18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 245

Шавкат Мирзиёев 66-сола шуд

0

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзи Шакват Мирзиёев ба ӯ занг зада, дар бораи “масоили муҳими сиёсӣ” гуфтугӯ кардааст.

Имрӯз, 24-уми июли соли 2023 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев занг зада, баъди табрикот дар бораи “ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон” суҳбат кардааст.

Аммо сомонаи Президенти Узбекистон дар бораи шарҳи ин “ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” иттилоъ дода, ки “раҳбарони ду кишвар “дар бораи аҳамияти фаъолсозии минбаъдаи робитаҳои корӣ ва башардӯстона, аз ҷумла баргузории намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои муштарак, инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки васеи ҷавонон” бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев, ки бо сабаби тағйири Сарқонуни Узбекистон тавонист бори сеюм дар курсии президентӣ такя бизанад, имрӯз 66-сола шуд. Вай мутаваллиди 24-уми июли соли 1957 аст. Сарони Русияву Туркия, Қазоқистону Озарбойҷон, Туркманистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ӯро табрик карда, хостори барқарори равобити беҳтар ва тавсеаи ҳамкориҳо шуданд.

Русия: Субҳи имрӯз ба Маскав ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифт

0

Бино ба иттилои Вазорати дифои Русия, бомдоди рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ ба шаҳри Маскав ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифт. Ин ниҳод дар баёнияе ҳамлаҳои мазкурро “террористӣ” хонда, Киевро масъули он донист.

Вазорати дифои Русия дар шабакаи телеграмии худ хабар дод, ки аз ду паҳпод раҳгирӣ карда, дар натиҷа ҳардуи онҳо ба ду бинои ғайримаскунӣ бархурд кардаанд. Ба иттилои шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, ҳамалаи имрӯза талафоти ҷонӣ надоштааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки пораҳои як паҳпод дар наздикии сохтмоне дар хиёбони Комсомолский, дар маркази шаҳри Маскав суқут кардааст. Гуфта мешавад, ин хиёбон аз сохтмонҳои Вазорати дифои Русия ду километр фосила дорад.

Ин ҳамлаи низомӣ ба пойтахти Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки тӯли як ҳафтаи ахир нерӯҳои артиши Русия бандари шаҳри Одессаи Украинаро мушакборон карданд. Ба иттилои мақомоти Украина, дар ҳамлаҳои мушакии Русия ба ин шаҳр рӯзи якшанбе як нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Калисои торихии Ортодокс дар ин шаҳр низ осеб дидааст.

Дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо расиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо нашри поёме ваъда дод, ки ба хотири тахриби калисои торихии ин шаҳр, аз Маскав интиқом хоҳад гирифт.

Ба гузориши расонаҳо, имрӯз ҳамчунин як анбори таслиҳотии Русия дар шаҳри Қрим мавриди ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифт.

Украина аз оғози ҷанг то ҳанӯз ба таври ошкоро масъулияти ҳеч ҳамлаеро дар дохили Русия ба дӯш нагирифтааст.

Роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан баста шуд

0

Субҳи рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ рафтуои тамоми анвои мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан баста шуд.

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки “бинобар лағзиши кӯҳпораи азим дар километри 121- уми масири Душанбе – Чаноқ роҳ муваққатан баста шуд.”

Масъулини ширкат навиштанд, ки пас аз резиши сангпораҳои бузург дар роҳ, ба ҷои ҳодиса техникаҳои филиали Ширкат фиристода шуданд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”

Бо гузашти ду соат аз иттилои аввал масъулини ширкат хабар доданд, ки сангпораҳои афтида аз кӯҳ, ки боиси баста шудани муҳимтарин шоҳроҳи Тоҷикистон, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, бартараф шуда, “ҳаракати нақлиёт таъмин гардид!”

Тазоҳуроти намозгузорон дар Маскав

0

Рӯзи 21-уми июли соли 2023 даҳҳо нафар аз намозгузорон пас аз адои намози ҷумъа дар Масҷиди торихӣ (Историческая мечеть)-и шаҳри Маскав тазоҳурот карданд.

Ба гуфаи шоҳидон, ин тазоҳурот дар робита ба поймол кардани ҳуқуқи намозгузорон аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Маскав сурат гирифтааст.

Пеш аз ин тайи ду ҷумъаи гузашта намозгузорон дар вақти адои намози ҷумъа дар яке аз масҷидҳои пойтахти Русия мавриди озору азияти кормандони нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилии Русия қарор гирифта буданд.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти имрӯза дар хиёбони Татарскаяи шаҳри Маскав, пойтахти Русия сурат гирифтааст.

Пеш аз ин дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуда буд, ки имрӯз дар назди Метро Новокузнетски шаҳри Маскав тазоҳурот баргузор мешавад.

Инчунин ба гуфтаи шоҳидон, барои аз контрул хориҷ нашудан чанд гурӯҳҳои мақомоти корҳои дохилии Русия дар Маскав ин ҳамоиши эътирозии тазоҳуротгаронро зери назорати шадиди худ қарор дода буданд.

