26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 241

Боздошти муҳоҷирон аз фурӯдгоҳи Самара

0

Мақомоти интизомии Русия дар шаҳри Самара аз назди фурӯдгоҳи ин шаҳр тамоми муҳоҷирони аз Тоҷикистон омадаро боздошт карданд.

Рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ ба дасти Azda tv чанд сабти садо аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Самараи Русия расид, ки мегӯянд, нерӯҳои интизомии ин кишвар ҳатто онҳое, ки нав аз Тоҷикистон ба Русия расида ва аз ҳавопаймо пиёда шуда буданд, ба автобусҳо савор карда, бо худ бурданд.

Муҳоҷирон иддао доранд, ки пулис таҳдид кардааст, ки ҷавоноро ба ҷанг ба Украина мефиристанд ва ҳамаи онҳоро ба комиссарияти ҳарбӣ хоҳанд бурд.

Дар яке аз ин сабтҳо як муҳоҷир, ки дар назди фурӯдгоҳ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, мегӯяд: “Ҳамин рӯз дар фурӯдгоҳи Самара рейди бузург шуд, пулис омад як рейси Тоҷикистонро бо зану марду ҷавону кӯдак ҳамро дар се автобус савор карда бурда истодаанд. Ҳуҷҷати ронандии манро ҳам гирифтанд, аз пеш як мошини пулис ва аз пушт як мошини дигар ҳамаи мошинҳои таксиро боздошт карда бурда истодаанд.

Дар идома ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд: “Пас аз боздошт ман ба пулис гуфтам, ки 48-солаам ва 6 фарзанд дорам ва дигар ин ки ду санади маъюбӣ ҳам дорам, шумо наметавонед маро ба ҷанг фиристед. Пулис дар ҷавоб гуфт, агар 10 кӯдак дошта бошӣ ва 60-сола ҳам бошӣ мебаремат.

Аммо як муҳоҷири дигар дар тамос ба Azda tv ин боздоштҳои густардаи муҳоҷиронро аз дохили фурӯдгоҳи шаҳри Самара тасдиқ карда, гуфт, ки “Пас аз боздошт аз ҳамаи муҳоҷирон санади бима (страховой полис) талаб карданд. Аммо онҳое, ки ин санадро надоштанд 2 ҳазор рублӣ ҷарима карда, сипас ҳамаро озод карданд.”

Тафтишу боздоштҳои густардаи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик беш аз се моҳ мешавад дар ин кишвар идома дорад. Наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ то имрӯз роҳ ёфтаанд, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии Русия бо муҳоҷирони боздоштшуда бо як рафтори хашин ва ғайриинсонӣ муносибат мекунанд. Гарчанде дар аввали ин боздоштҳову латтукӯб шуданҳои муҳоҷирони тоҷик мақомоти Тоҷикистон вокуниш нишон доданд, вале то рафт муомилаи нерӯҳои пулиси Русия бо муҳоҷирон бадтар мешавад.

Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти имсолаи САҲА ширкат хоҳанд кард?

0

Нишасти навбатии Созмони Амният ва Ҳамкоири Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон имсол моҳи октябр баргузор мешавад.

Нишасти имсола таҳти раҳбарии Македонияи Шимолӣ аз 2-уми октябри соли 2023 шуруъ шуда, то 13-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. 

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихобти озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар нишасти мазкур намояндагони 57 давлати узви САҲА, шарикон ва ниҳодҳои САҲА ва дигар сохторҳо, инчунин намояндагони созмонҳои байниҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуда буд.

Нишасти соли гузашта таҳти раёсати кишвари Лаҳистон бе ширкати намояндагони ҳукумати Русия, Белорус ва Тоҷикистон баргузор гардида буд. 

Аммо ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, ба ҷуз намояндагони Ҳукумат, аз мухолифини табъидии “Гурӯҳи 24”, ҲНИТ, ПМТ, ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ҳузури фаъол доштанд.

Дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкоири Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон солҳои 2016 то 2019 миёни мухолифони тоҷик ва намояндагони ҳукумат баҳсҳои зиёде сурат мегирифт. 

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки чаро намояндагонаш дар нишасти соли гузашта иштирок надоштанд. Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, чун мақомдорони тоҷик дар давоми солҳои 2021-2022 даст ба қатлу боздошти зодагони Бадахшон заданд ва чандин рӯзноманигорро дар ин муддат зиндонӣ карданд ва посухе дар ин масъала надоштанд, аз ин рӯ, аз иштирок худдорӣ карданд. 

