиат, ки худро дар хориҷ мухолифин меноманд” зикр карда, фаромӯш мекунанд, ки инҳо ҳамонҳоанд, ки ҳазорон нафарро ҷамъ карда буданду ҷаноби Раҳнамо дар конфронсҳояшон маърӯзаҳо мекарданд ва барояшон маслиҳатҳо медоданд.

Инҳо ҳамонҳоанд, ки дар ҳайати ИНОТ буданд, алоҳида фаъолият доштанд, дар ҳайати ИНИТ буданд, имрӯз дар марҳилаи нав дар шароити наву замони дигар фаъолият доранд, онҳоро “мухолифини нав” шарҳ додани Раҳнамо ин гумроҳӣ ё пардапӯшӣ аст.

Дар масъалаи меҳвари мушаххаси сиёсӣ ва арзишӣ.

Ин қувваҳоро халқ хуб мешиносад ва медонанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва чӣ барнома доранд. Дар бисёр масъалаҳои ин гурӯҳҳо ҳамақидаанд, як позитсияро доранд. Ва он гурӯҳҳое, ки дар заминаи ихтилофи корию тиҷорӣ бо шарикони худ дар дохил ба миён омадаанд, ин дар сиёсат чизи нав нест, дар боло гуфтем, ки ҳукуматҳо мухолифини худро худ месозанд, яъне барномаи нодурусти иқтисодии ҳукумат метавонад мухолифини навро ба миён орад. М Ходорковский пас аз ҳабсу ғасби моликияташ ба мухолифини сарсахти Путин табдил ёфт. Метавон ҳазорон мисол овард.

Дар масъалаи чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ ва зарфияти интелектуалӣ ҷаноби Раҳнамо дуруст қайд карданд, ки нерӯе, ки даъвои қудрат дорад, бояд дар ҳайати худ 5 – 10 сиёсатмадори сатҳи миллӣ ва 10 – 20 мутахассису мутафаккир дошта бошад. Аммо он нерӯе, ки имрӯз қудратро дар кишвар дар даст дораду Раҳнамо аз фаъолияти онҳо қаноатманд аст, дар ҳайаташ панҷ сиёсатмадори сатҳи миллӣ дорад? Ё кадом вазири тоҷик сиёсатмадори сатҳи миллӣ аст? Ё кадом намояндаи парлумонро тамоми миллат мешиносад? Яъне бе ин ҳам мешудааст.

Ҷаноби Нурӣ, ки шахси масъулиятшинос буд, дуруст гуфт, ки то сад Ҳимматзода набошад, даъвои қудрат накунанд. Аммо интизори тарбияи сад Ҳимматзода барои ақли солим чӣ лозим, ки миллат кадрҳои на танҳо сатҳи миллӣ, балки ҷаҳонии бекор дорад. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов, Раҳматилло Зойиров, Ойниҳол Бобоназарова, Гулрухсор, Фарзона, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҷаби Мирзо, Давлат Худоназаров, Толиб Шаҳидӣ, Далер Назаров, Сафар Абдуллоҳ, Барзу Абдураззоқов, Абдулло Давлатов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо кадрҳои ҷавон  Табрез Шаҳидӣ, Аниса Собирӣ, Азизҷон Азимӣ ва ҳазорон ҳазор хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷиву дохилӣ.

Масъалаи пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ

Ба гуфти ҷаноби Раҳнамо доираҳои мухолиф дар муҳити иҷтимоии кишвар таъсири муайянкунанда надоранд ин як худфиребкунӣ аст,  таъсири амиқи онҳоро метавон возеҳ мушоҳида  кард, аз ҷумла (1) аҳли фарҳангу зиё қисми муйянашон дар зери таъсири мухолифин мондаанд.Баъдан аз таъсири ин доираҳои асосан( 2) муҳоҷирони меҳнатӣ ( 4) табақаҳои осебпазири кишвар сахт бархурдор ҳастанд инро метавон аз шуморам бинандагони баромадҳои онҳо дар ютюб ки дар пахши мустақим ҳазорҳо нафар тамошо доранд ва наворҳояшон дар як рӯз то сад ҳазор тамошобин дорад ва зангҳои зиёде ки ҳангоми пахши мустақими мухолифин аз дохилу хориҷи кишвар мешавад, мушоҳида кард.