@azda.tv

Тазоҳуроти намозгузорон дар Маскав

♬ original sound – Azda.tv

40 квотаи таҳсили Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои пазириши донишҷӯёни Афғонистон ба донишгоҳҳои кишвар квота ҷудо кардааст.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият“, 21-уми июли соли 2023 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки “имсол Ҳукумати кишвар барои шаҳрвандони Афғонистон 40 квота ҷудо намуд, то онҳо ройгон ба таҳсил фаро гирифта шаванд.”

Ба гуфтаи манбаъ, Тоҷикистон солҳо ин ҷониб барои афғонистониҳо чунин квота ҷудо мекард, вале ин “квотаҳо ба афғонистониҳои муқими кишвар, ки таҳсилро хатм кардаанд ва аттестати муътамади мактаби миёна доранд, ҷудо мегардад.”

Гуфта мешавад, Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон 14-уми июни соли ҷорӣ мизбони маҳфили хатми донишомӯзони макатаби Сомониён буд, ки дар он 13 духтар ва 28 писар ин мактабро баъди 12 соли таҳсил хатм карда буданд. Аксари ин квотаҳои ҷудошуда низ ба онҳо дода хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавононро барои артиш рӯйхат мекунанд

0

Мақомоти ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳоло ҷавонони синни даъват ба артишро рӯйхат мекунанд.

Бино ба иттилои “Ховар” рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ, мақомоти ноҳияи Шуғнон ҷаласаи корӣ баргузор карда, масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ баррасӣ кардаанд.

Дар ин ҷаласа ба раисони ҷамоатҳо ва комиссариати ҳарбии ноҳия супориш додаанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро (соли таваллудашон 1996-2005) дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монанд.

Инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод ва дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҷавононро хабардор намоянд.

Гуфта мешавад, дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ мақомот рӯйхати ҷавонони сини даъват ба артишро омода доранд.

Омода намудани рӯйхати ҷавонони сини даъват ба артиш аз ҷониби мақомот дар ҳоле сурат мегирад, ки то даъвати тирамоҳӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст. 

Ҳамасола бо оғози мавсими даъвати сарбозон ба артиш, маъракаи сарбозшикор ва ё “Облава” низ оғоз мешавад. Наворҳои зиёде аз раванди ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, ки тибқи гуфтаи ҳуқуқдонҳо, ин амал хилофи тамоми қавонини ҳуқуқуи шаҳрвандон дар кишвар мебошад. Аммо, бо вуҷуди далолили зиёд аз ин хилофкориҳо, мақомот ҳамеша иддао мекунад, ки “облава” дар кишвар вуҷуд надорад. Ин боис гашта, ки корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди интиқод қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида дар Тоҷикистон ҳал шуданӣ нест.

Иттиҳоди Аврупо алайҳи чанд мақоми баландпояи Толибон таҳрим ҷорӣ кард

0

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дирӯз, 20-уми июл алйҳи чанде аз мақомҳои баландпояи Толибон таҳрим ҷорӣ кард.

Бино ба навиштаи “ToloNews”, рӯзи панҷшанбе Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо нашри эъломияе раиси Додгоҳи олии Толибон Абдулҳаким Ҳаққонӣ, вазири адлияи ин кишвар Абдулҳаким Шаръӣ ва сарпарасти Вазорати маъорифи Толибон мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Оғоро ба далели даст доштанашон дар маҳрум сохтани духтарон аз таҳсил дар макотибу донишгоҳҳо таҳрим кард.

Ин шӯро дар нишасти дирӯзааш инчунин 5 ниҳоду 18 шахсияти дигар (бо шумули аъзои Толибон)-ро аз кишварҳои Русия, Укроин, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ вориди листи таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳодия Аврупо қарор гирифтанд.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки дар кишварҳои зикршуда ғайринизомиён ба таври систематик мавриди хушунати ҷинсӣ ҷинсиятӣ қарор мегиранд ва афроде, ки шомили таҳрим шуданд, аз маҳдудиятҳо ба унвони абзоре барои эҷоди ваҳшат истифода мекунанд.

Алазҳар: Таҳримҳои худро алайҳи Шветсияро идома диҳед

0

Шайхул Азҳар аз тамоми кишварҳои арабӣ ва исоломӣ хостааст, ки таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ алайҳи кишвар Шветсияро идома диҳанд.

Имрӯз, 21-уми июли соли 2023, Аҳмад Тайиб, Шайхул Азҳар пас аз он, ки мақомоти Шветсия бори дигар ба сӯзонидани нусхаи Қуръони Карим бо ҳимояти полис иҷозат доданд, гуфт, аз миллатҳои киварҳои арабӣ ва исломӣ хоста мешавад, ки таҳримҳои худ алайҳи тамоми маҳсулоти Шветсияро идома диҳанд.

Шайх Аҳмад Тайиб гуфт, мақомоти Шветсия бо иқдомҳои худ собит карданд, ки онҳо як ҷамоати наздик ба нажодпарастӣ ҳастанд, ки нисбат ба муқаддасот ва динҳои Осмонӣ ва бахусус ислом ва мусалмонон эҳтиром намегузоранд.