Инчунин маълум нест, ки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти имсола ширкат хоҳанд кард ё на. 

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон

0
Коллаж аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон зимни тамоси телефонӣ ба густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар таъкид карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-уми августи соли 2023, “вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён суҳбати телефонӣ анҷом дод.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти ин суҳбати телефонӣ “масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар самтҳои мухталиф ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.”

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон “бар даъвати расмӣ аз оқои дуктур Раисӣ барои сафари дуҷонибаи Душанбе таъкид кард.”

Гуфта мешавад, муносибатҳои сиёсӣ ва диполматии Тоҷикистон ва Эрон, ки дар замони раҳбарии Ҳасан Руҳонӣ ба пойинтарин сатҳи ҳамкориҳо расида буд, аммо пас аз рӯи кор омадани Раисӣ ва тағйири вазъияти минтақа ва ҷаҳон муносибатҳо қавитар шудааст.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

0

Дар шаҳру ноҳияҳои Русия тафтишу боздошт ва истирдоди муҳоҷирони корӣ идома дорад.

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия ин дафъа дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград даст ба тафтишу боздошти густардаи муҳоҷирон задаанд.

Тафтиши муҳоҷиронро кормандони Сарраёсати тафтишот, Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Русия дар қаҳвахонаҳо, истгоҳҳои таксӣ, хобгоҳҳо ва хонаҳо гузаронида истодаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, дар натиҷаи санҷиши рӯзи 2-уми августи соли ҷорӣ, кормандони мақомоти рус дар ноҳияи Всеволожск, Сертолово ва деҳаҳои Бугри ва Ковалево беш аз 200 “муҳоҷири ғайриқонунӣ”-ро ошкор ва боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷиронро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд ва бо онҳо кормандони хадамоти муҳоҷират кор бурда истодаанд. Маълум нест ин муҳоҷирон истирдод мешаванд ё не ва миёни онҳо чанд тан зодаи Тоҷикистон аст.

Инчунин нерӯҳои интизомии Русия рӯзи 1-уми август дар ноҳияи Красногвардейский дар чанд хобгоҳ тафтиш гузаронда, дар баробари даҳҳо муҳоҷир нуҳ нафарро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол чанд муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни Русия ба Azda.tv хабар доданд, ки рейди муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар баъд аз занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав, ки ба қатли ду иштироккунандаи он анҷомид, авҷ гирифта, мақомоти рус шабу рӯз ҷойи кору хоби муҳоҷиронро тафтиш доранд. Ин “рейд”-ҳо асосан дар шаҳрҳое, ки муҳуҷир бештар аст ба Балашиха, Кателники ва ғайра гузашта истодааст.

Чанд моҳи охир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифта, даҳҳо гурӯҳҳои зиддимуҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода шудаааст. Ҳатто дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуда ва аз муҳоҷирон даъват мешавад, ки Русияро тарк кунанду ба хонаҳояшон баргарданд.

Чанде пеш муҳоҷире аз шаҳри Новосибирск ба Azda.tv акси як овезаеро ирсол карда буд, ки дар он чунин навишта шудааст: “Муҳоҷир, хабари хуш! Марзҳо бозанд. Ту метавонӣ ба хонаат баргардӣ ва ба иқтисодиёти кишварат кумак кунӣ!“.

Пештар аз ин, даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бигирад. 

Инчунин чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Қадри говҳои Оила аз одамон болотар аст?

0

Ҷамъе аз сокинони ноҳияи Ёвон бо ирсоли аксу наворҳое мегӯянд, мақомот қадри говҳо дар фермаи яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз мардуми деҳоти атрофи он болотар медонанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, дар давоми беш аз ду соли ахир худи сокинони деҳоти Обимукӣ, Анористон ва чанд деҳаи дигар дар ин ҷамоат ва бахусус аз муҳоҷирон ба сахтӣ наздики 200 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карданд, то нахуст бунгоҳи тиббӣ ва бахше аз мактаби ин деҳаро таъмир кунанд, вале мақомот он пулро аз дасташон гирифтааст.

