11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 645

Толибон дар марз бо Тоҷикистон қарор гирифтанд. Оё ин хатари сунъист ё воқеӣ? (Садо)

0

Ҷангҷӯёни хориҷии Толибон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қафқози Шимолӣ нирӯҳои худро дер боз дар ноҳияҳои Ҷурм ва Вардуҷи вилояти Бадахшони шимолии Афғонистон барои анҷоми амалиётҳои терористӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ муттаҳид кардаанд. Дар ин бора “Ariana News” хабар дод.

Тибқи гузориши ин расона, ин гурӯҳҳо дар ҳоли ҳозир ҳадди аққал 500 ҷангиро ташкил медиҳанд, ки мехостанд ба Бадахшон ворид шуда, қисми зиёди марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кунанд ва дар дигар минтақаҳо амалиёти терористӣ анҷом диҳанд.

Аммо Мулло Абдулғанӣ, бародари муовини раҳбари Толибон, дар як конфронси онлайнӣ, ки онро Маркази таҳқиқоти гуманитарӣ ва омӯзиши башардӯстонаи Қатар рӯзи 10 декабри соли 2020 баргузор кард, таъкид карда буд, ки Толибон бо ҳамсоягони худ муносибатҳои хуб мехоҳанд ва қасди дахолат ба умури кишварҳои дигарро надоранд.

Ҷамъ омадани ҷангиёни Толибони хориҷӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қафқози Шимолӣ дар ноҳияҳои Ҷурм ва Вардуҷ акси гуфтаҳои Мулло Абдулғаниро нишон медиҳад.

Ва ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки нақшаҳои Толибони тоҷик барои интиқоли ҷиҳод аз Афғонистон ба ватан ва ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекард.

Толибон рӯзи 21 ноябр тасдиқ карданд, ки ҷангиёни онҳо рӯзи 19 ноябр ба шаш посгоҳи полис дар ноҳияи Ҷурми Бадахшон ҳамла карда, беш аз 40 корманди амнияти афғонро кушта ва захмӣ карданд.

Ахтар Муҳаммад Хайрзода, муовини волии вилояти Бадахшон низ моҳи ноябр ҳамлаи террористии Толибонро тасдиқ карда гуфт, ки дар минтақаи кӯҳистонии ҳаммарз бо Тоҷикистон тақрибан 450 террористи хориҷӣ аз саросари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.

Ахиран Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 декабр зимни суханронии худ дар Саммити ИДМ дар бораи бад шудани вазъ дар вилоятҳои шимолӣ ва шарқии Афғонистон хабар дода, изҳори нигаронӣ намуд.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки бо фаъол шудани мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар Тоҷикистон мехоҳад бо ташкили як фазои ноамни сунъӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб кунад, ки мухолифони Ҳукумат дар ҳақиқат барои кишвар ба қавле “барои ҷомеа хавфнок”-анд. Ва бо ҳамин зимоми қудратро барои муддати бештар соҳиб шавад.

Азимҷон Ваҳҳобов, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора чунин мегуяд:

Чаро дар кишвар боз лимити барқ ҷорӣ шуд? Оё он ба хориҷа фурӯхта мешавад?

0

Сар аз 5 декабри соли ҷорӣ, соати 23:00 дар деҳоти Тоҷикистон, ғайр аз шаҳру маркази ноҳияҳо, ки биноҳои баландошёна доранд, боқӣ дар ҳама минтақаҳо интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин тасмим, ба гуфтаи манбаъ, ба сабаби он гирифта шудааст, ки сатҳи обанбори НБО “Норак” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 метр камтар шудааст. Коршиносон ба ин гуфтаҳои ширкати “Барқи тоҷик” бовар надоранд. Чун пештар ҳам дар кишвар ба муддати ду моҳ барқро қатъ карда буданд, аммо он замон мушкилиро дар сабабҳои теникӣ гуфта буданд на каммии об.

Мақомот нагуфтанд, ки лимити барқ дар кишвар то кай давом мекунад. Аз бардошта шудани лимити барқ дар кишвар ҳоло як моҳ ҳам нагузаштааст, яъне шуруъ аз 10 декабри соли равон пас аз ду моҳи бебарқӣ мардум бо барқи доимӣ таъмин шуданд. Аммо пайваста аз ҷониби мақомоти кишвар гушзад мешуд, ки барқро сарфа кунанд ва дар акси ҳол лимитро бори дигар ҷорӣ мекунанд.