Азҳар дар баёнияи худ омилони ин қуръонсӯзиро “ҷинояткор” ва “террорист” номида ва таъкид карда, ки кишварҳои арабӣ ва исломиро лозим аст, ки мавқеъгириҳои ҷиддитаре алайҳи сиёсатҳои душманонаи Шветсия алайҳи Ислом ва мусалмонон дошта бошанд.

Пеш аз ин кишварҳои Ироқ, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон ва Ирон ин иқдоми мақомоти Шветсияро маҳкум карда, Вазорати корҳои хориҷии Ироқ кордори сафораташро аз Шветсия ба Бағдод хост ва сафири Шветсияро ҳам гуфт, ки хоки ин кишварро тарк кунад.

Гуфта мешавад, се рӯз пеш мақомоти Шветсия бори дигар бо ҳимояти полис иҷоза доданд, ки нусхае аз Қуръони Карим ва парчами давлатии кишвари Ироқ дар муқобили сафорати ин кишвар дар Стокҳолм, пойхтахти ин кишвар сӯзонида шавад. Ин иқдом боис шуд, ки на танҳо парчами давлатии Шветсия, балки қисматҳое аз сафорати Шветсия дар Бағдод, пойтахти Ироқ ҳам сӯзонида шавад.

CPJ экстремистӣ эълон кардани “Pamir Daily News”-ро маҳкум кард

0

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) бо нашри изҳороте қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро дар бораи мамнуъ эълон кардани расонаи “Pamir Daily News”, маҳкум кард.

Изҳороти CPJ рӯзи 20-уми июл нашр шуда, дар он ҳамоҳангсози барномаҳои ин кумита дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид иқдоми мақомоти Тоҷикистонро барои мамнӯъ эълон кардани расонаи “Pamir Daily News” ва ба унвони “экстремистӣ” бадном кардани он як қадами пешгӯишаванда номида, мегӯяд ин қарор “дар роҳи ҷиноӣ шудани ҳама гуна инъикоси нақзи ҳуқуқи башар дар ҳукумат” гирифта шудааст.

Дар изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон талаб шудааст, ки ин ҳукми Додгоҳи олиро лағв кунанд ва ба кӯшишҳои мунтазами худ барои пахши гузоришҳо дар бораи ақаллиятҳои помирӣ хотима бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи “Pamir Daily News”-ро, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, мамнӯъ эълон кард. 

Ҳалномаи Додгоҳи олӣ 14-уми июни соли ҷорӣ бар асоси аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Бино ба иттилои Додситонии кулли кишвар, фаъолияти сомонаи интернетии “Pamir Daily News” дар ҳудуди кишвар баста шуда, шаҳрвандоне, ки бо ин сомона ҳамкорӣ мекунанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. 

Дар вокуниш ба ин хабар масъулини сомонаи мазкур, номи расонаро ба “Pamir Inside” тағйир дода, гуфтанд, кори худро бо нишон додани чеҳраи аслии ин ҳукумати дурӯғин, ғайриқонунӣ ва зиддихалқӣ идома хоҳанд дод. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорону боздошти онҳо танқид мекунанд. Аммо мақомоти кишвар танқиду талаби созмонҳоро ҳамеша нодида мегиранд.

Бурак бар зидди падараш ба додгоҳ шикоят кард

0

Бурак Оздемир (Burak Özdemir) маъруф ба шеф Бурак, ки дар чандин кишварҳо рестуронҳои худро дорад, бар зидди падараш ба додгоҳе дар Туркия шикоят мебарад.

Гуфта мешавад, падари ин ошпази маъруфи турк, ки дар тиҷорат ҳамроҳаш будааст, чанд ошхонаи ӯро бо аломати тиҷорияш (Czn Burak) ба як тоҷири дигар бидуни маслиҳати писараш фурӯхтааст. Ва ин кор хашми писарро ба бор овард.

Бурак дар як навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, падарашро ба ғасби моликият ва пинҳонӣ аз ӯ фурӯхтани рестуронҳояш муттаҳам карда, мегӯяд, ки “ба зудӣ ҳамаро ба тафсил нақл хоҳад кард.” Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки аз ин ба баъд масири худро дар бахши пухтупази хӯрокҳо ба танҳоӣ пеш мебарад. Бурак ҳамзамон таъкид мекунад, ки дигар ҳеч рестуроне бо ин ном (Czn Burak) моликияти ӯ нест.

Ба нақли расонаҳои маҳаллӣ, мушкилот байни падару писар нав набуда, аз пеш ҳам чанд маротибаи дигар чунин даъвоҳо байни онҳо сар зада буд. Ва бори охир замоне буда, ки Бурак мехоста ба зилзилазадагони минтақаҳои Туркия кумак кунад, вале падараш монеъи кори ӯ мешавад. Аммо Бурак ин корро аз ҳисоби шахсияш анҷом медиҳад.

Ин ошпази машҳури турк дар Тоҷикистон низ рестурони бузурге бо номи тиҷоратии (Czn Burak) кушодааст, агарчи гарон ҳам бошад, мизоҷони зиёде дорад.