Масъалаи муносибат ба арзишҳои пазируфтани низоми давлатдорӣ

Ҷаноби Раҳнамо доираҳои мухолифро дар баҳс бо низоми дунявӣ ва ҷомеаи бисёрфикрӣ айбдор мекунаду фаромӯш мекунад, ки худи масъулин бо низоми дунявӣ ва ҷомеаи бисёрфикрӣ дар ҷанг аст, баста шудани даҳҳо рӯзнома ба хусус “Нигоҳ” ва ” Озодагон” ва дар хориҷ қарор доштани ҳамин Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён ва Ҳафиз Бобоёров ё Зафари Сӯфӣ шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд. Метавон ҳазорҳо мисол овард аммо ҷаноби Раҳнамо аз ман хубтар медонанд. Магар дахолат дар тамоми корҳои мардум ва то ҳол баста будани масҷидҳо ҷанг бо дунявият нест?

Дар боло гуфтем, ки ба ифротӣ шудани мухолифин муносибати ноодилонаи ҳукумат бо онҳо сабаб шуда метавонад. Яъне ҳукумат чӣ тавре мухолифини худро таҳқир кард ҳамон хел таҳқир мешунавад.

Вақте мақомот мухолифинро “хоин”, “ҷосус” ва “терорист” меномад, ба ҳамин муносиб ҷавоб хоҳад шунид. Мухолифини Путин ӯро “вор”, “бандит”, “преступник” меноманд, аммо ӯро “неверующий” наменоманд, зеро медонанд, ки ӯ ба калисо меравад ва бори охирин шаби шашуми январ рафта буд. Медонанд, ки дари тамоми калисоҳо дар Русия барои ҳама боз аст. Чӣ расад ба калисоҳо ҳатто масҷидҳо.

Хуллас дар сохтан ва ташаккули  мухолифин нақши ҳукумати амалкунанда ё нерӯи дар қудратбуда хеле бузург аст, ки ҷаноби Раҳнамо нодида гирифтааст. Нерӯи дар қудратбуда агар беадолатона, ғайринсониву ғайрибашарӣ ва золимона бо мардум ва рақибони худ муносибат кард, мухолфоне чун ДОИШу Ҳизбу Таҳрир (Ҳаракатҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ) хоҳад дошт. Зеро ДОИШ дар Аврупо пайдо нашуд дар Русия пайдо нашуд, балки дар Сурия ва Ироқ ба вуҷуд омад, ки ҳуқуқи диниву мазҳабиву миллии мардум риоя намешуд.

Дар мамлакатҳои Осиё Марказӣ сабаби ба вуҷуд омадани мухолифини сиёсии носолим муносибати беадолатона, шиканҷа, ҳабси рақибҳои сиёсӣ аз ҷониби нерӯҳои дар қудратбуда маънидод мешавад.

Барои ташаккули мухолифини сиёсии солим муносибати солим, боадолатона, ва дар доираи қонунҳои башардӯстонаи нерӯи дарқудратбуда шарти асосӣ аст.

Вақте ҳукумат ё нерӯи дарқудратбуда тамоми роҳҳои солими   расидан ба қудрат ва муборизаи сиёсиро мебандад қувваҳои мухолиф ба роҳҳои носолим рӯй меоварад.

Дар фаъолияти минбаъдаи ҷаноби Абдуллоҳи Раҳнамо дар симати нав дар Иттиҳодияи Нависандагон барояшон бурдбориҳо таманно дорам. Худо кунад, ки асарҳои адибони тоҷик сазовори ҷоизаи Нобелии адабиёт гардад, ки ба гумонам таъини ҷаноби Раҳнамо ба ин хотир аст.

Аз саҳифаи фейсбукии Хусрави Атовулло

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Содир Ҷапаров шашумин президенти Қирғизистон интихоб шуд

0

Рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар Қирғизистон интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ва раъйпурсӣ оид ба муайян кардани шакли ҳукумат баргузор шуд. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи интихобот, Содир Ҷапаров 79,26 дарсади овозҳои мардумро ба даст овард.

Натиҷаҳои расмии Комиссияи марказии интихобот бояд на дертар аз 24 январ эълон карда шаванд. Дар ин бора сомонаи қирғизии 24.kg хабар медиҳад.

