17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 162

Нақшаи даъвати баҳории сарбозон пурра иҷро шуд

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи даъвати баҳории ҷалби сарбозон ба Артиш дар кишвар рӯзи 22-уми майи соли ҷорӣ 100% иҷро шуд.

Дар иттиллоияи Вазорати мудофиа Тоҷикистон гуфта мешавад, ки имсол нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид.

Даъвати баҳории сарбозон ба Артиш аз 1-уми апрели соли ҷорӣ оғоз ёфта буд. Ба иттилои Вазорати мудофиа, пас аз оғози ин мавсим аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъдан ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сипас вилояти Хатлону шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар охир вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонписаронро пурра анҷом доданд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъват дар ҷумҳуриро “зиёд будани шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ” ва натиҷаи “заҳмату фаҳмондадиҳӣ ва ҳисси масъулиятшиносии кормандони давлатӣ”, аз ҷумла маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ донистааст. Аммо воқеияти ҳол, ки ҷараёни сарбозгириро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузорад, чизи дигар аст.

Ҳамасола пас аз оғози мавсими даъвати ҷавонон ба артиш хабарҳои зиёде аз рафти “сарбозшикор” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Аз ҷумла, тибқи иттилои расонаҳо, 12-уми апрели соли равон як ҷавони 24-сола дар шаҳри Ваҳдат аз ошёнаи панҷум худро ба замин андохта, ҷон бохт, ки шоҳидон сабаби онро гурехтан аз “облава” гуфтаанд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи бархе сокинони кишвар, мақомоти Тоҷикистон ҳоло услубҳои нави даъват ба артишро ёд гирифтаанд. Аз ҷумла, мақомот раисони маҳаллаҳо ва имомони масҷидҳоро таҳдид мекунанд, ки сарбозони даъватшударо пайдо намуда, ба дасти маъмурони ҳарбӣ бисупоранд, дар акси ҳол масҷидҳоро мебанданд.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз он шикоят доранд, ки мақомот хонаҳои ҷавонон рафта, волидайни онҳоро маҷбур мекунанд фарзандашонро ҳарҷо бошад, пайдо кунанд ва агар писарашон пайдо нашавад, таҳдид мекунанд, ки барқи онҳоро хомӯш мекунанд.

Мақомот мехоҳанд бародари як мухолифи тоҷикро аз хонааш берун кунанд

0

Мақомоти ноҳияи Зафаробод мехоҳанд замини як мухолифи тоҷик Салим Султонзодаро, ки дар он бародараш хона сохтаасту зиндагӣ мекунад, мусодира кунанд.

Салим Султонзода, сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон 22-уми майи соли ҷорӣ дар саҳфаи фейсбукиаш аз фишори навбатии мақомот болои пайвандонаш дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи Султонзода раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Исмоилзода Зуфархон мехоҳад, ки бародараш Исобоев Ҳалимҷон ва ҳамсару ду фарзанди ӯро аз манзилашон берун кунад.

Исмоилзода Зуфархон дар аризаи даъвогияш ба Додгоҳ, гуфтааст, ки “Дар асоси эътирози прокурори ноҳияи Зафаробод, Қарори раиси Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод аз 06.06.2008 сол таҳти №58 оиди ба номи шаҳрванд Исобоев Салим ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бинобар ғайриқонунӣ будан” аз ҷониби раиси ҳамин ҷамоат рӯзи 4-уми майси соли 2024 бекор шудааст.

Раиси ноҳияи Зафаробод дар ин аризааш иддаои дорад, ки ин манзил “моликияти бесоҳиб ва ғайриқонунӣ сохташуда” аст ва онро бо як амраш дар рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ ба қайди давлатӣ ҳамчун моликияти давлатӣ гирифтааст.

Ҳамзамон Исмоилзода гуфтааст, ки пайвандони Салим Султонзода саркашӣ доранду аз ин хона берун баромаданӣ нестанд ва аз додраси ноҳияи Зафаробод хостааст, ки онҳоро бе додани дигар манзил аз ин хона берун кунанд.

Аммо Салим Султонзода дар суҳбат бо Azda.tv иддаои раиси ноҳияро дар бораи ғайриқонунӣ ҷудо шудани замин рад карда гуфт, ки ин қарор дар соли 2008 ҳам аз ҷониби меъморон ва ҳам аз ҷониби раиси ноҳияи тасдиқи худро ёфта буд ва он ғайриқонунӣ нест.