Манобеи Azda tv мегӯянд, раҳбарияти ноҳия аз аҳволи ин бунгоҳи тиббӣ ва мактаби деҳаи Обимукӣ ба хубӣ огоҳӣ доранд. Борҳо барои таъмири мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, вале ба муроҷиатҳои онҳо то ҳол расидагӣ нашудааст. Ҳафтаи пеш худи раиси ноҳия ба ин деҳа рафта буд, вале на аз мактаб дидан карду на аз бунгоҳи тиббӣ.

Ба гуфтаи сокинон, рафтани раиси ноҳия ба ин ҷамоат ду ҳадаф дошт: яке аз ҳисоби пули мардум ва ҳашари онҳо реклама кардани худ ва дувумӣ хушҳол кардани соҳиби фермаи говпарварӣ, ки дар деҳаи Анористон сохта шудааст.

Сокинон афзуданд, ки чанде пеш яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анористон барои нигаҳдории 2 ҳазор гов як ферма сохт. Аз роҳи асосӣ то деҳаи Анористон ҳудуди 3 километр роҳро ташкил медиҳад. Ин роҳ баъди сохтанаш дар солҳои 70-уми асри гузашта дар муддати 50 соли ахир таъмир нашуда буд.

Мақомоти ноҳия аз ҷамъоварии пули мардум барои таъмири мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷамоъат хабардор шуданд. Масъулини ноҳия корҳои таъмири мактаб ва шароити бунгоҳи тиббиро сарфи назар карда, раисони ҷамоат, деҳаҳову маҳаллаҳоро водор карданд, ки пулҳои ҷамъшударо барои таъмиру аз навсозии роҳ бурда супоранд, то роҳи харобшуда ба ферма сохта шавад.

Аммо ҳафтаи гузашта дар телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, ки ин роҳ бо “заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ” ва “ғамхориҳои” Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинон сохта шудааст. Албатта, на аз ҳисоби коргарони идораи роҳсозӣ, балки бо талоши худи ҷавонони деҳаҳои мазкур.

Зикрулло Эшонқулов, раиси деҳаиАнористон дар суҳбат ба хабарнигори телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки роҳ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишвар ва аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми маҳал сохта шудааст.

Вале касе намегӯяд, ки чаро то бунёди ферма, ки аз наздикони раисҷумҳур аст, касе дар фикри ин роҳ набуд? Ва ҳамзамон ба чуз сокинон касе ҳам намедонад, ки беш аз 200 ҳазор сомонии ин роҳро, ки мардум бо хуни ҷигар барои сохтани мактабу бунгҳи тиббӣ ҷамъоварӣ намуда буданд, зӯран аз дасти онҳо гирифтаанд. Ва ҳоло сокинон мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва мактабу бунгоҳи тиббии онҳо, ки умуман шароит надорад, кӣ ва кай сохта мешаванд?

Гуфта мешавад, ташкил кардани фермаи говпарварӣ як шакли тиҷорати хусусӣ буда, фоида ва зарарҳои он ба худи соҳибкор марбут мешавад, на ба сокинони деҳоти атрофи он. Аммо мактаб ва бунгоҳи тиббӣ моли ҳама сокинони деҳот аст. Агар сари вақт таъмир ва аз навсозӣ нашаванд, ҳар лаҳза метавонанд ҷони занону кӯдакони бемор ва мактабхонро зери хатар қарор диҳанд.

Дар Тоҷикистон воридоти мошинҳои аз соли 2013 поён мамнуъ шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли 2023 бо имзои як қарор воридоти мошинҳои соли тавлидашон аз 2013 поёнро мамнуъ эълон кард.

Дар қарори раисҷумҳур, ки худи ҳамин рӯз ба имзо расидааст, гуфта мешавад, “Воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 манъ карда шавад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки назорат, сабти гумрукӣ ва бақайдгирии мошинҳои воридшавандаро бо қарори мазкур мутобиқ созанд.

Раиси ҳукумати кишвар ин қарори худро бо моддаҳои 14 (Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 57 (Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “қарори мазкур пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 бо чунин қароре воридоти мошинҳои соли тавлидашон то соли 2005-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон карда буд. Ва ҳоло ин қарор низ бекор шуда, то соли 2013 мамнуъ эълон гардид.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аз ин ба баъд нархи мошинҳо дар кишвар гаронтар мешавад ва ин хоҳ нохоҳ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад.