Раисҷумҳури кишвар пештар пас аз бардошта шудани лимит гуфта буд, ки агар барқро сарфакорона истифода накунед, зарурати ҷорӣ кардани лимити барқ пеш меояд. Гарчанде захираи имрӯзаи об басандаҳам бошад.

Расиҷумуҳр ин ҳушдорашро бори дигар дар паёми солинавии худ низ ба мардум гушзад кард. Ӯ гуфт, ки “Агар мо хоҳем, ки зимистонро бидуни мушкилот ва душвориҳо гузаронем, то ки ҳеҷ гуна маҳдудият ба миён наояд, бояд истифодаи сарфакорона ва оқилонаи нерӯи барқро дар фасли зимистон бартарӣ диҳем.”

Ин гуфтаҳои Раҳмон дар ҳоле садо медҳад, ки тӯли даҳ соли ахир чандин дафъа ваъда карда, ки “лимити барқ афсона мешавад”. Ҳатто чанде пеш эълон карда буд, ки лимити барқ пурра бардошта ва ба хотираҳо супурда шуд.

Масъулон дар Тоҷикистон пайваста фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояро рад карда мегӯянд, ки Тоҷикистон нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир намекунад. Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ рӯзи 6 декабр ба расонаҳо аз лимити сартосарӣ дар кишвар ва фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояро рад карда, бебарқӣ дар кишварро лимит не, балки “корҳои профилактикӣ” номида, гуфт, ки он ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.

Аммо тибқи маълумоти Ожонсии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли ҷорӣ кишвар ба маблағи $2,7 млн барқро ба хориҷ фурӯхтааст. Моҳи октябр бошад содироти барқ ҳудуди $2 млн.ро ташкил додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини соҳа аз замони шурӯъи лимити барқ мегуфтанд, содироти он ба хориҷ пурра қатъ гардидааст.

Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки ин кишвар 70 дарсади барқи лозимиашро аз Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Эрон ворид мекунад. Эълони лимити барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Узбекистон содироти барқашро ба Афғонистон қатъ карда аст.

“Ariana News”, расонаи афғонистонӣ аз қавли сухангӯи ширкати таъминукунадаи Афғонистон бо неруи барқ, “Брешна”, менависад ки интиқоли нерӯи барқи Узбекистон дар 13 вилояти, Афғонистон ва ҳамзамон  дар пойтахти кишвар Кобул қатъ шудааст.

Воҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ин ширкат, далелеи норасии барқ дар Афғонистонро мушкилоти техникӣ дар нерӯгоҳи барқӣ гуфтааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин мушкил кай ҳал хоҳад шуд, аммо оқои Тавҳидӣ афзуд, ки кормандони техникии “Брешна” бо Узбекистон дар тамос ҳастанд ва талош доранд, ки ин масъаларо ҳарчи зудтар ҳал кунанд.

“Ariana News” менависад, ки дар ҳоли ҳозир Афғонистон тақрибан ба 1600 мегаватт нерӯи барқ ​​ниёз дорад, ки 70 дарсади онро аз Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Эрон ворид мекунад. Манбаъҳои дохилӣ танҳо 30 дарсади нерӯи барқи лозимаро дар худи Афғонистон тавлид мекунанд.

Чизе, ки  мухолифони ҳукумати Раҳмон болояш таъкид доранд, он аст, ки барқ дар кишвар аз ончи барои дохил лозим аст бештар тавлид мешавад. Ва “сабаби аслии ҷорӣ шудани лимитро дар он мебинанд, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад ҳатто замоне, ки тавлиди барқ бо сабабҳои гуногун кам мешаваду танҳо барои масрафи дохил кофӣ аст, онро ба хориҷ бифурӯшад”.

Ба гуфтаи мухолифон ба хориҷ ҳам ба ҳамон нархе мефурӯшанд, ки дар дохил ба мардум фурӯхта мешавад, аммо пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷ, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд”.

Нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин низ боло рафт

0

Дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо, андози роҳ ва муоинаи техникӣ (техосмотр)-и мошинҳо аз 3,5 то 4,4 % боло рафтааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз манбааш дар ширкатҳои хизматрасонии ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт (мағозаи комиссиёни) – и назди идораҳои БДА навиштааст, ки тибқи нархномаи нав арзиши иҷозатномаи сиёҳ намудани оинаи мошинҳо то 160 сомонӣ гарон шудааст.

Тибқи нархномаи нави тасдиқгардида, минбаъд соҳибони худравҳо барои сиёҳ намудани шишаи мошинҳои соли бароришашон то 2005, 3930 сомонӣ ва барои мошинҳои аз соли 2005 боло ҳудуди 5160 сомонӣ пардохт мекунанд.

Гуфта мешавад, онҳое, ки қаблан оинаҳои мошинашонро сиёҳ кардаанд ва ҳоло омода нестанд мувофиқи нархномаи нав маблағ пардохт кунанд, бояд оинаҳои мошинашонро пок кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд.

Тибқи нархномаи нави арзиши андози роҳ барои ҳар як “қувваи асп” – и худравҳо 4,5 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта он 4,35 сомонӣ буд ва аз ҳадди миёнаи худравҳо, ки аз 75 “қувваи асп” иборат аст, 326 сомонӣ андози роҳ ситонида мешуд.

Ҳамчунин тибқи нархномаи нав, қимати муоинаи техникии худравҳо то 1080 сомонӣ расидааст, ки ронандагони тоҷик пардохти онро гарон арзёбӣ мекунанд.

Бино ба хабарҳои нашршуда, гуфта мешавад, маблағи муоинаи техникии тамоми анвои мошинҳо ба хаззинаи ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Президенти Тоҷикистон интиқол меёбад.

Тайи чанд соли охир ширкати “Фароз” дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нуқтаҳои муоинаи техникӣ ва мактабҳои ронандагиро боз намуд, ки ҳоло тамоми маблағҳои ин соҳа ба “Фароз” мансуб аст.

Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Узбекситон оғоз мешаванд

0

Бино ба иттилои хабаргузории ҳукуматии “Ховар” Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст:

“Дар масъалаи паврозҳои мустақим байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтушунид идома дорад, то ба эътидол омадани вазъияти эпидемӣ интизор меравад, ки шурӯъ аз моҳи март байни Душанбе ва Тошканд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шаванд”.

Рӯзи 5 январи соли равон баъд аз чанд моҳи таваққуф дар масири Душанбе -Тошканд парвози махсус аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» /Uzbekistan Airways/ анҷом дода шуд.

Парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе -Тошканд пас аз густариши бемории сирятии COVID-19 қатъ гардид. Тоҷикистон ҳоло танҳо бо Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб парвозҳои мустақим дорад.

Чаро дар Тоҷикистон боз нархи орд боло рафт? Кӣ ва чӣ сабабгори ин гарониҳост?

0

Хабаргузории “Авесто” аз қавли Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки нархи як халта орди 50 килоии тавлиди дохилӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 255 сомонӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз оғози соли нав арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гаронтар шуд. Ҳоло шаҳрвандон як халта ордро ба қимати аз 255 то 260 сомонӣ ва аз ин ҳам гаронтар харидорӣ мекунанд. Ба гуфтаи сокинон аз аввали соли ҷорӣ нархи орд 10 сомонӣ гаронтар шудааст.

Вале бархе аз сокинони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон гуфтаанд, ки як халта орди истеҳсоли дохилиро ба маблағи 180 -185 сомонӣ харидорӣ мекунанд, истеҳсоли Қазоқистон бошад, 190 -300 сомонӣ расидааст.

Боло рафтани нархи орд дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде пеш бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе корхонаи коркарди ордро ифтитоҳ намуда буданд.

Бино ба навиштаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ин корхона аз ҷониби “Авесто гурӯҳ” бунёд гардида, ҳамарӯза то 400 тонна гандумро коркард мекунад.

Бино ба иттилои расман тасдиқ нагардида гуфта мешавад, “Авесто гурӯҳ” ширкати мутааллиқ ба Рустами Эмомалӣ буда, вале ба номи дигарон сабт гардидааст.

Ҳамчунин тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, ҳоло ин ширкатро Муҳаммад Мирзо, роҳбарӣ мекунад, ки бародараш ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ будааст.