Сухангӯи ПМТ мегӯяд, ки ин заминро он сол, замоне ки дар хонаи модараш зиндагӣ мекард ба хотири ҳамсари бемори бародараш ба онҳо дода буд ва беш аз 15 сол боз бародараш ҳамроҳи оилааш дар хонае, ки дар ин замин сохта шудааст, зиндагӣ доранд.

Салим Султонзода таъкид мекунад, дар додани замин ва сохтани хона ягон кори ғайриқонунӣ сурат нагирифтааст ва мақомот бо берун кардани бародараш аз ин хона мехоҳанд болои ӯ фишор оранд, то аз фаъолиятҳои сиёсиаш даст кашад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомот болои пайвандони Салим Султонзода фишор меоранд. Дар гузашта модар ва бародару пайвандони ин мухолифи тоҷикро чандин бор соатҳо боздошту бозпурсӣ карда буданд.

Аризаи даъвогии раиси ноҳияи Зафаробод фардо, 24-уми майи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ҳамин ноҳия баррасӣ хоҳад шуд.

Мақомот: Занҳо сатр напӯшанду мардҳо ришу мӯйи баланд нагузоранд!

0

Ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон гузоришҳо мерасад, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии кишвар дар кӯчаву бозорҳо “рейд” гузаронида, масъалаи пешгирӣ аз “либоси ба фарҳанги тоҷикон бегона”-ро сахт гирифтаанд.

Тавре имрӯз Радиои Озодӣ хабар дод, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Ҳаминтавр имрӯз ба дасти Azda TV сабти садое аз як раиси маҳалла расид, ки ба шиносон ва аҳли як гурӯҳи вотсапӣ муроҷиат карда, мегӯяд, “Мо дар маҷлис будем, аз пагоҳ “рейд” аст… Ҳамсарҳоятона, апаву хоҳарҳотона бифаҳмонед, ки сатр напӯшанд. Занҳо 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Дигар ин ки барои мардҳои то 47-сола риш ва мӯйи сари баланд мумкин нест.”

Ин раиси маҳалла мегӯяд, агар ҷавонҳоро бо ришу мӯйи сари баланд боздошт кунанд, ба “Роғун” бурда, 15 рӯз кор мефармоянд. Ва ҷаримааш 8 ҳазор сомонӣ аст. Вай ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт кунанд, чун “аз фардо “рейд” аст, хона ба хона мегарданд”. Ба гуфти ӯ, тамоми ниҳодҳои қудратии кишвар дар ин амалиёт шомиланд.

Маълум нест ин навор кадом рӯз сабт шудааст, вале давоми як ҳафтаи ахир тафтишу боздоштҳо дар назди бемористонҳо ва идораву корхонаҳо дар шаҳри Душанбе шиддат гирифтааст.

Як тоҷири бозори Корвон дар шаҳри Душанбе, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи панҷшанбе ба Azda TV гуфт, масъулони бозор тамоми тоҷирони марде, ки риш доранд, маҷбур кардаанд, ки ришашонро битарошанд ва инчунин занҳои тоҷири ҳиҷобпӯшро низ гуфтаанд, ҳиҷобҳояшонро аз сарашон бигиранд, дар акси ҳол аз 5 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин фишорҳо дар пайи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки бештар ба либосу сурати исломӣ доштани шарҳвандон нигаронида шудааст, афзоиш ёфтааст. Ва ин ҳам пас аз ҳамлаи хунини Маскав, ки муттаҳамони он тоҷикон гуфта мешаванд, амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон вобаста ба шароити кунунии ҷаҳонӣ ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, аз ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои даҳшатафкан ба кишвар сахт нигарон аст. Аз ҷумла, амалиёти вежаи мақомоти амниятӣ дар Язгулом баёнгари ин гуфтаҳост. Чанде пеш баъзе манобеъ аз водии Язгулом ба Azda TV хабар дода буданд, ки мақомот нафарони зиёдеро аз ин минтақа боздошт карда, ба ҷойҳои номаълум бурдааст ва бо гузашти як ҳафта аз бархе онҳо хабаре нест.

Кишварҳои аврупоӣ давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд

0

Рӯзи чоршанбе, 22-уми майи соли ҷорӣ кишварҳои Ирландия, Испания ва Норвегия аз тасмими худ дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин хабар доданд.