Oғози амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” дар Тоҷикистон

0
Driver in business suit fastens his seat himself automobile seat belt

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки шуруъ аз имрӯз, 01-уми август амалиёти шартии “Тасмаи бехтарӣ” дар ҳудуди ҳама шаҳру ноҳияҳои кишварро роҳандозӣ мекунад.

Ба иттилои ВКД, амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” дар саросари кишвар 20 рӯз давом мекунад.

Ба қавли манбаъ, “таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатариро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Махсусан дар ҳолати дар курсии пеш шинондани кӯдакони хурдсол, ки тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян манъ карда шудааст, чунин ҳолатҳо ба чашм мерасанд.”

Гуфта мешавад, хеле аз коршиносон бар ин боваранд, ки аксари садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон ду сабаб доранд: 1. аз меъёри муайнгардида зиёдтар гирифтани мусофирон. 2. Набастаи тасмаи бехатарӣ ва дар умум дуруст риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳама ронандагон хостааст, “ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба таври қатъӣ аз “тасмаи бехатарӣ”  истифода намуда, ҷони худро зери хатар нагузоранд.”

Ҳамлаи нави паҳподҳо ба Маскав

0

Шаби 1-уми август пойтахти Федератсияи Русия шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифт.

Бино ба иттилои Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав чанд паҳпод кӯшиш карданд, ки ин шаҳро мавриди ҳамла қарор диҳанд, аммо тавассути системаҳои дифои ҳавоӣ сарнагун карда шуданд ва касе зарар надидааст.

Яке аз ин бесарнишинҳо ба табақаи 21-уми маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити”, ки дар ин табақа идораҳои вазоратҳои рушди рақамӣ, рушди иқтисод, саноат ва савдои Федератсияи Русия ҷойгиранд, бархурда, дар натиҷаи он 150 метри мураббаъ шишаи ин бино шикаста, фурӯ рехтааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия бо нашри изҳороте мисли пештара гуфтааст, ки “аз кӯшиши ҳамлаи террористии режими Киев бо ҳавопаймоҳои бесарнишин” ҷилавгирӣ кардааст.

Ба иддаои ин ниҳод, дар ҳамлаи шаби 1-уми август дар маҷмуъ се “паҳподи украинӣ” ҳамла кард, ки дутои он тавассути системаи дифоъи ҳавоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Одинтсово ва Нарофомински вилояти Маскав нобуд карда шудаанд. Аммо бесарнишини сеюм ба маҷмааи тиҷоратии “Маскав-Сити” бархурдааст.

Мақомоти Маскав кори фурӯдгоҳи Внуковоро муваққатан қатъ кардаанд.

Пас аз ҳамлаи паҳподҳо ба шаҳри Маскав, котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки то ҳол дар шаҳр таҳдид вуҷуд дорад.

Аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, Маскав борҳо мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.

Дар як моҳи охир чунин “ҳамлаҳо” ба Маскав ҳадди ақал чор маротиба сурат гирифт.

Пештар аз ин шаби 30-юми июл ду ҳавопаймои бесарнишин ба Маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити” бархурда, тирезаҳои он шикаставу тахриб шуда буданд. Хабаргузориҳои Русия аз захмӣ шудани як нафар хабар дода буданд.

Вазорати дифои Русия дар баёнияе ҳодисаи шаби 30-юми июлро кӯшиши “ҳамлаи террористии нерӯҳои Украина” номида буд.

Украина то ҳол расман ҳеҷ ҳамлаеро ба душ нагирифтааст.

Шарҳи Кумитаи дин дар бораи гарон будани нархи сафари умра ва ҳаҷ

0

Имрӯз, 1-уми август Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну мароисимҳои Тоҷикистон сабаби гарон будани нархи сафар ба зиёрати умра ва ё ҳаҷҷи фарзиро шарҳ дод.

Сулаймонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш сабаби аслии гарон будани нархҳо дар чунин сафарҳои ибодатиро ба билети ҳавопаймоҳҳо ва дигар хидматрасониҳо марбут донист.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон ду ширкат барои бурдани мардум ба сафари умра фаъолият мекунад ва чун ин ширкатҳо бастаҳои иқтисодӣ ва VIP-ро барои хоҳишмандон пешниҳод мекунанд, аз ин ҳисоб нарх назар ба дигар кишварҳо фарқ мекунад.