Содир Ҷапаров 6 декабри соли 1968 дар деҳаи Кен-Суу, ноҳияи Иссиқкӯл таваллуд шудааст.

Қаблан, яке аз рақибони ӯ дар сабқати президентӣ Канибек Иманалиев изҳор карда буд, ки Содир Ҷапаров соҳиби дипломи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Аммо тарҷумаи ҳоли расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вай соли 2006, яъне дар синни 38-солагӣ Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русияро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро дар колхоз оғоз намудааст. Дар солҳои 2002-2005, ӯ аллакай ба ҳайси директори генералии ширкати “Нурнефтегаз” кор мекард.

Дар соли 2005, вай аз ҳавзаи якмандатии Туп ба даъвати сеюми “Жогорку Кенеш” (парлумони якпалатагии Ҷумҳурии Қирғизистон, мақоми қонунбарори давлат) номзад шуд. Он гоҳ номзадҳои ҷонибдори ҳукумат мухолифони худро ба таблиғи ғайриқонунӣ айбдор карданд.

Ҳукумат изҳороти муқобил навишта ишора кард, ки номзадҳо ба мандатҳо, ки аз ҷониби Кохи Сафед дастгирӣ карда мешаванд, ба хариди овозҳо машғуланд. Аммо судҳои маҳаллӣ тарафдори онҳое буданд, ки аз ҷониби мақомот сарпарастӣ мешуданд. Дар натиҷаи рӯёрӯӣ гирдиҳамоиҳо бо талаби истеъфои волӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Бо вуҷуди ҷанҷолҳои шумориши овозҳо ва фишор ба оппозисюн, Содир Ҷапаров бо вуҷуди ин ба парлумон роҳ ёфт ва ба гурӯҳи ҷанубии ҷонибдори президент Қурмонбек Боқиев пайваст.

Дар моҳи апрел, ӯ дар ҳайате таҳти сарварии Омурбек Текебоев ба Маскав рафт, ки Аскар Акаев дар натиҷаи табаддулоти моҳи март гурехт. Музокирачиён бояд ӯро маҷбур мекарданд, ки ихтиёран истеъфо диҳад ва ин кор ба онҳо муяссар шуд.

Дар соли 2007 Қурмонбек Боқиев даъвати сеюми саркаши парлумонро пароканда кард. Содир Ҷапаров дар интихоботи пеш аз мӯҳлати ваколати “Жогорку Кенеш” ширкат надошт. Соли 2007 ӯ мушовири Қурмонбек Боқиев шуд ва то соли 2009 дар ин вазифа кор кард.

Соли 2008 Агентии миллии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуд. Соли 2009 ба он Содир Ҷапаров роҳбарӣ мекард. Ба зудӣ оҷонсӣ ба Агентии пешгирии коррупсия дар назди Хадамоти давлатии кадрҳо табдили ном кард. Дар ин вазифа, ӯ то моҳи июни соли 2010 кор кардааст.

Дар моҳи октябри соли 2010 дар даъвати панҷуми “Жогорку Кенеш” ба ҳайси вакил интихоб шуд. Содир Ҷапаров дар рӯйхати ҳизби Ота-Журт шомил буд, ки ин созмони сиёсӣ дар интихобот ғолиб омад ва соҳиби аксари курсиҳо шуд.

Аммо дар моҳи сентябри соли 2012 Додситонии кулл алайҳи Содир Ҷапаров, ки он замон раҳбарии фраксияи Ота-Журтро бар ӯҳда дошт, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Вай ба қаллобӣ дар хусусигардонии ғайриқонунии бино дар Бишкек айбдор мешуд.

Порлумон талаби додситони куллро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Содир Ҷапаров рад кард.

Гап дар бораи он буд, ки пас аз ҳодисаҳои апрел, биное, ки гӯё ба одамони Максим Боқиев тааллуқ дошт, дар дасти Элдар Мадилбеков, писари депутат Турат Мадилбеков будааст, ки он вақт Содир Ҷапаров онро харидааст.

Худи ҳамон сол Содир Ҷапаров комиссияи парлумонӣ оид ба “Кумтор”-ро сарварӣ мекард. Вай миллисозии майдон ва ихроҷи сармоягузорони Канадаро талаб кард.