Сарвазири Норвегия Юнос Гор Стёре ба расонаҳо гуфт, ки ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби кишвараш аз рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин рӯз чанд кишвари дигари аврупоӣ, ки ҷонибдори ба расмият шинохтани Фаластин ҳастанд, низ ба ин тасмим ҳамроҳ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, кишварҳои Молта ва Словения ҳам қаблан барои пайвастан ба ин раванд хабар дода буданд.

Юнос Гор Стёре таъкид кард, ки “Роҳҳалли сиёсии ягона барои исроилиҳо ва фаластиниҳо ин эътирофи ду давлати ҷудогона аст, то ин ки онҳо дар канори ҳам дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд.” Ӯ ҳамчунин гуфт, ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳимоят аз тарҳи сулҳи арабӣ барои ҳалли буҳрони Ховари Миёна аст.

Ба иттилои расонаҳо, пас аз эълони ин тасмими кишварҳои аврупоӣ Исроил вокуниши тунд намуда, сафирони худро аз Дублин ва Осло фаро хондааст. Ҳамзамон давлати Испанияро ҳам таҳдид кардааст.

Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, ки ба расмият шинохтани Фаластин аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ метавонад монеи бозгардондани гаравгонҳои исроилӣ дар Ғазза шавад ва эҳтимоли оташбасро бо “додани подош ба ҷиҳодиҳои ҲАМОС ва Эрон” коҳиш медиҳад.

Аммо дар муқобил Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин аз ба расмият шинохта шудани кишварашро тавассути Нарвегия, Ирландия ва Испания истиқбол кард ва аз дигар кишварҳо низ хост, ки ба ин раванд бипайванданд.

Ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле оғоз мешавад, ки 8 моҳ боз дар Навори Ғазза ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС идома дорад ва артиши Исроил хона, бемористонҳо ва ҳамаҷоро ба шиддат бомборон дорад. Ба гуфтаи созмонҳои ҷаҳонӣ, дар Ғазза дигар ҷои пинҳоншавӣ вуҷуд надорад.

То кунун бар асари ин ҳамалоти бевақфаи Исроил болои мардуми Ғазза беш аз 35 ҳазор нафар ҷон бохта, наздики 77 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни кушташудагон 70 дарсадашонро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Сафари Раҳмон ба Теҳрон

0

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Теҳрон, пойтахти Эрон шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 22-уми майи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои видоъ бо пайкари Сайидиброҳим Раисӣ, собиқ Пезиденти Эрон, ки бар асари суқути чархбол ҷони худро аз даст дода буд, дар раъси як ҳайати расмӣ ба Эрон сафар кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳадафи ин сафари Эмомалиро “барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ” гуфтааст.

Бар иловаи ҳузури ҳайати расмии Тоҷикистон барои видоъ бо пайкари Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш даҳҳо ҳайати расмӣ ва ғайрирасмӣ аз кишварҳои мухталифи дунё ва созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба Теҳрон сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 19-уми майи соли Ҷорӣ Сайидиброҳим Раисӣ дар сафари якрӯза ба устони Озарбойҷони Шарқӣ бо Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор карда, сарбанди “Қизқалъаси”-ро, ки бо ҳамкории ду кишвар бар рӯдхонаи марзии Орас сохта шуда буд, ифтитоҳ карда, ҳангоми баргаштан ба шаҳри Табрез дар нимароҳ чархболи онҳо суқут карда, тамоми сарнишонони он ҷони худро аз даст дода буданд. Мақомоти эронӣ пайкари беҷони онҳоро пас аз 12 соати ҷустуҷӯ пайдо карда, барои шиносоӣ ба Табрез интиқол дода буданд.

Дар вақти сонеҳа ҳамроҳи раисиҷумҳури Эрон инчунин Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Молик Раҳматӣ, устондори Табрез, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имомҷумъаи Тарбез, раиси ягони ҳифозати раисҷумҳур ва халабонҳо ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷӣ гашт

0

Сомон Маҳмадбеков, варзишкори шинохтаи тоҷик медали қаҳрамонии ҷаҳонро ба Тоҷикистон овард.

Ин варзишкори ҷавон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, дар вазни то 81 кг қувваозмоӣ кард.

Дар давраҳои аввали мусобиқот Сомон ҳарифонашро аз Фаронса, Ҳоланд ва Миср шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ ин мусобиқот роҳ ёфт.