Вале маълум нест, ки баъд аз фаъолияти корхонаи “Авасто гурӯҳ” дар Тоҷикистон орд арзон мешавад ё мисли дигар маҳсулот боло меравад, инро вақт нишон хоҳад дод.

Бино ба иттилои  хадамоти давлатии гумрукӣ дар 11 моҳи соли 2020 аз хориҷ, ба вижа Қазоқистон 874 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл 8 дарсад камтар будааст, вале воридоти орд аз Қазоқистон дар ин муддат 78 ҳазору 100 тонна гуфта шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 18 дарсад зиёдтар мебошад.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 50 дарсадаш тавлиди дохилӣ буда ва бақия аз аз Қазоқистон ба кишвар воридот мегардад.

Аз имрӯз лимити барқ дар кишвар расман ҷорӣ мешавад

0

Сар аз 5 январи соли ҷорӣ, соати 23:00 дар деҳоти Тоҷикистон, ки ягон бинои баландошёнаи истиқоматӣ вуҷуд надорад, интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин тасмим, ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби он гирифта шудааст, ки сатҳи обанбори НБО Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 метр камтар шудааст.

Манбаъ нагуфта, ки лимити барқ то кай давом мекунад. Аммо дар мавриди фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя гуфтаанд, ки Тоҷикистон нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир намекунад.

Шуруъ аз аввали фасли тирамоҳ сокинони деҳоти навоҳии ҷумҳурӣ аз қаътъи зуд-зуд ва дарозмуддати барқ ​​шикоят мекарданд.

Пештар Ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти барқ дар кишварро рад карда, паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ва кори таъмири зеристгоҳҳо дар шабакаҳои барқӣ рабт медоданд.

Аммо аз 10 декабри соли равон лимити барқ дар кишвар бардошта шуд ва мардум бо он таъмин гашт, аммо пайваста аз ҷониби мақомоти кишвар гушзад мешуданд, ки барқро сарфа кунанд ва дар аксари ҳол лимитро бори дигар ҷорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар паёми солинавии худ Президент Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мардум гуфт:

“Агар мо хоҳем, ки зимистонро бидуни мушкилот ва душвориҳо гузаронем, то ки ҳеҷ гуна маҳдуд кардани шакли моликият ба миён наояд, мо бояд истифодаи сарфакорона ва оқилонаи нерӯи барқро дар фасли зимистон афзалият диҳем.”

Душмани дирӯз дӯсти имрӯз. Баъди севуним соли даргирӣ валиаҳди Саудӣ амири Қатарро ба оғуш гирифт

0

Хабаргузории “Reuters” навишт, ки рӯзи сешанбе Созишнома барои ба эътидол овардани робитаҳо байни кишвари Қатар ва мамлакати Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои минтақаи Халиҷ ба имзо мерасад.

Имрӯз 5 январ дар назар аст, ки дар музофоти Ал-Ула дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс баргузор шавад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои халиҷ изҳор доштаанд, ки ин нишаст ҳамчун як фурсати ҳалли ихтилоф бо Доҳа, ки беш аз сеюним сол идома дошт, хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Кувайт Аҳмад Носир Ал-Сабоҳ қаблан эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ ва Қатар дар бораи боз кардани фазои ҳавоӣ ва марзҳои заминию баҳрии байни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Кувайт ҳамчун миёнарав дар муноқишаи байни Доҳа ва ҳамсоягонаш дар минтақа нақш бозӣ кардааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Кувайт гуфтаанд, Амири Қатар ва Шоҳзода валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон “ба мувофиқа расиданд, ки пас аз нишаст дар Ал-Ула дар бораи ҳалли ҳама масъалаҳои даргирӣ созишнома ба имзо расонанд”.

Амруз амири Қатар, Шайх Тамим ибни Ҳамад Ал-Cонӣ ба фурудгоҳи Ал-Ула барои иштирок дар ҳамоиши 41-уми Халиҷи Форс фуруд омад. Расонаи арабӣ Алҷазира навишт, ки амири Қатарро дар фурудгоҳ шоҳзода валиаҳди Саудӣ Муҳаамад бин Салмон шахсан пешвоз гирифта ҳангоми вохурӣ онҳо якдигарро ба оғуш гирифтаанд.