3 октябри соли 2012 дар назди Кохи Сафед вакилони Ота-Журт Камчибек Ташиев, Содир Жапаров ва Талант Мамитов гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Худи Ҷапаров дар он гирдиҳамоӣ ширкат надошт. Аммо ӯро ба таҳрики он айбдор карданд.

Он замон Камчибек Ташиев ба девори Кохи Сафед баромада буд. Баъдтар ӯ ин амалашро тавзеҳ дод, ки “ба кор шитоб дошт”.

9 марти соли 2013, суд Камчибек Ташиев ва Содир Ҷапаровро тибқи моддаи 295 “Ғасби ҳокимият ё ба таври маҷбурӣ нигоҳ доштани ҳокимият” -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон гунаҳгор дониста, онҳоро ба як солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард. Комиссияи марказии интихобот, қарори Фемидаро иҷро карда, Содир Ҷапаровро аз вакилӣ маҳрум кард.

Дар охирҳои баҳор ва рӯзҳои аввали моҳи июни соли 2013 тазоҳурот алайҳи Кумтор барпо шуда буд. Содир Ҷапаров ҳамчун яке аз ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ном бурда шуд. Аммо ӯ даст доштани худро дар ин тазоҳуротҳо рад кард.

Моҳи октябр дар Каракол боз як митинги дигар бар зидди Кумтор баргузор шуд. Эътирозгарон намояндаи ваколатдори ҳукумат Эмилбек Каптагаевро гаравгон гирифтанд ва таҳдид карданд, ки ӯро оташ мезанандд. Дар ниҳоят митинг пароканда карда шуд. Содир Ҷапаровро ба ташкили тазоҳурот муттаҳам карданд. Аммо вакили собиқи халқ инро рад карда гуфт, ки ин ҳама тахмин аст ва аз тарси таъқиб тарки кишвар кард.

Баъдтар, дар мурофиаҳо Эмилбек Каптагаев гуфт, ки ӯ Содир Ҷапаровро ташкилкунандаи гирдиҳамоӣ дар Қаракол намешуморад, балки Ҷапаров қурбонӣ аст.

Содир Ҷапаров моҳи марти соли 2017 ба Қирғизистон баргашт. Рӯзи омаданаш ӯро дастгир карданд. Додгоҳ Содир Ҷапаровро бо иттиҳоми “Гаравгонгирӣ” ба 11уним соли зиндон маҳкум кард. Шаби 5-6 октябри соли 2020, ки мардум зидди Сооронбой Ҷээнбеков собиқ президенти Қирғизистон тазоҳурот карда буданд, тарафдори Ҷапаров ӯро аз боздоштгоҳ, ки дар онҷо адои ҷазо мекард, озод карданд.

Баъд аз ин дар тӯли 1 рӯз Суди Олӣ парвандаи Содир Ҷапаровро барои бознигарӣ равон кард ва ин ба ӯ имкон дод, ки номзади президенти Қирғизистон шавад.

Сарояндаи номдори тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоев даргузашт

0

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло) овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон гуфтанд. Сабаби марги ҳунармандро вируси “COVID-19” гуфтаанд.

Гуфта мешавад, овозхон дар сини 57 даргузаштааст, ки корбарон аз даргузашти ӯ афсус хурда, бо андӯҳи зиёд аз хабари марги ин ҳунарманди тоҷик менависанд. Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба аҳли оилаи Қурбоналӣ Абдуллоев изҳори ҳамдардӣ баён намудаанд.

Радои озодӣ низ дар тасдиқи ин хабар навишт, ки овозхон рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Ба гуфтаи пайвандон Қурбоналӣ Абдуллоев дар шифохонаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва давоми ду моҳи охир дар бемористон зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт.

Маросими дафни овозхон 12-уми январ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад. Корбарон гуфтаанд овозхонро бештар бо суруди “ҚИШЛОҚАКИ МАН БУЙИ ЧАПОТӢ ДОРАД”, мешиносанд.

Овозхон вақтҳои охир дар шаҳри Краснодари Русия, зиндагӣ мекрд ва соле пеш ба Тоҷкистон омада аз сабаби банд будани роҳҳо натваонист дигарбора ба онҷо баргардад. Ӯ бештар аз 30 сол овозхонӣ карда то соли 2014 дар ансбамли Дарё фаъолият мекард ва чанд моҳе пештар дар расонаҳо хабари аз саҳна рафтанаш низ нашр шуда буд.