Аммо дар ин давр Маҳмадбеков, аз ҳарифи гурҷиаш Тато Григалашвилии шикаст хурда, ба даври тасаллобахш рафт.

Тато Григалашвилӣ дар вазни то 81 кг медали тиллоро ба даст оварда, секарата қаҳрамони ҷаҳон гашт.

Сомон Маҳмадбеков дар даври тасалобахш ҳарифашро мағлуб кард ва барои медали биринҷии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон бо Дмитрий Гочилаидзеи гурҷ қувваозмоӣ карда, ӯро шикаст дод.

Бояд гуфт, пеш аз Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро варзишкори шинохтаи тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст оварда буд.

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон рӯзҳои 19 то 24-уми майси соли ҷорӣ Абузабии АМА баргузор гардида, дар он 658 варзишгар аз 107 кишвар иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 9 варзишкор намояндагӣ доранд ва қувваозмоии Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар пеш аст.

Чин дар истихроҷи ангишт ва газ ба Тоҷикистон кумак мекунад

0

Мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Чин рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ дар робита ба сармуоягузории ин кишвар дар истихроҷи ангишт ва газ созишнома ба имзо расониданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, 21-уми майи соли 2024 мулоқоти вазири ин ниҳод Завқизода Завқӣ Амин бо раиси Корпоратсияи давлатии “China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Мао, муовини Директори генералии ширкати Pingmei Longji New Energy Technology Co., Ltd. – Ли Син, раиси ширкати Pingmei Longji New Energy Technology Co., Ltd. – Гао Чжисян дар Душанбе сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот Завқизода ба раиси Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd пешниҳод намуда, ки ширкатҳои чинӣ метавонанд дар “истихроҷи ангишт ва газ, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маркази барқу- гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, маҷмааи нассоҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани сикли пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои фармасевтӣ” ва дигар лоиҳаҳои муҳим сармоягузорӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, Корпоратсияи мазкур аллакай дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи-офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Данғара” бо иқтидори 1000 мВт 400 млн. доллар сармоягузорӣ карда ва корро оғоз кардааст. Ҳамнчунин дар хабар таъкид мешавад, ки ин ширкати чинӣ барои истихроҷ ва коркарди ангишти кони “Шӯроб” бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 млн. тонна ангишт 60 млн. доллар сармоягузорӣ карда, фаъолияти он низ идома дорад.

Музокироти Душанбе ва Маскав

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки замони баргузории даври дуюми музокироти Душанбе ва Маскав маълум шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи сешанбе, 21-уми майи соли 2024 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи бархе “масоили фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандон ва омодагӣ ба музокироти дуюми байниидоравии Тоҷикистону Русия, ки қарор аст 28 майи соли ҷорӣ дар Душанбе доир шавад”, суҳбат карданд.

Пеш аз ин, дар вақти баргузории гузашти ҳарбӣ дар Рӯзи ғалаба вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав бо ҳам мулоқот карда буданд. Он замон сафари вазир ҳамроҳи президенти кишвар хеле баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд ва хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки баъд аз таҳқиру тавҳинҳои зиёде, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия дар пойхтахт ва дигар вилоятҳои он мутаҳаммил мешуданд, набояд ба Маскав сафар мекарданд.

Гуфта мешавад, баъд аз тира шудани муносибатҳои мақомоти Русия дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахусус муҳоҷирони корӣ, донишҷӯён ва дигар мусофирон дар Русия, ки ба дунболи он Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маҷбур шуда буд, то аз шаҳрвандони кишвар бихоҳад, ки муваққатан тавассути ҳамагуна нақлиёт аз сафар кардан ба Русия худдорӣ кунанд, ин дуюмин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия аст.

Тоҷикистон ба осебдидаҳо кумак мекунад

0

Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо раисони бархе ноҳияҳои кишвар аз онҳо хостааст, ки дар бораи сокинони осебдида гузориш диҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 21-уми майи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва бархе дигар ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Ба қавли Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро дар робита ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, барои “бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум” супориш додааст.

Аммо супоришҳои Эмомалӣ ба зерадастонаш маълум нест, ки чиро дар бар мегиранд. Оё хонаҳои мардуми зарардида аз тарафи давлат сохта дода мешаванд ва ё танҳо роҳҳои вайроншуда таъмир мегарданду ҷӯйҳо тоза карда мешаванд. Вале сокинони осебдида мунтазири кумаки ҳукуматанд.