Амири Кувайт Шайх Навоф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, валиаҳди Баҳрайн ва сарвазир, шоҳзода Салмон бин Ҳамад Ал Халифа, муовини сарвазир оид ба корҳои Девони Уммон Фаҳд бин Маҳмуд Ал Саид, ва Шайх Муҳаммад бин Рашид Ал-Мактум ноиби раиси Аморати Муттаҳидаи Араб низ барои ширкат дар нишасти Халиҷ ба фурудгоҳи Ал-Ула фуруд омадаанд.

“Reuters” аз қавли як манбаи расмии Миср навиштааст, ки вазири корҳои хориҷӣ ин кишвар Самеҳ Шукрӣ низ барои иштирок дар нишасти кишварҳои Халиҷ ба Арабистони Саудӣ рафт.

Бояд гуфт, ки аз тобистони соли 2017 танишҳои Қатар бо Арабистони Саудӣ, АМА, Баҳрайн ва Миср идома дорад. Ин чаҳор кишвар аз соли 2017 муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд ва Доҳаро дар пуштибонӣ аз терроризм ва дахолат дар умури дохилиашон айбдор карданд. Ин кишварҳо ҳамкории иқтисодиро бо давлати Қатар қатъ карданд ва бо ин кишвар тамоми марзҳояшонро бастанд.

Пештар “Financial Times” бо истинод ба манбаъҳояш навишта буд, ки Арабистони Саудӣ талош дорад муноқишаи сесола бо Қатарро пеш аз ба кор шуруъ кардани раисҷумуҳри нави ИМА Ҷо Байден ба охир бирасонад.

Тавре ки “Financial Times” қайд кардааст, хоҳиши хотима додани муҳосираи Қатар ҳамчун кӯшиши шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон барои ба даст овардани илтифоти Байден арзёбӣ мешавад.

Дар навбати худ, Доҳа аз даъвоҳои додгоҳияш алайҳи ин кишварҳо даст мекашад.

Арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон боз ҳам гарон шуд

0

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ аз 1 январи соли 2021 арзиши пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва иҷозатномаҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боло рафт.

Гуфта мешуд, барои дарёфт ва ё тамдиди муддати эътибори гузарномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ҳоло 90 сомонӣ шудааст.

Барои дарёфти гувоҳинома барои хоҳишмандони фаъолият дар бахши хусусии Тоҷикистон низ аз 58 сомонии қаблӣ ба 60 сомонӣ расидааст.

Аммо имрӯз 5 январ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари гарон шудани шиносномаҳои хориҷиро рад намуда, гуфтааст, ки нархи шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистон қимат нашудааст.

Оҷонсии иттилоотии “Ховар” аз қавли Вазорати хориҷа менависад, ки “шурӯъ аз 1 январи соли равон танҳо боҷи давлатӣ аз 87 сомонӣ ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Нархи шиносномаи хориҷӣ 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бе тағйир мондааст”.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки шурӯъ аз аввали моҳи январ маблағи гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва ё тамдид кардани он афзудааст.

“Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, тамдид ё дароз кардани муҳлати шиносномаи хориҷии Тоҷикистон низ имкон надорад, зеро он биометрӣ буда, як муҳлати муайян эътибор хоҳад дошт”, омадааст дар хабар.

Пирамарди 87-сола ба хотири кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 28-уми декабри соли 2020 собиқ аъзои ҲНИТ-ро, ки Донаёр Набиев ном дошта, 87 сол дорад ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи наздиконаш ҳукми Набиеви 87 сола пушти дарҳои баста дар догоҳ хонда шуд. Масъулони додгоҳ дар ин бора шарҳе надодаанд.

Маҳмадӣ Тешаев собиқ раиси ҲНИТ дар н.Рудакӣ дар як паёми видеоии худ гуфт, ки Донаёр Набиевро ба хотири кумак ба зиндониёни сиёсӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Чун парванда махфист, маълум нест расман ӯро бар асоси кадом моддаи Қонуни ҷиноӣ муттаҳам ва зиндонӣ кардаанд.