Вале касоне, ки то имрӯз бо ширкатҳои дохилӣ, ки мутааллиқ ба наздикони расиҷумҳур ҳастанд, ба умра сафар кардаанд, надидаанд, ки ин сафари ибодатиро бо он нархи гароне, ки пардохт мекунанд, дар шакли VIP ва дар меҳмонхонаҳои 5-ситорагӣ гузаронида бошанд.

Шоҳидон мегӯянд, бо вуҷуди гарон будани нархи умра ва ҳаҷ шароит ҷавобгӯ нест, хобгоҳҳои арзон ва хеле дур аз Ҳарамро мегиранд, ки ба он нарх мувофиқ нестанд.

Тибқи гуфтаи Сулаймонзода, имсол аз Тоҷикистон беш аз 4,5 ҳазор нафар бо ҳадафи адо намудани ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, ки то имрӯз ҳамаи онҳо баргаштанд. Вале ӯ афзуд, ки 4 нафар аз ҳоҷиёни тоҷик дар ин сафар дар Маккаи Мукаррама аз дунё даргузаштанд ва ҳамонҷо дафн шуданд.

Мувофиқи эълони расмӣ, нархи ҳаҷҷи фарзӣ имсол барои як анфар 59 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд. Вале бархе сокинон пештар ба Azda tv гуфта буданд, ки ин нархи расмӣ асту пардохтҳое дигаре низ вуҷуд дорад, ки мақомот онро эълон намекунанд. “Масалан аз ҷамоати деҳот шуруъ карда, то идораҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз касоне, ки нияти ҳаҷ доранд пеш аз сафар барои ободкорӣ маблағ меситонанд, ки он дар ҳеч ҷое навишта нашудааст.”, – гуфт як зоир.

Эътилофи сегона барои мубориза бо исломҳаросӣ

0

Қуръонсузӣ ва лагадмол кардани китоби муқаддаси мусалмонон дар давлатҳои искондинавӣ кишварҳои Арабистони Саудӣ, Эрон ва Ироқро барои мубориза бо ин шакли исломҳаросӣ муттаҳид кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 31-уми июли соли 2023 “ҷаласаи 18-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шакли маҷозӣ” баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ки бо даъвати кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Эрон сурат гирифт, ҳамагуна шаклҳои исломҳаросӣ ва бахусус қуръонсӯзӣ дар давлатҳои Шветсия ва Донморк маҳкум карда шуд.

Дар матни баёнияе, ки пас аз ин нишаст дар сомонаи расмии Созмони ҳамкории исломӣ нашр шуд, таъкид шудааст, ки банди “муборизи бо исломҳаросӣ” бояд дар рӯзномаи тамоми нишастҳои муштараки ин созмон бо дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид карда шавад ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам бори дигар ин падидаи шумро маҳкум карда, гуфтааст, “паёми сулҳ, шафқат ва таҳаммулпазирии Қуръон ва таъкиди он ба илму дониш барои тамоми башарият дар ҳама давру замон зарур мебошад.”

Ҳамзон Созмони кишварҳои исломӣ аз тамоми кишварҳои узв ва созмону ташкилотҳои исломӣ хостааст, ки амалҳои қуръонсӯзӣ ва лагадмол кардани онро, ки бахше аз падидаи исломҳаросӣ дониста мешаванд, ба такрор маҳкум кунанд. Инчунин талош варзанд, ки аз роҳҳои қонунӣ ин рафторҳои нафратангезро, ки эҳсосоти беш аз ду миллиард мусалмонро ҷариҳадор мекунад, дар қонунгузории давлатҳои худ ҳамчун як ҷиноят бишиносанд.

Гуфта мешавад, дар давоми камтар 40 рӯзи амали қуръонсӯзӣ ва лагадмол кардани дасти кам 4 маротиба дар кишварҳои Шветсия ва Донморк сурат гириф, ки хашму ғазаби миллионҳо мусалмонро дар гӯшаҳои мухталифи дунё ба вуҷуд овард.

Аз сӯи дигар, ин амалҳои нописанди қуръонсӯзӣ дар ғарби Аврупо боис шудааст, ки кишварҳои исломӣ дар Ховари Миёна, шимоли Африқо ва ғарби Осиё ба мисли Эрону Ироқ, Туркияву Миср, Қатару Кувайт, Молезияву Урдун ва Покистону Арабистони Саудӣ ва ғайраро ба ташкили эътилофе муштарак барои мубориза бо исломҳаросӣ бо ҳам муттаҳид кунад.