Гуфта мешавад, тайи солҳои гузашта, ҳукуматдорони кишвар барои мустаҳкам кардани соҳилҳо, селроҳаҳо ва дигар манотиқи осебпазири кишвар кумакҳои фаровонеро аз ҳисоби созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дарёфт кардаанд.

Ҳамзамон борҳо баъзе донишмандони кишвар ва коршиносони хориҷӣ ба ҳукуматдорони кишвар маслиҳат додаанд, ки дар амри мустаҳкам кардани соҳилҳо, селроҳаҳо ва дигар манотиқе, ки аз ин нигоҳ осебпазир ҳасатанд, хеле ҷидди муносат карда, сари вақт чораандешӣ кунанд.

Аммо таҷриба нишон додааст, ки раҳбарияти кишвар ба гапи онҳо дуруст гӯш накарда, аксари он маблағҳоро бо изофанависиҳо ва беҳуда дар ҷойҳои дигар харҷ кардаанд. Ба ҳамин хотир, соли 2024 тибқи радабандиҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар бистгонаи кишварҳои фасодзадатарини давлатҳои дунё қарор гирифтааст.

Сохтани мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ бар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ

0

Як мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ дар деҳаҳои дурдасти кишвар мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ месозад.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 20-уми май дар саҳфаи фейсбукиаш аз чунин иқдоме хабар дод.

Бобоев дар номаи саргушодааш ба Дастгоҳи раисиҷумҳур ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон навиштааст, ки аз Шумо эҳтиромона дархост мекунам, ки агар 30 нафар аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро аз маҳбасҳо озод кунед, дар ивази он, дар деҳаҳои дурдасти кишвар, ки ба мактаб ва ё бунгоҳҳои тиббӣ ниёз доранд, 15 мактаби замонавӣ ва 15 бунгоҳи тиббӣ сохта медиҳам”.

Инчунин ӯ таъкид карда, ки нақша, лоиҳаҳо ва нархномаи иншоотҳоро омода карда, ба Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ пешниҳод мекунад.

Дар зери навиштаи Абдусаттор Бобоев дар фейсбук нафарони зиёд аз ин иқдоми ӯ ҷонибдорӣ карда, гуфтаанд дар ин кор саҳм хоҳанд гузошт. Ҳатто баъзе корбарон бар иловаи мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, пешниҳод кардаанд, ки дар ивази озодии зиндониёни сиёсӣ ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронанди онҳо, омодаанд дар кишвар толорҳои варзишӣ созанду дар деҳаҳои дурдасти кишвар хатти об мегузаронанд.

Бобоев, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда аст, рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ин пешниҳод иқдоми шахсии худаш буда, онро танҳо ба муовинон ва мушовираш дар кумитаи зери раҳбарияш ба миён гузоштааст.

Ҳамзамон ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро маҳз дар ин шабу рӯз якчунин пешниҳодро ба ҳукумат кардааст, гуфт: Ҳамеша дар фикри зиндоён будем ва солҳо боз аз роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои озодии онҳо талош кардем ва билохира якчунин пешниҳодеро ба ҳукумат кардам”.

Раиси Кумитаи наҷоти зиндоёни сиёсӣ мегӯяд, ки дар сохтани 15 мактабу 15 бунгоҳи тиббӣ бештар ба мардум такя хоҳад кард. Вай афзуд, пас аз эълони ин иқдомаш даҳҳо нафар ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки агар ҳукумат зиндониёнро озод кунад, дар сохтани ин иншоотҳо ба ӯ кумак хоҳанд кард.

Раиси КШНГЗС таъкид кард, ки агар Ҳукумати Тоҷикистон даъвои ободии кишвар ва беҳбуди зиндагии мардумро дорад, бояд ин пешниҳодро қабул кунад, чун ин иқдом маҳз барои беҳбуди зиндагии сокинони деҳаҳои дурдаст, ки аз набуди мактабу бунгоҳи тиббӣ танқисӣ мекашанд ва озодии зиндониёни бегуноҳ равона шудааст.

Бояд гуфт, режими Эмомалӣ Раҳмон дар зиндонҳо садҳо озодандешу мухолифонашро бо иттиҳомҳои сохта нигаҳ медорад ва борҳо созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ғарбӣ озодии зиндониёни сиёсиро талаб карда буданд, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ин талабҳоро ҳамеша нодида мегирад.