Дар идома Тешаев иброз доштааст, ки Набиев моҳи сентябри соли 2020 аз ҷониби КДАМ дар манзили зисташ воқеъ дар деҳаи Гулбӯтта, ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд ва то замони эълони ҳукмаш, дар СИЗО-и шаҳри Душанбе зери фишорҳои шадиди рӯҳӣ нигаҳдорӣ мешуд ва охири моҳи декабр ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Маҳмади Тешаев мегӯяд, ки Набиев Донаёр то манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон масъули комиссияи тафтишотиии ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар дохили кишвар дар соли 2015, ин пирамард ҳеч фаъолияте дар ҲНИТ надошт ва дунболи зиндагӣ ва корҳои шахсии худ буд.

Ахиран Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) боздошти Набиеви 87-соларо маҳкум намуда, аз масъулони дахлдори Тоҷикистон тақозо кард, ки фавран ин пирамарди 87-соларо озод кунанд.

Ҳамчунин аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии фаъол дар Тоҷикистон умед дорад бетараф набошанд ва барои озодии ин пирамард тамоми талошу кӯшиши худро ба харҷ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин барои кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ писари Зубайдуллоҳи Розиқ, Асрориддин Розиқов ба 5 соли зиндон ва ду нафари дигар бо номи Муҳаммадии Соҳибнзар ва Баҳриддини Қурбон ба 6 солӣ зиндон маҳкум шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса Юсупов Зайниддин, масъули бахши ҲНИТ дар н.Фархорро пас аз озод шудан боз ба як соли зиндон маҳкум кардаанд. Юусупов Зайниддинро ба он гунаҳгор донистаанд, ки ӯ аз Асрориддин Розиқов 200 доллар кумак гирифтааст.

Ӯ дар соли 2015 дар пайи парвандаи пурсарусадои ҲНИТ барои 10 сол паси панҷара рафт ва моҳи феврали соли гузашта ба озодӣ баромада буд.

Ҳамчунин Мазҳариддин Гадоевро баъд аз 4 моҳи озод шудан аз зиндон дигарбора боздошт намуда, ба 3 соли зиндон маҳкум кардаанд. Гадоев ҳанӯз соли 2015 дар пайи боздошти аъзоёни ҲНИТ барои 3 сол равонаи зиндон шуда буд. Вале баъд аз анҷоми муҳлат, бо сабабҳои номаълум ӯ 1 соли дигар дар зиндон нигоҳдорӣ шудааст.

Сабаби боздошти Гадоевро ба фаъолияташ дар солҳои 2010, ки имоми яке аз масҷидҳои ноҳияи Қубодиён будааст, рабт додаанд. Гуё ӯ дар масҷид ба наврасон дарси Қуръон медодааст. Ҳукми суди Мазҳариддин Гадоев дар додгоҳи шаҳри Бохтар хонда шудааст.

Ҳамин гуна чанде пеш дар Тоҷикистон Ҷалолиддини Маҳмуд узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ-ро дубора барои 6 солу 8 моҳ равонаи зиндон карданд. Ӯ соле пеш бар асоси қонуни авф озод шуд.

Ҷалолиддин Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони Қирғизистон

0

Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки дар наздикии шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом марзбонони ин кишвар мошини Mercedes-Sprinter-ро бо рақамҳои тоҷикӣ пайдо карданд, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда ва ҳамроҳаш шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ба талаби марзбонон итоат накарда, аз худрав нахостанд пиёда шаванд ва талош доштанд ба хоки Тоҷикистон гузаранд, вале марзбонони қирғиз онҳоро боздошт кардаанд.

Ба навиштаи сомонаи хадамоти марзбонӣ, ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бордони он 4 тонна мандарин дарёфт гардидааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қасд доштаанд ғариқонунӣ онро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Арзиши тахминии борҳои қочоқӣ тақрибан 300,000 сом (муодили беш аз 3,5 ҳазор долар)-ро дарбар мегирад.

Вале аз боздоштшудаҳо ном бурда нашудааст, танҳо соли таваллуди онҳо гуфта шудааст, ки яке мутаваллиди соли 1990 ва дигарӣ соли 1986 мебошад.

Нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда барои тафтишоти иловагӣ ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супорида шуданд.

То ҳол назари мақомоти тоҷик дар барои ин боздоштшудаҳо нашр нашудааст ва ҳувияти онҳову аз кадом минтақаи Тоҷикистон буданашон низ номаълум аст.